Адреналини мавриди ниёзи аввалия

mong.jpg

Маро ба тамошои филми «Мугул» даъват карданд. Каламеро гирифтам ба мунодй нишон додам ва гуфтам, бехтар аст, ман бо ин харду чашмамро кур мекунам, то чунин музахрафотро набинам. Шигифтии мунодй хадду канор надошт. Китф дархам кашид ва рафт. Намедонам ба синамо ё чои дигар.

Шунидаам, ки ин филмро ба чоизаи Оскар пешниход кардаанд. Аммо нагирифт. Оё метавон филмеро бо тавсифи Гитлер ба чунин чоиза номзад кард? Чингизхон барои мо аз Гитлер чи камй дорад?

Рузномаи дустдоштаи ман (Ню Йорк Таймс) навишт, Казокистон ин филмро хамчун таърихи худ дар Амрико таблиг мекунад, то таъсири филми «Борат»-ро аз байн барад. Вале азбаски яке «пропаганда» асту дигаре хунар, замину осмон ба хам наоянд. 

Дейвид Стерн менависад, «Мугул» ва пешгузашти он, филми «Кучманчи», ин хадафро доранд, ки «бо намоиши часорат, устуворй ва неруи чисмонй рухияи миллй эчод кунанд. Ин барои мардуми кишваре, ки дар гузашта як ниходи васеъи сиёсй буд ва намедонад аз кучо меояду хамзамон ояндаро боамн намебинад, хамчун як омили давлатсозй мухим аст.»

Хунарпеша ва коргардони синамо Ганй Курашев гуфтааст, солхост, хувияти миллии казокхо ру ба таназзул дорад ва ин бад нест, ки филм як таблиг бошад. Зимнан на ягон бозигари филми «Мугул» казок асту на коргардон ё аксбардораш. Чанд чопониву чиной ва як коргардони дар гами шухрат беморгаштаи рус. Ин коргардон асоси худашро гаштаю баргашта ба сангхо мезанад, чизе хосил намешавад.

t_chingis1.jpgТорих ба анбори кухнаколое табдил ёфтааст, ки хар кас хохад, аз сандукхои пусидаи он либосеро бармедорад ва онро ба муди замона мувофик мегардонаду мепушад, то намоиш дихад, чи зебост. Аммо буи нафталин хама чоро мегирад ва ба гайр аз масхарабоз (наметавонам уро «ширинкор» номам) ё клоун чизи дигареро намебинед.

Гуё Темучин, ки баъдан Чингиз ном гирифт, вайхи самовие мегирад, ки бояд кабилахои парокандаи мугулро сарчамъ кунад ва тибки сарнавишт, кавми худро ба осмонхо расонад. Шояд расонд. Дар ивази хуни миллионхо нафари бегунох. Хамчун намунаи авчи тохтутози инсонхои муътод ба хостахои хайвонй. Малах хам ин одатро дорад. Хар кучо сабзвораеро дид, хамла мекунад. Аммо имруз кучост, мугул? Агар инсони муъосир хамаи кутбнамохои ахлокияшро гум кардаву як хунхорро кахрамон чилва медихад, инсонхои садаи оянда аз торихи мугул ба чуз тохтутози хайвонии хунмастона чи хоханд бардошт?

Эх, дунё, дунё! Шояд ба мо низ имруз каме авч зарур аст? Як каме адреналин, ки моро ба чунбиш орад. Аммо ба хеч вачх на он адреналине, ки дар рагхои хуни зарди Чингиз мешорид. Адреналини мусбат ва вижаи торихи гузаштаи мо. Масалан, агар фардо як шоъир ё нависандаи точик барандаи Чоизаи Нобел дар адабиёт шавад.  Мо рухбаланд хохем шуд? Ва сарбаланд низ? Дубора ба кй будани худ эътикод хохем баст?

Ёд доред, аз пирузии Ширини Ибодй чигуна шод шудем? Вале чаро ба хонуми Ширин, ки шахсан хакки пешбарии номзад ба Чоизаи Нобелро дорад, нагуем, ки нависандаи мо, Темури Зулфикор солхост, дар шорт-лист ё фехрасти ниманихоии Чоизаи Нобел зикр мешавад, аммо як каме чунбиш намерасад, ки вай ин чоизаро бигирад? Каме адреналини мусбат.

Хар як пажухишгохи адабиёт, донишкада ва донишгох, иттиходи эчодй низ метавонад, номзади Нобел пешбарй кунад. Лек чаро ин ниходхо дар кишвари мо ташаббусе нишон намедиханд? Як нависанда соле шахсеро пешбарй карда буд, ки мегуянд, дар кумитаи Нобел ба ин пешниход ришханд задаанд. Он хам аз нависандае, ки бо дуздидани осори нависандагони дигар шухрат ёфтааст. Дар тамаллук устухон надорем. Аммо як созмони Точикистон низ ин хама сол аз номзадии Темури Зулфикор пуштибонй накардааст. Уро як пажухишгохи Бритониё ва дертар як ниходе аз Русия пешбарй карда буданд.

Шояд мо имруз аз нону барку обу гармй дида, ба як Кахрамони чахон дар … камонварй, коикронй, гуштй, теннис ё хар навъи дигари варзиш ниёзи бештар дорем? То ба чони миллат адреналини мусбат дамонад. Кучоянд Зебуннисо Рустами нав, Иброхим Хасани нав ва дигар номбардороне, ки имруз бояд барояшон парчами миллии Точикистон дар бузургтарин омзунхо, масалан, Олимпиадаи Пекин барафрошта шавад?

Футбол! Бехтарин адреналин. Ёд доред, дар Ироки огушта ба хун одамон аз бомбгузорон нахаросида ба хиёбонхои Багдод рехтанд, то аз пирузии дастаи миллии футболи Ирок тачлил кунанд? Даххо нафар ханда дар лаб, шиъори «Муборак бод, миллатам!» дар даст дар кучахои Багдод кушта шуданд. Бо хуни худ шиъори худро рангин карданд. Чаро футболи мо бурунтар аз майдони химоят намеравад. Кучост хамла ва боз хамла?! Кучост зарба ва боз зарба! ва Гоооол!?

Кучост? Миллати мо адреналинро фаромуш кардааст, зеро героинро интихоб кард. Героине, ки хам тамоми миллатро бадном мекунад ва хам иродаи чавонони моро мешиканад ва ба чуз марг барои мо чизе намеорад, харчанд бархе аз баракати «гера» бологузару болонишин мешаванд ва хатто ба хукумат даромадаанд ва мансаби худро ба гузаргохи руи рудхонаи Панч табдил додаанд.

Бадтар аз хама, ин холат барои хамагон агар на писанд, пас кобили кабул шудааст. Бъху бгард…

Сангфурушон ва сари шишаии мо

greozin.jpg

Ман намехостам, ки «Андеша» нишемани матолиби «дасти дувум» бошад. «Нав пеш ор, ки навро тароватест дигар.» Мехостам, дар сархатти чабхаи навандешон бошам. Вале чи кунам, чун Симурги илхом маро ба парвоз мебарад, вокеъияти сахту сангин аз поям мекашад. Навандеш бош, аммо заминй.

Кутох, ин бор хам иктибосеро пеши ёрони хамандеш менихам. Моле эълом додааст, ки барои ангезиши ташаннуч дар Точикистон якуним милён дуллор кофист. Мегуяд, ин сармоя бояд ба дасти як бахше аз хокимону саромадон дода шавад, кор тамом аст ва кишваре ба номи Точикистон тиккаву пора мешавад.

Хануз нарасидем, бифахмем, ки чаро якеаш бо номи Сергей Михеев вилояти Сугди моро ба Узбакистон бахшид, дигареаш аз мушхонае сари хирсона берун карду фигон зад, ки як кисмате аз хукуматдорони Точикистон тайёранд, дар ивази 1 милёну 500 000 дуллор мардуми хунро ба хоку хун гарк кунанд.

Чаро чунин тавхин? Дар чи асос ва ба чи далел? Ин оё бардошти иштибохй аз чанги солхои 1992-97 аст ва ё дар хакикат кисме аз хукуматдорони кишвар ишорае ба пулдорони Русия додаанд? Кумаки башардустона?

Чангро солхост, ки пушти сар гузоштем ва сулхи мо обруи мо шуд. Харчанд чанги Точикистонро як чанги шахрвандй меноманд – «гражданская война», ин як чанги боршуда буд, зеро ба чахон бингаред, ягон чанги шахрвандй дар 5 сол хатм нашудааст. Хамаи чангхои шахрвандй аз 10 сол бештар тул кашидаанд ва бархе аз онхо идома дорад. Ин чанги сохтаи Русияву Узбакистон бо точикони озодандеш, сарбаланд ва богурур буд.

Пас чаро точик точикро кушт? Оре, машхуртарин сарлавхаи матбуъоти Русия дар он солхо хамин буд – «Почему таджик убивает таджика?». Онхое, ки мекуштанд, холо агар девона ё маризи дигари равонй нашудаанд, агар худкушй накардаанд ва агар хам он замон виждон ва хисси миллй доштанду хам холо доранд, бадбахт ва пушаймонанд. Курбониёни онхо дар симои бародари хамзод ё фарзанди худашон ба хоби онхо меоянд ва чизе нагуфта, танхо табассум мекунанд. Аммо хамин кофист, ки хун ба сар бизанад ва хоб аз чашм бипарад ва руз дар чашми инсон сиёх бошад.

Наход боз касе ёфт хохад шуд, ки даст ба хуни бародари хеш бизанад?

Агар ин иддаъои «коршинос»-и рус бардоште аз чанги дуругин нест, пас аз кучост? Ба эхтимоли зиёд аз нотифокии дохили хукумати Точикистон. Аз бадгуихои пушти сари хамдигар. Аз талошхои фурухтани худ ба Русия бо нархи харчи гаронтар. Ачиб аст, ки ин якуним милён нархи чанд нафари онхо бошад? Онро ба чанд бояд таксим кард, ба 5, ба 10, ба 50 ё 80?

Ачиб аст, ки нархи як таркиш дар Душанбе чанд дуллор бошад? Кохи Вахдат, фаразан. Он пирамарди бечораи кучарубро ёд доред, ки дар авалин руз кораш пас аз рухсатй пакетеро аз замин бардошту тикаву пора гашт? Онхо мехоханд, хамаи моро хамин гуна тиккау пора бубинанд? Пирамардро чанд нарх гузошта бошанд? Инфичор дар Додгохи Олй? Дар мошини фармондехи Горди миллй? Даргирихои Гарму Хоруг — чанд дуллор?

Шояд чаноби Грозин суханони Олег Дерипаскаро ба ёд овард, ки гуфта буд ба 1 милён дуллор хар хукуматеро дар кишвархои Осиёи Марказй иваз хохад кард? Соф гирифтори инкилобхои сиёху пурдуде мешавем, монанди дуди Донишгохи Буалии Сино. Ба фикрам, иниклобхои ранга, ки ба Чорч Сорос нисбат медиханд, бояд ба маротиб гаронтар бошанд. Дар онхо ранги бештар сарф мешавад – кирмизу норанчу лолаиву… Аммо ин навкисахо факат сафеду сиёхро мешиносанд. Зеро бобояшон танхо сурху сафедро дониста буд. Сурххо оянд мезананд, сафедхо оянд, хамчунин, мужик чони худро ба кучо пинхон кунад? Хаминхо набуданд, ки моро ба «вовчику юрчик» ва сурхову сабзхо таксим карданд? Акнун таксимбандии нав ба сафедон ва сиёхон? Чаро касе ба бозори махмал намеравад? Афсус. Шоъири точики Афгонистон хуб суруда:

Хама чо дукони ранг аст, хама ранг мефурушад.

Дили ман ба шиша сузад, хама санг мефурушад.

Точикистон дусти хамин сангфурушон аст. Грозини сангфуруш пешгуй мекунад, ки ягон сархад дар Осиёи Марказй ба сурате нахохад монд, ки имруз хаст. Харитаи сиёсии минтака ба куллй иваз хохад шуд. Агар Грозин аз мухлисон ва наздикони Путину Медведев аст, шояд барномахое кайхо омодаанд? Оё точикони сарсахт дар мукобили чунин барномахо чи доранд? Силох? На, бо он кухнаколои русй ба чое намерасед. Иттиход? Як замон рамзи пирузй буд, холо касе ба фикри иттиход нест, бизан, бидарон, бикаш, бубар, бху, бигард…

Сиёсати мутаносиби хоричй? Ин хам моли нодир аст. Вакте ба як хамсояи худ забони муштарак намеёбед, чи расад ба кудратхои дуртар.

Сарвати хангуфт ва бениёзй? Ин хам нест. Дируз буд, ки Созмони Милал мегуфт, ним милёни ахолии Точикистон имруз гуруснагй мекашад, нон намехурад, то маводи сухт пайдо кунаду нагузорад, бачахояш дар хоб ба часадхои яхбаста табдил ёбанд.

Билоахира агар онхо ин якуним милёнро ба милиса ва скинхедхои рус бидиханд, то хамаи точикон аз Русия ронда шаванд, дарвокеъ харчи зиёде нахохад буд ва муродашон хосил хохад гашт. Наход, ба хам задани вазъ дар кишвари мустакили мо ин кадар осон ва арзон бошад?

Дил мехохад, далели занандае дар мукобили «фолбин»-хои кишвари «дуст» ва коршарики стратегй пайдо кунад, аммо хайхот, кори сахтест. Ин коршарик моро ба холе расонд, ки акнун аз дур бо чунин ишорахо моро за зиндагй ноумед мекунад. Аз мост, ки бар мост.

Ба пеш, ба Олимпиадаи Сочи!

kafsher.jpg

Ин аксро дар садхо сомонаи интернетй осон метавонед пайдо кард. Дар зераш навиштаанд, «Кафшергарии точикона». Яке аз кафшергарон чашманди хифозатй надорад ва оташпорахо хатари сухторро ба миён меоваранд. Дар акси дигар аз зери фарши киррехта ду музаи кухна намудор аст. Зерхат: «Ин чоро точикон бетон карданд.» Манзараи як утоки хароба ва пурчанг. «Тармими точикона.» Вожаи «точик» дар Русия на танхо номи як кишри пасттарини ин чомеа шуда, маънии «кучаруб», «дворник», «хаммол», «гастарбайтер» ва хатто «гадо»-ро гирифтааст ва тавре Дориюш менависад, аробакашхоро дар Маскав бо нидои «Эй, таджик!» фарёд мекунанд, балки зери таъсири танзи «Равшану Джамшуд» ба бадномии комили як миллат табдил ёфтааст.

Дар нашрия, нома ва торнигорхои интернетй хунари бинокории точикон хадафи таънаву танз шудааст. Шояд ба ин сабаб аст, ки нависандаи точик Адаш Истад бо андух менависад, миллате ки худро меъмору бинокори Точмахал ё мадрасахои Бухоро ва Самарканд мешуморад ва аввалин кавми маскуншудаву шахрнишин медонад, имруз зери бори гарони ин таъна миён хам кардааст. Шояд ба хамин сабаб аст, ки вакте раиси чумхур Эмомалй Рахмон аз Путин дархост мекунад, ба 800 000 мухочири точик ичозаи кор дар Русияро диханд ва аз он 50 000 нафарашон иншооти Олимпиадаи Сочиро бисозанд, Путин ошкоро писханд мезанад, харчанд бо сар ишораи тасдик медихад.

Адаш Истад пешниходи хуб дорад, ки агар намехохем точикон дар Русия кучаруб бошанд, балки монанди мухочирони Туркия дар бинокорй машхур шаванд, бояд дар Точикистон даххо хунаристону омузишгоххои бинокорй таъсис дод ва ба Русия мардикорони боихтисос фиристод, на кучаруб ё аробакаш.

Вале як чанбаъи дигар бисёр навмедкунанда аст. Ба ин хама тахкиру тавхин посухе дода намешавад, хурдтарин талоши хифзи номи нек ба назар намерасад. Точикон хамаи ин дашному хакоратро дар ивази як пора нон кабул мекунанд. Чи хос, чи ом чи хукумат ва чи мардум. Мо факат ба хамдигар гуфта метавонем, ки Буалии Синои мо хануз хазор сол пеш, дар карни 10, дилро чаррохй карда буд…

«Кй метавонад бигўяд, точиконаш кистанд?»

pursish.jpg

Як зани рус бо номи Олга Кондрашова дар шабакаи чахонии интернет пурсишеро нашр кард, ки ба духтараш як чавони точик талабгор баромадааст, аммо вай намедонад, точик кист.

Ин суол дар давоми чанд мох аз машхуртарин пурсишхои интернетии Русия бокй монда, хазорон нафар ба он посух додаанд. Ба шаклхои гуногун:

  • Мардумони бисёр маккор, агар духтари шумо издивоч кунад, чавон тамоми кишлокашро ба хонаатон куч медихад.
  • нажоди бинокорон ва мутахассисони кори сиёх.
  • бо афкоре, ки доранд, даргумон аст, шавхарони хубе бошанд.
  • мумкин мардумони нек бошанд, аммо чаро духтари шумо як одами дурустеро пайдо накунад? 
  • миллати токипушон.
  • магар Равшан ва Джамшутро намешиносед?
  • онхое, ки кучахоро чоруб мезананд.
  • яхудиёни тотор.
  • онхое, ки дар бозор афлесун мефурўшанд.
  • ба фикрам, онхо хам одам бошанд даркор.
  • на, хайвонхои ношуста, ки бисёр талош мекунанд, бо хар рох ки бошад, худро ба Маскав расонанд.
  • онхо хам одаманд, хамаашон бад нестанд.
  • бубахшед, точик миллат нест, балки касб аст.
  • ягон алтернативаи дигар наёфтед?
  • точик як миллат дар Осиёи Марказист, одамони бисёр чиркин ва найрангбоз, ки духтаратонро комилан бадбахт мекунад.
  • як зернавъи кавми гартарбайтер.
  • барои озмоиш духтаратро ба он бидех, сипас мефахмй.

Яке аз посухдихандагон ба муаллифи суол навиштааст, ки оё аз формулбандии пурсиши худ шарм намедорад ва агар касе менавишт, ки «кй гуфта метавонад, рус чи молест?» аламаш намеомад? Ва шахси дигар илова карда, ки «наход кас ин кадаре бехабару ноогох бошад?» Нависандаи дигар машварат додааст, ки Олга Кондрашова як энсиклопедй (донишнома) ва ё интернетро боз кунад ва каме тахкик кунад вагарна аз ин навиштахои зиддулнакиз бахрае нахохад бардошт.

Аммо, фаразан, Олга Кондрашова, гуфтем, интернетро боз кард, оё чиро хохад дид ва чй хохад хонд? Клипхои «Равшан ва Джамшуд» тамоми интернетро пур кардаанд. Бар замми накизахои Глистяни бадбахт, ин хабари давлати Русия, Раёсати Хадамоти Федероли Мухочирати вилояти Кургани Русия (сохтори давлатии Русия) хохад дид ва ибораи «точикони бесохиб»ро хохад хонд:

yfms.jpg

Ва ин сафхахоро низ, ки барояш як тасаввуре аз кй будани точиконро хохад дод. Мутаассифона, пиндори баду галат ва нохушоянд:
elon.jpg

__________________________________________________nelegal.jpg
_________________________________________________
techno.jpg

Вале аз хак нагузарем, ба Олга Кондрашова касоне низ посух додаанд, ки хануз аз сиёсатхои нажодпарастонаи путинй ва фарти бекасию бепанохии точикон дар Русия виждони инсонии худро набохтаанд. Онхо навиштаанд:

  • Точикон халке бо торихи хеле кадимй ва фарханги  баланд.
  • оё метавон бо танаффур зист?
  • одамоне монанди мо, ду даст, ду по, як калла, ду чашм…
  • замоне бародарони мо шумурда мешуданд, холо хоричиён.
  • инсонхои захматкаш, халолкор ва мехмондуст.
  • тозакор ва тозадаст, баномус ва бошараф.

Вакте Олга Кондрашова эътироз кардааст, ки дар байни посухдихандагон ягон мард ё зани точик нест, кучоянд онхо, чаро худ намегуянд, ки кистанд, як хохари нозанини точики мо навиштааст, ки «Олга, агар духтари шумо бо инглис мулокот мекард, оё ин гуна суолеро дар миён мегузоштед? Дуруст аст, ки миллату дини мо дигар аст, вале хубй ё бадии инсонро дину миллати у таъин мекунанд? Ин намоишхои ахмаконаи «Равшану Джамшуд» ба чй механданд? Ба он ки бинокорони мо забони русиро намедонанд. Аммо як бор худи онхо талош кунанд, ки ба точикй харф зананд, бубинем, чй хоханд гуфт. Факат як дард дорем, ки зиндагй дар ватани мо бисёр сахт аст ва кишвари мо бисёр камбагал.»

Ба Олга Кондрашова ман низ як нома навиштам. Акнун интизорам, чй посух медихад. Мехохам бидонам, точиконро чигуна дарёфтааст.

Дар ин байн мо бояд ба он андешем, ки чаро симои ворисони Рудакиву Фирдавсй ва Синову Хайём дар Русияе, ки хафтоду анд сол хамрохаш зистем ва холо хам он шарики дарозмуддати кишвари мо мебошаду дар Точикистон пойгохи харбй дорад, ба ин хол афтод? Рахбарони мо, олимону адибони мо, театру синамои мо, хунару дониши мо ва рафтору кирдори хар яки мо дар ин фароянд накши мусбат дошт ё манфй?

Рахбари рахгумзада ё миллати вайроншуда?

rahm2.jpg

Ин шахс шиорхои хуб мезанад, суханони чолиб мегуяд вале харчанд мулло нест, ба гуфтааш раведу аз аъмолаш пархез кунед. Касе ки мегуяд, «саломатии миллат сарвати бебахост», мебоист ба сайру саёхати бехудаи Техрону Маскав намерафт, балки бемористон ба бемористон, хона ба хона, кудакистон ба кудакистон мегашт ва аз вазиронаш талаб мекард, саломатии миллатро дар ин сармо ва бебаркй хифз кунанд, зеро он сарвати бебахост.

Аммо субхи имруз, 21 феврали соли 2008, дар пешоруи мулокоти президент Рахмон бо мухочирони точик дар Маскав ва бо андешаи он ки чаноби олй то кучо аз киссахои пурдарди мухочирони точики Русия андухгин хохад шуд ва чи стротежии рахоии онхоро аз чунин авзоъ ба кор хохад гирифт, истгохамро аз даст додам ва дар истгохи галате аз трамвай поин шудаму худ ба худ гуфтам, наход рахбари миллат маро рахгум занонад, хол он ки у рахбару рахнамост…

Сомонаи интернетй ё торнамояшро боз кардам ва ин суханони уро хондам: «Вахдат барои мо як вожа ё калимаи оддй нест, балки номаи такдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба суи  ояндаи ободу осуда ва мухимтар аз хама, кафили сарчамъивву хушбахтии имрузу ояндаи халкамон аст.»

Ба ёдам мулокотхои дигар омад. Дидори президентхои Арманистону Озарбойчон бо диаспорахои миллияшон дар Маскав бо ширкати президенти Русия, Владимир Путин чараён ёфта буд. Хузури Путин сабаб гашта буд, ки на танхо матбуъоти Русия, балки расонахои хамагонии чахон аз ин анчуманхо хабару макола нашр кунанд ва таваччухро ба вазъи мухочирони озару арман дар Русия бикашонанд. Оё Рахмон метавониста бошад, Путинро ба ин мулокот биёварад, фикр мекардам, дар холе ки кариб буд, боз истгохи трамвайи худро гум кунам.

Путин мухим аст, зеро ширкати у дар мулокоти президенти Точикистон бо точикони Русия як кадаме ба бехтар кардани вазъи мухочирони мо дар Русия хохад шуд. Обруи точикон хам хохад буд, ки президент Путин дар нишасти онхо ширкат кардааст… 

Ман шояд хоб медидам ва ё аташи вахдати миллй ва орзуи эътимодварзй ба Рахмон маро дигарбора саргич карда буд, ки интизорихои галате доштам ва вакте хакикати холро фахмидам, тарбуз аз багалам афтиду кафид ва хунаш монанди хуни чавонони точик дар кучаву паскуча ва порку чангалхои Русия заминро аргувонй кард…

Президент Рахмон дар Маскав танхо бо онхое мулокот кард, ки бо дидани дастархони пурнозу неъмат ва толори дурахшони «Президент Отел» ва наздикии гарм бо кудрати олии кишвари худ хама чиро фаромуш карданд.

Даханхо воз ва оби онхо ба шоридан омад. Онхо билоахира барои чанд лахза худро одам хис карданд, на факат одам, балки одами наздик ба хукумат, одами бесохибу бекас на, балки сохибдору бокас. Онхо барои чанд лахза «Равшан» ва «Джамшут» будани худро фаромуш карданд ва низ катлу куштори хаммиллатони худ, фанду фиреби кордихандагони Русия, горату ягмогарй ва тахкиру тавхини милисаи ин кишвар, бе чурме дар кунчи зиндонхои Русия пусидани бародарони худ, хуллса хамаи бадбахтихои точик дар Русияро билкул аз ёд бурданд.

Онхо мачоле накарданд, аз чаноби президент бипурсанд, ки агар тибки конститутсияи Точикистон кафили хукуку озодихои мо бошй, бигу, дар ин холат моро чигуна метавонй химоят кунй? Чигуна хохй тавонист, обруи точиконро боло бардорй, то онхоро на танхо дар кучаву бозор, балки телевизиону газетахо тахкир накунанд? Ва сухан на аз сад ё дусад нафар, балки садхо хазорон нафар меравад. Як милён ва ё 1 500 000 нафар! Ин хам дар холе ки мо садхо милён дуллор ба ватан мефиристем ва халкеро, ки ту бояд хуронию пушонй, вале наметавонй, мо мехуронему мепўшонем. Ин хам дар холе ки ту гунахкори мухочирати мо хастй, зеро бароямон дар ватан чои коре мухайё накардй ва мо мачбурем сарсону саргардони олам шавем. Чаро касе ин мавзўъхоро дар миён нагузошт?

Маълум аст дигар. Рафтори гуломвор дар Русия, вакте ки хар писарбачаи дайдуи рус метавонад, ба акиби профессори точик лагад занад ва профессор хак надорад, хатто садо баланд кунад, касро тадричан ба гулом табдил медихад. Лек маро вахшат фаро мегирад, вакте мебинам, ки чисмангуломон ба вартаи нихоие мерасанд, ки рухангулом низ мешаванд. Рухангуломон касоне хастанд, ки бо вучуди гуломй аз худ ифтихор мекунанд, бо гуломии худ мефахранд.

«С ними все понятно. Джамшуд он и есть Джамшуд.» 

Вале «падари миллат» чи кард? Оё вай аз он чизе ки медид, дардеро хис кард? Дилаш сих назад? Ба холи писаронаш монанди Рустам дар суги Сухроб фигон накашид, гиря накард? Напурсид, чи хол доред, фарзандонам? Чаро гариби мулки бегона ва дастнигари дари мардумонед? Котилони шумо кистанд ва аз кучо онхоро пайдо кунам ва аз кадом гиребон панча занам? Чи санге барои шумо ба сарам занам ва чи коре барои шумо аз чонам бикунам? На. Напурсид. Маъруза сар кард. Варсокй. Аз хамон шиорхои деринаи вахдату ягонагию ободй, ки худаш ба як харфи онхо бовар надорад.

Ба назди мусофиракон аз ватан касе биёяд, пеш аз хама вазъи ватанро мегуяд. Ахволи мардумро. Вале вай чизе нагуфт. Шояд шарм дошт, бигуяд, ки мардуми худро ба чи холе афкандааст. Барк нест, газ нест, об нест, нон кимат. Падару модари пир ва занони бо шавхарони зинда бевамонда, навзодони аз бебаркй мурдаи ин мардикоронро ёд накард. Шояд нахост, дили бе ин хам гамбори онхоро гамгинтар кунад.

Вале инхо хама хадсу тахмин, зеро вай зохиран хеле шод буд ва ахволи мардуми кишвар шояд ба гушаи хотираш хам намеомад. Шод буд ва баланд механдид. Подшохи кишвари мотамзада. Агар хабари катлхои ахири точикон тоза намебуд, хоса катлхои гусфандвор ва сагвори точикон дар Маскав, пойтахти Русия, вай шояд аз хурсандй, аз дидани неруи фаровони барки «Президент Отел» ва эхсоси гармии рохатфизо, ки дар кишвараш тухми анко шудааст, ба ракс медаромад ва чорта чавонияшро ба ёд меовард. Вай одат дорад, дар руи хун бираксад.

Аммо рафтори вай суоли дигареро пеш овард: Чаро касе, ки «вахдат»-ро на вожаи оддй, балки кафили сарчамъй, рушд ва хушбахтии миллат медонад,  мухочирони точик дар Русияро ба «худихо» ва «бегонахо» чудо кард? Шахсан ман аз президенти кишвар чунин рафторро интизор надоштам ва холо ин сатрхоро менависаму боварам намешавад, ки вай тавонистааст, хамрохи як гурух аз хамдехагону хамвилоятхо ва чанде аз резахурони дастархони Сафорати Кулоб дар Маскав зиёфат хурад, дар холе ки бахши дигар аз сарварони созмонхои мухочирони точик танхо барои он ки хукуматашро дар беэътиной ба вазъи мардикорон айбдор мекунанд, ба ин мулокот даъват нашуданд.

Президенти Точикистон, Раиси Форуми Точикони Чахон ва даъвогари унвони «Падари миллат» кам нест, ки дар Точикистон одамонро ба кабилаву навъу сортхо чудо мекунад ва танхо намояндагони «элу ирк»-и худро вазиру сафиру раис мекунад, дар Русия низ бояд айни сиёсаташро давом дихад? Оё ин тафрикаангезй нест? Мухочирони точик бе ин хам худро дар Русия одамони навъи дувум хис мекунанд. Рахбари точикон меояд ва як бахши онхоро боз ба зернавъи дуи навъи дувум хукм мекунад.

Ба мулокот бо рахбари кишвари худ онхое даъват нашуданд, ки хануз солхо пеш то андозае ки метавонистанд, мардуми худро сохибй мекарданд. Инхо буданд, ки аввалин шуда, монанди Бўрй Карим аз музди худ як микдор пасандоз мекарданд, то ба дармондагони точик дар мулки бегона кумак кунанд. Рузгороне ки инхо монанди Сайиди Назар барои аввалин фирорихои точик дар Маскав хона мечустанд, онхо точиконро аз манзилхояшон меронданд ва хонахоро месузонданд. Вакте инхо мисли Хуршедаи Даврондухт осори адибони точикро дар Маскав ба русй тарчима ва нашр мекарданд, онхо китоби шоирони точикро дар майдони Озодй оташ мезаданд. Замоне ки инхо, монанди Юлия Хижняк намоиши осори хунару фарханги точикро дар Маскав ташкил мекарданд, онхо дастхатхои кадимй ва бозёфтхои бостониро ба хоричиён мефурухтанд. Инхо буданд, ки мисли Додочони Атовулло шуморахои пасихами «Чароги руз»-ро ба сулху вахдат мебахшиданд ва аз сарони оппозисюн боисрор такозои оштй бо хукуматро мекарданд, вале онхо дар нашрияхои ватан ба номи якояки афроди оппозисюн сиёхномахои хадамоти амниятро мунташир месохтанд. Инхо буданд, ки монанди Каромати Шариф аввалин шуда, хар як хамла ба точиконро дар Русия руихат мекарданд, то манзараи умумиро ошкор кунанд ва бонги изтироб зананд ва бо факту далел макомоти Русияро мачбур ба дарки масъала созанд ва ин Каромат буд, ки дар пайи точики бенишоншуда шуъба ба шуъбаи милиса ё мурдахона ба мурдахона мегашт.

Инхоро даъват накарданд, зеро ба назари онхо касоне, ки хукуматро танкид мекунанд, хатову иштибохи мансабдоронро нишон медиханд ва хифзи гуруру эътибори точикон дар Русияро талаб менамоянд, душман мебошанд. Магар бехтар набуд, одамони дорои акидахои гуногунро чамъ овард ва аз иттилоъ ва андешаву афкори онхо истифода кард, то як корпояи фаъолиятхои муштараки ояндаро омода сохт? Оё бехтар набуд, агар дар байни созмонхои гуногуни мухочирон хамдигарнофахмй чой дорад, рахбари аъзам онхоро сари як миз биёрад ва вахдатро ба онхо ёд бидихад?

Джамшудхоро чамъ оварданд, вале одамони дилсуз ва захматкашро на.

Онхо буданд, ки мисли Хокими Мухаббат, аз пули нони оилахои худ буридаву часпонда, ба гушахои дурдасти Русия сафар мекарданд, то аз холи зори хамватанони худ хабар гиранд. Аз пули кисаи худ, на аз хазинаи миллати Точикистон, онгуна ки чаноби Рахмон ва хамрикобонаш сайру саёхат мекунад ва хайру зиёфат. Мард буданд, онхо агар ин зиёфат ба хамшахриёни хешро аз чайби худ мекарданд, на аз хисоби давлати Точикистон, ки шарм накарда, дасти гадой ба чахоргушаи олам дароз кардааст. 

Онхо буданд, ки солхо пеш, вакте дар Музейи Осори Шарки Маскав номи «Сомониён»-ро ба забон меоварданд, ин хукуматдорон он вакт ба бомбаборони Гарм машгул буданд. Вакте инхо Созмони хукуки башари Осиёи Марказиро дар Маскав таъсис медоданд, мулокотороёни имруза он вакт дар кучахои Душанбе бадахшонихоро сар мезаданд. Замоне ки инхо барои гурезахои точик чои кор меёфтанд, онхо мардуми мутахассисро ронда, хатто дарвозабонии хочатхонахоро ба хамдехагони худ медоданд. Айёме ки точикони Маскав барои кудакони мухочир мактаб ташкил медоданд, аз шарри голибони чанги ватан хазорон кудак дар хиёбонхо ва дур аз китобу калам ба сар мебурданд. Ин гуна тазодхоро тулонй мешавад ин чо овард, аммо онхо хоханд гуфт, ёди гузаштаро ангехтан даъват ба чанг аст.

Вале фикр намекунад, ин чанобон бо хамин тафрикаангезихо чангро идома медиханд? Хануз хам, мо точикон дар чашми ин чанобон ба ду кисмем: Точикони хуб ва точикони бад. Ширкаткунандагони мулокоти Маскавро хамон гунае интихоб карданд, ки солхо боз мехмонони Форуми Точикони Чахонро интихоб мекунанд. Точики барои онхо хуб даъват мешавад, точики барои онхо бад, даъват намешавад. Гуё инхостанд, ки хакки точик будану точик набудани моро низ чузви салохияту вазифаи худ карор додаанд. Ёд доред, Рахмон рахбари тарафи дигари сулху вахдатро, ки ба хотири сулхи точикон аз хама чизи худ гузашт, устоди равоншод Сайид Абдуллохи Нуриро ба чашни сулху вахдат даъват намекард? Магар хакки маънавие ба ин дошт? Ин раванд хамоно давом дорад ва магар ин нест идомаи чанги шахрвандй ва хокимияти тафаккури чанганда???

Дар зохир — сулх, дар ботин — чанг. Боз хохиш мекунад, ки инкилоб нашавад.

Пас ин инкилобро магар пинхонкорон омода мекунанд ва ё худи чаноби Рахмон ва атрофиёнаш? Хуб, агар Рахмон президенти факат як бахши муайяни ахолии Точикистон бошад, бахши дигари ахолй бояд президенти худро чустучу кунад. Агар вай рахбари танхо точикони «хуб» аст, пас бояд точикони барояш «бад» касеро президент кунанд, ки онхоро ва хамаи миллати точикро ба як чашм бубинад ва хама барояш «хуб» бошанд, бидуни хеч истисно. Чи дар ватан ва чи берун аз он. Чи дар раёсат ва чи дар сафорат ва чи дар вазорат! Агар ин шахс дар ивази некии мардуми хеш хамин гуна тангназар бокй монданй хаст, бояд барояш дар як гушаи Точикистон маконе сохт ва хамаи точикони барояш «хуб»-ро низ ба он макон бурд ва бигзор хар кадар ки мехохад бо онхо бираксад, аммо ин миллатро осуда гузорад, аз тафаккури чангиёна рахояш кунад, то мардум худ рохи нур, озодй ва ободиро дарёбад.

Дар хамин мулокот чаноби Рахмон гуфт: «Ман ба хамаи хамватанони бурунмарзй мурочиат карда, мехохам як нуктаро таъкид намоям, ки хар яки шумо хамчун оинаи миллат дар хоричи кишвар халки худро бо сатхи фархангу маърифат ва рафтору одобатон муаррифй мекунед.» Дар бораи сарфу нахви забони ин порча чизе намегуем, магар ин ки боз як тахкир ба унвони забони модарии мост, аммо агар хар яки мо оинаи миллат дар хоричи кишвар бошем, чанобашон оинаи тира, зангзада ва вахшатангезанд. Ин оина моро дар Русия боз хам бадтар нишон дод, афсус…

Суолхои истиклолияти Косово

kosovo.jpg

Оё метавонад ин кудак, ки аз хамлаи артиши сербхо дар соли 1999 аз симхори марзи Косово ба Албания гурезонда шуд, рамзи истиклолияти Косово бошад?  

Имруз истиклолиятро ба мардуми Косово бояд табрик кард ва ё сукут варзид?

Агар истиклолияти Косово посух ба зуроварихо дар нисбати мардуми албанитабори он бошад, чаро чахон айни чунин хадияро барои курдхо орзу намекунад? Чаро Чеченистон бояд кишвари мустакил набошад? Чаро Карабог сохиби истиклолият нагардад? Ва чаро ба Самарканду Бухоро истиклолият дода нашавад?

Ин матн саропо аз чумлахои суолй шуд. Вожаи мукаддаси «истиклолият» дар чахони имруз оё мазмун дорад ва оё Точикистон кишвари сохибистиклол аст? Афсус, боз суол…

Таърихи точикон кучост? Дар хок… дар хок…

xazon.jpg

Мо, точикон, бо гузаштаи худ мефахрем. Худро дилбардорй мекунем, ки таърих ва фарханги кадиме дорем. Вале оё медонем, ки чахони имруз ба ин суханони мо ришханд мезанад ва ба ин шиъорхои забонзадшудаи мо бовар надорад?

Дар як бахси шадид дар сомонаи Сентразия.ру касе суол гузошт, «агар точикон ин гуна таърихи кадима доранд, ку он осори шаъйии фарханги бузурги онхо?».

Ман навиштам, агар ту, узбак хастй, аз падаронат пурс, чи тавр Самарканду Бухорову Фаргонаву Сурхондарёи моро рабуданд ва агар аз он кабила нестй, Рудакиву Фирдавсиву Хайёму Синоро бихон ва бидон.»

Посух омад, «ин чи кавмест, шахрхои худро ба дигарон бисупорад ва ин шуаро аз аквоми гуногунанду ба форсй навиштаанд, ки забони адабии он давра буд.» Навиштам, «кавми бофарханг вагарна наметавонист, забонеро офарад, ки ин кадар мардум ба он шеър бинависанд.» Баъд аз ин бахс ба дашном кашид…

Аммо ба фикр фуру рафтам. 15 сол аст, Точикистон талош дорад, ёдгорихои таърихиву фархангии худро ба руихатти «Мероси фархангй»-и ЮНЕСКО шомил кунад, комёб намешавад. Хукумати Точикистон аввал наздик ба 40 ёдгориро пешниход кард. Сипас ба 12 поин омад ва баъдаш боз камтар. ЮНЕСКО хеч яке аз онхоро напазируфт ва мегуяд, далелу бухрони раднашавандае мавчуд нест, ки ин ёдгорихо таърихи кадима доранд.

Албатта, вакте Кулоб 2700-сола эълон мешавад, то аз хама кадимтар бошад ва як табаки 2700-сола дар ин чо ёфт намешавад, маълум аст, ки ЮНЕСКО онро намепазирад.

Бадбахтии асосй дар ин буд, ки ду руихатти аввала хамингуна бо нияти махалгароёна тартиб ёфта буданд ва танхо ёдгорихои чануби Точикистонро дар бар мегирифтанд. Саразм, Истаравшан ё Панчакент дар он фехраст вучуд надошт. Хатто Калъаи Хисор ба номгуи ибтидой ворид нагашта буд. Ба хотири тасдики ин номгуй дар ЮНЕСКО асноди зиёди калбакй тахия гардид, ки тамоман бовариро аз байн бурд.

Аз вокуниши ЮНЕСКО маълум шуд, ки танхо Саразм шанси шомил шудан ба ин номгуи чахониро дорад ва тартибдихандагони махалгаро дандон ба хам соида, онро ворид карданд. Аммо таъкид руи Саразм надоштанд ва хамзамон Хулбук, Тахти Сангин, Ачинатеппа, макбарахои Хоча Машхад, Ойим, Хочаи Hур, Шохи Хомуш ва монанди инхоро мухимтар медонистанд. Ин махалгароии масъулони фарханги Точикистон сабаби он шуд, ки билоохира ягон ёдогории Точикистон ба номгуи чахонй ворид нагашт.

Холо 4 макони Узбакистон, 3 макони Туркманистон, 3 макони Казокистон, 3 макони Озарбойчон ва 2 макони Киргизистон ба фехрасти Мероси фархангии чахон шомиланд ва номи Точикистон дар ин руихат умуман мавчуд нест. Пурсиши ман ин аст, ки чаро макомоти Точикистон талаб намекунанд, ёдгорихои Самарканд ва Бухоро ба номи точикон низ сабт гардад, лоакал дар номгуи фархангии ЮНЕСКО? Магар Исмоили Сомонй аз мосту макбарааш ба мо дахле надорад?

Худи Узбакистон кабри Бобур ва Навоиро дар Афгонистон моли хеш мешуморад ва солона барои хифзи онон сармоя харч мекунад. Чаро мо кабри Сомонй, Хоча Ахрори Валй, Баховаддини Накшбанд ё Пайрав Сулаймониро моли худ нашуморем? Чаро кабрхои Хоча Машхадию Хоча Нуру Хоча Низом барои мо ин кадар азизанду кабри Сомонй на, харчанд пайкараашро дар маркази шахр устувор кардаем???

Як замон махалгароии точикони хучандй сабаби аз даст рафтани шахрхои бузурги Самарканду Бухоро шуданд. Ва харчанд Маскав мехост дар соли 1930 вилояти Сурхондарёи Узбакистонро ба Точикистон дихад, боз хам махалгароии точикон ба ин монеъ гашт. Акнун аз дасти махалгароёни кулобй номи ягон ёдгории точикон аз тарафи чахон эътироф нашуд.

Хеле дер мо расман эътироф кардем, ки Саразм 5500 сол пеш сохта шудааст. Наход, ки аз Кулоб хам кадимитар бошад? Аммо хамин ракам низ вохимаангез аст 5500. Шояд камтар нишон додан зарур буд. Тавре нашрияи «Миллат» менависад, ростгуиро пеш аз хама омузем. Он хам дар холе ки хамаи бозёфтхои Саразм ба Эрмитожи Русия интикол дода шуда, бархе аз онхо ба хорича фурухта шудаанд. Биноан имруз далели шайъие дар даст надорем, ки синнусоли Саразмро исбот кунем.

Пас он нафар дар бахси Сентразия.ру бехуда чунин суол накардааст. Аз руйи асноди байнулмилалй мо, точикон, на як ёдгории меъморие дорем ва на таърихиву на фархангй!

Акнун рахбарони Точикистон ба фикри он афтоданд, ки шояд ягон макони Точикистонро хамчун ёдгории табиат ба ин руихат шомил кунанд. Охирин пешниходи онхо ба ЮНЕСКО Порки милии Точикистон аст, ки як кисми Бадахшон ва навохии Чиргатолу Тавилдараро дар бар мегирад.

Гўё боз хам дигар манотики Точикистон чизе надорад. Ба назар мерасад, тахияи руихат ба дасти одамони махалли дигар гузаштааст. Аммо оё худи ин «Порки миллии Точикистон» оё вучуд дорад? Оё коре барои бунёди чунин мамнўъгох карда шудааст? Суолест шабехи суолхои Сентразия.ру бо чавоби мушкил.

Нависандаи точик Адаш Истад дар як номааш суоли диагреро матрах кард. Чаро олимони саршиноси эронй, ки аз мушовирони баландпояи ЮНЕСКО ба шумор мераванд, коре барои точикон намекунанд. Аз ду мушовири аршади точик Мухаммад Осимй ва Акбари Турсонзод якеро куштем ва дигареро гуреза кардем. Аммо чанд олими эронй дарвокеъ аз аламбардорони ЮНЕСКО хастанд. Чаро онхо ба дустони точики худ ёд намедиханд, ки чигуна бояд далелномае сохт, ки пешниходи онхо кабул гардад.

Оё Масъуди Миршохй, раиси созмони точикони Фаронса, ки низ бо ЮНЕСКО каробатхое дорад ва хар сол бо даъвати хукумати Точикистон ба чашни истиклолу Форуми точикони чахон меояд, чаро коре дар ин самт намекунад?

Мохи октябр соли 2005 президенти Точикистон Эмомалй Рахмон ду хавопаймо одамро ба Порис овард ва дар ЮНЕСКО на танхо консерти калон, балки зиёфати бепули шохона дод. Чи фоида кард? Оё бехтар набуд ин сармояи бехисоб барои чалби олимони арзанда, омузиши ёдгорихо ва тахияи асноди дурусту хубе сарф мешуд. Наход фикр карданд, бо «равган кардани гулухо» дар Порис хам мешавад, корро буд кард?

Мепурсед, чаро шомил шудани Точикистон ба номгуи «Мероси фархангии чахон» ин кадар мухим аст? Магар мо намехохем бо гузаштаамон фахр кунем? Магар имруз дигар чи чизе дорем, ки пояи ифтихори мо бошад? Аз суи дигар оё намехохем, мавчи чахонгардон ба ватани мо сафар кунад ва бо пои худаш бароямон пул ораду таърифамонро ба чахоргушаи чахон барад?

Мехохем. Мехохем, ахволамон бехтар шавад. Вале бо ин махалгароихо, ки таъсири як намунаашро ман ин чо овардам, орзуи нек парвардан бо ин афроде, ки боло нишастаанду ба таври худ мехоханд, аз як кисми мо точику аз кисми дигарамон ахолии нозарур бисозанд, ба кучо хохем расид?