Бар зидди ҷанги нав садо баланд кунед!

Як хонандаи мо навишт, дар чунин ҳолате ки дар Навори Ғазза садҳо нафар зери бомбаҳо ҷон медиҳад, мо чӣ метавонем кард? Ҳоло посух пайдо шуд. Камтарин коре ки ҳар инсони бовиждон метавонад бикунад ин аст, ки ба торнамои байнулмилалии www.avaaz.org равад ва ба зери як номаи аҳли башар ба сарони Исроилу Фаластин ва тамоми олам имзои худро бигузорад.

avaaz1
Нагӯед, кори беҳуда ва бесамарест. Бадтарин инсон, ҳатто онҳое ки аз хуни нофи Иблис зода шудаанд ва тамоми умр иблисона амал кардаанд, дар баробари иродаи аҳли башар пасту ҳақир ва бечора будани худро дарк ва ҳис мекунад. Имзои шумо ин иродаро ба мушти оҳанине табдил медиҳад, ки бо нерӯи поки виждони башар ба даҳони фарзандони иблис мезанад!

Advertisements

Дар Борикаи Ғазза чӣ мегузарад?

Усмон Саъдӣ аз Қоҳира

Сарфи назар аз он ки сиёсатмадорони Исроил ва Ҳамас чӣ мегӯянд, бубинед, дар Борикаи Ғазза кӣ куштаву захмӣ мешавад ва ҳаёти киҳо месӯзад.

ghazza2

ghazza22

gazzah3

ghazzah4

Ин ҳама ба ману шумо дахле дорад ё хайр?

Хурсандии дурӯғин дар сармои зимистон

Ду ё се моҳ пеш намояндагони ҳукумат дукон ба дукон гашта ба фурушандаҳое, ки сатри исломй доштанд, ҳушдор медоданд, ки агар либоси мазҳабии худро накашанд, дар оянда аҳволашон бад мешавад. Чанде аз шиносҳои ман он вақт дар ин бора шикоят карда буданд.

Ахиран боз ҳам намояндагони давлат дукон ба дукон гашта, ба фурушандаҳо ва соҳибони дуконҳо ҳушдор доданд, ки агар дар дару тирезаашон аксҳои солинавии Деде Мороз ва Снегурочка накашанд, аҳволашон боз ҳам бадтар мешавад. Дар ин бора чунин як номае ба почтаи электронии «Андеша» расид:

Ассалому алайкум бародар Рустам.
Ман як сохибкор мебошам, дар шахри Душанбе тичорат мекунам,  СОХИБкориамон факат дар руи когаз аст, андозхоро баланд карданд, ичорапулиро, пардохтхои коммуналиро зиёд намуданд ва хатто пеш аз «иди» соли нав ба мо мансабдорони хукумат омада фишор меоранд ки «шодиву -солинавй» кунед, дар дукону дару тирезахо суратакхои гову мушу, арчаву бобоякхои барфиро сурат кашед. Агар накунед – хафа нашавед. Охир ин  чи гуна озодй? Мо, алхамдулиллох, мусалмонем ва намехохем ба иди мушрикону кофирон хамчоягй кунем, идхои худамонро ба онхо мачбур немекунем ва иди онхоро пайравй надорем. Ба акли солим рост намеояд, ки дар тирезаи хонаву корхонахои (хатто давлатй) суратакхои беъманиву ахмакиро расм кашем, ба гайр аз ин хамааш исроф аст, яъне харом мебошад.»

Ҳоло ёбеду гиред! Румоли тоҷикй ё сатри исломй бояд манъ бошаду суратакҳои бобоякҳо, ки низ аслан рамзи мазҳабй аст ва аз Николайи мукаддас — Санта Клаус сарчашма мегирад, ҳатмй. Агар на инро мехостанд ва на онро боз фаҳмидан мумкин, ки мехоҳанд, ҳама озод бошад ва ба таври худ рафтор кунад. Ин ҳукумати болохонадори Тоҷикистон дигар ҳама корҳоро тахту рахт кард, ки акнун ба ин чизакҳо машғул аст ва кори дигаре надорад?

Ман, барои намуна, намехоҳам аз соли нави дурӯғин истиқбол кунам. Ин иди ман нест. Намеоед, хонаи маро тафтиш кунед, эй намояндагони ҳукумат, ки дар хонаам арча гузоштаам ё на ва арақу шампон хариду, руи дастархонам мондаам ё на? Охир чӣ чиз бояд маро маҷбур кунад, ки дар ин сармои зимистон худ аз худ ба рақсу бозӣ дароям. Шояд набудани газу барқ ва гармӣ? Ё бояд як шиша шаробро ба дарунам холӣ кунаму баъд «новигод» кунам? Дилам месӯзад ба он бачаҳое, ки маҷбурашон мекунанду зери арча мебаранд, то Николайи муқаддас онҳоро башорат бидиҳад. Дилам месӯзад ба онҳое ки арақи бисёрро хӯрда, мисли гургҳои зимистонӣ ба кӯчаҳо мебароянд ва улулак мекашанд. Ин чӣ маъние дорад? Шумо суру зодрӯзи моро ба танзим овардед, чаро инро танзим намекунед? Онҳое ки монанди шумо арақ намехӯранд, чӣ кор кунанд?

Ба кадом муносибат? Чӣ чизе тағйир мекунад? Чӣ чизе сар мешаваду чӣ чизе тамом? Ҳеҷ фарқе ин ҷо рӯй намедиҳад он гуна ки дар Наврӯзи мо табиат зинда мешавад, гулҳо мешукуфанд, муғчаҳо мекушоянд, мурғони ҳаво ба хондан меоянд. Бовар кунед, агар ин иди «новигод»  пайванд бо зодрӯзи ҳазрати Исо намедошт, ягон насронӣ ҳам девона нашудааст, ки дар ин хунукии қаҳрутунд ба кӯча барояд. Дарахтон ҳама хоб, сабза — хоб, булбулон — рафта, ҳатто хирсҳо ҳамагӣ хоб, чӣ мо сагем, ки бояд ними шаб ба кӯча бароему ак-ак кунем? Дар асл низ аз оғоз ин рӯз дурӯғ интихоб шудааст. Мавлуди Исои Масеҳ дар ин рӯзу айём буд ё не, касе намедонад ва дар ду асри аввали насрониҳо аслан чунин иде вуҷуд надошт. Дар торнигори «Як дарвеш» таърихи он пурра ва бо далелҳои маҳкам оварда шудааст.

Хуб, он як баҳси дигар, аммо агар мо давлати мустақил бошем, чаро бояд идеро, ки дигарон сохтаанд, тақлидкорӣ кунем ва аз он ҷашн гирем. Беҳтар нест, ки ин як иди хонаводагӣ ва кори шахсӣ бошад. Он вақт намояндагони ҳукумат ҳам вақт пайдо мекунанд, ки ба корҳои фоиданоке машғул шаванд ва тоҷирон ҳам маҷбур намешаванд барои суратакҳои нолозим пул ба харҷ диҳанд. Ё мумкин «ҳар чизе ки ба хун даромад, ба хун мебарояд?» ва тарки одат амри муҳол?

Соли нав як соли пур аз ханда мешавад…

827470188Соли нави 2009 барои мардуми Тоҷикистони азизи мо соли хубе мешавад. Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанд кори муҳимеро анҷом медиҳад, ки сабаби пешрафти мамлакат ва оромию ҳамдигарфаҳмӣ мегардад. Пеш аз ҳама вай аз муборизаи шиоргуна бо коррупсия ба амал мегузарад, зеро боигарии шахсияш аз 10 миллиард доллар мегузарад ва ин чунин маъно дорад, ки вай сер мешавад. Худ ки қонеъ шуд, дасти аъзои оила ва шахсони наздикаш дар ҳукуматро аз фасод қатъ мекунад.

Одами серу қонеъ ба ин фикр меафтад, ки пас аз даҳсолаҳо пасовандон дар борааш чӣ мегуфта бошанд. Бино бар ин ба атрофаш нигоҳ мекунад ва мехоҳад, асли ҳақиқати зиндагии мардуми худро бифаҳмад. Барои ин вай аз мансабдорони наздикаш, мушовирону маслиҳатдиҳандагонаш, вазирон ва сардорони идора ва муассисаҳои давлат талаб мекунад, бе ягон рупушӣ асли вазъиятро барояш ошкор кунанд, ҳамаи ҳақиқатро ба ҳамон шакле ки ҳаст, барояшон баён доранд. Аксаран ин гуфтугӯҳои вай бо чунин ашхос танҳо ба танҳо барпо мешавад ва ҳар касе ки дар бораи вазъияти кишвар ва мардум маълумоти нодуруст дод ва талош кард, вазъиятро бо обуранг ва писанди Сарвари Давлат баён кунад, дар ҳамон лаҳза аз вазифааш маҳрум мегардад. Раҳмон мехоҳад ҳақиқати ҳолро бидонад ва аз ин шахсон батакрор хоҳиш мекунад, ҳақиқатро гӯянд. Касоне ки ҳақиқатро мегӯянд, дар мансабашон мемонанд, касоне ки дурӯғ мегӯянд, бо фармони ихроҷ аз коргоҳи Раиси Ҷумҳур берун мешаванд.

Ба ин тариқ мо шоҳиди истеъфо ва барканории даҳҳо мансабдори Тоҷикистон мешавем. Шояд дар бораи сабабҳои ин рондашавиҳо маълумот дода намешавад, аммо шумо фаҳмед, ки онҳо барои нагуфтани асли вазъи соҳаи худ аз кор рафтаанд. Онҳое ки ҳақиқатро ба Раҳбари Давлат мегӯянд, ба дӯстдоштатарин ва наздиктарин мансабдори ӯ табдил меёбанд ва дар оянда калон аз онҳо бисёр машварату маслиҳат хоҳад пурсид. Вай дигар ба хешу табор такия нахоҳад кард. Кадомашон ки норозӣ шуд, аз фонди худаш устухоне мепартояду роҳи худ ва роҳи мамлакатро боз мекунад.

Ҳарчанд мегӯянд, баъзе вазирон ва калоншавандаҳо уҳум-пуҳум мекунанд, ки соли онҳо гов аст ва худашон ҳам аз ин махлуқи Худо ягон камӣ надоранд, Сарвари Давлат посух медиҳад, ки агар ба ин ривояту афсонахо дода шавем, соли нав соли касе хоҳад буд, ки болои онҳо савор аст ва ҳама чиро ӯ бояд ҳал кунад. Шералии Гул розӣ намешавад, аммо баъдтар ба тақдир тан медиҳад.

zanonДар соли 2009 аз тарси бозгашти села-селаи мардикорон аз Русия дар Тоҷикистон наздик ба 20 корхонаи нав ба кор сар мекунад ва ҳамзамон ҳукумат роҳи фиристодани муҳоҷирони кориро ба Аврупо ва Амрико боз мекунад. Дар натиҷаи бозгашти саросарӣ ягон инқилоб ё нооромии иҷтимоӣ ба амал намеояд, баракс дар ҳазорон оила кӯдакон аз дидори падари худ ба кӯчаҳо мерезанд ва тушаҳои русиро ба бачаҳои ҳамсоя нишон медиҳанд. Занон ҳам шод мешаванд ва шабонгоҳон дар ҳазорон хона инқилобҳои зери кӯрпа ба амал меояду худо кунад, ба афзоиши СПИД дар кишвар сабаб нагардад.

Вақте ки муҳимтарин пайванд бо Русия (мардикорон) бурида мешавад ва Маскав аз чунин дастгоҳи фишор ба Тоҷикистон маҳрум мегардад, Сарвари Давлат нафаси сабук мекашад ва озодтар амал кардаву ошкоро бо Аврупо ва Амрико наздикии зиёдтар пайдо мекунад. Албатта, талош мекунад, Русияро ҳам наранҷонад, аммо шахсан посухи муносибати нописандонаи президентча Дмитрий Медведевро ба хеш бо камоли майл медиҳад. Путин ба Раҳмон эҳтироми бештар нишон медод, назар ба ин каттача ва акнун меваи назарбаландиро хоҳад чашид.

Иттифоқан муносибатҳои шахсии Раҳмон дар соли 2009 бо Ислом Каримов, раҳбари Узбакистон беҳтар мешаванд ва бо ташаббуси худи Каримов, зеро дар ин сол «рӯбоҳи пир» нафаси маргро ҳис мекунад ва андарзе ба ёдаш мерасад, ки «вақте меравй, душмане магузор». Тошканд ба консорсиуми сохтмони нерӯгоҳи Роғун шарик мешавад ва Душанбе ризоият медиҳад, сарбанди обанборро пасттар фурорад. Газу барқ дар байни ду кишвар шарикй мешавад ба умеди ин ки барқу об ҳам шарикй шавад. Парвозҳои байни Душанбеву Тошканд ва Душанбеву Самарқанд аз сар гирифта мешаванд. Русия аз гармии байни Тоҷикистону Узбакистон асабонӣ мешавад. Ду кишвар дар якҷоягӣ талош мекунанд, ба оромию субот дар Афғонистон мусоидат намоянд ва дар ин самт онҳо аз пуштибонии комили Аврупо ва Амрико бархурдор мешаванд. Аз ин тариқ бо Ҳинду Покистон, Эрон ва давлатҳои араб низ наздиктар мешаванд.

 Шубҳа нисбати ҷавонони тоҷик ки дар ин давлатҳо таҳсил кардаанд, аз байн меравад ва Сарвари Давлат беҳтарини онҳоро ба баландтарин мансабҳои ҳукумат менишонад. Як ҳукумати технократ ва комилан наву ҷавон ба сари кор меояд, ки дар он танҳо Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз «қадимиён» хоҳад буд, дигар ҳама чеҳраҳои нав толори ҳукуматро пур хоҳанд кард. Дигар «қадимиён» ҳамагӣ ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ хоҳанд кӯчид ва он ҷо ҳам муваққат хоҳанд буд, зеро фақат хоҳанд нолид, ки дар давраи онҳо тартиби кор дигар буд.

Кадрҳои ҷавон дар вилоятҳо низ ба қудрат хоҳанд расид, аммо раисони навоҳӣ интихобӣ хоҳанд шуд ва халқ худаш онҳоро муайян хоҳад кард. Иттифоқан интихоботҳо комилан қонунӣ ва одилона ҷараён хоҳанд гирифт ва беҳтарин пешвоёни мардум ба мақомҳои арзандаи худ хоҳанд расид.

Суръати болоравии маоши мардум аз баландшавии нархҳо ва беқурбшавии пул тезтар хоҳад буд ва зиндагии мардум серу пур хоҳад шуд. Касе дигар ба қочоқи маводи мухаддир даст нахоҳад зад ва касе касеро фиреб нахоҳад дод. Кор ба ҷое хоҳад расид, ки Бонки Ҷаҳонӣ аз Бонки Миллии Тоҷикистон қарз хоҳад гирифт, то ба кишварҳои бенаво мадад кунад.

Ҷои ханда нест. Ҳамаи ин амалӣ хоҳад шуд. Агар нашавад, вой бар мо ва ватани мо. Чизҳое хоҳад шуд, ки онҳоро на гуфтан мешавад ва на навиштан…

Ду ҷаҳон — ду ҳодиса, мотам ва шодӣ

22jahonШумо гуфта метавонед, ки ин ду акс аз куҷоянд ва чӣ маъние доранд?

Аз ҳирси пули осон хонабардуш нашавед!

Ҳамандеш аз шаҳри Истанбул

Ассалому алейкум хамАндешони азиз. Диққати хонандагони мӯҳтарамро ба як мавзӯъ ҷалб карданиям. Якчанд руз пеш, як дустам маро ба «вохурии корй» даъват кард. Вакте ба ончо рафтам дигар хамватанони мо ки гуё аз ширкати «Quest Net» ва ё «Quest International» дар Туркиё намояндагй мекард, вохурдам. Ба гуфти онхо, ин ширкат 1 мох аст, ки ба фаъолияти худ дар Туркиё сар кардааст…

Дере нагузашта як фирмаи гуфти русхо «лохотрон» ва ё «пирамида дураков» будани онхоро дарк кардам. Ба хотири хафа нашудани дустам, хама намоишхои онхоро бо диккат гуш кардам.

Шакли кор бисёр осон ва барои халки сода бисёр шароити чолиб дорад. Аз аввал хар муштарии нав бояд аз ин ширкат як мол бихарад, ки нарха 550$ будааст, (асос ин молхо соат, тин, хар хел «шишахой шифобахш», ки ба фикрам арзишашон аз 10-30$ зиёд нест). Пас ширкати «Quest Net», ки марказаш дар Хонг Конг будааст, ба номи харидор як хисобе мекушояд. Акнун бояд ду харидори дигаре ёфт, ки ягон мол харид кунанд. Пас аз дар поёни харидори аввал чамь шудани 6 шаш харидори нав (3х3 аз тарафи чап ва рост), ширкат ба хисоби харидори аввал 250$ мегузарондааст. Ҳамин тавр занҷираи пирамида давом меёбад.

Ташвишовар он аст ки он хамватаноне ки дар даруни ин бозй хастанд, ҳама хатмкардаи дошнишгоҳи олй хастанд, бисёрашон дар сохаи иқтисодиёт. Вале ҳирсу ҳаваси пул чашму зеҳни онхоро кур кардааст.

Бисёрии онҳо барои фоидаи худ апаву бародар, дӯсту хешовандонашонро ба ин система чалб кардаанд.

Ман дар бораи ин ширкат каме тафтишот бурдам. Ширкат асосан дар давлатхое, ки конунҳои суст ва ё тафтишоти бади сохаи молия доранд ё фасодхада ҳастанд, муваффак будааст, аз чумла Хиндустон, Киргизистон, Казокистон ва Точикистон. Ширкат нав ба Русия ва Туркиё даромадаст, ки дар ин ду давлат ҳамватанони мо фаъоланд.

Баъзе аз сахифахои ширкат: http://www.qi-ltd.com http://www.quest.net/
як мусохиба: http://tajforum.tj/index.php?showtopic=5736

Умедворам Точвари мухтарам, ки тафтишоти маро боз шумо дарунтар бурда, ба хонандаи мухтарам пешкаш мекунед. Шояд ин макола, дар оянда басе модарони точики моро аз хонасуз шудан нигоҳ дорад.

ХамАндеше аз Истанбул.

Дар буридани сарҳо, оё порае аз тақсир равонаи худи масъулони русӣ нест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сари мубораки шодравон Салоҳиддин, на аввалин сари буридаест, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда ва шояд охирини он ҳам набошад. Шакке нест, ки дар вуқўи ин фоҷеаи аламовар ва дарднок барои ҳар тоҷики бошарафе, дар дараҷаи аввал тақсир ва кўтоҳӣ равонаи ҳукуматмадорони мо мешавад. Агар мансабдорон ва масъулони ҳукуматии мо аз шаҳрвандони худ ба гунаи шоиста ва монанди ҳар ҳукумате, ки аз ҳарими шаҳрвандони худ дифоъ ва ҳимоят ба амал меоварад, ҳимоят мекарданд, ҳаргиз мувоҷеҳ бо чунин фоҷеае намешудем.

Аммо оё порае аз тақсир ва кўтоҳӣ, мутаваҷҷеҳи худи ҳукумати Русия низ нест? Оё Русия, ба унвони давлати «дўст» бо Тоҷикистон, чунон ки иддао мешавад, монеаҳои сари роҳи вуқўи шабеҳи чунин фоҷеаҳоро бардошта ва мебардорад, ё ин ки на, худ аҳёнан сабабгори аслии ба вуқўъ пайвастани чунин ҳаводиси дардовар аст?

Қароин нишон медиҳад, ки ин, давлат, сиёсатмадорон, дастандаркорони фарҳангӣ ва васоити ахбори русӣ ҳастанд, ки бахше аз масъулият, балки миқдори зиёде аз масъулият дар ин заминаро бар ўҳда доранд. Онҳоянд, ки моягузори аслии вуқўи чунин ҳаводисе ба шумор мераванд.
Ҳоло ба намунаҳое аз ин қароин ишора мекунем:

  • 1. Шеваи гуфтор ва рафтори сиёсатпешагони русӣ дар робита бо ғайри русҳо дар Русия, хусусан муҳоҷирони тоҷик ба гунае аст, ки вақте дар бораи ин муҳоҷирон баҳсе пеш ояд, чунон таҳқиромез аз онҳо сухан ба забон меоваранд, ки гўи «одамони дараҷаи сеюм ё чаҳорум» бошанд. Масалан, тавсифи муҳоҷирони тоҷик ба «нерўҳои арзони корӣ» ва истифода аз онҳо дар аъмоле, ки лоиқи нажоди русӣ намебошад, аз ҷониби сиёсатмадоре чун Жириновскийро ба кадом маъно қабул кунем? Ҳатто агар воқеият, мутаассифона, чунин ҳам бошад, аммо изҳори он, оё таҳқири як миллат нест? Оё чунин бархўрде, яке аз авомили водоркунанда барои қатли одамони мутааллиқ ба ин миллат намешавад?
  • 2. Филмҳое, ки тайи чанд соли ахир тавассути коргардонҳои русӣ сохта шуда ва мешавад, дар онҳо эҳсос чунин мешавад, ки мехоҳанд коре кунанд ва ба мардум ва хусусан ҷавонони саргардони русӣ, руҳияи миллатдўстӣ ва ватанпарвариро эҳё намоянд. Албатта кори нописанде нест ва бояд ҳар миллате чунин кунад. Аммо мутаассифона дар бештари ин филмҳо, душмани фарзӣ, ҷуз ба истилоҳ «сиёҳон» нестанд. Ва медонем, ки мурод аз «сиёҳон» дар истилоҳи русҳо, қафқозиҳо ва осиёи миёнаиҳо ҳастанд. Оё ин кор, худ саҳме барои иқдом бар куштани «сиёҳон» намегузорад?
  • 3. Осиёи миёнаиҳо, хусусан тоҷикон, ба персонажи аслии масхаршавандаи бозигарони театри хандаи русҳо табдил шудаанд. Ҳар вақт хостанд касеро мавриди тамасхур ва истеҳзои худ қарор диҳанд, аввал ба суроғи тоҷикон мераванд. Ё тарзи гуфтори тоҷикон мавриди тамасхури онҳост ва ё тарзи рафторашон. Гўи тоҷикон мардуме бошанд нафаҳм, содалавҳи аблаҳ, чизе сарашон намешавад, забони русӣ намедонанд ва … Донистани забон, ҳоло ҳар забоне бошад, ҳирфаи хубест. Аммо агар як нафар натавонист ба шеваи худи русҳо забони онҳоро талаффуз кунад, оё бояд мавриди тамасхур ва ханда қарор гирад? Оё ин тарз бархўрд ҳам, худ яке аз авомили таҳқир ва дар натиҷа тасоҳул дар қатли миллатеро фароҳам намеоварад?
  • 4. Намунаи дигар он ки ҳар гоҳ ҳодисаи ногуворе аз сўи яке аз муҳоҷирони тоҷик ба вуқўъ пайваст ва ё аз ў маводди мухаддире пайдо карда шуд, васоити ахбори русӣ чунон бузургнамоӣ мекунанд ва ба такрор онро нишон медиҳанд, ки гўи тамоми тоҷикони муҳоҷир чунин бошанд. Ва қатъан чунин пўшиши хабарӣ, аз бузургтарин ва аслитарин авомили пайдоиши адоват ва душманӣ нисбат ба тоҷикон дар назди русҳо хусусан ҷавонони бехирадаш мешавад.

Намунаҳои зиёди дигареро ҳам метавон зикр намуд, ки аз авомили водоркунанда бар қатлу куштор ва таҳқири як миллат аз ҷониби миллати дигаре ба шумор меравад. Аммо мо бо ҳамин чанд намуна иктифо кардем.

Дар поён боз ҳам ёдовар мешавам, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз қатлу куштори муҳоҷирини тоҷик, таҷдиди назари сиёсатмадорон ва дастандаркорони фарҳангии русӣ дар амалкарди худ аст ва агар амдан ин корҳоро мекунанд, ки зоҳиран амдӣ ба назар мерасад, бояд аз ҷониби ҳукумати мо ва ташаккулҳои иҷтимоӣ, тазаккури лозим, ва дар ҷои худаш эътирози расмӣ нисбат ба ин чунин амалкардҳо эълом дошта шавад.
http://kemyaesaadat.com/