Сурур ва афсӯс аз иди Фитр

Набиюллоҳи Суннатӣ, Хуҷанд

Се даҳаи моҳи Рамазон низ сипарӣ шуд. Дасторхонҳои пуртаровати бархеву хони комилан бетаровати аксарият низ интиҳо ёфт. Минбаъд тавре мегӯянд «кӯза ҳам баробару рӯза ҳам». Аммо дар хотири мардум қиматии бесобиқаи ин Рамазон, инсофи тоҷирону масъулияти танзимкунандагони нарх то дер боз боқӣ хоҳад монд. Дар ин се даҳа бошандагони кишвар бисёре аз воқеаҳоро фаромӯш нахоҳанд кард.

Ин ки Президенти кишвар дар минбари Ассамблеяи СММ аз хунукии имсола низ ҳушдор медиҳад ва аз камчин шудани захоири обии минтақа ёдовар мешавад, нахустёдгории ин зимистон хоҳад буд. Зеро метавон хулоса кард, ки баъди хатми Рамазон илтифоти «Тоҷикбарқ» низ шояд андак коҳад ва мардум аз ин чор соат субҳу чор соат бегоҳӣ гирифтани барқ маҳрум бишаванд ва аллакай гомҳои аввалини зимистонро мардум дар пушти дари кулбаи хеш эҳсос кунанд. Зеро аллакай дар сӯҳбатҳои хосу ом дар ин бора аҳолӣ ҳадсу тахмин мезананд. Боз як чизи дигар: «то шамол нашавад, барги дарахт наҷунбад».

Як нуктаи дигари умедворкунанда ба дунболаи ин изҳори нигаронии Президент Э.Раҳмон таваҷҷӯҳи расмии СММ буд, ки барои яке аз кишварҳои қашшоқтарин-Тоҷикистон ҳудуди 34,7 миллион доллар бояд донорҳо маблаu ҷудо намоянд (айнан истинод аз хабаргузории («Reuters»). Аммо кишвари қашшоқтарин садо додани он басо аламовар аст. Чӣ ҳам кунем, агар чунин аст. Чунки тибқи оморҳои ахири СММ зиёда аз 1,3 миллион аҳолии Тоҷикистонро хавфи гуруснагӣ таҳдид мекардааст. Бар замми ин, рӯз то рӯз дар Тоҷикистон, ки  нархи анвоъи моли бозор бесобиқа ва беинсофона боло меравад ва илоҷи пешгириву танзими он вуҷуд надорад, ба таҳдиди қаҳтӣ тезтар мусоидат мекунад

Саввумин хотираи нозудуданӣ, ки дар сайти «Сентр Азия» ёфтам, басо uамангез буд. Ин ҳам бошад тибқи иттилоъи ин сомонаи муҷтамеъи туркони Осиёи Миёна, гӯё дар шаҳри Оқтови Қазоқистон ҷӯгиҳои «тоҷик» (!?)  бошандагони ин шаҳрро ҷон ба лаб кардаанд. Ин сомона ҷӯгиёнро аслан тоҷик меномад ва зуҳури ин нажодро аз миллати тоҷик медонад, ки басо нангангез аст. Ва аз навиштаи ин сомонаи ба қавле «бонуфуз» метавон натиҷагирӣ кард, ки хусумати нажодиву миллӣ дар ин муҷтамеъи туркони Осиё баръало ба чашм мерасад.

Суоли осоне ба майна барқвор мезанад, ки чаро мо, тоҷиконро, ҷугӣ номиданд? Маuзи алам ин аст! Дар Тоҷикистон барои амнияти иттилоотӣ назорат нест ва ё ҳар миллате, ки ба қавли оҷонсии иттилоотии «Reuters» «қашшоқтарин» аст, ӯро ҷӯгиву лӯливу ҳар ганду оганд, ки ба забони эшон меояд, гуфтан мегиранд? Аз ҳама аламовар он аст, ки дар сарлавҳаи ин навиштаи сайти «Сентр Азия» «Профессия – попрошайка» овардаанд.

Ин олитарин «армуuон»-и иди рамазонӣ  барои халқи тоҷик аст. Чаро не? Вақте маснади моро дигар милал дар ҳар сангу посанг мехоҳад баркаш намояд, чаро инро армуuон наномем? Ин буд се хотираи се даҳаи моҳи Рамазон барои халқи тоҷик.

Бо ин ҳама мусулмонони кишварро бо иди табарруки Фитр табрик гуфта, ба эшон дар ивази рӯзаҳои гирифтаашон аз даргоҳи Офаридгор савоби куллӣ ва баракоти дунёву охиратро таманно дорем. Дуо кунем, ки мо низ яке аз давлатҳои мутараққӣ гардем ва ҳар хасеву касе «қашшоқ»-у «ҷӯгӣ»-мон нахонад. Омин!!!

Табаров ҳақиқатро табарвор мегӯяд

Ҳабибулло Табаров, ки мегӯяд, дар ташкили ҳукумати баъдиҷангии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст, дар мусоҳибааш бо ҳафтаномаи «Миллат» баъзе тафсилоти истеъфои президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмоновро ошкор кардааст.

Вай ба хабарнигор Толибшои Саидзода гуфтааст, дар рӯзҳои иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд дар раъси гурӯҳе аз вакилони ин шӯро ба манзили Набиев рафта, пас аз чандин соати гуфтушунид ӯро қойил кардааст, ки аз мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон истеъфо диҳад ва ҷойро барои намояндаи Кӯлоб холӣ кунад.

Табаров мегӯяд, бо вуҷуди ин дар худи иҷлосия Набиев чандин бор аз иҷрои ин ваъда саркашӣ кард ва афроди гуногуне ӯро ба кабинетҳои алоҳида бурда, мавриди фишор қарор додаанд. Ҳатто пас аз ин «сӯҳбатҳои дӯстона» ҳам Набиев нахостааст, истеъфо бидиҳад.

Онҳое, ки суханронии Набиев дар иҷлосияро аз тариқи Телевизиони Мардумии Тоҷикистон дида буданд, дар ёд доранд, ки Набиев тайи сӯҳбати яксоатааш ҳарфе аз истеъфо назад. Танҳо пас аз танаффус ва бо Э. Раҳмонов ба паси парда рафтани Набиев, дар суханронии баъдияш аввалин президенти ба таври умумихалқӣ ва нисбатан демократӣ интихобшудаи Тоҷикистон аз мансаб даст кашид.

Суханони нави Ҳабибулло Табаров бори дигар исбот мекунанд, ки Набиев маҷбурӣ ва дар зери фишор ба истеъфо рафт, ки қонунӣ буда наметавонад. Худи вакилони порламон истеъфои қаблии Набиевро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳафтае пеш аз иҷлосия барои он ғайриқонунӣ шумурда буданд, ки дар зери фишор ба амал омад. Аммо байни ду истеъфои Набиев — дар фурудгоҳи Душанбе ва дар Кохи Арбоб на аз лиҳози қонун ва на аз ҷиҳати ахлоқӣ фарқияте вуҷуд надорад. Агар дар фурудгоҳ як даста силоҳдорон ҳузур доштанд, Кохи Арбоб дар иҳотаи нерӯҳои Русия ва Ӯзбакистон буд ва дар худи иҷлосия садҳо қумондону мусаллаҳони хунмаст ширкат мекарданд. Зимнан оқои Табаров инро ҳам иқрор мекунад, ки иҷлосия дар фазои тарсу ҳарос ҷараён дошт ва ҳарфи аввалро дар он қумондонҳо, махсусан Сангак Сафаров мезад.

Як нуктаи дигари ҷолиби ин мусоҳиба ба он дахл дорад, ки Табаров дар манзили Раҳмон Набиев далел овардааст, ягон нафари ленинободӣ нарафт силоҳ ба даст бигирад ва дар сангари ҷанг биистад, биноъан Набиев ба ҳукумат ҳақ надорад ва «мо акнун бачаи худамонро» ба сари ҳукумат мемонем. Ин тухмаи маҳалгароиест, ки аз он ҳукумати раҳмоновӣ ба дунё омад ва то ҳоло ҳамин роҳро давом медиҳад. Ин сарчашмаи сиёсатҳои онвақта ва имрӯзаи давлатдории навини тоҷикон аст. Локин Табаров иштибоҳ мекунад. Ғалабаи асосии Ҷабҳаи кӯлобиҳоро на худи кӯлобиҳо, балки русҳо ва ӯзбакҳо поя гузоштанд. Аз рӯи мантиқи оқои Табаров мебоист ягон рус ё ӯзбак раҳбари Тоҷикистон мешуд.

Ҷанбаъи дигари ғалати Табаров ин аст, ки асоси пирӯзии кӯлобиҳоро дар ҷанг Маҳмуд Худойбердиеви ленинободӣ таъмин кард. Агар вай чаҳор тонкро аз полки 191-и Русия дар Қӯрғонтеппа «намедуздид» ва ба ҳуҷум намеовард, Сангак ва афроди ӯ ҷуръате намекарданд, аз Калининобод берун бароянд. Шӯришҳои баъдии Худойбердиев низ эҳтимолан ба ин сабаб сар заданд, ки вай аз «ҳаққи хизмат» норозӣ монд. Пас агар фалсафаи «бартарии нерӯ» ё «ғалаба дар ҷанг»-и Ҳабибулло Табаровро ба назар гирем, мақоми аввал мебоист ба касе тааллуқ мегирифт, ки Маҳмуд Худойбердиев ӯро таъин мекард, на Сангак Сафаров.

Хулоса, ташаккур ба Ҳабибулло Табаров, ки пеш аз реҳлат ба он дунё ин суханонро ошкоро баён кард ва нишон дод, ки ҳукумати баъдиҷангии Тоҷикистон на аз лиҳози қонунҳои давлатдорӣ қобили қабул буд ва на лиҳози қонунҳои ҷангал.

Изҳороти зираконаи собиқ вазири молия

Яке аз раҳбарони мухолифин ва собиқ вазири молия эълон кард, ки кишвараш метавонад аз бӯҳрони молиявии ҷаҳон беҳтарин фоидаро ба даст орад. Вай гуфт, «таконхӯриҳо ва бӯҳронҳои ҷаҳонӣ барои иқтисодҳои хурд муносибтарин фурсати ислоҳоти сохторист.

Ин шахси донишманд дар идомаи сӯҳбатҳояш гуфт, дар замони ҳозира миллиордҳо доллар дар саросари ҷаҳон худро ба ҳар кӯю дар мезананд, то имкониятҳои хуби сармоягузориро пайдо кунанд. Фирори сармоя аз иқтисодҳои бузург шурӯъ шудааст ва кишвари хурдаки мо метавонад, ба гурезгоҳи ин маблағҳо табдил ёбад.

Барои ин кори зиёде зарур нест. Ба хотири аз даст надодани имкониятҳои олӣ дар як вақт, яъне баробар бояд се корро анҷом дод:

  • андозро кам кард.
  • харҷи давлатро коҳиш дод.
  • ислоҳоти иқтисодиро идома намуд.

Ба гуфтаи ин шахс озодиҳои бештари иқтисодӣ сабаб мегардад, ки сармоя ба кишвар мисли мавҷи дарё ба ҳаракат дарояд ва суръати рушди иқтисодӣ баланд шавад.

Мепурсед, ин раҳбари мухолифин сардори кадом ҳизб аст ва манзур кадом вазири собиқи молия мебошад? Бенямин Нетняҳу, раҳбари мухолифон, собиқ сарвазир ва собиқ вазири молияи Исроил. Гумон кардед, вазири Тоҷикистон ингуна андешае дошта метавонад? Хестед, ки хоб дидаед ва об хӯрдаед.

Раҳмонов 4 ҳазор нафарро ба додгоҳ мекашад

Вазири маъорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов эҳтимолан пас аз пирӯзияш дар додгоҳи зидди ҳиҷоби духтарон, бо камоли итминон якбора на 1 ё 2 тани дигар, балки 4 ҳазор нафарро ба додгоҳ кашиданист. Даъвои ин аст, ки чаро аз пули давлат хондеду мутахассис шудед, аммо аз рӯйи ихтисоси худ ва дар макони таъиншуда кор намекунед.

Дар ҳақиқат, тибқи банди 25 қонуни ҷазои ҷумҳурӣ, онҳое ки аз ҳисоби давлат таҳсил кардаанд, бояд ба таври маҷбурӣ 3 сол дар он ҷое ки давлат мехоҳад, кор бикунанд.

Ба ин тартиб бахши умдаи хатмкардагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи устод Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии забонҳо, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи ба номи Ғафурови шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи ба номи Назаршоеви шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Қӯрғонтеппа бояд дар додгоҳ ҷавоб диҳанд, ки чаро на касби омӯхтаи худ, балки пешаи дигареро думбол кардаанд. Онҳо шояд маҷбур карда шаванд, ки пули таҳсилро ба давлат баргардонанд.

Агар ҷаноби вазир ин қадар ҷасур аст, чаро намешавад, аз онҳое сар кард, ки барои таҳсилашон давлати Тоҷикистон харҷи ба маротиб бештар кардааст? Манзури ман наздик ба 800 донишҷӯест, ки аз пули миллати тоҷик дар донишгоҳҳои Аврупо ва Амрико таҳсил карда, ҳоло муқими ин кишварҳо шудаанд ва ба ватан баргаштанӣ нестанд.

Рост, ки теъдоди онҳо камтар аст ва ба 4000 нафар намерасад, аммо харҷи онҳо ба маротиб зиёдтар мебошад. Давлат агар барои як донишҷӯ дар Тоҷикистон 100 доллари амрикоӣ сарф карда бошад, барои як донишҷӯ, фаразан, дар Амрико ба сари ҳар ин сад доллар 1600 доллар харҷ мекунад. Аксари кулли онҳо ба ватан барнамегарданд, аммо давлати Тоҷикистон ва вазорати маъориф, ки роҳхатдиҳандаи онҳост, ин масъаларо нодида мегиранд.

Сабаб дар он аст, ки аксари кулли ин «донишҷӯён» фарзанди мансабдорони давлатиянд ва таври маълум қонунҳои кишвар ба онҳо дахл надоранд. Баъзе аз ин чакидагони «ирқи олӣ» дар хориҷ аз ватан пастиҳое нишон медиҳанд, ки ғайри қобили қабуланд. Масалан, чанде пеш духтари як «калоншаванда»-и Тоҷикистон, ба хотири он ба ватан барнагардад, бо як хориҷии аз худаш қариб 20 сол калонсолтар издивоҷ кард. Ду «донишҷӯдухтар»-и тоҷик барои вайрон кардани қоидаҳои сабти ном ва иқомат ҳоло дар бадтарин маҳбаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебаранд.

Аммо аз он 4 ҳазор донишҷӯии ватании бечора, бовар дорам, ки қариб ҳамаашон ҳоло дар Русия муздурӣ мекунанд, зеро бо вуҷуди таҳсил аз ҳисоби давлат, ин давлат ва вазорати маъориф, чун онҳо аксаран риштаи омӯзгориро хатм кардаанд, музди кори кофие намедиҳад, ки ба обу донашон бирасад.

Агар кишвар ин қадар чакидаҳои «ирқи олӣ»-ро баҳудаву беҳуда барои таҳсили дурӯғин ба хориҷа нафиристаду муздик кори омӯзгоронро баланд кунад, на мутахассисе дар Русия арбоакашӣ хоҳад кард ва на духтари мансабдоре ба маҳбаси Амрико хоҳад афтод. Як тиру ду нишон. Чӣ гуфтед, мӯҳтарам вазир?

Иди Рӯдакӣ рафту намонд ҳикмате аз он

Дар ҳавои гарм, бо гулу гулчамбар, ҳайкалу ҳайкалча ва чангу думбра ҷашни Рӯдакӣ ҳам гузашт. Хеле бо дабдаба ва ботантана.

Аммо ҳис намекунед, ки ин ҷашн мисли ҷашнҳои дигари солҳои охир як худнамоӣ буду халос? Агар ба фикри ман муқобил ҳастед, марҳамат, бинависед, ки ҳикмати ин ҳама дабдабаҳо чӣ буд? Фақат фикр накунед, ки ман ба мақоми устоди бузурги шеъри порсӣ, ки аз бунёнгузорон ва тарвиҷдиҳандагони забони модарии мост, назари бад дорам. Ман ҳам дар майдон будам ва ба шодии миллатам шарик шудам. Аз сайл дар Боғи Устод хушам омад. Валекин гап дар ин нест. Гап дар он аст, ки паём ва ҳикмати ин идро нафаҳмидам.

Хеле миллати бузург будаем, ки таърихи қадима доштем ва ҳатто Одам (Адам и Ева)-и шеъри порсӣ ҳамватани мо будааст. Лекин ин боз ҳам ифтихор бо гузаштаи дур нест?

Касе дар нутқи идонааш нагуфт, агар Рӯдакӣ чунин бузург буд, аз чӣ наздик ба 2 миллион нафар меросбараш дар Русия аробакашӣ ва туалеттозакунӣ мекунанд ва дар фарҳанги имрӯзии русӣ «таджик» ба маънои манфуртарин мавҷудоти рӯйи замин аст?

Агар Рӯдакӣ бузургии ҳаётро месуруд, чаро кишвараш имрӯз аз лиҳози мурдан дар ҷаҳон ҷойи якумро мегирад?

Агар Рӯдакӣ дар Ҳирот ғазале суруд, ки амири муҳоҷирро ба ватан баргардонад, чаро имрӯз амиронаш тамоми корро мекунанд, ки садҳо ҳазор аз мардумонашон тарки ватан кунанд?

Магар имрӯз ҳукумати кишвари мо дар ғами мардумаш аст ё дар ғами ҳайкалсозӣ ва худнамоӣ? Чаро касе гиря накард, ки зимистони гузашта чанд Рӯдакии оянда дар таваллудхонаҳо аз хунукӣ мурданд?

Мегӯед, ин ҳодисаҳо ба ҷашн чӣ муносибат доранд? Ин муносибат, ки мо ҳоло ҳам ҷаҳони имрӯзро дарк накардаем. Ягон ҳукумати ҷаҳон барои ҷашни ягон симои таърихияш ин қадар хароҷот намекунад. Дунё кайҳост, аз ин афсонаҳо гузаштааст ва фикри ояндаро мекунад, на ифтихори холӣ бо таърихи қадима. Таърих бояд дар музей бошад. Ба ҳар кас ки даркор аст, меравад ва баҳрае мегирад. Бештар бояд ба фикри оянда буд. Ин иду ҷамъомадҳои серхарҷи байнулмилалии мо хок задан ба чашми худамон аст, худфиребист, ки мо бузургем ва сарварони мо дар 17 соли охир фақат ҳамин корро ёд гирифта, ба аз ин бештараш қодир нестанд. Аммо ин бузургӣ нест, бузургӣ ҳам мисли мушк аст, ки худ бӯяд, на ки аттор гӯяд.

Сиёсати кадрй: Чаро он бебарор аст?

Карим АБДУЛОВ (Бознашр аз «Тоҷикистон»)

Сирри паридаи «кадрҳои худй»

Чанд вақт инҷониб андешаи маро танҳо ҳамин масъала банд карда буд ва чун ба дӯстонам – адибону олимон дар ин бора гуфтам, зумрае аз эшон дастгирӣ карданд, ки ин масъала аз ҷиддитарин муаммои доғи рӯз аст ва ҳарчӣ барвақттар рӯи коғаз оварам ва танҳо бо ҳамин ном пешкаши хонандагон гардонам. Аз рӯзҳое, ки дар мулоқоти охирини Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар арафаи Наврӯзи имсола ширкат доштам, то ба имрӯз иншои мақола тӯл кашид, зеро басо нозук ва душвор ҳам ҳаст баррасии ин масъала, чунки хоҳу нохоҳ бояд оид ба фаъолияти бархе аз ходимони идораҳои давлатӣ низ сухан ронам.

Хулосаи муҳими роҳбари давлат оид ба кадр бисёр қавӣ ва асоснок аст, зеро мавсуф баъди таҷрибаи чандинсола, рӯ ба рӯ шудан бо инсонҳои зиёде, ки чун кадрҳои бехтарин ва мутахассисони варзида муаррифӣ мешуданду баъди чанде мисашон баромада, аз кор сабукдӯш мегардиданд, баъди санҷидани муттасили «доираи кадрҳои худию бегона» ба чунин хулосаи барҷо омадаанд, ки ҳар нуктааш як ҷаҳон маънӣ ва таъкид дорад.

КАДРҲОИ БЕҶУРЪАТУ МАНСАБХОҲОНИ ЧАҚҚОН

Мо дар ин мақола на дар бораи кадрҳои воломақоми сатҳи вазорату идораҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, балки оид ба кадрҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ, яъне сатҳи миёна сухан меронем ва як навъ таҳлил карданӣ ҳам ҳастем, ки дар зарфи даҳ-дувоздаҳ соли охир дар ин самт чӣ қадар мушкилоту нуқсонҳо ба вуҷуд омаданд.

Табиист, ки солҳои аввали баъди эъломи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи интихоби кадр бисёр душвор буд, зеро баробари муташанниҷ будани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ҷорӣ гардидани муносибати нави иқтисодӣ – иқтисоди бозаргонӣ, ки бисёриҳо аз қоидаву қонунҳои он бехабар буданд, мушкилотро дучанд мекард.

Кадрҳои даврони шурави аз муносибатҳои бозаргонӣ огоҳ набуданд, қисме аз онҳо шомили «бозиҳои сиёсии мансабталошӣ»-и аввали солҳои навадум гардида, аз боварӣ баромаданд ва як иддаи дигар беҷуръатона худро ба канор ҳам мегирифтанд. Чунин вазъият «гурӯҳи нави кадрҳои чақк,он»-ро ба миён овард, ки бо ҳар роҳ, хоҳ лаёқат доштанд ва хоҳ не, худро ба «командаи» сарварони идораҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ зада, соҳиби вазифа мешуданд, аз як зина ба зинаи дигар баромда: оқибат сарозер меафтонд. 

СПИТАМЕН — БУНГОҲИ ИНКУБАТОРИИ РОҲБАРБАРОРЙ

Ба ноҳияи Спитамен дар зарфи шаш-ҳафт соли охир панҷ нафар раис таъин гардид: С. Юлдошева, Н.Акмолов, Ш. Каримов, А. Очилов ва О.Ҷамолова. Баъди Соҳиба Юлдошева, ки аз рӯи гуфти одамони оддӣ хеле хуб кор карда, дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибор ҳам гардида буд, се нафари дигар дар вазифаи раиси ноҳия як – якунимсолӣ фаъолият доштанду халос. Суоле ба миён меояд, ки оё дар зарфи як сол роҳбари як ноҳияи калон вазъияти корҳоро бакуллӣ дигар карда метавонад?! Ҳол он ки ин як сол барои омухтани рӯҳияи мардум, вазъи корхонаву хоҷагиҳо, кашидани нақшаи минбаъдаи фаъолият базӯр кифоятӣ мекунад. Дар натиҷаи қариб ҳар сол дигар шудани роҳбарони сатҳи гуногуни ноҳия кор дар ин минтақаи пештар ободу хуррам ҳеҷ пеш намеравад. Калонтарин корхонаҳои саноатии он, амсоли Комбинати ғалла, ки маҳсулоти онро мардуми вилояту берун аз он талош карда мехариданд, корхонаи истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ «Новсельмаш» ва бисёр ташкилоту муассисаҳои сохтмону бинокори аз фаъолият бозмонданд, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ҷои кор аз байн рафт ва кай ба кор даромаданашон ҳам маълум нест.

ҶАББОР РАСУЛОВ – ПАЙРАВИ СПИТАМЕН

Ҳамин гуна амал дар ноҳияи бо номи Ҷаобор Расулов низ такрор шуд. Баъди фоҷиави ҳалок шудани ду раис сарвари ноҳия Нурулло Умаров таъин гардид, ки худ мутахассиси соҳаи муҳити зисту экология буд. Пас аз вай ба ин вазифа яке аз раисони номдори хоҷагии ҷамоавии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Б.Ғафуров Юсуфҷон Ҷабборов таъин гардид. Ҳама умедвор буданд, ки Юсуфҷон дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоварад, зеро хоҷагие, ки ӯ сарварӣ мекард, ҳар сол аз аввалинҳо шуда нақшаҳоро ба иҷро мерасонд ва ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил шуда буду кишоварзон музди меҳнати кофӣ мегирифтанд, аз кору зиндагии худ қаноатманд буданд. Аммо Юсуфҷон ҳам якуним-ду сол раиси ноҳия шуда кор карду халос. Ба ҷои вай Аюбҷон Очилов, ки дар собиқа ноҳияи Б.Ғафу-ровро хеле пеш бурда, ҳатто ба гирифтани мукофот сазовор шуда буду сипас як сол дар ноҳияи Спитамен раисй кард, роҳбари ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд. Як сол кор карда, вай ҳам сабукдӯш гардид. Сабабаш пеш нарафтани кор. Охир, чуноне ки гуфтем, дар зарфи як сол чӣ гуна метавон тамоми соҳаҳои як ноҳияи калонро, ки махсусиятҳои худро дорад, омӯхта, нақшаи пешрафти ояндаи онро кашида, тамоми соҳаҳоро пеш мебарад кас?! Аллома бошед ҳам, ин кор душвор аст. Ҳол он ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии ноҳияи Б.Ғафуров, агар дар вақти раисии А.Очилов нисбатан беҳтар бошад, ӯро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар сарсон кардан чӣ ҳоҷат буд?! Дар айни замон раиси ноҳия Насимҷон Обидҷонов – мутахассиси ҷавону пуртаҷрибаест, ки солҳои зиёд дар кумитаи иқтисод ва дурнамои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят адои вазифа кардааст. Вай донандаи хуби махсусияти хоҷагии халқи ноҳия, ва урфу одати мардуми махал низ мебошад. Ба ин ҷавони болаёқат комёбихо орзу мекунем.  

БА АШТУ ҚАЙРОҚҚУМ МЕОЯНДУ… МЕРАВАНД

Ноҳияи Ашт низ гирифтори «омадурафти» раисони зиёде шуд ва натиҷаи ин рафтуомадҳо оина барин равшан аст, ки иқтисодиёти он ба ҷои пеш рафтан мӯҳтоҷи субвенсияи (қарзи бебозгашти буҷетӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардид. Хушбахтона, вазъияти ноҳияро хуб дарк карда, раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода соли гузашта барои дастгирии хоҷагии халқи ноҳия зиёда аз 1 миллиону сесад ҳазор сомонӣ (?) ба тариқи ёрдам маблағ ҷудо карданд. Ҷойивазкунии роҳбарони шаҳри Қайроққум ҳам ба пешрафти ин шаҳри саноатию энергетикӣ таъсири манфӣ расондааст. Дар қаламрави он шаҳракҳои калони саноатӣ мавҷуданд, ки дар онҳо дар замони шӯравӣ даҳҳо ҳазор нафар коргарон, геологҳо, шахтёрон ба истеҳсоли фулузоти нодиру ранга машғул шуда, ин шаҳрро машҳур гардонда буданд. Танҳо Комбинати қолинҳо муттакои зиёда аз даҳ ҳазор оила буд. Баъди М.Файзуллоев сарвар шудани Дӯстмуҳаммад Дӯстов, Собитҷон Бобоев, М.Норхӯҷаев, У. Юсуфов ба ин шаҳри дар собиқа интернатсионалӣ чӣ навигарӣ эҳдо кард?! Ҳеҷ! Зеро ягон нафари ин раисон зиёда аз ду сол кор накардаанд. Усмонҷон Юсуфовро имрӯзҳо дар Қайроққум ба некӣ ёд мекунанд, ки дар муддати кӯтоҳи роҳбарияш ҳаддалимкон кӯшиш кардааст, ки каме симои маркази шаҳр дигар шавад. Огози азнавсозихоро ба номи ӯ марбут медонанд. Ҳоло ба шахр боз як кадри чавон – Содиқҷон Мирхолиқов сарвари мекунад. Умед аст, ки фаъолияти ӯ тӯлонитар хоҳад шуд, вагарна вай ҳам ҳоло вазъи шаҳру шаҳракҳоро наомӯхтааст…

РАИСОНИ ФАРОМӮШШУДА

Як тамоюли бисёр нохуби муносибат бо кадрҳо вуҷуд дорад, ки дар ин бора сухан нарондан мумкин нест. Ин муносибат баъди аз вазифа сабукдӯш гардидани онон аст. Садхо бор мо худ такрор мекунем, ки кадрҳо хазинаи тиллоии давлатанд. Пас, чаро ин хазина поймол мешавад?! Чунонки гуфта шуд, Соҳиба Юлдошева дар ноҳияи Спитамен аввал чун муовини раиси ноҳия чанд сол хизмати хуб кард, сипас ҳамчун раис ҳам байни мардум соҳиби обрӯ ва нуфуз гардид. Баъди аз кор рафтанаш-чӣ?! Касе аз ҳоли ӯ хабар нагирифт. Аз рӯи шунидам, ин зани ҳассос ғам хӯрда, гирифтори беморӣ шудааст. Наход муносибати мо ба ходими ҷамъиятию давлатӣ ҳамин гуна бошад?! Охир ӯ ҷиноят содир карда, гирифтори гуноҳи азиме нашудааст-ку?!

ЗАФАРОБОД ОБОД МЕШАВАД, ВАЛЕ БА ДАРДИ МАҲАЛГАРОЙ ПЕЧИДААСТ

Ноҳияи Зафарободро дар замони шӯравӣ намояндагони даҳҳо халқияту миллатҳо обод карда буданд. Аввали солҳои навадум бошад, дар натиҷаи варшикастагии муносибатҳои иқтисодию хоҷагӣ ин ноҳия ҳам ба вазъияти басо душвор дучор гардида, даҳҳо оилаи фотеҳони собиқ ба манзилу маконҳои аҷдодӣ рахти сафар бастанд. Аммо ба бахти сокинонаш дар натиҷаи ҷорӣ шудани муносибати нави бозаргонию ташкили хоҷагиҳои хусусию фермерӣ аз охири солҳои навадум оҳиста-оҳиста нохия рӯ ба тараққи овард. Набояд фаромуш кард, ки пеши рохи тамоман касиф шудани вазъиятро сармоягузорон гирифтанд. Маҳз бо дастгирии молиявии онҳо хоҷагиҳои хурд рӯ ба инкишоф оварданд ва ҳоло дар ноҳия ҳатто саноати замонавӣ ба вуҷуд омада, дар таҳкими буҷету иқтисодиёти он саҳми калон дорад.

Дар ноҳия як анъанаи нохуби маҳалгароӣ ва дар ҳамин замина халал расондан ба фаъолияти мақомоти иҷроия мавҷуд аст, ки зимнан онро ошкор намекунанд. Тарафгирй, имкони сунъӣ ба вуҷуд овардан барои манфиатҳои шахсӣ, беэътиборй ба тараққиёти ояндаи ноҳия ба обрӯю эътибори сарварони он таъсири манфӣ мерасонд. Дар ин байн баробари раиси ноҳия таъин гардидани собиқ муовини аввали раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодиров як қадар ин камбудиҳо ислоҳ шуда бошад ҳам, ин равандҳо идома ёфтанд ва дар як соли раисии Б.Сафаров халали ҷиддӣ расонданд. Алҳол ба ноҳия мутахассиси варзидаи соҳаи кишоварзӣ Қурбонбой Каримов сарварӣ мекунад ва умед аст, ки ин кадри таҷрибанок ва дар вазифаҳои пурмасъулият коркарда симои шаҳракҳои ноҳияро бакуллӣ дигар мекунад ва хоҷагии онро бемайлон тараққӣ хоҳад дод. 

ҶОНИШИНҲОИ «ҲАРҶОПАРАК»

Дар бораи раисони шаҳру ноҳияҳо сухан ронда, оид ба тез-тез иваз шудани муовинони онҳо, сардорони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ҳарф назадан мумкин нест. Танҳо як ноҳияи Мастчоҳро мисол мегирем. Пас аз шодравон Саидшариф Шарифов, ки чанд сол роҳбари ноҳия буд, бо омадани раисони дигар қариб ҳафтод фисади муовинони раис ва роҳбарони хоҷагиҳо ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия дар зарфи ду-се сол иваз мешуданд. Ҳар муовини раис, роҳбари дастгоҳи ӯ, ки мутасаддии як соҳаи хоҷагии халқ мебошад, ҳанӯз кору вазифаашро пурра азбар накардаю ноҳияро наомӯхта, ё бо хости худ ва ё бо тақозои сарвар ба кори дигар мегузарад. Чунин амал қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пас аз иваз шудани раис рух медиҳад, ки ба ҷои манфиат зарари калони маънавӣ меоварад.

Мисолҳое, ки аз вилояти Суғд овардам, хоси як маҳал нест, балки дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чунин муносибат мушоҳида мегардад.

ГЕНЕРАЛҲОИ НОШИНОС

Азбаски оид ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ солҳои пеш миш-мишҳои зиёде дар байни мардум буду алҳол ҳам гоҳ-гоҳ одамон норизогии худро иброз мекунанд, чанд нуктаро баён карданӣ ҳастам. Шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Истаравшану Исфара, Конибодому ноҳияи Б.Ғафуров калонтарин шаҳру ноҳияи мамлакат маҳсуб мешаванд. Дар замони шӯравӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо қариб, ки мутахассиси рутбаи полковникдошта вуҷуд надошт. Дар тамоми ҷумҳуриамон як ё ду нафар генерал буду халос. Ба идораи вилоятии милиса полковник сарварй мекард, дар шаҳру ноҳияҳо бошад, майору капитанҳо роҳбар буданд. Корашон ҳам назаррас буду фаъолияти тобеонашон ҳам. Шӯъбаҳо он қадар кормандони зиёд ҳам надоштанд, вале ҳар нафари низомиро мардум хуб мешинохт, эҳтиром мекард.

Акнун садҳо нафар пол ковнику подполковник дорем, шумораи генералҳоямон ҳам қариб ба шумораи генералҳои мамлакатҳои калонтарин баробар аст. Он қадар шӯъбаю зершӯъба ва идораҳои махсуси милиса ва сохторҳои низомии гуногунтаъинот зиёд шудаанд, ки кас ба ҳисобаш ҳам сарфаҳм намеравад. Дохил шудан ба кор ба ин сохторҳо ва бахусус прокуратураю мақомоти гумрук душвор шудааст, ки кас сари калобаашро ёфта наметавонад. Асосан дар ин сохторҳо «одамони худӣ» бо кор таъмин мешаванду халос. Ҳарчанд даҳҳо мисолу санадҳо дорам, аз истифодаи онҳо дар ин мақола худдорӣ мекунам ва танҳо ҳамин нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки вақти он расидааст, як маротиба ва ё ду-се маротиба паи ҳам аттестатсияи ҳаққонии соҳаро гузарондан, аз рӯи талаботи таъкидоти Президенти мамлакат сифатҳои шахсӣ, кордонӣ, дониш, одамият, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ, ватанпарварӣ, забондонӣ, эҳтиромашон ба халқу миллат, бахусус мардуми оддӣ санҷида шаванд. Зеро аз кадрҳои сохторҳои мазкур шикояти одамон хеле зиёд аст…

НАВДАВЛАТОНИ БОЛОГУЗАР

Солҳои охир боз ду соҳа -шабакаҳои тобеи «Барқи тоҷик» ва газ, чунонки одамони оддӣ бо тамасхур мегӯянд, ба «соҳаи престижний» табдил ёфтааст. Муҳандисоне, ки ҳафт – ҳашт сол пеш «бо сари хам» кор мекарданду ғуруру ҳавобаландӣ надоштанд, ҳоло ба «шахсони азиз» мубаддал гаштаанд. Сарвари асосии «Суғдгаз» хатто ба маҷлисҳои вилоятӣ иштирок карданро ба худ эб намебинаду муовинонашро мефиристад. Роҳбари идораи шаҳри Хуҷандии он бошад, таъиноту фармоишҳои муовинони раиси шаҳрро наҳама вақт ба инобат мегирифтааст. Кормандони идоранишине, ки ба гирифтани ҳаққи гази истифодакардаи мардум мутасаддӣ ҳастанд, чунон аз худ рафтаанд, ки соатҳо дар ҷои корашон онҳоро пайдо карда наметавонед ва агар «ба бахтатон» ҳозир шуда монанд, бо кибру ғурур ва писханду нотавонбинӣ ба одамони одди муроҷиат мекунанд. Ҳол он ки ғундоштани ҳаққи гази истифодашуда вазифаи аввалиндараҷаи онон мебошад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки ин гуна кадрҳоро кай, дар куҷо ва чӣ тавр тарбия кардаанду интихобу ҷо ба ҷо гузоштаанд?!

Барқчиёне, ки челонгари оддиянду бо устоҳо, сардорони минтақаҳо, муҳандисон ба маҳаллаҳо мебароянд, худашон шоҳу табъашон вазир аст. Дар натиҷаи беназоратии чанд соли охир (тирамоҳу зимистони солҳои 2007-2008 истисност) ин зумра ба «фурӯши хатти озоди барқ» худсарона чунон одат карда буданд, ки «казо-казоҳо» пеши онҳо гардан каҷ карда меомаданд. Дар натиҷаи беэътибории кадрҳо дар ин соҳа сари калобаи кори таъминоти барқро имрӯзҳо базӯр меёбед. Доир ба кадрҳои бесалоҳияти ин соҳа низ санадҳои бисёре мавҷуданд, вале намехоҳам, мақола аз ин ҳам «пурбортар» гардад…

ЧӢ БОЯД КАРД?

Муҳимтарин масъалаи шахсияти кадрҳо ба масъулиятшиносӣ, иҷрокунандагӣ ва салоҳияти онҳо вобаста мебошад. Ин сифатҳо асоситаринанд, ки ҳар мутахассисро соҳиби обрӯ ва нуфуз мегардонанд. Талаботи имрӯза аз кадрҳо бояд дар ҳамин меъёр бошад.

Барои боз ҳам нуфуз пайдо намудани сиёсати кадрҳо, такмилу инкишоф додани тарзи интихоб, тарбия, пешниҳод, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳрию ноҳиявӣ дар марҳилаи кунунии тараққиёти ҷомеа чунин таклифҳои мушаххас дорам, ки баъзеи онҳоро дар китобхоям зикр кардаам.

Якум, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд ё аз ҷониби тамоми мардуми шаҳр ё ноҳия ва ё дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ё ноҳия интихоб карда шаванд. Тарзи таъинотӣ дар солҳои аввали истиқлолият дурустии худро собит кард, зеро он вақт аз ҷониби роҳбари давлат таъин кардани раисони шаҳру нохияҳо зарур ва талаботи замон буд, инро амнияти марзу бум ва сиёсати давлат тақозо мекард. ҳоло шукри сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон рӯ ба инкишоф ниҳодааст ва ба амнияти он ягон қувва таҳдид карда наметавонад.

Дуюм баҳри баланд бардоштани дараҷаи масъулиятшиносӣ, ҳалли фаврии масъалаю муаммоҳои маҳал бояд қисме аз кадрҳои роҳбарикунандаи сохторҳои салоҳиятдор, амсоли прокуратура, судҳо, милиса, гумрук, пулиси андоз ва монанди инҳо то як андоза дар назди ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ҳисоботдиҳанда бошанд. Таъину интихоби сарварони ин сохторҳо бояд бо ризоият ва ё мувофиқати раисони шаҳру ноҳияҳо таъину интихоб карда шаванд.

Сеюм. «команда»-бозӣ бояд дар системаи ҳокимияти давлатӣ пурра барҳам дода шавад, зеро он ба коррупсия, ошнобозӣ, хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ оварда мерасонад, ки оқибатҳои нохуби онро мо борҳо мушоҳида кардаем. Бо омадани раиси нав тамоми ҷонишинҳо, мудирони шӯъбаҳо, сардорони идораҳо аз кор мераванду ба ҷои онҳо «командаи нав» меояд, мардум чӣ кор карданашро намедонад, ҳол он ки дар байни роҳбарони собиқ одамони соҳибобрӯю эътибор кам нестанд ва одамон ба онҳо эътиқод доранд. Кадрҳои нав бо муоширату рафтор, гуфтору амал, ақлу идрок, донишу фаросат то ба боварию ихлоси мардум сазовор шудан муддати тӯлонӣ мегузарад, ки ин фосилаи вақт бар зарари кор аст.

Чорум, оид ба сабукдӯшкунии рохбарони дараҷаи аввали шаҳру ноҳияҳо чунин таклифи мушаххас доран, ки чандон нав нест. Аз таърихи дӯшин то замони шӯравию баъди он маъмул аст, ки ба одами аз вазифаи пурмасъулият сабукдӯшшуда айбнома эълон мешавад, то мардуми оддӣ камбудию хатогии ӯро фаҳмад. Ин анъана боз аз он ҷиҳат зарур аст, ки шахси аз паси рохбари сабукдӯшшуда ба иҷрои вазифа саркарда хатою камбудии вайро такрор намекунад. Солҳои охир мардум ҳеҷ муқаррар карда наметавонад, ки ин ё он раис барои чӣ аз вазифааш гирифта шуд. Яъне, ҷанбаи тарбиявии амали аз кор гирифтан сарфи назар мегардад.

Панҷум, шаъну шарафи кадрҳои роҳбарикунандаро пос доштан зарур аст. Пеш аз он ки ба ягон қарори қатъӣ биёем, бояд чор тарафи масъаларо санҷида, хулоса бароварда, пас амал намоем. Гоҳе мешавад, ки дар нишастҳои матбуотӣ, мақолаҳои ҳангоматалабонаи рӯзномаҳо дар ҳаққи ин ё он сарвар суханҳои бебаркаш гуфта мешаванд ва е пешакӣ дар байни мардум миш-мишҳо паҳн мегарданд. Эҳтиёт кардани кадр муҳимтарин вазифаи сохторҳо ва тамоми ҷомеа мебошад.

Шашум, захираи асосии кадрҳо ҷавонон мебошанд. Инро борҳо сарвари давлат таъкид мекунанд, ки тарбияи кадрҳои ҷавон дар донишгоҳҳои дохили мамлакат ва берун аз он бояд дар мадди аввал қарор гирад. Аммо таассуфовар он аст, ки бештари ҷавонони дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таълиму тарбиягирифта роҳи бозгаштро фаромӯш мекунанд. Ҳол он ки аксари онҳо фарзандони одамони мансабдор ва шахсони доро ҳастанд. Хуб мебуд, ҳар сол ақаллан дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ рӯйхати (бо зикри ному насаб ва вазифаи хизматии волидон) бо квотаи Президент барои таҳсил ба мамолики хориҷӣ равандагон, баробари ин рӯйхати ҳарсолаи хатмкардагон чоп карда мешуд.

Ҳарчанд боз дигар таклифҳои мушаххас дорам, бо ҳамин иктифо карда, зикр карданиям, ки дар ин мавзуъ боз чанд мақолаи дигар ҳоҳам навишт ва дар онҳо низ дигар пешниҳодҳои худро шарҳу баён хоҳам кард.

Сиёсати кадрии мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз мубрамтарин равандҳои бозсозии даврони Истиқлолият маҳсуб мешавад. Мисолҳое, ки дар ин мақола истифода ва таклифҳое, ки пешниҳод кардаем, барои андеша ва баҳс пешкаши хонандагон мегарданд. Банда ҳамчун як нафар олими ҷомеашинос, шахсе, ки қариб тамоми умр дар корҳои ҳизбию давлатӣ кор кардаам, фикру мулоҳизоти шахсии хешро баён намуда, итминони комил дорам, ки коршиносон, мутахассисон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, аҳли илме, ки бо ҷомеашиносӣ машғул ҳастанд, дар ин бора андешаҳояшонро баён хоҳанд кард. Ин ҷониб кӯшиш намуд, ки дар мақола ба иззати нафси касе нарасад ва доир ба шахсияти нафаре носазо нагӯяд. Мулоҳизот оид ба кадрҳои сохторҳои низомӣ, соҳаи барқу газ бе мисоли конкрет оварда шуданд, бо умеди он ки минбаъд ҳам зарурати санадоварӣ нахоҳад шуд, ҳарчанд ки мисолҳои зиёди аниқу дақиқро таҳи даст доштем. Умумигӯӣ ба он хотир буд, ки кадрҳои масъулу масъулиятшинос ҳамон зарбулмасали халқии «духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту ба гӯш бигир!»-ро хуб мефаҳманду дар асоси он кор мекунанд. Ба ҳар ҳол умедворам, ки рӯзноманигорон масъалаи сиёсати кадрро на ба маъракаи ҳаёҳуйи навбатии ҳангоматалабона табдил медиҳанд, балки дар атрофи он баҳси солими илман асоснок ва заминаи таҷриба бавуҷудомада ташкил менамоянд.

Аксиомаи пашту

Фахриддини Холбек (бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж»)

Чаро атрофи суханони Латифи Пидром, райиси Кунгураи миллии Афгонистон сару садо шадид шуд?

Ҳафтаҳои ахир як суханронии Латифи Пидром, райиси Кунгураи миллии Афғонистон, ки тариқи сайтҳои интернетӣ пахш шуд, дар Афғонистону хориҷ аз он баҳсу баррасиҳои мухталифро ба бор овард. Дар шаҳрҳои ин кишвар, бахусус Ҳироту Кобул алайҳи ӯ намоишҳои эътирозӣ барпо шуданд. Президент Ҳомид Карзай, парлумон ва расонаҳои Афғонистон ӯро мавриди интиқоди шадид қарор доданд ва ҳатто хостори таҳқиқи додгоҳй шуданд. Ва ниҳоят тибқи иттилооти ахир, ҷаласаи ҷавонони ҳизби миллигарои Афғонмиллат ва саррофони бозори вилояти Пактиё барои сари у 200 ҳазор доллар ҷоиза таъйин намуданд.

Пидром дар ин суханронияш Амонуллоҳхон, шоҳи Афғонистонро, ки соли 1919 истиқлолияти ин кишварро эълом дошт ва дар таърихи ин кишвар бо лақаби «Ғозӣ» маъруф аст, ду маротиба «падарлаънат» гуфтааст. Пидром Амонуллоҳхонро раҳбаре арзёбӣ мекунад, ки ба паштунҳо маблағ додааст, то бираванд ва дар мин-тақаҳои шимолии Афғонис-тон сокин шаванд. Ин мин-тақаҳо тоҷику ӯзбеку туркманнишин буданд ва ба ақидаи Пидром, «паштунизатсия» кардани сарзаминҳои шимол яке аз сиёсатҳои Амонуллоҳхон будааст.

Пидром «ғозӣ» будани Амонуллоҳхонро ҳам таҳти суол бурда, ӯро баръакс ҳамкори русҳо дар саркӯб кардани муборизаҳои миллӣозодихоҳиии Осиёи Марказӣ ном мебарад. Далели Пидром сарнавишти Амир Олимхон, охирин ами-ри манғитони Бухоро аст, ки таҳти муроқабати шадиди сарбозони Амонуллоҳхон дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва натавонист алайҳи болшевикҳо дар Осиёи Миёна муқовимат ташкил кунад.

Аммо чаро суханони Пидром дар Афғонистон ин гуна сару садо ба вуҷуд овард ва бахусус паштунҳоро ин қадар нороҳат сохт?

Банда ин ҷо ҳамчун нафаре сӯҳбат мекунам, ки бо ӯ сӯҳбати хеле муфассал сари ақидаву ҳадафҳояш доштам ва он чӣ мегӯям, бардоштам аз сӯҳбатҳои ӯст. Суханони Пидром, ки тариқи сайти You Tube садо доданд, ҳарфи нав дар Афғонистон нестанд. Ин гуна ақидаҳо миёни мардуми ғайрипаштун – тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва ғайраву ҳоказо вуҷуд доранд. Фақат Пидром онҳоро рӯйрост гуфтаасту мегӯяд. Ва ин ҳам бори аввал нест. Ин дафъа, ки ду маротиба калимаи «падарлаънат» дар баробари шахси Амонуллоҳхон садо додааст, шояд сабаб шудааст, ки паштунҳо он ҳама аламеро, ки аз қабл бар Латифи Пидром доштанд, бирезанд.

Пидром ҳамчун сиёсатмадор, раҳбари як ҳизби сиёсӣ ва як тоҷики Афғонистон чӣ даъвоҳо дорад?

Аввал, ӯ мехоҳад номи Афғонистон тағйир дода шавад. Ба ақидаи ӯ, калимаи «афғон» муродифи калимаи «паштун» аст. Дар вилоятҳои тоҷикнишини Афғонистон, бахусус Бадахшон, Парвон, Панҷшер ва Балх, ки банда будам, «афғон»-ро ба маънии «паштун» мефаҳманд. Дар хориҷи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон «афғон» ба маънои тамоми афғонистониён фаҳмида мешавад. Пидром бар он аст, ки агар Афғонистон Хуросон ном гирад, он вақт ин сарзамин ватани ҳақиқиву таърихии тамоми сокинонаш мешавад.

Дуввум, Пидром ҷонибдори ашаддии давлати федералӣ шудани Афғонистон аст. Яке аз сабабҳое, ки ӯро бо Абдурашид Дӯстум, раҳбари узбекҳои Афғонистон қаробат додааст, маҳз ҳамақидагӣ дар ин замина аст. Ҳоло аз рӯйи иттилоъе, ки дастраси мост, Пидромро маҳз сарбозони Дӯстум аз душманонаш муҳофизат мекунанд.

Саввум, Пидром ҷонибдори ба расмият шинохтани хатти Дюранд аст. Хатти Дюранд соли 1983 миёни Афгонистону Ҳиндустони Бритониё муайян гардид, ки ба номи Ҳенри Мортимер Дюранд, котиби умури хориҷаи маъмурияти Ҳиндустони бритониёӣ гузошта шудааст. Баъд аз ташкил шудани Покистон дар соли 1947 Хати Дюранд марзи миёни Афғонистону ин кишвар аст.

Абдураҳмонхон ва Амонуллоҳхон танҳо шоҳони Афғонистонанд, ки ин марзро ба расмият шинохтанд. Баъд аз онҳо то ба ҳол ҳеҷ як аз раҳбарони Афғонистон ин марзро ба расмият нашинохтааст. Тибқи иттилоъи расонаҳо, далели кушта шудани Наҷибуллоҳ, охирин раҳбари коммунисти Афғонистон аз сӯйи Толибон ва Хадамоти амниятии Покистон (ISI) ҳам Хати Дюранд будааст. Вақте Наҷибуллоҳ санадеро, ки аз сӯйи ISI дар мавриди ба расмият шинохтани Хатти Дюранд таҳия шуда буд, имзо намекунад, ӯву бародарашро мекушанд ва мурдаи онҳоро ба дор меовезанд. Ҳатто Мулло Умар, раҳбари Толибон, ки дастнишондаи ISI номида мешавад, гуфтааст, ки ба расмият шинохтани Хатти Дюранд дар тавони ӯ нест.

Покистон то ба ҳол ҳамаи кӯшишҳояшро ба харҷ медиҳад, то Кобул ин марзро ба расмият шиносад. Як далели ноамнии Афғонистон ва ба корҳои дохилии он дахолат кардани Покистонро ҳам мақомоти баландпоя ва коршиносони ин кишвар Хатти Дюранд меноманд. Яъне агар ин марзро Кобул ба расмият шиносад, оромиву субот дар ин кишвар барқарор хоҳад шуд.

Пас ин ҷо мешавад дарк кард, ки чаро Афғонмиллатҳизби миллигарои Афғонистон ва умуман паштунҳоро суханони ахири Латифи Пидром ба ғазаб оварданду ҳатто барои сараш ҷоиза тайин карданд.

Тағйири ном ва федерали шудани Афғонистон яккатозии паштунҳоро аз миён мебардорад ва ҳуқуқи онҳоро бо дигар миллату қавмҳои ин кишвар баробар мекунад. Зеро дар таърихи сад соли ахир аз ғайрипаштунҳо танҳо ду маротиба тоҷикон ва ба муддатҳои хеле кӯтоҳ раҳбари ин кишвар буданд: 1) соли 1929 Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки ӯро бо истеҳзо паштунҳо Бачаи Сақо (Машкоб) ном мебаранд, ҳамагӣ 9 моҳ давлатдорй кард; 2) ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ, ки аз соли 1992 то соли 1996 раисҷумҳури Давлати исломии Афғонистон буд. Дар бақия марҳалаҳо раҳбарон ҳамагӣ паштун буданд ва паштунҳо ҳеҷ гоҳ раҳбарии намояндаи як қавм ё миллати дигар дар Афғонистонро қабул надоранд. Ин аксиома аст.

Ба расмият шинохтани Хатти Дюранд, ки ба эътиқоди Пидром ба Афғонистон амну осоиштагӣ меорад, низ ормонҳои миллии паштунҳоро барбод медиҳад. Зеро дар ду тарафи марз паштунҳр ба сар мебаранд ва дар ҳарду ҷониб ҳам нерӯҳое ҳастанд, ки мехоҳанд тамоми паштунҳо дар давлати ягонаи хеш – Афғонистон ба ҳам оянд.

Аммо, тавре гуфтем, он чӣ Пидром мегӯяд, гапу ҳарфи нав нест. Ин ҳарфҳо гохҳо дар сатхҳои баланд ҳам садо медиҳанд. Ба гунаи мисол, соли гузашта Ҷабҳаи Муттаҳид, як ниҳоди иборат аз аҳзобу чеҳраҳои намоёни Афғонистони имрӯз, аз қабили Раббонӣ, Дӯстум, маршал Фаҳим, Мустафо Зоҳир набераи Зоҳиршоҳ ва ғайраҳо эълом дошта буд, ки ҷонибдори «федеролизми парлумонӣ» аст.

Аммо суханони Пидром дар замоне садо медиҳанд, ки Амонуллоҳхон барои ҳукумати имрӯзи Афғонистон намунаи як раҳбари демократи аст. Дуввум, ноамниҳо дар ҷануби ин кишвар фаъолиятҳои ҳукумати Ҳомид Карзай ва пуштибонҳои ӯ – ИМА ва НАТО-ро таҳти суол гузоштааст. Пидром ҳамчунин аз ҷонибдорони сарсахти хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз хоки Афғонистон аст ва аз сиёсатмадоронест, ки Амрикоро ишғолгар меномад. Ақидаҳое ба монанди ақидаи Пидром ва Ҷабҳаи Муттаҳид дар дохили Афғонистон бо он вуҷуд ки ҷудоиҳои фикриву сиёсиро шакл додааст, аммо собиқҳампаймонҳои Карзайро ҳанӯз тақсим накардааст. Дар ҳолати амиқтар шудани бӯҳрон эҳтимоли таҳти ин ақидаҳо муттаҳид шудани миллату қавмҳои ғайрипаштун вуҷуд дорад, ки ин барои ҳукумати Карзай ва Амрикову нерӯҳои байнулмилал мушкилоти бадтар аз Толибонро ба вуҷуд хоҳад овард.

Дар ин ҳангом, ки ҳукумати Карзай таҳти пуштибонии Амрикову НАТО вуҷуд дошт, паштунҳо як қадар сиёсатҳои қадимаи «паштунизатсия» кардани Афғонистонро аз нав эҳё карданд ва пеш бурданд. Аз ҷумла, «афғонсозй»-и миллатҳои дигар, ки мероси вазири Амонуллоҳхон Маҳмуди Тарзй буду дар замони Зоҳиршоҳ ба сиёсати давлатй табдил ёфт, аз нав хуруҷ кард. Ба гунаи мисол, Сардор Муҳаммад Раҳмон Уғлӣ, узви парлумони Афғонистон нақл кард, ки вақте ба раёсати шиносномадиҳӣ рафтааст, ба ӯ гуфтаанд, ки агар миллататро «афғон» нависӣ, шиноснома медиҳем, агар на, на! Ва ин ҳам фармон аз болост. Ё ҳодисаи аз кор рондани ду рӯзноманигор, ки ба ҷои вожаҳои пашту вожаҳои форсиро ба кор бурданд ва аз сӯйи вазири иттилооту фарҳанги ин кишвар Карими Хуррам аз кор пеш карда шуданд ва ин ҳам дар ҳоле ки форсӣ низ дар Афғонистон дар баробари пашту забони давлатӣ аст.

Хуллас, мушкили аслии Афғонистон – мухолифати қавмиву миллӣ дар ҳоли бӯҳрони амниятй боз буруз ва ин барои ҳукумати имрӯзи Карзай ва Амрикову НАТО як дарди сари дигаре эҷод мекунад. Суханони Пидром танҳо бозғӯйи асли андешаҳои як қишри бузурги ғайрипаштунҳост, ки барои дифоъ аз манофеи миллии худ гуфта шудаанд ва бешак, ба оташи мухолифатҳо равған мерезанд. Яъне вақт аст, ки мухолифону ҷонибдоронаш сари авоқиби ин вазъ андеша кунанд.