Ҷурахон Кабиров кист ?

Шаҳри Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадимтарини ҷумҳурии азизи мо буда, таърихи беш аз 2500 сола дорад.Мардуми ин диёр бар замми ҳунармандию меҳнатдустӣ ва софдилию поктинатӣ боз дорои чанд хислате вижа аз қабили шуҷоат ,ҷасорат ,ҷавонмардӣ ,адолатпешагӣ ва тан надодан ба зулму ситам буданду ҳастанд.

Бa шаҳодати таърихнигорон Искандари Макдунӣ ,ки дар асри 3 юми пеш аз мелод зиндагӣ кардааст ба Осиёи миёна ,аз ҷумла ба Точикистони кунунӣ лашкар мекашад . Шаҳрҳоро паи ҳам забт карда меояд ,аммо дар шаҳри Истаравшан аз пои худ захм мебардорад, ин нишонаи шуҷоати ин мардум аст, ки далели гуфтаҳои болост.

Continue reading