«Девонагй. Соли 93»

Раҷаб МАРАИМОВ (Бознашр аз «Нигох» №01 26.03.09.)

Чаро мансабдорони тоҷик бояд ба театр нараванд?
Чанд сол пеш яке аз мунаққидони ҷавони театрро дидам, ки аз тамошои кадом як намоишномаи Театри ҷавонон меомад. Ҳамон шабу рӯзҳо тамоми кӯшишҳои ман барои идомаи чопи «Рӯзи нав» бесамар анҷом меёфтанд. Мунаққидиҷавон аз таассуроташ дар бораи намоишномаи нав бо ҳарорат сӯҳбат мекарду ба ман низ таклиф намуд, то ин намоишномаро тамошо кунам. Баъдан, пас аз таваққуфи андаке гуфт:
– Медонӣ чӣ, ҳоло баҳсҳое идома доранд, ки мансабдорон ба театр намераванд. Аммо бовар кун, ба фикри ман, нарафтанашон ҳазор бор беҳтар аст.
– Чаро? – ҳайрон шудам ман.
– Шояд театрҳоро низ бастанӣ мешаванд… Охир, онҳо дар симои ҳар қаҳрамон нақши худро хоҳанд дид, – гуфт ӯ бо ҳасрат.
Ахиран ин фарзия исботи пурраи худро дарёфт. Ҳафтаи гузашта Мирзошоҳрух Асрорӣ – вазири фарҳанги Тоҷикистон намоишномаи «Девонагӣ. Соли 93»-и Барзу Абдураззоқовро манъ намуд. Ин намоишнома аз рӯи асари драмматурги олмонӣ Петер Улрих Войс «Таъқиб ва куштори Жан – Пол Марат дар пешниҳоди гурӯҳи ҳунарпешагони беморхонаи шаратон зери роҳбарии ҷаноби де Сад» таҳия шуда, сухан дар он дар бораи ҳодисаҳои инқилоби Фаронса меравад. Ин пиеса бо номҳои гуногун қариб аз ҷониби тамоми театрҳои бузургу шинохтаи ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст.
Инак масъулон дар нақши кадоме аз персонажҳои ин асар худро дидаанд?
Воқеан, дар намоишнома сардухтури беморхонаи рӯҳӣ маҳз ҳамин гуна рафтор мекунад. Ӯ мехоҳад баъзе аз ҳолатҳои намоишномаро «қайчӣ» кунад. Сардухтур Кулме ба таҳиягарони намоишномае, ки барои беморхонаи рӯҳӣ спектакл омода мекунанд, ҳушдор медиҳад:
– Фаромӯш накунед, ин ҷо девонахона аст….
Бори дигар хотиррасон мешавам, ки сухан дар бораи ҳодисаҳои миёнаҳои солҳои шастуми асри 19-и Фаронса меравад. Аммо баъди муаррифии намоишномаи Барзу Абдураззоқов, ки аз ҷониби тамошобинону мунаққидон баҳои баланд гирифт, онро Асрорӣ манъ намуд. Воқеан, вазорати фарҳанг қабл аз ин гурӯҳи таҳлилие низ таъсис дода буд, ки ба он профессор Иброҳим Усмонов роҳбарӣ мекард. Гурӯҳ намоишномаро тамошо карда, ба он иҷозат дод. Инак рӯзи муаррифӣ вазиру муовинаш Миралӣ Достиев ба он мӯҳри «мумкин нест!» заданд.
Ин чӣ маънӣ дорад?
Сардухтури беморхонаи рӯҳӣ – Кулме ҳам ахиран ба шӯр омада буд:
– Чӣ гуна шумо – девонаҳо аз ҳукумати худ интиқод мекунед?! Охир, рӯзгори шуморо ҳукумат таъмин мекунад-ку… ва ҳам зиндагиатон бисёр хуб аст!
Воқеаҳои намоишнома ба Тоҷикистон умуман иртибот надоранд. Пас Асрорӣ барои манъи намоишнома чӣ далел дорад?
Ва болотар аз ин, бо амалкарди худ оё ба ҳукумат таъриф меорад ё танқид?
Ҳукумате, ки нав аз танқид дар бораи бастани рӯзномаҳои мустақил халос шудан мехоҳад!
Пас ин чӣ сиёсати фарҳангист, ки вазири фарҳанг пиёда кардан мехоҳад? Ва чаро дар ин бора муовини ӯ – Достиев вокуниши булаҷаб нишон медиҳад, на худи вазир? Яъне вазири фарҳанг бисёр одами бофарҳанг асту…?
Ҳамин?!
Баъдан, вазорати фарҳанг ҳоло ягона макони ба қайд ғирифтани нашрияҳои Тоҷикистон ҳам шудааст. Пас чаро вокуниши масъулини ин вазорат чунин андешаро ба вуҷуд наорад, ки манъи ин намоишнома ҳушдорест ба нашрияҳои Тоҷикистон, ки нав каме ҷуръат пайдо кардаанд: аз ҳад нагузаронед!
Воқеан, ҷаноби Асрорӣ дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар бораи он, ки оё омодааст ба истеъфо биравад ва истеъфояшро, агар сурат бигирад, чӣ гуна хоҳад пазируфт, чунин посух дода буд:
– Ман ин гуна ҳодисаро оромона қабул мекунам. Ман аз рӯи ихтисос журналистам. Меравам ва дар ягон расона кор хоҳам кард.
Аммо акнун суол ба муассисону сардабирони нашрияҳои Тоҷикистон:
– Чунин хабарнигори беҷуръатро кӣ ба кор қабул хоҳад кард?

Иқбол ва “фалсафаи худӣ”-и ў

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

pic_iqbal_23Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар таърихи 22 феврали соли 1873 дар яке аз шаҳрҳои иёлати Панҷоб (Ҳинди пеш аз тақсим) зода, ва 21 апрели соли 1938 дунёи фониро тарк гуфтааст.

Ў пас аз дарёфти дараҷаи фалсафаи ахлоқ аз донишгоҳи Кембриҷ, вориди донишгоҳи Мюнехи Олмон шуд ва рисолаи доктории худро бо унвони «Сайри фалсафа дар Юнон» тадвин намуд, ва муддате дар донишгоҳи Лондон ба тадриси забону адабиёти араб пардохт. Ў аз миёни мутафаккирони ғарб ба осори Ҷон Лок, Кант, Ҳегел, Гёте, Толстой, ва аз шарқиён ба ашъори Мавлавӣ дилбастагии хоссе дошт.

Дар айёми таҳсил дар Аврупо таҳаввулоти умдае дар вай падидор шуд. Ў дар айни он ки комилан бо фарҳангу фалсафаи мағрибзамин ошноӣ дошт, аммо бар он буд, ки Ғарб фоқиди як идеоложии ҷомеи инсонӣ аст. Ў мўътақид буд, ки мусалмонон танҳо мардуме ҳастанд, ки аз чунин идеоложӣ бархўрдор ва баҳраманданд.

Аз ин рў, Иқбол дар айни даъват ба фарогирии улуму фунуни ғарбӣ, аз ҳар гуна ғарбгароӣ ва шефтагӣ нисбат ба фарҳанги ғарбӣ, мусалмононро бар ҳазар медошт. Ў мегўяд:

Мисолигарии Аврупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он дарнаёмада, ва натиҷаи он пайдоиши «ман»-и саргардонест, ки дар миёни демукросиҳои носозгор бо якдигар ба ҷустуҷўи худ мепардозад, ки кори мунҳасири онҳо баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст. Сухани маро бовар кунед, ки Аврупои имрўз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият аст. Аз тарафи дигар, мусалмонон молики андешаҳо ва камоли матлубҳои ниҳоии мутлақи мубтанӣ бар ваҳйе мебошанд, ки чун аз дарунитарин жарфои зиндагӣ баён мешавад, ба зоҳирӣ будани он ранги ботинӣ медиҳанд» ((Эҳёи фикри динӣ, с. 204).

Иқбол фалсафае дорад, ки онро «фалсафаи худӣ» меномад. Ў мўътақид аст, ки шарқи исломӣ ҳувияти воқеии худро, ки ҳувияти исломӣ аст, аз даст дода ва бояд онро бозёбад. Иқбол мўътақид аст ҳамон тавр ки фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва ё гум кардани шахсият мешавад, аз худ фосила мегирад ва бо худ бегона мегардад, ғайри худро ба ҷои худ мегирад, ва ба қавли Мавлоно «дар замини дигарон хона месозад», ва ба ҷои он ки кори худ кунад, кори бегона мекунад, ҷомеа низ чунин аст.

Ҷомеа монанди фард, руҳу шахсият дорад, монанди фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият мегардад, имон ба худ ва ҳисси эҳтиром ба зоту каромати зотро аз даст медиҳад ва яксара суқут мекунад. Ҳар ҷомеае, ки имон ба хештан ва эҳтиром ба киёни зоту каромати зоти хештанро аз даст бидиҳад, маҳкум ба суқут аст.
Иқбол мўътақид аст, ки ҷомеаи исломӣ дар ҳоли ҳозир дар бархўрд бо тамаддуну фарҳанги ғарбӣ дучори бемории тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият шудааст.

«Худ»-и ин ҷомеа ва «хештан»-и асили ин ҷомеа ва рукни ракини шахсияти ин руҳи ҷамъӣ, ба қавли Иқбол, ислом ва фарҳаги исломӣ аст. Нахустин кори лозиме, ки ислоҳгароён бояд анҷом диҳанд, бозгардондани имону эътиқоди ин ҷомеа ба «худ»-и воқеии ў яъне фарҳангу маънавияти исломӣ аст. Ва ин аст «фалсафаи худӣ» назди Иқбол.

Номаи саркушода ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

01Адаш Истад, нависанда, шаҳри Самарқанд

Ҷаноби олии мўҳтарам!

Камина солиёни зиёдест, ки дур аз Тоҷикистон зиндаги мекунам. Бисту панҷ сол дар матбуоти Тоҷикистон дар бахши иникоси санъати нафиса кор кардам. Солҳои охир аз телевизион оиди кушода шудани роҳҳои нав, корхонаҳо, сохта шудани биноҳои зебо хабарҳоро шунида аз комёбиҳои Тоҷикистон шод мешавам. Аммо ҳоло оиди як масъала, ки маро бисёр сол боз ором намегузорад ва гумон мекунам, ки мисли ҳар як фарди миллатдўст нисбати он шумо низ бетараф нестед, сўҳбат ва машварат кардан мехоҳам.

Герби ҳар давлати ҳар як кишвар мазмуну мўҳтавою мақсадҳои асосии давлати он кишварро ифода мекунад.

Агар давлати исломие бошад ба мисли Эрон ҳатман шаклу мазмуни исломӣ дорад.

Герби Иттиҳоди шўравӣ бо досу болғаи худ рамзи иттиҳоди коргару деҳқон буд. Сипас Маскав ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба пунбакориву гандумкорӣ ихтисос дод ва тасвири онҳоро дар гербҳои давлатии онон ҷовидонӣ гардонид.

Мо аз он тасвирҳо дар эҷоди герби нав даст кашидан нахоста ба тасвири пунбаву гандум маъноҳои амиқтаре доданӣ шудем. Масалан гуфтем, ки пунба рамзи покии дили мардуми ҷумҳурӣ шуда метавонад. Ҳол он ки пунба на танҳо сафед, балки хели зард низ дорад. Баъд гуфтем, ки гандум рамзи аз қадимзамон кишоварз будани мардуми мост ва ғайра.

Сипас кишварамон офтобист гўён сурати хуршеди тулўъкунандаро, кишвари кўҳистонием гўён сурати кўҳро вориди герб намудем.

Ҳеҷ фикр намекардем, ки ҳафтод дар сади кишварҳои дунё офтобианд ва марзи ҷумҳурӣ танҳо аз кўҳ иборат нест, аз нисф зиёди теъдоди мардуми Тоҷикистон дар ҳамвориҳо зиндагӣ ва кор мекунад.

Касе садо дод, ки китоби нахустини тоҷик Авеcто аст, мо аз қадимтарин миллатҳои китобдор ҳастем. Сипас китобро ба ивази сурати шер ба герб ворид намудем. Ҳол он ки дар китобхониву китобнависиву китобчопкунӣ пешқадам ҳам нестему миёнаҳол ҳам.

Ҳамин тавр аз рамзҳои бостонии давлатдории халқамон танҳо сурати тоҷ, ки болои офтоб муаллақ истодааст, баёнгари давлат бимонд. Аммо ин тоҷ ҳам тоҷи подшоҳист ва мазмуни давлати демокративу ҳуқуқбунёд мувофиқате надорад. Чаро болои он ҳафт ситора насб шудааст, устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки аз ёдам рафтааст. Эҳтимол мазмуни хотирмоне надоштааст.

Сурати чунин тоҷи ҳафтситорадорро агар ягон археолог аз ягон шаҳраки бостонӣ пайдо карда бошад ё ягон муаррих дар китоби қадимае дида бошад, пас бигўяд ва ман хоҳам пазируфт. Даъвои асосии ман дар арафаи қабули лоиҳаи герб чунин буд, ки тоҷикон давлатдории бисёр қадим доштанду рамзҳои давлатдориро низ, ба ҳамин сабаб ба эҷоди рамзҳои нав зиёд набояд кўшид.

Эҳтимол касе фикр кунад ё бигўяд: Адаш Истад, аз он ки мо масалан ба герб сурати шерро ворид кунем дар зиндагӣ ягон чиз тағйир меёбад? Магар ҳоло вақти чунин корҳост?

Посухи ман чунин хоҳад буд: Дар олам ҳама чиз дар таҳаввул, тағйирот аст. Фикри одамон бар асари донишҳои нав дигар мешавад ва онҳо тибқи фикри нав амал хоҳанд намуд. Агар мо ба фикрҳои кўҳна маҳдуд шавем, навандешиву навсозиро пеша накунем, дар вартаи қафомондагӣ боз садҳо сол хоҳем монд.

Вазифаи асосии давлати худкома пеш аз ҳама ҳимояи дастгоҳи худ аст, аммо дар давлати демократӣ ҳимояи озодиву ҳаёти шаҳрвандон аст. Магар хуб нест, агар ин мазмун дар герби давлат ифодаи рамзии худро дошта бошад?

Ман узви комиссиюни гимни нав будам. Оҳангсозони тоҷик бисёр кўшиданд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол гимни наве нависанд, корашон ҳеҷ омад намекард ва аз гимни Сулаймон Юдаков беҳтаре эҷод карда наметавонистанд. Медонед чаро? Зеро ки дар оҳанги он гимн, ки имрўз низ кўҳна нашуда хизмат мекунад, даъват ҳаст. Даъват инсонро ба по мехезонад.

Дар замони шўравӣ ба Даҳаи маданияти Ўзбекистон дар Тоҷикистон бо дигар адибону ҳунарпешаҳои ўзбек Сулаймон Юдаков низ ба Душанбе омад. Ман, ки дар «Адабиёт ва санъат» кор мекардам, ўро дар меҳмонхона пайдо намуда сўҳбате оростам. Пурсидам, ки оҳанги дилангези гимни Тоҷикистонро чӣ тавр ёфтааст. Ў ҷавоб дод: аз шеъри Лоҳутӣ ёфтам, ки бо мисраи «Бародарон, бародарон, ба модари ватан вафо кунем!» оғоз меёфт.

Герб низ андаке ҳам бояд аз чунин вижагӣ бархурдор бошад. Ва ҳар як мансабдори идораҳои маъмуриро бояд вазифадор кунад, ки ҳимояи ҳаёти шаҳрвандон кори муҳимтарин ва дараҷаи авали ҳар як идораву маъмури давлатист. Герби ҳозира бошад, касеро ба чизе масъул намекунад.

Акнун сурати герби ҳозираро гиреду ба тоҷи он бо диққат нигоҳ кунед. Ба чӣ далел онро тоҷи ориёӣ метавон номид? Ку ҳамон нишона?

Коргардон Борис Кимёгаров, ки дар наворгирии «Шоҳнома» аз маслиҳати донишмандони торих баҳрабардор буд, бар сари шоҳ тоҷи болдор ниҳодааст. Чунин болҳо, ки рамзи фариштаи муҳофизи ҳаёти инсонанд, то ба рўзҳои мо дар каллапўшҳои тоҷикии чустӣ омада расидаанд.

Дар герб тоҷро метавон ҳар хел тасвир кард, аммо он набояд торихияташро гум кунад. Ҳатман бояд чизе дошта бошад, ки ба бисёрҳазорсолагии давлатдорӣ ишора намояд.

Агар гебрҳои давлатҳои дигарро бинед, ҳатман як унсури он асосӣ ва бузургтар аст. Дар герби Русия чунин мақомро уқоби дусара дорад. Дар табиат уқоби дусара нест, ин рамз аст. Рамзи провославӣ. Зеро то оини провославӣ Русия оини ягона надошт, ки мардумашро дар атрофи давлати мутамарказ муттаҳид кунад. Русҳо тавлиди давлати бузурги Русро ба густариши оини провославӣ вобаста медонанд, ки дуруст аст.

Ё ки герби Ўзбекистонро бинед, аз рамзиҳои бостонӣ мурғи ҳуморо мешиносед, ки қисми азими гербро фаро мегирад. Ин рамзи хушбахтист. Ин герб гўё аз номи давлат гуфта истодааст: Ман рамзи таъмини бахти шумоям!

Дар герби кунунии Тоҷикистон набудани ҳамин гуна як сумболи зинда, ки ба қавли мардум, «агар бубинӣ дилат қувват гирад», хеле таассуфовар аст.

Дар герби собиқи Тоҷикистон дар чунин мақом шер истода буд, ки давлати муҳофизи ҳаёти шаҳрвандонро ифода мекард.

Вақте ки ин сурати ин шерро берун андохтанд, ҳама унсурҳои дигари герб хурду баробар шуданд.

Ҷаноби олӣ!

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди фарҳанги мардуми Тоҷикистон моҳи феврали соли 2008 дар Интернет веблоги худро бо номи Герби шердор боз намудам. Дар қатори дигар асарҳо то кунун чанд мақола оиди масъалаи герби Тоҷикистон низ навишта ба ин веблог гузоштаам. Аммо аз рўшанфикрони тоҷик садое барнахост. Ба ин сабаб фикрҳои пасинро дар ин бобат дар сурати нома ба унвони роҳбари давлати Тоҷикистон даровардам.

Бо орзуи комёбиҳои бештари Шумо ва мардуми Тоҷикистон муассиси веблоги Герби шердор нависанда Адаш Истад.

ш.Самарқанд
22 марти с.2009

Баракати Имоми Аъзам ва Наврузи ниёкон

Яке аз хонандагони хуби мо ин аксро аз фарози хиёбони Душанбе бардошта, ба мо фиристодааст. Шояд ин посухи расмй ба навиштаи пешинаи блоги «Андеша» аст?

1aks

Бародари дигари мо аз Кулоб ва дусте аз Душанбе навиштаанд, ки яке дар гузоштани вокунишаш ва дувумй умуман дар боз кардани торнамои мо ба мушкил рубару гаштаанд. Хамзамон теъдоди истифодабарандагони блоги мо дар Точикистон босуръат ру ба кохиш дорад. Агар ин дахолати макомоти давлат аст, шадидан хушдор медихем, ки «Андеша» моли мардуми точик аст ва хеч кас хак надорад, ин мардумро аз дастрасй ба блоги мардумии «Андеша» махрум кунад.

Аз хамаи дустону ёрони гиромй дархост мешавад, бар зидди монеагузорй дар рохи «Андеша» ба мардум ва мардум ба «Андеша» бо навиштани назари худ садо баланд кунанд.

Агар тасбит шавад, ки хукумати Точикистон дар мукобили блоги мардумии «Андеша» аз шевахои номашруъ истифода мекунад, мо ба Додгохи хукуки башари Кумисюни Аврупо мурочиат мекунем. Ин хукуматро, ки бе ин хам обру ва эътибори зиёде надорад, нашояд, ки бо чунин аъмоле камтарин обруи бокимондаи худро низ бирезад!

Аробаи холии «тоҷик будан»…

Диловари МУСТАФО (Бознашр аз «Фараж» №10 12.03.09)

Дар ҳошияи мақолаи Марат Мамадшоев, «Онҳо ва мо» («Азия-плюс», №9, 4 марти соли 2009)

Барои банда Марат Мамадшоев, рузноманигори русзабони тоҷик ва муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» маҳбубтарин муаллиф дар мабуоти Тоҷикистон аст. Он кас бо он вуҷуд ки бо забони русӣ менависад, як рӯзноманигори-воқеан миллӣ, ҳйрфай, воқеъбин ва боиси ифтихори банда аст.

Ҳоло ки дар матбуоти Тоҷикистон сӯйистифода аз тоҷик будану миллӣ будан ба дараҷаи ифрот расидааст, Мамадшоев ягон маротиба ин гуна ифтихори пучашро ба намоиш нагузошта, балки дар мақолаҳояш симои воқеан миллӣ ва ҳирфаияти таърихан хос ба як тоҷикро ба намоиш мегузорад. Бале, шарт нест, ки ба забони тоҷикӣ нависад, муҳим он аст, ки тоҷикона нависад. Бас тоҷикони тоҷикинависро мебинем, ки мағзи русиву муғуливу темурӣ доранд ва дар навиштаҳояшон ба ҷуз шовинизму ҳарфҳои баланду боло аз ифтихори бемаънии миллатгароёна заррае аз тоҷикият нест.

«Онҳо ва мо» – мақолаи охирони Марат Мамадшоевро хонда, натавонистам хомӯш нишинам. Бори дигар ба ин инсони бузург, классики зиндаи журналистикаи тоҷик аҳсант мегӯям. Илоҳо садсола шавед, Мамадшоев!

Хонандаи арҷманд, умедворам ин мақоларо шумо ҳам хондаед. Барои рӯшан шудани сӯҳбатам ба шумо мазмуни онро, тавре ки худ фаҳмидаам, ва баъзе нуктаҳои муҳими онро пурра меорам. Мамадшоев менависанд, ки шоҳони даврашон аз Имоми Аъзам, Ибни Сино ва Носири Хисрав мехостанд, ки дар дарбор хизмат кунанд, аммо ин тоҷикони бузург хизмати дар борро рад карда, як умр дар маҳрумияту азоб ба сар бурданд, Сӯфӣ Халлоҷ ва Насимиро бо азобу таҳқири зиёд ба қатл расониданд. Ҳамчунон Ҳофизу Рӯдакӣ ва Умари Хайём бо ин қадар бузургӣ дар нодориву қашшоқӣ ҷон ба ҷаббор супориданд.

Мамадшоев менависад: «Маро ҳамеша ин устувории онҳо ба ҳайрат меандозад. Онҳо ин қадар мардигариро дар он даврони вазину хунин аз куҷо пайдо карданд?» Ва суоли посухомези ба мавриде, ки Мамадшоев медиҳад, ин аст: «Шояд воқеан сир дар он аст, ки онҳо хидмат ба ҳақиқат, яъне Худоро қарзи худ медонистанд? Шояд аз ин хотир онхо наздикону хешу ақрабояшонро дӯст намедоштанд?» Мамадшоев хулоса мекунад: «Намедонам чӣ онҳоро ба таҳрик медаровард. Аммо яқин медонам, ки барои онҳо айшу ишрати заминӣ дар макоми охир меистод. Ҳоло ин инсонҳо хазинаи тиллоии миллати мо ва инсониятро ташкил мекунанд. Бо гузашти садсолаҳо барои онҳо муҷассамаву мавзолей месозанд, кӯчаҳову шаҳрҳоро ба номашон мегузоранд, симпозиуму конфаронсҳо меғузаронамд. Аҷиб аст, дар бораи мо ояндагонамон баъд аз сад сол чй фикр хоҳанд дошт? Оё онҳо бо мо ифтихор мекунанд ва кадоме аз моро хазинаи тиллоии миллат ва инсоният хоҳанд шумурд?»

Ин хулосаи воқеан ҳирфаӣ ва мутафаккиронаи Мамадшоев ҳушдори хеле оқилонаи як журналисти огоҳ ва дар хақиқат миллӣ ба мо аст.

Агар матбуоти боқимондаи Тоҷикистонро хонем, сафҳаҳои онро пур аз ифтихороте мебинем, ки моро ба як олами дигар мебарад. Кас фикр мекунад, ки дар ҳақиқат як миллати бузург ва фарзанди бузургони ҳазор соли охир будаем. Кош мебудем, Аммо вақте барои гирифтани як «справка» ин ифтихор ба 10 ё 20 сомонӣ фурӯхта мешавад, вақте дар мактаби тоҷикҳо муаллим нест, вақте ками андар ками тоҷикҳо ба забони модарии худ ҳарф зада метавонанд, вақте устоду мансабдори тоҷик порахӯру коррупсионер ҳастанд, вақте 1 миллион тоҷик дарбадар аст, фарзандонаш бепадар калон мешаванд, вақте дар хонаи тоҷик дар асри 21 барқ нест, вақте фарзандонаш бехатту савод ҳастанд, вақте шоиронаш маддоҳанду ду мисраи шоирона гуфта наметавонанд, вақте ҳарфи «миллат» 100 доллар қимат дорад ва дар хизмати манфиатҳои гурӯҳиву ҷиноӣ аст, «хазинаи тиллоии миллат ва инсоният»-и Мамадшоев аз куҷо пайдо мешавад?

Бале, ин «хазинаи тиллоии миллат ва инсоният» дар батни модари тоҷик аст, дар шахси мисли Мамадшоев рӯзноманигорон аст, ки ҳарфи онҳоро касе гӯш намекунад. Онҳоро мехоҳанд он қадар камранг нишон диҳанд, ки гӯё нестанд. Аммо хонандаи ҳақиқӣ, ки мутаассифона, шуморааш кам мондааст, ин ситораҳоро дар нимашаб мешиносад. Агар замони Имоми Аъзаму Сино мебуд, бешубҳа, ин бузургон аз Тоҷикистон мерафтанд, ба ҳамон Ироқ ё Исфаҳон фирор мекарданд, то барои миллати хеш хизмат кунанд.

Ҳарфи дурӯг ва гумроҳкунанда дар бораи бузурги имрӯзаи миллати тоҷик ба кадом як дастгоҳҳое даркор шудааст, ки мехоҳанд мардумро гӯл занад. Миллати бедор ба худ бо танқиднигоҳ мекунад ва аз худ мепурсад: дар асл ое мо кй ҳастем? Оё тоҷик имрӯз ҳамон Рӯдакиву Мавлавиву Ҳофизу Саъдиву Айниро мешиносад? Кӣ аз онҳо чӣ медонад? Сад дарсад кафолат медиҳам, ки 99 дарсади тоҷикон онҳоро намешиносанд, шерашонро намедонанд ва агар шиносанд ҳам аз ҳарфи дигарҳо; мешунаванд, ки фалонӣ бузург аст, аммо намедонанд, ки чаро?

Якбор навиштаҳои «рӯзноманигорон»-ро хонед. Чӣ қадар ғалатҳои имлоиву сарфиву нахвӣ? Хат ғалат, иншо ғалат, имло ғалат… Ба болои ин андешае дар онҳо нест. Миллатдӯстиҳои обакӣ, қаҳрамонҳои ҳубобӣ. Қаҳрамонҳои асил аз кор берун. Майдон ба ихтиёри чанд беҳунаре гузошта шудааст, ки мехоҳанд аз боду ҳаво барои тоҷикон миллатдӯстӣ омӯзанд. Миллатро на бо сухан, балки бо тафаккур месозанд. Ин миллатсозиеро, ки чанд сол боз мо пеш гирифтаем, бо он вуҷуд ки натиҷаҳояшро имрӯз мебинем, ки чизе нест, фардо ҳам хоҳем дид. Бо ин роҳ дигар тоҷикон ҳеҷ гоҳ Имоми Аъзаму Сино, Рӯдакиву Мавлавӣ ва Айниҳои дигарро тавлид нахоҳанд кард.

Тоҷикистон зиёӣ надорад. Шояд дорад, аммо мо онҳоро намебинем ё ба онҳо имкон намедиҳанд, ки барои хизмат ба миллат саҳм гиранд, Аммо барои зиёиёни дурӯғин майдон фарох аст. Мархамат, чӣ қадаре, ки мақолаи дурӯғ менависад, шеъру суруди «ақлимиёнагй» меофарад, садҳо дурӯги дигар ва ифтихороти пуч аз бузургон мегуяд.

Дар конфаронси Имоми Аъзам, ки бо иштироки президенти кишвар баргузор шуд, як «олиме» баромада гуфт, ки агар Ҳазрати Муҳаммад (с) миллати арабро сохт, Имоми Аъзам (р) миллати тоҷикро сохт. Мазмунан ҳамин тавр гуфт. Ин ҳам «олими тоҷик»! Ин хам андешаи гумроҳкунанда! Чаро? То ин ду бузургвор арабҳо ҳам буданду тоҷику форсҳо ҳам. Воқеан шахсияти паёмбари ислом (с) миллати арабро ба яке аз миллатҳои умдаи башарият табдил дод. Ҳоло кишварҳои арабӣ чӣ вазъ доранд, ба ҳама маълум: онҳо сарватмандтарин кишварҳо ҳастанд ва арабро ҷаҳониён як инсони доро мешиносанд. Аммо миллати Имоми Аъзам чӣ ҳол дорад? Посухашро худатон медонед.

Як ба кишварҳои дигари ҳанафимазҳаб рафта, бубинед, ки онҳо дар кадом сатҳи рушду тараққиёт қарор доранду мо дар кадом сатҳ? Туркияи ҳанафимазҳаб кишвари пешрафтатарини олами ислом аст, ягона кишварест, ки нерӯҳои сиёсии исломӣ дар рушди як ҷомиаи воқеан демократӣ ва исломӣ саҳм гирифтаанд. Бо онҳо тамоми ҷаҳон муроро мекунад. Исломи мазхаби ҳанафӣ яке аз асоеҳои идеологияи истиклолҷӯӣ барои мардуми Косово аст. Косовоиҳо барои сохтани давлати худ аз мусалмон буданашон ҳам истифода карданд, яъне фардо ҳар як сокини кишвари Косово хоҳад донист, ки агар мусалмон будани ӯ намебуд, ҳеҷ гоҳ истиклолро намешинохт. Ин муқовимати рӯҳонии ин мардум бар ғуломӣ аст.

Барои мо мазҳабамон чӣ маъно дорад? Фақат барои паноҳ бурдан аз ифротгароиву терроризм ва салафиҳо? Агар ҳамин тавр аст, даҳ соли дигар дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон дорем ҳам, мазҳабашро ҳеҷ гоҳ наҳоҳем шинохт. Зеро асли ҳадафҳои мо шинохти Имому мазҳабаш нест, балки сӯйистифода аз номи ӯ барои боз як бори дигар ба ҷаҳониён нишон додани он ки «мо ин дорему он». Ҳадафи дигар ҳам пешгирӣ кардани кадом як тарси номаълум аз оянда аст. Идеологҳои мо як фикрро эҷод мекунанд ва миёни ҷомиа мепартоянд, то бубинанд, ки чӣ мешавад. Ҳоло мебинем, ки онҳо Соли Имоми Аъзамро эълом дошта, шояд пушаймон ҳам шудаанд, зеро он ба нафъи Ҳизби наҳзати исломӣ ва рӯҳониёни саршинос шояд тамом шавад. Шояд аз ҳамин хотир аст, ки намедонанд чӣ кор кунанд?

Як ҷумлаи Марат Мамадшоевро на_метавонам ин ҷо дубора такрор накунам. У мегӯяд: «Шояд воқеан сир дар он аст, ки онҳо хидмат ба ҳақиқат, яъне Худоро қарзи худ медонистанд?» Оре! Тамоми бузургони тоҷик «хидмат ба ҳақиқат, яъне Худоро қарзи худ медонистанд». Ҳамагӣ аҳли тасаввуф, шайхҳои бузург, дӯстдоштагони Худо буданд. Ба қавли Сӯфй Оллоҳёри турк «то турк намозро ёд мегирад, форс ба Худо мерасад».

Онҳо – бузургони мо беғараз дар хидмати Худо буданд ва дар хидмати Худо будан ин дар хидмати халқ будан аст. Ҳоло кадоме аз мо – тоҷикон аз ҳама манфиатҳои худ гузашта, ин роҳ – хизмат ба Халқро интихоб кардааст? Кӣ хидмати халқро мекунад бидуни даъвоҳои пучу дурӯғ? Ман ин гуна нерӯ, шахсият ва ҳизбро намебинам. Агар шумо бинед, инсони хушбахтед. Агар набинед, вой бар ману бар шумо ҳам. Ин аробаи холии «тоҷик будан» рӯзе моро ба ҷарӣ хоҳад бурд.

Иди Навруз дар соли Имоми Аъзам

thumb_navruzВакте ки рахбари Иттиходи Шуравй — Михоил Горбачуф маъракаи зидди май ва алкул эълон кард, дар тамоми мамлакате, ки он вакт СССР ном дошт, хама гуна моеъи монанд ба шароб зери таъкиб ва хамла афтод. Миллионхо бех ангури шаробй решакан гашт ва миллиардхо дона шиша шикаста шуд. Хазорон мансабдоре, ки майнушии онхо ифшо мегашт, аз кор ронда мешуданд.

Акнун дар Точикистон Соли Имоми Аъзам эълон шудааст. Оё ин ба маъно хохад буд, ки иди Навруз мамнуъ хохад гашт? Хануз дар хеч кучо нахондам, ки Имоми Аъзам бар зидди Иди Навруз чизе гуфта бошад, аммо аз кадимиён Мухаммад Газолй ва мутаахирон Оятуллох Мутахаррй, ки акнун яке аз дохиёни маънавии бисёре аз точикон ба шумор меравад, гуфтааст, чашн гирифтани Навруз як «харият», яъне харигарист, ки аз падару модарони ахмак ба мерос мондааст.

Пас чй кунем, харигарие карда, Наврузро чашн гирем, ё аз он даст бикашем? Ошкор аст, ки аксари кулли рухониёни Точикистон зидди Наврузанд. Харчанд шоъири миллат Муъмин Каноъат мегуяд, ки араб натавонист, Наврузро шикаст дихад, акнун худи точик онро бо дастони худ шикаст хохад дод.

Дар зимн, на комунистон дар Шуравй ва на Толибон дар Афгонистон натавониста буданд, Наврузро шикаст диханд. Вале мо дигарем. Мо метавонем!

Хирадварзӣ ва хирадгароӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Дар бораи ҷойгоҳи хирад ва хирадварзӣ дар дин, бисёр сухан гуфтаанд. Баъзеҳо, бо ҳадафи посдошти ҳурмати ваҳй, манзилати ақлро фурў костаанд, ҷамъе ба манзури ҳифзи фарбеҳӣ ва иззати ақл динро тазъиф кардаанд, ва гурўҳе низ дар ҷиҳати шинохти ҷойгоҳи ҳақиқии ақлу ваҳй гом бардоштаанд.

Хирадситезони ифротӣ

Гурўҳи нахуст, ки ононро хирадситезони ифротӣ меномем, мўътақиданд миёни ақлу дин ҳеҷ синхияте вуҷуд надорад, ва агар касе бихоҳад ба паёми паёмбарон вафодор бимонад, бояд ақлро раҳо карда, ба имон паноҳ барад. Яке аз чунин касон мутааллеҳи румӣ Флоренс Тертуллианус (Florens Tertullianus) (150-230) аст, ки мегўяд:

«Афина чӣ коре ба Иерусалим дорад? Миёни академиҳо ва калисо чӣ тавофуқ аст? Кофиронро бо масеҳиён чӣ муносибат аст?… Пас аз баҳра бурдан аз Инҷил, боз ба ҷустуҷўи чӣ ҳастем? Пас аз имони динӣ, хостори кадом эътиқоди дигар бошем?» (Ақл ва ваҳй дар қуруни вусто, Étienne Gilson, с. 4 ва 5).

Дар фарҳанги исломӣ низ пайравони маслаки салафигарӣ, ба вижа ваҳҳобиён, беш аз ҳама бо ақлу бурҳону мантиқ мухолифат кардаанд. Ибни Таймия бо нигориши китоби «Насиҳати аҳли имон дар радд бар мантиқи Юнон», ба гумони худаш хатароти мантиқу тааққулро бармало сохтааст.

Хирадгароёни ифротӣ

Гурўҳи дуюм, ки ононро хирадгароёни ифротӣ меномем, дар нуқтаи муқобили гурўҳи нахуст ҷой доранд ва дар ситоиши хирад ва хирадварзӣ то он ҷо пеш рафтаанд, ки онро дар маснади худоӣ нишонда, гуфтаанд:

«Эй некў, эй фармонравои ҳамаи ҳастӣ, ва шумо эй фазилату ақлу ҳақиқат, ки гиромитарин парвардагони домони ўйед, то абад худоёни мо бошед!» (Илму дин, Ian Barbour, с. 77).

Инон бар баҳрамандии инсон аз абзори ақлу андеша такя мекарданд ва ҷое барои ваҳй ва паёми осмонӣ намедиданд ва чунон мепиндоштанд, ки танҳо «дини хирад» барои башар зарурат дорад. Ин гурўҳ мегуфтанд:

«Агар қарор аст ба ваҳйу паёмбарӣ мўътақид бошем, кадом паёмбар аз ақл беҳтар, ва кадом фармон аз фармони ақл ҳаракатофаринтар?» (Таърихи фалсафа дар ислом, Миёнмуҳаммад Шариф, ҷ. 1, с. 619).

Абулалои Муарро (363-449 ҳ), шоири пуровозаи қарни панҷуми ҳиҷрӣ дар ин бора мегўяд: Заминиён ду дастаанд: хирадмандони бедин ва диндорони бехирад. (Лузуму мо ло ялзам, Муарро, ҷ. 3, с. 126).

Хирадгароёни мўътадил

Гурўҳи сеюм, ки метавон ононро хирадгароёни мўътадил номид, пайравони воқеии мактаби ислому Паёмбар (с) ҳастанд. Инон дур аз ҳар гуна ифроту тафрит, ҷойгоҳи ҳақиқии ақлу ваҳйро бозшинохта, ҳар якро дар маснади шоистаи хеш қарор додаанд.

Муроҷеа ба мутуни асили исломӣ нишон медиҳад, ки Қуръону суннат ва муфассирони воқеии онҳо, аз як сў мақому манзилати ақлро сутуда ва онро ҳуҷҷату паёмбари дарунӣ муаррифӣ кардаанд, ва аз сўи дигар, бо ангушт ниҳодан бар костиҳои абзори идроки инсон ва баёни лағзишгоҳҳои он, шароити лозими тафаккури саҳеҳ ва ҳақнаморо баён доштаанд.

Онҳо ақлу ваҳйро ду боли парвоз ба сўи ҳақиқат донистаанд, ки фуқдон ва ё беэътиноӣ ба ҳар як, ба гумроҳӣ ва табоҳӣ меанҷомад.
Лозим аст ёдовар шавам, ки мурод аз «тааққул» дар ин мақом, ба маънои «ба коргирии қуввае аст, ки дар ҳавзаи масоили назарӣ, одамиро ба шинохти мутобиқ бо воқеъ ва эътиқоди дуруст раҳнамун мешавад, ва дар қаламрави умури амалӣ-рафторӣ, рафторҳои шоистаро ба вай менумоёнад».

Ба иборати дигар: мурод аз ақл «қувваи шинохти ҳаққу ботил» аст. Ақл ба ин маъно, ҳаргиз дучори лағзиш ва иштибоҳ нахоҳад шуд. Албатта мумкин аст дарки матолиб ва маорифе, аз ҳудуду тавоноиҳои ақли одамӣ берун бошад, аммо ақл дар қаламрави тавоноиҳои хеш ҳаргиз дучори хато намешавад.

Аҳамияти хирадварзӣ дар ислом

Дар маорифи исломӣ, тааббуди бидуни ақл, ибодати бидуни маърифат, тақлиди кўр-кўрона аз дигарон ва паймудани роҳҳои ғайри ақлонӣ, накўҳида ва нописанд ба шумор меоянд. «Ақлу ваҳй» ва «илму имон» аз дидгоҳи ислом, робитае амиқ ва танготанг доранд, то он ҷо ки бархе аз донишмандони мусалмон, имонро чизе ҷуз шинохту маърифат надонистаанд.

Ва дастае дигар, ҳарчанд ваҳдати илму имонро напазируфтаанд, аммо бар ин нукта таъкид варзидаанд, ки «дил бастан» дар гарави «донистан» аст, ва бидуни огоҳӣ наметавон аз имони комил бархўрдор шуд. (Шарҳи Ақоиди Насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ, с. 82).

Робитаи илму имон дар ислом

Дар нигоҳи ислом «Илм беҳтарин ёру ҳамроҳи имон аст» (Шарҳи Ғурарул-ҳикам ва дурарул-килам, ҷ. 6, с. 159), «Имон бидуни тааққул ва андеша мумкин нест» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 6, с. 70).
Алӣ (к) мегўяд:

«Ҳар кас бидуни илму маърифат даст ба коре занад, монанди касе аст, ки ба бероҳа меравад, ки ҳар чи ҷилавтар равад, аз ҳадафи худ дуртар мемонад. Ва ҳар кас ки аз рўи илму дониш даст ба коре занад, монанди касе аст, ки дар роҳе ошкору рўшан ҳаракат мекунад» (Наҳҷул-балоға, хутбаи 154).

Ва ҳам ў мегўяд:

«Имон мўҷиби ободонии дониш, ва дониш сабаби тарс аз марг (таҳкими имон) аст» (Наҳҷул-балоға, хутбаи 156).

Ҷойгоҳи ақл дар эътиқодоти динӣ

Мабоҳису маорифи нуҳуфта дар суханони Паёмбар (с) ва пешвоёни динии мо, умқ ва аҳамияти ҷойгоҳи ақл дар эътиқоти диниро менумоёнад. Бештарин мабоҳиси Наҳҷул-балоға (суханони Алӣ (к)) дар бораи тавҳид ва сифоти илоҳӣ, бар асоси баҳсҳои ақлӣ ва фалсафӣ баён шудааст, ки дар навъи худ ва бо таваҷҷўҳ ба мавқеияти фикрӣ ва фарҳангии он замон дар ҳадди эъҷоз аст.

Ба гуфтаи Ибни Абилҳадиди Мўътазилӣ, нахустин фарди арабӣ, ки ба майдони мабоҳиси ақлӣ ва фалсафӣ дар бораи зоту сифоти илоҳӣ гом ниҳод, Алӣ ибни Абўтолиб (к) буд. Албатта тарҳи мабоҳиси ақлӣ ва таъкид бар манзилати волои ақл дар каломи Алӣ (к), дар ҳақиқат идомаи ҳамон роҳе аст, ки Қуръони Карим ва Паёмбари бузургвори ислом (с) фарорўи одамиён гушудаанд.

Чун танҳо дар Қуръони Карим, беш аз 300 оят вуҷуд дорад, ки инсонҳоро ба тафаккуру тааммул дар оятҳои ташреӣ ва таквинӣ даъват мекунад, ва бар андеша дар нишонаҳои дарунӣ, ки дар вуҷуди одамӣ нуҳуфта, ва низ дар нишонаҳои берунӣ, ки дар офоқ пайдост таъкид меварзад.

Ҳатто аз назари Қуръони Карим, сарпечӣ аз раҳнамудҳо ва роҳнамоиҳои ақл будааст, ки сабаби аслии фурў ғалтидан дар азобҳои дўзах ба шумор меравад:

«(Аҳли дўзах) гуфтанд: Агар гўши шунаво доштем ва андеша мекардем, аз дўзахиён набудем» (Сураи Мулк, ояти 9).

Баёни фалсафаи аҳком

Аҳамияти хирадварзӣ аз дидгоҳи ислом, фақат дар ҷанбаи эътиқодӣ мунҳасир нест. Ақл дар ҳамаи умури марбут ба дин, ҳатто масоил ва аҳкоми фиқҳияш, нақши меҳварӣ дорад. Медонем, ки фалсафаи бисёре аз аҳкоми фиқҳӣ, бар одамиён пўшида аст.

Усулан, бисёре аз дастурҳои шаръӣ, аз ҳадди дарки ақлонии башар фаротаранд, мисли теъдоди ракъатҳои намоз, вақтҳои хосси ибодот, наҳваи закот ва ғайра. Ақли инсон дар ин гуна масоил, сухане надорад ва аз тавони нафйу исботаш бебаҳра аст.

Албатта бо таваҷҷўҳ ба ин ки ақл, зарурат ва ҳаққонияти ваҳй ва паёми осмониро исбот мекунад, ва ба табаи он, чунин аҳкому дастурҳои фароақлиро низ гардан мениҳад. Дар айни ҳол, шеваи бархўрди Қуръон ва Паёмбар (с) бо аҳкоми фиқҳӣ нишон медиҳад, ки ин аҳком дар айни мовароӣ будан, ҷузъи асроре, ки ба куллӣ фаротар аз андешаи башар бошанд, ба ҳисоб намеоянд.

Қуръони Карим фалсафаи бархе аз аҳкомро баён фармуда ва ба ин васила, башарро ба андеша дар бораи онҳо даъват кардааст, чунон ки қисосро мояи ҳаёти ҷомеа мешуморад, ва ё дар бораи намоз мефармояд:

«Намоз бапо доред, зеро намоз аз кори зишту нописанд бозмедорад» (Сураи Анкабут, ояти 45).

Алӣ (к) низ бо илҳом аз Қуръони Карим, ба баёни фалсафа ва ҳикмати ташреи порае аз аҳкоми динӣ мепардозад ва мегўяд:

«Худованд намозро воҷиб кард то одамӣ худро бузург дида ва такаббур наварзад, ва закотро то мўҷиби расидани рўзӣ шавад, ва рўзаро то ихлоси офаридагон озмун гардад, ва ҳаҷро барои наздик шудани диндорон, ва ҷиҳодро барои арҷмандии ислом ва мусалмонон, ва амр ба маъруфро барои боздоштани бехирадон, ва пайванд бо хешовандонро ба хотири рушду фаровон шудани шумори онон, ва қисосро то хун рехта нашавад, ва барпо доштани ҳаддро то он чи ҳаром аст бузург намояд, ва тарки майхорагиро то хирад бар ҷой монад, ва дурӣ аз дуздиро то покдоманӣ аз даст наравад, ва зиноро во ниҳодан то насаб наёлояд, ва …» (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 252).

Иртиботи ақлу дин аз назари ислом

Баёни бархе аз суханони пешвоёни диниямон дар бораи аҳамияти хирад ва хирадварзӣ, иртиботу ҳамоҳангии ақл ва ваҳйро бештар намоён мекунад. Алӣ (к) ақлро асоси дин медонад ва мегўяд:

«Асоси дин бар ақл устувор гардида ва аҳкоми динӣ бар пояи ақл воҷиб шудаанд. Худойро танҳо бо ақл метавон шинохт ва бо ақл метавон ба Ў тавассул ҷуст. Хирадманд, аз ҳамаи касоне ки роҳе ҷуз ақлро барои висоли Худо баргузидаанд, ба Ў наздиктар аст. Кори хуб аз ақл – ҳар андоза ки андак ҳам бошад – аз ҳазор соли ҷиҳоди ҷоҳил ва нодон бартар аст» (Ал-анвор, ҷ. 1, с. 94).
Ақл дашномам диҳад ман розиам
З-он ки файзе дорад аз файёзиам
Набвад он дашноми ў бе фоида
Набвад он меҳмонияш бе моида
Аҳмақ ар ҳалво ниҳад андар лабам
Ман аз он ҳалвои ў андар табам

Дар ривояте омадааст: «Ақл фиристодаи Худованд, ва меъёри ҳамаи умур аст» (Ал-ҳаёт, Ҳакимӣ, ҷ. 1, с. 46).

Дар ривояти дигар омадааст: «Мева ва самараи ақл, пайравӣ аз ҳақ ва пойдорӣ дар роҳи ҳақ аст» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 47)

Дар ривояте дигар мехонем: «Илм ҷони ақл, фаҳм руҳи он, зуҳд сари он, ҳаё чашми он, ҳикмат забони он, раъфат нияти он ва раҳмат қалби он аст» (Ал-анвор, ҷ. 1, с. 96).

Ва ҳам мехонем: «Ақлҳо пешвоёни андешаҳо, ва афкор роҳбарони дилҳо, ва дилҳо роҳнамоёни ҳавосс, ва ҳавосс пешвоёни аъзоянд» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 96).

«Динбоварӣ, ҳаё ва фазоили ахлоқӣ, аз хирадварзӣ ҷудо нестанд ва онро танҳо намегузоранд. Ҳар ҷо ақл бошад, дину ахлоқ низ ҳаст, ва ҳар ҷо ақл набошад, дину ахлоқ низ вуҷуд надорад» ((Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 86).

«Аслу решаи инсон ақлаш аст, ва ақли ў ҳамон дини ўст» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 82).

«Гаронмоятарин бениёзӣ ақл аст, ва бузургтарин фақр нодонӣ» (Наҳҷул-балоға, калимоти қисор, 37).

«Худованд ақлро назди касе ба вадиат наниҳод ҷуз он ки рўзе ўро ба василаи он наҷот дод» (Наҳҷул-балоға, калимоти қисор, 407).

«Ҳамоно бадбахт касе аст, ки аз суди ақл ва таҷрибае, ки ба ў додаанд, маҳрум монад» (Наҳҷул-балоға, номаи 78).

«Хирад ба касе ки аз он насиҳат хоҳад, хиёнат накунад» (Наҳҷул-балоға, калимоти қисор, 281).

Диққат дар ин суханон, ин нуктаи бисёр муҳиммеро ба даст медиҳад, ки тасаввури ҷудоии ақлу дин (ислом) ва тазодду тахолуфи онҳо, пиндоре беш нест, зеро ақли саҳеҳ ва нақли сареҳ, ҳар ду манобеи дин ба шумор меоянд.

Агар ақл худ яке аз манобеи дин аст, чи гуна метавонад бо он таорузу тазодд дошта бошад? Чи гуна мумкин аст паёме, ки барои ҳидояти инсонҳо ва шукуфо кардани заминаҳои нуҳуфта дар ақли одамиён омадааст, бузургтарин имтиёзи инсонияти онон, яъне хирадашонро нодида бигирад, ва ононро ба чизе хилофи ақлу фитрат фаро хонад? Ба таъбири зебои Садро, файласуфи барҷастаи исломӣ:

«Ҳошо ки аҳкоми нуронии Худованд бо маорифи яқинӣ ва зарурӣ носозгор бошад, ва барқарор мабод фалсафае, ки қавонини он бо китобу суннат ноҳамоҳанг бошад» (Ҳикмати Мутаолия, ҷ. 8, с. 303).
Ба ҳамин далел, дар ҷои дигар бар ин нукта таъкид меварзад, ки миёни фалсафаи файласуфи воқеӣ ва дини ростин (ислом) тазодд нест:
«Файласуфе, ки динаш дини паёмбарон (а) набошад, баҳрае аз ҳикмату фалсафа набурдааст» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 5, с. 207).

Бинобар ин, агар дар ҷое миёни маорифи ваҳёнӣ ва ақлонӣ таоруз ба чашм мехўрад, дар ҳақиқат мушкил ба худи инсон бозмегардад, ки ё дар фаҳми ваҳй ё дар он чи ки бурҳони қатъии ақлӣ мепиндорад, дар доми ваҳму пиндор гирифтор омада ва ё мубталои ба ҳар ду мусибат шудааст.

Дар баҳсҳои оянда иншоаллоҳ агар фурсате буд, перомуни лағзишгоҳҳои андешаи динӣ баҳс ба амал хоҳем овард.
Комёб бошед.