Чахон як руз метаркад…

Султонов М, Султонов Х. («Точикистон» №28 14.07.2011 )

Ба Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон расо 20 сол пур мешавад. Дар ин солҳо Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт ва сиёсати беруна ба муваффақиятҳои калон ноил гашт.

Аз ҷумла, соҳиби марзи ягонаи худ шуд ва миллати тоҷикро муттаҳид намуд. Лекин муттаҳидӣ ва ягонагии халқи тоҷик набояд дар байни хешу табор, ёру дӯстоне, ки берун аз марзи ҷумҳурӣ дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекунанд, ҷудоӣ андозад.

Continue reading

Фирори рушанфикрон аз таассуби динист

Эхсони Шариф, чомеашинос

Шоири шинохтаи точик Бозор Собир дар хамин рузхо дар Точикистон карор дорад, вале новобаста аз хохиши мухлисону хаводорони шеъраш дар Ватан бозистодани нест. Тайи ин рузхо хафтаномае нест, ки бе мусохиба бо у, ё бидуни ишорае дар бораи вай нашр гардад.

Дар аксарияти онхо, Бозор Собир дар баробари интикоди шадиди нокисихои иктисоди-ичтимоии кишвар, оиди густариши то хадди ифрот расидаи таассуби дини дар чомеаи точик такрор ба такрор харф мезанад. Албатта, барои як шахсияти рушанфикри озодандеш, ки баъди чандин соли хичрат ба Ватани худ баргаштааст, дидану пазируфтани чомеаи точик дар шакли имрузааш хеле мушкил афтодааст. Continue reading

ТВТ ҳам тоҷиконро Джамшут гумон мекунад?

«Озодагон» №35 07.09.2010

Аз он ки як шабакаи ТБ-и Русия точиконро ба мазох кашидаву хамчун кавми кафомонда ва содалавх чилва медихад, аксари точикони баномус норохат мешаванд. Аммо шигифтовар ин аст, ТВ-хои миллии Точикистон, ки аз хисоби пули халк, фаъолият доранд, миллати моро содалавх меангоранд ва мекӯшанд, ки ба харфхои дур аз вокеъият ва беасосу хеле омиёнаашон мардуми кишвар бовар намоянд, аксариятро ба ташвиш намеорад.

Шуморо намедонам, аммо барои ман бархе аз барномахои ТВ-хои Тоҷикистон аламовартар аз масхарахои ТНТ-и Русия аст, зеро масъулини шабакаи русӣ бегонаанд. Аммо вакте, ки хамватани худат миллататро сода мепиндорад ва харфхои боварнакарданиеро барояш тахмил менамояд, дардовартар ва аламбарангезтар аст. Continue reading

Русия шарик ё ракиби кишвархои форсзабон?

Ё вақти он аст, ки дӯстро аз душман фарқ кунем!

Ҳошим Холзода НЕКВАРЗ

«Миллат» №23 10.06.2010

Форсизабонони ориёитабор аз кӯҳанзамон ба далели доштани тамаддуни воло ва фарҳангу хунари асил ҳамвора бо ду бархӯрди ба ҳам зид аз сӯи давлатҳо ва кавмиятҳои сокин дар дуру наздик рубарӯ будаанд:

Якум: Эътироф ва арҷ ниҳодан ба фарҳангу тамаддуни форсизабонон. Барҷастатарин намунаи ин гуна арҷгузорӣ каломи гуҳарбори Паёмбари Ислом-Ҳазрати Муҳаммад(с) хитоб ба Салмони Форсӣ аст, ба ин шакл, ки-«Агар илм ба Сураё биравад, мардоне аз Форс(Ирон) ба он дастрасӣ меёбанд»

Ва низ дар идомаи ин матлаб

Continue reading

Қонун барои элита

Рӯзбеҳи ДОДБЕҲ «Нигох» №35 19.11.09.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумӣ набуда, аз манфиатҳои ин мардум пуштибонӣ карда наметавонад, зеро он «Қонун барои элита»-ҳост, барои элитаи сарукалобааш гуми тоҷик.

Қонуни демократй

Чанде пештар Қонуни 22-юми июли соли 1989, таҳти рақами 15, ки Совети Олии РСС Тоҷикистон қабул намуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд ва Қонуни нави забон, ки бояд кайҳо рӯи кор меомад, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гашт ва мавриди амал карор гирифт.

Аз нигоҳи худи Қонун, он «вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро танзим мекунад», Дар баробари ин, дар боби 1-ум, сархати 2-юм омадааст: «Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад», ки ин, аллакай, ба дарди ҳамагон, махсусан, ба дарди оне, ки парвардаи миллати таҳҷои асту ин замину обу ҳаворо дӯст медорад ва худро фарзанди ин халқи тӯли садсолаҳо азияткашида медонад, намехӯрад. Чунки Қонун иҷозат медиҳад, ки дар кӯчаву паскӯча, бозору мағоза, ҷойҳои ҷамъиятӣ, чӣ тавре ки хоҳед ва бо кадом забоне, ки хоҳед, сӯҳбат кунед.

Шаклан Қонуни мазкур демократӣ аст, аммо ба назари банда, барои рушди забони миллӣ монеа ба вуҷуд меорад, тавре ки қаблан буд, яъне мақоми забон ҳамон хел боқӣ хоҳадмонд.

Дар моддаи 3- юм, дар сархати аввал чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -забонитоҷикӣ аст». Маъмулан, дар ин бора зиёд гуфтанду зиёд навиштаанд, ки чунин забон, яъне забони тоҷикӣ вуҷуд надошт ва онро забони форсӣ мегуфтаанд, аниқтараш, гуфтаанд ва ман метавонам садҳо мисол орам, ки ифодагари андешаи форсӣ будани ин забон бошад, аммо чун доманаи баҳс ба дарозо мекашад, аз гуфтани ин нукот худдорй менамоям.

«Забони тоҷикӣ» дар ҳеҷ куҷо нест

Аммо ин нуктаро хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар ҳолати аз адабиёту ториху фарҳангу улуми гуногуни муштаракамон бо эрониён ва тоҷикони Афғонистони фарогири асрҳои V-II-и пеш аз милоди Масеҳ, манзурам, фарханги форсии бостон, фарҳанги форсии миёна, фарҳанги паҳлавӣ ва фарҳанги вуруди ислом ба ин сарзамин, то давраи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва, ҳатто, то асри XVIII даст бикашем ва ба домони замони Аҳмадм Дониш, Мирзо Сироҷ, Шоҳин, Ҳайрату пасомадаҳо (то аввали садаи 20) даст бизанем, ҳам дар ҳеҷ ҷое ба ибораи «забони тоҷикӣ» во нахоҳем хӯрд.

Аммо ин забон бо номи забони форсии Мовароуннаҳр, забони форсии бухороӣ дар сарчашмаҳо ва гуфтаҳои бузургон, монанди аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Шоҳин, Садри Зиё зиёда вомехӯрад. Аҳмади Дониш менависад: «Ӯ бо лисони русӣ ҳарф мезаду ман бо лисони форсӣ, мо ҳамдигарро намефаҳмидем», ин як ҷумлаест аз «Наводир-ул-вақоеъ», ки иқтибос аз сӯҳбат ҳангоми сафари Петербургии аллома байни ӯ ва фойтунрони рус мебошад. Ва аммо халқияти тоҷик буда ва он танҳо ба тоҷикони Варорӯд вобаста набуд ва ҷуғрофиёи хеле васеъ дорад. Оғози он агар Байнаннаҳрайн бошад, поёни он лаби баҳри Хазару сохилҳои Арал, қаторкӯхҳои Олой ва Помир будааст.

Пас, ин гуна забон бо номи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳе набудааст ва мо хоҳем, нахоҳем, ин забони форсии хуросонӣ ва форсии мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо он қабл аз мо эҷоди илму адаб шуда, моро ба ҷаҳониён шиносондааст.

Дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро надидаам, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй, Носири Хисрав то Нақибхони Туғрал аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар хама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Наход, ин бандро вакилони Маҷлиси Оли кабул намуда бошанд? Агар ҳа, пас, ин вакилон аз фарҳанги форсӣ воқеан бехабар ва ё тарбиятдидаи фарҳангу тамаддуни халқи дигаранд?

Забони форсӣ ва СММ

Баъдан, аз рӯзе, ки инқилоби исломӣ дар Эрон ғалаба намуд, баробари баҳисобгирифтани тоҷикони Ҳиндустону Покистон, Чину Тоҷикистон, Афғонистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, ҳатто, тотҳои Доғистон ва аллониҳои Осетия ва толишҳои Озарбойҷон, донишмандони эронӣ даъво доранд, ки забони форсӣ низ яке аз забонҳои қудратманд буда, он бояд яке аз забонҳои Созмони Миллали Муттаҳид бошад.

Ва ҳоло ман бар он андеша мекунам, ки магар, дар ҳоле ки даъво барои забони муоширату ҷаҳонӣ гардидани забони модарии мо, манзурам, забони форсии варорудӣ, худро ҷудо намудан ва номи базӯрӣ гузоштаи собиқ «хоҷагонамон»-ро фаромӯш нанамудани мо, шикасти ин миллат нест? Ба назарам, ҳамин тур аст.

То ҳанӯз шогирдони В.С. Расторгуева ва дигару дигарҳо будани худро исбот менамоем ва дар мурдобчаи сохтаи онҳо, ки хеле танг ва обаш гандида аст, шино мекунем. Чаро баҳри азими форсиро намебинем ва чарову аз чӣ сабаб худро нодида мегирем?

Дар моддаи 2- юм омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст». Кас ба ҳайрат меояд: Қонун қабул мекунем, аммо то имрӯз «Қонуни асосӣ»-ро бо ду ном интишор менамоем ва онро Конситутсия ва дар қавсаин Сарқонун менависем.

Дар ҳоле ки маҳз дар Қонуни забон, ки он бо истифода аз имлои забони мо сохта шудааст, бояд яке аз ин вожаҳо қабул мегашт ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мефаҳмид, ки «Қонуни асосй»-ашро бо юнонӣ «Конститутсия» номад ва ё бо лафзи ширину равонаш «Сарқонун».

Баъдан, дар моддаи 11, банди 2-юм омадааст: «Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар сурат мегирад». Ин ҷо бояд забонҳои байналмилалӣ: русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ номбар карда мешуд ва ибораи «забонҳои дигар» дар чанд моддаи дигари ин Қонун низ истифода шудааст. Ба назарам, ин мантиқӣ нест, чун забонҳо дар рӯи ҷаҳон хеле зиёданд ва дар Қонун (!) бояд номуайянӣ набошад.

Тазъйиковартарин модда, ба назарам, моддаи 13-ум аст, ки дар банди аввали он омадааст: «Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад», дар банди дуюми ҳамин модда, ки ба асоси банди аввали он хатти батлон мекашад ва маънии банди аввалро батамом гум мекунад ва агар боз ҳам дагалтар гӯем, онро чун тимсоҳ фурӯ мебарад, омадааст: «Эълону рекламаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд». Намедонам, дар кишваре, ки куюми асосии он бо забони тоҷикй, манзурам, ҳамон забони форсии варорудӣ ё мовароуннаҳоӣ гап мезанад, реклама ба забонҳои дигар ба кӣ лозим аст? Ин ҷо, албатта, бояд ба касоне, ки ширкатҳои бузурги рекламадиҳандаро ба бозоргир будани реклама, ба қавле, бо забонҳои дигар, мутақоид сохтаанд, қоил шуд.

Бояд пеши онҳо даст бардошт ва гуфт: «Офаринатон бод!!!». Чӣ тур тавонистед, ки, хатто, ба депутатҳои тоҷик ин фикри ботилро талқин кунед?! Аз он забони давлатӣ чӣ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки, ҳатто, молро дар бозор ба забони дигар пешниҳод мекунанд? Ба масал, инро метавон ба харбузафурӯшии ҳамон тоҷик монанд кард, ки дар бозори лекин молашро «асал барин ширин» гӯяд.

Баъдан, андеша чунин аст, ки дар ҳолати амал намудани забонҳои дигар, дар шаҳрҳои бузург ва шаҳрҳои музофотию шаҳракҳо, умуман, тағйироти кироиё нахоҳад шуд ва рекламаҳо, чуноне ки буданд, хамон тавр хоҳанд боқӣ монд. Нуктаи дигар он аст, ки худи вожаи «реклама»-ро бояд ба «навидҳои бозоргонӣ» ё «пайёмҳои бозоргонй» иваз намоем ва ҳеҷ ҳоҷат ба вожаи ғайрро истифода бурдан нест, чун дар таркиби забони мо ибораи ин маъниро медода вуҷуд дорад.

Моҷарои «у»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ

Мо доир ба «у»-и дарозу «у»-и кӯтоҳ ва «у»-и мобайн ҷанг мекунем, ҳамдигарамонро носазо, саҳфаҳои рӯзномаамонро аз дашноми ҳамдигар пур мекунем, ба рӯи якдигар туф мекунем, аммо дар паҳлӯямон ба забони мо ба воситаи ҳаммиллати миллатгумнамудаи мо фишор меоранд ва вожаю ибораҳои нодаркорро ба сари мо бор мекунанд, ки аз туркию ӯзбекӣ, русию яҳудй ва дигару дигарҳо иборат аст ва ин кор низ аз ҷониби нафароне рӯй медиҳад, ки аз фарҳангу тамаддуни ҳазору чандсолаи мо бехабаранд, хомӯшем.

Чун имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезанӣ, гумон мекунӣ, ки дар Туркиё, Ӯзбекистон, Русия ва Инглистон гаштай. Баъдан, аз но фаҳмию беақлии мутахассисони рекламадиҳанда ва рекламақабулкунанда низ, ки ҳеҷ сареву сарваре надоранд, рекламаҳое «зеб»-и шаҳри мо гаштаанд, ба забони мо, ки ба назари «чиновник»-ҳои мо, аз афти кор, «камбағалу қашшоқ» менамояд, рекламаҳои ғайритоҷикие, монанди Метро, Москвичка, Русия, Ойдин, Истамбул, Абрикол, Арбат ва ғайра ворид гашта, забонамонро «ғанӣ» гардонидаанд.

Пас аз чанде гумон мекунам, мегӯем, ки ин вожаҳо хоси забони модарии моянд ва бояд бошанд, чунки онҳо халқй гаштаанд.

Аҷибии кор дар он аст, ки вожаи «работ», ки аслаш арабӣ аст, ба воситаи тоҷикон ва эрониёни савдогар ба Маскав рафта, номи маҳаллии «Арбат»-ро гирифтааст, яъне вожаи русӣ гаштааст. Ин вожаи ба воситаи савдогари тоҷик ба ин кишвар рафта баъди гузаштани асрҳо ба сарзамини мо баргашт ва мо худро донандаи хуби забони русӣ мехонему бе ин забон худро тасаввур карда наметавонем. Бехабар гирифтани Фарҳанги русии оқоёни Дал ва Ожегов, ки ба забони чиновникҳои мо «Толковий словар» аст, онро «Арбат» гуфтем ва мағозаю тарабхонаамонро дар роҳи Ҳисор-Душанбе чунин ном гузоштем.

Ман бо боварй гуфта метавонам, ки то ин дам ба маънии ин вожа на нафаре, ки дар шаҳрдории мо дар идораи номгузорӣ кор мекунад сарфаҳм мерафту на соҳиби он, вагарна ҳамон вожаи маъмулии работро, ки тоҷикӣ шудааст, мегузошту ҷони ҳама халос мешуд. На мо менавиштему на шумо механдидед.

Дар ҳолати донистани маънии вожа, пас, ин таҳқири соҳибзабон ва кулли миллат аст, на бешуна кам. Рекламаҳои телефонҳои мобилй, ки дар кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанду ба воситаи ВАО бозгӯ мешаванд, ба забони ғайритоҷикй буда, дар дуртарин нуқоти ҷумҳурии соҳибистиқлол ба назар мерасанд. Ҳатто, агар ба муассисаҳои мазкур занг зада, ба забони давлатӣ чизеро пурсед, беистиҳола, ба шумо бо забонҳои ғайр ҷавоб медиҳанд ва агар шумо, ба қавле, дурусттар талаб намоед, гӯширо мегузоранд. Сабабаш ҳамоно банди дуюми ҳамин Қонун аст. Ҳамин гуна рафторро дар кулли мағозаҳои бузурги пойтахту шаҳри Хуҷанд низ дидан мумкин аст.

Марҳамат ба мағозаҳои «Волна», «Техносила» ва ғайра, ки, ҳатто, аз номи тоҷикй гузоштан соҳибони он шарм доштаанд. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки сабаби ҳамаи ин ҳамоно банди дуюми Қонуни мазкур аст, ки дар собиқ Қонуни забон бо номи «забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо» дониста шуда буд ва бо тағйироти камубеш дилрабо ва чашмрас ба мардум пешкаш гаштааст.

Пас ин ҷойи Қонуни номбурда ва чанд ҷойи дигари он, ки ибораи «забонҳои дигар» омадааст, ҳамоно забони русй аст. Мавқеи он аззабони ба ном давлати шудаи мо, баландтар аст. Шояд, як сабаби аз вожаи «форсӣ» рӯй гардонидани депутатҳои халқӣ, ки ба халқй буданашон, маъзур доред, ҳеҷ бовар надорам ҳамин нукта бошад. Баъдан, нуктаи дигареро бояд гуфт, ки аксари кулли ин «шоҳмардони халқй» фарзандон ва набераву абераи худро дар мактабҳои русиву туркӣ ва инглисй ба таҳсил додаанд ва ё дар хонаҳояшон устодони махсусе ин забонҳоро ба пайвандонашон меомӯзанд.

Аз ин рӯ, ин Қонун – Қонуни халқӣ не, балки «Қонун барои алита» аст. Ва ахиран, бегоҳии 22-юми октябри соли 2009 бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Дмитрий Медведев пресс-конфронс баргузор шуду онро аз тамоми шабакаҳои Русияву Тоҷикистон намоиш доданд. Нашрияҳои воҳимачии русӣ, ки қаблан мегуфтанд: «Эмомали Рахмон выдворяет русский язык» (Эмомалӣ Раҳмон забони русиро меронад) навиштанд: «Медведев вернул русский язык Таджикистану» (Медведев забони русиро ба Тоҷикистон баргардонд).

Ба назарам, ин бори дигар исбот кард, ки қабули Қонуне бо номи «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» фиреби назар буд ва то ҳанӯз мо ҳисоботдихандае дар назди «бародари бузург» хастем ва боз кӣ медонад, ки то кай хоҳем буд? Чӣ гуфтед, нухбагон, э, мебахшед, элитаҳо?

Панҷумин хуршед

(ё худ баёни ин ки инсон метавонад ба дасти худ сарнавишти хешро рақам бизанад)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Камина одат надорам беш аз андоза телевизион тамошо кунам, чун аввалан вақташро надорам ва сониян, мўътақидам чунин одате аслан зиёновар аст. Ба истиснои пайгирии ахбори ҷорӣ дар ҷаҳон, аҳёнан агар филме ибратомез буд, тамошо мекунам. Рамазони соли ҷорӣ дар яке аз шабакаҳои симои Ирон, филме мусалсал ба намоиш гузошта шуд, ки инсофан қобили таҳсин аст. Ҳар касе онро сохта, дасташ дард накунад. Номи ин филм “Панҷумин хуршед” буд. Ҳарчанд поёни хубе (аз назари отифӣ) надошт, вале паёме, ки филмсоз мехост бирасонад, паёми ибратдеҳе буд.

Филмсоз мехост ба воситаи ин филм барои бинанда собит кунад, ки инсон дар рақам задани сарнавишти хеш ва атрофиёнаш, нақши бас муҳимме дорад. Хулосаи филм ин аст, ки боре барои як ҷавоне чунин фурсат муяссар мегардад, ки ба оянда сафар кунад, шоҳиди зиндагии атрофиёнаш дар оянда бошад, бубинад чӣ сарнавиште гиребогирашон шуда. Масалан мебинад хонаводааш (хоҳару модараш) ва яке аз дўстони самимияш ояндаи на чандон хуше доштаанд. Тасмим мегирад баргардад ва коре кунад, ки ояндаи эшон на он чунон шавад, ки шоҳидаш гардид, мехоҳад бо ҷобаҷоии бархе аз асбобе, ки мунҷар ба ин чунин сарнавишти нохуш шудааст, ояндаи эшонро тағйир бидиҳад. Ва муваффақ ҳам мешавад. Хулоса, ду ё се бор аз ин замон ба он замон ва баръакс сафарҳое анҷом дода ва муваффақ мешавад асбоби мунҷар ба сарнавишти муайянеро ҷобаҷо созад. Албатта худаш, ки дар замони оянда ошиқи духтаре мегардад, дар поён асбоб ба гунае ҷобаҷо мешаванд, ки дар ниҳоят маъшуқаи хешро аз даст бидиҳад, ки гуфтам ин филм финоли ғамангез аз назари отифӣ дорад. Бинанда мехост ин ду бо ҳам бирасанд, ки нарасиданд. Ҳоло коре ба ин ҷиҳат надорам.

Он чи мехоҳам арз кунам ин аст, ки гоҳе инсон матлаберо, агар печида бошад, наметавонад аз тариқи гуфтану навиштан ба хонанда бирасонад. Вале як намоишнома (филм ё театр), аз он ҷо ки малмусу маҳсус аст, метавонад ҳамон матлаби печидаро барои бинанда ба хубӣ ва осонӣ бирасонад.

Дар системаи маърифатии ислом, масъалаи “сарнавишт” (қазо ва қадар) ба гунае олӣ ва дақиқ баён гардида, ки дар ҳеҷ як аз системаҳои маърифатии башарӣ назири онро пайдо наметавон кард. Ислом, дар айни ин ки буду шуди ҳар падидае дар ҷаҳони ҳастиро, тибқи қазо ва қадари илоҳӣ медонад, аммо ҳаргиз нақш доштани худи инсон дар тағйиру рақам задани сарнавишташро нодида нагирифтааст. Қуръон дар айни ин ки мегўяд: “Ҳеҷ мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда ва ин бар Худо осон аст” (Сураи Ҳадид, ояти 22), ва (дар айни замон) мефармояд: “Худо вазъи ҳеҷ мардумеро иваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 11).

Ба назари баъзе гўи Қуръон ин ҷо таноқуз мегўяд. Яъне ин чи гуна аст, ки Қуръон аз тарафе мегўяд: ҳар чи шуду ҳасту мешавад, тибқи қазо ва қадари илоҳист, вале аз тарафе мегўяд: шумо инсонҳо худ дар тағйири сарнавишти хеш муассиред?

Аммо худи Қуръон ин дуро бо ҳам қобили ҷамъ медонад, на мутаноқиз. Дар ояте мефармояд: “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад), ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад, ва “китоби модар” (асл ва модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) фақат назди Ўст” (Сураи Раъд, ояти 39).

Маънои ояти номбурда, бо таваҷҷўҳ ба баёноти гуҳарбори ҳазрати Паёмбар (с) ин аст, ки қазо ва қадар дар мавриди инсонҳо якнавохт нест. Худованди Мутаол дар мавриди инсонҳо, қазо ва қадарҳои мутааддиде гузошта, ки таъйини ҳар кадом, бастагӣ ба ихтиёру интихоби худи инсон дорад. Масалан: касе ба навъе беморӣ мубтало шуда. Агар ин бемор даво бихўрад, шифо хоҳад ёфт, яъне як сарнавишт хоҳад дошт, вале агар даво нахўрад, хоҳад мурд, яъне сарнавишти дигаре пайдо хоҳад кард. Бо хўрдани даво, он сарнавишти шум маҳв хоҳад шуд. (Ин аст маънои “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад”).

Дар ривояте омадааст рўзе Паёмбар (с) ҳамроҳи чанд тан аз ёрон нишаста буданд, ки марде аз канорашон рад шуд. Паёмбар (с) рў ба ёрон карда фармуданд: ин шахс дигар барнахоҳад гашт, яъне хоҳад мурд. Чанд соате сипарӣ шуд, ки диданд мард ҳамроҳ бо ҳезуме дар китф солиму тандуруст бармегардад. Ёрон аз он ҷаноб (с) пурсиданд, ки магар нагуфтед ин мард дигар барнамегардад ва хоҳад мурд? Паёмбар (с) аз он мард хостанд, ки биистад. Пурсиданд: имрўз чӣ коре нек анҷом додӣ? Гуфт: ҳангоми хуруҷ аз хона, садақае барои як ниёзманд бахшидам. Аз ў хостанд ҳезумашро бар замин гузорад. Вақте гузошт, диданд море кушанда аз миёни ҳузумҳояш берун омад. Он гоҳ Паёмбар (с) фармуданд: Сарнавишти ин мард дар китоб (номаи аъмоле, ки сарнавишти ҳар одамӣ дар он сабт гардида ва Паёмбар (с) аз он огоҳанд) чунин буд, ки море ўро газида ва ў хоҳад мурд. Аммо аз он ҷо ки ин мард ҳангоми берун омадан аз манзил садақа дод, Худо сарнавишти ўро тағйир намуд. (Ин аст маънои “ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад”).

Ин ки маъруф аст “Садақа радди бало мекунад” ҳамин аст, яъне балое туро дар интизор аст (як сарнавишт), вале садақа додани ту боис мегардад ин бало аз сари ту бардошта шавад (як сарнавишти дигар).

Хулоса, баёну тавзеҳи як чунин масъалае печида, гоҳе ба забону навиштор хеле душвор аст ва чи басо инсон аслан наметавонад онро ба хонанда бирасонад. Аммо филме, ки дар ин моҳи муборак дидем, тавониста ҳамин масъалаи печидаро хуб ва некў бифаҳмонад. Он ҳам барои ҳар инсоне, новобаста ба сатҳи дониши вай.

Дасти созандааш дард накунад. Худо дунёву охираташро обод созад!

http://www.kemyaesaadat.com/

Порсиён дар ҳар сурат пирўзанд

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Ду ҳафтаи ахир анзори ҷаҳониён ҳамагӣ мутаваҷҷеҳи кишвари Ирон буд. Амрикову Англису Фаронсаву куллан тамоми ғарбиён, мушкилоту душвориҳои дохилии хеш аз бўҳрони иқтисодиву ғайраву золикро канор зада, тамоми нерўҳои расонаияшон аз Би-би-сиву Си-эн-эну Фокс-нюзу ғайраро, машғули таҳлилу баррасиҳои вазъи интихоботӣ ва пас аз интихоботии Ирон намуданд, ки гўи шуғле ҷуз Ирону иронӣ надошта бошанд.

Ҳатто кишварҳои арабӣ, ки мардумонаш ҳатто аз алифбои иҷрои интихобот маҳруманд ва ҳазорон сол зери султаи ҳокимоне аз як хонавода ба сар мебаранд, ба худ ин ҷасоратро доданд, ки роҷеъ ба дурустӣ ё нодурустии раванди интихобот дар Ирон, ибрози назар намоянд.

Ҳамаи ин таваҷҷўҳ ба хотири чӣ буд?

Дар ин бора ҳар касе, бо таваҷҷўҳ ба масолеҳ ва манофее, ки дорад, интизоре мушаххас аз натоиҷи ин интихобот дошт. Амрикоиҳо ва куллан ғарбиён, ки бешак масолеҳе барои худ дар Ирон мебинанд, мунтазири ин буданд, ки бубинанд чӣ касе бар маснади риёсати Ирон хоҳад нишаст ва чӣ барномаҳое дар робита бо музокирот перомуни барномаи ҳастаии Ирону машокили Ховари миёна барояшон пешкаш хоҳад кард.

Сардамдорони ҷаҳони араб, ки аз нуфузи камназири Аҳмадинажод дар назди мардумонашон ранҷ мебаранд, даст ба даргоҳи илоҳӣ ёзида, дуо мекарданд, ки Худо ин падидаро аз миён бубарад. Бар хилофи мардумонаш, ки дуо мекарданд то Худо ин падидаро аз нав бар сари қудрат биншонад, то аз шиорҳои ўву пеш кашиданаш масъалаи Ҳолокостро лаззат бубаранд.

Роқими сутур, дар ин масъала, қасд надорад на ба диди ғарбиён ба он бингарад ва на ба диди ҳукумату мардумони Ховари миёна. Ва ҳамчунин коре надорад, ки чӣ касе дар ин интихобот баранда шудааст ва чӣ касе бозанда. Ва низ барои худ ин иҷозаро ҳам намедиҳад, ки бигўяд оё тақаллубе дар он сурат гирифтааст, ё на? Зеро мўътақид аст, ки ин кор, кори худи ирониҳост, ва аз боби “Аҳлул-байт адро би мо фил-байт”, онро ба худашон вомегузорад то худ ҳал кунанд.

Балки мехоҳад ба ҳақиқате ишора намояд, ки аз диди хелеҳо пинҳон аст; ҳақиқате, ки дарки он, марҳуни шинохти амиқи порсиён аст.

Касе ки бо фарҳангу таърихи ирониву порсигўён ошноӣ дорад, медонад, ки ин мардумон, мардумони озодихоҳ, сарбаланд, зулмситез ва аз ҳама муҳим, мустақил ҳастанд. Агар пеш аз зуҳури ислом, ҳукумати подшаҳӣ дошт, подшаҳонаш аз худаш буд, на бегона. Ҳамчунин баъд аз ислом, агар кишваре буд исломӣ, исломӣ буданаш ба сурате буд, ки худ мехост, на ба он сурате ки аъроб барояш мехостанд.

Дар замони пеш аз инқилоби исломӣ низ, ҳарчанд подшаҳоне қавӣ надошт, вале мустақил буданд, на сарсупурдаи бегона. Замоне ки инқилоби исломӣ барпо карданд, худашон хостанд ва ба воситаи раъйпурсӣ онро баргузиданд, на ин ки касе аз берун барояшон онро таҳмил карда бошад. Албатта қишре аз мардумонаш бо ин тарзи ҳукуматдорӣ мувофиқ набуданд, вале аксарият ҳаминро хост.

Ин падида, яъне падидаи истиқлолият ва сарбаландӣ, дар ин интихоботи ахир бештар таҷаллӣ намуд. 85 дар сади ин мардум пои сандуқҳо рафта, раъйи худро доданд. Ҷаҳониён аз ширкати ин теъдод, ки назире дар ҷое дигар надорад, буҳтзада шуданд.

Аммо достон ин ҷо поин напазируфт. Иттифоқе афтод, ки ҳаргиз мо назири онро дар миёни мардумони кишварҳои дигар, ҳатто ғарбиён, ки муддаии демокросӣ ҳастанд, суроғ надорем.

Дар ҷоҳои дигар, вақте интихоботе баргузор мешавад, маъмулан баъд аз эътои раъй, ҳар касе дунболи кори худ меравад ва дигар коре надорад, натоиҷ ба чӣ сурат анҷом хоҳад ёфт. Аммо иронӣ чунин нест. Ў барои раъйи хеш, ҳатто баъд аз иҷрои интихобот, арзиш қоил аст. Ҳозир нест касе бо раъйи ў бозӣ кунад. Ў раъйи худро, номуси худ мешуморад, ки агар эҳсос кунад бо раъйи вай касе бозӣ кардааст, то пои марг, аз раъйи хеш дифоъ мекунад.

Оё сарбаландие болотар аз ин ҷое суроғ дорем? Шояд касоне, аз вақоеии кунунии ҷорӣ дар Ирон, ки мутаассифона хунҳое дар он рехта мешавад, эҳсоси нороҳатӣ кунанд. Аммо чунин нест.

Дарси озодӣ ва истиқлолхоҳие, ки имрўз ирониён барои ҷаҳониён меомўзанд, басе арзхишмандтар аз он аст. Дарсе, ки шояд касоне бо мушоҳидаи он, аз худ ба хиҷолат оянд. Дарсе, ки мегўяд: Инсони озода, касест, ки на фақат мехоҳад барои рақам задани ояндаи кишвараш раъй медиҳад, балки то охирин нафас аз раъйи худ, ки номуси ўст, дифоъ менамояд.

Комёб бошед.