(???????) Ҳафт суъоли даргирии Кўлоб

Нерўҳои муштараки Вазорати корҳои дохилй ва Кумитаи амнияти миллии Точикистон рўзи 27-уми май, пас аз тирборонҳои дурудароз ва ҳалокати 5 шаҳрванди Точикистон, аз чумла як кўдак, собиқ афсари милиса Сўҳроб Лангариев ва чанд тан аз ҳамроҳони ўро ба ҳабс гирифтанд.

СУЪОЛИ АВВАЛ: Марги 5 точик, аз чумла як кўдак, ба ҳабси чанд айбдоршавандаи қочоқи ҳероин баробар аст?

Тамоми қазия хеле машкук аст. Аввал чанд корманди милиса ба дари Лангариев омадаанд ва пешниҳод кардаанд, ки манзили ўро кофтуков кунанд. Вай ба онҳо дуруштй кардааст ва аз дари худ рондааст. Пас аз якуним соат гурўҳи бузургтаре пойи ин дар омадааст ва боз ҳам посухи рад гирифтааст. Он гоҳ аз Сўҳроб Лангариев талаб шудааст, худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ таслим кунад, вагарна ҳадафи ҳамла қарор хоҳад гирифт. Сипас, баъд аз чанде ҳучум сар шудааст.

СУЪОЛИ ДУВУМ: Агар Сўҳроб Лангариев, тавре дертар гуфта шуд, 6 сол ба ин сў мавриди пайгарду чустучў буд, чаро аввал бо ў вориди гуфтушунид шудаанд?

Дар аввалин тирандозиҳо ду раҳгузар кушта шудаанд. Дақиқтараш яке аз сар ва дигаре аз сари сина тир хўрдаанд. Хабарнигори часури «Хатлон-пресс» онҳоро дар мошини худ ба бемористон интиқол додааст, аммо бо ҳамаи талошҳояш низ натавонистааст, чони ин ҳамватанонро начот бидиҳад. Тафсилоти ҳалокати афроди дигар, махсусан он як кўдак, эълон намешавад. Як афсари Кумитаи амнияти миллии Точикистон аз тири афроде кушта шудааст, ки дар манзили Лангариев камин гирифта буданд. Инчунин наздик ба 30 нафари дигар захмй шуда, вазъи бархе аз онҳо сангин аст.

СУЪОЛИ САВУМ: Чаро қабл аз оғози амалиёт аҳолии осоишта огоҳонида нашуд ва иқдомоте сурат нагирифт, то аз ҳалокати одамон пешгирй ба амал ояд. 

Маълум шуд, ки Вазорати умури дохилии Точикистон гурўҳи «Алфа» низ доштааст. Ин ҳам маълум шуд, ки дастаи сарачини вокуниши сареъ комилан беҳунар, нотавон ва бемасъулият аст. Бар асари ин нотавонию бечорагии гурўҳи «яккачин» ва «зарбазан»-и нерўҳои интизомии Точикистон дар шаҳри Кўлоб одамони бегуноҳ, аз чумла як кўдак кушта шуд. Пештар дар бораи гурўҳи ОМОН шунида будем, ки дар Рашт «корнома» нишон дод ва аз он чо мурдаи фармондеҳашро овард. Барои ин мурда ҳанўз касе чавобгар нашудааст.

СУЪОЛИ ЧАҲОРУМ: Барои ҳалокати 5 нафар дар Кўлоб ва 1 нафар дар Ғарм кй чавоб хоҳад дод ва оё чони шаҳрвандон дар ин кишвар арзише дорад ё на?

Фочиаи Кўлоб як ҳақиқати дигарро низ нишон дод, ки бархе аз ворисони «қаҳрамонон»-и чанги Точикистон шароити муҳайё доштаанд, ки дар Русия мардикор нашудаву аз интиқоли ҳероин сарват ба даст оранд. Аммо ин гапи наве нест ва шумори чунин афрод, ки дар сохторҳои давлатй кор мекунанд ва ё хешу наздиконашон дар ин ниҳодҳо аз онҳо пуштибонй ва ба қочоқгарияшон кўмак мекунанд, зиёд буда, даромади қочоқ то ба идораҳои бонуфузе мерасад.

СУЪОЛИ ПАНЧУМ: Магар даст доштани онҳо дар маводи мухаддир имрўз фош шудааст, ки зиндагии сангин, аммо бе хуну оташи мардуми Кўлоб имрўз ба чаҳаннам гирифтор гардад?

Мили силоҳҳои Вазорати умури дохилии Точикистон мисли ақрабаки соат мегардад. Аввал — Ғарм, сипас — Бадахшон, ҳоло — Кўлоб.

СУЪОЛИ ШАШУМ: Акнун навбат ба Қўрғонтеппа, Турсунзода, сипас Хучанд аст?

Кайҳост, ки бўйи борут меомад ва тамрину барномарезиҳо идома дошт. Вазъи кишвар пас аз зимистони фаромўшнашуданй ва нархҳои осмонраси имрўза барои раҳбарони мояи осудагй нест.

СУЪОЛИ ҲАФТУМ: Оё дар ҳақиқат ҳукумат мехоҳад бо чинояткорй мубориза кунад ё танҳо зарурате дорад, ки қувваи худро намоиш додаву халқи бе ин ҳам мазлум ва муштипарро тарс диҳад?

Бўйи борут меояд, тонку зиреҳпўшҳо ба кўча мебароянд ва агар чанги Точикистонро фаромўш карда бошед, хеле зуд дубора онро ба ёдатон мерасонанд. Тонкҳо дар кўчаҳо мемонанд, «агар байни ду ҳалқ як ҳамдигарфаҳмй нашавад…»

Advertisements

Фарҳанги интернетии точикй зарур аст

Хушхабаре ҳаст, ки пас аз наздик ба 40 соли нашри аввал, «Фарҳанги забони точикй» дигарбора чоп мешавад. Ин китоби бузург соли 1969 дар Маскав мунташир шудааст.  Бо теъдоди 33 000 нусха. Аммо то солҳои 90-ум дар фурўш буд ва ду бор нархаш поин омад, то ба фурўш равад. Дар осудатарин давраи торихи худ ин миллат 33 ҳазор нафаре надошт, ки муҳимтарин вожаномаи тафсирии забони модарии хешро харидорй кунанд. Мабод нашри нав онро низ чунин сарнавишти талх дар пеш бошад?

Кормандони яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Абарканд (ҳоло ҳозир — Душанбе, ёдгори рустои кўчаки Душанбебозор, ки мегўянд, аз нав ба қуруни рустоияш баргаштааст.) ҳикоят кард, ки пас аз як чашну тантана дар пойтахт, вай аз меҳмонхона қариб 20 нусхаи китоби президенти Точикистонро пайдо кардааст. Беҳтарин чоп, беҳтарин коғаз ва аксҳо, аммо сангин ва меҳмонон нахостаанд, бори худро гарон кунанд, ҳарчанд маълум аст, ки дар фурудгоҳи Абарканд аз онҳо боче ситонида намешавад. Шояд аз хирочи фурудгоҳҳои дуртар ҳаросидаанд.

Беҳтар нест, «Фарҳанги забони точикй» ин дафъа дар шакли электрунй ба нашр расад? Калимаро менависй, клик мекунй ва маънои он пеши чашмат падид меояд. Бори сафарро сангин намекунад ва дар ҳар гўшаи олам дилат хост ё ниёз пеш омад, онро боз мекунй ва ба кор мебарй. Шояд замоне ба чунин рўз бирасем. Пас аз зуҳури вожаномаҳо ба ҳамаи забонҳои офриқой. Он ҳам бо кўмаки созмонҳои байнулмилал. Бо чунин дархост:

Забон барои ҳар миллат муҳим аст. Мо, точикон ҳам забон дорем. Ин забон на аз вайҳову унҳо, балки аз калимаҳо иборат аст. Бояд вожаномаи интернетй дошта бошем. Аммо ин вазифаи муҳимро Точикистон дар танҳой ва бе мадади чомеъаи чаҳонй ба ичро расонда наметавонад. Аз Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш мекунем, давлатҳои чаҳонро ба кўмаки мо даъват кунад.»

Хуб, вақте ки дар мубориза бо малах ёрмандии чаҳонро металабем, чаро дар ин масъала хоҳиш накунем. Мисли ин ки кўмакҳои байнулмилалй чй кажроҳа ё найранге доранд. Баъзан мо хоҳиш накунем ҳам, онҳо кўмак расонданй мешаванд. Шояд он чо ҳам даромади дасти росту дасти чапе мавчуд аст?

Аммо баъд. Агар чавонони бонангу номусе дар ин дунё худро точик мегўянд ва мехоҳанд, барои миллати худ коре бикунанд, лутфан аз худ паём диҳед. Яке аз чавонони мисли шумо тасмим гирифтааст, чунин вожаномаи интернетиро ба вучуд орад. Аммо ин кори як нафар нест ва мо аз созмонҳои байнулмилал, ээээ мебахшед, аз чавонони баномуси точик даъват мекунем, дар ин барнома ширкат кунанд. Мо метавонем, аз вожаномаҳои содатаре оғоз кунем ва рўзе ба шоҳасари «Фарҳанги забони точикй» низ бирасем. Ҳой, мардум, касе ҳаст дар ин дунё?! Аз худ хабар диҳед, маслиҳату машварате бикунем.

Зинда бод президент! Офарин бар ў! Худо мададгораш!

Дар назди чунин президент метавон сари таъзим фуруд овард. Ниҳоят пас аз афтубархости зиёд ў ба худ омад ва решаи мушкилоти кишварро пайдо кард. Билоахира, вай дар хештан нерўе ҳис кард, ки метавонад, вазифаи худро аз рўи виждон ва бо тамоми матонат ба ичро расонад. Саранчом, ў тавонист, ҳақиқатро бубинад ва аз гуфтани он натарсад.

Дирўз, вақте ки вай ба толори чаласаи ҳукумат медаромад, шояд раҳораҳ Савганди Президентро ба ёд меовард ва монанди як сураи муқаддас онро вирду зикр мекард ва худро мисли паҳлавон ё баҳодуре медид, ки ба чанги нерўҳои сиёҳ меравад ва бар онҳо пирўз мегардад.

Касоне ки суханони ўро аз телевизион шуниданд, аҳсанту офарин гуфтанд, ба равони падараш шодбош фиристоданд, аз чои нишасти худ бархостанд, таъзим карданд ва барои худ савганд хўрданд, ки то як қатра хун доранд, барои аҳдофи раҳбари худ пайкор мекунанд ва бо итоъат аз сарвари хеш Ватанро ба ободй ва шукуфой мерасонанд. Зинда бод чунин президент!

Ў бо сари баланд вориди толор шуд, нишаст, ба вазиронаш нигарист ва гуфт:

Аз имрўз сар карда, ман бо хешутаборбозй ва маҳалчигй мубориза, мубориза не, чанги беамон эълон мекунам! Шумо аъзои ҳукумати МИЛЛАТ ҳастед, кормандони ДАВЛАТ мебошед, на намояндагони қишлоқи худ ё хидматгузорони авлодиву оилаҳои худ. Ман дар ҳайрат мемонам, касе ки имрўз вазираш таъин кунем, пагоҳ ҳамаи мутахассисони арзандаро аз кор пеш мекунад ва ҳамаи хешу ақрабояшро аз гўри кўҳна ҳам бошад, ёфта меорад ва дар вазорати худ ба кор мегирад. О ин вазорати давлат аст ё вазорати шахсии шумо? Бас аст, халқро гўл задан! Ман дигар ба чунин ҳолат роҳ намедиҳам! Ба ҳеч кас раҳм ҳам намекунам!»

Вазирон ва сарони идораҳои давлатй, ки аз рўи одат дар чаласа пинак рафта буданд, ба ҳуш омаданд. Аз дил гузаронданд, ки ин субҳ калон бо пойи чап аз хоб хестааст. Ба худ пиндоштанд, ки «ин хирс ҳарчй гуфтан мегирад, аммо ягонтои гуфтагиҳояшро ичро карда наметавонад. Сад бор гуфтааст, лекин мо ҳамоно сари зинем ва набояд аз чунин шиъорбозиҳои бесаводонаи ў дар андеша монд…»

Аммо азми президенти мўҳтарам, ки солҳост аз дасти вазирони нолоиқ дар азоб аст, ин дафъа росих буд. Дар ҳоле ки ҳама гумон доштанд, вай баъд аз як «уштулум» сар ба коғаз мезанад ва тўтивор ба гапҳои кўҳна бармегардад, президент коғазҳоро як сў гузошт ва идома дод:

Не, шумо як бор пеши виждонатон биистеду бигўед, ки ба мардуми худ чй хизмат кардед? Фикр намекунед, ки вақте ҳамаи кормандони як вазорат аз як оила ҳастанд, фасоду ришват он чо гул мекунад? Чй хел як вазир хусурбурдаашро, ки сардори раёсат аст, чазо медиҳад ё барои кор накардан аз вазифа меронад? Фикр намекунед, ки сарколаи тамоми бадбахтиҳои мамлакат аз ҳамин чо шурўь мешавад? Не, бояд ба ин хотима дод! Тамом! Ҳамин қадар хўрдеду бурдед, бас, ошатон шавад, акнун чоя холй мекунед ва хешу таборатона ҳам гуму нест мекунам. Кор ба дарачае расидааст, ки ман, президенти кишвар, гапам ба ягон кас намегузарад. Ҳама чо одамони худй, гап занй, меранчанд, шаб дар хона давои гапи гуфтаатро мегирй… Хуллас, тамом шуд! Ҳар вазире ки ақаллан як хешашро ба кор гирифтааст, ронда мешавад. Ман бисёр фикр кардам ва ба хулосае омадам, ки решаи бадбахтиҳо ҳамин аст ва бояд онро сўзонд.»

Президент ба даври миз нигарист. Дар ҳақиқат ҳама башараҳои хунуки шинос. Инҳо вазифаи давлатиро на барои кор гирифтаанд, балки барои «кормушка» ва парвои чизеву касе надоранд. Вай мушт ба миз зад ва ҳама, ки сархам нишаста буданд, якқад париданд. Идома дод:

Маҳалчигй ҳам бас. Одамон ба ман механдад. Фикр мекунанд, вақте рости гапа мегўям, ки «кадр нест, кадр намерасад», фикр мекунанд, ман қишлоқамро дар назар дорам, ки дар он чо кадр нест. Ҳар кадомат худата ба ман софтаву молида, чойро гирифтй. Маро тарсондед, ки инаш намешавад, садоқат надорад, ваяш намешавад, аз ҳизби дигар буд, акнун таври дигар кор мекунем. Аз панчоҳта зиёд ноҳия дорем. Агар якнафарй аз ҳар кадомаш бигирем, ба ҳамаи вазорату идораҳо одам мерасад. Ҳукумат чй қадар ки рангоранг шавад, фасоду пора камтар мешаваду кор бисёртар.»

Ҳамин тавр президенти мўҳтарам муборизаро барои тағйири ҳукумат ва обуҳавои мамлакат сар кард. Вале шумо иштибоҳ накунед, номи ў Қурмонбек Боқиев аст ва исми кишвараш ҳарчанд «истон» дорад, Точикистон нест, балки Қирғизистон аст. Зинда бод чунин президент! Комёб бод, чунин сарвар!

Дардҳои деринаи Иброҳими Усмон

Навро пазируфтан часорат мехоҳад. Ва каме азхудгузаштагй низ. Иброҳими Усмон, устоди рўзноманигорони точик, ин дуро надорад. Вай ҳанўз дар садаи гузашта ба сар мебарад ва биҳиштани калобаи замон аз нўки ангуштон барояш хеле дардомез аст. Дар гуфтумоне бо хабарнигори нашрияи «Фараж» чаноби Усмон мегўяд:

Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст. Маводи беадрес дар он чо пайдо мешавад, муаллиф надорад. Им­конияти тахкир, тахдид, тухмат, дуруг дар Интернет-газета зиёдтар аст, нисбат ба хар чизи дигар. Албатта, Интернет-газетахое, ки мо дорем, такя доранд ба баъзе нашрияхои худи мо. Ин чизи дигар аст. Лекин Интернет-газетахое хастанд, ки сайтхои ношири номаълум доранд. Сайтхои аксарияти онхо аноним (беном) аст.»

Яъне дурўғу тўҳмат дар интернет-газетаҳои мо аз дурўғу тўҳмат дар сайтҳои дигар фарқ дорад? Фикр намекунед, ки дурўғ дар ҳама чо дурўғ ва тўҳмат дар ҳама чо тўҳмат аст? Ё дурўғи мо рост аст, дурўғи дигарон дурўғ? Хеле нофаҳмост! Эшон инчунин мегўянд, ҳар кас ҳақиқати худро дорад. Аммо наход «субҳ офтоб баромад», барои яке ҳақиқат ва барои дигаре дурўғ бошад. Идомаи ҳамин порча:

Албатта, аноним вакте пайдо шуд, ки матбуоти сиёсй зухур кард. Маркс мегуфт, ки «Яке аз шартхои озодии сухан, яке аз шартхои асосии мавчуд будани матбуоти оппозитсионй имзои мустаъор аст.» Яъне ин чизи дигар. Лекин он анониме, ки мо дар масъалаи сайт гап мезанем, тамоман чизи дигар мебошад.»

Пас дар муборизаи коммунистй имзои мустаъор як чиз аст, дар муборизаи демократй чизи дигар. Усмон ба банди аввали Қонуни асосии Чумҳурии Точикистон мухолиф аст, ки Точикистонро кишвари демократй меномад. Ҳамзамон эшон пуштибони комили тағйиру изофаҳо ба Қонуни кайфарии кишваранд, ки бар тибқи он, кас мумкин аст, барои як и-мейле ё шарҳе дар форумҳои интернетй ба додгоҳ кашида шавад ва 2 соли умри азизашро дар зиндон гузаронад. Тамоми созмонҳои ватанй ва хоричии ғайридавлатй зидди ин банди қонунанд ва шигифто, чаноби Усмон аз дастмузди ин созмонҳо низ фаровон ба чайб мегузоранд, меҳмони азизи кофебрейкҳои ҳимоят аз ҳуқуқи журналистонанд, аммо маълум мешавад, ин ҳама ниқобе беш набудааст. Дар ҳамин мусоҳибаи пур аз таззод, эшон гоҳе худро ҳомии журналистон мешуморанд ва гоҳи дигар, бе ягон азоби виждон онҳоро чосус низ меноманд.

Дар идомаи иқтибоси боло профессор мўҳтарам, Олими соли 2007-и Точикистон мегўянд:

Масалан, хозир хонаатон меравед, ки дар сайти шумо тухмате дар бораи шумо пайдо шудааст. Адрес надорад. Аз кй ва аз кучо даъво мекунед?! Яъне пайдо шудани системаи интернетй сабаби ба вучуд омадани тухмату дуруг шуда истодааст. Беинсофй метавонад хамачоро хароб созад! Ба­рои хамин, пеши рохи ин хатарро ба назар гирифтан даркор аст.»

 Хабарнигори мутталеъ, ки аз Ҳемингвей ва Кримски хирад ба орият гирифтааст, ақли шахси худро ба кор наандохт, то бипурсад, «устод, агар Шумо мисли оина покед, чаро бояд дар бораатон касе ҳарфи баде бинависад?» Масалан, агар Ҳасан Асадуллоҳзода, ё алалақал бародари ў, Ҳусейн Саъдуллоев дар симои Ҳасан як бор аз кўча гузарад, касе дигар нахоҳад навишт, ки раиси «Ориёнбонк» кучост. Ё барои намуна, агар устодони унвончўи донишгоҳ дар КГБ-и Иттиҳоди Шўравй (шояд «Иттифоқи Советй» гуфтан гўшнавозтар бошад? аммо давраш гузаштаасту бўи нафталин нофорам аст.) парвандаи «агенти махсус» надошта бошанд, чаро касе дар ин бора даҳон боз кунад? Ё агар касе навори машҳури видюиро ба чашми худ надида бошад, чаро аз ҳаво дар ин бора ишора бизанад?

Манзур аз ин чумла чист: «Беинсофй метавонад, ҳама чоро хароб созад»? Ё аз ин — «…пеши роҳи ин хатарро ба назар гирифтан даркор аст.»? Забондонию эҳтиром ба забонро як сў мегузорем. Аммо касе ки лаҳзае пеш дар бораи дифоъ аз журналистон ҳарф мезад, бо ин музахрафоти худ дар орзуи чист? Мамнўъ эълон шудани интернет дар Точикистон? Ба маҳбас афкандани даҳҳо ё шояд садҳо журналист? Ва ё қатли онҳо? Албатта, на қатле бо ангезаҳои қатли Хушбахти Ҳайдаршо, зеро онҳое ки медонанд, медонанд, сабаби куштори ў чй буд. Ин парвандаи таҳқиқ ва исботшуда мебошад.

Чй мешавад, агар кормандони радиоҳои «Озодй» ва Би-Би-Си нашрияи «Фараж», Иброҳим Усмон ва Шаҳрзоди Аминзодаро ба додгоҳ кашанд? Барои тўҳмати ин ки гўё онҳо чосусони хоричиянд. Нашрия, Усмон ва хабарнигор хоҳанд тавонист, суханони худро дар додгоҳ исбот кард? Оё кўчактарин далеле хоҳанд дошт? Оё беҳтар ва осонтар нест, пеши роҳи ин хатарро гирифт. Бо ақли рушантар ва дили поктар? Аммо ин ҳам бозмегардад ба мафкураи болшевикию коммунистии ин се, ки нақши расонаҳои зикршударо дар озодии баён дар Точикистон нодида мегиранд ва ё ошкоро мухолифи сухани озоданд.

Як хислати матбуъот ва илми замони шўравй ин буд, ки ончй дар хонаи худаш мегузашт, намедид ва дар чусутчўи гунаҳкори дуру хоричй буд. Имрўз ҳам инро мебинем. Сафири Точикистонро «хўронандагонаш» ошкоро чосуси мо буд, мегўянд, инҳо бегуноҳонро чосус меноманд. Ҳарзаномаҳо бо маҳалгароии шадид тафриқаандозй мекунанд, инҳо нуқси набудаи расонаҳои хоричиро мекобанд. Асадуллоҳзода чисман гум шудааст, инҳо аз интернет хатар мечўянд. Пас на танҳо дар пазириши нав часорате надоранд, балки дар пазириши ҳақиқат низ. Ин дигар нуқс на, беморист.

Ромишгарони навхостаи Самарқанд

Нависандаи саршиноси точик Адаш Истад дар торнигори худ аз Мардони Мавлон ёд кардаанд. Навиштаанд, дар чашни яке аз оҳансозони машҳур 20 то 30 овозхон таронаҳо сурудаанд ва ҳамаи ин хунёгариҳо ба ғайр аз хастагй чизе ба Адаш надодаанд. Ба завқ ва салиқаи устод Истад шак оварда намешавад. Даҳҳо хонандаи точик ба гавҳаршиносии Адаш қойил шудаву пас аз танқидҳои ў чакомаҳои худро тағйир додаанд. Шоҳид будам, як хонандаи машҳур дар арўсие то замоне ки тасодуфан паси яке аз мизҳо Адашро надид, асосан музахрафот хонд ва бо дидани устоди сухандону зебопараст, дафъатан арғувонй шуд ва ба сурудани таронаҳои беҳтар пардохт.

Хуллас, дар шаби эчодии оҳансози машҳур дар яке аз театрҳои Самарқанд, устод Адаш аз таронаҳои ромишгарон хаста шудаанд ва…

Дар охир навбати табрик ва сурудхонй ба Ҳунарпешаи машҳури Ўзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон расид. Мардон дар даст танҳо бо як тор баромад, навозандаҳо набуданд. Ў соҳибҷашнро ба забони ўзбекӣ бо ду-се калима кўтоҳак табрик кард. Сипас бо оҳанги тори худ «Дар биёбон най навохтам хирмани гул даргирифт»-ро сароид. Чунон зебо ва пуртаъсир сароид, ки ҳама ба ваҷд омада хеле кафкўбӣ карданд. Ман тамоми сурудҳои пеш аз ин гўшкардаамро фаромўш кардам. Ин суруд на танҳо ин фазо гўё тамоми ҷаҳонро тасхир карда буд. Зеро ки Мардон авҷи онро ба қиёмаш расонида тавонист ва бо ҳамин вусъат, нерў ва бузургии мусиқии тоҷикиро исбот кард. Акнун фаҳмидам, ки чаро сурудхонии пеш аз ў хаста кардааст. Сарояндаҳо авҷро нагирифтаанд, барои гирифтани авҷ истеъдоди худодод ва маҳорати баланди касбӣ лозим аст.»

Бо назардошти эҳтиёткории Адаш метавон ҳадс зад, ки то Мардон аксаран таронаҳо ба забони ғайр хонда шудаанд ва шояд як сабаби дигари таъсири осмонии суруди Мардони Мавлон забони ошно ва дилгудоз будааст.

Дар оғози озодй дар Точикистон, солҳои 1999, каме пештар ё каме дертар, замоне ки ҳанўз фарҳанги точикони Душанбе ба сатҳе нарасида буд, ки Адаш Истадро «то кай ин чо мегардй, рав ба Самарқанди худат» гўянд, номи Мардони Мавлон ва Насиба Абдуллоева дар Точикистон ғулғула андохта буданд. Таронаи онҳо дар фазои Душанбе мисли даъвате ба ҳамоиш ва ҳамбастагй садо медод. Мегуфтанд, дар симои эшон нури Самарқанду Бухоро дида мешуд. Он давра буд, ки бо пешниҳоди муъассисони баъдинаи Ҳукумати Муросои Миллй, ҳукумати чавонмарги миллй, ба Мардони Мавлон унвони Ҳунарпешаи Шойистаи Точикистон дода шуд.

Баъд ин ҳама аз ёдҳо рафт. Бо кўрнамакиҳои Ислом Каримов, оби Самарқанд дигар насибаш мабод, Самарқанд барои точикони Душанбе ба мисли Австралия дур шуд. Сози Мардон ва сабки Насиба ҳам фаромўш гаштанд. Аммо, зинда бод Ютюб. Аксе ки дар оғози ин матлаб аст, таронаи зебоест бо садои Роҳила, ки ҳамзамон фарзандони Самарқанду Точикистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад ва аксари онҳое, ки онро дидаанд, дар зераш «аҳсант!» ва «зиҳй!» навиштаанд. Вале ин навор шояд яке аз беҳтарин таронаҳои ҳачвй ба забони точикист.

Пас, Самарқанд бедор мондааст ва зиндааст! Бояд табрик гуфт ва аз ин навчавонон, пасовандони Мардони Мавлон ва Насиба ҳимоят кард. Ба онҳо бояд роҳи сафед хост. Роҳи сафед ба Душанбе бо нидоҳои «хуш омадед, хоҳарон ва бародарони чонй!» 

Комёбии се филми точикй

Дар озмуни «Евразийский калейдоскоп» дар Маскав ҳамзамон се филми точикй ба чоизаҳои аввал мушарраф шуданд. Инҳо «Асрори муҳочират»-и Сергей Каленик ва Каромат Шарифов, «Қазон маркази Авруосиё»-и Чамшед Раҳмонов ва «Нури худо бар фарози Помир»-и Давлат Қурбонов буданд, ки аз номи Точикистон дар чашнвора ширкат карданд.

Ду филми охирро надидаам, вале «Асрори муҳочират», ки исми русии он дарозтар аст, филми ғайриоддист. Бахши аъзами он бо дурбини муқаррарй гирифта шуда, ба гуфтаи муаллифони филм, дар шароити хонагй, бидуни истифода аз тачҳизот ё студияҳои филмсозй омода гаштааст. Аммо ин ҳолат ба таври чолибе мустанадии филмро қувват додааст. Монанди ин аст, ки гоҳо беҳтарин филмҳои Ҳолливудй амдан дар наворҳои камсифат бардошта мешаванд, то манзараҳоро воқеъитар ва заминитар чилва диҳанд.

Нақли ҳодисаҳое, ки яке паси дигар дар пардаи синамо рў мезананд, ба шумо ҳамаи таъсири филмро расонда наметавонанд. Аз чунин ҳикоят худдорй мекунам, танҳо инро мегўям, ки дар филм аз сарнавишти талх ва БЕСОҲИБИЮ БЕПАНОҲИИ муҳочирони точик дар Русия намунаҳои дилгудоз оварда мешаванд. Ин намунаҳоро низ шарҳ намедиҳам, зеро агар шумо инсони огоҳ бошед, ҳатман аз ҳазорон чунин сарнавишт хабар доред. Паёми асосии филм нишон додани ин бадбахтиҳо ва ашк рехтан ба ҳоли зори муҳочирони бекас нест, ҳарчанд саҳнаҳоеро аз ин филм наметавон бе оби чашм тамошо кард. Паёми асосй ин аст, ки точикон ба ҳимояи ҳуқуқи худ бархостаанд.

Дониёр Худоёровро моҳҳо дар маҳбас нигоҳ доштанд ва шиканча доданд, то қочоқи маводи мухаддирро ба гардан бигирад. Гоҳе ба ў ҳатто меҳрубонй карданд, ки агар иттиҳомро қабул кунад, чазои сабуктар хоҳад гирифт. Вале ў гуноҳи накардаро ба гардан нагирифт ва бе ҳеч коғазе имзо нагузошт. Ва дар ниҳояти кор пирўз шуд. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз ў дифоъ кард ва ў ба озодй баромад. Додгоҳи Русия мачбур гашт, пас аз як моҳи озодии вай айбнома ва ҳукмро бекор кунад.

Милисаҳо духтари мухочирро ба бешазоре бурданд ва дасти зўрй карданд. Вай бо вучуди он ки медонист, ҳадафи таънаи ҳамқавмони худ мешавад, зери бори фочиаи сангин сархам нашуд, хомўш нанишаст, балки садо баланд кард ва номардонро ба сазои сарашон расонд.

Паёми нерўманди филми «Асрори муҳочират» на танҳо ҳазорон нафар аз мухочирони точикро дараси иборат дод, балки мақомоти Русия ва байнулмилалиро ба вазъи муҳочирон мутаваччеҳ сохт. Дар чашнвораи ахир чанд шабакаи телевизионии Аврупои Ғарбй низ ширкат доштанд ва ба эҳтимоли зиёд ин филмро харидорй хоҳанд кард. Афсўс намояндагони расмии Точикистон дар ин чашнвора набуданд ва ба унвони офарандагони се филми пирўз табрик низ нафиристоданд. Ҳамчунин сад дарсад мутмаъинам, ки телевизионҳои асрисангии Точикистон ба ҳеч вачҳ филми «Асрори муҳочират»ро намоиш нахоҳанд дод, зеро дарди мардуми точик, муҳочирон ва Каромат Шарифов барои онҳо бегонаанд. Худи он ки дар таъсиси иттиҳоди ягонаи точикони Русия ин кас ва тарафдоронаш даъват нашуданд, нишон медиҳад, Каромат Шарифов барои ҳукумати Точикистон бегона аст. Аммо на барои муҳочирон ва ҳазорон нафар аз ҳақпарастони Русия ва Аврупо.

Салафия дарвоқеъ хатаре ба Точикистон дорад?

Навиштаи Рустамчон Рустамов

БА НОМИ ЯЗДОНИ ПОК

Вақтҳои охир дар матбуот ва тавассути воситаҳои аудио-видёй маводе мунташир мешавад, ки он аз пайдоиш ва ба фаъолияти густардаи гурўҳе, ки худро мансуб ба салафи солеҳ медонанд, дарак медихад. Барои шиносоии хонандагон ба хакикати ин гурух лозим аст, чанд сатре дар поён зикр карда шавад.

Тавре мусалмонон медонанд, дуст доштани салафи солеҳи ин уммат нишонаи некбахтй ва имондории ҳар фард маҳсуб мешавад. Зеро Ислом барои наслҳои баъдй ё, ба истилоҳ “халаф”, тавассути ҳамин бузургони амин расидааст, ки инро инкор кардан ба ҳеч вачҳ нашояд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки дар асри 20-21, яъне баъд аз гузаштани 11 қарн аз инқизои карни салаф афроди муайяне танҳо худро пайрави “салаф” ҳисобида ва дигаронро мубтадиъу мазҳабгаро, суфиву қубурй ва ҳатто мушрик эълон кардан барои чист? Чаро ин гуруҳ ҳамаи уламои гузаштаи ин умматро мавриди чарху таън қарор медиҳанд (ба истиснои онҳое, ки мавриди тақлиди худашонанд)? Ин гурўҳ кистанд? Чи барномае доранд? Аз кучо маншаъ гирифтаанд? Ба кй тақлид мекунанд? Сиёсати кадом кишварро таблиғ мекунанд?

САРМАНШАЪ

Донишмандони салаф (донишмандон ва диншиносони сесад соли аввал, аз саҳоба, тобеъин ва тобеъини онҳо) аз чумлаи собиқин ва касоне, ки баъди эшон омаданд, аз чумлаи тобеъин ҳамагй дорои хайр ва осори нек ҳастанд. Онхо дар Куръон ва хадис факеху сохибназаранд онхоро чуз ба неки ёд намекунем. Хар кас онхоро ба бади ёд мекунад, у дар рохи хато ва качрав аст.

Ба дуст доштани салаф, ки Худованд онхоро аз барои сухбати Паёмбараш (с) баргузидааст, муътакидем ва бар эшон он саноеро, ки Худо барояшон гуфтааст, мо низ мегуем ва хамаи онхоро дуст медорем.

Уммати ислом бар пайравии чахор имоми мазхаб ичмоъ кардаанд, хамашонро дуст медорем ва нисбати хеч як аз онхо таън намерасонем. Онхо аз чумлаи салафи солех ва кибори имомони дин буданд ва барои дини илохи хар чи аз дасташон меомад хидмат карданд. (Ризои Худо барои онхо).

САЛАФИЯ — ИДОМАИ ВАҲҲОБИЯ?

Пеш аз он ки ба ин суолхо рушани андохта шавад, хотираи хонандаро барои ёдоварии як нукта мутаваччех бояд сохт, ки дар солхои 80-90 асри гузашта дар Точикистон гурўҳе зуҳур карда буд, ки онро бо номи “ваҳҳобй” ёд мекарданд. Агарчи он вактхо сарвари гурўҳи мазкур Абдуллохи Нурй ваххоби будани худ ва гурухи худро рад мекард ва дар хама чо худро “ханафи” эълон мекард ва умуман хеч гуна иртиботе ба уламои ваххоби дар Саъуди хам надошт. Вале катъи назар аз инкори Абдуллохи Нури аз ваххоби будани харакаташ боз хам у ва гурухашро иттихом ба “ваххобият” мекарданд. Хатто Турачонзода дар мусохабаи ахири худ гурухи “салафи-хаворичи”-и навзухурро ба харакати исломии солхои навадум рабт дода, инхоро дунболаи он хондааст, ки ин даъвои Турачонзода комилан галат аст. Зеро хамин Турачонзода дар чандин маколахо ва мусохибахои худ вучуд доштани “ваххоби”-ро дар Точикистон дар солхои 80-90 инкор карда буд. Чаро Турачонзода мавкеъи собики худро инкор ва такзиб мекунад?!

Аммо гуруххои навзуҳур, ки худро пайрави салафи солех мепиндоранд, аз он гурухи солхои 80-90 фарқ мекунанд. Ин гурух асосан тамоюли хаворичи дорад. Ва аксари мусалмонхоро ба куфр ва ширк хукм мекунанд, оятхо ва хадисхоеро, ки дар шаъни кофирон ва мушрикон нозил шудааст, дар хакки мусалмонхо хамл мекунанд. Абдуллох ибни Умар (р) “Хаворич”-ро аз чумлаи бадтарин офаридахои Худованд мехисобид. У мегуфт: “Ин гурух (хаворич) оятхоеро, ки дар шаъни кофирон нозил шудааст болои муъминон хамл мекунанд” (Бухорй, боби талаби тавба аз муртадон).

ГУСТОХЙ Ё ТУНДГАРОЙ?

Ин гурух нисбати донишмандон ва мучтахидони ахли суннат ва чамоат аз асри аввали хичри гирифта то имруз бисёр беодоби ва густохи мекунанд. Махсусан чахор имоми мазхаби ахли суннатро дар илм ва огохи баробари худ медонанд. Ичмоъи салаф, яъне донишмандони сесад соли аввалро, ки Паёмбари бузургвор ба бартари ва бузургиашон гувохи додааст,эътироф намекунанд. Танхо китобхоеро кабул доранд,ки мутобик бо фикри худашон бошад ва аз тарафи онхое навишта шуда бошад, ки ба онхо таклид мекунанд. Аммо китобхоеро, ки аз тарафи муфассирон ва мухаддисони бузург дар тафсир, шархи хадис, фикх, акида навишта шудаст хамаро нокис ва мухолиф ба Китоб ва Суннат медонанд. Ашъариву Мотуриди, Имом Нававиву Ибни Хачари Аскалони ва садхо аиммаи динро таъвилгаро ва дар акида гаири муваххид медонанд.

Ин гурух хамеша бо оммаи мусулмонхо дар холати даргири ва бахсу мунозира хастанд, кори хамешаги ва асосиашон хамин аст. Хар ки тавассул ба Паёмбари азиму-ш-шаънро баъд вафоташон чоиз бидонад уро мушрик мехисобанд ва хатто касе баъд аз хач касди зиёрати Равзаи мубораки Паёмбар (с) ва салом додан бар турбати мутаххари Уро кунад онро сафари маъсият ва гунох медонанд. Ин дар холест, ки хамаи уммати Ислом зиёрати Равзаи мубораки Паёмбар (с)-ро аз чумлаи амалхои нек ва савоб медонанд. Аммо салафи-хаворич зери шиъори Китоб ва Суннат ва ислохи акида мардумро ба эътикоди зохири оятхои муташобих ва акидаи “мучассима” савк медиханд. Ин гурух даъво дорад, ки баъди сесад соли аввали хичри Ашъари ва Мотуриди акидаи мардумро олуда кардаанд. Яъне дар тули зиёда аз хазор сол мардум муваххиди хакики набуданд, балки хама дар гумрохи ва нодони гузаштанд, даъво дорад ин гурух.

ТОЧИКСАЛАФИЁНИ ПОКИСТОН

Аввалин бор дар байни точикон гуруххои салафии тамоюли хаворичи дошта миёнахои дахаи солхои 90 зухур кард. Вакте ки гуфтушунидхо миёни хукумати Точикистон ва мухолифин идома дошт, як гурух аз чехрахои саршиноси ХНИТ ба ин раванд мухолафат карда, аз рафтори рохбарашон Абдуллохи Нури интикод карданд. Аз чумла Амриддин Табаров, Махмадрасул Саломов, Рахим Каримов ва дигарон дар шахри Пешовари Покистон (дар минтакаи кампи Бабу, ки дар он чо салафихои такфири, ки бештарашон алчазори, туниси ва мисри буданд) рафта, назди онхо дарс хонданд ва тахти таъсири онхо карор гирифтанд. Абдуллохи Нури ва дигар рохбарони Нахзатро даъват карданд, ки гуфтушунид бо режими Точикистонро катъ кунанд ва бо кофирон созишу сулх накунанд ва агар ин корро бикунанд, онхо низ кофир мешаванд.

Соли 1996 хукумати марказии Покистон мачбур шуд, алайхи гуруххои салафи-такфири, ки дар байнашон хамакидахои точик низ буд, амалиёти мусаллахона анчом бидихад. Зеро аллакай ин гурух ба амнияти Покистон хатари чидди эчод карда буд. Ин гурух таслим нашуда, бо артиши Покистон вориди чанг шуд. Дар ин амалиёт бисёрии онхо, аз чумла ду точик яке аз нохияи Хисор ва дигаре фарзанди Амриддин Табаров кушта шуданд. Худи у бо фарзандони дигараш аз он чо фирор кард. Аммо дигар хамфикрони Табаров, ки дар боло асомии онхо зикр гардид, баъд аз шикасти ин гурух аз минтака хорич шуда, зохиран фикри худро тагйир доданд.

БОЗГАШТ БА ВАТАН

Аммо дар дохили Точикистон гурухи салафи-хаворич чор сол мукаддам пайдо шуд. Ин гурух дар мархалаи шаклгириаш барои худро аз руёруи бо низоми хоким дур нигох доштан услуби хуберо пайдо кардааст. Равиши феълии салафи- хаворич дастгирии низоми хоким ва эътирофи он хамчун “улу-л-амр” ва “вочибу-т- тоъат” будани он аст, ки ин равишро салафихои хаворич дар дигар кишвархо дар мархалаи шаклгириашон пеша карда буданд. Чунин равишро салафихои дигар, ки бо номи “салафихои мадхали” номида шуда, дар кишвархои араби машхуранд, доранд. Онхо барои низомхои хоким алайхи харакатхои исломи амалхои чосусиро анчом медиханд.

САЛАФИЁН ВА ҲУКУМАТ

Барои чалби таваччухи низоми хоким ва мутмаъин сохтани он, ки онхо барои амнияти кишвар хатарзо нестанд, шиори итоъат аз “улу-л-амр”-ро мохирона истифода мебаранд. Аз тарафи дигар, онхо дар чорабинихои сиёси алайхи ахзоби исломи баромад карда мегуянд, ки дар Ислом хизб вучуд надорад ва мардумро дар хар чо ба овоз додан алайхи хизби исломи ташвик мекунанд. Чунин кирдорхои онхо боис гаштааст, ки давлати Точикистон дар фаъолияти ин гурух мухолифи худро чустучу накунад. Доирахои амнияти низ аз чунин фаъолият хулоса бароварда ин гурухро барои амнияти кишвар хатарзо намехисбанд. Вале бояд бидонанд, ки ин як тактикаи фаъолияти мархалавии ин гурух аст.
Дар дахаи солхои навадум дар Узбекистон нисбати “Хизб-ут-тахрир” чунин мавкеъ пеш гирифта буданд. Дар он солхо Хукумати Узбекистон барои “Хизб-ут-тахрир” майдони фаъолият мухайё кард. Зеро тасаввур доштанд, ки барои низоми хоким, танхо хизби исломи ва чумбиши чавонони Намангон хатарнок аст, ки харакатхои сиёси мебошанд. Вале “Хизб-ут-тахрир” –ро дар мукобили онхо истифода мебурданд. “Хизб-ут-тахрир” низ аз фурсат истифода бурда, зохиран аз низоми хоким пуштибони карда, алайхи харакатхои исломи таблигу фаъолият мекард, ки аз ин тарзи фаъолият низоми хоким хуш буд. Аммо баъд аз гузаштани мархалаи шаклгири “Хизб-ут-тахрир” мавкеъашро тагйир дод, ки дар минтака хама низомхо онро хизби ифротгаро эълон карданд. Бархурди низомхои хоким дар кишвархои Осиёи Маркази алайхи “Хизб-ут-тахрир” дар солхои охир нишон дод, ки ин хизб як чараёни тундгаро аст.

НАМУНАҲОИ ДИГАР

Салафихои такфири дар кишвархои дигари исломи, монанди Миср, Алчазоир, Тунис, Магриб, Мавритания, Яман ва дигар чойхо тахти шиори Китоб ва Суннат хамаи мусалмонхорое, ки ба акидаи онхо мувофик нестанд, кофир ва мушрик эълон намуда, куштани онхоро пеш аз кофирони ишголгар авлотар медонанд. Хамин гуруххо дар Миср дар аввали пайдоиш бо низоми Миср хамкори намуда, алайхи харакатхои исломии сиёсии муътадил муборизаи таблиготи шуруъ крданд, ки ин амали онхоро хукуматдорон хуш ва хуб пазируфтанд. Вале баъд аз гузаштан аз мархалаи муайян онхо чехраи худро ошкор карда, барои низоми Миср “дарди сар” эчод карданд.

Дар Покистон низ ин гуруххо барои амнияти ин кишвар чанд дахсола аст, ки хатар эчод мекунанд. Ин тоифа дар зохир худро мудофиъи Китобу Суннат ва сахобагони Паёмбари Ислом нишон дода, бо номи “Сипохи сахоба” гуруххои мусаллахи ифротиро созмон додааст, ки ба мукобили шиахо ва масчидхои онхо амалиётхои терорристи мебаранд. Хатто хангоми адои намоз куштани намозгузорон дар масчидхо ва таркондани онхоро барои худ чиход ва амали савоб медонанд. Зеро онхо хамаро чуз худашон кофиру мушрик медонанд.

САЛАФИЁНИ МО ДАР САФИ КИСТАНД?

Салафихои хаворич дар Точикистон думболаи хамонхое хастанд, ки дар дигар кишвархои исломи фаъолият мебаранд. Ин гурух илова бар ин ки миёни мусалмонхо тафрика эчод карда, мардумонеро, ки бо онхо хамакида нестанд, мубтадиъу мушрик ва кофир эълон мекунанд. Инчунин барои сиёсати пешгирифтаи давлати Точикистон дар оянда мушкилот эчод мекунанд. Бисёр кишвархои Гарб ва баъзе кишвархои араби ва хамчунин баъзе хамсояхои мо аз муносибатхои хуби сиёси, иктисоди ва фархангии Точикистон бо Ирон норохат хастанд. Имруз бо кумаки Ирон дар Точикистон пружахои азими иктисоди амали мешавад, ки барои бисёрихо хушоянд нест. Бинбар ин гурухи салафхои хаворич, ки шиаро кофир эълон мекунад, бо дастгирии доирахои муайяни хоричи мехохад, ин муносабатхоро халалдор кунад. Ин дар холест, ки рохбарони Точикистон алокахои хуби иктисоди, фарханги ва сиёсиро бо Ирон дар раъси авлавияти фаъолиятхои худ карор дода, онро кишвари дуст, хамзабон ва хамфарханг эълон кардаанд.

Аз тарафи дигар бозорхои дохилии Точикистон аз маводи хурокаи истехсоли Ирон лабрез аст. Аз чумла гушти мург ва махсулоти гушти, ки точирони точик аз Ирон ворид мекунанд ва мусулмонхо аз он истеъмол мекунанд. Аммо ин салафи-хаворичхо забхи шиъахоро харом эълон кардаанд ва дар хама чо таблиг мекунанд, ки хурдани молеро, ки шиъахо сар мебуранд харом аст. Яъне гуштхои мурге, ки аз Бразиля, Канада ва дигтар кишвархои гарби ворид карда мешавад барои мусулмонхо халол аст, вале гуштхое, ки аз Ирон ворид карда мешавад хурданаш харом аст!! Барои хар окил маълум аст, ки чунин хукм танхо аз инсони мутаассиб ва ифроти содир мешавад. Салафи-хаворичихо бо ин хукми гайри мантикиашон хамаи мусулмонхоро харомхур низ мехисобанд.

МАЙЛИ МАЗҲАБГАРОЙ

Бояд ёдовар шуд, ки вактхои охир дар Точикистон гуруххои тамоюли шиъа дошта, низ пайдо шудааст. Ин гуруххо низ барои амнияти кишвар дар оянда метавонад хатарзо бошад. Чунки барои мо аз таърих маълум аст, ки миёни сунни ва шиъа чи кадар низоъхо ва кушторхои хунин сурат гирифтааст. Дар гузашта дар Точикистон тоифахои мазхабии бо хам мухолиф вучуд надошт (ба истиснои тоифаи исмоилихо, ки боре хам миёни онхо ва мусалмонхои сунни низоъе вокеъ нашудааст). Вале имруз ин тоифахоро аз хисоби мусалмонхои ахли суннати ханафи ба вучуд овардаанд ва дар мукобили онхо чараёни тундгарои салафи- хаворичро низ эчод кардаанд. Ходисахои хунин миёни мусалмонхои шиъа ва гуруххои салафи-хаворич дар Ирок барои хама бояд дарси ибрат бошад. Дар мархалаи феъли гурухи салафи-хаворич факат ба кофир эълон кардани шиъахо ва таблиготхои тунд алайхи онхо иктифо мекунананд, вале ки кафолат дода метавонад, ки бо чунин акида ва тафаккури ифроти дар оянда даст ба икдомхои дигар намезананд? Албатта инсоне, ки чунин тафаккур дорад рузе агар барояш камтарин шароит пайдо шавад куштани чунин кофиронро чиход ва амали савоб медонад. Хатари ин масъала хеле чидди мебошад!

Набояд Ирон аз нуфузи сиёсй ва иктисодиаш истифода карда дар Точикистон дар миёни ханафимазхабон- ахли суннат эътикодоти шиъаро паҳн кунад. Зеро ин сиёсат сиёсати дўстона нест ва он метавонад дар ояндаи дур барои амнияти ин кишвар хатари бузург ичод кунад. Шояд яке аз омилхои таквият ва густариши харакати салафи-хаворич дар Точикистон аз хорич хамин амр бошад.
Тавре дар боло зикр гардид, гуруххои салафи-хаворич агарчи даъвои пайравй аз салафи солехро доранд, вале аз чарху таъни онхо хеч кас дар амон намондааст. Мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат, ки хамаи уммати ислом бар сахех ва рахмат будани онхо иттифок доранд ин гурух онхоро боъиси заъф ва тафрика шавии мусалмонхо хисобида, нисбати онхо суханони носазо мегуянд. Яъне ба акидаи ин гурух хама бояд аз Китобу Суннат пайрави намуда, аз пайравии мазхаб даст бикашанд.

Барои ин муддаъиёни пайрави Китоб ва Суннат як таваччухи чиддиро, ки дар мукаддимаи тарчумаи “Мухтасари сахехи Бухори” омадааст ишора мекунем: “Истинботи ахком аз аходиси набави, усул ва кавоъид ва шартхои хоси худро дорад ва чунин кор аз ашхосе, ки ба мархалаи пухтагии илми нарасидаанд, ба хеч вачх имконпазир нест. Ба ин асос набояд хама кас он чиро ки аз зохири баъзе аходис ба зехнаш хутур мекунад, хукми шаръи карор дода ва хамон гуна ба он амал намояд.
Ба таври мисол, агар дар хадисе, ки мегуяд: Паёмбар (с) дар хачч, дар чавоби хама касоне, ки мепурсиданд: Ман надониста чунин ва чунон кардам, мефармуданд: “бикун ва боке надорад” бархурд менамоянд, набояд ин тавр бифаҳмад, ки анчом додани ҳар амале, ки дар ҳачч дониста ва ё ҳатто надониста сурат мепазирад, раво буда ва боке надорад, балки бояд барои дарк ва фаҳми маъноии ҳақиқии чунин аҳодис ба кутуби фуқаҳо ва шарххои аходиси набави мурочаъа намояд”. (Мухтасари тарчумаи Саҳеҳи Бухорй, с.5, чопи Душанбе, 2005)

ХУЛОСА

Аксари кулли ин муддаъиён чавонони бедонишанд, ки заруриёти динии худро тавассути китобҳои ба сириллик нашршуда, ки аз тарафи маблағгузорони хоричиашон ба табъ расидааст, аз худ кардаанд. Ва шояд хато набошад, агар гуфта шавад, ки 99 дарсади ин чавонони муддаъии салафият сатҳи донишашон ҳамин қадар аст. Пас барои ин гурух кй ин чуръатро додааст, ки тамоми фуқаҳо, мучтаҳидин, муфассирин, шореҳони ҳадисҳои набавиро чарху таън карда, онхоро хато мегиранд ва иддаъо доранд, ки онхо танхо бо Китоб ва Суннат амал мекунанд?! Бо кадом илму донишашон ба ин поя расидаанд, ки аз хидматхои хама бузургони мучтаҳид бениёз гашта, худро дар пояи онҳо баробар меҳисобанд?! Танхо бехирадй, бедонишй, беодобй ва камтачрибагй аз як тараф ва таҳрики хоричй аз тарафи дигар боъиси ин амр гаштааст!