Лухтакхои гилин

Хуршед АТОВУЛЛО «Фараж» № 39 29.09.2010

Ҷанги шаҳрванди бойиси он гардид, ки як муддат муайянкунандаи тақдири мардуми минтақаҳои кишвар ба дасти нафароне афтад, ки то ба ин дам ба ҳайси ронанда (Ғаффор Мирзоев), майдатоҷир (Ризвон Садиров), мироб (Раҳмон Гитлер) ва ғ. афтад. Ин нафаронро, ки аз сиёсат фарсахҳо дур буданд ва дар ягон кишвари мутамаддини дигар ҳаргиз ба сари мансабу қудрат роҳ намедиҳанд, даҳшати ҷанг, ки дар он тавонистанд ба гурӯҳҳои алоҳидаи яроқбадаст пешво шуда, «сиёсат»-и хешро шинонанд, рӯйи саҳна овард. Continue reading

Ватандорӣ, ватандорӣ…

АНДЕШАЕ ЧАНД АЗ ЯК ТОҶИКИ УЗБАКИСТОНӢ

Шероз ХУДОЙҚУЛОВ «Нигох» №25 08.09.2010

Эҳсоси милли доштан ва ба қадри меҳану обу хоки ин диёри бихиштосо, ки ба ном Тоҷикистони азиз аст, расидан, манфиатҳои миллиро аз ҳама чиз боло донистан барои ҳар як точик ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар раванди мазкур агар чунин эҳсосот поку беолоиш ва мустаҳкам бошад, воқеоте дар ин зиндагии бесару сомон ба миён меояд, ки ба ғурури миллӣ мубаддал мешавад. Ин фикри шахсии ман аст ва қайд кардан мехоҳам, ки чунин ҳодисотро, ки дар вақти муҳоҷирати меҳнатй аз сар гузарондам ва ҳатто бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Россия дар ин бобат баҳсу муноқиша ҳам кардаам.

Continue reading

Сарват ё миллат?

Абдуғанӣ МАМАДАЗИМОВ «Нигох» №25 08.09.2010

Ҳодисаҳои гуногуни иҷтимоиву сиёси, иқтисодӣ ва ҳатто ҷиноии моҳҳои гузаштаи соли ҷорӣ ва таҳлили онҳо ба мо нишон дод, ки дар байни равандҳои гуногун, ки дар ҷомеаи мо амалӣ шуда истодаанд, ду раванд бо якдигар зиддияти сахт нишон дода истодааст, ки онҳо ба даст омадани иттиҳоди миллии моро душвор мекунанд.

Зиддият байни ду раванд – ваҳдати миллӣ ва марҳилаи аввалияи ҷамъоварии сарват («первичное накопление капитала») рӯз аз рӯз ба ҷомеа бараъло маълум шуда истодааст. Биёед якҷоя таҳлил мекунем.

Continue reading