Мероси як президент

Дар пасманзари омодагии президенти Русия ба поёни раёсат, қиёси президентҳои Гурчистон Шеварднадзе ва Саакашвилй, аъмоли раҳбари нави Туркманистон Бердимуҳаммадов ва сарнавишти президенти қирғиз Оқоев ба он меандешам, ки як раҳбар аз худ чи меросе ба мардумаш мегузорад. Эмомалй Раҳмон, ки дар давраи сахти ҳаёти кишвар бози давлат ба сараш нишаст ва акнун аз пойи ин боз ба сари худ бастаасту раҳо намекунад, мехоҳад ё на, як руз не як руз, бояд аз курсии раёсат бархезад ва ин курсиро ба каси дигар диҳад. Аммо чи меросе хоҳад гузошт?

Шубҳае нест, ки вай ба кишвар хидмати зиёд кард ва тардиде нест, ки агар мехост ё метавонист, хидмати бештаре мекард. Вале як бахши мероси вай абадан ин миллатро дар ҳошияи торих нигоҳ хоҳад дошт. Раҳмон маҳалгароиро ба сатҳи олии сиёсати давлат расонд. Агар саромадони хучандй бо дастур ва бозиҳои Маскав ин корро мекарданд, Раҳмон бо машварати атрофиёни нодида ва тангназараш кореро кард, ки душмани мо накарда буд. Вай қавми худро бологузару болонишин кард ва дигаронро ба ғулому бечораву дастнигару мардикор табдил дод. Ин алам, мутаассифона, абадан аз дили мазлумон нахоҳад рафт ва войи он руз, каси дигаре ба курсии қудрат нишинаду ин роҳи нобакучоро идома диҳад.

Наврасони мо имруз гоҳи интихоби касби ояндаи худ ошкоро мегуянд, ки ба кадом ришта набояд сар зананд, зеро ҳаргиз ба он соҳа ба кор нахоҳанд рафт. Масалан, кор дар ҳукумат, сафоратҳои хоричй, сарварии бонку ширкатҳои давлатй пешопеш насиби онҳоест, ки дар минтақаи чаноби олй таваллуд шудаанд. Беҳтараш бояд асову анбон гирифт ва ба Русия рафту мардикор шуд…