Мушкили аввалиндарачаи Точикистон чист?

Ботур Косимй (Иёлоти Муттахидаи Амрико)

Хамаи мо самимона мехохем, ки Точикистони азизамон пешрафт кунад. Аммо чй сон? Садди рох чист? Мушкилихои мо халшавандаанд ё халнашаванда?

Бешак, чомеаи имрузаи мо мушкилихои зиёд дорад, ки баъзеашон вазнин ва дигарашон сабуктаранд. Албатта, ягон кор бе мушкили намешавад, вале мухим он аст, ки ба мушкилии аввалиндарача дар чомеа бояд диккати аввалиндарачаро дод ва он пеш аз хама онро баррасй ва хал кард.

Пажухишхои иктисодй ва ичтимоии охир нишон медиханд, ки фасоду ришва дар чомеаи Точикистон яке аз чунин мушкилихои асоси ва аввалиндарача ба хисоб меравад. Мохият ва зиёни фасодро инчо шарх додан зарур нест ва факат шабохате назаррас овардан мумкин, ки фасод ба мисли кирмест, ки дарахтро (давлат) мехурад, ба инкишофи он (тараккиёт) имкон намедихад, шоху меваи (чомеа) онро мепусонад ва агар он пешгирй карда нашавад тадричан худи дарахтро низ нобуд мекунад.

Биноан, агар мо нахохем, ки давлатамонро аз даст дихем бояд пеш аз хама бо фасод муборизаи шадид бибарем. Аз тарафи дигар, пушида нест, ки холо фасод махсусан дар хукумат ва идорахои он хеле зиёд шудааст ва ин бузургтарин садди рохи пешрафти кишвари мо гаштааст. Фасод бовари мардумро ба давлат ва хукумат аз байн мебарад ва дар навбати худ набуди эътимоди халк барои давлатдории мо чиддитарин хатар аст.

Хуб, фасод чизи бад аст, бахусус густариши фасод дар идорахои хукумати ва бо он бояд мубориза бурд. Хама рози, хама фахмо. Вале, чи тавр? Чи кор бояд кард?

Нахуст, барои халли хама гуна мушкил бояд сабабхои онро омухт ва донист. Ба хама фахмост, ки сабабхои асосии фасод, махсусан дар хукумат, ин паст будани маоши кормандон ва печида будани коидаву конунхо, яъне когазбозй, бюрократия аст. Маоши паст корманди давлатиро мачбур мекунад, ки барои таъмини зиндагии худ аз муштариён “хакки хизмат”, яъне ришва талаб намояд ва печида будани коидаву конунхо дар навбати худ мардумро аз когазбозихо дилгир намуда, водор месозад, ки барои барохат ва зуд хал шудани кори худ ба корманди расмй ришва пешкаш кунад. Ин сабабхо агар аз байн бурда шаванд, сатхи фасод бешак хеле паст хохад рафт ва яке аз мушкилихои рушди Точикистон бартараф ё кам карда хохад шуд.

Хуб, маоши пасти кормандонро чи гуна метавон баланд кард? Албатта, мо захирахои бучаи кишварро, ки аз он маоши кормандон пардохта мешавад, якбора бамаротиб зиёд карда наметавонем. Вале, мо метавонем, ки шумораи кормандонро кам намоем ва факат бехтаринхоро ба таври санчиш дар кор монем. Дар натича, масалан, ба чои 10 корманди бо маоши миёнаи 100 сомонй, факат 3 корманди бо маоши 333 сомонй дошта метавонем. Ин худ аллакай даромади кормандонро 3 маротиба зиёд мекунад, ки он метавонад, эхтимолан ба 3 маротиба кам кардани зарурияти ришваситонии онхо овара расонад!

Дар навбати худ доштани танхо 3 корманд ба чои 10 талаб мекунад, ки коидаву тартибот соддатар ва когазбозй (бюрократия) камтар карда шаванд. Ин холат хам кори мардумро осонтар мекунад, хам корманд маоши зиёдтар мегирад ва хам давлат сатхи сатхи фасодро поинтар меорад.

Бар замми ин, шумораи камтари кормандон таъмини лавозимоти зарурии кор ва такмили ихтисоси онхоро осонтар мекунад. Инчунин, назорат ба кори онхо, пайгирии холатхои ришваситонй ва мучозоти фасодкор сабук мешавад. Яъне, ки “Бо як тир се нишон” ва ба кавли Фирдавсии бузургвор “Дусад марди чанги бех аз сад хазор”?Магaр ин хама ба манфиати кор нест?

Хулоса, хукумати беандоза ва бехуда калон душмани худи он аст. Чунин хукумат мисли сангбардорест, ки аз меъёр зиёд вазн бардоштанй шуда, миёнашро мешиканад. Хукумати маркази агар ин маслихатро сари кор бигирад ва ичро намояд, худро аз бори гароне озод мекунад. Аввал, кормандони худро маоши баландтар медихад. Дуюм, кору зиндагии мардумро осонтар менамояд. Сеюм, сатхи фасодро паст мекунад. Чорум, обруи худро дар чомеа бехтар мегардонад. Аз ин бехтар боз чи метавонад бошад? Бинобарин, аз чаноби президент Рахмон даъват мекунам, ки масъалаи бамаротиб кам кардани шумораи кормандони идорахои хукуматхои марказй ва махаллиро дида бароянд ва як чахиши мухимеро аз микдор ба сифат анчом бидиханд. Мушкилии №1 агар хал шуд, дигар мушкилу бандхо хам ба осонй кушода хоханд шуд.

Advertisements

Дӯстон ва душманони забону хатти мо

Ариёрам

Ниёкони мо дар куҳантарин замонҳо хат надоштаанд ва онро аз бумиёне ёд гирифтанд, ки сарзаминашонро ситонда буданд. Ин воқеъияти таърихӣ дар “Шоҳнома” ҳам ёд шудааст.

Нахустин хатте ки ариёҳо худ офариданд, хатти мехӣ буд ки дар замони подшоҳии Дориюши Ҳахоманишӣ (522 – 486 пеш аз милод) сохта шуд ва ҳамроҳ бо хаттҳои эломӣ ва оромӣ яке аз се хатти расмии Ариёно буд.

Дар замони фармонравоии юнониён (330 – 250 пеш аз милод) хатти расмии Ариёно хатти юнонӣ буд ва забони балхӣ ҳам ба ҳамин хатт навишта мешуд. Ин нахустин хатти аврупоии забонҳои эронӣ аст.

Дар замони фаромнравоии Ашкониён (250 пеш аз милод — 224 милодӣ) бар Эрон хатти расмӣ хатти паҳлавӣ шуд ки ҳамчун дигар алифбоҳои куҳани забони порсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ ва балхии ғайриюнонӣ, баргирифта аз хатти идорӣ ва расмии оромии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ буд.

Хатти авестоӣ низ баргирифта аз ҳамин хатти паҳлавист ки худ баргирфта аз хатти оромӣ аст.

Дар замони фармонравоии Сосониён (224 – 651 милодӣ) бар Эрон забони идорӣ ва расмӣ, яъне забони дарӣ, забони порсӣ буд ки мо онро имрӯз порсии мёна меномем ва он яке аз забонҳои эронист ки аз порсии бостон (забони рӯзгори Ҳахоманишиён) падид омадааст ва порсии нав (ҳамоне ки мо имрӯз онро форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меномем) дунболаи он аст. Хатте ки ин забон бад-он навишта мешуд боз ҳам баргирифта аз хатти оромӣ буд ва ин хаттро имрӯз нодуруст хатти паҳлавӣ меноманд.

Ин забонҳо ки ёд кардем ҳама забони мардуме буданд ки дар сарзаминҳои ғарби Ариёно ё Эрони имрӯза мезистанд ва азбаски пойтахти ҳама подшоҳиҳои эронӣ дар сарзаминҳои куҳани эломӣ ва оромӣ ҷой дошт, хатти забонҳои расмии ин подшоҳиҳо низ аз хатти ҳамон мардуми бумӣ баргирифта мешуд.

Аз онҷо ки сарзаминҳои шарқи Ариёно ё Турон – ҳамон Суғду Балху Хоразм – низ ҳамвора ё фармонбардори шоҳони Эрон буданд ва ё ҳамеша дар густараи фарҳангии Эрон ҷой доштанд, хатти забонҳои суғдӣ, балхӣ ва хоразмӣ ҳам дар кулл аз ҳамон хатти оромӣ пайравӣ мекард.

Хатти забони порсии нав баргирифта аз хатти арабист ки боз ҳам реша дар ҳамон хатти оромӣ дорад. Пеш аз омадани арабҳо ба Тоҷикзамин мардум ба забонҳои суғдӣ, балхӣ, хоразмӣ ва сакоӣ сухан мегуфт ва менавишт (номаҳои Деваштичро ба ёд оварем) аммо забони порсиро низ медонист. Забони порсии корбурдӣ дар Тоҷикзамин яке аз муҳимтарин ниҳодҳо ва намодҳои фарҳангии тоҷикон ба шумор мерафт ва мардум барои посдошти он дар баробари забони арабӣ сахт кӯшидаанд.

Дар густариши забон ва хатти порсии нав саҳми амирони Сомонӣ басе бузург аст. Амирони Сомонӣ ба хубӣ дарёфтанд ки агар забони форсӣ пойгоҳе дар дини Ислом надошта бошад ё пайдо накунад, ба сарнавишти дигар забонҳое дучор хоҳад шуд ки гарчӣ куҳантар аз забони арабӣ буданд, рафта-рафта фаромӯш шуданд. Аз ин рӯ бо диққат ва ҳушёрии тамом дар садади касби муҷҷавизе баромаданд ки бар асоси он битавон осори муҳимми эътиқодиро ба ин забон навишт. Пас аз уламои Мовароуннаҳр хостанд ки тақозои онҳоро на ба сурати дархосте маъмулӣ ё сиёсӣ балки ба унвони зарурате динӣ баррасӣ кунанд.

Уламои Мовароуннаҳр фатво доданд ки: “Раво бошад хондану навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар-он касро ки ӯ тозӣ надонад аз қавли Худои аззаву ҷалла ки фармуд: «و ما اَرسلنا مِن رَسولٍ اِلا بِلِسانِ قـَومِه»؛ Фармуд: “Ман ҳеч пайғамбареро нафиристодам магар ба забони қавми Ӯ ва он забоне ки эшон донистанд”.

Ва дигар он бувад ки ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд, аз рӯзгори Одам то замони Исмоъили пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони заминӣ порсӣ сухан гуфтандӣ ва аввал касе ки сухан гуфт ба забони тозӣ Исмоъили пайғамбар (а) буд ва пайғамбари мо сали Аллоҳи алайҳ аз Араб берун омад ва ин Қуръон ба забони арабӣ бар Ӯ фиристоданд ва инҷо бад-ин ноҳият забон порсӣ аст ва мулукони ин ҷониб мулки Аҷаманд” (Муҳаммад бинни Ҷарири Табарӣ, “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Ҳабиб Яғмоӣ, чопи 2, Теҳрон, “Тус”. саҳ. 5).

Ин фатвои уламои Мовароуннаҳрро метавон ва бояд нахустин Қонуни забон номид.

Порсии варазрӯдӣ дар асл омехтае аз забони суғдӣ, забони порсии дарӣ, ки дунболаи паҳлавӣ ва порсии сосонӣ ба шумор меравад ва забону хатти арабист.

Аз ин ҷост, ки дар забони гуфтории тоҷикон вожаҳои суғдиву бохтариву сакоӣ бисёранд. Барои намуна номи шаҳру рустову деҳаҳои куҳанро метавон овард, ки решаашонро дар забонҳои шарқии эронӣ пайдо мекунем. Матнҳои бозмонда аз адабиёти Варазрӯд нишон медиҳад, ки ин гунаи забонӣ то садаҳои 14 – 15 м. ба шакли қавӣ ба ҳаракати худ идома додааст, аммо пас аз гирифтани Шайбониён Варазрӯдро аз оғози садаи 16 м. густасте фарҳангӣ миёни Эрон ва Варазрӯд пеш омад, ки дигаргуниҳое дар гунаи забонии Варазрӯд падид овард. Ин раванд то поёни садаи 19 м. идома дошт. Пас аз инқилоби соли 1920 дар Бухоро ва рўи кор омадани ҳукумати пантуркистӣ нахуст забони порсӣ аз низоми коргузории расмӣ дур карда шуд ва сипас дар соли 1928 милодӣ ҷои хатти форсиро лотинӣ гирифт.

Дере нагузашт ки дар соли 1940 хатти кирилики русӣ бар дўши забони форсӣ бор карда шуд. Дар солҳои 1920 – 1980 забони форсиро ончунон содда ва “гуфторӣ” карданд ки «тоҷикӣ» ном гирифт ва рафта-рафта рў ба нестӣ ниҳод.

Бархе аз тоҷикдўстон бар ин шуданд ки миллату забону фарҳанги тоҷикро аз чанги бегонагон раҳо кунанд ва дар паи муборизаи онҳо 22 июли 1989 қонуне тасвиб шуд ки забони тоҷикиро забони расмӣ эълом кард ва «Қонуни забон» ном гирифт…

Аммо ин дувумин Қонуни забон ҷавонмарг шуд.

Дар ин бора устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст ин ҷо” (Душанбе, Оли Сомон, 1997) чунин мегӯяд: «20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад».

Намояндаи халқ Шӯҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни Асосӣ калимаи «форсӣ» фурӯгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ ва забони мо тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: «Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам. Мо ба миллат ва забони худ бояд фахр кунем». Вай ва баъзе касони дигар гумон доранд ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад.

Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳон»-аш ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рӯз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.

Ҳамон рӯзи 20 июли 1994, ки порлумони Тоҷикистон аз номи забони мо – аз таъбири «забони тоҷикӣ (форсӣ)» калимаи «форсӣ»-ро берун андохт, нисбат ба забони модарӣ боз як тасмими нораво гирифт: ҳангоми баррасии матни лоиҳаи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳотеро чун додгоҳ, додгустар, додситон, раиси ҷумҳур рад карда, ба ҷои онҳо вожаҳоеро аз қабили суд, судья, адвокат, прокурор қабул намуданд. Он аъзои порлумон, ки намояндаи халқ ном дошта, вале аз андешаи миллӣ ориву барӣ буданд, ҳеҷ мулоҳиза накарданд, ки агар аз номи забони миллӣ калимаи «форсӣ»-ро кӯр кунем, агар аз дод, додхоҳ, додгоҳ, додгустар ва ғайра, аз чунин калимаҳои асили тоҷикӣ даст кашем, қисман аз асли худ даст хоҳем кашид.

Наметавонам аз чунин эзоҳе худдорӣ кунам: калимаи дод ба маънои қонун ва адолат дар Авасто ба кор рафтааст, яъне 3 ҳазор сол аст, ки дар забони мо вуҷуд дорад. Онҳое, ки дар айёми мо, дар даврони истиқлоли миллӣ онро аз Қонуни Асосӣ, аз миёни истилоҳоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоъиву сиёсии он берун андохтанд, хилофи таърихи се ҳазор сол рафтанд…

Порлумони мо аз нишони миллӣ як рамзи анъанавии маънавии мо – сурати шерро берун андохта, ба ҷои он ниҳоли пахтаро, ки ҳеҷ гоҳ ба қатори рамзҳои маънавии мардуми мо дохил нашуда буд ва аз моддиёт гирифта шудааст, дохил кард, яъне моддиётро аз маънавиёт афзалтар донист.

Ин тарз бар зидди аломатҳои миллияту маънавияти мардум овоз додани аъзои порлумон дигар мисолҳо ҳам дорад. Инҳо ҳама намунае аз миллиятзудоӣ ва маънавиятпарҳезист… Миллатҳаросӣ, миллиятпарҳезӣ ва маънавиятгурезӣ ҳама як маъно доранд, аз ҳам дур нестанд. Ҳама аз инкори арзиши фардияти инсон ва моҳияти инсонии шахс cap задаанд. Ҳама дар замони шӯравӣ аз кӯшишҳои саркӯбии миллатҳо, аз саркӯбии ҳуввиятҷӯӣ ва вежагии нотакрори ҳар шахсу ҳар ҷомеа, аз моддигароӣ ва маънавиятбезорӣ ба ҳосил омада буданд ва мероси он замонанд. Ин ҳам маълум аст, ки аксари мероси шӯравӣ зоғи бадмур аст ва заҳри он дер гоҳ аз сиришти мо нахоҳад рафт».

Устод Шакурӣ инро даҳ сол пеш навишта буд аммо барои имрўз ҳам росту дурустанд. Ҳукумати Тоҷикистон имсолро соли забони тоҷикӣ эълом карда ва барномаҳое баргузор мекунад. Бехабар аз он ки он қонунро кушта ва забонро ҳам «рузбакӣ» гардонда аст. Забоне ки имрӯз дар Тоҷикистон бад-он сухан мегӯянду расона менигоранд, сахт олуда ва носуфта аст. Забонест нимарусӣ ва нимаузбакӣ ва аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӣ» мондаву бас…

——————————-

Дар бораи дизайни хатти мо ва пайванди он ба фарханг лутфан ба ин торнигор ручуъ кунед:

http://about-some.blogspot.com/

Зернависи муносибе барои ин акси зебо

Як сомонаи интернетй ин аксро бо зернависи чолибе нашр кардааст, аммо мегуяд, барои тахайюл чойи зиёде бокист. Шумо барои ин тасвир чи зернависи муносибе пешниход мекунед? Ман хам чумлае дорам, аммо баъд аз расидани матни хамаи шумо онро нашр хохам кард. Инак, майдон аз доно!

Хар чо ки расид, пойи Махмуд…

Мусохон Мухаммадчонов, Казокистон

(Баргардон аз забони русй)

Дар намоиши «Точикони Казокистон», ки ба анчумани нахустини марказхои миллй ва фархангии точикон дар Чумхурии Казокистон (22 июли соли равон) бахшида шуда, шаби гузашта Шабакаи Якум  пахш намуд, хакикат берахмона поймол гардид. Агар паёмнигори телевизиони хусусии Асадулло Рахмонов хакикати холро нишон медод, мебоист, бахси вакилони анчуман дар бораи интихоби раёсати Созмони Точикони Казокистон ва раиси онро низ фаро мегирифт. Аммо ин намоиш намакоби болои сухта гардид.

Паёми асосй намоиши тамаллуккоронаи ин буд, ки сафири нави Точикистон дар Казокистон Бахром Холназаров, домоди бародари президенти Точикистон Нуриддин Рахмонов, ки худашро камтар аз президент намехисобад, тавонист, точиконро дар марказхои фархангй муттахид кунад ва акнун хамаи ин марказхоро дар як танзими ягона ба хам овард. Гуё хабарнигор намедонист, ки даххо маркази точикон дар Казокистон хануз пеш аз ба Вазорати умури хоричии Точикистон ба кор омадани чаноби Холназаров вучуд доштанд ва фаъол буданд.

Холназаров баракс, айнан мисли он ки Абдулмачид Достиев дар Русия точиконро ба навъи аввалу дуввум чудо кард, точикони то ин анчуман бо хам тифоку муттахидро ба гуруххо таксим намуд. Акнун дар Казокистон точикони барои сафир ва хукумат худй хастанд ва хам точикони бегона ва бесохибу бекас. Оё ба касе чунин хукук дода шудааст, ки намояндагони як миллатро ба ватани аслияшон худй ва бегона гардонад. Магар вазифаи як сафири хукумат хамин аст?

Бадбахтона, маълум мешавад, ки ин сиёсати давлати имрузаи Точикистон аст, ки миллати точикро ба навъхои пасту баланд ва худиву бегона чудо кунад. Чй тавре ки дар дохили кишвар одамон навъи гуногун доранд ва хизбхои сиёсй бо дахолати давлат ба гуруху чиноххо чудо шудаанд, акнун дасти давлати Точикистон ба хорича хам дароз шудааст ва дар хама чо бо усулхои санчидашуда точиконро ба хам мукобил мегузоранд, то хукумати худро дароз кунанд.

Холо дигар сахт аст гуфтани ин ки шиъори «Тафрика андозу хокимият рон» ба мустамликадорони ачнабй хос аст. Замоне шудааст, ки хукуматхои заьифу нотавон барои бокй мондан дар сари кудрат на ба бехбуди вазъи мардум, на ба окилу доно ва муттахиду тифок кардани халк, балки бо чудоиандозй камбудихо худро рупуш мекунанд.

То ин анчуман точикони Казокистон вакт ва хуши инро надоштанд, ки зодгохи хамдигарро бипурсанду бидонанд ва ба хамдигар на аз руи точик будан, балки аз кадом махали Точикистон будан бахо диханд. Дар анчумане, ки мебоист, махаки иттиход ва миллатдустй мешуд, махалгарой ва гурхбозй ба авчи худ расид. То ба дарачае ки точикони тахчоии Казокистон, ки садсолахо пеш дар ин чо мезистанд, ангушти хайрат газиданд.

Одатан, точикон дар берун аз марзхои Точикистон бо хам тифоку муттахиданд ва медонанд, ки дар лахзаи душвор на каси дигар, балки точики худашон метавонад, ба онхо дасти ёрмандй дароз кунад. Акнун ба шарофати сиёсати «хирадмандона» ва худбинонаи давлатмардони Точикистон ин хис аз байн меравад ва одамон ба хамдигар на аз руи точик будан, балки аз кадом махал будан муносибат мекунанд. 

Авчи тамаллук ва дуруги Шабакаи Аввал ин буд, ки дар намоиши он шахсе чашм аз замин набардошта, тутивор мегуфт, аз гамхорихои падаронаи чаноби олй миннатдор аст ва ин гамхориро дар хар кучо ки бошад, хис мекунаду медонад. Факат инро нагуфт, ки чаро аз Точикистон ба Казокистон кучидааст. Магар дар ватан мемонд ва ба чаноби олй наздиктар мебуд, гамхории он касро хубтар хис намекард?

Пеши рохи мо рушан аст ё торик?

Дусте дорам, харчанд точик нест, ошики миллати точик аст. Тамоми таърихи гузаштаи точикон ва фархангу хунари ононро ба хубй медонад ва рузаш бо охирин хабархои Точикистон сар шудаву бо тахлили дурнамои онхо ба поён мерасад. Вай хеле донишманду бозаковат аст ва дар умраш аз се кор хазар дошта – харгиз дуруг нагуфтааст, машруб нахурдааст ва зино накардааст.

Ман уро Хазрати Пешбин лакаб мондаам, зеро бисёр чизхоро пеш аз дигарон мебинад ва хамчунин пеш, яънеро ояндаро тахмин зада метавонад. Хануз надидаам, ки ягон ояндабинии у нодуруст баромада бошад.

Дар соли 1992, дар бухбухаи чанги Точикистон аз у пурсидам, пешро чигуна мебинад. Гуфт, рушан. Бовар накардам, зеро низоъи точикон хатари инро ба вучуд оварда буд, ки кишвар тиккау пора шавад ва аз байн биравад. Имруз мебинам, ки рушан гуфтани у бесабаб набудааст.

Дар соли 2006 аз у пурсидам, пешро барои Точикистон чигуна мебинад. Гуфт: Торик. Дилам тах нишаст. Магар хама чиз хуб ва ру ба рох нест? Хаст, аммо ман дар пеш торикй мебинам, гуфт дустам.

Дишаб телефонй дурудароз бо хам харф задем. Пули телефони ман тамом шуду бахс нотамом монд. Зеро у акнун мегуфт, ки пеш на танхо торик аст, балки он кадар тирааст, кас рохеро намебинад. На танхо торик аст, балки сарду харосангез аст ва буйи баде аз ин торикй ба машом мерасад.

Далелхо гузоштам, ки на хама чиз бад аст, кабул накард. Баъд пули телефонам тамом шуд. Ва баъдаш вай дигар гуширо намебардошт.

Чаро дили ман аз Рахмон сард шуд?

Бахроми Одина

Асли ман аз вилояти собики Кулоб аст. Ман барои президент Эмомалй Рахмон ба гуфти завчаам «тёр будам, ки худма бикушам», аммо акнун уро чашми дидан надорам ва акнун вакте вай дар телевизор пайдо мешавад, кудаконам бе ягон гап зуд мераванду онро хомуш мекунанд, зеро муносибати маро медонанд. Бисёр касон аз чунин бакуллй дигаргун шудани ман изхори хайрат мекунанд, лекин ман медонам, ки ин тагйир бехуда ва беасос нест ва шояд на танхо ба ман, балки ба садхо, хазорон нафари дигар низ хос аст.

То ба сари кудрат омадани хукумати, ба истилох «конститутсионй» ман хамакораи бекоре будам ва дар соли 1993 тавонистам, мансаби хуберо дар Вазорати кишоварзй ба даст орам. Ин мансаб каме пули дастичапй дошт, вале барои ман мухим ин буд, ки дар пешрафти мамлакати худам сахм бигирам. Барои ин сари китобу дафтар нишастам ва то тавонистам, аз ину он вазъи кишоварзии Точикистону роххои пешрафти онро омухтам ва Худо шохид, дилу нийятам пок буд ва танхо ин буд, ки дасту остин барзада барои халки худам аз тахти дил кор кунам. Дар ин самт суханхои президенти кишвар Эмомалй Рахмон бароям илхомбахш ва намуна буданд.

Дар давоми солхо, вакте ки чукуртар ба корубор шинос шудам, дидам, ки хама ба дуздию гургй машгуланд ва натичаи баднафсии онхо ин шудааст, ки сохаи кишоварзй дар мамлакат тамоман касод шуд. Зохиран замин ба дехконон дода шуд, дар амал спонсорхо хам дехкон, хам хукуматро фиреб дода, пахтаи онхоро бепул мегиранд, ба нархи баланд дар хорича мефурушанд ва ба чои ин ки ба дехкони бечора ним тангае бидиханд, баракс онро аз худ боз садхо хазор доллар карздор мекунанд. Ин кор дар холе мешавад, ки одамони пулдор, раисону бригадирхои фасодзада ва аслан хатто ашхоси тасодуфй моликияти тайи дахсолахо чамъомадаи колхозу совхозхоро бо роххои харом моли худ карда, миллионхо нафарро, ки дар бунёд кардани ин моликият сахм доштанд, аз хама гуна хукук махрум карда буданд.

Ба болои ин мансабхои идорй фурухта мешуданд ва агар касе 200 000 доллар дода, раиси нохия шудааст, мебоист, дар ду ё се сол 600 000 доллар чамъ оварда, ба мансаби дигар мегузашт. Ин маблагро раиси нохия аз кучо чамъ карда метавонист вакте ки дар дехоти Точикистон корхонахои калон нест ва ончи буд, горат шудаву аз кор афтода. Маълум, ки аз араки чабини дехкони бечора. Кишоварзон хатто барои он ки дар замини худ кор кунанд, бояд пора диханд. Ин фишори азими фасод низ кишоварзии мамлакатро аз дарун вайрону валангор кард.

Вале ман рухафтода намешудам ва шабу руз кор мекардам. Обруи Кулоби азизам, президенти азизам ва мамлакати азизам дар миён буду намегузошт, барои ин чизхо гам нахурам ва парво накунам. Ман фикр мекардам, президент аз ин ходисахо хабар надорад ва афроди баднафси мансабдор ба чунин худсарихо рох медиханд. Чанд соли дигар гузашту фахмидам, ки пули араки чабини дехкони бечора то болотарин кабинетхои хукумат мерасидааст ва на мансабдорони алохида, балки системае гунахкор аст, ки чунин холатро ба вучуд овардааст ва ба гушам мерасид, ки президент хам дар ин сохтани ин система даст дорад.

Зимистони солхои 2007-2008 ихлоси на танхо дигарон аз Рахмон гашт, балки ихлоси мане низ, ки хамаи умр аз тарафдорони сарсахташ будам. Дакикан ходиса чунин ба амал омад. Дар мохи феврал чамъомаде бахшида ба иди коркунони сохаи аграрй барпо шуд. Маро низ катори дигарон ба чашн дар Кохи Борбад даъват карданд. Омадам, ки толор бисёр сард аст, харчанд плитахои баркй мондаанд, нуги ангуштони дасту пойи одам ях мекард. Вале намемонданд, ки бо палто дарой, бояд аз руи коида, форма иборат аз шиму кастюму галстук дошта бошй. Маро дар катори 23 нишонданд ва барномаи чашн ингуна буд, ки дар ним соати аввал мебоист президент суханронй мекард, баъдаш 4-5 нафар аз номи кишоварзон ба муддари то 15 дакикагй, пасон чамъбасти чаласа ва кабули мурочиатномаи кишоварзон бо зикри мушкилоти онхо то 20 дакикаи дигар ва дар охир ду соат консерти идона — чамъулчамъ чаласаи идона бояд 5 соат давом мекард. 

Президент 34 дакика дер омад. Дар танаффус шунидам, ки гуё дар вакташ омада буд, аммо дар долон, дар намоишгохи дастовардхои хочагии кишлоки Точикистон каме бештар таваккуф кард ва сипас дар кадом кабинет чанд пиёла арак нушид, ба хамин сабаб дер омадааст. Вай оруг дода, ба минбар баромад ва на аз руи когаз, балки озод сухан кардан гирифт. Сухани кучагй ва берабту назм. Дар ёдам мондааст, ки собик раиси порлумон Сафаралй Рачабовро ном гирифт ва ба худаш, ки дар толор нишаста буд, ишора кард гуфт, ки шумо ширу гушт мегуед, мана, масалан, Рачабов ба Душанбе ба кор омад ва говашро хам овард. Холо хамаи махсулот аз худаш мебарояд. Як руз шухй кардем, ки як курутов намешава, моро даъват кард. Хай ругана мерехту мерехт, мо пурсидем, аз руган бой хастй, гуфт, гови худаш, шир аз худаш, руган хам…

Худо бигираша, чанд бор курутов карду баъд бас кард. Сабаб доштай, шунидем, ки говаш мурдай. Ба хамин шакл рахбари давлат бо чанд хазор корманди сохаи кишоварзй, ки Кохи Борбадро пур карда буданд, гап мефурухт. Ин аввалин сонияе буд, ки ман дар у шак овардам. Наход сардори давлат дар бораи мушкилоти соха хамин хел сухан кунад? Хар кадар ки бештар гап мезад, суханаш хамин кадар бемаззатар ва беадабонатар мешуд. Ба хамин шакл ба чои ним соат 2 соати расо гап зад ва дар охир гуфт, ки ба фикраш басай. Сипас рафту дар президиум нишаст. Раиси чаласа Окил Гайбуллоев хайрон монд, чй кор кунад, зеро регламент кайхо хоку туроб шуда буд. Вай хамчун ягона илоч аз суханронии кишоварзон даст кашид ва эълон кард, ки «мо ин чо як мурочиатнома тайёр кардаем ва мехохем онро хонда, ба овоз монем.» Рахмон ба тарафи у тег кашида, гуфт, «мурочиатнома ба кй? Ба ман ки бошад, ман худам дар хамин чоям, ягон хел мурочиатнома даркор нест, бас кунед, хамин корхои кухнаро. Мурочиатнома ба кй даркор?..»

Ин суханон Гайбуллоевро музтар карданд ва вай мачбур шуд 15 дакика танаффус эълон кунад. Мардум ба берун шитофтанд ва азбаски аз хунукии толору суханхои берабт хаставу дилмонда шуда буданд, ба хар тараф пароканда шуда, аз назди Кохи Борбад дур шудан гирифтанд. Чанде аз масъулон худро ба хар тараф зада, кушиш мекарданд, одамонро баргардонанд ва хатто одамони кучаро аз дасту китфашон гирифта, ба тарафи кох мебурданд, ки нараванд.

Ману як хамкорам хам фикри рафтанро доштем, ки як шиносамонро дидем, ба намоишгохи чаласа хар хел чизхо оварда буд, моро даъват карда, як обу ноне дод, шикамхоро сер кардем ва фикр кардем, консертро хам тамошо кунем, махсусан ки ба мо гуфтанд, президент хам консертро тамошо мекунад. Вакте ки ба толор баргаштем, хамагй 40-50 нафар монда буд ва аз мо хостанд, дар каторхои пеш биншинем. Дар натича ман се курсй баъди президент Рахмон нишастам ва шохиди бисёр чизхои дигар шудам, ки дили маро аз у бакуллй сард кард.

Мунира ном баранда ба сахна баромад ва хануз салому табрикашро нагуфта буд, ки президент тарафаш дод зад, «бху ку кихоянд дар кансерт!» Баранда хабари зиёде надошт, аммо когазхояшро тахуру кардан гирифт, то номи хунармандони консертро бигуяд, Рахмон бетокатй карда, «Парда хастай» гуфт. Мунира аз сахна чавоб дод, ки «Ха, Парда Косимович хастанд.» «Бгуш, ки соз бхона, набоша, кавраша меканум,» – гуфт президент.

Дар чои дигари консерт, вакте хонанда Бобочон Азизов ва бародараш мехонданд, президент хеле бетокатй кард ва маълум буд, ки аз сару либоси Азизов хушаш наомада буд. Вай аз чои нишасташ Азизовро ба назди худ даъват кард. Овозхон хайрон шуд, зеро дар холи таронахонй буд. Бо нуги ангушташ ба сари синаи худ ишора кард, ки «маро мегуед ё каси дигарро?» Рахмон бо овози баланд гуфт, туро мегуям, дигар киро? Вакте Азизов назди катори аввал омад, маьлум шуд, ки садои вай аз фонограмма мерафтааст, зеро суруд давом дошт. «Ин чй ахвол аст?» суол кард президент ва сипас Убайдуллоевро ба наздаш даъват кард ва дастур дод, ки се чуфтй шиму кастум ба ин хонанда диханд ва ташкил кунанд, ки пул кор кунаду зиндагияшро нагз кунад. Убайдуллоев гуфт, хамаашро мекунад ва аз президент хохиш кард, чаноби олй осуда бошанд. Вай хар сари чанд вакт назди президент меомад ва кушиш мекард, уро ором намояд.

Дар чанд чойи консерт, президент онхоеро, ки дар наздикаш нишаста буданд, аз китф мегирифт ва дод мезад: «Бхе, як ракс бикун!» Хама худро ба канор мекашид ва рад мекард ва хатто Козидавлат Коимдодов, ки ду курсй аз президент дуртар шишта буд, бо норозигй ба ин даьват чавоб дод.

Нихоят Парда Косим баромад ва баробари руи сахна омадани вай президент фигон кашид: «Мапарон абру!» Аммо Парда ин бор суруди дигареро хонд, ки тамоман ба табъи раисичумхур нафорид. Вай батакрор такозо кард, ки «абру» хонда шавад. Маълум шуд, Парда хам бо фонограмма мехондааст, зеро вакте мачбур шуд барои президент «Абру»-ро бихонад, хама диданд, ки асбобхои мусикй чур набуданд ва доира хам аз хунукй садои хуб надошт. Хамин ки «Абру» сар шуд, президент хест ва дастонашро ду тараф монанди болхои укоб пахн карда, ба раксидан даромад. Ман медидам, ки аслан хушёр нест. Шиносам, ки дар танаффус моро бо гушти мург ва нон зиёфат дода буд, гуфт, баъди араки бисёр уро дар пеши минбар дар холе нигох доштанд, ки дар зери минбар плитаи баркй гузошта буданд ва вай метафсид. Арак ва гармй кори уро карда буданд.

Хулоса, ин чо буд, ки дигар токати ман ток шуд ва бархоста, толорро тарк кардам. То хонаамо, дар гушаи дигари шахр пиёда омадам ва харчанд аз кадам задан гарм мешудам, дарунам ях баста буд ва аз чашмонам ашки шашкатор мешорид. Ман фикр мекардам, ки чаро такдири як мамлакат ва ин кадар мардум дар дасти касест, ки чунин ахволеро дорад.

Ба хона омадам ва ба завчаам гуфтам, бояд кудаконро бигирему ба ягон мулки дигар равем. Пурсид, боз чй шудааст? Гуфтам, ин мамлакат бо ин сарвараш ояндае надорад. Хайрон шуд, ки ту барои ин президент худкушй мекардй, чй шуд, ба ин фикр омадй. Ба вай хикоятро гуфтам, аммо дарде ки дар дилам мондааст, ногуфтанист. Холо барои он ин фикрхои худро ба шумо навиштам, ки баъд аз ин кадар вакт мебинам, одамони мисли ман хазорон бор зиёдтару зиёдтар мешаванд. Мехохам, фахмам, ки ман хато кардаам ё дуруст.

ГАРАЗ, КИНА, АДОВАТ…

Дуруд бар Точвар ва Рустам Субхонии гиромй. Ин парешонгуфтори маро, ки бароятон мефиристам, агар метавонед, интишор кунед.

Вакте ба ин се калима меандешам, як навиштаи Рахими Мусулмониён, ки холо дар кучахои гарибии Эрон ба сар мебарад, ба ёдам мерасад: “агар душман набошад, форигбол мешавем ва форигболй марг аст”. Фикр мекунам, ин ҷо оқои Мусулмониён рақобатро ҳам дар назар дорад, ки дар натиҷаи солим будани он мумкин аст, одам ба пешрафтхо ноил шавад. Аммо, дарего, ин мавзӯъи бахси мо нест.

Холо адоват ва душманй миёни точикон авч гирифтааст. Хатто дар Русия хам, ки сарзамини бобоии мо нест, точикон миёни хам душманй мекунанд. Мо бо ду дасти адаб барои хамшахриёни худ, хаммиллатони худ чох меканем ва бо ду дасти адаб ба чох тела медихем. Решаи хамаи ин душманихо гараз аст, кина аст, адоват аст. Мо аз хам гуиё интиком мегирем. Вале, бадбахтона, ин интикоми мо гохо ночавонмардона сурат мегирад.

Ва ин мараз дар баробари махалгарой, ба нашрияхои махаллии Точикистон хам, ки шуморашон хамагй хафт ё хаштост, асар кардааст. Хар матлабе, ки менависанд, ба дунболаш гараз доира менавозаду адоват рубоб ва кина каф мекубад.

Акнун на факат пайвандхои хаммиллатй гусаста мешаванд, балки ойинхои хамрайъии хамкасбон низ шикаста шуданд.

Ин хафта нашрияи “Нигох” аризаи даъвогии собик хамкори Радиои Озодй Сайёфи Мизробро, ки аз руйи барномахои ин радио ба додгох шикоят бурдааст, хабаре навиштааст. Ин хабар саропо якчонибааст. Чумлаи аввали он ки бо ибораи “журналисти маъруф” шуруъ мешавад, албатта, вуҷуди маро намесузонад, аммо аз руйи одоби журналистй нест. Ба ин маънй, «Нигох» гувохй медихад, ки таблиггари акидахои зидди Радиои Озодист. Ин як зарра кина дар дили муассиси он то хануз бокй мондааст. То чое огахй дорам, муассиси «Нигох» ба далели он ки як хабарнигори он замоне барои Озодй мекард, дигар бо радиои Озодй сухбат намекунад. Пас, маълум мешавад, ки ин як зарра кина то хануз дар дили у бокист ва у хамин тавр “касос” мегирад.

Чизи чолиби дигар ин аст, ки ин дафъа даъвои Сайёфи Мизроб руйи пурсишномахои Радиои Озоди сурат гирифтаанд. Вале танхо баъд аз як сол. Баъд аз як соле, ки ин пурсишнома дар сайти Радиои Озоди нашр шуд ва ду маротиба нашрияи расмии “Чумхурият” он ва муаллифи онро “сиёх” кард. Ин мисли ин аст, ки Сайёф дигар ба стейж баромадааст ва бояд ба хар навъ бираксад. Ва у дигар наметавонад, ки ором бимонад ва панча ба хар барномахои Радиои Озодӣ мезанад, то кутохие дар он пайдо бикунад. Ин хам мояи гараз, кина ва адоват аст, на чизе бештар аз он. Аз руйи хамкасби худ ба додситон ариза навиштан монанди хампешаи худро ба КГБ фурухтан аст. Чун максад ин чо на ислохи кори хамкасб аст, балки сиёх кардани у. Гараз холо тинати туро месузонад. Гараз хоби туро харом кардааст…

Кина интихобист. Ба тарафи шахс ё шахсони муайян нигаронида мешавад. Кина одамонро ба худию бегона таксим мекунад ва ба дунболаш хазор бадбахтй меорад. Ин бадбахтиро мешавад баъд аз чанд соли дигар фахмид. Вале он вакт тибки як масали точикй “мушти баъд аз чангро бар сари худат куб!”

Чаро мо барои хамдигар гараз дошта бошем? Ханузам шимолй будани баъзехо, чигари баъзе чанубихоро реза-реза мекунад ва баракс. Мо хамаги хафт милюн нафарем. Бадбахтии мо дар он аст, ки ба хамдигар наздикем ва аз руйи лахчаву симо якдигарро зуд мешиносем. Аз ин ру, барои мо сахл аст, ки ба хамдигар чи гуна ва бо чи рохе пешпо дихем. Ин хама кинаандузии мо дар замонест, ки косаи сабри мо аз ваъдахои раисчумхурй ва бебаркиву беобй ва бегазй пур шудааст. Кимматй хар руз ба суи мо тахдид мекунад. Офтоби сузони тобистон заминхои гандуми моро месузонад. Ин мушкил хотироти моро мушавваш намесозад. Аммо мо хануз сари худро бо ин мавзуъ гич мекунем, ки чй тавр пешрафти фалониро боздорем ва касеро аз муваффакияташ махрум намоем? Мо ба чойи он ки роххои дигари пешрафти худро биёбем, хатман каси пешрафтаро пешпо медихем.

Бубинед, кушодани силсилафурушгоххои Орима дар маркази Душанбе ду сол пеш дар хотири хич кадоме аз мо набуд. Зеро барои мо фарк надошт, ки маводи гизоиро аз Орима мехарем, ё бозори Шомансур ва ё аз бозори Баракат ё аз Саховат. Вале одамоне пайдо шуданд, ки мехостанд барои мо шароити хубу боэътимоди хариди молро нишон диханд. Онхо силсилафуршгохи Оримаро боз карданд. Вакте дидем, ки мардум пайваста аз он харидорй мекунанд ва ба махсулоташ бовар доранд, сохиби ин силсилфурушгоххоро ба зиндон кашидем. Аммо як бор фикр накардем, ки бо ин шеваи кори худ, дили сармоягузорон ба кишварро сард месозем.

Бовар кунед, ханузам дили мо барои ин се вожаи Гараз, Кина ва Адоват дук- дук мезанад. Мо барои он муваффак намешавем, ки замирамон пок нест. Ин се калима дар дили мо солҳост, ки чой дорад ва мисли кирме вичдони моро хурдааст, обруямонро бурдааст ва ин кадар пасту касиф кардааст.

Мо шабхо дар пайи фикри пулу мол ин се калимаро дар вучудамон парвариш мекунем. Мо охири охирон дар пойи ин се калима чон медихем, нафахмида, ки барои чй ба дунё омада будем.