Театр ва ё сирк?

Ба назари Шумо чунин намеояд, ки вожаи «сирк» ғайриоддист? Оре, мо як замон онро таври дигаре менавиштем: Цирк! Ва дафъатан ширинкороне монанди Юрий Никулин ба ёди мо мерасид ва шахсе монанди Карандаш ё дар камтарин ҳолат маймунҳои шўху худбовар, ки ба назар мерасид, моро ҳеч хаёл мекунанд…

Хотира аз замони кўдакй ё наврасист. Вақте бузург шудем, дидем, ки тамоми умр ширинкор буданд чи сахт аст ва саҳнаи он ки маймунҳо ба шерҳо амр медиҳанд чи дарднок. Бадбахтист, ки имрўз дар ҳама гуша ва канори дунё бузинаҳо дар сари коранд ва ба шерҳо дастури амал медиҳанд. Онҳо ҳатто ба шерҳо савор мешаванд ва онҳоро мисли харон метозанд.

Шоири саршиноси мо, Бозор Собир, зиндагиро ба саҳнаи театр монанд кардааст, уи дар он ҳар фарде ниқоб дар руй мехоҳад нақше бибозад. Вале ба назари ман зиндагии имруз на театр, балки тсирк аст. Шоирону нависандагон ба ҳамон ширинкор ва ё луттиҳо табдил ёфтаанд, палангҳо гурба шудаанд ва аксари кул хазанда.

Пурсиши ман аз Шумо ин аст, ки оё шеред ва ё маймун. Оё метавон чунин андешид, ки замоне шерон сарвар хоҳанд буд ва бузинаҳо мақоми аслии худро пайдо хоҳанд кард? Пурсиши сахт. Ва бепосух. Номуайян…