ДАР ДИДИ АВВАЛ
Мохи гузашта, вакте ки искуфи аъзами Кантебуррии Бритониё, пешвои 80 миллион масехии англикан, Рован Вилёмс гуфт, ба мусулмонон низ ичозаи истифода аз додгохи шариъатй дода шавад, фикр кардам, ин боз як ишораи хасмонааст ба сангсорхо ва дасту пой буриданхо. Гумон кардам, рухонии насронй бори дигар ба иртичоъи дини мо ангушт мегузорад ва орзу мекунад, бади мо бадтар шавад. Вагарна чаро як рухонии насронй бояд гами конунхои шариъати исломиро бихурад?
Махз ин ва хамчунин вокуниши пуршиддати масехиёну яхудиёни Бритониё ба суханони Вилёмс маро водор кард, дар пайи ангезахои ин изхорот равам. Хеле зуд дарёфтам, ки искуф Вилёмс яке аз олимони саршиноси масехият аст ва харгиз сухане бедалел нагуфтааст. Замоне ки Вотикон низ ба ин нукоти у эътироз кард ва хазорон нафар истеъфои вайро хостанд, ман ба мутолеъаи бештар пардохтам ва гуё олами наверо барои хеш кашф намудам.
ТАЛОК ВА МЕРОС
Искуф Вилёмс бехуда чунин нагуфт. Пеш аз хама барои он ки дар Бритониё конун динро аз давлат чудо намекунад. Бисёр кашокашхо дар калисо осонтар хал мешаванд, то дар додгох. У ин нуктаро хам афзуд, ки яхудиёни Бритониё бахсхои оилавй ва динии хешро на дар додгохи расмй, балки дар додгохи динии худ хал мекунанд. Вилёмс инчунин нагуфта, ки додгохи шариъатии мусулмонон бояд низоми додгустарии Бритониёро барои пайравони ин дин ба шакли комил иваз кунад. Вай факат ичозаи инро хост, ки ахли ислом битавонанд, мушкилоти марбут ба талоку издивоч, мерос ва вассиятро бе ширкати додгустарии расмй, дар чомеъахои хеш аз тарики сохтани додгоххои шариъатй хал кунанд.
МАЙДОНХОИ ДОР ВА САНГСОР
Матбуъоти кучабогии Бритониё ва садхо торнигори мазхабии масехй сарискуф Рован Вилёмсро ба ришханд гирифтанд ва барояш андеша доданд, ки майдони пешоруи калисояшро чои дор ва сангсори мусулмонон кунад. Бархе аз мусулмонони Аврупо низ ба ин доду фарёд шарик шуданд ва гуфтанд, искуф мехохад, хакки занони мусулмонро поймол кунад. Як сабаби чунин вокунишро профессори адлия дар Донишгохи Харвард, Нух Фелдман дар он мебинад, ки вожаи «шариъат» барои бисёрихо монанди маводи «радиоактив» аст ва дафъатан сахнахои катлу куштори Толибони афгон дар варзишгохи Кобулро ба ёд меорад.
Фелдман дар маколае дар «Ню Йорк Тайм» рузи 15 март навишт, шариъат солхои охир дар мамолики исломй ру ба эхё дорад ва аз зиёдравихо канор мечуяд. «Имруз 66 %-и мисрихо, 60%-и покистонихо ва 54%-и урдунихо бар инанд, ки танхо шариъат бояд конуни кишваршон бошад.
УМЕД БА УЛАМО
Дунёи Гарб на танхо аз филми «Фитна» ё танзхои паёмбар иборат аст. Нух Фелдман ба уламои ислом умед мебандад, ки тавонистаанд, дар шархи нукоти шариъатии Курон ва Хадис бо дарназардошти замона пешрафт бикунанд ва монеъ ба зиёдравихо шаванд. Ба ин сабаб, эътибори шариъат дар аксари кишвархои мусулмон ру ба афзоиш дорад. Ба акидаи вай, уламои донишвар на пайрави харф, балки пайрави равони Курону Хадисанд ва шурохое доранд, ки дар онхо хукм одилона ва мантикй гирифта мешавад. Ба вижа, бо истифода аз Хадис ва талкини он ин уламо тавонистаанд, сатхи муносиби чазо барои чиноят ва ё халли одилонаи бахсхои сангинро пайдо кунанд. Албатта, меафзояд Фелдман, наметавон мутмаъин буд, ки Курон ва Хадис куфли хамаи муаммои зиндагиро во мекунанд. Аммо шариъат дар давоми садсолахо халли васатеро пайдо кардааст.
ЧАХОР УНСУР
Дар лахзахои печида, замоне ки уламо аз Курон ва Хадис посух пайдо намекунанд, онхо ба чустучуи холатхои хамсони гузашта мераванд. Мукоисаи чунин падидахои мушобех дар матни тавофуки назари умумй ба хукми одилона рох мекушояд. Ба ин тартиб, Фелдман чахор унсури шариъати исломиро ном мебарад, ки Курон, Хадис, Мушобех ва Тафовук мебошанд. Аммо хушдор медихад, ки ин холати ормонист, на мукаррарии шариъат.
МУВОЗАНАТИ КУДРАТХО
Профессор Фелдман бо нигохе ба таърихи ислом менависад, дар замони Хулафои Рошидин шурои уламо бо истиклолияти хеш як шохаи чудогонаи кудрат буд ва хокимияти сиёсиро тафтиш кардаву повазни он ба шумор мерафт. Дар таърихи баъдинаи ислом низ мардум бештар ба уламо бовар мекард, то ба хокимияти сиёсй.
Агар бархе аз кишвархои имрузаро бигирем, ки худро «хукукбунёд ва демократй» меноманд, оё аслан мувозанатеро миёни шохахои кудрат мебинем? Масалан, Точикистони худамон. Оё метавон гуфт, порлумон ё додгох дар баробари хокимияти президент повазн мебошанд ва онро тафтишу дидбонй мекунанд?
ЭХТИЁТ ВА ШУБХА
Боз хам бардоштхое аз навиштаи чаноби Фелдман, ки мегуяд, харчанд шариъат як конуни омода мебошад, уламоянд, ки метавонанд, онро ба шакли одилона ва аз руи акли чамъй татбик кунанд. Дарег ин аст, ки эътибори шариъат имруз бештар аз хотирахои таърихии хокимияти конун ва мувозанати кудратхо бармеояд. Аз имруз давлатхои мусулмон чунин намунахои боризе надоранд.
Аз тарафи дигар, наметавон гуфт, шариъат хамаи пешомадхои зиндагиро дар риштаи арзишёбй кашидааст ва рузгори карни нав метавонад, онро бо вазифахои сахте рубару кунад. Фелдман рохи халлеро ном намебарад, аммо ба тахмини мо ва бо илхом аз суханони у метавон хадс зад, ки бехтарин холат сохтани як омезиши мавзуни ин дуст — конунхои муъосир ва шариъати исломй. Оё имконе дорад?
ШАРИЪАТИ ДЕМОКРАТЙ
Ба исломи сиёсй васл намешавем, аммо ин нуктаро чолиб медонем, ки дар кишвархои мо хукком ва татбиккунандагони адлу конун афроде хастанд, ки онхоро метавон, «агентхои давлат» номид. Додситону додгустархо. Дар намунахои зиёде онхо хатто ба «агентхо»-и президент ё оилаи у табдил меёбанд. Фаразан, агар онхо аз уламои дин мебуданд, шояд дар хакикат «агентхо»-и шариъат, яъне конун буда метавонистанд. Аммо барои ин аввал бояд уламои донишвар ва бузургворе дошт, ки ин вазифа бар душашон сангинй накунад ва дар покизагии дасту дили онхо шубхае дар миён набошад.
ХУЛОСА
Шояд ин макола мухолифати сахте дар пеш дошта бошад. Ва ё пуштибонии оташин. Ё сукути комил. Максад ин нест, балки сипосгузорй аз искуфи Кантебуррии Бритониё Рован Вилёмс аст, ки дар талош барои адл ва баробарии инсонхо дари чунин бахсро боз кард ва як гушаи дини маро ба ман ошно намуд. Хамчунин сипос аз профессор Нух Фелдман аст, ки маро ба андешидан водор кард. Ва шояд шуморо низ.
Filed under: Central Asia, Ислом, Мерос, Точикистон, philosophy, Religion | 5 Comments »