Дастури фаромӯшшуда ва сафирони фаромӯшшудаи Тоҷикистон

Хуб, бародарони қанд. Биёед, акнун аз масъалаҳои динй каме ба масъалаҳои дунявй рӯ оварем. Ба назари ман, дин бояд кори шахсй бошад ва нақши он дар ҷамъият танҳо тарафи маънавиётро дар бар гирад. Фақат биёед, баҳс накунем.

Ҳамин гуна баҳсҳо сабаб мешаванд, ки бисёр чизҳои дигар аз ёд меравад. Масалан, наздик ба 2 моҳ мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон як изҳорот доду баъд якбора сукут варзид. Пас аз суханони чооболй муҳтарам президент, ки гуфтанд, ягон сафир набояд аз 3 сол зиёд дар як кишвар кор кунад, вазорат хабар дод, ки ба зудй ва дар навбати аввал сафирони Тоҷикистонро дар Эрон, Туркия, Чин, Беларус ва Туркманистон иваз мекунад.

Дар ҳақиқат, баъзе сафирҳои Тоҷикистон 6-8 сол дар пойтахтҳои хориҷӣ кор карда, баъзеи онҳо бо мақомоти мухталифи он давлатҳо «дӯстию наздикии аз ҳад зиёд» пайдо мекунанд. Ва азбаски онҳо асосан бо бизнесс машғул шуда, танҳо дар вақтҳои холияшон кори сафоратро иҷро мекунанд, фоидаашон ба кишвар қариб ки намерасад. Шаҳрвандони кишвар номи баъзе сафиронро аслан намедонанд. Масалан, шумо Амирхон Сафаровро мешиносед, ки сафири Тоҷикистон дар кадом кишвар аст? Ман танҳо имрӯз фаҳмидам, ки вай сафир дар Беларус будааст. Як «Дӯстй Амиpхон» ном газвадафурӯш буд, ҳамон бошад, магар?

«Бизнесс» барои сафирон хатари фурӯхта шуданро ҳам дорад. Яке аз чунин сафиронро лақаби ҷосусияш «Амир» аст, шояд бисёр мехост, амири Тоҷикистон шавад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Рамазон Мирзоев аз соли 2001 дар Теҳрон аст, ҳамсони ӯ дар Туркия Шӯҳрат Султонов аз соли 2003. Қозидавлат Қоимдодов — сафир дар Туркманистон «ҷавонтар» аст, аз соли 2005 мондааст. Ҳатман аз он ҷо истода, корҳои Бунёди Оғохонро ҳам пеш мебарад.

Вале чаро вазорат дам ба дарун зад? Ба эҳтимоли қавй аз ҷо беҷо кардани ин сафирони «вазнин» осон нест. Сафир Рашид Олимов барои он дар Амрикову Чин нигоҳ дошта мешавад, ки даъвои бузург дорад. Шӯрҳат Султонов ҳам беҳтар аст, дар Туркия бимонад, дар Тоҷикистон метавонад, даъвои мансабҳои баландтар кунад. Рамазон Мирзоев, ки худро нахустин устоди Эмомалй Раҳмон меномад, баъзан мегӯяд, давраҳое ки вай тамоми вилояти Кӯлобро идора мекард, Раҳмон ҳоло кӯдак буд. Сафири кишвар дар Маскав таъин шудани Абдулмаҷид Достиев, ки ҳамеша худро шахси дувуми мамлакат меномид, нишон медиҳад, як қисми сафирон танҳо барои он ба чунин мансаб таъин мешаванд, ки дуртар бошанд ва дарди сар нашаванд. Аз қадимулайём ҳамингуна буд.

Аммо шояд ҳанӯз ҷойнишинҳои ин сафирон ва ё ҷойи холие барои онҳо пайдо нашудааст ва то замоне ки мову шумо аз дину диёнату ахлоқу адолат сӯҳбат мекунем, дар долонҳои ҳукумат масъала ба ҳалли худ наздиктар мешавад?

Пархоши абадии дин ва хирад?

Устод

Худоро нест накунед, ки занҳо нофармон мешаванд (занҳо оборзет мекунанд) навишт як хонандаи ин баҳс. Яъне тарсонданист, ки бехудой ҳам ба бисёрзании баъзеҳо хотима медиҳаду ҳам пояҳои ахлоқиро хароб мекунад.

Бисёрзаниро баъзе динҳо махҳум мекунанд. Дар ислом ҳам ҳатмй нест, аммо ичозат додааст.

Дар бахс оиди фалсафаи Юнони ва муносибати ислом ба он низ барраси шуда истодааст. Бояд тазаккур дод, ки муносибати рухониёни масехи низ ба осори файласуфони Юнони аз чумла Сукрот, Афлотун ва Арасту бад буд, хондани осори ононро манъ мекарданд. Зеро аз Сукрот сар карда хама файласуфон ба дин вобаста надоштани ахлокро дар чомеа доимо таъкид менамуданд. Сукрот таъсири динро ба ахлок тамоман рад мекунад ва даъват пеш овардааст, ки худро бишносанд ва дар худ асосхои ахлокиро кашф намоянд. Шогирди у Афлотун таълимоти Сукротро ривоч бахшида дониш ва хакикатро тахкурсии бинои ахлок хисобид.

Асоси накукори дар дониш аст, – мегуфт у, – надонистан манбаи асосии бадист.

Мардуми Аврупо хазор сол пеш тавонист ба манъкунихои диндорон эътибор надода фалсафаи юнониро асоси илми худ намуда ба пешрафти азими илму фарханг муваффак шавад. Холо хам осори онхо асоси илми муосирро ташкил мекунад.

Аммо дар Ирону Осиёи Маркази, ки ин чо низ тамаддуни бузурге – бузургтар аз хама тамаддунхои дигар вучуд дошт, ислом ба хама сохахои хаёт (аз мактабу мадраса сар карда) рох ёфт. Сино, Фороби, Беруни ва дигар донишмандони машхуре, ки мехостанд дар ин сарзамин илму дониш, ахлок бар зербинои фалсафа ва мантики юнони карор гирад ва дар ин бобат дар он шароити вазнин осори зиёде навишта парчами хирадгароиро баланд бардоранд, аз чониби Газоли ва уламои ба у монанд саркуб шуданд.

Охирин намояндаи хирадгарои Хайём буд, ки афкораш дар рубоиёташ таъсири амике дорад.

Афлотун адолатро асоси хамзистии осоиштаи одамон ва мувофикат дар чомеа медонад. Ин аз табиати одимизод бармеояд, – мегуяд у.

Хамин тавр Сукроту Афлотун тавонистанд пояхои , Этика-мачмуаи донишхо оид ба ахлокро ба вучуд оваранд, ки ин акидахо пойбанди на дини насронисту на дини исломи.

Онхо маъновиёти инсонро аз се бахш иборат медонистанд: Хирадманди, часорат ва каноатпешаги. Аммо Мухаббати одамонро ба хамдигар болотар гузошта пайванди Накукори ва Мехру Мухаббатро – камоли матлуби хама гуна дусти ва мувофикат дар чомеа медонистанд.

Дар осори Афлотун акидахое низ буданд, ки онхоро кабул кардан мумкин нест, Афлотун низ одам буд ва хато мекард. Аммо рушанфикрони Аврупо тавонистанд, акидахои галати у ва дигар файласуфони юнониро канор гузошта он акидахое, ки барои ривочи хирадгарои ва чомеаи пешкадам зарур аст, дастури асосии зербинои илми карор диханд.

Дар Точикистон дар кадимзамон чи тавр буд холо низ хамонро мушохида мекунем. Рухониён баъди сари Сино он вазъеро ба вучуд оварда тавонистанд, ки акидахои галати Сино афзалият пайдо кунад, хирадгароии у канор гузошта шавад ё тамоман фаромуш гардад.

Идомаи чунин кушишхоро дар асри 20 ва дар асри 21 низ дидем. Чаро блоги Герби шердор навистааст, ки чашни 1030 – солагии Синоро гузаронидан зарур аст? Мо точикон холо хама осорхои Синоро тарчума ва чоп накардаем ва он осорхоеро, ки чоп шудааст, ё нахондаем ё оиди акидахои у андеша нанамудаем.

Донишмандони точик оиди хирадгароии Сино осори хуб эчод намуда барои мардум шарху тафсири фахмотар нанавиштаанд.

Блоги «Андеша» бо ин бахс барои худошиносии точикон сахми бузурге гузошта истодааст ва барои идомаи он бобхои нав бояд кушод.

Кушиши Сино барои баркарор кардани хирадгарои кушиш барои баркарор кардани асли ориёнажодон аст.

Хирадгарои буд, ки ориёихо пеш аз хама дигар халкхои чахон чарху ароба офариданд. Хирадгарои буд, ки формулаи бехтарину комилтарини ахлоки – Пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек офарида шуд.

Сипас онхое, ки ба кавли Фирдавси шири шутур мехурданду сусмор аз биёбонхои Арабистон чун муру малах ба Эрону Осиёи Маркази фуру рехтанд ва динеро, ки ба акоиди кабилахои араб асос ёфта буд ба мутамаддинтарин мардуми чахон зуран бор карданд. Асли масъала ба дини ислом бовар кардан ё накардан нест. Чун ин кор хусусист, касе ки хохад бовар мекунад, нахохад не.

Асли масъала он аст, ки агар мо аз нажоди ориёи бошем, ба хирадгарои, ки чавхари он аст, бармегардем ё на?

Дар ҳошияи баҳси пуршӯри тоҷику мусулмон

Бахши бузург аз ин баҳс, ки бо ширкати Сайидюнуси Истаравшанӣ, Табар, Афшин, Зафар Карим, Рустами Шаҳринавӣ, Фаромарз ва дигарон идома дорад, хеле муҳим аст, чун далелҳои ҷолиберо мунташир мекунад. Аммо решаи баҳс шояд пурсиши доғест, ки «мо аввал бояд тоҷику эронинажод бошему сипас мусулмон ва ё баракс, аввал мусулмон в-он гаҳе тоҷик ё ҳар каси дигар?» Масъала масъалаи ҳувият ё худшиносист. Ҳар кас худро шинохт, худоро низ хоҳад шинохт.

Аз мубоҳисон даъват мешавад, ин порчаро бихонанд ва ошкоро изҳори назар кунанд.

«Раҳмдилӣ барои мо беморӣ шудааст. Ва ҳар кӣ бар мо зулм мекунаду ҷабри ӯро мепарастем ва аъмолашро тибқи фармудаи худованд тафсир медиҳем. Магар ҳамин хислати мо набуд, ки муназзаҳтарин дини ниёгонамон ба хурофот табдил ёфт ва мо таҷзия шудем. Чаро бадавиҳои саҳрогард бар мо ғалаба карданд? Як дастаи сарупо бараҳнаи гурусна! Магар на бо айби худи мо? Мо кушта шуданро аз мубориза бурдан авло медонем. Монӣ ҳам, ки бо дини худ омад, ӯро аз рӯйи раҳмдилӣ пазируфтем. Буддо ҳам, ки омад, инчунин. Андешаи мо парешон шуд.  Монӣ ба мо гуфт, ки ту натиҷаи гуноҳӣ. Буддо ба сӯйи ғорҳо ҳидоятамон кард. Ҳар кас ба ҳар тараф пароканда шуд. Ҳатто бемориямон ба ҳадде хуруҷ кардаву бар вуҷудамон мусаллат шудааст, ки дигар наметавонем, аз рӯйи ақли солим мулоҳиза кунем, биандешем, интихоб бикунем.

Чаро мо наметавонем аз мавлоҳои худ хӯйи ҷиҳоду ғазоро бипазирем? мо ҳамеша аз ғояти раҳмдилӣ гузашт мекунем. Ин боис шудааст, ки наметавонем, аз ҳар чизе аслашро бипазирем. Шумо гумон намекунед, ки ин хӯ боиси завол мешавад? Заволи ҳама чиз: дину имону андеша! Мефаҳмам, агар бар хасми хеш фойиқ ойӣ ва бар андешаву имонаш тасаллут кунӣ ва баъд гузашт намоӣ, гузашт маънӣ пайдо мекунад. Дар акси ҳол бемаънист. Ин чиз бединӣ ва беимонӣ талаққӣ мешавад. Чаро мо наметавонем бигӯем: Эй мардум, роҳе ки шумо меравед ба сӯйи бединӣ аст? Чаро? Не, баракс кӯшиш мекунем бо ҳар василае ин рафторро ҳақ ҷилва диҳем… Мо ҳеҷ гоҳ аз ҳақ ҷонибдорӣ накарда будаем. (…)

Ин ҷо бояд дар ҷигари мардум андешаеро парваронид, ки аз имонаш, аз динаш, аз кишвараш, аз қавмаш, аз гузаштаҳояш фахр кунад. Вагарна мазҳаби ҳар зӯреро қабул хоҳад кард. Он гоҳ дар ин марзу бум ҳеҷ дине пойдор нахоҳад монд! (…)

Сохтани уммати ислом як ниёз аст. Шояд ниёзи башар аст. Вале инҳо онро барои бардасозӣ истифода мебаранд. Магар ин тавр нест? Пас чаро ғозиёни аввали ислом ҳамин ки ба Ирону Миср даромаданд, дар баробари сарвату дороии ишон ин ҳадафи худро фаромӯш карданд?! Барои ба ин ниёз расидан ҳанӯз башар камол наёфтааст. Магар Зардушт намедонист? Магар Монӣ намедонист? Магар Буддо намедонист? Магар Исо намедонист? Медонистанд. Ва барои ҳамин фақат қавми худро баргузидаи афкори хеш карданд. Мо медонем, Монӣ ҳадафи башарро як уммат сохтан дошт. Вале кораш ба куҷо анҷомид? Агар мо мехоҳем уммати ислом созем, бояд мардуми худро барои расидан ба ин ҳадаф тарбият намоем. Вале афсӯс…»

Пешниҳоди Иттифоқи заргӯшпарварони Тоҷикистон

raqsirahmonИмрӯз дар ҳаёти миллати тоҷик як ҳодисаи таърихӣ ва фаромӯшнопазир ба амал омад. 16 феврали соли 2009-ро наслҳои оянда бо шаъну шукӯҳ ва ифтихори бузург ҷашн хоҳанд гирифт. Ҳамчунин имрӯз дар ҳаёти фарзанди деҳқон, собиқ директори совхоз низ ҳодисаи фаромӯшношуданӣ рӯй дод. Эмомалӣ Раҳмон ба орзуи бистсолаи худ расид ва бо як овоз раиси Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз ин ба баъд ҳар як пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон ба монанди роҳсозии бинокорони чинӣ ва нақбкании кӯҳканҳои эронӣ хидмати шахсии ҷаноби олӣ дониста хоҳад шуд. Садҳо варзишкор орзу доранд, ки номи ин ҷаноб ба рушди варзиш дар кишвар мадад кунад ва ба ҷалби сармояҳои зиёд дар ин кори хайр роҳ бикшояд. Худо кунад, хазинаи Кумитаи Миллии Олимпй мисли хазинаи давлати Тоҷикистон дар зери ҳимоят ва дидбонии ҷаноби олӣ аз ҳама гуна дуздию найранг эмин бошад. Хоҳиш мекунем, нағмаву нуғумоти Талкову Лондон ва гумшавии пулҳо аз Бонки Миллии Тоҷикистон дар ин кумита сар назанад.

Ба норозиёне, ки мегӯянд, ҷаноби Раҳмон бидуни олтернатив ба ин мақом интихоб шуд, ёдрас мешавем, ки магар мақоми раиси ҷумҳурро эшон бо олтернатив ба даст оварда буд, ки ин ҷо чунин бикунад? Ва ба норозиёне, ки мегӯянд, ҷаноби олӣ варзишгар несту набудааст, биноан чигуна метавонад, раиси варзишгарон бошад, инро мерасонем, ки магар ӯ сиёсатмадор буд, ки раисиҷумҳур шуд, магар иқтисоддон буд, ки сардори давлат гашт? Наход шумо фикр мекунед, ки агар номзадҳои дигар ҳам мебуд, ба ин мақом интихоб шудани Э. Раҳмон мушкил мегашт?

Магар Раҳмон набуд, ки шуморо дар зимистони сард ба варзиш ва давидан даъват кард, то аз хунукй намуред? Оё ақли касе, ки варзишгар набошад, ба чунин ташаббуси зиракона мерасад?

 Ба тамоми миллати шарифи Тоҷикистон ва шарифовичҳои Тоҷикистон мерасонем, ки агар ин қадар муштоқи интихоботанд, омода шаванд, ҷаноби Раҳмон акнун билоахира ҷойгоҳи асили худро беолтернатива бошад ҳам, пайдо кард.  Азбаски барояш мансабе дӯстдоштанист, ки лақаби «перзидент»-ро дошта бошад, баъд аз ишғоли курсии Перзиденти Кумитаи олимпӣ омодааст, аз курсии президенти Тоҷикистон даст кашад. Аммо ҷаноби Э. як шарте гузоштааст, ки мӯҳлати перзидентии Кумитаи Олимпй барояш то соли 2055-ум мӯҳру васиқа шавад.

Варзишгарони кишвар ба қабули ин шарт омодаанд, вале агар мушкиле пеш омад, Иттифоқи заргӯшпарварони Тоҷикистон, Кумитаи занбӯриасалпарварон, Ҷомеаи чорводории кишвар ва Иттиҳоди мӯҳрагузаронҳои ба номи Ҷамшед Сиёев низ омодаанд, курсиҳои перзидентҳои худро барои ҷаноби олӣ бидуни ҳеҷ гуна олтернатив ва маҳдудияти замонӣ пешкаш кунанд. Роҳи сафед, фарзанди миллат!

Тоҷикистони ба номи Салоҳиддин Азизов

barodarАммо ин ҷустор дар бораи Тоҷикистон нест. Дар бораи Лаҳистон аст. Парлумони ин кишвар бо ишора ба хабари он ки сари як шаҳрванди Полша дар Покистон бурида шудааст, сафари ҳайати Сенои Покистонро ба Лаҳистон лағв кард.

Раиси парлумони Лаҳистон Богдан Борусевич гуфт, лағви сафари серӯзаи як гурӯҳ аз қонунгузорони Покистон таҳти раҳбарии раиси Сено Муҳаммадимиён Сумру як амали хасмона нест, балки дар робита ба қатли ваҳшиёнаи муҳандиси лаҳистонӣ дар Покистон фурсате муносиб барои чунин сафар намебошад.

Расонаҳои Покистон як навори видюро нашр карданд, ки дар он тундравони покистонӣ ҳукми қатли муҳандис Пиотр Станчакро қироат карда ва сари ӯро аз тан ҷудо намудаанд. Стaнчак дар як ширкати нафту гази Покистон кор мекард ва барои таҳқиқи манобеъи ин мавод ба манотиқи ин кишвар сафар карда буд.

Вазорати умури хориҷии Лаҳистон қатли Станчакро ба шадидтарин лаҳн маҳкум кард ва аз мақомоти Покистон шиносоӣ ва муҷозоти сарбуронро талаб намуд. Дар изҳороти ин вазорат гуфта мешавад, тундравони одамкуш аз ҳимояти баъзе мансабдорони давлати Покистон бархӯрдоранд.

Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качински ва сарвазири ин кишвар Доналд Туск дар расонаҳои ин кишвар нороҳатии худро баён доштанд ва аз ҳалокати Станчак ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори таслият карданд.

Давлате, ки кайҳо суқут кардааст…

tiflakАгар номи кишварамонро дар Гугл кофтуков кунед, имрӯзҳо чандин шакли як ҷумларо меёбед: «Тоҷикистон рӯ ба суқут дорад». Созмони Ҷаҳонии Бӯҳроншиносон пас аз таҳқиқи вазъи кишвар ба чунин хулоса омадааст. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми корро кард, ки дар кишвар ва махсусан дар атрофи курсии ӯ сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шавад. Вай ҳамаи онҳоро, ки ба ин курсӣ каж менигаристанд ё ба кунҷи зиндон андохт ё аз мамлакат берун ронд. Аҳзоби сиёсиро ба  ҷорчиёне табдил дод, ки ҳар сари чанд вақт садо баланд кунанду дуди дил бароранд ва боз ба думболи ризқу рӯзӣ бидаванд. Аъзои ҳукуматашро ба майдабачаҳои сари бозор мубаддал кард, ки агар метавонанд, кисаеро бибуранд, дигар кор ба касе надошта бошанд.

ЯЪНЕ ХАТАРИ ҲАМА ГУНА СУҚУТИ СИЁСИИ ДАВЛАТРО АЗ БАЙН БАРДОШТ, ҲАРЧАНД БАРОИ ИН АКСАРАН ҲАДАФИ ТАНҚИД АЗ ЛИҲОЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА НАБУДИ ПЛЮРАЛИЗМИ СИЁСЙ ҚАРОР МЕГИРАД.

Аммо ин суқут на аз самти сиёсат, балки аз иқтисодиёт хоҳад омад. Раҳмон дар тамоми давраи раҳбарияш ҳеҷ коре барои пешгирй аз суқути иқтисодй накард. Баракс ба фасоду ришват роҳи васеъ кушод ва саноату тавлидро ба хок гӯронид. Чандин соли охир мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби 2 миллиард долларе зиндагй мекунад, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристанд. Акнун ин даромад тамом шуд. Созмони Ҷаҳонии Бӯҳроншиносон мегӯяд, албатта, як манбаъи дигар ҳам буд, ки аз мадади кишварҳо ва ёрии башардӯстонаи созмонҳои байнулмилалӣ иборат аст. Вале аз оғоз бахши ниҳоят ками он ба мардум мерасид ва қисми асосияш аз роҳи фасод ба кисаи мансабдорон мерафт.

ФАСОД ВА КОРРУПСИЯ РЕШАҲОИ РЕЖИМИ КУНУНИРО ХУШКОНД ВА ОНРО МАВРИДИ ТАНАФФУРИ МАРДУМ ҚАРОР ДОД. ФАСОД ҲАТТО АЪЗОИ ОИЛАИ РАҲМОНРО ФУРӮ БУРД ВА БӮҲРОНШИНОСОНИ ҶАҲОНӢ 9 ФАРЗАНДИ РАҲМОНРО ЯК БАДБАХТИИ ОЯНДАИ МИЛЛӢ МЕШУМОРАНД.

Низоми фосид одамони фосидро ба мансабҳои давлатӣ мешинонад ва садоқати атрофиёни Раҳмон ба ӯ садоқати дӯстони нонист. Муҳаббати ӯ ба «кадрҳояш» на аз рӯи хидмати онҳо ба давлат ва ватан, балки аз рӯи ҳадияҳои чандмиллиондолларй шакл мегирад ва ба андозаи ин ҳадияҳо зиёду кам мешавад. Дар ин гузориш гуфта мешавад, давлати тоҷикон аз як кас — аз Раҳмон иборат шудааст. Агар ӯ тоб биёварад, давлат ҳаст, агар ӯ биафтад, давлат ҳам фурӯ меафтад. Директори совхоз, ки бо тасодуф ба сари ҳокимият омад, давлатдориро бозича фаҳмид ва як мамлакатро акнун ба нобудй мебарад.

Шояд мегӯед, набояд ба чунин хулосаҳои як созмони хориҷй бовар кард? Зеро, мегӯед, онҳо бо ҳадафҳои махсус ин гузоришҳоро мунташир мекунанд? Аммо ман ба онҳо бовар мекунам, зеро он чизе ки дар ватан мебинам, айнан ҳамин аст, ки ин олимони бӯҳроншинос мегӯянд. Агар онҳо мақсади бад медоштанд, як қатор пешниҳоду тавсияҳо намекарданд ва ҳушдор намедоданд, ки дар пеши роҳи мо чоҳ аст.

БОЯД ТАҚСИМ ВА ТАВЗЕЪИ КӮМАКҲОИ БЕРУНА БА ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ НАЗОРАТИ ШАДИД ГИРИФТА ШУДА, ДАР ИН НАЗОРАТ НИҲОДҲОИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ НАҚШИ АСОСӢ ДОШТА БОШАНД ВА ИМДОД БОЯД БА АФРОД ВА НУҚОТИ ЗАРУРӢ РАСОНДА ШАВАД.

Яъне ба ҳукумати Тоҷикистон дар ин боб низ дигар касе эътимод намекунад. Баъдаш, онҳое ки инро менависанд, маълумотеро медонанд, ки мову шумо намедонем. Масалан, касе дар Тоҷикистон боре ҳам аз ҷанҷоли гум шудани 310 миллион доллар дар Бонки Миллии Тоҷикистон ҳарфе зада буд? Чӣ тавр Муродалӣ Алимардон тавонист, аз ин моҷаро хушк барояд ва ба мақоми баландтар равад ва чаро ин гуна шуд? Медонед, ки ба сохтмони Қасри миллат 700 миллион доллар сарф шуд ва ба соҳаи тандурустй ҳамагй 75 миллион?

Мо аз кушта шудани муҳоҷиронамон дар Русия барои он эътироз мекунем, ки ин ба нанги миллии мо зарба мезанад. Аммо солона дар ватан чӣ қадар одам худкушӣ мекунад? Ё ки солона дар ватан аз 170 ҳазор тифли тоҷик наздик ба 14 000 (!) навзод яксола нашуда мемирад ва 16700 тифли дигар ба синни панҷсолагӣ намераванд? Билохира ҳамон муҳоҷирон ҳам аз дасти кӣ ба Русия рафта кушта мешаванд? Ин магар аломати он нест, ки ҳукумати Раҳмон бар зидди миллати тоҷик меҷангад ва ин теъдод аз тоҷиконро мекушад? Он на танҳо имрӯзи мо, балки фардо ва ояндаи моро мекушад.

ПАС ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР РОҲ БА СӮИ СУҚУТ АСТ ВА Ё ҲАМЧУН ДАВЛАТ КАЙҲО СУҚУТ КАРДААСТУ МО ИНРО НАМЕБИНЕМ?

Биёед ҳамакаса ба Озода кӯмак кунем!

Ба унвони Ёрони ҳамАндеш аз хоҳари донишомӯзи мо номае расид, ки вай дар он аз ҳамаи мо ёрдам дархост кардааст:

Салом хонандагони азиз. Хоҳише дорам аз ҳамагон!

Донишҷӯ ҳастам ва дар донишгох дар мавзуи «Оё мардуми Помир худро точик мешуморанд? Ва ё точикон дар ин бора чи фикр доранд?» презентатсия дорам. Хохиш мекунам, фикр у андешаи худро дар ин бора нависонед.

Кори худро дар асоси фикрхои Шумо муаррифӣ хохҳм кард.Посуххои Шуморо интизорам.

Бо эхтироми зиёд, Озода Нурматова. донишчу, Академияи САХА дар Осиёи Марказӣ

Биёед ба Озодамоҳ мадад кунем ва ҳар кас фикру андешаи худро бинависад. Шахсан ба ақидаи ман, бадахшониён тоҷиконе ҳастанд, ки забонҳо, суннат, фарҳанг ва мусиқии қадимии тоҷикиро дар шаклҳои таърихияшон нигоҳ доштаанд. Медонам, афроде ҳастанд, ки бо мақсадҳои тафриқаандозӣ ақидаҳои ботиле пеш мегузоранд, аммо ман ҳаргиз наметавонам, бадахшониҳои сарбаланди худро ғайритоҷик шуморам, ҳамон гуна ки яғнобиҳоро, ки бо забони вижаи худ сӯҳбат мекунанд. Назари шумо чист?