Бо маъзарат аз Додочони Атовулло!

dodoЧанд рӯз зарур шуд, то муайян кунем, ки номае бо хабари бардуруг дар бахси атрофи маколаи “Эхтиёт! Президент медонад…” аз кучо фиристода шудааст. Нома ин аст:

Додочони Атоулло журналисти саршиноси точик дар беморхонае дар Олмон аз бемории дил ба ногох фавтид.
Додочон яке аз мухолифини хукумати Точикистон хисоб меёфт, ки ахиран аз чониби додситони кул дар киболи у парвандаи чинои бозшуда буд. Рухат шод бод, эй абармарди миллат!

Банда бо чаноби Атовулло мустаким шинос нестам, ба бархе аз гуфтахои он кас хамфикр хам нестам, аммо хамеша гуфтаам, ки як сари баланд ва гардани хамношуда агар мондааст, хамин кас аст. Ба чанде аз дустону шиносхои эшон занг задам, гуфтанд, Додочони Атовулло сихату саломат аст ва хеч гуна мушкили саломатй хам надорад. Мехостам, ин хабарро нашр кунам, аммо чанд руз талоши инро кардам, ки муаллифи номаро пайдо кунам ва бипурсам, хабарро аз кучо гирифтааст.

Холо натичаи тахкикоти банда. Ин нома аз шахри Кулоб фиристода шудааст, аз компютере, ки АйПии он чунин аст: 195.140.128.154

Hostname: kulyab.com, e-mail address: sad2000@rambler.ru

Бояд гуфт, имейл адреси хакикист ва агар додситонхои Точикистон ин касро пайдо кардан хоханд, акнун душворие нахоханд дошт. Умедворам, чаноби Атовулло метавонанд, номанависро ба додгох диханд.

Тарафдорони Додочон метавонанд, ба хамин имейл чизе ки ба муаллифи нома гуфтан мехоханд, бинависанд.

Шояд афроде хам бошанд, ки ба кй тааллук доштани ин имейлро бидонанд. Касе ки орзуи марги дигаронро мекунад, иншоаллох худ умри дарозе нахохад дид.

Танхо як чиз хандаовар аст, ки чй тавр ин шахс хабардор нашуд, билохира Хасан Саъдуллоро дар Душанбе кй ба гарданаш тир зад, аммо аз кучо огох шуд, ки дар беморхонаи Олмон чй хабар аст? Пешрафти бегуфтугуи косалесони хукумат!

Бори дигар аз журналисти машхури точик ва раиси харакати сиёсии “Ватандор” узр мехохем, ки ин иттилоъи бардуруг дар торнамои мо нашр шуд ва ба ин сабаб нашри мустакими номахоро бе тафтиши пешакй комилан мамнуъ эълон медорем. Аз ин ба баъд хар як нома кабл аз нашр мавриди санчиш карор мегирад ва ба ин сабаб номахо бо таъхир ба нашр хоханд расид.

Барои махдуд шудани озодии хеш ба муаллифи номаи игвобарангез “ташаккур” фиристед.

Дар омади гап, даххо номахои игвобарангез хамчунин аз идораи UNDP – Барномаи тараккии Созмони Милал дар шахри Душанбе пахш мешаванд. Хуб аст, агар ин ташкилот мутаваччех бошад, ки кормандонаш вакти корй ва тачхизоти идориро ба чи корхое сарф мекунанд.

3 Responses

  1. Rosti gap in dodik holyam voima karda gashtast🙂 In soli guzashta vada doda budki prezidentro daf mekunad neki afsus ki az dastash ba monandi digar solho hok naomad🙂

  2. Takya bar joi buzurgon natavon zad ba gizof,
    Magar asbobi buzurgi hama omoda kuni.

  3. Баъди Фирдавсӣ чизе гуфтан душвор аст. Ин зоғ (Додик) ҳақ надорад орзуи хиромидани кабкро кунад, зеро ӯ асбоби бузургиро фароҳам накардааст ва қудрати фароҳам кардан ҳам надорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: