ЧАРОҒҲОИ «КАММАСРАФ» – ЗАРАР БА ҶИСМУ ФОИДА БА ҲУКУМАТ!?

РУСТАМХОҶА «Начот» №42 15.10.09

Мусаллам аст, ки паёми Президенти ҷумҳури ва фармони у таҳти рақамн 653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба раванди истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани аҳолӣ ва корхонаву муассисахо ибтидо гузошт. Чунон ки дар паёми Президент омада буд: «Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонави, ки харҷи неруи барқро то 5 маротиба кам мекунанд ва илова бар ин муҳлати кори онҳо 8-10 маротиба зиёдтар аст, ба мақсад мувофиқ мебошад». Аз рӯи маълумотхои хамонвақтаи ШСХК «Барқи тоҷик», вобаста ба истифодаи лампаҳои каммасраф истифодаи барқ аз ҷониби аҳоли дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз то 7-7,5 миллион кам гашта, энергияи сарфакардашуда дар корҳои истеҳсодӣ самаранок истифода бурда мешавад.

Дар ин хусус, аз ҷумла ба аҳолӣ аз ҷониби масъулини умури матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» мужда расонида шуда буд, ки як лампаи оддии 100 -ватта дар даҳ соати фурӯзон будан 1 кВт ё худ 6 дирам кор мекунад, Ҳамзамон лампаҳои люминестсентӣ дар 20 соат, лампаҳои каммасрафи рӯшноии диодӣ бошанд, дар 50 соати фурӯзон будан 1 кВт ё худ 6 дирам кор мекунанд. Инчунин масъулин афзуда буданд, ки дар ҳолати як ватт хароҷот намудан, рӯшноибахшии лампаҳои диодӣ нисбат ба лампаҳои муқаррарии тафсон 8 маротиба ва нисбат ба лампаҳои люминестсентӣ 1,3 баробар зиёданд ва рӯшноии лампаҳо ба рӯшноии рӯз наздик буда, ба узви босира зарар надоранд. Баҳри амалӣ кардани ин кор ҳатто баъзе мутахассисони барқ ва тибб, ки аз ҷумлаи соҳибмансабон буданд, ба воситаи матбуот васеъ истифода бурда шуданд. Ва онон барои он ки имтиёзҳои хешро аз даст надиҳанд, бе дудилагӣ «сиёҳ» – ро «сафед» мегуфтанд.

Лекин, тавре ки дар урфият мегӯянд, «офтобро бо домон пӯшонида намешавад». Яъне имрӯз, ки мутахассисону барқчиёни матин ба воситаи матбуоти даврӣ аз ҷорӣ кардани лампаҳои каммасраф изҳори нигаронӣ менамоянд. Аз суханҳои ҳаққонии онҳо маълум аст, ки ҳама пойдор набудани маъракаи гузаштан ба чунин лампаҳои барқиро дарк намудаанд. Ҳатто вақти сафар ба навоҳии кишвар ҳам норизогии мардумро аз ҷорӣ кардани лампаҳои ба истилох, «каммасраф» возеҳу равшан эҳсос кардан мумкин аст. Чунончи, сокинони шаҳраки Мӯъминободи нохияи зебоманзари Мӯъминобод Исфандиёри Мӯсо, Маҳтоббибии Карим, Абдусамади Латиф, Нуруллоҳи Абдулло, Парчамоҳи Хуршед, Латифамоҳи Қурбон, Шарифи Назар ва дахдо дигарон низ аз ҷорӣ кардани лампаҳои ба истилоҳ «каммасраф» изҳори нигаронӣ намуданд.

-Кормандони «райсеть» -и ноҳиявӣ «лампаҳои каммасрафро истифода баред» гуфта, моро куштанӣ бошанд-мегӯяд яке аз сокинони шаҳраки Мӯъминобод. – Агар не, пас, чаро хукумат чунин қарори бехирадона қабул кардааст? Дар ноҳия рӯзномаву маҷалларо дар шаби хобат ҳам намебинй, танҳо тариқи телевизион аз ин масъала огоҳӣ ёфта, ба дилшикастагӣ афтодем. Аз он «мутахассисон», ки дар давраи шӯравӣ хонда, камол ёфта ва имруз ба хотири вазифаву имтиёзҳои иловагӣ шуда, аз минбари пурифтихори оинаи нилгун бидуни андеша ҳарф мезанад, дар ҳайратем. Зеро се адад лампаҳои «каммасраф» ба қадри як ададлампаҳои пешин равшанӣ намедиҳанд, ки бешубҳа, ин ба зарари қувваи босираи мардум мебошад. Агар ин раванд ҳамин тавр идома ёбад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур мешавад, ки дар оянда боз чанд донишкадаву табобатгоҳҳои бемориҳои чашм бунёд намояд. Ин икдом бовариро аз ҳукумати кунунӣ бамаротиб коста гардонида истодааст…

Вақте ки аз ноҳияи баландкӯҳ дидан кардам, дар он ҷо ҳам раванди ҷойи- вазкунии ҳисобкунакҳои («счётчикҳо») барқӣ ба ба назар мерасид. Албатта, ин раванди хуб аст, аммо хар раванд анҷоми оқилонаро талабгор аст. Дар ноҳияи Мӯъминобод бошад, ба бехатар ҷойгир намудани ҳисобкунакҳои барки тамоман диққат намедиҳанд. Дар бисёр хонаҳо ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҷои бехатар, яъне дохили хона гирифта шуда, дар беруни девори хона, яъне дар ҳавои кушод ҷойгир карда мешаванд. Коргарони шабакаи барқии ноҳия ба эътирози шаҳрвандон дар бобати дар ҷои хатарнок насб кардани ҳисобкунакҳо посух медиханд, ки эшон сабр кунанд, ҳамин ки комиссия омада рафт, боз ҳисобкунакҳои барқиро дар ҷойҳои аввалааш мегузоранд. Магар чунин оромкунии аҳолӣ ба бозии мушу гурба шабоҳат надо-рад? Агар то он вақт борону барф борад, кӣ кафолат дода метавонад, ки хатари ҷиддии ҷониву молӣ ба амал намеояд? Оё ҳамон аъзои комиссия дарк намекарда бошанд, ки ҳавлиҳо на он хонаҳои баландошёнаи гузаргоҳдоранд? Ҳангоми дар беруни хонаҳо ҷойгир кардани ҳисобкунакҳои барқӣ вақти каме борон боридан ҳар лаҳза хатари сар задани сӯхтор аз ноқилҳои барқӣ аз эҳтимол дур нест. Пас чаро дидаву дониста ба амале даст мезанем, ки оқибаташ ногувор аст? Вақти сар задани воқеае, магар ҳаст ягон ниҳоди масъуле, ки зарари расидаро бар тараф кунад? Бешубҳа, не! Пас, ба кӣ даркор бошад ин амали беақлона ва боз кӣ муштоқи дидани бадбахтии чанд ҳамкеши худ бошад? Чаро иддае бо чунин амалҳои бемағзона обрӯву манзалати ҳокимиятро назди халқбоз ҳам поинтар мебаранд?

Дар кӯчаҳои Кӯлобшаҳр қадам зада истода, назди хонаи баландошёнае қарор гирифтем. Дар ин ҷо се нафар кормандони шабакаи барқтаъминкунии шаҳр аз ҷониби гузаргоҳ машғули дуруст кардани ноқилҳои барқй буданд. Ба онҳо наздик шуда, аз сӯҳбаташон дарёфтем, ки худашон аз кори иҷрокардаашон қаноатманд нестанд, вале аз ноилоҷӣ ба иҷрои ин кор камар бастаанд. Худро муаррифӣ кардан замин ду нафарашон бо сабаби вайрон накардани муносибати хеш бо мутахассисону роҳбарон аз сӯҳбат рӯ тофтанд. Нафари сеюм ки худро Сафари Хатлонӣ муаррифӣ намуд, бе ягон дудилагӣ, бо як ҷасорати хос бо мо ҳамсӯҳбат шуд.

-Аз рӯзҳои нахусти тарғиб ва ҷорӣ кардани лампаҳои «каммасраф» ман бо ин раванд розӣ набудам,- далерона гуфт бародар Сафар.- Охир, ҳар як шаҳрванди оддӣ низ ба хубӣ дарк мекунад, ки ин лампаҳои «кам- масраф» монанд ба «лампаҳои рӯзона»-и даврони шӯравӣ буда, ҳеҷ гоҳ иқтидори равшанидиҳии лампаҳои муқаррариро надоранд. Вақте ки нури равшанӣ кам бошад, он ба хирашавии чашм мусоидат менамояд. Ман ҳайрон ба виҷдонфурушии муҳандисони барқу духтурони чашм мешавам. Онҳо танҳо ба хотири вазифа шуда, рӯирост ба чашми мардум хок пошида, барои дар оянда бад шудани саломатии мардум мусоидат намуда, ҳатто берӯёна «лампаҳои каммасраф» -ро реклом мекунанд. Наход кор ба дараҷае расида бошад, ки моро вазифаву имтиёзхои ҳукуматӣ нисбат ба ҳамкешони худамон бетафовут карда бошад?

Вақте аз Мӯъминобод ба Душанбе бармегаштем, дар масҷиде баҳри адои намоз тавакқуф кардем. Дар сӯҳбат бо аҳли масҷид дарк намудем, ки фурӯзонакҳои навбаромад қобили қабули онҳо нест. Аз ҷумла, яке аз онҳо гуфт: аз дасти мо чӣ ҳам меояд? Бо фурӯзонкунии ин лампаҳо ҳатто Қуръон ҳам хонда намешавад. Вале аз ноилоҷӣ «замин пасту осмон баланд» гуфта, ба худкӯркунй машғулем. Шояд нобиношавии аҳолӣ ба нафъи баъзе ашхоси соҳибмансаби ҷомеа бошад? Агар ҳадаф ҳамин бошад, аз доду нолаи мо ғайр аз худамон кӣ хунҷигар хоҳад шуд? Ба ҳар ҳол, мо қишри камбизоати аҳолии мамлакат абарқудратҳоро ба ҳукми Худои мутаъол ҳавола менамоем.

Мутаассифона, ин мушкилоти мардуми камбизоатро нодида гирифта, соҳибмансабон барои аз даст надодани курсӣ иваз кардани лампаҳои муқаррариро ба лампаҳои «каммасраф» тарғиб карда истодаанд. Чунин рафтор танҳо ба хотири ҳифзи курсӣ астӯ бас! Дуруст аст, ки эшон бобати пешгирии зарари молй меандешанд, вале чаро касе оид ба зарари ҷисмонӣ расонидани фурӯзонакҳо чизе намегӯянд? Охир, бе ин ҳам нарасидани ғизои сервитамин тандурустии мардуми камбизоатро хеле коҳондааст. Бо ҷорй кардани лампаҳои «каммасраф»-у хиракунандаи чашм боз аҳволи мардумро тангтар карданӣ бошанд? Эҳ, вой бар ҳоли чунин соҳибмансабон, ки имрӯз барои фароғати фиребандаи индунявӣ шуда, аз рӯзи фардои қиёмат андеша намекунанд…

Ба ақидаи сардори умури матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» мӯҳтарам Нозир Ёдгорӣ, гӯё мутахассисони агентии «Тоҷикстандарт» тавсия додаанд, ки бояд аз лампаҳое харидорй намуд, ки ҳатман сертификат дошта бошанд. Ва харидор ҳуқуқ дорад, ки аз фурӯшанда сертификат талаб намояд. Дуруст, лекин магар воқеияти ҳаёт чунин аст? Соҳибмансабони мӯҳтарами мо дар бораи лампаҳои сертификатсияшуда сухан ронда, ба худ савол намедиханд, ки магар лампаҳои муқаррарӣ бе сертификат ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд? Оё кишвари мо бе дарвоза ё бесохиб аст, ки ба он моли бе сертификат ворид карда мешавад? Бо чунин суханронихо оё соҳибмансабони мо теша бар решаи ҳаммақомотҳои хеш намезананд? Ҳарфи гузаштагонро мебояд ҳагиеша дар лавхи хотир нигоҳ дошт, зеро рост гуфтаанд: ҳар сухан ҷоеву хар нукта мақоме дорад! Кор то ҷое қарор гирифтааст, ки баъзе масъулин кӯдакона мардумро хушдор медиҳанд, ки агар касе ба истифодаи лампаҳои каммасраф нагузарад, он кас худашро ҷазо медиҳад. Ин суханон танҳо аз забони заҳрогини бехабаре садо медиҳад. Ва мо ба чунин бехабарон хушдор медиҳем, ки мардуми камбизоату хору зори тоҷики мо аз ҷазодиҳии замонасозон кайҳо сахпӯст шуда, дар ҳоли бехудӣ умр ба сар бурда истодаанд. Бинобар ин, бас аст ҷафо!

Advertisements

Ин натичахо то кучо вокеъиянд?

Натиҷаҳои раъйдиҳӣ аз 14 сентябр то 4 октябр:

41% ба тарафдорй аз Ҳизби Сотсиал-Демократ — 118 овоз

19% ба муқобили ҳамаи ҳизбҳо — 56 овоз

18% ба тарафдорй аз Ҳизби Неҳзати Исломй — 53 овоз

10% ба Ҳизби Халқӣ-Демократй — 29 овоз

8% ба Ҳизби Коммунист — 23 овоз

3% ба Ҳизби Демократ — 9 овоз

1% ба Ҳизби Сотсилаист — 1 овоз

1% ба Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ — 1 овоз

1% ба Ҳизби Аграрӣ — 1 овоз

Дар ин назархоҳии хонандагони «Андеша» 291 нафар ширкат карданд.

Дар назарсанҷии гузашта, ки аз 10 то 20 июни соли равон баргузор гашта буд, натиҷаҳо ин гуна буданд:

ҲСДТ — 33% (61 раъй)

ҲНИТ — 19% (36 раъй)

ҲХДТ — 11% (20 раъй)

ҲКТ — 5% (10 раъй)

ҲИИ — 2% (3 раъй)

ҲСТ — 1% (раъй)

Дар он назархоҳии моҳи июн ҷамъан 187 нафар ширкат карда буданд.

Шумо ин ду натиҷаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?