Шаби Ялдо, шаби рушан…

Иди Қурбон гузашт. Хеле хуб аз он қадр карданд. Аммо Шаби Ялдо иди асили точикон аст, ки аз ёдҳо зудуда шудааст. Идест, ки ноаён ба масеҳиён ҳам таъсир кард ва ончи Кристмасс меноманд, аз Ялдо берун омадааст. Чунончи, оростани ниҳоли сабз аз иди Ялдо баромадааст. Акнун таърихи Шаби Ялдо дар зерхонаҳои таърих гум шуда, дар шакли Мавлуди Масеҳ дубора зуҳур кардааст.

Ягона касе ки Шаби Ялдоро ба ман муборак гуфт, устоди азиз Адаш Истад буд ва паёми гарми у дар зимистони сарди шаҳри ғурбат аз Самарқанди бостонию хуршедию қандманд монанди нуре ба ман расид. Вай менависад, «масеҳиён пас аз тасхири Мод, як қисми сарзамини паҳновари Эрони бостон, ки ҳоло Туркия ном дорад, бо иди қадимии эрониён, Рузи Мавлуди Меҳр (Митра) дучор шуданд ва азбаски рузи таваллуди Исои Масеҳ маълум набуд, онро рузи таваллуди Исо эълон карданд. Ва оростани сарв (арча) дар рузи таваллуди Меҳр  аз нишони асосии ин ид буд, ки онро низ қабул карданд. Азбаски он замон нучум саҳеҳ набуд, Шаби Ялдо ба 25 декабр рост меомад ва баьд дар 1 январ қарор гирифт. Аммо инкишофи нучум онро боз ба чои худ, шаби 21 декабр овард, аммо масеҳиён аз 1 январ ба пас нагаштанд. Аммо мардуми точик имруз аз ин огоҳ нест. Ба ҳамин сабаб аксар гумон мекунанд, ки Соли Нави мелодй эчоди масеҳиён аст…»

Ин суханони устод Адаш аз он лиҳоз муҳиманд, ки фарҳанг ягона пайвандгоҳи ҳувият дар фазои тақсимшуда мебошад. Бахусус ҳувияти тақсимшудаи мардумони мо, тақсимшуда дар миёни ислому эроният, таъсирпазир аз маданияти ғарбию шарқию худию бегона, порчашудаи миёни қавму маҳалгароиву гуруҳпарастиҳои тангназарона ва худбинона. Бояд зарпораҳои гузаштаро гирд овард ва аз онҳо офтобе сохт, то роҳи сахту сангини моро рушан кунад. Иди Шаби Ялдо яке аз ин зарпораҳост.