Ҳимматзода аз пояҳои суботи ҷомеаи мо буд

Абдуллоҳи РАҲНАМО, «Миллат» №11 18.03.2010

Даргузашти устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода барои ҳар касе, ки аҳли илму имон ва аҳли фикру инсоф аст, таконе бузург мебошад, зеро ӯ намоде аз илму имон ва фикру инсоф буд. Барои шинохти тамоми шахсияти М.Ҳимматзода шояд ба замони бештар ниёз аст.  Вале агар кӯтаҳ гӯем, муҳимтарин ҷанбаҳои шахсиятм эшон чунин буд:

Ҳимматзодаи олиму домулло: Аввалин зуҳури ҷамъиятии Ҳимматзода аз саҳнаи илм оғоз шуд, аз саҳнаи илмҳои динӣ ва фикрӣ. Дар солҳои 80-ум ӯ ба унвони яке аз мударрисон ва домуллоҳои бисёр фаъол дар муҳитҳои динӣ шинохта шуд ва баҳси истидлолии ӯ ва ҳалқаи дарсии ӯ аз ҷиддитарин маҳфилҳои илмӣ ва ақидатии он замон ба ҳисоб мерафт. Он вақт ҳатто рӯҳониёни анъанавие, кӣ бо баъзе мавқеъгириҳои ӯ розӣ набуданд, баъди интиқоду мухолифат ночор ин ҷумларо илова мекарданд: вале дар ҳақиқат олим аст.

Continue reading

АДВОКАТ ЭЪТИРОЗ МЕКУНАД

Посухи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев – «Озодагон» №10 10.03.2010

Судяи суди шаҳри Душанбе Додометов Ф.Т., судяхои Суди Олии ҶТ Махмадшоев У.З. ва Нуров Н.Э. ба суди нохияи Сино бо аризаи даъвогӣ нисбати ман, адвокат ҳамчунин идораи рӯзномахои «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-Плюс» оид ба химояи шаъну шараф ва обрӯю эътибори шахсӣ муроҷиат намудаанд ва аз ҷавобгарон раддияи расмии хаттиро бобати Изҳороти кушодаи адвокат, ки 20 ва 21 январи соли 2010 дар рӯзномахои зикршуда чоп гардидаанд ва ба сифати чубронпулии зарари маънавии гӯё ба онҳо расонидашуда аз ҷавобгарон (муштаракан) рӯёнидани: ба фоидаи Додометов Ф.Т. – 500 хазор сомонӣ, Маҳмадшоев У.З. – 2 миллион сомонӣ ва Нуров Н.Э. – 3 миллион сомонӣ ва интиқоли ин маблағхоро ба сохтмони НБО-и Роғун талаб доранд.

Continue reading

Ҳақорат ҷуз аз Ҳақир сар намезанад

Мулоҳизае кӯтоҳ перомуни барномаи “Наша Раша”

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Муддатест достони “Наша Раша” ва коргардону бозигарону дастандаркорони пушти пардаи ин барномаи густох, зеҳни бисёре аз ҳамватанонамонро ба худ машғул карда аст, ба гунае ки ҳар гоҳ номи он далғакони беадаб матраҳ шавад, ҳар тоҷики бошарафе лаънат ба ҷониби эшон мефиристад, ҳатто кори он бетарбиятон то ҷое моро расонида, ки мутасиддиёни умури муҳоҷирони тоҷикӣ дар Русия аз болои ин барномаву дастандаркоронаш ба додгоҳ шикоят бурданд.

Continue reading