Шўхй-шўхй зиндагонй мекунем

Аз таҳи дил мегўям, ки шўхй-шўхй зиндагонй мекунем. Ин одати имрўзии мо нест. Шояд аз умқи садсолаҳо меояд. Эҳтимол натичаи сарнавишти торихии миллати мост. Ҳама кори мо ҳазлу шўхист.

Шўхиомез касбу ҳирфае дар пеш мегирем. Агар муваффақ нашудем, худро тасалло медиҳем, ки шўхие кардему гузашт. Шўхй-шўхй ба мансаби баланде мерасем, ки худ бовар надоштем, рўзе ба онҳо бирасем, мегўем, «зиндагй ачаб шўхиҳое дорад.»  Афроде шўхй-шўхй шоир шуданд, ҳол он ки ин як доди худост ва чое барои шўхй надорад. Майзадаи дирўз имрўз ёсину таборак мехонад ва ба даҳани бемор суф мекунад. Онаш то дирўз ба қабули шишаҳои холй машғул буд, ҳоло…

Ҳатто онҳое ки солҳои сол як корро ичро мекунанд, ҳамоно дар сатҳи як ҳаваскори навомўз боқй мемонанд. Хуни мо моллекуллаҳои ҳирфаияти олиро қабул надорад.

Маъмултарин сухани мо ин аст: «Хайр як гап мешавад.» Ва матали мардумие дорем: «Шавад обй, нашавад, лалмй.» Ҳастанд онҳое, ки шўхй-шўхй академик, олим, муҳандис… шуданд. Агар бо виждони худ мушкил доранд, пас ҳанўз фикри онҳо рўшан аст. Аммо масъала ин нест, балки он аст, ки чаро муносибати ғайричиддй ба зиндагиамон ва ба тамоми корҳои мо мисли одати дуъорафт ҳамеша бо мост?

Оё метавон гуфт, чандсад ё чанд ҳазор нафари мо шўхй-шўхй мурдаанд. Аслан дар фикраш набуданд, аммо аз он чо ки ҳама чиз шўхию бозист, як рўз танҳо инро ҳис карданд, ки дасту пояшон сард шуд ва касе пилки чашмашонро пўшонду касе ҳадаҳа мекард, манаҳашонро бубандад. 

Кору зиндагии шўхиранги худро замоне дарк мекунем, ки мебинем, миллатҳои дигар ба кучоҳо расидаанд. Нагўёд, моро намешавад, ба Амрикову Урупо қиёс кард. Дар ҳақиқат намешавад. Як бор худро бо қирғизу қазоқ ё паштуну узбак муқоиса кунем. Чизи дигаре беш аз ин намегўям, чун маро ҳам шўхиомез ба бегонапарастй мутаҳҳам мекунед.

Аммо агар ба дунёи атроф бингарем, мебинем, ҳар кишвар ё миллате дар як ё чанд ришта тахассуси олй ёфтааст. Тахассуси мо чист?

Дар ҳамин ҳол дўсти азизе моро таъна мезанад, ки шукр карданро наёмўхтаем. Мутмаъинам, шўхй мекунад.

______________________

Акс аз торнигори Миллатномаи ман

Рар моро ба Чин месупорад

Александ Рар, яке аз сиёсатшиносони маъруфи Урупо ба пурсиши шаҳрванди Точикистон Файзулло Насруллоев посухи ачибе додааст. Ҳамватани мо аз ин донишманд дархост кардааст, ки андешаи худро дар бораи авзоъ дар Точикистон бeғаразона баён дорад. Файзулло, аз чумла чунин навиштааст:

Кишвар комилан ба ҳарчу марч ва фасоду ришват ғарқ аст. Он гуна ки Ф. М. Достоевский мегўяд, «қашшоқй айб аст», мо қашшоқем ва ҳар шаҳрванде агар имкон ёфт, ба Русия мегурезад. Кишвар холй мешавад, аммо барои президент Э. Раҳмон ин муҳочирати мардумаш «як раванди табиист.» Аммо ҳамчун кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандии мо, Раҳмон гўё намебинад, ки солона дар Русия ба ҳисоби расмй то 400 точик кушта мешавад ва ба ҳисобҳои ғайрирасмй ҳазорон нафар. Аз ин бунбаст чигуна мешавад, берун омад?»

Посухи Александр Рар ба ин суъоли шаҳрванди Точикистон қисман дипломатист, аммо нукоти муҳиме дорад. Вай, ки дар ин гуфтугўи интернетй вазъи имрўза ва ояндаи Русияро шарҳ медод, аз посухи мустақим дар бораи куштори муҳочирон дар Русия аз дасти нажодгароёни тундрав худдорй мекунад ва аз рўи матали «қарз ба қиёмат намонад», дар чавоб ба номбар шудани Достоевский аз тарафи шаҳрванди Точикистон, аз Солженитсин ном мебарад.

Солженитсин мегуфт, барои Русия аз дўши худ партофтани юғи 300-солаи тоторй осонтар аст, то тамиз кардани зеҳни худ аз афкори коммунистй. (Аммо агар сартарошидаҳои рус коммунист мебуданд, ба халқи бародари муҳочир ингуна рафтор намекарданд. – Т.) Мушкили табдили коммунизм ба ягон чизи нав роҳи дароз ва душворест. (Зиёд фаҳмо нест. – Т.) Аз ҳама муҳимаш бояд ба чанги нав роҳ надод. (Дар кучо? Дар Русия ё Точикистон? – Т.)

Ин қисмат аз посухи чаноби Рар ихтисоре дидааст ё аз ҳад зиёд политологист, ки ақли банда онро ҳазм карда натавонист. Ба назари ман, сартарошидаҳо маҳсули ҳукумати путинй мебошанд, ки миллатгароии русиро дар чомеъа густариш дод. Путин президенти Русия буду аз фурўшандагони сиёҳмўи бозорҳо ҳарф мезад. Чй монад ба чавонаконе, чи дар оилаҳои шаробзадаи русй ба воя мерасанд. Вале баъдаш Рар як чумлаи тилой мегўяд. Ҳушдоре ба точикон ва дигар бошандагони Осиёи Марказй.

Ман фикр мекунам, ки Чин ба зудй дар минтақаи шумо вазни бештрае касб хоҳад кард. Иттиҳоди Урупо талош дорад, ба Осиёи Марказй таъсир расонад, аммо дар ҳолии ҳозир бефоида.»

Оё метавон гуфт, ки ин суханони Рар бо назардошти муҳочирати қариб хонахези аҳолй аз Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба зеҳнаш омадааст? Тасаввур кунед, ки мардинаи Точикистон, он ҳам дар айни шукуфоии нерў ва тавоноияш ватанро тарк мекунад. Ба хонаи холии ў чиноиҳо монанди малахи Хатлон ҳамла мекунанд. Бо баҳонаи сохтани роҳ, нақб ё нерўгоҳи барқи обй. Ин албатта, фаҳмиши омиёнаи суханони Рар аст, ҳарчанд безамина намебошад. Мегўянд, дар тўли роҳҳое, ки чиноиҳо месозанд (гўё точик роҳ сохта наметавонад, бечора нав аз чангал баромадааст!) аз дасти онҳо на саге зинда монду на сангпуште. Мегўянд, ки онҳо бо ҳамон чашмони тангашон ба духтарони точик ҳам ало-ало менигаранд. Як блогнависи точик пешгўй кардааст, ки насли ояндаи точикон пўсти зард ва чашмони танг хоҳад дошт.

Чаноби Рар сипас ба ёд меорад, ки мавзўъи асосии сўҳбаташ Русия аст ва изофа мекунад, ки албатта, агар Русияи аз лиҳози иқтисодй тавоно дигарбора барои ҳамсоягонаш чолиб гардад, метавонад, шаклҳои нави ҳамоишро ба миён гузорад. Инаш пешгўии ояндаи дур, ки шояд ба Точикистон чандон дахле надорад. Хеч яке аз каналҳои телевизионии Русия обуҳавои Точикистонро нишон намедиҳад. Худ хулоса бароред…

Ин сўҳбат рўзи 21 апрел дар торнамои Иносми ба амал омадааст.

Хадияи Манучехр

Ин акс дар торнигори Манучехри азиз дар зодрўзи Садриддини Айнй ба нашр расид ва беҳтарин ҳадия буд. Пас аз 130 сол низ на хама корномаи Айниро шинохтаанд. Барои бархи дигар Айнй як бегонаест, ки забону хуруфи онхоро дигар кардааст. «Сипосгузорй»-и онхо дар пояи нимхайкали Айнй дар мазораш хак шудааст.

Бозгашт ба забони Ленини муаззам?

Русия хамеша дар (но)муносибтарин пайт зарба мезанад, номуносибтарин барои шариконаш ва муносибтарин барои худаш. Ин бор — дар холи бухрон дар бозорхои молии чахон ва афзоиши нархи маводи ниёзи аввал ошкоро талаб кард, ки дар баъзе кишвархо, аз чумла Точикистон, забони русй макоми аввал гирад.

Намояндаи Бонки Марказии Русия, Сергей Шевтсов гуфт, давлатхои Чомеаи хамкорихои Уруосиё на танхо бояд конунгузории молии Русияро кабул кунанд, балки забони коргузории низоми бонкии онхо бояд танхо ва махз русй бошад. Вай истифода аз инглисиро зиёне ба манфиатхои Русия дар кабз кардани бозори пули ин кишвархо номид.

Манзури чаноби Шевтсов аз давлатхои Чомеаи хамкорихои Уруосиё Белорус, Точикистон, Узбакистон, Казокистон ва Киргизистон мебошанд. Ин хам дар холест, ки ба гайр аз Белорус бакияи кишвархо бо ниходхои молии чахон ва давлатхои Гарб додуситади бештар аз Русияро доранд. Мансабдори рус нагуфт, оё бо чойгузини ичбории забони худ дар низоми молии давлатхои Уруосиё Русия сармоягузорихои гарбиро низ бо пули худ иваз хохад кард ё на?

Изхороти султаталабонаи Русия замоне пахш мешавад, ки макомоти Точикистон такрибан бо маъзарат гуфтаанд, аз алифбои сириллики русй ба хеч вачх даст нахоханд кашид ва ба хеч гуна расмулхати ниёкони худ бартарй нахоханд дод. Хамзамон дар пулхои Бонки Марказии Русия навиштори иловагие пайдо шудааст, ки аз русхо талаб мекунад, дар бозорхо аз фурушандагони гайрирус чизе харидорй накунанд. Бонки Марказии Русия дар мавриди ин навиштор изхороте надодааст.

Дар остонаи густариши бесобикаи имдоди Гарб ба Точикистон Маскав ба саромадони Душанбе ваъдаи сармояхои бузург дод ва аз имкони хамкории васеъмикёси Гарб бо Точикистон пешгирй кард. Хамзамон рохи сармояхои Шаркро низ баст. Русия аксари барномахои бузургро банди худ кард, вале на бо максади кумак, балки бо хадафи рох надодан ба нуфузи кудратхои дигар дар Точикистон.

Акнун оё дар авчи афзоиши худшиносии миллии точикон ва Соли забони точикй эълон шудани 2008 оё Бонки Миллии Точикистон ва бонкхои тичоратии он аз забонхои точикй ва инглисй ба фоидаи забони русй даст хоханд кашид? Давлатхои узви Чомеаи хамкорихои Уруосиё ба ин изхороти фишороварандаи Бонки Марказии Русия эътироз хоханд кард? Мо, точикон, сукут хохем варзид, зеро 1 миллион мухочири мо дар Русия Точикистонро гаравгони рухияи Маскав кардаанд. Мо шояд аввалтар аз дигарон ба забони русй мегузарем. Так, что поживем, увидим…

Оё Точвар иштибох хам мекунад?

Ин суоли як хонандаи «Андеша» аст, ки бархе аз навокиси бандаро зикр кардааст, аммо нахостааст, номаи уро нашр кунам. Дусти азизам, оре, ман иштибох низ мекунам ва ин саъодатро дорам, ки Шумо ба камиву камзарфихои ман ишора мекунед. Ман бисёр мехохам, номаи Шуморо пеши чашми хамагон бигузорам ва ба хар иштибохи худ койил оям. Ман як бандаи хокиям ва танхо Парвардигори поку бузург орй аз хама гуна нукс аст.

Ман хам монанди Шумо гохе метафсам, гохе месузам, гохе монанди сармои имсола ях мебандам. Гохе аз навиштаи худ розиям ва гохе шадидан норозй, вале онхоро тагйир намедихам, харчанд замимае дар хошияи онон мегузорам. Аз номае мешукуфам ва аз номае дилам ба дард меояд, ба саломе саропо алек мешавам ва аз падруде саропо марсия. Гохе метапам, андешаеро ба Шумо бирасонам ва гохе дилсард мешавам, ки чи зарурат аст? Аммо ончи андаруни ман харгиз иваз намешавад ва тагйир намебинад, ишки ман ба ватани азизам Точикистони яккаву ягонаи чахон аст. Ишки ман ба миллатам аст — ягона ва нодиру нотакрор ва номонанд ба ягон миллати дунё. Шумо шояд намедонед, ки ман Шуморо низ чй кадар дуст медорам. Хамеша, хар лахза ва хар сония ва бо вучуди хама харфхои гуфтаву ногуфта, суфтаву носуфта.

Оре, ман иштибох кардам, ки президент бемор аст. Саломатии вай ба дарачаи олист ва худо умрашро ба садхо соли дигар дароз кунад. Ман ба шахси у дахл накардаам, балки ба кораш. Хамаи инсонхоро бояд нек шумурд ва танхо амали онхост, ки бад ё нек аст. Ман иштибох кардам, ки Бонки Миллй ба кишоварзон кумак намекунад. Имруз хондам, ки 130 миллион сомонй медихад. Бад не. Ба чуз аз ин ду намуна метавонам, намунахои зиёди иштибоххои худро ракам занам ва орзу кунам, ки кош хамаи навиштахои ман иштибох бошанд. Шояд он сармое, ки одамон дар «баклашка» оби гарм гирифта, ба пахлуи кудаконашон мегузоштанд, низ саробу афсонае буд, хобу хаёле? Шояд он ки раёсат дар мо интихобй нест ва президент вориси муайян надорад, низ нодуруст аст. Ва намунахои зиёд.

Вале максад аз ин нома гилагузорй нест. Ман ба хамаи харфи Шумо тан медихам ва сипосгузорам, ки иштибоххои маро нишон додед. Навиштед, ки дусти асил хастед, зеро «табарвор» мезанеду иштибоххои маро руйи об мебароред. Пас ман дусти хукуматдорони Точикистонам, ки айни ин корро барои онхо мекунам. Ба хар хол, азизи дили ман, бовар кунед, омодаам, номаи Шуморо бекаму кост нашр кунам. Шодам, ки дар он як харфи тахкиромез нест, хама суханони хубанд. Агар хостед, бинависед ва ман онро руи ин сафха мегузорам. Ин номаро хам ин чо барои он гузоштам ва барои он хусусй ба Шумо нафиристодам, ки тарафдори сухани ошкорам. Бесаброна чашм ба рохи номаи Шумо хохам буд.