Чанде қабл бо ташаббуси Зафар Абдуллоев, раиси Анҷумани Медиа- Алянси Точикистон дар мавзуъи «Миллатбадбинй: Вокуниши сафорати Русия ва расонаҳои хабарии точикзабон» бо ширкати муҳаррирони ду рӯзномаи тоҷики -«Фараж» Хуршед Ниёзов ва «Миллат» Толибшоҳи Сайидзода, хабарнигори махсуси РИА- Новости Лидия Исамова, ҳамчунин намояндагони Сафорати Русия дар Точикистон, котиби аввали ин Сафорат Дмитрий Хабаев ва атташеи матбуоти Комил Магомедов Мизи гирд баргузор гардид. Чуноне қамагон огаҳ ҳастанд пас аз куштори шаҳрванди Точикистон Салоҳиддин Азизов дар Маскав миёни расонаҳои хабарии мустақили тоҷик ва Сафорати Русия дар кишвари мо як муноқишаи матбуотй ё ба истилоҳ, «ҷанги идеологй» шуруъ гардид. Савол ин аст, ки чаро чунин шуд ва ин муноқиша аз чӣ рӯ зад ва он ба чӣ оварда расонид?
Дмитрий Кабаев: Ман инро тезу тунд шудани муносибатҳо намешуморам, аммо далели куштори муҳоҷири тоҷик на танҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон, балки ба ҷомеаи Русия низ таъсир расонид. Зеро чунин куштори бераҳмона бори аввал рух дод. Фикр мекунам ин ҷо акнун дигар риштаи кор дар дасти мақомоти интизомии мост, то онҳо муайян созанд, ки дар ин куштор кӣ гунаҳгор аст. Гунаҳгорон бояд ёфта шаванд ва муҷозот гарданд, то чунин ҳодисаҳо дигар рух надиҳанд. То ҷое ман медонам, ҷониби Русия ба ҳалли ин қазия ҷиддй машғул аст. Гурӯҳи босалоҳияти тафтишотӣ минҷумла аз кормандони Хадамоти федеролии амният таъсис ёфтааст, зеро ин куштор ранги сиёсӣ гирифт. Фикр мекунам, натиҷаи дилхоҳи кори ин гурӯҳро бояд интизор шавем. Дар ҳамин ҳол мо ҳама журналистон ва кормандони мақомоти дипломатӣ ҳам бояд дар баррасй, инъикос ва шарҳу тафсири чунин рӯйдодҳо мунсифона ва беғараз муносибат бикунем.
Комил Магомедов: Ман танҳо ҳаминро мехоҳам илова кунам, ки шиддати тундгуфторӣ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистонро ду чиз сабаб шуд; аввалан ин қарори Владимир Путин барои 50% коҳиш додани муҳоҷирон ва баъдан куштори ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов. Вобаста ба қарори сарвазир Путин ҳаминро бояд қайд кард, ки ин икдом дар қиболи зухури бӯҳрони молӣ қабул шуд. Умуман бо ин иқдом Русия кӯшиш дорад, муҳоҷиратро коҳиш диҳад ва ба танзим оварад. Пас аз ин иқдом набояд воҳима барангехт. Дар масъалаи дуюм, воқеан ҳам ин куштори даҳшатнок аст, бовар кунед мо ҳам чун ҷомеаи Тоҷикистон нигарон ҳастем. Ҳар як чунин куштор е ягон фалоката дигар, ки бойиси фоҷеа мешавад барои ман ҳам чун шумо мусибат аст. Мехостам ҳангоми муҳокимаи ин масоил умуман ҳама гуна проблемаву мушкилоти дар муносибати Тоҷикистону Русия ҷой дошта одоб риоя шавад. Вобаста ба нотаи эътирозии мо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки сабаби ягонаи иншои он Нота ин пайдо шудани мавҷи мақолаҳои ҳангомавӣ ва таҳқирона, ки дар матбуоти Тоҷикистон ба нашр расиданд, мебошад. Ҳодисаҳои кушторро мисол оварда онҳоро чун роҳи пешгирифтаи ҳукумати Русия қаламдод намудан нодуруст аст. Журналистон мехоҳанд ин масъаларо муҳокима кунанд, ин ҳукуқи онҳост. Аммо биёед роҳбарияти сиёсии Русияро таҳқир накунем.
Толибшоҳи Сайидзода: Қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия на танҳо мо рӯзноманигоронро, балки ҷомеаи моро нигарон кардааст. Масалан шумо мегӯед: Тоҷикистон ин шарики стратегии мост». Мо хеле хурсанд ҳастем, ки чунин давлати абарқудрат моро шарики хеш меҳисобад. Аммо ман як чизро намефаҳмам, Гурҷистон бо Русия ҷангид, вале ягон гурҷиро дар Русия барои ин накуштанд. Украина кубурҳои газро ва роҳи интиқоли гази Русияро ба Аврупо баст ва ба буҷаи Русия қариб 2,5 миллиард доллар зарар овард, аммо ягон украиниро накуштанд, пас барои чӣ моро мекушанд? Президенти мо ба ҳамин мазмун ишора намуда буд: Чун мо заъиф ҳастем, ҳар чӣ хоҳанд бо мо раво мебинанд? Дар нотаи ирсол намудаи сафорати Русия омадааст, ҳашт ҳазор тоҷикистонӣ ҷиноят содир кардаанд. Барои ҷиноят содир кардан бояд одамро бикушанд? Тоҷик гуноҳ кард, ӯро зиндонй кунед. Бе ин ҳам ба қавле 50-60 ҳазор тоҷикистонӣ бо туҳмату бегуноҳ ё бо айбҳои сохта дар зиндонҳои Русия бандианд. Оё касе аз намояндагони сафорати Русия ба хонаи Салоҳиддин Азизов рафт? Шаҳрвандони шумо дар он ҷо ҳамдиёрони моро мекушанд, шумо бошед дар ин ҷо ҳам моро гунаҳгор мекунед.
Ҳам роҳбарияти мо ва ҳам худи мо аз сидқи дил мехоҳем, ки миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Аммо роҳбарияти шумо вазъиятро мушкил мекунад. Барои чӣ Дмитрий Рогозин, бадхоҳи рақами аввали тоҷикон намояндаи махсуси Русия дар НАТО аст? Ё Владимир Лукин, роҳбари Дафтари ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дар Русия ҳаммиллатони маро «ифлос» номид? Ҳар касе ки зидди тоҷик бошад, ба назари мо чунин менамояд, ки Путин дастгирӣ мекунад. Борис Елсин демократи ҳақиқӣ буд, Худо раҳматаш кунад. Ҳамин, ки Путин сари қудрат омад, мо ҳама дороии хешро додем; се полки русй дар Тоҷикистон аст. Дар ягон кишвари дигар чунин нест. Маркази назорати кайҳонии «Окно», ки миллиардҳо маблағ арзиш дорад, мо «бародари калонӣ» гуфта ройгон додем. Аммо «бародарони хурдӣ»-ро бераҳмона мекушанд, алаккай 681 тобут омадааст. Вале дар ҳамин ҳол агар як нафар русро мисли Салоҳиддин дар Тоҷикистон мекуштанд, шумо тоҷиконро террорист меномидед ва вазири дифоъи Русия худаш бевосита амалиёти махсуси низомиро сарварӣ мекард. Агар ман ноҳақ бошам, пас маъзур доред!
Лидия Исамова: Ман бо бисёр андешаҳои Толибшоҳ розӣ нестам, набояд ҷиноятҳои алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби экстремистҳо ва скинхедҳо амалӣ шударо ба сатҳи сиёсати Русия баробар донист. Ин ба он монанд аст, ки фаъолияти «Ҳизбу-ут-таҳрир» ва «Салафия» ба сатҳи сиёсати давлатӣ баробар бошад. Ҳарчанд ин ҳаракатҳо дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Таъиноти сиёсиро ҳам набояд ба ин алоқаманд кард. Рогозин айни ҳол аз Русия хеле дур аст ва вақтҳои охир ба масъалаи муҳоҷирон дахл накардааст. Он чӣ Лукин гуфт, Худо худаш довари ҳақ аст, ин албатта барои намояндаи ҳифзи ҳуқуқи инсон зебанда нест, баръакс ӯ бояд инсонҳоро ҳифз кунад. Мо дар бораи миқдори куштори узбакҳо, қирғизҳо, молдаванҳо, украинҳо намегӯем, аммо ман медонам, ки микдори онҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон камтар нест, ба ин масъала на чун сиёсати расмии Русия, балки чун зуҳуроти экстремистӣ бояд баҳо дод. Албатта ҳукумати Русия маблағгузорон ва пуштибонҳои ҳаракати фашистиро пайдо мекунад. Ба ин масъала бояд хадамоти амниятӣ машғул шавад, зеро ин ҷараён характери умумӣ гирифтааст. Масъалаи он ки мо пойгоҳи низомии Русияро ҷой додем он аст, ки давлати Тоҷикистон пеши Русия қарзи зиёд дошт ва бояд он қарзҳоро месупоридем, вале натавонистем. Ба ҳамин хотир шартномаи байни ҳукумати буд дар ин масъалаҳо. «Окно» дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хароб гардид ва дивизияи 201- и Русия онро ҳифз карда буд. Фикр мекунам, худи ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад, ки дивизияи 201- ум бароварда шавад, зеро дар паҳлӯи мо Афғонистон ва экстремистҳое ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ вазъро ноором ва моро безобита мекунанд ва ин дивизия ба ҳайати нируҳои зудамали Созмони амнияти дастаҷамъй (ОДКБ) дохил мешавад.
Ниёзов Хуршед: Аввалан як нуқтаро мехоҳам қайд намоям, ки ман муддати ду сол дар Русия будам ва он масьалаеро, ки ин ҷо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, шояд, каме аз дигарон бехтар донам. Ба андешаи ман гунаҳгорӣ асосӣ дар ин масъала мансабдорони алоҳидаи баландмақоманд. Барои мисол, сардори РКД-и шаҳри Маскав дар яке аз мусоҳибаҳояш куштори се нафар- арманӣ, ҳинду ва точикро шарҳ дода, дар мавриди қотилон чунин гуфт: «Охир онҳо ҳоло наврасанд, ин далели авбошӣ асту бас». Вақте инсонро мекушанд, магар ин авбошӣ аст? Хуршеда Султоноваи 9-соларо 21 корд заданд, магар ин авбошӣ аст? Метавон дар ин маврид беш аз 20 мисол овард. Ҳамаи ин ҷараён як сиёсати пешгирифтаи мансабдорони алоҳидаи Русия аст, сар карда аз Лукин, Рогозин то Лужкову Жириновский. Дар мо ҳам чунин як нафар буд. Аввалин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмон Юсупов соли 1992 таҳдид карда буд, ки талабагони мактаби русиро гаравгон мегирад, вале худи ҷомеаи мо уро маҳкум кард. Тавре ман дар боло гуфтам, инро сиёсати пешгирифтаи мансабдорони баландмақоми рус меҳисобам. Аммо вақте сари Салохиддинро баъди суханони Путин дар мавриди чорӣ намудани квота барои муҳоҷирон буриданд, ҳар касе ки аз илми мантиқ бохабар аст, албатта дар ин масъала пайвавдеро мебинад.
Зафар Абдуллоев: Дар Нотаи сафорати Русия омори ҷиноёти содиркардаи тоҷикон оварда шудааст. Дар ҳамин ҳол барои пешгирии ин ҷиноёт ҳукумати Русия чӣ корҳоро анҷом медиҳад? Ҳамчунин расонаҳои хабарии Тоҷикистон, то кадом андоза арқоми боэътимодро дар мавриди куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия истифода мебаранд?
Комил Магомедов: Соли 2007 ба Кодекси ҷиноятии Русия тағйиру иловаҳо дароварда шуд, ки тибки он чавобгарй барои содир кардани ин гуна ҷиноятҳо вазнинтар мешавад. Дар ҳамаи сохторҳои кудратӣ гурӯҳи махсус алайҳи мубориза бо ин ҷиноятҳо таъсис дода шудааст.
Дмитрий Кабаев: Ҷиноят содир кардан аз рӯи хусусиятҳои миллатбадбинӣ ин ҷараёни наве дар Русия мебошад. Ин раванд дар давраи Шӯравӣ набуд, ин ҷиноятҳо якбора рӯ задаанд, хукуматдорон ҳанӯз намедонистанд, ки чи гуна бо он бархӯрд кунанд. Дар масъалаи қазияи Хуршеда Султонова эҳтимол дорад, ки қарори беадолатона ҳам ҳаст, зеро он падидаи нав аст. Ҳукуматдорони Русия оҳиста-оҳиста бархӯрди шадид нишон дода истодаанд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза омода карда шудаанд. Айни замон мавҷи мурофиаҳои судӣ нисбати миллатгароён дар ҳама ҷо сар шудааст. Фикр мекунам, ин раванд ривоҷ хоҳад ёфт.
Аз нуқтаи назари журналистӣ чунин гузоштани масъала, ки 600 тобут омад мувофиқ аст, бисёр гашти хуб. Ҳангомабарангезӣ гӯё, ки «дар Русия алаӣҳи тоҷикон ҷанг рафта истодааст». Мо бошем дар Русия гашту гузор карда намедонистем, ки дар он ҷо ҷанг будааст. Чунин эҳсос пайдо мешавад, ки дар ҳар кунҷи Русия гӯё скинхедҳо истода тоҷиконро интизор ҳастанд, то онҳоро ба қатл расонанд. Шумо ба Маскаву Санкт- Петербург биравед ва бубинед, ки чи тавр одамон дар он ҷо озод мегарданд. Бале, чунин раванди номатлуб дар шаҳрҳои калони Русия ҳаст ва чунин дастаҳои ҷинояткор амал мекунанд, аммо ин раванди умуми нест. Ин ҷо дар масълаи миқдори кушторҳо ҳам дакик, будан лозим аст.
Комил Магомедов: Дар мавриди матбуот и Точикистон ман як далели дигар дорав». Масалан, як рӯзномаи мустакили Точикистон менависад: «Боз як куштор дар Русия», макола чунин сар мешавад: «Дар ин рӯзҳо куштори навбатии се муҳоҷири точик сурат гирифт.» Дар матлаб бошад омадааст, ки онҳо дар сохтмон кор мекардаанд ва ба болшшон девор афтидааст, яъне онҳо дар натиҷаи беэҳтиёти ҳалок шудаанд, аммо ин ҳодиса ҳамчун як куштор маънедод шудааст. Ман мефаҳмам, ҳар фавт як фоҷеа аст, аммо биёед объективона бинависем.
Толибшоҳи Сайидзода: Ман бо шумо одам нестам, ҷаноби Магоммедов. Оё Шумо намедонед, ки дар бораи мо, яъне миллати тоҷик расонаҳои хабарии Русия чӣ «мегӯянду чӣ менависанд? Танхо тахкиру тӯҳмат. Масалан, барномаи «Наша Раша» чй? Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки шояд ин сиёсати пеш гирифтаи мансабдорони алохидаи Русия бошад, ман бо ин акдеша розӣ нестам. Вақте вазири корҳои Точикистон изхорот медихад ин президенти кишвар аст. Агар нафарони наздик ба Путин масалан, Лужков, Рогозин, Лукин ва дигарон мавқеъашонро намоиш медиханд, маълум мешавад, ки ин хати сиёсии Путин аст.
Комил Магомедов: Аммо Рогозин ва Лукин вазири корхои хориҷа нестанд.
Толибшоҳи Сайидзода: ОхирЛужков ин ҳокими пойтахш Русия аст! 600 тобут дар як сол! Боз чй кадар лозим аст, то ки Путин ин ҳама кушторро боз дорад.
Комил Магомедов: Биистед. Ҳамаи онҳоро «миллатгароён накуштаанд, аз куҷо ин маълумотхоро гирифтаед, ин маълумоти дуруг аст. Шумо мегуед, Ки кисми зиёди дар Русия зиндони буда, бо тӯҳмат нишастаанд, шумо маьлумоти расмӣ, сарчашмаи боэътимоди маълумот доред? Шумо ҳатто намедонвд, ки ин дуруст аст ё нодуруст? Ҳарчанд ин пурра нодуруст аст.
Толибшоҳи Сайидзода: Хуб, бигирем 170-кушташуда. Агар ба миқдори аҳолй нигоҳ кунем барои Русия гӯё 50 ҳазор кушта шудааст. Мисоли дигар дар Екатеринбург Гаҷимирза Алмасови доғистонй боздошт шуд, ки танҳо дар Тоҷикимстон таваллуд шудааст, аммо расонаҳои иттилооти Русия тавре хабар медиҳанд, ки гӯё тоҷик боздошт шуда бошад.
Комил Магогмедов: Ман бо шумо розй хастам, ин гуна ҳодисаҳо ҳастанд. Аммо вақте мегӯед, ки тоҷиконро дар Русия тӯҳмат кардаанд, ба шумо касе ин хуқуқро надодааст.
Толибшоҳи Сайидзода: Ҳашт сол Буш, Бен Ладенро чуст, Путин хашт сол скинхедхоро мечуяд, вале на у ёфту на ин. То замоне, ки точик сохиби силохи хастай нашавад, моро хоханд кушт. Ман фикр мекунам ин кушторҳо дар Русия ба зудӣ анҷом нахоҳанд ёфт.
Лидия Исамова: Маъзарат мехоҳад, дар ҳама гӯшаи дунё куштор ҳаст, бо ҳар бахонаву сабаб одам мекушанд, вале гуфтан лозим, ки бояд бомаи атомӣ дошта бошем, ин як назари кобили қабул нест.
Хуршед Ниёзов: Дар мавриди Нотаи эътирозӣ мехостам як нуқтаро қайд намоям. Дар он ҷо ишорае хаст, ки духтари русро таҷовуз кардаанд. Ҳарчанд исбот шуда буд, ки русдухтарро узбак таҷовуз карда буд, аммо тоҷикро куштанд. Мо як маводе дар даст дорем, ки дар он дар бораи таҷовуз ва куштори духтари 6-солаи тоҷик сухан меравад. Ҳатто дар Точикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва кумондонхои пуркудрати сахрои буданд, чунин холатхо рух надоданд. Бубинед, такрор мекунем, ки Русия шарики стратегии мо аст. Муносибати байни Амрикову Ирон аз ин ҳарфҳои зебо дуртар аст. Аммо шумо дар ягон ҷо шунидаед, ки дар Амрико аз рӯи эҳсоси миллатбадбинй ягон ирониро кушта бошанд, ё алайҳи онҳо гурӯҳҳое фаъол бошад. Ман фикр мекунам, ки масалан, ба ҷои пешниҳоди нота шумо метавонистед аз минбари мо истифода карда, вокуниши худро нисбата қатли тоҷикписар баён кунед.
Зафар Абдуллоев: Зикри он чизе, ки чанд маротиба дар ин ҷо гуфта шуд, яъне маводу мақолаҳои зидди тоҷикон гӯё, ки танҳо дар расонаҳои хабарии ғайридавлатии Русия пайдо мешаванд. Дар се моҳи охир ман дар Русия будам ва имконияти ҳар рӯз шинос шудан бо навиштаҳои аксари расонаҳои хабарии ин кишварро доштам. Метавон гуфт, ки танҳо се нашрияи Русия; «Новая газета», «Время новостей» ва маҷаллаи «The New Times» («Новое время») ба таври мусбат ва холисона дар бораи мардикорон баҳо медиҳанд ва ё умуман ба ин мавзуъ даст намезананд. Боқи аксари нашрияҳо ахбору маводи муғризона ва якҷонибаро нашр мекунанд. Ҳатто нашрияҳои маъруфи давлатие чун «Российская газета» ва ҳамчунин шабакаҳои телевизионие, амали РТР, ки шабакаи давлатист ва НТВ, ки аз ҷониби ширкати «Газпром» сарпарастӣ мешавад, аз ин истисно нестанд. Саволи дигар чунин аст, ки дар Нотаи сафорат аз макомоти кишвари мо даъват шуда буд, то ба нашрияҳои «Миллат», «Фараж», «СССР», ‘Нигаҳ», «ФК-Сарital таъсир расонанд. Дар ин бора журналистони мо чӣ фикр доранд? Ба ақидаи чониби Сафорат то чӣ андоза ин даъвати онҳо таъсирбахш аст ва чаро ба расонахои хабарии Русия низ чунин таъсиргузорӣ сурат намегирад?
Дмитрий Кабаев: Оё шумо медонед, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав хар моҳ ва баъзан вақт дар як моҳ ду маротиба ба мо нотаҳо менависад, Мо бори аввал аст, ки аз мокомоти точик хохиш намудем то ба расонахои хабари таъсир расонанд, пеш аз ин хеч гох ин корро накарда будем. Ин дафъа ба хулосае омадем, ки ҳамаи ин, яъне он навиштаҳои матбуоти точик як навъ беэҳтиромӣ аст ва аз ин хеле мутаассир хам шудем. Мо озодии баёнро дар Тоҷикистон фишор наовардаем, не, асло ин тавр нест. Мо танҳо аз ҳукуматдорони тоҷик, аниқтараш аз журналистон даъват намудем, то ин ҳолати бе ин ҳам мушкилу фоҷиавиро боз пурташаннуҷтар нагардонанд. Мо инро вазифаи худ донистем то ба ин роҳ алангаи ҷӯшонро хомӯш намоем.
Хуршед Ниёзов: Тавре ман гуфтам, дар ин бора фикр кардан зарур буд. Шумо метавонистед тамоми расонаҳои хабарии тоҷикзабонро ҷамъ намуда, мавқеъи худро муайян намоед ва медонистед, ки мо хам зидди скинхедҳо, зидди гуфтаҳои мақомдорони алоҳидаи ҳухумат ва ҳам зидди сиёсати Лужков ҳастем. Дар ин проблема на шумо гунаҳгоред ва на мо. Бояд мо мушкилотро ин ҷо муайян намоем ва бар зидди чунин рӯӣдодхо оянда ҳам мубориза барем.
Комил Магомедов: Ман бо Хуршед бо он розӣ ҳастам, ки дар ин ҳолат масъулиятро бар дӯши ҳукумати Русия набояд бор кард, ин кори ҳарду ҷониб аст. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон. Дар мавриди нота, ман мефахмам, шояд шумо нуктаи назари худро дошта бошед, метавонед дар бораи Русия фикру акидаи худро иброз намоед. Аммо байни гуфтани нуқтаи назар, ки метавонад хатто ғайриобективона бошад ва байни тахкир кардан фарқ аст. Дар расонаҳои хабарии Русия муайян кардан душвор аст, ки ба нишони Тоҷикистон таҳқирҳои рӯйрост равон карда мешавад. Дар омади гал бояд биғӯям, ки аз ҷониби Зафар он амале буд, дағал ва беадабона.
Зафар Абдуллоев: Комил, Шумо чанд маротиба аст, ки имрӯз дар мавриди кадом як таҳқир ишора мекунед, аммо ягон мисоли мушаххасе наовардед.
Комил Магомедов: Таҳқир дар ҳаққи намояндаи расмии давлати хориҷа.
Зафар Абдуллоев: Мисоли дақиқ биоред.
Комил Магомедов: Чи гуна мисол? Худи мазмуни навиштаи Шумо моҳияти таҳқирро дорад.
Зафар Абдуллоев: Ҷавоб ба Светличний, ки «агар сикнхедҳои рус ногаҳон сари ӯро бибуранд, моро ҳам ба ҳоли ӯ раҳм меояд?»- ро дар назар доред?
Комил Магомедов: Бале. Зафар, охир мову шумо хамон оҳанги тамасхурро хуб медонем… Шумо худатон медонед, ки дар кадом жанр шумо онро навишта будед.
Зафар Абдуллоев: Ман ҳамчун баранда ва мизбони ду ҷониб ин ҷо набояд ба ин мубоҳиса дохил шавам, аммо модоме, ки сухан аз мавқеъи журналистиям меравад, маҷбур мешавам, ки якчанд сухан бигӯям. Дар мавриди он ки гӯё дар расонаҳои хабарии Русия дар бораи кишвари мо иттилооти ғайри объективӣ нест. Қариб тамоми сомонаҳои интернетии он ҷо сарварон ва мардуми кишварҳои Осиёи Мйёнаро бадном мекунанд – Сеntrasia.ru, Forum.msk.ru ва дигарон, ки дар серверҳои ширкатҳои рус ҷо доранд. Хадамоти махсуси амниятии Русия дорои шӯъбаҳои махсуси мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноятҳаст, ҳатто ҷиноёти зиддикайҳониро метавонанд пешгири намоянд, аммо бар зидди он ҷинояткороне, ки ин ҷо аз аъмоли онҳо сӯҳбат мекунем, ягон чораи мушаххасе дида намешавад. Ба шумо дер боз мегӯям, ки агар чунин шуморед, ки ман шуморо ё намояндаи сафорати Шуморо таҳқир кардаам, метавонед ба суд даъво пешниҳод намоед. Чун роҳбарияти кишвари мо ба муқобили он сомонаҳо намехоҳад кореро амалӣ гардонад, ин маънои онро надорад, ки фаъолияти он сайтҳо барояшон писанд аст. Ман ба ҷаноби Светличний монанди он лаҳне, ки нотаи худро навишта буд, ҷавоб гардонидам. Ин шахс ҳиссиёти ман ва ҳиссиёти ҳамватанони маро таҳқир кард. Агар аз ҷониби вай нотаи изҳори таслият ва таассуф мебуд, мо ҳамон лаҳза онро нашр карда дастгирӣ менамудем, аммо мутаассифона чунин нашуд.
Комил Магомедов: Шумо фаҳмонда наметавонед, ки барои чӣ ин кор шуд. Дар он навиштаҳо ин хел набуд…
Зафар Абдуллоев: Дониста бошед, ки ягон ҷавоб ва маводи журналистони тоҷик эҳсоси миллатбадбинӣ надорад. Мо дар ин мизи мудаввар кӯшиши муайян кардани сабабҳои мушкилро мечуем ва ба хулосае омадем, ки мансабдорони алоҳидаи ду кишвар барои ҳал намудани мушкилот кӯмак намерасонанд. Ана маълум мешавад, ки боз яке аз чунин ашхосро ошкор намудем-ин иҷрокунандаи вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний, ки ба ҳали масъала кӯмак намерасонад, балки барои аланга гирифтани он ёрӣ мекунад. Ана ҳамин гуна хулоса худ ба худ пайдо шуда истодааст.
Толибшоҳи Сайидзода: Нотаро, шояд, на як В. Светличний танҳо қабул кардааст. Ман бо Хуршед розӣ ҳастам, шумо метавонистед сармуҳаррирони «Фараж», «Миллат», «СССР», «Нигоҳ»-ро даъват карда мегуфтед, ки бачаҳо биёед якҷоя нишаста, чой нӯшида вазъиятро муҳокима намоем. Нота ҳам даркор намешуд, ҳамаи ин ба шумо 30 сомонӣ меафтид, яъне сари як пиёла чой шояд мо ба мувофиқа мерасидем. Аммо ба ҷойи ин шумо пахши Нота ва тахдиди моро пеш гирифтед.
Комил Магомедов: Нуқтаи назари худро баён намоед, аммо иттилооти бардурӯғро додану таҳқир кардан лозим нест. Ана бигирем газетаи «Миллат»- ро, дар саҳифаи аввали он свастика (тамғаи фашистон), нишони давлати Русия ва Путин, нафари дуввуми Русия тасвир мешаванд, ин таҳқири рӯйрост аст, беэҳтиромӣ ба нишонаи давлатй аст. Ин моро ба навиштани нота таҳрик дод.
Толибшоҳи Сайидзода: Пас вақте ки матбуоти Русия каллаи харро дар сари тоҷик мегузоранд, ин барои мо қабул аст? Оё тоҷик хар аст? Ман дар бораи барномаи «Наша Раша» гуфта истодаам.
Лидия Исамова: ТНТ-ин шабакаи хусусӣ аст.
Толибшоҳи Сайидзода: «Миллат» чӣ, магар он нашрияи мустақил нест?
Хуршед Ниёзов: Мана ҳамин Хадамоти амниятии Русия тавонистанд, ки Шамил Басаевро бикушанд, Салман Радуевро дастгир намоянд, дар кадом як ғорҳое онҳоро пайдо карданд. Аммо барои чӣ бошад, ки ҳукумати Русия скинхедҳои свастики фашистӣ доштаро, ки дар зери бинияшон гашта истодаанд, дошта наметавонанд. Онҳо ҳар рӯз амалҳои манфури худро гузаронида истодаанд, намойиш барпо мекунанд, аммо ҳеҷ кас қудрати онҳоро ҷазо доданро надорад.
Комил Магомедов: Дар он ҷо наметавонанд, ки ҳар он касеро, ки мӯза дорад, ҳар он касе ки тоссар аст, дошта ҳабс кунанд. Бояд маълумоти исботкунандаро ҷамъ намуд. Мана шумо мегӯед: «Намехоҳед бо мо ҳамкорӣ намоед», вале инро чӣ гуна метавон фаҳмид, ки «СССР» барин газетаҳо фаъолияти худро аз танқид кардани беасоси Русия оғоз мекунанд.
Зафар Абдуллоев: Саволи охирин. Ба назари шумо чи сабақе метавон бардошт аз ин муноқишаҳо ва мубоҳисаҳо?
Дмитрий Кабаев: Чизи аз ҳама муҳим он аст, ки айни ҳол мо дар ин ҷо нишаста, масъаларо муҳокима карда истодаем. Муҳим он аст, ки ҳамдигарфаҳмӣ бикунем. Мо мехостем, ки матбуоти тоҷикзабон андешаву афкори зидди Русияро ривоҷ надиҳанд. Мо ба ин манфиатдор нестем, чй гунае ки набошад Тоҷикистон ба ҳар ҳол шарики стратегии мо аст. Мо инро дар он корҳое, ки амалӣ шудаанд, мебинем. Умедворем, ки ин якумин мулоқоти мо охирин нахоҳад шуд. Албатта, мо бояд зуд-зуд бо ҳам вохӯрда маслиҳат бикунем, шояд ки мо дар ин масъала ба андозаи зарурӣ диққат надодаем.
Толибшоҳи Саӣидзода: Тавре ки дар масали Крилов омадааст: «Пеши қудратманд ҳамеша камкувват гунаҳгор аст». Ман медонам Тоҷикистони ман давлати камқувват аст ва шумо ҳам гунаҳгор донистани моро идома медиҳед. То он даме ки як тоҷикро дар Русия мекушанду азият медиҳанд, мо ором намешинем ва дар ин бора менависему мегӯему масъалагузорӣ мекунем.
Дмитрий Кабаев: Албатга, ин ҳуқуқи шумост.
Лидия Исамова: Фикр мекунам ба сафорат лозим аст, ки ба вазорати хориҷа, вазорати иттилооти Русия муроҷиат намояд, барои он ки расонаҳои хабарии Русия ба тахҳири тоҷик ва тоҷикро чун симои таҷовузкор, ҷинояткор ва нашъаманду нашъаҷаллоб ҷилва додан хотима бахшанд. Мо, журналистони тоҷик ҳам, бояд каме объективона бошем, барои он ки нашри чунин мавод оқибати хуб надорад. Мо ба ҳар ҳол аз Русия вобастагӣ дорем, дар бунбасти ҷуғрофӣ ҳастем. Аз тарафи дигар вазората хориҷа ва хукумати мо дар бораи он мардикорони кушта шудаамон кариб фикре намекунанд. Тахқири тоҷики мо аз кишвари худамон огоз мешавад, аз фурӯдгоҳ ва истгохи роҳи охани Душанбе, ки дар он ҷо масъулини ниҳодҳои марбута ба тахқиру тахдиди мо оғоз мекунанд. Ин бисёр бад аст, вақте ки тоҷикон хамдигарро таҳқир мекунанд ва муттахид нестанд.
Хуршед Ниёзов: Дар ин масъала тавре ки мо аллакай дар рӯзномаи худ навишта будем, мансабдорони алоҳида ё гуфтан мумкин аст гурӯхҳои алоҳида гунаҳгоранд. Мо мехоҳем, ки овози моро шунаванд. Агар овози мо шунида мешуд, мо он гуна сарлавҳаҳои фарёдкунандаро истифода намекардем. Фикр мекунам, ҳарду ҷониб якдигарфаҳмиро мехоханд. Аз ин хотир мо бояд аз тарики нишастҳо ва муколама ҳар як рӯйдоду мушкилоте, ки пеш меояд ва дар ҳамбастагӣ муҳокима намоем.
(Бознашр аз «Миллат» ва «Фараж»)
Filed under: Dushanbe, Андеша, Душанбе, Точикистон, Journalism, Tajikistan | Tagged: Русия, Точикон дар Русия, Tajikistan | 21 Comments »