Панҷумин хуршед

(ё худ баёни ин ки инсон метавонад ба дасти худ сарнавишти хешро рақам бизанад)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Камина одат надорам беш аз андоза телевизион тамошо кунам, чун аввалан вақташро надорам ва сониян, мўътақидам чунин одате аслан зиёновар аст. Ба истиснои пайгирии ахбори ҷорӣ дар ҷаҳон, аҳёнан агар филме ибратомез буд, тамошо мекунам. Рамазони соли ҷорӣ дар яке аз шабакаҳои симои Ирон, филме мусалсал ба намоиш гузошта шуд, ки инсофан қобили таҳсин аст. Ҳар касе онро сохта, дасташ дард накунад. Номи ин филм “Панҷумин хуршед” буд. Ҳарчанд поёни хубе (аз назари отифӣ) надошт, вале паёме, ки филмсоз мехост бирасонад, паёми ибратдеҳе буд.

Филмсоз мехост ба воситаи ин филм барои бинанда собит кунад, ки инсон дар рақам задани сарнавишти хеш ва атрофиёнаш, нақши бас муҳимме дорад. Хулосаи филм ин аст, ки боре барои як ҷавоне чунин фурсат муяссар мегардад, ки ба оянда сафар кунад, шоҳиди зиндагии атрофиёнаш дар оянда бошад, бубинад чӣ сарнавиште гиребогирашон шуда. Масалан мебинад хонаводааш (хоҳару модараш) ва яке аз дўстони самимияш ояндаи на чандон хуше доштаанд. Тасмим мегирад баргардад ва коре кунад, ки ояндаи эшон на он чунон шавад, ки шоҳидаш гардид, мехоҳад бо ҷобаҷоии бархе аз асбобе, ки мунҷар ба ин чунин сарнавишти нохуш шудааст, ояндаи эшонро тағйир бидиҳад. Ва муваффақ ҳам мешавад. Хулоса, ду ё се бор аз ин замон ба он замон ва баръакс сафарҳое анҷом дода ва муваффақ мешавад асбоби мунҷар ба сарнавишти муайянеро ҷобаҷо созад. Албатта худаш, ки дар замони оянда ошиқи духтаре мегардад, дар поён асбоб ба гунае ҷобаҷо мешаванд, ки дар ниҳоят маъшуқаи хешро аз даст бидиҳад, ки гуфтам ин филм финоли ғамангез аз назари отифӣ дорад. Бинанда мехост ин ду бо ҳам бирасанд, ки нарасиданд. Ҳоло коре ба ин ҷиҳат надорам.

Он чи мехоҳам арз кунам ин аст, ки гоҳе инсон матлаберо, агар печида бошад, наметавонад аз тариқи гуфтану навиштан ба хонанда бирасонад. Вале як намоишнома (филм ё театр), аз он ҷо ки малмусу маҳсус аст, метавонад ҳамон матлаби печидаро барои бинанда ба хубӣ ва осонӣ бирасонад.

Дар системаи маърифатии ислом, масъалаи “сарнавишт” (қазо ва қадар) ба гунае олӣ ва дақиқ баён гардида, ки дар ҳеҷ як аз системаҳои маърифатии башарӣ назири онро пайдо наметавон кард. Ислом, дар айни ин ки буду шуди ҳар падидае дар ҷаҳони ҳастиро, тибқи қазо ва қадари илоҳӣ медонад, аммо ҳаргиз нақш доштани худи инсон дар тағйиру рақам задани сарнавишташро нодида нагирифтааст. Қуръон дар айни ин ки мегўяд: “Ҳеҷ мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда ва ин бар Худо осон аст” (Сураи Ҳадид, ояти 22), ва (дар айни замон) мефармояд: “Худо вазъи ҳеҷ мардумеро иваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 11).

Ба назари баъзе гўи Қуръон ин ҷо таноқуз мегўяд. Яъне ин чи гуна аст, ки Қуръон аз тарафе мегўяд: ҳар чи шуду ҳасту мешавад, тибқи қазо ва қадари илоҳист, вале аз тарафе мегўяд: шумо инсонҳо худ дар тағйири сарнавишти хеш муассиред?

Аммо худи Қуръон ин дуро бо ҳам қобили ҷамъ медонад, на мутаноқиз. Дар ояте мефармояд: “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад), ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад, ва “китоби модар” (асл ва модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) фақат назди Ўст” (Сураи Раъд, ояти 39).

Маънои ояти номбурда, бо таваҷҷўҳ ба баёноти гуҳарбори ҳазрати Паёмбар (с) ин аст, ки қазо ва қадар дар мавриди инсонҳо якнавохт нест. Худованди Мутаол дар мавриди инсонҳо, қазо ва қадарҳои мутааддиде гузошта, ки таъйини ҳар кадом, бастагӣ ба ихтиёру интихоби худи инсон дорад. Масалан: касе ба навъе беморӣ мубтало шуда. Агар ин бемор даво бихўрад, шифо хоҳад ёфт, яъне як сарнавишт хоҳад дошт, вале агар даво нахўрад, хоҳад мурд, яъне сарнавишти дигаре пайдо хоҳад кард. Бо хўрдани даво, он сарнавишти шум маҳв хоҳад шуд. (Ин аст маънои “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад”).

Дар ривояте омадааст рўзе Паёмбар (с) ҳамроҳи чанд тан аз ёрон нишаста буданд, ки марде аз канорашон рад шуд. Паёмбар (с) рў ба ёрон карда фармуданд: ин шахс дигар барнахоҳад гашт, яъне хоҳад мурд. Чанд соате сипарӣ шуд, ки диданд мард ҳамроҳ бо ҳезуме дар китф солиму тандуруст бармегардад. Ёрон аз он ҷаноб (с) пурсиданд, ки магар нагуфтед ин мард дигар барнамегардад ва хоҳад мурд? Паёмбар (с) аз он мард хостанд, ки биистад. Пурсиданд: имрўз чӣ коре нек анҷом додӣ? Гуфт: ҳангоми хуруҷ аз хона, садақае барои як ниёзманд бахшидам. Аз ў хостанд ҳезумашро бар замин гузорад. Вақте гузошт, диданд море кушанда аз миёни ҳузумҳояш берун омад. Он гоҳ Паёмбар (с) фармуданд: Сарнавишти ин мард дар китоб (номаи аъмоле, ки сарнавишти ҳар одамӣ дар он сабт гардида ва Паёмбар (с) аз он огоҳанд) чунин буд, ки море ўро газида ва ў хоҳад мурд. Аммо аз он ҷо ки ин мард ҳангоми берун омадан аз манзил садақа дод, Худо сарнавишти ўро тағйир намуд. (Ин аст маънои “ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад”).

Ин ки маъруф аст “Садақа радди бало мекунад” ҳамин аст, яъне балое туро дар интизор аст (як сарнавишт), вале садақа додани ту боис мегардад ин бало аз сари ту бардошта шавад (як сарнавишти дигар).

Хулоса, баёну тавзеҳи як чунин масъалае печида, гоҳе ба забону навиштор хеле душвор аст ва чи басо инсон аслан наметавонад онро ба хонанда бирасонад. Аммо филме, ки дар ин моҳи муборак дидем, тавониста ҳамин масъалаи печидаро хуб ва некў бифаҳмонад. Он ҳам барои ҳар инсоне, новобаста ба сатҳи дониши вай.

Дасти созандааш дард накунад. Худо дунёву охираташро обод созад!

http://www.kemyaesaadat.com/

Advertisements

Дар интихоботи парламентй ба кй раъй медихед?

Натиҷаҳои раъйдиҳӣ аз 14 сентябр то 4 октябр:

41% ба тарафдорй аз Ҳизби Сотсиал-Демократ — 118 овоз

19% ба муқобили ҳамаи ҳизбҳо — 56 овоз

18% ба тарафдорй аз Ҳизби Неҳзати Исломй — 53 овоз

10% ба Ҳизби Халқӣ-Демократй — 29 овоз

8% ба Ҳизби Коммунист — 23 овоз

3% ба Ҳизби Демократ — 9 овоз

1% ба Ҳизби Сотсилаист — 1 овоз

1% ба Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ — 1 овоз

1% ба Ҳизби Аграрӣ — 1 овоз

Дар ин назархоҳии хонандагони «Андеша» 291 нафар ширкат карданд. Дар назарсанҷии гузашта, ки аз 10 то 20 июни соли равон баргузор гашта буд, натиҷаҳо ин гуна буданд:

ҲСДТ — 33% (61 раъй)
ҲНИТ — 19% (36 раъй)
ҲХДТ — 11% (20 раъй)
ҲКТ — 5% (10 раъй)
ҲИИ — 2% (3 раъй)
ҲСТ — 1% (раъй)

Дар он назархоҳӣ ҷамъан 187 нафар ширкат карда буданд.

Шумо ин ду натиҷаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Ба тарафи чап гард!

Рачаби МИРЗО («СССР» №37 09.09.09.)

Мардум намедонад, ки бинои парлумон куҷост

Ин ки аксари вакилони парлумонро тоҷикистониҳо намешиносанд, ҳарфи нав ност. Аммо вақгҳои охир нафарони зиёде ба ман зангзада, мепурсанд: бинои парлумон дар куҷост?

Аз онҳо мепурсам: Қасри президентро дидаед? Аз он каме болотар меравед ва ру ба руи ҳайкали Исмоили Сомони ба тарафи чап гардед, биноест, ки дар он депутатҳо бояд кор кунанд.

Яъне мардум дар ҳақиқат намедонанд, онҳоеро, ки 5 сол пеш гуё интихоб карда буданд, дар куҷо ва чи кор мекунанд!

Тасаввур намоед, ҳамин шабу рузи 18 сол пeш парлумони Тоҷикистон чӣ мақоме дошт. Ҳоло ҳар касе дар бораи ҳайати он рузаи парлумон ҳар чй мехоҳад гуяд, аммо бояд инсофан иқрор шавад, ки он шабу руз парлумони Тоҷикистон дар ҳақиқат рисолати худро иҷро мекард. Ва мардум низ азбаски ба он бовар доштанд, ба назди бинои он ҷамъ мешуданд.

Парламент калимаи фаронсавй буда, маънояш «гуфтан», «изҳори назар кардан» аст. Вале дар Тоҷикистон аксари вақт вакилонро ба хомушй муттаҳам мекунанд, ки дар бораи мушкилоти мавҷуда чизе намегуянд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба гайр аз чанд вакил – Мухиддин Кабирй, Шодй Шабдолов, Юсуф Ахмедов, гоҳ – гоҳ Исмоил Талбаков ва Мирзошариф Исломиддинов касе аз 62 вакили мавҷудаи парлумон чизе намегуяд. Масалан, матлаби интиқодие дар матбуот перомуни фаъолияти парлумон чоп шавад, ҳатвлан ба он посух хоҳанд дод. Ин гуна вакилонро метавон «момоҷавобак» номид.

Чанде пеш дар Олмон будам. Мо аз назди биное гузаштем, ки мардуми зиёд барои ворид шудан ба он дар навбат меистоданд. Гуфтанд, ки он бинои парлумон аст ва ҳамаруза ҳазорон нафар шаҳрванди Олмон ва сайёҳони ин кишвар барои дидани фаъолияти вакилони мардумй ба бино ворид мешаванд.

Рузи дигар, вақте мо ба бинои Бундестаг – парлумони Олмон ворид шудем, дар ҳақиқат аҷобаторо дидам, ки шояд барои бисориҳо афсона намояд: Тамоми утоқҳои кориву баргузории ҷаласаҳои ниҳоди қонунгузории Олмон дари шишагину шаффоф доранд ва мардуми зиёде, ки ба бино ворид шудаанд, фаъолияти депутатҳоро тамошо мекунанд. Ҳатто дар ошёни болотар аз ҷаласаҳои депутатҳо нишастгоҳҳое бунёд кардаанд ва мардум нишаста, баҳсу мунозираи вакилони худро аз наздик мебинанд. Матбуоту телевизион ва радиоҳои ин кишвар ҳар лаҳза аз фаъолияти шохаи сеюми ҳокимияти давлатиашон гузоришҳо омода мекунанд.

Аз роҳбаладамон, ки мегуфт солона беш аз 3 миллион нафар барои тамошои Бундестаг меоянд ва дар байни онҳо сарварони зиёди кишварҳо ҳам ҳастанд, пурсидам, ки оё касе аз мансабдорони воломақоми тоҷик дар ин бино ҳузур дошт? Ӯ гуфт, ки дар хотир надорад. Маълум…. Аммо агар ҳузур ҳам медоштанд, гумон намекунам чизеро дар системаи парлумонии Тоҷикистон тагйир медоданд.

Вакили парлумони Олмон ду ҷои кор дорад. Яке Бундестаг ва дигаре ҳавзаи интихоботй. Ӯ дилхоҳ маврид мотавонад дар бораи мушкилоти интихобкунандаи худ масъалагузори кунад, узви ҳукуматро даъват созад, пурсиш гузаронад, дархост пешниҳод намояд… дар маҷмуъ фаъолияти ҳукуматро назорат кунад. Аз ин хотир Бундестагро дар ин кишвар «форуми миллии» худ меҳисобанд ва бо он ифтихор мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон…

Як бор ба номгуи қонунҳои қабулнамудаи вакилони Маҷлиси намояндагон таваҷҷуҳ намоед. Оё дар он тагйиру илова ворид кардан бисёр аст, ё қонуни нав? Оё номгуи қонунҳоо, ки ҳукумат ва президент муаллифашон буданд, зиёданд, с пакилон? Дар бораи ихтилофнокии қонунҳо ба ҳамдигар ҷои баҳс нест. Пас ин гума парлумон ба кй зарур аст: ба ҳукумат, ки қонунҳои барои ом заруриро қабул мекунад ё ба мардум, ки ҳазору сад мушкил дорад?

Ва тасаввур намоед, ки ҳар вакили МН на камтар аз 1000 доллари ИМА моҳона мегирад. Дар бораи сафарҳои хидмативу имтиёзҳои зиёдашон ҷои баҳс нест (буҷаи соли гузаштаи парлумонро ман Дар ихтиёр дорам, агар ба касо лозим аст, метавонам пешниҳод кунам). Суоле пешору меояд, ки оё барои Тоҷикистон чунин ниҳод лозим ҳаст? Агар ҳарчиро, ки ҳукуматзарур медонаду парлумон онро қабул мекунад, беҳтар нест, ки аз баҳри он бигзарем?

Лоиҳаи қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Оли», ки азҷониби Ҳизби коммунист таҳия шуда буд ва аҳзоби дигар аз он пуштибонй мекарданд, пазируфта иашуд. Ин дар мавридест, ки ҳукумат баргузории интихоботи шаффофу бе тақаллубу демократиро мехоҳад! Ин баҳс солҳо боз идома дорад, аммо бенатиҷа. Соли 2004 низ аҳзобро ба умед карда, гуфтанд, ки вобаста ба қонуни интихобот бо президент Раҳмон мулоқоти хоса анҷом хоҳад шуд. Вале …

Бубинед, намояндагони аҳзоб чи мехоҳанд. Мехоҳанд дар қитъаҳои интихоботй намояндагон ва нозирони онҳо бошанд, охир интихобот аслан дар қитъаҳо сурат мегирад на дар ҳавзаҳову Комиссияи марказии интихобот. Мехоҳанд гаравпулии интихобот бардошта шавад, зеро Тоҷикистон давлатй иҷтимоист ва тибқи Қонуни асосиаш ҳар шаҳрванд метавонад аз 18 солаги интихобшаванда ва интихобкунанда бошад (аммо қонуни интихобот синни дигарро пешниҳод кардааст). 5000 сомоние, ки ҳамчун гарави интихоботй қабул мешавад аксарияти мардумро аз ҳаққи интихобшави маҳрум мекунад. Яъне талаботи аҳзоб дар доираи қонун ва шароити феълии кишвар аст, аммо ҳукуматро чунин низом қабул нест.

Аз ин лиҳоз мам пешниҳод мекардам, ки ҳизбҳо дар интихоботи навбатй ширкат наварзанд. Охир, бо чунин низоми интихоботй ширкат дар он танҳо ба манфиати ҳукумат ва ҳизби ҳоким аст. Аҳзоб, агар мехоҳанд рушди давлатро дар заминаи интихоботҳо ба вуҷуд биёранд, метавонанд мисли бархе аз кишнарҳои дигар парлумони ҷамъиятй – алтернативи бо парлумони расмй ташкил намоянд… Ё бештар ба маҷлисҳои маҳаллй такя кунанд, чун феълан маҷлисҳои маҳалли назар ба Маҷлиси намояндагон баҷуръаттар ба назар мерасанд ва ҳам имконоти воридшавй ба онҳо бештар аст. Ман роҳи дигарро намебинам…

Парлумони феълии Тоҷикистон бошад, бештар дар ғами худ ва ҳайати худ аст. Дар даъвати навбати онҳо қонуне ба тасвиб расонданд, ки тибқи он хеч як вакили Мачлиси намояндагон набояд пас аз анҷоми ваколат бекор монад. Депутатҳои мо зираканд: онҳо буҳрони молиявиро пешгуи, карда будаанд. Вокеан, ин гуна вакилони хомуш, ки ба касе «ҳалал» намерасонанд бояд кор кунанд….

Не?

Мо парешонтарин ва парокандатарин миллатем

Зафари СӮФӢ «Озодагон» №35 03.09.09.

Чаро мо наметавонем як миллат вa муттаҳид шавем?

Шояд мо тоҷикон ягона миллате бошем, ки ба ин ҳад парокандаем ва дар ин парешонӣ бештарин айб ҳам аз хислату вижагиҳои мост. Баъзе аз мо, ки худ коре накардааст, чунон иддао пеш меорад, ки атрофиён ҳатто намедонанд чӣ бигӯянд. Худамонро гоҳо болотар аз будамон тасаввур мекунем ва ҳатто мехоҳем инро дигарон низ бипазиранд. Ҳарчанд ҳеч миллате мисли мо худашро ба пораҳо тақсим намекунад. Ҳамин чанд рӯзи пешро ба ёд оред: мо аз назари мафкураи сиёсӣ ҳам ба ду тақсим будем: «вовчик» -у «юрчик».

Ҳамакнун ин тамғаро дар пушти номи касе часпондану рӯзгорашро сиёҳ кардан ба поён расид. Аммо шикофи табақотӣ дар ҷомеа ба ҳадди даҳшатзо дар ҳоли афзоиш аст ва миллатро хатари бегонагӣ аз ҳам ва парокандагӣ бештар тахдид мекунад. Охир дороиҳои кишвар дигар дар ҳоли ҷамъ шудан дар ихтиёри як қишр ва ё гурӯҳӣ камшумор асту аксарият рӯз аз рӯз фақиртар мешаванд.

Маҳалгароӣ низ як омили дигари парокандагй ва ҷудоӣ байни ҳаммиллатон аст ва ҳамакнун фақат бо шаҳре ё вилояте махдуд намешавад. Ҳатто онҳое низ, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо рафтаанд, бар асоси тааллукoти маҳаллй созмонҳо ташкил кардаанд ва масҷиду муллояшон низ бар асоси тааллуқоти маҳал мебошад. Беш аз ин гуфтем, ки маҳалгароӣ дигар ба шаҳре ё вилояте махдуд нест.

Дар баробари мардуми вилояти дигар тоҷик вилоятгарост, яъне ё суғдӣ ё бадаҳшонӣ ё хатлонист… Дар баробари ҳамвилоятиҳояш ноҳиягарост. Дар миёни ҳамноҳияҳояш тоҷик қишлоқгарост. Дар миёни ҳамқишлоқиҳо маҳаллагаро ва ё гузаргароем. Ба назаратон ин бадбахтӣ нест? Чунин вазъиятро барои тавҷеҳ кардан кӯшиш ба харҷ додан ва онро нишони ватандӯстӣ ба қалам додани бархе хомабадастони мо магар душманӣ бо миллат нест?

Дарвоқеъ, дар бораи хомабадастон ва ба вижа рӯзноманигорон. 8 сентябр онҳо Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигоронро таҷлил хоҳанд кард. Аммо оё рӯзноманигорони тоҷик бо ҳамдигар ҳамраъй ҳастанд? Оё рӯзномаҳои тоҷикӣ воқеан метавонанд иддаои миллӣ буданро матраҳ намоянд? Оё дар онҳо низ оҳанги маҳал бартар аз миллатдӯстӣ нест?

Ба назар мерасад журналистикаи тоҷик дар имрӯз ниёзҳои бо ҳам гиреҳхӯрда надорад. Содатар бигӯем шахсиятҳои калидӣ ва ҳалкунанда дар расонаҳо ҳамкорони худ дар дигар расонаҳоро ҳамсафар ва такмилдиҳандаи кори худ намедонанд, балки дар ҳушбинонатарин ҳолат рақиб ва дар дигар вақт душмани худ мебинанд. Гӯё дар сурати набудани як расона барои расонаи дигар муваффакият насиб мешуда бошад. Ҳол он ки чунин нест ва ҳамаи расонаҳои кишвар ҳамдигарро такмил мекунанд ва дар ин миён расонаҳои оҳанги сиёсӣ дошта бештар мукаммили ҳам ҳастанд.

Вале боз ҳамон хислати фитрии тоҷикона муҳаррики амалҳо ва тасмимҳост, ки гоҳо бархе рӯзноманигорон аз нигоҳи ба ин ё он шахсияти соҳибнуфуз ва ё гурӯҳе ва ҳатто кишваре вобаста будан байни рӯзноманигорон ҷудоӣ меандозанд.

Манфиатҳои гузаро ва камарзиши моддӣ дар хеле ҳолат болотар аз манфиатҳои ахлоқӣ ва арзишҳову ормонҳост. Ҳамин ҳолат аст, ки дар баробари ҳамдигар эҳсоси бегонагӣ мекунем ва худхоставу нахоста рӯ ба ҳамқишлоқиву ҳамгузарии худ меорем.

Ҳатто ахиран дар пойтахти кишвар масҷидҳое фаъолият мекунад, ки намозгузоронаш фақат аҳли як маҳаланд, яъне ҳамон маҳале, ки имом-хатиби масҷид аз он ҷост.

Маросимҳову ҷашнҳо низ бештар мутааллиқ ба як маҳал мешаванд ва метарсам фардо қабристонҳое ба вуҷуд оянд, ки хоси як маҳал бошанд ва иҷоза надиҳанд, ки мурдае аз маҳали дигар дар он гӯронида шавад.

Мо парешонтарин ва парокандатарин миллатем. Ба назар мерасад сабаби аслии ин ҳолат ормони миллӣ надоштани мост. Ормони миллӣ аст, ки ҳамаро ба ҳам меорад ва ҳамраъй мекунад. Ва ин ормон болотар аз манфиат аст. Аммо ормони миллии мо бояд чӣ бошад?