Турачонзода аз ТВ «Сугд» чи мехохад?

Дилошуб Орифзода «Озодагон» №22 05.06.2013

Дах казияи судие, ки тайи як соли ахир, яъне аз мохи майи соли 2012 то хамин давраи соли 2013 огоз шудаасту як чониб намояндагони ВАО махсуб меёбанд, зикр гардид. Яке аз ин казияхо даъвои Турачонзода нисбати ТВ «Сугд» ва рузноманигораш Тохир Искандарзода мебошад.

Охирҳои соли 2011 ва оғози соли 2012 яке аз мавзӯи асосӣ ва “доғ” дар матбуоти тоҷик таҷлили Иди ошӯро дар масҷиди “Муҳаммадия” ва аз имомхатибӣ дур кардани хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо буд. Чун гуфтем дар ин шабу рӯз бештар расонаҳо ба ин баҳс ворид шуда буданд. Ягона телевизионе, ки доир ба ин масъала дар шимоли кишвар барнома омода кардааст, ТВ “Суғд” мебошад.

Бахси “ошӯро” тамом шуд, баҳси “ошӯро” идома дорад

Моҳи феврали соли 2012-ум телевизиони вилоятии “Суғд” дар барномаи “Сӯҳбати озод” мавзӯеро барои баҳс қарор додааст, ки унвонаш “Ошӯро аз нигоҳи мазҳаби имоми Аъзам” мебошад. Пас аз пахши барномаи мазкур байни мардум ихтилофоти зиёд ба миён омад. Зеро дар барнома оилаи Тӯраҷонзодаҳо зери “тозиёна”-и танқид қарор гирифтанд. Адвокати Тӯраҷонзодаҳо- Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ки аз оғоз то ба охири барнома таҳқир ва тӯҳмат вуҷуд дорад: “Барнома ин тавр сурат гирифтааст, ки гуё Тураҷонзода шахсе мебошад, ки дар Тоҷикистон ташкилкунандаи ҷанги шаҳрвандӣ аст. Вай ҷанги шаҳрвандиро ба болои мардуми тоҷик бор кард. Гӯйё, маҳз бо гуноҳи ин оила ҳазорҳо мардум мурда, занҳо бева ва кудакон ятим монданд”.

Кй супориш додааст?

Байни мардум овоза ҳаст, ки гӯё барнома тарҳрезишуда ва фармоишӣ мебошад. Барои он ки дар телевизиони “Суғд” бо ин шакл қариб, ки барнома омода намешавад. Чун барномаи “Сӯҳбати озод” силсилабарнома аст, дар дигар пахшҳо муаллиф ва маъмурият боре ҳам чунин мавзӯи баҳсталабро интихоб накардааст. Адвокати ҷониби даъвогар бар он аст, ки матлаб махсус омода шуда буд. “Аслан аз худи ҳамон барнома маълум аст, ки ҳамон шабу рӯз дар Душанбе аз ҷониби Кумитаи дин як “компания” ташкил шуда буд, нисбати оилаи Тӯраҷонзода, масҷидашро маҳкам карданд, судбозӣ карданд.

Умуман, ин мушкилот, ки кумитаи дин бо ин оила доит, баъд аз ин дар вилояти Суғд идома ёфт. Яъне идомаи ошӯро дар вилояти Суғд. Ва ман фикр мекунам, ки ин барнома як барномаи супоришӣ буд, яъне бо ҳамин васила онҳо вонамуд карданӣ буданд, ки ҳамин вазъ бо оилаи Тураҷонзодаҳо ва Кумитаи дин на ин ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Вахдат, балки дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, яъне чунин вонамуд карданӣ буданд”,- мегӯяд Файзинисо Воҳидова.

Номбурда меафзояд, мавзӯи барномаи телевизион “Ошӯро аз нигоҳи мазҳаби имоми Аъзам”, ки сӯҳбати озод буд, аммо дар ҳамин барнома, на ин ки ошӯро, балки пурра ба оилаи Тураҷонзодаҳо дарафтода, шахсияти онҳоро таҳкир намудаанд. Маълумоте паҳн карданд, ки обрӯ ва шаъну шарафи оилаи Тураҷонзодаҳоро паст мезанад.

Дар сӯҳбат бо “Озодагон” барандаи барнома Тоҳир Искандарзода, ки ӯро низ ҷониби даъвогар ба суд додааст гуфт, ки на ҳама мавзӯҳоро худаш интихоб мекунад: “Дар барномаи “Сӯҳбати озод” мавзӯи “Ошӯро аз нигоҳи мазҳаби имоми Аъзам” омода намудем, ки аслан идеяи ман набуд. Чун ин бо сиёсат робита дорад. Барои ман маъмурияти телевизион супориш дод, то ки доир ба ин масъала коршиносонро даъват намоям”- афзуд Тоҳир Искандарзода.

Роҳбари идораи телевизион ва радиои вилояти Сугд Аюбҷон Асадуллоев гуфт, ки ба онҳо касе супориш надодааст: “Барномаи “сӯҳбати озод” фармоишӣ набуд. Ягон мақомоти қудратӣ, ё шахси мансабдор ба мо супориш надодааст. Тоҳир Искандарзода ин мавзӯъро ба ман пешниҳод намуд, чун он шабу рӯзҳо матбуот дар ин бора ҳарф мезад, мо низ хостем дар ин бора барнома омода намоем. Агар коршиносон сухани ноҷо гуфта бошанд, бигзор ҷавоб гӯянд”.

Шикояти даъвогар 100 фоиз аст

Ҷониби даъвогар бар он аст, ки онхо ба суд далелҳои раднашавандаро пешниҳод кардаанд ва бо тамоми ҷузъиёташ талаб намудаанд, ки қазия бо адолатона дида шавад. Ин ҷониб афзуд, исбот ва далелҳои пешниҳодшуда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шаъну шарафи оилаи Тӯраҷонзодаҳо дар барнома паст зада шудааст:

– Агар онҳо ҳисоб мекарданд, ки мо беасос ба суд муроҷиат кардаем, то имрӯз имконият доштанд, ки далелҳои худро пешниҳод карда, даъвои моро инкор кунанд. Мо дар мурофиаи судӣ экспертиза гузаронидем, экспертизае, ки имрӯз аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ дода шудааст, гарчанде он қадар саҳеҳ набошад ҳам, лекин хулоса додаст, ки доир ба он гуфтаҳое, ки аз ҷониби иштироккунандагони ҳамин барнома изҳор карда шудааст, гузаронидани тафтишоти пешакӣ зарур аст. Яъне, кумита бо ин хулосаи худ эътироф намудааст, ки дар инҷо қонуншикани аст, дар кирдори ҳар як иштироккунандаи ҳамин барнома, лекин бо назардошти он ки имрӯз ҳамчун ҷиноят аз кодекси ҷиноятӣ тӯҳмат ва таҳқир бардошта шудааст, бинобар ҳамин мо ба тариқи муносибатҳои гражданӣ ба суди гражданӣ муроҷиат намудем,- гуфт хонум Файзинисо Воҳидова.

Рӯзноманигор Тоҳир Искандарзода мегӯяд, ки ба ҳарфҳои гуфтаи худ тайёр аст ҷавоб гӯяд ва дар суханҳояш таҳқирро намебинад: “Ман ба суханҳои гуфтаи худ ҷавоб медиҳам. Аслан, дар он барнома фикри худамро нагуфтаам. Танҳо он чиро гуфтам, ки дар матбуот он шабу рӯз гуфта мешуд. Ман танҳо иқтибос овардаам”, – афзуд Искандарзода ва илова намуд, ки вакте санаи 18-уми март суд баргузор шуд, домуллоҳо гуфтанд, суханҳояшонро дар ёд надоранд:

– Домуллоҳо гуфтанд, ки баромадамонро як сол зиёд шуд, аз ин хотир суханҳои гуфтамонро фаромӯш кардаем. Аввал як бор тамошо кунем, гуфтанд ва ба фикрам матни суханронияшонро суд дод.

Даъвогар чӣ мехохад?

Ҷониби даъвогар мегӯяд, ки қабл аз ба суд муроҷиат намуданашон ба ТВ “Суғд” ва дигар ҷавобгарон муроҷиат кардаанд, ки баҳс то ба суд наравад, зеро ҳалли то судии чунин казияхо пешбинӣ шудааст. Намояндаи Тӯраҷонзода хонум Воҳидова мегӯяд, раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, имомхатибони масҷиди шаҳрҳои Исфара ва Конибодом Ҳоҷӣ Насрулло Азизов ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов ба мактубҳояшон ҷавоб нагардонидаанд: “Танҳо аз ТВ “Суғд” посух гирифтем, ки онҳо омода нестанд бо мо созиш кунанд ва бе дахолати додгох,ҳамин масъала ҳалли худро ёбад”.

Файзинисо Воҳидова гуфт, ки зерҳимояаш боре ҳам ба ӯ дар мавриди ситонидани ҷуброни пулӣ ҳарф назадааст. Ҳамчунин дар идомаи суханаш афзуд:

– Имрӯз мо мебинем, ки тоҷирони рақами як ҳам аз журналисту дигар дигарҳо як маблағҳои ҳангуфтро талаб мекунанд. Аммо имрӯз фақат барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи худ муроҷиат кардем, ки суд барқарор карда диҳад. Ҳозир ҳам мо тайёр ҳастем, ки ҷавобгарон биёянд, узр пурсанд мо аз даъво даст мекашем.

Ҷониби даъвогар аз рӯзи оғози қазияи мазкур то ба имрӯз як чиро мехоҳад. Онҳи ҳисоб мекунанд, ки дар барнома “Суҳбати озод” иштироккунандагон шаъну шарафи онҳоро поймол кардаанд.

– Мо тавассути суд хоҳиш намудем, маълумоте, ки азтариқи ТВ “Суғд”, зимни барномаи “Ош-ӯро аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам” дар сӯҳбати озод паҳн гардида, паст кунандаи обрӯ ва шаъну шарафи даъвогар Тӯраҷонзода Ҳоҷӣ Акбар эътироф карда шуда, ҷавобгарон барои маълумоти паҳн кардаашон, ӯҳдадор карда шаванд. Яъне боз ҳамин барномаро ташкил намуда, ба тамошобинон вилояти Суғд эълон кунанд, маълумоте, ки онҳо паҳн кардаанд,-бардурӯғ аст- баён кард, Файзинисо Воҳидова.

Райиси идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд Аюбҷон Асадуллоев тасдиқ намуд, ки қабл аз оғоз шудани қазия, аз ҷониби даъвогар ба идораи онҳо мактуб омада буд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мактуби ҷавобӣ навиштаанд: “Аз мо хостанд барномаи дигар ташкил намоем ва ҳамон коршиносон тариқи телевизион баромада, гӯянд, ки суханамон тӯҳмат буд. Мо розӣ нашудем. Дар ҷавоб навиштем, ки агар хоҳед бо шумо низ барнома омода мекунем”.

Қазияи мазкур дар ҳолати баррасӣ қарор дорад; Ҳамагӣ як маротиби мурофиа баргузор шудааст ва аз сабабе, ки имомхатиби масҷиди Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов аз судя хоҳиш намудааст, ки ҳарфҳои гуфтаашро дар хотир надорад, ҳоло мурофиа идома дорад. Барои омӯхтани дигар ҷанбаҳои қазия ба судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, муроҷиат намудем. Мутаасифона, Матлуба Ҳабибуллоеваро дар ҷои кораш пайдо карда натавонистем, зеро ӯ бемор буда, дар касалхона барои барқарор намудани саломатииаш бистарӣ гардидааст.

Ин парванда ба қавле “гӯшти уштурхӯрда” шуда, кай ва ба фоидаи кӣ ба анҷом мерасад, номаълум аст. Журналистон бошанд, онро пайгирӣ хоҳанд кард, зеро қазия ба таҳкими озодии баён ва воситаи ахбори омма ба хотири таъмини волоияти қонун дар ҷомеа марбут аст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: