Хочи Акбар ТУРАЧОНЗОДА: «КОРХОНААМРО КАСДАН ОТАШ ЗАДАНД»

Шахлои ГУЛХОЧА, Киёми НУР   «Нигох» №32  26.10.2011  

Соатҳои 3-и шаби душанбеи 24-уми октябри соли ҷорӣ корхонаи коркарди пахтаи шаҳри Ваҳдат, ки мутааллиқ ба сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, оташ гирифт.

Шоҳидон ташвишҳои он шабро ба «Нигоҳ» нақл карданд. Худи Тӯраҷонзода бошад, гуфт, ки корхонаашро қасдан оташ задаанд ва ин бори аввал нест, ки барояш мушкил эҷод мекунанд. Се ҳафта пеш ба мошинҳои пурбори ба корхонаи ӯ равонаро иҷозати убури сарҳади маъмурии вилояти Хатлон надода будаанд…. Continue reading

Advertisements

Наздикони президент аз «конуни Саидов» берун бошанд?

Озодаи ФИРУЗ «Начот» №42 19.10.2011 

Ҷомеаи Фасодзада мисли дарахти сабзест, ки зохираш бузургу хушранг аст, вале дохилии онро кирм хона карда, эҳтимоли аз байн рафтанд он ҳаст. Хурдани кирм дар он мухит ба як мачрои табиъи тавдил ёфта, агарчи дарахт барои дигар чиз офарида шудааст ва рисолати хос дорад.

Ҳар як инсон ҳам мисли ҳамон дарахт дар ҷомеьаи инсони рисолати хешро дорост, агарчи деҳкони хокпош аст ё сарвари як кишвар бинобар ин ӯ набояд, бинобар, ки кирм -фасод дарахт – кишварашро ба холе оварда, ки мавриди мазаммати дигарон қарор гирад.

Мабни бар ин гуна ақоид ҳоло саволи матрах ин аст, ки чаро фасод ба ин дараҷа шакл мегирад ва Тоҷикистон пайваста дар Феҳристи кишварҳои фасодзада карор гирифтааст? Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран, маҷаллаи Бонуфузи амрикои бо номи «Форбс» Тоҷикистонро аз ҷумлаи 134 кишвар миёни 10 кишвари Фасодзадатарин мебинад.

Continue reading