ХУКУМАТ НАВ МЕШАВАД, Ё ЧУН ПОР ХОХАД МОНД

 «Миллат» №01 04.01.2012

Ё чаро дар Хукумати Точикистон Низомулмулк ва Чаъфари Бармаки нест?

Имсол касе дилзанак мешавад?

Бо гузашти чанд рӯзе ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, баргузор мегардад. Ҳар сол мардуми Тоҷикистон ин иҷлоси муҳимро интизор мешаванд ва иддае бо ҳазл онро “Ҷаласаи дилзанак” ном мебаранд, зеро дар ин ҷаласаи ба истилоҳ солонаву ҷамъбастӣ бархе аз мансабдорон аз мақомҳои хеш бо амри Президент барканор мешаванд.

Вале ин ҷаласа барои баъзе дигар хуршеди толеъву бахт хандиданҳо, ки боз ҳам бо фармони Ҷаноби Олӣ соҳиби ягон вазифае мешаванд, фаромӯшношуданӣ ҳоҳад буд. Соли гузашта дар ин ҷаласа касе дилзанак нашуд, ҳарчанд барои эҳтиёт иддае мақомдорон бо худ “карвалол”-у “валидол” ҳам гирифта буданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии соли рафта Президент даст ба тагйироти кадрӣ назад ва ҳама мақомдоронро хурсанд сохт. Ва бо ин амалаш Эмомалӣ Рахмон як навь қаноатмандии хешро аз фаъолияти ҳукуматаш нишон дод, ҳарчанд аз кори бархе вазорату кумитаҳо ва аз фаъолияти зиёд раисони шаҳру навоҳӣ янтиқод карда буд.

Read more »

КАТЛИ «БОБОИ БАРФИ» ДАР ДУШАНБЕ

 Мушкинисо АСОЗОДА «Фараж» №01 04.01.2012

Шаби Соли нав дар шаҳри Душанбе ҷавоне бо либоси “Бобои барфй” мавриди ҳамла қарор гирифт. Як гурӯҳ ҷавонон ба Парвиз Давлатбекови 24-сола, сокини кӯчаи Синои шаҳри Душанбе ҳамла намуда, ӯро бо корд захмӣ кардаанд, ки боиси ҳалокаташ шуд.

Бино ба маълумоти роҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Махмадулло Асадуллоев, гурӯҳе аз ҷавонон башкини кӯчаи Синои пойтахт Парвиз Давлатбеков дарафтода, ба ӯ чанд корд задаанд.

Read more »

Баъди сафед шудани ришам ба майдаавбоши махкум шудам

«Фараж» №55 28.12.2011

Баёнияи    Шурои    уламо    алайҳи    масҷиди    бародарон    Тӯраҷонзодаҳо    ва    масҷиди    “Муҳаммадия” вокунишхои   мухталиферо    дар    ҷомеаи    кишвар ва   хориҷ   аз   он   ба   бор   овард.   Вале   аз   оғоз бародарон   Тӯраҷонзодаҳо   ин   баёнияро   фармоишй    ва   сиёсӣ    хонданд.   

Тасмим    гирифтем,    ки бо   Ҳоҷӣ   Акбар    Тураҷонзода    як   суҳбатеро   дар ин   замина   анҷом   диҳем   ва   аз   забони   худи   ӯ бишнавем,    ки    бо   чи   далелу   асос   баёнияи Шӯрои   уламоро    фармоишӣ    ҳисоб  мекунад.

Read more »

Хокимияти чорум кудрат дорад?

Абдулазизи ВОСЕЪ «Озодагон» №48 21.12.2011

Журналистони точик дар шароити феълии вазъи расонахои Точикистон таъсиси хазинаи вижаеро зарур мешуморанд, ки дар холатхои бухронӣ ва даъвохои судӣ алайхи ВАО аз он истифода шавад.

Ташаббускорони ин пешниход мегӯянд, барои ба ин хазина ворид намудани маблаг аз ахолии кишвар кӯмак мехоханд.

Read more »

Радди баёнияи Шурои уламои Точикистон

Эшони Нуриддини ТУРАЧОНЗОДА «Озодагон» №47 14.12.2011

Ба номи худованди бахшандаву мехрубон

Дар тӯли таърихи 1400 сола, таърихи ислом пур аз фочиаҳое зст, ки дар он идддае аз “уламо” хамвора ба хотири лагандбардории хокимону фармонравоёни давр ва барои пиёда намудани хадафхои сиесии ҳокимон даст ба динфурушӣ задаанд. Ин гурӯх уламоро таърих бо номи уламои салотин ё уламои дарбор ёдовар шудааст.

Паёмбари ислом низ ин зумра “уламо”ро мавриди танкид карор дода дар хадисхо едовар шудаанд, ки харгох олимеро дидед, ки ба хонаю дарбори хокимон равуои бисёр дорад, аз чунин уламо хазар кунед.

Read more »

Бозпурсии Тӯраҷонзода дар Прокуратураи Ваҳдат

Қиёми НУР, TojNews

Душанбе. 15-уми декабр. TojNews- Рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро давоми ду рӯз ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои бозпурсӣ аз ҷониби прокурор Муҳаббатов Қурбоналӣ ва муовини ӯ – Ҳасанов Наим даъват мешавад.

Дар бозпурсӣ бештар рӯйи аризаи даъвогии раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ва Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини кишвар гуфтугузор сурат гирифтааст. Эшон бо аризаи шикоятӣ аз болои Тӯраҷонзода барои ноҳурматӣ нисбат ба намояндагони расмӣ дар масҷиди Муҳаммадияи шаҳри Ваҳдат ба Прокуратураи ноҳиявӣ муроҷиат намудаанд.

Read more »

Даъват шудани Эшони Нуриддинҷон ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат

Қиёми САЪД, TojNews

Душанбе. 13-уми декабр. TojNews - Раиси Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат нисбати Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Эшони Нуриддинҷон аризаи даъвогӣ навиштаанд.

Аз субҳи имрӯз то шом Эшони Нуриддинҷон дар Прокуратураи шаҳри Ваҳдат мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора ба TojNews Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода иттилоъ дод.

Read more »

Паёми Кабирӣ. Чӣ гуна пеши роҳи фитна ва тафриқаро бигирем?

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Бародарон ва хоҳарони гиромӣ!
Дар ин рӯзҳо лозим донистам бо паёме ба шумо, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ муроҷиат намоям ва инчунин мухотаби ин паём метавонад ҳар касе бошад, ки ба масоил беғаразона ва холисона нигоҳ менамояд.

Посухи Эшони Нуриддин ба Шӯрои уламо: “Ман шиа нестам”

Эшони Нуриддин бародарону ҳаводоронашро ба оромиш даъват карда ва гуфтааст, ба дасиса дода нашаванд. Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзид, ин бор ба баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо баёнияе посух гуфт.
Ӯ дар ин изҳороти худ иддаои Шӯрои уламоро, ки хонаводааш — Тӯраҷонзодаҳоро барои ёдоварӣ аз рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн ба шиагароӣ муттаҳам карда буд, “дасиса” номид. Эшони Нуриддин мегӯяд, ӯ ҳаргиз пайрави шиа набуду нест ва нахоҳад шуд, ҳамчуноне ки ҳаргиз салафӣ набуду намешавад.

Чавози лаъни Язид

Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода

Ибни Ҳаҷар (яке аз бузургтарин уламои шофиӣ, ки соҳиби садҳо мусаннафот мебошад) дар китоби Ал-арбаъинил мутабоинатис самоъ” 96/1 гуфтааст: “Аммо муҳаббат ба Язиди малъун ва бардоштани шаъну эътибори у аз ҳеҷ шахси оқил ҷуз шахси бидъаткор ва дорои ақидаи фосид сар намезанад. Зеро Язид дорои сифатҳое аст, ки тақозои салби имон аз шахсеро мекунад, ки уро дуст медорад. Зеро дустӣ доштан бо дустони Худо ва душмани доштан бо душманаш аз ҷумлаи талаботҳои имон аст”.

Read more »

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.