Узбекистон демократитар аст ё Точикистон?

Одат шудааст, ки Узбекистон хамчун кишвари диктатурй ном бурда шавад ва дар сояи он Точикистонро каме рахм кунанду нисбат ба хамсояаш бехтар номанд.

Аммо имруз, 27 январ дар робита ба интихоботи парламентии Узбекистон хамаи хайъати хукумати Узбекистон пурра ба истеъфо рафт ва аз руйи натичахои интихобот хукумати нав ташкил карда мешавад. Ислом Каримовро диктатор меноманд, аммо дар хукумати вай намояндагони хамаи вилояту махалхои Узбeкистон хастанд.

Continue reading

Advertisements

Изҳороти кушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев оид ба вайронкунии ҳуқуқи инсон

«Фараж» №03 20.01.10 Солеҳҷон Ҷӯраев

Зиндагиномаи муаллиф:

Солеҳҷон Ҷӯраев дар Самарқанд «таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе шуда кор кардааст. Аз соли 1978 дар дастгоҳи марказии прокуратураи Тоҷикистон ба ҳайси муфаттиш, муфаттиши калон оид ба парвандаҳои махсусан муҳим дар назди прокурори ҷумҳури, муовини сардори раёсати тафтишоти, сардори сарраёсати тафтишоти – муовини прокурори генерали, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Сипас, ба сифати адвокат дар шаҳрҳои Самарқанд, Москва ва вилояти Самараи Федератсияи Россия кор кардааст.

Continue reading

Ҳами Роғун мегам дуруғ набоша бо…

Ҳама саҳмияи Роғун гирифтанд, ман намегирам. Барои чй ки боварй надорам. Як рафикам дар Ориёнбанк кор мекунад, гуфт акаи Хасан ба як дирам хам сахмия нахаридааст.  Холо ин ки акаи Хасан Асадуллохзода пули зиёд дорад ва агар хохад аз ним беши сахмияхоро як худаш мехарад.

Continue reading

Ба ин акс матни муносиб пайдо кунед

Яке аз хонандагони «Андеша» ин аксро ба мо фиристод ва онро мулокоти охирини Эмомалй Рахмон бо Додочони Атовулло унвон кардааст. Вале дар акс чанд симои дигар низ ба чашм мерасанд. Ба монанди шахрдори Душанбе: Мамамдсайид Убайдуллоев ва «серый кардиналь» Талбак Назарович Назаров, ки мегуянд, холо хам ЧО бо дастуру маслихатхои у кор мекунад ва пири хукумати Точикистон ягон дафъа дар бораи ба кучо рафтани пулхои Фонди президентии хайрия хисобот надодааст. Ба хар хол шумо ба ин акс чй матн илова карда метавонед? Бехтарин матн чоизаи олй хохад гирифт ва номи голиб дар хамин чо эълон хохад шуд.