Эхтиёт! Президент медонад…

Далери ҒУФРОН (Бознашр аз «Озодагон» №13 02.04.09. )

Ин ки атрофиёни раисҷумҳури кишвар ӯро дар ҳалқаи худ қарор дода аз иттилоъи сареъ дар мавриди вазъияти воқеии кишвар маҳрум сохтаанд, як иддаои маъмулист. Аммо дар ниҳоят иттифоқ афтод, ки бори нахуст дар ҳузури бевоситаи Эмомали Раҳмон ин мавзуъ матраҳ гардад.

Дар дидори ахири президенти кишвар бо зиёиён дар арафаи рӯзҳои наврӯзӣ нависандаи тоҷйк Саттор Турсун хитобан ба раиси ҷумҳур арз кард, ки дар мавриди вазъияти воқеии кишвар атрофиёнаш ба ӯ иттилоъи дуруст намедиҳанд.

Аммо тавре шоҳидон мегӯянд, бо он ки нависандаи муҳтарам дар суханронии худ мавзуъоти гуногунро фаро гирифт, ин масъалаи хело муҳим мутаасифона зуд аз мадди таваҷҷӯҳ дур монд ва ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон низ дар баробари ҳушдори ин адиб вокунише нишон надод.

Аввалин суоле, ки дар баробари баррасии ин мавзӯъ пеш меояд ин аст, ки дар шароити ҷомеаи муосир – яъне асри иттилоот чи гуна метавон сарвари як давлатро аз ин ё он вазъият, ки дарвоқеъ ташвишовар бошад, маҳрум сохт?

Ба андешаи ҷомеашиноси тоҷик Масрури Абдуллоҳ, дар шароити имрӯза чиновникҳои мо агар қасд кунанд ҳам, наметавонанд, ки президентро дар инзиво (изолятсия) қарор бидиҳанд. Зеро ба гуфти ӯ, роҳҳои алтернативии иттилоърасонй дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа зиёданд:

– Аз ҷумла, дар рафти суханрониҳои худ раисиҷумҳур на як бор ишора кардаанд, ки телевизиони машҳури Евронюз тамошо мекунанд, ба Интернет дастраси доранд. Дар ин сурат ҳеч мумкин нест, ки сарвари давлат аз асли воқеияти кишвар огаҳ набошанд.

Аммо аз ҷониби дигар, воқеияти имрӯзаи бархурди масъулин ба мушкилоти мавҷуда андешаеро ба вуҷуд меорад, ки гуё дарвоқеъ раҳбарияти кишвар иттилоъи зарурӣ дар баробари мушкилоти ҷомаеро дар ихтиёр надоранд. Ҷомеаи кишвар ба ин гуна шубҳаҳо ҳақ ҳам дорад. Мардум ба он боваранд, ки раҳбари кишвар аз асли мушкилоти ҷомае огаҳ нест, вагарна, чиновникҳои ноуҳдабаро ва корношоямро кайҳо аз сари кор дур мекард.

Ба гуфти коршиноси мо М. Абдулло, далели ин гуфта чопи мактубҳо ва муроҷиатномаҳои ҳамарӯза ба номи президенти кишвар мебошад. Ва ин маънои онро дорад, ки агар аз як ҷониб институт ва шахсияти президент имрӯз ҳамчун ягона умед – даргоҳи қабули қарори лозима тасаввур шавад, аз ҷониби дигар, далели аёнии таасуроти аҳли ҷомеа аз дараҷаи иттилоънокии раҳбарияти кишвар дар баробари мушкилоти рӯз мебошад.

Аз ҷониби дигар, агар раисиҷумҳур аз асли воқеияти кишвар огаҳ аст, пас чаро ин огаҳӣ ба ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидат намекунад, ки дар ниҳоят мардум аз ночорӣ ба ӯ рӯ наоранд? Коршиноси мо М. Абдулло, ин мавзуъро -масъалаи баҳси дигар дониста, илова намуд, ки воқеан, ба ҳайси маркази ягонаи қабули қарор пазируфта шудани президент, дар ҳар сурат ба манфиати кор нест.

Дуруст аст, ки аз як ҷониб ин муроҷиатҳо – ифодакунандаи эътимоди мардум ба президент – ҳамчун кафили ҳуқуқҳояшон, мебошад. Зеро дар ин сурат, моҳияти мавҷудияти ҳукумат ва дар алоҳидагӣ аъзоёни он коста гардида, аз ҷониби дигар, дар сурати беҷавоб мондани муроҷиати шаҳвандон ба президент, онҳо аз ягона умеди охирин низ дилсард шуда, дар ниҳоят рӯҳияи нобоварӣ эшонро фаро хоҳад гирифт. Магар тасаввури ин ки мардум ҳатто ба сарвари давлаташ низ эътимод надорад, ташвишовар нест???

Ва мерасем ба нуктаи меҳварии баҳс. Чаро масъулин суханеро ва ё воқеиятеро мехоҳанд дар назди раҳбари давлат фош насозанд? Дар инҷо ҷавоб ҳамонест, ки аҳли ҷомеа тасаввур мекунанд. Яъне мабодо, ки бо фош шудани воқеият эшон аз курсӣ маҳрум шаванд. Воқеан ҳам ба андешаи М. Абдулло, ҳама мушкилот сари он аст, ки масъулин аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ намебароянд, ба мушкилоти мардум расидагӣ намекунанд, зеро бештар дар ғами худ ҳастанд. Ва бигирем, ки агар аз ин воқеият раҳбари давлат огаҳ аст, пас чаро пишшаки масъулинро касе пишт намегӯяд? Шояд ин аст мағзи сухани Саттор Турсун?

Барои шарҳи ин масъала мо ба мушовири калони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иртибот бо ҷомеа Мансур Сайфиддинов муроҷиат кардем. Ба гуфти ӯ, иддаои он ки сарвари давлат иттилоъи заруриеро дар мавриди вазъи вокеии кишвар дар ихтиёр надорад, комилан ботил аст:

– Оё мантиқан имкон ҳаст, ки ҳамчунин як нафари фавқулода фаъолро аз асли воқеияти кишвар маҳрум созӣ? Президенти кишвар каналҳои алтернативии кифояе дорад, ки дар мавриди вазъияти воқеъӣ на танҳо кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон низ иттилоъи васеъеро дар ихтиёр дошта бошад. Ин қаналҳои расмӣ, хадамоти махсус ва Маркази тадқиқоти стратегӣ мебошанд, ки вазифадоранд ҳамарӯза ҳисоботро дар мавриди ҳодисаҳои хусусияти таъҷилӣ ва стратегӣ дошта, пешкаш намоянд.

Зиёда аз ин, ба гуфти М. Сайфиддинов, ҳамарӯза фаъолияти президенти кишвар аз мутолиъаи Интернет ва умуман шиносоӣ бо васоити ахбори омма -шурӯъ мешавад. -Ҳамчунин, аллакай аз соли 2005 инҷониб сайти интернетии роҳбари давлат фаъолият дорад, ки он ҳамчун воситаи иловагии иртибот бо ҷомеа мардуми кишварро бевосита бо президент мепайвандад, – иброз дошт мувовиши раисиҷумҳур.

Ба гуфти ӯ, ҳамзамон иртиботи доимии сарвари давлат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, бигирем мулоқоти ҳамасолаи раисиҷумҳур бо зиёиёнро, ки метавонад як воситаи шиносоии бевоситаи сарвари давлат аз мушкилоти мавҷуда дар соҳҳаҳои гуногун бошад.

– Ман намедонам дигар сарвари давлатеро, ки ин қадар ба таври доимӣ ба маҳалҳо сафар кунад, ҳатто баъзан амнияти шахсии худро сарфи назар карда, бевосита аз наздик аз вазъияти мардум огаҳ гардад. Ин аст, ки сарвари давлати мо – Эмомали Раҳмонро президенти мардумй мегӯянд,

– иброз дошт М. Сайфиддинов.

Таъкиди Сайфиддинов ба ин масъала, ки раисиҷумҳур аз вазъияти мавҷуда дар кишвар комилан огаҳ аст, метавонад барои мо бовар бахшад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки то кадом андоза ин огаҳӣ ба ҳалли мушкилоти муҳими рӯз мусоидат кардааст?

Ба гуфтаи ин мушовири калони раисиҷумхур ҳама мушкилоте, ки дар ҷомеа матраҳ мешавад, раҳбарияти кишвар аз он ҳаддалимкон ҷилавгирӣ мекунанд. Ӯ, аз ҷумла, аз имзо шудани фармони президенти кишвар аз 7 феврали 2009 дар мавриди вокуниши масъулин ба маводи танқидӣ ва таҳлилии матбуот ёдоварӣ кард, ки далели ҳавасманд будани раҳбарияти кишвар барои ҳалли мушкилоти ҷомеа мебошад.

Advertisements

Баракати Имоми Аъзам ва Наврузи ниёкон

Яке аз хонандагони хуби мо ин аксро аз фарози хиёбони Душанбе бардошта, ба мо фиристодааст. Шояд ин посухи расмй ба навиштаи пешинаи блоги «Андеша» аст?

1aks

Бародари дигари мо аз Кулоб ва дусте аз Душанбе навиштаанд, ки яке дар гузоштани вокунишаш ва дувумй умуман дар боз кардани торнамои мо ба мушкил рубару гаштаанд. Хамзамон теъдоди истифодабарандагони блоги мо дар Точикистон босуръат ру ба кохиш дорад. Агар ин дахолати макомоти давлат аст, шадидан хушдор медихем, ки «Андеша» моли мардуми точик аст ва хеч кас хак надорад, ин мардумро аз дастрасй ба блоги мардумии «Андеша» махрум кунад.

Аз хамаи дустону ёрони гиромй дархост мешавад, бар зидди монеагузорй дар рохи «Андеша» ба мардум ва мардум ба «Андеша» бо навиштани назари худ садо баланд кунанд.

Агар тасбит шавад, ки хукумати Точикистон дар мукобили блоги мардумии «Андеша» аз шевахои номашруъ истифода мекунад, мо ба Додгохи хукуки башари Кумисюни Аврупо мурочиат мекунем. Ин хукуматро, ки бе ин хам обру ва эътибори зиёде надорад, нашояд, ки бо чунин аъмоле камтарин обруи бокимондаи худро низ бирезад!

Торнигори Салими Аюбзод дар ҷаҳони интернет

tsa

Паёми ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромадани торнигори шахсии Салими Аюбзод чанд рӯз пеш ба дасти мо расид. Ин як хабари хушҳолкунанда аст, зеро Аюбзод яке аз журналистони саршинос ва тавонои тоҷик мебошанд ва бо чанд машварату роҳнамоии муфид дар кори «Андеша»-и мо низ кӯмакҳои бедареғ кардаанд. Мо самимона эшонро ба муносибати таъсиси сафҳаи хусусии худ дар ҷаҳони Интернет табрик мегӯем ва ба он кас комёбиҳои беназир орзу мекунем.

Аз аввалин ҷусторҳои торнигори ҷадид ба мо хотираҳои Салими Аюбзод дар бораи нависандаи шаҳир Муҳаммадзамони Солеҳ ва журналисти фақид Имомназари Холназар, аккос ва журналисти зиндаёд Муҳиддини Олимпур, ҳамчунин муколамаҳои зарифу латифи муаллиф бо шоираи машҳур Фарзона хеле писанд омад. Ду матлаби торнигори хусусии Салими Аюбзод ба забони русӣ навишта шудаанд ва шоҳид будем, ки чанд расонаи русизабон ин ҷусторҳои муаллифро бознашр кардаанд. Ба ақидаи мо, матолиби Аюбзод ба забони русӣ шояд хеле муҳимтаранд, зеро ногуфтаҳои зиёдеро аз тариқи расонаҳои русизабон мунташир мекунад. Зимнан таҳлили ӯро дар бораи вазъи журнализми Тоҷикистон қаблан ба забони англисӣ хонда будем.

Боз ҳам ва боз ҳам муборак бод мегӯем, ҳарчанд як суъоли густохона дар зеҳнамон боқӣ мемонад, ки шояд чаҳорчӯби «Озодӣ» ба ҷаноби Аюбзод тангй карда бошад, ки ба ҳавои кушоди интернет баромадаанд?

Нописандии Би-Би-Сй кори эронихои он аст

Хануз аз сарварони Би-Би-Сй посухе ба номаи ман наомадааст ва шояд хам наояд. Аммо як рохи дигари баёни андеша боз гашт, ки торнигор ё веблоги сардабирони ин расона аст ва бояд номахоро ба он низ фиристод. Бахусус, ки сардабирон бо ифтихори тамом мегуянд, телевизиюни нави Би-Би-Сй барои Эрон, Афгонистон ва Точикистон (!) аст, ки чамъан 100 миллион бинанда доранд.

bbc

Сармояе, ки Вазорати умури хоричии Британия барои ин телевизиюн дар шакли грант ва кумакхо медихад аз 15 миллион паунди инглисй иборат аст ва ин маблаг аз он чо хисоб шудааст, ки расонаи нав ба чунин теъдоди бузурги форсизабонон нигаронида шудааст. Агар точиконро аз ин номгуй хазф кунанд, шояд сармояи камтаре ба он расад.

Интизори посух хастам ва номахои навро ба форуми веблоги Сардабирони Би-Би-Сй низ мефиристам. Онхо чй мекарда бошанд? Шояд боз хамон сарварони эронитаборро даъват кунанд ва машварат бипурсанд? Аслан чаро аз се сарвари ин расона яке бояд точик набошад? Хмммм, магар дар наздик ба 20 соли пахши барномахои родиюии Би-Би-Сй ин бародарон точикеро гузоштанд, ки дар Буш-хауз реша бигирад ё ба курсии раёсате бирасад? Баракс точиконеро, ки метавонистанд, ба онхо ракобат кунанд ё берун ронданд ё намегузоранд, пое аз Душанбе ба суи Лондон биниханд. Танхо онхое «комёб» мешаванд, ки сари хам ва лабони баста дошта бошанд.

Дустони эронии мо вакте сухан аз точикон равад, хамеша посухи омода доранд. Онхо моро дар русгарой, шуравипарастй, махалбозй, бехунарй ва даххо чурми дигар муттахам хоханд кард. Хеле кам эронихоеро дидаем, ки бо вучуди кумакашон ба мо, точиконро бо худ баробар шуморанд. Афгонхо кайхо аз афсонахои ширини эронихо дил кандаанд ва дар хар кучо аз хакки халоли худ дифоъ мекунанд. Онхо ба пайравй аз Мавлонои Балх мегуянд, «хамдилй аз хамзабонй бехтар аст.» Шояд моро хам зарур аст панба, эъ мебахшед, пахта аз гуш бикашем? Ё хамон русгароии мо бехтар асту аз русхову киргизу казоку узбакхои худмон намонем. Факат маълум нест, кадом рох ба Туркистон аст, оне ки бародарони эронии мо мераванд ё мо меравем?..

Хушхабаре дар бораи зода шудани TajikWord

ДУРУД БАР ЗАФАР 

Ин хабар дар хакикат муждаи нек аст. Дастае аз олимони точик тахти сарварии мудири бахш дар Пажухишгохи математикаи Фархангистони Улуми Точикистон, академик Зафар Усмонов, нахустин мухаррири компютерии матнро бо номи TajikWord омода карданд. Ин нармафзор матни навиштаи моро аз нигохи сарфу нахв дунбол мекунад ва мадад медихад, ки бегалат нависем. Он бо барномахои WindowsXP ва Vista хамкор шуда метавонад.

ВОЖАНОМАХО

Пас аз Ватани азизи мо хушхабар хам мерасидааст, харчанд барои бисерихо ахамияти ин навоварй чандон бузург набудааст, ки сатре ба он набахшиданд. Олимони баномуси точик инчунин лугатхои компютерии точикй ба русй ва русй ба точикиро бо беш аз 70 000 вожа ва иборахо омода карданд. Муборак аст!

ЗАБОНИ МУОСИР Ё МУЪОСИР?

Албатта, бояд дид, ки Мухаррири матн ва вожаномахо то кучо ба талаботи замона посухгў мебошанд, зеро аз як сў мебояд бисёр галатхои пешинаро ислох кард ва забони ноби моро аз навоварихои бесаводона ва кур-куронаи охирзамон хифз намуд. Беназмихо ва худсариву худдонамихои зиндагии имруза ба забони мо хам асар гузошта, кори олимонро моро ба маротиб душвортар кардааст.

РУ БА АЛИФБОИ НИЁКОН?

Масъалаи дигар ин аст, ки агар мо хуруфи сирилликро хамингуна хифз карданй бошем, бояд душвории истифодаи 7 харфи вижаи худро бознигарй кунем, ки бо сабаби на дар хамаи браузерхо хоно буданашон, банда гохе аз истифодаи онхо худдорй мекунад. Шояд рохе бошад, ки бо ислохоти хурде тадричан ин душворихоро аз байн бурд. Гохе ман талош мекунам, аз калимахое истифода кунам, ки чунин хуруф надошта бошанд ва табъан ин чиз сабаби камрангии (аввал навиштам — кашшокии) забон мешавад.

ДАРИЧАЕ БА БЕРУН

Агар мо, тавре ба назар мерасад, ба ин зудихо ба расмулхати ниёкон бозгаштанй набошем, бояд аз олимони азизи худ як дархости дигар низ бикунем. Бигзор барномаи компютерие дуруст кунанд, ки бо гузоштани матни сириллик ва як «ангушт задан» онро ба матни форсй гардонад ва хамчунон бо андохтани матни форсй ва як нохунзанй онро сириллик кунад. Ин робитаи моро бо чахони берун кавитар хохад сохт, зеро бехтарин осори чахонй ва охирин бозёфтхои илми дунёро метавон, хеле зуд дастраси мардуми худ кард.

КАДРИ ЗАР БИДОНЕМ

Вакте дар пеши номи Зафар Усмонов вожаи «академик»ро менавиштам, намедонистам, ки у дарвокеъ академик аст. Маъмулан олимони боамали мо ками дар кам ба чунин унвон ноил мешаванд. Дар холе ки эшон академик хастанд, бояд унвони баландтареро сохиб шаванд ва ё чоизаи давлат насиби он кас ва шарконашон шавад, зеро кореро карданд, ки Билл Гейтс накарда буд.