Вазорати тандурустй ба «табобат» ниёз дорад?

Озодагон» №33 20.08.09.

Агар ба миқдори реклама дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон сахт таваҷҷӯҳ намоем, зуд аён мегардад, ки кадоме аз соҳаҳо дар кишвар ба бӯҳрон мувоҷеҳ шудааст. Бубинед, дар ҳоле, ки корхонаҳои истеҳсолии мамлакат бо сабаб ё баҳонаи таъсири бӯҳрон ба онҳо аз таблиғи худ даст мекашанд, ду бахш – мусиқӣ ва доруворӣ, ҳеч гоҳ аз наворҳои таблиғотӣ дур намемонанд. Яъне агар аз ҳама зиёд эълони консерти сарояндагони ҷавону миёнаумр, шинохтаву ношинос реклом шавад, дар баробараш ҳатман маҳсулоти наву кӯҳнаи доруворӣ низ «мо ҳастем!» мегӯянд.

Саволи мантиқӣ ин аст, ки агар мардуми тоҷик ин қадар беғаму бедард асту ҳеч аз толорҳои консертӣ қафо монданӣ нест, чаро барояшон миқдори зиёди дорувориро «пешниҳод» мекунанд? Ин суолро «Озодагон» дар иртибот ба 18 -уми август – зодрӯзи Сино, ки он ҳамчун рӯзи тиб таҷлил мешавад, пайгирӣ намуд…

«СИЁСАТИ НОМУАЙЯНУ НОДУРУСТ»

Бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон мушкилоти зиёде дорад. Аз як ҷониб гуфта мешавад, ки аксарияти ин мушкилот аз норасоии маблағ сар мезанад. Аммо аз сӯи дигар тибқи таҳлили коршиносон маҳз дар ин бахш маблағҳои зиёди ҳам ҳукумат ва ҳам мардуми оддӣ масраф мешавад.

Ҳукумат то соли гузашта мегуфт «буҷаи Тоҷикистон аслан иҷтимоист» ва қисмати бештари маблағҳои буҷа ба ин бахш сарф мегардад, аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ. Аммо назарпурсиҳо ошкор мекунанд, ки тақрибан ҳеч кас дар беморхонаҳои кишвар ба таври ройгон табобат намегирад.

Ин мушкил аслан ҷанбаи ҳукуқӣ дорад. Зеро то баргузории раъйпурсӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 табобат дар кишвар ройгон эълон шуда буд. Вале баъди ин раъйпурсӣ низ мардум намедонанд, ки табобати онҳо бояд пулакӣ сурат гирад, ё бепул. Ҳамчуноне то оғози ин ислоҳот низ ҳолат номуайян буд.

Гап сари ин меравад, ки як муддат ҳукумат тасмим гирифт, ки табобатро дар Тоҷикистон пулакӣ намояд, вале он қадар хараҷу мараҷ ва нофаҳмиҳое ин ҳолат дар пай гузошт, ки ахиран президент Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳо дар Қурғонтеппа фармон дод: табобати пулакӣ муваққатан боздошта шавад!

Гуфтан бисёр душвор аст, ки фармони мазкур ҳолатро дигаргун кард. Шояд ба хотири касе пас аз ин гуфтаҳо ахбори зиёди Агентии мубориза бо коррупсия биёяд, ки дар байни боздоштагонаш шумораи табибони ба қавли онҳо ришвахор кам нест. Пас чаро вазъ тағйир (намеёбад)

Посухи ин суолро коршиносон аз як ҷониб ба самти кам будани маоши духтурон равона кунанд, аз сӯи дигар мегӯянд аз сиёсати номуайяну нодурусти масъулини соҳа ва мақомоти марбутаи ҳукумат бармеояд. Чаро?

«ДУ ВАЗОРАТ, АММО НАТИҶА?»

Дар Русия бахши танзимкунанда ва идории соҳаи тиб вазорати тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ном дорад. Ин маънои онро дорад, ки вазорат ва раҳбари он Татяна Голткова дар ин кишвар на танхо ба саломатии мардум, балки ҳамчунин ба омилу сабабҳое низ масъул аст, ки ба сиҳатии онҳо таъсир мерасонад.

Таҳлилгарон мегӯянд, мутаассифона дар Тоҷикистон ба назар чунин менамояд, ки гӯё вазорати тандурустӣ танҳо ба одамони бемор сарукор мегирад.

– Вагарна оё боре дидаед, ки масъулини ин вазорат бо барнома ва пешниҳодоте баромад намуда бошанд, ки дар бораи пешгирии бемориҳо сухан меравад? Ман шахсан чунин барномаҳоро вонахӯрдаам, – мегӯяд таҳлилгари Маркази таҳлилии «Диалог» Ҳикматулло Сайфуллозода.

Ба назари ин таҳлилгар мушкили аслии соҳаро бояд дар ҷои дигар ҷустуҷӯ намуд. У мегӯяд на танҳо дар соҳаи тиб, балки умуман дар бахши илм Тоҷикистон то имрӯз таҷдиди назар накардааст, яъне масъалаҳоро ба таври фундаменталӣ баррасй намекунанд.

– Ман, масалан ба ақидаҳое мисли ин ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар собиқ шӯравӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт, бисёр эҳтиёткорона муносибат мекунам. Зеро мо камтар мебинем, ки хатмкардагони ин донишгоҳ натиҷаҳои, бисёр муваффақ дошта бошанд. Аз ҳамин лиҳоз фикр дорам, муш килоти ин соҳа ва бахшҳои дигари илм дар кишвари мо ҷанбаи системаӣ доранд.

Ба чунин ақида ҳуқуқшиноси шинохта, раиси Ҳизби сосиал -демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров низ мувофиқ аст. Ба гуфтаи ӯ 40% масоили марбут ба тиб хислати пешгирикунанда (профилактикӣ) доранд:

– Аз ҳамин хотир, чун як самти фаъолияти ҳизби мо масоили иҷтимоист, соли 2004 бо пешниҳоде баромад намудем, ки вазорато тандурустӣ бо вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ якҷоя карда шавад. Бале, меҳнат ҳам бояд як ҷузъи вазорати тандурустӣ бошад!

Мутаассифона дар мо сиёсати иҷтимоиро бисёр сатҳӣ мефаҳманд. Дуруст аст, ки мутахассисони огоҳи бахши иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хеле каманд, агарнест нагӯем. Шояд тарси ҳукумат аз он аст, ки барои таъсиси вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ чунин кадрҳо, ки тавони баррасии сиёсати иҷтимоиро доранд, намеёбанд. Вале ин роҳи ҳалли масъала низ нест. Мушкил дар дигар ҷост- ҳукумат стратегияи мушаххаси сиёсати иҷтимоӣ надорад!

Бубинед, мегӯяд Зойиров, гуфта мешавад, ки сабаби рушд наёфтани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон норасоии маблағ аст. Ҳол он ки ман ба чунин фикр розй намешавам. Аммо болотар аз ин, вақте сиёсати идорӣ суст, ҳатто гуфтан мумкин вуҷуд надорад, миллиардҳо доллар маблағ низ мушкилотро хал карда наметавонанд.

Раиси ҲСДТ ҳамчунин мегӯяд чунин номуназзамй боис ба он гаштааст, ки ду вазорат – ҳам тандурустӣ ва низ меҳнату ҳифзи иҷтимоӣ гӯё як рисолатро анҷом медиҳанд, вале натиҷаи амалашон маълум нест. Масалан, мегӯяд ӯ, иҷроиши қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба ҳарду вазорат равона шудааст, аммо мо ҳолатеро дар хотир надорем, ки кадоме аз ин вазоратҳо барои пешгирии ин ё он ҳолати иҷтимоии мардум, ки боиси бемориҳои гуногун мегарданд, пешниҳодоте ироа карда бошанд.

Коршиносон мегӯянд мушкилоти зиёди соҳаи тандурустиро танҳо тариқи ислоҳоти ҷиддии сохторӣ метавон кам кард

Бархе аз коршиносон ҳамчунин дар бораи мушкилоти соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, фасодзадагиро аз ҷумлаи омилҳои аслӣ медонанд. Дарвоқеъ, баъзе аз сару садоҳо дар ин замина пас аз барканории ягона вазирзани ҳукумат хонум Абдураҳмонова сурат гирифта буд. Вале мақомот дар ин бора хомуширо афзалтар донистанд.

Шояд баъзе назарҳоро дар ин бора ки «боздошти вазирони фасодзада ба амнияти кишвар халал ворид мекунад», ҷиддӣ гирифта шуд? Ё шояд чунин ҳолат ҷой надошт?

Advertisements

Чаноболй аз Точикистон рафтааст? Боз бармегардад?

Расонахои хабарии Русия навиштаанд, ки президенти Точикистон Эмомалй Рахмон як хафта шуд, ки дар ватанаш нест, вале ин сафари у аз мардумаш пинхон дошта мешавад.

Ба навиштаи рузномаи «Время новостей», ки дар чандин сайти русй низ мунташир шудааст, чаноболии точикон хаппу хомуш рузи 8 август дар хавопаймои «Сомон Айр» аз Душанбе ба Маскав ва аз он чо ба Прог, пойтахти Чумхурии Чех парвоз кардааст.

Ин нашрия ба накл аз намояндагони дастгохи раёсатчумхурии Точикистон менависад, дар ин сафари гайриоддй Рахмонро на шарикони доимияш, монанди мушовираш Эркин Рахматуллоев ва вазири хоричй Хамрохон Зарифй, балки афроди дигар хамрохй кардаанд.

Як сайти дигари русй навиштааст, президенти Точикистон дусти наздикаш — муовини сарвазир Муродалй Алимардонро бо худ гирифтааст ва максадаш аз сафар табобат дар яке аз курортхои Карлови Вары будааст.

Дафтари матбуоти президент ва дигар макомдорони давлати Точикистон дар бораи ин сафар хабар ё эъломияе нашр накардаанд. Баъзехо дар Душанбе мегуянд, Рахмон барои ин сафарашро эълон накард, ки уро ба истирохати беш аз хадд муттахам накунанд. Дар давоми сол вай борхост, вакти худро бо истирохат мегузаронад.

Дар солхои гузашта ин истирохат бо сафархои расмй хамрох буд. Барои мисол, аз ду хафтаи сафараш ба Хитой, чаноболй 9 рузашро дар як чазираи ин кишвар бо номи Лан пурра ба истирохат ва табобат бахшид. Сафари у ба Таиланд низ бештар ба истирохат гузашт ва аз созишномахои имзокардааш бо сарвазири онвактаи Таиланд, Таксин Шиноватра, ки аз макомаш ронда шуд, ягон фоида ба Точикистон нарасидааст.

Президенти Точикистон яккахукмрони ин кишвар буда, дар бораи фаъолияташ ва натичахои кораш ба ягон (!) органи мамлакат хисоботдиханда нест. Вай дар ин кишвар хокими мутлак аст ва тамоми мансабдорону хамаи халк дар назди у хисобот медихад, лекин у дар назди хеч кас. Харчи сафархои чаноболй ба таври комил аз хазинаи давлат, яъне андози мардуми бе ин хам кашшоки Точикистон пушонда мешавад.

Яке аз мухолифони Рахмон, раиси Хизби Сотсиал-Демократи Точикистон – Рахматилло Зойиров ин хафта дар чавоби саволи хафтаномаи «Нигох», ки агар шумо холо президенти кишвар мебудед, чй кор мекардед, гуфтааст, ба истеъфо мерафтам. Зойиров инро шонси таърихии Рахмон номидааст.

Вале баъид ба назар мерасад, ки чаноболии точикон солхои наздик ба истеъфо равад. Ин гуна халки гофил ва низоми муштзурии давлатро вай дар ягон гушаи чахон ёфта наметавонад ва ба акидаи худаш кишварро хеле обод кардаасту сабабе барои истеъфо надорад.

Гузашта аз ин Рахмон накша дорад, писараш Рустамро дар курсии худ биншонад ва даври пирй ронад. Он гох сафараш ба курортхои чахонро мумкин аст, ошкоро ва бо эълон анчом дихад.

Чаро дар Бадахшон худкушй меафзояд?

Ҷонибеки ҚОЗИБЕК «Озодагон» №30 30.07.09.

Коршиносон бекорй ва бенавоиро сабаби худкушии шаҳрвандон мешуморанд.

Худкушй аз нигоҳи мардум як падидаи номатлуб арзёбӣ шуда, он аз диди илмҳои равоншиносӣ, ҷомеъашиносӣ ва ҳуқуқшиноси ба таври гуногун арзёбӣ мегардад. Аз назари равоншиносон худкушй танҳо хоси замони ҳозир набуда, он аз давраҳои хеле қадим то ҳоло вуҷуд доштааст ва боиси нигаронии коршиносони ин соҳа аст.

Агар дар давоми садсолаҳои охир амали худкушӣ танҳо аз байни афроди миёнасол бисёртар ба назар расида бошад, дар охири солҳои асри гузашта ва нӯҳ соли асри нав қариб 50 фоизи худкушӣ аз тарафи ҷавонон ба вукӯъ омадааст. Коршиносон мегӯянд, ки баъд аз ҳалокати саддамавӣ дар нақлиёт фавти одамон ба воситаи худкушӣ дар ҷойи дуюм мебошад.

Аз назари ҳуқуқшиносон амали худкушӣ ҷиноятест, ки дар он қотилу мақтул (қатлшуда) як нафар мебошанд. Дар Кодекси ҷиноий кишвари мо дар бораи ба худкушӣ расидани шаҳрвандони мамлакат моддаи 109-и Кодекси ҷиноии ҶТ нигаронида шудааст.

Аз назари қонуни илоҳи ва дини мубини Ислом худкушӣ яке аз бузургтарин гуноҳони кабира буда ҳар касе, ки ба Худои якто имон дошта бошад, набояд, ки ба ҳаёт ва руҳи худ, ки амонати Худовандӣ мебошанд, хиёнат намод.

Мутаассифона, то 28-уми июни соли равон дар ҳудуди вилоят 15 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 фоиззиёдтар аст. Дар соли 2008 -ум дар ҳудуди ВМКБ 7-то ҳодисаи худкушй ба қайд гирифта шудааст,- гуфт дар сӯҳбат ба мо Далер Музофиршоев, – сардори шӯъбаи тафтишотии прокуратураи ВМКБ. Ҳодисаи даст ба худкушӣ задан то ба ҳолати 28-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ 1, дар ноҳияи Роштқалъа 7, Рӯшон 1, Шуғнон 3 нафарро ташкил медиҳад. (Мувофиқи маълумоти РКД-и ВМКБ то ба омода сохтани маводи мазкур то рӯзи 9-уми июли соли ҷорй 2 нафар шаҳрвандони ноҳияи Роштқалъа даст ба худкушӣ задааст (Муаллиф).

Далер Музофиршоев, сардори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ВМКБ,- гуфт, ки аз 15 ҳодисаи то ба рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ ба қайд гирифташдаи худкушӣ 11 ҳодисаи бо ресмон ба дор кашидани худ 1 ҳодисаи бо корд захмдор ва ҳалок кардани худ, 3 ҳодисаи бо роҳи худро дар об ғарқ намудан содир гаштааст.

Вай афзуд, ки тафтишот маълум мекунад, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задании шаҳрвандони мазкур 3 ҳодиса бо сабаби бемории рӯҳӣ. 2 ҳодиса бинобар, шароити вазнини моддӣ, 1 ҳодиса бинобар гирифтори ба майзадагӣ.4 ҳодиса ба сабабхои ҷанҷолхои оилавй, 5 ҳодиса ба сабабҳои номаълум гардидааст.

Оид ба ҳашт ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон аз тарафи Прокуратураи ВМКБ санҷиш гузаронида шуда. бо 15 мазод аз оғози кори ҷиноятй рад карда шуда, оид ба 3 мавод санҷиш идома дорад.

Сардори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ВМКБ Д. Музофиршоев мегуяд, ки яке аз сабабҳои номаълум мондани сабабҳои ҳодисаҳои даст ба худкушй задани шаҳрвандон ин ҳамкорӣ накардани наздикону пайвандони шахсони даст ба худкушизада бо кормандони прокуратура хангоми раванди санҷишот мебошад.

Дар аксарияти мавридҳо пайвандону наздикони ашхоси даст ба худкушй зада мегӯянд, ки «бо ягон кас рафтору муносибати бад надошт», «карздорй надошт», «сабаби даст ба худкушӣ заданашро намедонам», «бо аҳли оила муносибати хуб дошт» , «аз ягон кас гумонбар нестем». Яъне ҳолатҳои даст ба худкушй заданро пинҳон намуда, қариб дар ҳамаҳолатҳо хешу табори шахси даст ба худкушӣ зада барои кушодани ҷасад ва гузаронидани ташхиси судӣ- тиббӣ розигӣ надода, сабаби марги шахси даст ба худкушӣ зада муаӣян карда намешавад.

Дар натиҷа раванди санҷишот ба раҳгумӣ равона гардида, баъдан бинобар набудани ҳодисаи ҷиноят ваёдар кирдори ҳеч шахс аломатҳои таркиби ҷиноят вуҷуд надоштан аз огози кори ҷиноятӣ рад карда мешавад.

Далер Музофиршоев бекорӣ ва шароити вазнини иктисодиро яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон гуфта, сабаби даст ба худкушй задани ноболиғонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани таълиму тарбия дар оилаю мактаб медонад. Чунончӣ,-гуфт ӯ рӯзи 5-уми феврали соли 2009 тахминан соати 19-40 дақиқа ба ШКД-и ноҳияи Рӯшон хабари телефонӣ аз сардухтури табобатхонаи марказӣ расидааст, ки шаҳрванд Рамазонов Сорбон Назармамадович соли таваллудаш 1991, хонандаи синфи X1 – и мактаби №9-и ноҳияи Рӯшон бо ҷаро ҳати захми шикам ба беморхона дохил гардидааст.

Пас аз ҷарроҳӣ намудан Рамазонов С.Н. соати 99-10 дақиқа дар беморхона ҳалок гардидааст. Санҷиш оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Рӯшон, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Шарипов С. гузаронида шуда, дар вақти санҷиш муайян карда шудааст, ки Рамазонов С. Н. дар хонаи истиқоматиаш худро бо корд захмӣ кардааст. Баъди гузаронидани санҷиш оид ба ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рӯшон саннаи 28.02.2009 бо дастрасии моддаҳои 5 банди 2 ва 109 КМҶ-и ҶТ аз оғози кори ҷиноятй рад карда шудааст.

Аммо духтури равоншинос Имомбек Холдорбеков ҳолати расидани як шаҳрванд ба худкуширо замоне медонад, ки он шахс мубталои як бӯҳрони рӯҳӣ шуда бошад. Бӯҳрони рӯҳӣ ин таҳавулотест, ки шахс ба худкушй даст зада, наметавонад фикран роҳи ҳалли масъаларо ёбад. Омилҳои асосии даст ба худкущӣ задани шаҳрвандон ин норасоии равонӣ, бемориҳои эпилепсия, ҳисфиребӣ, масъалаҳои низоъҳои оилави, қарздорӣ, ноустувории иқтисодӣ, бекорй, таъмин набудани рӯзгор мебошанд.

Бояд аҳли ҷомеа барои ин кор тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар роҳи пешгирии худкушии шаҳрвандон мақомоти маҳаллӣ, табибон, органҳои ҳифзиҳуқуқ, ходимони дин, ВАО метавонанд, ҳиссаи худро гузоранд.

Духтур Имомбек Холдорбеков афзуд, ки мутаассифона, мо дар вилоят аз надоштани духтуроии равоншинос бисёр андешаманд ҳастем, зеро имрӯз дар вилоят танҳо як нафар кадри дорои маълумоти олии тиббии равоншиносӣ мондаасту халос. Дар вилоят маслиҳатгоҳи ( консултатсия)-и равоншиносӣ, ки дорои телефони боварй бошад, вуҷуд надорад, то ин ки бо онҳое, ки ба марҳилаи бӯҳрони рӯҳӣ гирифтор мешаванд, дар зери назорати духтурони равоншинос бошанд, то андаке ҳам бошад, аз даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол Садорбек Азорабеков, намояндаи ваколатдори дини Вазорати фарҳанги ҶТ дар ВМКБ мегӯяд, ки бояд ходимонидиндар роҳи ҷилавгирӣ аз ба худкушй даст задани шаҳрвандон саҳми бештаре дошта бошанд. У мегӯяд, ки «Дини мубини Ислом таъкид бар он мекунад, ки ҳар шахси боимон ба муқаддас будани хаёт эҳтироми махсус дошта бошад, худкушӣ ин роҳи халосӣ аз зиндагии дунёи набуда, бояд андешаи фардои қиёмат нисбати зарар ба ҷисму ҷони худ намуданро ҳар ходими дин дар байни ҷамоатҳо фаҳмонда тавонад.

Сардорбек Азорабеков мегӯяд, ки фарҳанги миллии мо арзишҳои ахлоқии исломиро манбаи асосии пешрафти халқи тоҷик гардонидааст, дар давоми ҳазорсолаҳо мардумро аз яъсу ноумедиҳо ба сӯи ҳаёти дурахшон ва боварибахш ҳидоят намудааст. Ӯ афзуд, ки бузургони дини мубини Ислом худкуширо барои ҳар фарди мусулмон манъ кардаанд. Аз он ҷумла, Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисе мефармояд: «Ҳеч яке аз шумо талаби марг накунед, ҳеч гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро ҳар гоҳ ҷаҳони фаноро (маҷбуран) падруд гӯед, умед ба таманнои подош нобуд мегардад.

Дар ҳамин ҳол Давлатназар Мерганов,- як сокини ноҳияи Рӯшон даст ба худкушӣ задани баъзе афродро аз яъсу ноумедӣ ва ё аз тарсу ҳарос, ё мубталои маӣзадагӣ будан ва ё бад будани вазъи иқтисодии онҳо медонад. Давлатназар Мерганов мегӯяд, ки ӯ се воқеаи даст ба худкушӣ задани ашхоси алоҳидаро медонад, ки ду нафари онҳо,- хушбахтона наҷот ёфта, ба худкушӣ нарасиданд. Ӯ афзуд, ки ҳодисаи аввал аз тарафи як мактаббачае буд, ки муҳассили яке аз мактабҳои шахри Хоруғ худро аз болои купрӯк ба дарё партофт, хушбахтона, наҷот ёфт.

Ҳодисаи дуюм марди мастеро дида будам, ки занашро тарсонда,- мехост, ки худро ба дарё андозад. Хушбахтона атрофиён ӯро ором карда ба хонааш бурда буданд. Аммо, мегӯяд Давлатназар Мерганов, ба фикрам, худкушии марде, кидар бозори шаҳри Хоруғ ба сифати аробакаш кор мекард ва худ сокини водии Бартанг буд, аз зиндагонӣ ноумед шуда будаст, аз сабаби вазъи иқтисоди бошад, зеро маълум буд, ки шахс дур аз хонавода бошад ва моҳҳо натавонад ба онҳо кӯмаке кунад, даст ба чунин корҳои нангине ба мисли худкушӣ мезанад, ки ба фикри ман ин кори хуб нест.

Давлатназар Мерганов мегӯяд, ки ҳар шахси солим набояд, ки аз камбудиҳои рӯзгор, аз зиндагонӣ ноумед шавад, зеро чуноне, ки ниёгони мо гуфтаанд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст», баъди ҳар мушкилӣ осонӣ хохад омад.

Халифаи маҳаллаи Тирчид Ашратшоҳ Акдодшоев мегӯяд, ки худкушӣ, ба назари ман, имрӯз 2 навъ буда, яке ба таври фаврӣ ба василаи ба об рафтан ё ба дор кашидан ва дигаре ба истеъмоли маводи мухаддир ё машруботи спиртй сурат мегирад. Яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задании баъзе шахсон дар сустии имони онҳо мебошад. Ӯ афзуд, ки ҳодисаҳое ҳастанд, ки як нафар шахси дорои бемории рӯҳӣ ба худкушӣ даст мезанад, вале ҳодисаи даст ба худкушӣ задани афроди солим бисёр нохушоянд буда, шахси даст ба худкушӣ зада дорои гуноҳи азим мегардад.

Халифа Ашратшоҳ Ақдодшоев мегӯяд, ки мувофиқи далели ояти 28-уми сураи Нисо Худоитаъоло дар Қуръони Маҷид мефармояд, ки «Худатонро накушед, ба дурустӣ, ки Худованд нисбат ба шумо меҳрубон аст» Бузургони мо мефармоянд, ки худкушӣ роҳи ҳалли масъалаҳои зиндагӣ нест, марг ба ҳар сурате зуҳур хоҳад кард. Зиндагй бо пастию баландиҳо буда, ба ҳар лаҳзаи он шукрона бояд намуд. Шумо бубинед, ки Худованди меҳрубон на танҳо розӣ намешавад, ки дигаре шуморо ба қатл бирасонад, балки бахуди шумо ҳам ризоят намедиҳад, ки хешро ба ҳалокат бирасонед.

Ҳазрати Алӣ мефармоянд, ки «Мӯъмин мумкин аст ба ҳар навъ марге бимирад, аммо худкушӣ намекунад. пас касе ки битавонад хуни худро ҳифз кунад ва бо ин вуҷуди худро аз қотили худ ҷилавгирӣ накунад то кушта шавад, қотили худ худ хоҳад буд». Бинобар ин -гуфт дар охири сӯҳбат халифа Ашратшоҳ Акдодошоев -дини Ислом ҳодисаи худкуширо қатъиян махкум намудааст ва аз ҳамватанони худ мехоҳам, ки ҳар чӣ зудтар садди роҳи ин кор шаванд, то дар қонуну қавоиди Худованд собитқадам бошанд.