Агар хануз Файзали Саидов кахрамон аст, сулх нашудааст

Толибшоҳи САЙИДЗОДА«Миллат» №34 24.08.2011 

Ин матлаб пас аз тамошои телесериали сиёсии ТВ- и Тоҷикистон бахшида ба 20- умин солгарди Истиқлол ва бо бардошт аз пешниҳоди раиси Бохтар ҷаноби Абдуалим Исмоилов дар мавриди ба Файзалӣ Саидов, қумондони Фронти халқӣ додани номи қаҳрамони миллӣ иншо шудааст.

Continue reading

Хоки Тоҷикистон сармояи бобои кист?

Нуралӣ ДАВЛАТ «Фараж» №36 07.09.2011 

Дар остонаи 20-умин солгарди истиқлолият хабари барои панҷ даҳсола тамдид кардани ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар сархати ахбори расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифт. Воқеан, ин хабар барои аксарият, ҳатто бисёре аз тахлилгарон гайриинтизор буд.

Дар барномаи сафари президенти Русия Дмитриӣ Медведев баррасии ин масъала ҳатто ворид нагардида буд Ба ҳар сурат, дар барномае, ки кабл аз мулоқот барои хабарнигорон паҳн карда буданд, ин мавзӯъ сабт наёфта буд, бинобар ин, аксарият ба ин гумон буданд, ки баҳси со сол қабл оғоз шуда, дар мавриди поӣгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, дар мулоқотҳои оянда мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Continue reading

СЕ ХАТОИ САНГАК САФАРОВ: Катли Чиёнхон, Сергей, Талаб Кузнетс ва бархам додани вилояти Кулоб

«Фараж» №34 22.08.2001 С.ХАЛИЛИЁН

Мусоҳиба  бо собиқ   командири горди миллии Кӯлоб Исмоил Иброҳимов.

   Соли   1992,   моҳи   май баъди аз маӣдонхо баргаштан  дар  вилояти  Кӯлоб  чй корхо шуд?

– Мо рӯзи 8 маӣ аз Душанбо ба Кӯлоб омадем ва 9 май дар масҷиди Мулло Ҳаӣдар Шарифзода ҷамъ шудем. Як руз пас ба ОКТ-38 омада, штаби гвардияи Кӯлобро ташкил кардом. Баъдан штабро ба бинои обкомпартия овардем. Вақто дар обкомпартия будем, Сангак манро бо ҳамроҳии Рустами Абдураҳим ба кабинеташ даъват кард ва гуфт, ки Қурбон Мирзоалиовро аз вазифа гирифтан даркор. Мо бошом, дар ҷавоб пурсидем, барои ин, чӣ кор кардан даркор? Ваӣ аввал номи раиси ноҳияи Данғара Рамазон Зарифовро гирифт. Баъд номи ҲабибуллоТабаровро гирифт, ки он вакт Табаров раисии РАЙПО-и ноҳияи Ховалингро ба ӯхда дошт. Баъд марҳум Сӯҳроб Афғонов ва Султони Чолро барои овардани Табаров ба Ховалинг фиристод. Онҳо рафта Табаровро аз Ховалинг ба штаб оварданд. Рӯзи дигар дар бинои собиқ комиҷроияи вилояти Кӯлоб ҳамаи қумакдонҳо ва мардум ҷамъ шуданд. Сангак аз ҷой хеста, ҷониби Қ.Мирзоалиев гуфт, ки:

 -Мирзоалиев! Медонӣ, ки Табаров барои ҷои туро гирифтан омадааст?»

Бо ин гуфтааш Сангах обрӯи Табаровро розонд. Маҷлисро пӯшида эълон карду ҳама баромада рафтанд.

Continue reading