Акси фиристодаи як хонандаи мо

Киргизистон дар Точикистон такрор мешавад?

Як нафар дар сомонаи Центразия вокеахои Киргизистонро ба шакле навиштааст, ки гуё дар Точикистон руй дода, хукумат дар кишвар ба дасти мухолифон гузаштааст. Мухидин Кабирй раиси хукумати муваккатй эълон шуда, чор чонишин доштааст, ки Екуб Салимов, Мамадрузй Искандаров, Рахматулло Зоиров ва дигарон буда, Эмомалй Рахмон ба Дангара гурехтааст, то бар зидди хукумати нав мубориза кунад.

Вале оё аслан дар Точикистон чунин хаёлот хатто имконпазир аст дар холе ки киргизхо хамагй 5 сол токат карданд ба хаёте, ки точикхо 18 сол боз токат мекунанд? Ин саволро ба хонандагони мухтарам медихам ва мехохам, чавобхои худро бо далелхо ва андешахои аник ин чо бинависанд.

Оё дин аз сиёсат ҷудост?

«Начот» №13 01.04.2010 Хаӣриддини ҚОСИМ

Русро қалбу чигар гардида хун,
Аз замираш харфи ло омад бурун,
Он низоми куҳнаро бар ҳам задаст,
Тез неше бар раги олам задаст.
Кардаам андар мақомоташ нигаҳ,
Ло салотин, ло калисо, ло илаҳ.
Фикри ӯ дар тундбоди ло бимонд,
Маркаби худро суйи илло наронд.
Оядаш рузе, ки аз рӯйи ҷунун,
Хешро з-ин тундбод орад бурун.
Дар мақоми ло наёсояд ҳаёт,
Суйи илло мехиромад коинот.

(Аллома Иқболи Лоҳурӣ)

Яке аз баҳсҳои ҷиддӣ дар маҳфилҳои сиёсиву расонаӣ дар кишвари мо мавзӯи ҷудоии дин аз сиёсат аст. Ин масъала бахусус дар даврони истиқлоли Тоҷикистон аз аҳамияти зиёде бархурдор шуд, ки ҳамзамон бо баҳси чигунагии муносибати давлат бо дин дар кишвари мустақил матраҳ гардид.

Continue reading

Узбакистон ба хучуми васеъ тайёр мешавад

Назар ба ахборот рузи 26 март дар чаласаи фавкулоддаи хукумати Узбакистон тайёрии Штаби марказии Куввахои мусаллахи Узбакистон ба ташаннучи вазъият дар минтака мухокима шуд. Планхои махфии Тошканд инчунин дар рузхои сафари чонишини сарвазири Русия Сергей Иванов ки хамчунин рахбари комиссияи байнидавлатии Русия ва Узбакистон хам хаст, идома кардаанд.

Узбакистон ба хулосае омадааст, ки бояд манфиатхои худро бар зидди сохтмони пойгохи баркии обии Рогун дар Точикистон ба хар шакли мумкиин химоят кунад. Акидае дар миён гузошта шудааст, ки хукумати Точикистон бо накшаи сохтмони Рогун максад дорад, оромииро дар хамаи минтака бархам занад.

Continue reading