Паёми Кабирӣ. Чӣ гуна пеши роҳи фитна ва тафриқаро бигирем?

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Бародарон ва хоҳарони гиромӣ!
Дар ин рӯзҳо лозим донистам бо паёме ба шумо, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ муроҷиат намоям ва инчунин мухотаби ин паём метавонад ҳар касе бошад, ки ба масоил беғаразона ва холисона нигоҳ менамояд.

Посухи Эшони Нуриддин ба Шӯрои уламо: «Ман шиа нестам»

Эшони Нуриддин бародарону ҳаводоронашро ба оромиш даъват карда ва гуфтааст, ба дасиса дода нашаванд. Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзид, ин бор ба баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо баёнияе посух гуфт.
Ӯ дар ин изҳороти худ иддаои Шӯрои уламоро, ки хонаводааш — Тӯраҷонзодаҳоро барои ёдоварӣ аз рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн ба шиагароӣ муттаҳам карда буд, “дасиса” номид. Эшони Нуриддин мегӯяд, ӯ ҳаргиз пайрави шиа набуду нест ва нахоҳад шуд, ҳамчуноне ки ҳаргиз салафӣ набуду намешавад.

Тўраҷонзодаҳо бори дигар дар саргаҳи иғво истодаанд…

Баёнияи Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар замони муосир, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи дину фарҳанг ҳамгироӣ ва ҷаҳонпайвандӣ таъсир мегузорад, як навъ иртиботи қавӣ миёни мазоҳиб ва мусалмонони мамолики гуногун ба мушоҳида мерасад. Равобиту муносиботи фарҳангии байни кишварҳои исломӣ тадриҷан авҷ мегирад, ки ин як падидаи ногузири замони мост.

Баробари ҷиҳатҳои мусбати ин падида, мутаассифона, баъзе ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки ба пайдоиши ихтилофоти фикрӣ ва ақидатӣ боис мешаванд. Манзури ин андеша паҳн шудани баъзе ақидаҳои ғалати равияҳои бегона аст, ки ба мазҳаби ҳанафӣ ва солимии вазъи диндории аҳли ҷомеаи Тоҷикистон хатар эҷод менамоянд.

Continue reading

«Сабасаи аввал», аквариум, ватаннонамо

Абдулазизи ВОСЕЪ

«Озодагон» №21 26.05.2010

Телевизионхои Точикистон ба максад расиданд. Ман аз телефони мобилиям безор шудам. Он кадар ин куттичаи хурди сиёхакро, ки то ин вакт хамеша мушкилкушоям буд, бад дидам, ки мабодо агар садои зангаш баланд шавад дилам бехузур мегардад. Инак, 33-рузи расо мешавад, ки (аввалин гузориш дар борам истифодаи нодурусти телефонхои хамрох шоми рузи 24 апрел, баъди анчоми паёми президент ба Мачлиси Оли намоиш дода шуд) телевйзионхои мо аз телефони мобилу зарари он мегуянд.

Continue reading

Оё дин аз сиёсат ҷудост?

«Начот» №13 01.04.2010 Хаӣриддини ҚОСИМ

Русро қалбу чигар гардида хун,
Аз замираш харфи ло омад бурун,
Он низоми куҳнаро бар ҳам задаст,
Тез неше бар раги олам задаст.
Кардаам андар мақомоташ нигаҳ,
Ло салотин, ло калисо, ло илаҳ.
Фикри ӯ дар тундбоди ло бимонд,
Маркаби худро суйи илло наронд.
Оядаш рузе, ки аз рӯйи ҷунун,
Хешро з-ин тундбод орад бурун.
Дар мақоми ло наёсояд ҳаёт,
Суйи илло мехиромад коинот.

(Аллома Иқболи Лоҳурӣ)

Яке аз баҳсҳои ҷиддӣ дар маҳфилҳои сиёсиву расонаӣ дар кишвари мо мавзӯи ҷудоии дин аз сиёсат аст. Ин масъала бахусус дар даврони истиқлоли Тоҷикистон аз аҳамияти зиёде бархурдор шуд, ки ҳамзамон бо баҳси чигунагии муносибати давлат бо дин дар кишвари мустақил матраҳ гардид.

Continue reading

Ҳимматзода аз пояҳои суботи ҷомеаи мо буд

Абдуллоҳи РАҲНАМО, «Миллат» №11 18.03.2010

Даргузашти устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода барои ҳар касе, ки аҳли илму имон ва аҳли фикру инсоф аст, таконе бузург мебошад, зеро ӯ намоде аз илму имон ва фикру инсоф буд. Барои шинохти тамоми шахсияти М.Ҳимматзода шояд ба замони бештар ниёз аст.  Вале агар кӯтаҳ гӯем, муҳимтарин ҷанбаҳои шахсиятм эшон чунин буд:

Ҳимматзодаи олиму домулло: Аввалин зуҳури ҷамъиятии Ҳимматзода аз саҳнаи илм оғоз шуд, аз саҳнаи илмҳои динӣ ва фикрӣ. Дар солҳои 80-ум ӯ ба унвони яке аз мударрисон ва домуллоҳои бисёр фаъол дар муҳитҳои динӣ шинохта шуд ва баҳси истидлолии ӯ ва ҳалқаи дарсии ӯ аз ҷиддитарин маҳфилҳои илмӣ ва ақидатии он замон ба ҳисоб мерафт. Он вақт ҳатто рӯҳониёни анъанавие, кӣ бо баъзе мавқеъгириҳои ӯ розӣ набуданд, баъди интиқоду мухолифат ночор ин ҷумларо илова мекарданд: вале дар ҳақиқат олим аст.

Continue reading

Панҷумин хуршед

(ё худ баёни ин ки инсон метавонад ба дасти худ сарнавишти хешро рақам бизанад)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Камина одат надорам беш аз андоза телевизион тамошо кунам, чун аввалан вақташро надорам ва сониян, мўътақидам чунин одате аслан зиёновар аст. Ба истиснои пайгирии ахбори ҷорӣ дар ҷаҳон, аҳёнан агар филме ибратомез буд, тамошо мекунам. Рамазони соли ҷорӣ дар яке аз шабакаҳои симои Ирон, филме мусалсал ба намоиш гузошта шуд, ки инсофан қобили таҳсин аст. Ҳар касе онро сохта, дасташ дард накунад. Номи ин филм “Панҷумин хуршед” буд. Ҳарчанд поёни хубе (аз назари отифӣ) надошт, вале паёме, ки филмсоз мехост бирасонад, паёми ибратдеҳе буд.

Филмсоз мехост ба воситаи ин филм барои бинанда собит кунад, ки инсон дар рақам задани сарнавишти хеш ва атрофиёнаш, нақши бас муҳимме дорад. Хулосаи филм ин аст, ки боре барои як ҷавоне чунин фурсат муяссар мегардад, ки ба оянда сафар кунад, шоҳиди зиндагии атрофиёнаш дар оянда бошад, бубинад чӣ сарнавиште гиребогирашон шуда. Масалан мебинад хонаводааш (хоҳару модараш) ва яке аз дўстони самимияш ояндаи на чандон хуше доштаанд. Тасмим мегирад баргардад ва коре кунад, ки ояндаи эшон на он чунон шавад, ки шоҳидаш гардид, мехоҳад бо ҷобаҷоии бархе аз асбобе, ки мунҷар ба ин чунин сарнавишти нохуш шудааст, ояндаи эшонро тағйир бидиҳад. Ва муваффақ ҳам мешавад. Хулоса, ду ё се бор аз ин замон ба он замон ва баръакс сафарҳое анҷом дода ва муваффақ мешавад асбоби мунҷар ба сарнавишти муайянеро ҷобаҷо созад. Албатта худаш, ки дар замони оянда ошиқи духтаре мегардад, дар поён асбоб ба гунае ҷобаҷо мешаванд, ки дар ниҳоят маъшуқаи хешро аз даст бидиҳад, ки гуфтам ин филм финоли ғамангез аз назари отифӣ дорад. Бинанда мехост ин ду бо ҳам бирасанд, ки нарасиданд. Ҳоло коре ба ин ҷиҳат надорам.

Он чи мехоҳам арз кунам ин аст, ки гоҳе инсон матлаберо, агар печида бошад, наметавонад аз тариқи гуфтану навиштан ба хонанда бирасонад. Вале як намоишнома (филм ё театр), аз он ҷо ки малмусу маҳсус аст, метавонад ҳамон матлаби печидаро барои бинанда ба хубӣ ва осонӣ бирасонад.

Дар системаи маърифатии ислом, масъалаи “сарнавишт” (қазо ва қадар) ба гунае олӣ ва дақиқ баён гардида, ки дар ҳеҷ як аз системаҳои маърифатии башарӣ назири онро пайдо наметавон кард. Ислом, дар айни ин ки буду шуди ҳар падидае дар ҷаҳони ҳастиро, тибқи қазо ва қадари илоҳӣ медонад, аммо ҳаргиз нақш доштани худи инсон дар тағйиру рақам задани сарнавишташро нодида нагирифтааст. Қуръон дар айни ин ки мегўяд: “Ҳеҷ мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда ва ин бар Худо осон аст” (Сураи Ҳадид, ояти 22), ва (дар айни замон) мефармояд: “Худо вазъи ҳеҷ мардумеро иваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 11).

Ба назари баъзе гўи Қуръон ин ҷо таноқуз мегўяд. Яъне ин чи гуна аст, ки Қуръон аз тарафе мегўяд: ҳар чи шуду ҳасту мешавад, тибқи қазо ва қадари илоҳист, вале аз тарафе мегўяд: шумо инсонҳо худ дар тағйири сарнавишти хеш муассиред?

Аммо худи Қуръон ин дуро бо ҳам қобили ҷамъ медонад, на мутаноқиз. Дар ояте мефармояд: “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад), ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад, ва “китоби модар” (асл ва модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) фақат назди Ўст” (Сураи Раъд, ояти 39).

Маънои ояти номбурда, бо таваҷҷўҳ ба баёноти гуҳарбори ҳазрати Паёмбар (с) ин аст, ки қазо ва қадар дар мавриди инсонҳо якнавохт нест. Худованди Мутаол дар мавриди инсонҳо, қазо ва қадарҳои мутааддиде гузошта, ки таъйини ҳар кадом, бастагӣ ба ихтиёру интихоби худи инсон дорад. Масалан: касе ба навъе беморӣ мубтало шуда. Агар ин бемор даво бихўрад, шифо хоҳад ёфт, яъне як сарнавишт хоҳад дошт, вале агар даво нахўрад, хоҳад мурд, яъне сарнавишти дигаре пайдо хоҳад кард. Бо хўрдани даво, он сарнавишти шум маҳв хоҳад шуд. (Ин аст маънои “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад”).

Дар ривояте омадааст рўзе Паёмбар (с) ҳамроҳи чанд тан аз ёрон нишаста буданд, ки марде аз канорашон рад шуд. Паёмбар (с) рў ба ёрон карда фармуданд: ин шахс дигар барнахоҳад гашт, яъне хоҳад мурд. Чанд соате сипарӣ шуд, ки диданд мард ҳамроҳ бо ҳезуме дар китф солиму тандуруст бармегардад. Ёрон аз он ҷаноб (с) пурсиданд, ки магар нагуфтед ин мард дигар барнамегардад ва хоҳад мурд? Паёмбар (с) аз он мард хостанд, ки биистад. Пурсиданд: имрўз чӣ коре нек анҷом додӣ? Гуфт: ҳангоми хуруҷ аз хона, садақае барои як ниёзманд бахшидам. Аз ў хостанд ҳезумашро бар замин гузорад. Вақте гузошт, диданд море кушанда аз миёни ҳузумҳояш берун омад. Он гоҳ Паёмбар (с) фармуданд: Сарнавишти ин мард дар китоб (номаи аъмоле, ки сарнавишти ҳар одамӣ дар он сабт гардида ва Паёмбар (с) аз он огоҳанд) чунин буд, ки море ўро газида ва ў хоҳад мурд. Аммо аз он ҷо ки ин мард ҳангоми берун омадан аз манзил садақа дод, Худо сарнавишти ўро тағйир намуд. (Ин аст маънои “ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад”).

Ин ки маъруф аст “Садақа радди бало мекунад” ҳамин аст, яъне балое туро дар интизор аст (як сарнавишт), вале садақа додани ту боис мегардад ин бало аз сари ту бардошта шавад (як сарнавишти дигар).

Хулоса, баёну тавзеҳи як чунин масъалае печида, гоҳе ба забону навиштор хеле душвор аст ва чи басо инсон аслан наметавонад онро ба хонанда бирасонад. Аммо филме, ки дар ин моҳи муборак дидем, тавониста ҳамин масъалаи печидаро хуб ва некў бифаҳмонад. Он ҳам барои ҳар инсоне, новобаста ба сатҳи дониши вай.

Дасти созандааш дард накунад. Худо дунёву охираташро обод созад!

http://www.kemyaesaadat.com/