Дилам ба Бадахшонам месузад…

Зухро Неккадамова

Бародари азиз Точвар. Хабархои марбут ба гирдихамой дар Хоруг маро сахт ба нигаронй овардаанд. Аз худованди мутаол талаб дорам, ба сари мардуми мо бадбахтии наве раво надорад. Дур аз ватан шадидан дар ёду гами ватани азиз хастам ва ин кадар дар хиссиёту фикрхои худ гир афтодааму, ки намедонам, чи фикр кунам ва чи кор кунам.

Аз як тараф шадидан норозиям, ки мардуми мо ба майдон баромад ва гирдихамой карданд. Дар хакикат метарсам, ки ин хукумати золим ба мардуми худ хама гуна бадиро раво мебинад. Онхо бо амали гузаштаашон гуфтанд, ки бинед, мо ба мардуми худ дар Кулоб рахм намекунем, ба дигарон рахм мекунем? Вале аз тарафи дигар ман онхоро хеле хуб мефахмам, ки мачбур шудаанд, ин корро бикунанд. Ман хам дар Хоруг мебудам, дар сафи пеши мардум меистодам, зеро кушунхоро ба Хоруг овардани онхо бе максад нест. Ин кор факат як максад дорад, бо бахонаи дастгир кардани кочокбарони героин ба халки мо хучум мекунанд, одамонро мекушанд ва максад факат як чиз аст, алави чашми халкро гирфтан.

Дар 17 соли хокимияташон онхо ин кадар халкро сарпасту гулом карданд, ки дигар дар чашмони мардум ягон алаву оташ хам намондааст акнун мехоханд, хамон охирон одамони таслимнашавандаро кир кунанд.

Ман дар Хоруг мебудам, дар сафхои пеш меистодам ва намегузоштам, ки навчавонони моро нест кунанд. Ман дигар аз зиндагй хамин кадар сер шудаам, ки хаёти худам дар пеши назарам намоён намешавад, лекин ба навчавонон дилам месузад. Хукумати Точикистон бо ин корхояш худашро дар як тараф мегузораду халкхоро дар тарафи дигар.

Вале ба фикри ман рахбарони митинг дар Хоруг галат карданд, ки ба гапи онхо розй шуданд. Аз онхо ба гайр аз фиребу найранг хеч чизи дигар намебарояд. Бисёру бисёр метарсам, ки ба мардуми мо чи мешавад ва дилам ба Бадахшонам месузад.

15 Responses

  1. Зухрои азиз.

    Дили хамаи мо ба Бадахшон ва хамаи Точикистон месузад. Аммо имруз махсусан барои Бадахшон.

    Имруз ман хам бадахшиям. Хамаи мо бадахшием!

    Ба умеди сулҳ, вале бо орзуи сарбаландй!

  2. Khudoyo, mardum,

    Shumo ba nomi Hukumat ba andoza nafrat dored, ki agar shytaon mukobilash biistad, onro dastgiri khohed kard? baroi misol shayton guftam.

    On Suhrobu on Mamadbokiru digaru digarho kochokbare besh nestand va imruz az shkurai khud tarsida, mardumi nodonro sipari khud karor dodan mekhohand.

    Albatta, in hukumatdoron niz hama gurg hastand, vale onhoyero, ki mardumi befahm az pasash khestaast, niz az inho behtar nestand. Agar hamin ruz hukumatro ba dastashon dihed, az in badtar mekunand.

    Zamone in mardum az pasi Ghaffor Sedoyu Yokub Salimu Sangaku Kori kim-kivi Domullo kim-ki khesta ba chi rasid?

    Khonum Zuhro!

    Ba joi in harfho agar ba on navjavonon dar mavridi chi guna roh yoftan ba donishgohhhoi khoriji kumak mekarded, oyo behtar nest? Mardum, bo Kalashnikov hukumati khubtar ba dast ovarda nameshavad, har hukumate ki bo jang va yo kudato sari kudrat oyad, az peshtara badtar khohad bud, ki nektar na. Misolash Georgia va KYG.

  3. Хохари мо Зухро ду нуктаи чолибро зикр мекунад. Аввал ин ки хукумат худро аз мардуми худ чудо медонад. Далоили бештар ин фикри Зухро бонуро тасдик мекунад. Пас Фолловер дуруст дарёфтааст, ки холо агар шайтон дар мукобили ин хукумат биистад, мардуми бачонрасида ва бегона ба ин хукумат аз шайтон химоят хоханд кард. Ва ин айби мардум не, айби хукумат хохад буд.

    Дигар, ин на мардум аст, ки бо калашников ба хукумат дарафтодааст, балки хукумат ба Бадахшон ниру фиристодааст, то чашми мардумро битарсонад. Ишора ба ин аст, ки хукумат то рафт ба хунтаи харбй табдил меёбад ва мардум ба дастаи гулому бардагон.

    Бо ин ду бозигар, ки хеч кудом ба кавонини мутамаддине койил нест, Фолловер дуруст мегуяд, ки кор ба самти кудато майл мегирад.

  4. Dear brother Tojvar. The news connected to the gathering in Khorog makes me very nervous. From the dear Lord I beg that he not bring more misfortune on our people. Far from my homeland, I am lost in memories and sorrow, and am so caught up in feelings and thoughts that I don’t know what to think or what to do.

    On the one hand, I very unhappy that our people have started protesting. In fact, I am afraid that this tyrannical government will allow itself to do all sorts of evil to its own people. They said, with their former act [the raid in Kulob], “You see, we don’t even have mercy on our own people in Kulob–do you think we’ll have mercy on others?” But on the other hand, I understand them well–they were forced to do what they did. I was also in Khorog, I stood in the front row, because their bringing their armies to Khorog has a specific goal. This business has only one goal. On the pretense of seizing heroin traffickers, they are attacking our people. They kill people and their only goal is to put out the spark in the eye of the people.

    In the seventeen years of their rule, they have made the people enslaved and reduced so much that there isn’t any spark or flame left in peoples’ eyes. Now they want to screw, finally, anyone left that hasn’t submitted.

    I was in Khorog, and I stood in the front row, and I didn’t let them destroy our boys. Now I’ve lived so much that my life doesn’t appear before my eyes–but my heart aches for our young people. The Tajik government, with its actions, is putting itself on one path, and its people on another path.

    But, to my mind, the leaders of the meeting in Khorog made a mistake in believing the government. Nothing will come from them but lies and dirty tricks. I am very, very afraid what will happen, and my heart aches for Badakhshan.

  5. Хоҳари азиз, Зуҳробону!
    Агар дили ту ба Бадахшон месузад, пас оини ватандорй дар қалб дорй, самимона ба ту «ҳасад» мебарам. Зинда бошй, хоҳарам. Агар ту мебудй, пеши саф меистодй, агар ту мебудй ва агар ту мебудй, агар ту… Ва агар мисли ту на фақат хоҳарон, балки бародарони дигар низ мепайвастанд, агар мепайвастанд, агар мардона мепайвастанд… Кош…
    Обод бошй, Томирисаи асри 21. Қанд зан, ба волидайнат раҳмат, ки дар ботини ниҳолаки меҳри ватанро нумуъ бахшидаанд.
    Дили ман ба Бадахшони азизам, мегиряд, аммо ифтихор дорам, ки Точикистон Бадахшон гуфтанй нуқтаи мардона низ дорад. Хоруғ гуфтанй минтақае дорад, ки дар роҳи ОЗОДӢ нахустқадами хешро гузошт.
    Дили ман ба ҳоли Точикистон-модари азизам месузад, дилам ба ҳолаш мегиряд, ки бозичаи дасти як ду фирқаи ноаҳл аст.
    Зиҳй Бадахшон.

  6. Хохарону бародарони фарзона,

    Як чизи дигарро хам бояд ба назар гирифт, ки Бадахшон як нуктаи нозук ва хассоси ватани мо низ мебошад.

    Мардуми бостонии ин диёр аз мазхаби исмоилия пайравй мекунанд ва дар ин чо забонхои бадахшонй роичанд, ки харчанд решахои забони форсии точикии имрузаанд, аз гуиши бахшхои дигари мамлакат фарк мекунанд.

    Ба ин сабаб, мардуми Бадахшон аз бакия мардуми кишвар тафовутхо доранд. Табъан дар чунин холат ва бо бархурди бегонавори ин хукумати ношуд онхоро хисси бегонагй фаро гирифта метавонад, ки метавонад, хама гуна вазъиятро ба самти нодурусте барад.

    Аз ин ру бояд хукумат, мардуми Бадахшон ва хамаи мо бояд дар ин маврид хеле боэхтиёт сухбат ва рафтор бикунем, то

    сарбаланд бимонем!

  7. Набояд, мо митинг кунем! Набояд Эмомалиро бад гуем! Набояд ба мукобили ин хукумату система киём намоем!
    Монед! Хуранд! Маканд! Шояд рузе сер шуда кафанд!!!

  8. […] leading Tajik-language blog, Andesha, has an interesting guest post about the recent protest in Khorog. Scroll down the comments section for an English […]

  9. Ба назари ман низ масъалаи Бадахшон хассос аст. Агар хар ташаббусе ки сар мезанад, бояд аз Душанбе шуруъ шавад, на аз Хоруг ё кадом минтакаи дигари кишвар.

    Чаро душанбегихо гуломвор сукут меварзанду дигарон бояд даст ба эътироз зананд?

  10. Хохари азиз Зухро.! Агар шумо дар Хоруг мебудед дар сафи пеш меистодед.Мутаасифона шумо дар Хоруг нестед ва якин зиндагии хубтареро дар кучое интихоб кардаед.Пас бимонед мо ,ки дар Бадахшон умр ба сар мебарем ва тамоми ходисахо аз пеши назари мо мегузаранд харф бизанем ва хакикатро бигуем. Чавонони азизи моро на Хукумат, балки бархе аз бародарони мо барои худ хамчун сипар истифода бурда истодаанд.
    Ва мардуми Кулобу Сугду Бадашон як хастанд, Ва ахсан ба бародари Рустам, ки хассосияти масъалаи Бадахшонро хис карда харф задааст.
    Биеед масъалахои авбошию озодпарастиро фарк бикунем. Ва биед дарк кунем,ки мардуми Бадахшон ва Хукумати Бадахшон як бародаранд,ки имруз забони якдигарро гум кардаанд. Ва агар Шумо хакикатан хам Бадахшони хастед ва дилатон ба Бадахшони азизам месузад, пас дар пеши вичдонатон бояд икрор шавед,ки имруз хар як хукуматдори Бадахшон дар талоши осоишии Бадахшон аст. Ва агар шумо бадахшонии бозорнишинро аз бадахшонии дар хукумат истода чудо бикунед, хатогии махз мекунед. Оне ,ки дар сари мизи давлат нишастааст, писари , е шавхари ,е бародари хонуме хаст,ки дар бозор нишастааст.
    Ва агар занони Бадахшон садо медоштанд, якин хамчун шумо дар сафи пеш меистоданд, лекин аз тарафи дигари майдон, то бародарони худ, мардони ба чону дил баробари худро аз хатогии бародаркуши дур бикунанд.
    Хеч кас нагуфтааст,ки хукуматдорон бе айбанд, вале авбоши хам пур айб аст. Кочокфуруши хам пур айб аст, силохбадасти хам гунох аст. Ва замоне, солхои 94-95 ки силохбадастон ба хонаи бародари бадахшонии худ дар Хоруг даромада бо маска дар руй аз бечорае пул меситонданд ,хохари Зухро мумкин бехабар буд,ки барои дифои он чафодидагон милисионерхои чавон чон супориданд. Ва пас аз он ” маскапушон” гум шуданд. Пас мехохед, ба даврае,ки хар як авбош шох буд баргардем?
    90 фоизи мардуми Бадахшон имруз ба мукобили гирдихамои хастанд. Муттасифона онхо хомушанд ва метарсанд,ки садо бароранд. Метарсанд аз авбошоне,ки ярок доранд.Ва ман хайронам ,чаро Шумо фикр мекунед,ки дар Бадахшон факат конуншикани аз тарафи Хукуматдорон хаст?
    Фикр намекунед,ки конуншиканон волоияти конунро намехоханд? Конуншиканон аз хар ду тараф зиеданд. Ва мо бошандагони Бадахшон кур хам нестем,ки моро фиреб бикунанд.
    Ва он кадаре ,ки Президинтро хакорат накунед, у барои мардуми Бадахшон хизмати зиеде кард. Баъди асрхои аср Бадахшони ба дидори мавлояш расид, ва дар ин хохед нахохед самари Президент калон аст.
    Агар митингчиени имруза хакикатан хам ватанпарвар мебуданд, бо конуншикани мубориза мебурданд, якин ман тарафдори хонум Зухро мебудам. Аммо афсус, ин афсонахо барои онхое ,ки дур аз Бадхшонанд ва ба сафсатахо бовари доранд.
    Дилам ба холи Бадахшони азизам , ба холи Точикистони азизам месузад. Дилам ба холи афсари точик,ки мачбур аст имруз дар сафи пеш истад месузад, дилам ба холи бародарони рахгумкардаам , ки бар сари худ санг мезананд ва панча бар шамшер мезананд месузад.

    Ва аз худованди бузург ин шабу руз илтичо дорам,ки рахгумкардагонро ба рахи рост оварад, ва чашми «нобиноенро» кушояд. Омин!!!!

  11. Khele ham haros doram, ki zeri in kosa sirre digar nuhuftaast. Hukumat niz hassosiyati mavzu’ro dark mekunad, va az in ru ba ikdomhoi sare’ dast nazada istodaast.

    Mavzu’i mitingro bubined. Armiyaro charo in jo ovardaand? O ba khoki begona nadarovardaand ku? Armiya – armiyai TJK ast, va badakhshon juzvi TJK!

    Dar zohir ba nazar merasad, ki chand kochokbar bo ehsosoti mardum bozi karda, onhoro baroi himoyai khesh ba maydon mebarorand, vale dar asl in jo chi sirri digar hast. Metarsam, ki kadom tarhi durudaroz matrah gardida aknun active shudaast. Fikr mekunam, hamagi pay burdem, ki harf sari chi meravad.

  12. Follower – и азиз,

    Чаро аз худ суъол намекунем, ки барои чй ба ин ё он минтакаи кишвар бояд артиш фиристода шавад? Дар Кулоб хам на ба неруи махаллй, балки ба кувваи марказ такия карданд. Айни ходиса дар Исфара низ ба амал омад. Ба хотир оварем ходисаи Раштро. Ин хама чй маънй дорад?

    Макиавеллй менависад, барои хукумати мувочех ба бухрон чангхои хурди пирӯзмандона зарур аст, то эътибор ва таъсири худро баркарор кунанд.

    Метарсам, тархе ки мегуй хамин бошад.

  13. Дар кишвари дорои хукумати конунманд мардуми одй артишро такрибан намебинанд. Артиш барои дифоъ аз кишвар аст, на барои харос додан ба мардуме, ки дар хонаи худ ба сар мебаранд. Агар давлат хадафе равшан дорад, бояд онро пеш аз иртикоби ин галат эълом мекард, то шоеъотеро барнаангезад. Хукумате инсонй аз хирад кор мегирад, на аз зур.

  14. Зухро!!!! Сахт хато мекуни! Хукумат мукобили чанд авбоши харомзодае ончост, он бандитхо хуни мардуми Бадахшонро мемакиданд то имруз, чаро чинояткореро бояд мо чонибдори созем? Мухаддирфуруши ва силохдори барои чи ба касе бояд ичозат дода мешудаст? Чинояткор бояд чазо бубинад! Дар сафи аввал ба чонибдории чинояткорон агар истодании, пас ту хам аз он чинояткорон тафовуте надори! Шарм бидор!

  15. Вот и август наступил и все слова Зухро потвердились !!! Ва Зухро дар сафи пеши занони Хоруг буд. Авбошакону Хукуматашон боз дар сафи аввали чиноят истода!!! Браво Зухро провидец!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: