Оё Эшони Муфтӣ ҳақ мегӯяд?

Дилшод МИРЗОЕВ«Озодагон» №17 30.04.09.

Ҳамду сано Холиқи якторо ва салоту салом ба Муҳаммад Мустафо (с) Худованд ба воситаи фиристодани паёмбари охирин ва китоби инсониятсози худ ҳаёти башариятро, ки ба дараҷаи пасттарини ҳайвонӣ расида буд, ба кулли тағйир дод.

Таърих гувоҳ аст, ки инсоният дар муддати 1400 соли Ислом ба чи дастовардҳои гаронбаҳо ва пурарзише соҳиб шуд. Аз замонн садри Ислом то имрӯз бобову аҷдоди форсзабонҳо низ аз ин неъмати Илоҳӣ ва ҳадяи гаронбаҳо истифода бурданд. Алҳамдулиллоҳ, мо низ, ки имрӯз фахр аз миллати тамадунофарин ва пешвоёни шоиста дорем, туфайли ин неъмати илоҳӣ аст. Худованд бори вазнини расонидани аҳкоми Исломро ба бандагонаш баъд аз анбиё дар болои уламо ва пешвоён ниҳодааст. Уламои Ислом дар муддати 1400 сол барои расонидани сухани Худо ва эҳё кардани суннати Расул то имрӯз бо вуҷуде, ки аз ҷониби ҳокимони худхоҳ монеъаву фишорҳои зиёде диданд ва ҳатто ки ҷони худ ва пайвандонашонро аз даст доданд, вале хиёнат ба амонати Парвардгор накарданд.

Дар тамоми давлату ҳукуматҳо уламо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳи аввал вазифаи муқаддаси худро иҷро карданд ва амонати илоҳиро, ки Қуръону ҳадис аст, фарк байни ҳалолу ҳаром аст, то имрӯз ба мо расонданд, ки таърих номашонро имрӯз ҳам ба некй ёд мекунад. Ба қавле худ сӯхтанд то ба миллати худ равшанй диҳанд. Гурӯҳи дуввум уламои дарборӣ буданд ва х,астанд, ки дар ростои қонеъ кардани нафси худ ва хоҷагони худ хизмат карданд, ки на таърих ёди хайре аз эшон дорад ва на халқ имрӯз эҳтиромашон мекунанд ва ҳоҷат ба гуфтану навиштан нест, зеро ҳамагон бо чашмони худ ин ҳолатро мебинанд .

Мақолаи аз номи раиси Шӯрои Уламои ҷумҳурӣ Шайх Амонуллоҳ навишта шударо дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» хондам ва шукронаи Худоро кардам, ки Муфтии мо ҳам эрод гирифта метавонистаанд! Эшони Муфтӣ ҳақ гуфтаанд «Ҳоҷӣ Акбар нохақ мегӯяд!» Барои он ки Тураҷонзода ба иззати нафси муфтӣ расидаанд. Ҳоҷӣ Акбар бори аввал нест, ки «ноҳақ» мегӯянд. Аввалин «ноҳақгӯмҳои» эшон аз мақолаи «Аз номи Ислом ба зарари Ислом» буд ва ин «ноҳакгӯиҳо»-и эшон то имрӯз идома дорад. Дар вақте ки раиси шӯрои уламо дар хоби гарон буданд Ҳоҷӣ Акбар аз зарари ҷиддии «ҳизбуттаҳрир» ҷомеа ва ҳукумати кунуниро ҳушдор дода буданд. Ва зарарҳои рӯҳиву маънавии маводи мухаддирро, ки ба нобуди ҷомеаву миллат мебарад, баён карда буданд.
Кош Худованд Эшони Муфтиро ғайрат медод, ки ин эродҳои худро чанд сол пештар рӯи кор меоварданд. Ва ин амонати вазнини пешвои як миллати 7-миллионаро, ки ба қавли Раиси Ҷумҳур 99 фоизаш мусулмон аст, ба қадри иститоати худ иҷро мекарданд.

Агар Тураҷонзода «хизматҳои раиси шӯрои уламоро нодида -намегирифтанд» ба хотири мубораки Эшони Муфтӣ ин қавли Набии Раҳмат ва Мухбири содиқ {с} «Бигӯед ҳақро, агарчанде бошад талх» ҳам намерасид. Чунки дар ин муддати дуру дарози роҳбари динии ҷумҳуриро ба ӯҳда доштанашон боре ҳам ба ин ҳадис амал накардаанд. Чаро?!!!

Ё Эшони Муфтӣ ин ҳадиси Расули акрам (с,с )-ро надидаанд: «Куллукум роъин ва куллукуад масъулун ан раъиятиҳи».
Ҷаноби муфтӣ, надидаи шумо ҳакикатро аз он ҷо сарчашма мегирад, ки ба атрофи худ низ бо диққат назар намеандозед. Вагарна наход шумо дар ин муддати дуру дарози роҳбариатон як бор ба таҳоратхонаи масҷиди марказӣ надаромада бошед. Агар даромадаед инсофан рӯи Худоро дида бигӯед, ки ин ифлосиҳову бетаъмир будани таҳоратхона дар ин асри бисту як чиро барои бинанда нишон медиҳад?

Раиси ҷумҳур ба Шумо бовар карда солҳост, ки ихтиёри умури динро бар душатон гузоштаанд. Шумо ба ин эҳтироми раиси ҷумҳур (бо кадом амалатон) чи хизмати шоистае кардед? Ё ин ки то калон аз масҷиди марказй ва таҳоратхона дидан накунад таъмиру тармим кардан макрӯҳ аст?

Эшони Муфтӣ масъалаи дуввуме, ки бояд шумо дар баробараш сукут ихтиёр намекардед ин масъалаи сатр – ҳиҷоб аст. Шумо худ медонед, ки сатр ба ояти Қуръон фарз аст ва дар фарз будани он шакке нест ва занҳои мо тоҷикон пеш аз Ислом ҳам чунин урёне, ки дар замони раиси шӯрои уламо будани шумо шудаанд, дар ҳеч замоне ҳатто дар 70 соли шӯравй, набуданд. Ва шумо бо ин шӯрои уламо чи хидмате дар ин масъалаи фарзӣ барои модарону хоҳарони мусулмон анҷом додаед? Як бор инсофан ба мактабу кӯчаҳо ба либоси дар бар кардаи духтарон, назар кунед. Оё ин «либос» зебандаи духтару зани мусулмон аст?
Масъалаи саввум, Қуръонро назар кунед, сураи Бақара Ояи 114-ро, Расули Акрам (с,с) фармудаанд: фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ таълими намоз кунед, дар даҳсолагй зарб кунед ба хотири намоз. Щумо медонед, ки ҳеч ибодахеро! Қуръон баъд аз ягона донистани Худо аз намоз боло зикр мекардааст.

Оё шумо ҳамчун пешвои асосии Ислом дар ҷумҳурӣ ин гирудорҳое, ки нисбати масҷид рафтани донишҷӯйҳо садо медиҳанд, метавонед қабул дошта бошед?

Худо амр мекунад намозатонро бо ҷамоат гузоред ва дар ҷамоат хондан Худованд фақат мардонро истисно накардааст, балки ин амр барои ҳама яксон аст. Замони Паёмбар дари масҷид барои ҳама кушода буд. Ва тарбияи масҷид меваҳои ширину пурлаззате ба бор овард, ки 1400 сол инҷониб лаззаташр башарият наметавонад фаромӯш созад.
Оё ҳамаи шахсиятхои бузурге, ки боиси ифтихори мо мусулмонҳо буданд ва ҳастанд, донишомӯхтагони масҷид набуданд? Ва ин шахсиятҳое, ки фарзандони моро аз масҷид дур карда истодаанд ва дари масҷидҳоро бар рӯи навҷавонон мебанданд чи нияту мақсад доранд? Оё имрӯз олими исломие ефт мешавад, ки мардумро аз мактаб рафтан манъ карда бошад? Агар чунин олиме бошад ба таҳқиқ душмани Ислом ва миллати тоҷик аст. Балки пешвоҳои ҳақиқии мо, ки дилашон ба ин миллат месӯзад, даҳҳо бор аз минбарҳо мактаббачагонро насиҳат карданд, ки дар вақти дарс ба намози ҷумъа ё ҷамоъат наоянд ва намозашонро баъди дарс адо куманд. Эшони Муфтй фатвои шӯрои уламои шумо дар бораи манъи модарону хоҳарони мусулмон «хидмати бузург»-и шумо ва уламои бузургатон буд. Чунин «хидмат»-ро миллат ва таърих ба ёд надорад. Меваҳои талхе, ки ин хизмати шумо имрӯз ба бор овард ва дар оянда ба бор меоварад худ инсофан як бор нархашро дар бозор назорат карда медидед. Дар замоне ки духтари тоҷикро дар мактаб нимурён ба сари луч таҳсил карданаш дуруст аст, бозор рафтанаш дуруст аст, уламои бузурги шумо рисола навиштанд, ки масҷидравии занҳо макрӯҳ аст. Бо ин рисолаҳои заҳромез қаноат накарда қонуниаш кардед. Барои ин ҳама касе аз ҳукуматдорон гунаҳкор нестанд, фақат шумо ин масъулиятро бар дӯш доред ва ҷавобашро назди Холиқ омода созед!

Имрӯз, алҳамдулиллоҳ, Раиси ҷумҳур аз минбар бо фахр мусулмониашонро иброз медоранд. Дар тамоми баромадҳои худ пуштибонӣ аз Ислому пешвоёни ислом доранд ва 99 % фоизи аҳолии ҷумҳуриро мусулмон медонанд. Аммо Эшони Муфтӣ шояд шумо огоҳ набошед, ки тайи чанд соли охир таҳқири гӯшношуниди Қуръони маҷид ва Паёмбари акрам (с) дар матбуоти кишвар роҳандозӣ шуд. Шумо худ медонед, ки барои мусулмон ҳеч номусе болотар аз дину Паёмбар буда наметавонад. Шумо ҳамчун раиси шӯрои уламо дар ин таҳқир хомӯширо ихтиёр кардед, чаро? Ҳоҷӣ Акбар чанд ҳақиқатеро навиштанд, ки хилофи нафси шумо буд, ноҳақиашро исбот карданиед, Қуръону Паёмбаронатонро таҳқир карданд, сухани Набии Раҳмат ва Мухбири содиқ (с) «Бигӯед ҳақро агарчанде талх бошад» дар гӯшаи хотири шумо наомад!

Ба хотире, ки душманони Ислом Расули Акрам { с)-ро карикатура карданд олами Ислом ба ларза омад ҷуз шӯрои уламои шумо, ки садо баланд карданро барои худ гуноҳ донистанд. Ба хотири аз масҷид манъ кардани занҳо Ҳазрати домулло Ҳикматуллоҳ аз Тоҷикобод ба Душанбе омада дар маҷлисҳо иштирок карданд. Ва шумо тамоми воситаро истифода бурдед то занҳоро аз ибодат дар хонаи Худо манъ кунед, кореро ки Паёмбари Худо ва хулафои рошидин накарда буданд, шумоҳо кардед. Вале ба хотири Ҳабиби Худо як маҷлиси хурдакак ҳам дар шӯрои уламо баргузор нашуд. То мо фахр кунем, ки мо ҳам мусулмонем ва мо ҳам шӯрои уламо дорем. Афсӯс!!!

Баста шудани масҷидҳо ва дастгирии шумо ин икдомро боиси ҳасрату надомат аст, ки чун шумо пешвое дорем. Охир масҷид чи ҷое, ки набошад масҷид аст ва хонаи Худост. Бояд шумо ҳамаи воситаҳоро истифода мебурдед бо якҷоягии уламои ҷумҳури ба Раиси ҷумҳур шикоят мекардед. Агар шумо бо уламои ҷумҳури ба Раиси ҷумҳур шикоят мекардед, банда ба Ҷаноби Олӣ боварии комил дорам, ки арзи шуморо мепурсиданд ва намегузоштанд дар замони роҳбарии эшон чунин амали нангине карда шавад.

Оё шумо имрӯз, ки ин масъулиятро ба дӯш доред, гуфта метавонед, ки бо боздоштани модарон аз масҷид ва рондани донишҷӯёни мактаб ва бастани масҷидҳо чи зиёни сангине ба мо мусулмонҳо расид ва чи миқдор занону фарзандони мусулмон дини масеҳиро қабул карданд?
Дар маколаи бо номи шумо чопшуда номи шаш нафар аз уламои бузурги замони шӯравӣ зикр шудааст, ҳол он ки шумораи чунин бузргмардон, ки дар он солҳои мудҳиш ҷон ба каф гирифта, хидмати Ислом карданд ва аз банду зиндон ҳаросе накарда сухани Худоро ба бандагон расониданд, шояд ба ҳазорҳо нафар расад. (Худо раҳматашон кунад). Бубинед ин бузургон тавонистанд номи худро баъд аз вафоташон дар дилу дидаи мардум нигоҳ доранд. Оё шумс дар ин замоне, ки аз Раиси ҷумҳур сар карда то дехҳон ҳама ифтихор аз мусулмон буданашон доранд, тавонистед нисфи хидмати ин зиндаёдҳоро бикунед? Албатта не!

Умед дорам, ки раиси шӯрои уламо аз ин чанд эроди ман нисбаташон озурдахотир нашаванд, зеро камина ба қавли худи шумо ба гуфтаи Набии Раҳмат ва Мухбири Содиқ {с) «Бигӯед ҳақро агарчанде талх бошад» амал кардам.

Ҳамчунин инсофан худ қазоват кунед, Шӯрои уламое, ки наметавонад дар як моҳи мубораки Рамазон мардумро бо тақвими дуруст ва соатҳои намоз таъмин намояд оё метавонад аз масъалаҳои бузургу муҳими исломӣ пуштибонй кунад? (Албатта ин пурсиш танҳо ба ҷаноби эшони муфтй нест, балки ба ҳамаи онҳоест, ки ба такдири Ис-лому мусулмонон бетараф нестанд.)

Ва аз Худованди бузург масъалат дорам, ки шуморо нигаҳбом бошад ва ҳамаамонро дар навиштани суханҳои ҳақва рафтан ба роҳи рост ҳидоят фармояд.

Маааан-фиииии-аааатттт!!!

Зафари СӮФӢ «Озодагон» №16 23.04.09.

То кай дороиҳои кишварро медузданд ва ин дуздиҳо ба суди кист ва чаро касе посухгӯ нест?

Як назорат ё бозрасии як ширкати хориҷи дар бонки миллӣ собит намуда, ки собиқ раиси он ва имрӯз муовини сарвазири кишвар Алимардонов наздик ба як миллиард доллар маблағро ба қавле обу лой кардааст. То замони ин бозрасӣ ҳама муҳри сукуи ба даҳон зада буданд. Мо ин қадар ба худ бовар надорем ё ин қадар дар фасод ғарқ шудаем, ки ҳатто дуздии ин ё он мансабдорамонро низ бояд хориҷиҳо бигӯянд. Ё ин ҷо тарсу бими ғуломонаест, ки дар ниҳоди аксари мо решаи жарф давонда сади роҳи ҷустани адолат ва гуфтани адолат мешавад?

Охир қазияи Алимардонов аввалин нест ва фикр намекунам, ки охирин низ бошад. Пеш аз ин баҳои чандин миллионро бо худ бурдани Абдуқодир Эрматов, Аваз Назаров ва Ҷаҳонгир Рӯзиев ва чанде дигар матраҳ буд. Идораҳои дахлдор гӯе алайҳи онҳо парвандаи ҷиной боз кардаанд, аммо то чи ҳад ин парвандаҳо ба натиҷа расидаанд? Беш аз ин қариб дар аксари ҳол баъд аз берун рафтанашон аз хоки кишвар хабардор мешавем, ки онҳо дороии ин сарзаминро аз они худ кардаанду бо худ бурдаанд. Аммо баъд аз ин хабардор шудан ҳам боз ҳамчунон ҳушёр намешавем ваба назар мерасад мо як кӯри фаромӯшхотирем, ки гаштаву баргашта асоямонро гум мекунем.

Аз сӯи дигар дар пушти пардаи чунин сурат гирифтани корҳо, яъне ба яғмо рафтани дороиҳои мардуми ин сарзамин, ба назар мерасад манфиати баъзе аз роҳбарони воломақом хобида бошад. Охир магар мешавад дар як кишвар, ки тамоми буҷааш наздик дуву ним миллард доллар аст як мансабдор наздик ба 40 дарсади ин буҷетро (наздики як миллиард доллар) соҳиб шаваду дигар болонишинҳо аз он хабардор нагарданд? Воқеан ин амал хеле шубҳаовар ва хабардор набудани дигарон аз ин қазия боварнакарданӣ мебошад.

Ба ҳар ҳол шояд ягона қазияи аз худ кардани дороии мардум дар ҳаҷми калон ҳамин кори мӯҳрабизнеси Ҷамшед Сиёев буд, ки омилони он боздошт ва равонаи зиндон шуданд. Аммо дар дигар ҳолатҳо афроде, ки чандин миллион доллар маблағро мисли мероси падарашон аз они худ кардаанд ба як тариқе аз панҷаи қонун халос мешаванд. Тоҷикистон як кишвари кучак бо як ҷамъияти ҳафтмиллионӣ чандин ниҳодҳои қудратӣ дорад, ки вазифаашон пешгирӣ ва муборизаи бар зидди ғорат шудани дороии кишвар аст. Ниҳодҳои қудратӣ боз ҳар кадом дар дохил идораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ доранд. Дар ҳамин ҳол кам рух дода, ки ҷиноятҳои калонҳаҷми иқтисодӣ то охир ҳал шуда бошад. Ҳамин қазияи Алимардонов, ки охирин намуна аст, мисоли равшан метавонад бошад. Прокуратураи генералӣ мегӯяд, ки таҳқӣқи ин қазия кори агентии, мубориза бо коррупсия аст. Агентӣ ҳанӯз мушаххас дар ин маврид дидгоҳашро эълом накарда ва умуман парвандае, ки дар мавриди фасод ба миқдори беш аз як миллион доллар бошад, ҳанӯз аз ҷониби агентӣ ташкил нашуда ва ё ҳадди ақал барои афкори омма эълом нашудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ва кумитаи амнияти миллӣ низ аз ниҳодҳои қудратии кишваранд, ки идора ё шуъбаҳои вижаи мубориза бо ҷароими иқтисодӣ доранд, аммо мебинем, ки чунин миқдори ҳангуфти маблағи мамлакат ба ҳисоби кадом ширкату корхонаҳои хусусии шахсе ё чанд шахсе мераваду вокуниши онҳо ба шакли возеҳ эҳсос намегардад.

Бо ин ҳисоб саволи матраҳ ин аст, ки вақте пеши роҳи ғорати дороиву маблағҳои давлат ва мардумро наметавонанд ба ҳади лозим бигиранд, оё зарурат дорад, ки ҳукумат миллионҳо доллар маблағро барои нигоҳ доштани чунин ниҳодҳо ва ё идораҳо харҷ намояд? Ё дар асл ин ҷо манфиати касе ё гуруҳе ҳаст, ки Эрматову Назарову Сиёеву Рӯзиеву Алимардоновҳо фақат миёнараве беш нестанд ва ба қавли маъруф ҳар вақт лозим шуд ошкор мешаванду аз бозӣ берун мераванд?

Кист, ки аз Алимардон натарсад?

Одат шудааст, ки додситони кулли Точикистон Бобочон Бобохоновро ба Шери жаён монанд кунанд ва раиси Ожонси мубориза бо фасод Шерхон Салимзодаро, харчанд дар таркиби номаш «шер» дорад, ба рубохи сафед.

Валекин ин дафъа акаи Бобочон, ки лакаби дигаре бо номи «худо» дар таркибаш низ дорад, 100% монанди лакаби акаи Шерхон амал кард ва масъулияти пресс-конфаронси идораашро ба гардани чонишинаш Абдусамеъ Додобоев гузошт. Вай аз руи тачриба медонист, ки дар ин пресс-конфаронс хатман ягон кас дар бораи аудити Банки миллй ва «нагмабозихо»-и раиси собики он Муродалй Алимардон суол хохад кард.

Чавоби чонишини додситони кулл хандаовар буд: ба мо хич хел мурочиат нашудааст, ягон хуччат нагирифтаем ва баррасии корхои Алимардон кори Ожонси мубориза бо фасод аст.

Ду руз баъдаш раиси ин ниход — Шерхон Салимзода ба ин гуфтахо посух дод, ки ба мо хам хич гуна хуччате ворирд нашудааст ва натичахои аудит (сарнавишти номаълуми зиёда аз 1 миллиард доллари кишвар!) барои кушодани парвандаи чиной кофй нест.

«Ба мо хич гуна хуччат ворид нашудааст» маънояш ин аст, ки аз боло хич гуна телефон нашудааст. Мохи июли соли гузашта бо телефон аз боло додситонии кулл эълон кард, ки ба зидди Додочони Атовулло парвандаи чиной кушодааст. Сабаб — чанд изхороти онвактаи Атовулло, ки президенти кишварро шадидан танкид карда буд.

Бубинед, ки барои чанд сухани Додочон зуд парвандаи чиной кушоданд, аммо далелхои як ширкати тафишотии мустакили хоричй, ки Банки миллии Точикистон онхоро агар нодуруст мешумурд, нашр намекард, барои боз кардани чунин парванда кофй набудааст!

Канд занед додситонхои мустакилу бомасъулият ва муборизони бефасоди зидди фасод! Хайр мумкин аст, онхо аз Алимардон метарсанду аз Атовулло на? Охир хатто президент Рахмон худ аз Алимардон, махсусан аз хуччатхои дар 5 нусха ва дар 5 шахр пинохонкардаи у  метарсад, чаро ин бечорахо натарсанд?

Алимардон медонад, ки агар уро ба махбас кашиданй бошанд, чанд каси дигари аз у болотар хам бояд хамрохаш ба зиндон раванд. Барои хамин аз эхтимол дур нест, ки ба зудй натичахои аудит дуруг бароварда шаванд, зеро вазифаи худро  ичро карданд — Бунёди байнулмилалии пул аз нав ба пулдихй ба хукумати Точикистон сар кард, парвандаи чиной чй даркор?

Президенти нав муборак боша-е!!!

Эмомалй Рахмон 17 сол кишварро хурд, сер накард. Вай мехохад то соли 2020 дар курсии гарми президенти Точикистон шимашро бифарсояд. Хамаи хешу табор ва хамдехаву хамдиёрхояшро ба мансабхои баланди давлат шинонд.

На Мугулистон монду на Таиланд — аз хисоби халки кашшоки точик руи чахонро гашт. Сер нашуд, ки акнун писарашро ба чои худаш омода мекунад. Як чавони муштзур ва беахлок бо иттифоки оро муъовини раиси Созмони чавонони Точикистон «интихоб» шуд. Ин кадам аввал ва номубораки Рустами Эмомалй ба сиёсат аст.

Охиста-охиста мо шохиди ин хохем шуд, ки баъд аз 1 сол ин чавонаки чаласавод раиси ин созмон мешавад ва пас аз 2 сол узви Мачлиси Намояндагони Точикистон. Боз каме нагузашта, вазири ягон вазорат мешавад ва телевизионхову нашрияхои тамаллукзада сиккаву сурати уро ба хама шинос мекунанд, он тарафаш, как говорят, дело техники.

Ба хотири амалй кардани ин накша бо фармони президенти кишвар тамоми кор карда мешавад, ки халки точик сар бардошта натавонад, дар кашшокй ва бечорагй гарка бошад ва вакте ки раиси чумхури навро пешниходаш мекунанд, гуломвор дуъои нек кунаду нухтаи худро ба дасти ин шахс бисипорад. Шумо инро мехохед? Ман, масалан, мачбур хастам, ки аз бахри номам бароям, харчанд номи пахлавони бузург аст, ин бача ин номро касиф хохад кард. Шумо?!

 

Хукумат чаро тагйир намекунад?

Сӯҳбати Зафари Сӯфй бо Зафар Абдуллоев

«Озодагон» №15 16.04.09.

-Назари шумо нисбати барномаи зиддибуҳронии ҳукумат чи гуна аст, яъне он то чи ҳад дар бартараф намудани бӯҳрон дар кишвар метавонад корсоз бошад?

-Рости гап, ман фақат дар бораи ин барнома фақат ҳарфҳое шунидам, аз ҷумла дар бораи он ки бонки рушди Осиё онро ҷонибдорӣ кардааст ва ин хабарро ҳам аз тариқи эълони воситаҳои ахбори омма шунидам. Бо таваҷҷӯҳ ба ои изҳороте, ки масъулон дар мулоқотҳои ҳукуматӣ ва баъзе конфронсҳои матбуотии ниҳодҳои иқтисодии кишвар дар ин бора сухан мегӯянд. метавон натиҷагирӣ кард, ки чунин як барнома дар асл вуҷуд надорад. Ман ин суханро на ҳамчун рӯзноманигор, балки ба сифати шахсе, ки дониши бунёдии иктисодӣ дорад, яъне мутахассиси соҳа аст, изҳор мекунам. Воқеан ба ҷуз сухан чизи дигаре мушоҳида намешавад. Яъне дар сухан хоҳиши зиёд барои бартараф кардани бӯҳрон вуҷуд дорад, аммо дар амал акси онро мушоҳида мекунем. Беш аз ин метавон гуфт, ки роҳбарияти болоии кишвар то охир тахдиди ин мавҷи бӯҳронро дарк накардааст. Зеро ин як падидаи комилан нав аст ва вазъият дар қишрҳои поёнй бештар таъсиргузор мебошад. Бархе ҳукуматҳои маҳаллӣ аз пеши худ чораҳое андешидаанд, ки дар бисёр ҳолат бар зидди низоми бозор ва баракс боиси идомаи бӯҳрон мегардад…

-Роҳи бурунрафт аз ин ҳолат ба назари шумо кадом аст?

-Ба назари ман на роҳ, балки роҳҳои бурунрафтро бояд ҷуст. Яке метавонад роҳи низоми тоталитарӣ бошад. Яъне ба суръат амру дастурҳои роҳбарияти давлат ба зинаҳои миёна ва поини ҳокимият расида мавриди иҷро қарор гирад.

Роҳи дигар, ки дар ҷахон имрӯз ба он такя доранд, поин овардани андозҳо барои бозаргонйи хурд аст. Ҳарчанд иддаоҳо дар бораи ҷои кори зиёд ба вуҷуд овардани бозаргонии умда вуҷуд дорад, таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон собит карда, ки ҷои корро асосан бозаргонии хурду миена ба вуҷуд меорад. Кам кардани андоз барои ин сохтори иқтисодӣ метавонад ҳам ҷои кор офарад, ҳам барои буҷа даромад оварад, ҳам суръати бартараф намудани бӯҳронро афзоиш диҳад.

Беш аз ин барномаи зиддибуҳронӣ дар якгон кишвари ҷаҳон ба хусус дар Тоҷикистон наметавонад аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ карда шавад. Саҳеҳтар бигӯям, барномаи муфид ва корсози зиддибуҳронй аз ҷонибй ҳукумат наметавонад таҳия ва амалӣ шавад. Ин барнома замоне муфид ва корсоз мёшавад, ки ҳукумат ҳамаи неруҳои фаъол дар ҷомеаро, чи тиҷорӣ ва чи ғайридавлатиро, яъне на танҳо иқтисодиро ва шояд коршиносони хориҷиро даъват намояд, то дар якҷоягӣ чунин як барномаро таҳия ва дақиқан амалӣ намоянд. Шояд дар чунин якҳолат шанси муваффаққият бошад ва имкони он ба вуҷуд ояд, то ба ҷаҳон собит намоем, ки мо ҳам ба балоғат расидем.

-Шумо ишора доштед ба як роҳи афзоиши ҷои кор ва аз ин тариқ беҳ кардани вазъияти иҷтимоӣ. Дар ҳамин росто ҳукумати Тоҷикистон як роҳи дигаре пеш гирифта ва ахиран қонуне тасвиб намуд барои танзими воридот. Доираҳои ҳукуматӣ иддао доранд, ки маҳсулоти хориҷй арзон оварда мешавад ва корхонаҳои дохилӣ ё маҷбуранд ин маҳсулотро истеҳсол накунанд ё агар истеҳсол карданд дар анборҳояшон хоб аст ва ноилоҷ фаъолияташонро қатъ мекунад. Ба гуфтаи ҳукуматдорон ин қонуни нав метавонад боиси фаъол гаштани бархе корхонаҳои дохилӣ ва ба ҷои кор таъмин шудани шаҳрвандони Тоҷикистон гардад. Ба назари шумо ин қонун ва ин талоши ҳукумат то чи ҳад метавонад дар ростои бартараф кардани бӯҳрон метавонад корсоз ва таъсиргузор бошад?

-Албатта ман коршиноси варзида дар соҳаи содирот ва танзими буҷаи давлатӣ нестам, аммо ба назари ман ин амал якталоши беҳуда ва беш аз ин як зохирга роист. Эхсос мёшавад, ки ин ташаббуси як ё ду вазоратхона ё идораи давлатисту бас, яъне ташаббуси роҳбарияти авали кишвар нест. Ин ҳолат бори дигар собит мекунад, ки сӯҳбатҳои ахири расонаҳои мустақил дар мавриди хеле заиф ва пӯшида будани блоки иқтисодии ҳукумат асоси мантиқӣ дорад. Ҳамин чораи пешгирифта дар вазъи рушди оддии иқтисодй ва шароити муносиб тадбири муфид аст, аммо дар ҳолати фавкулодда ва буҳрон амалӣ кардани чунин як чорае воқеан ба тавони блоки иктисоди ҳукумат дар бартараф кардани бӯҳрон шубҳаву шакҳоро ба вуҷуд меоварад. Охир мо ҷалби сармоя барои эҳеи истеҳсолоти дохилй надорем, пас ба кадом умед метавоем чунин чораеро амалӣ намеоем? Фақат ба умеди як е ду корхонае, ки бо нисфи иктидор фаъолият мекунад?

-Шумо ба ишораи баъзе аз расонаҳои мустақил дар мавриди пӯшида ва заъиф будани блоки иқтисодй ё вазоратхонаҳои иқтисодии кишвар таъкид доштед. Оё ба назари шумо пардохтани ин расонақо ба мавзӯъи заъиф ва пушида будани ин вазоратхонахо воқеан фақкат ба хотири он аст, ки ин вазоратхонаҳо чунин заъифу пӯшида ҳастанд ё ик ҷо бозиҳои пушти пардай ва манфиатҳои афрод ё гуруҳи дигаре вуҷуд дорад?

-Албатта ин саволи мушкил ва печидаест. Аз сӯи дигар наметавон инкор кард, ки бархе аз намояндаҳо ва соҳибони баъзе расонаҳо дар чунин сурат гирифта ни вазъият манфиат доранд ва ё манфиати шахсҳо ва ё гуруҳеро пуштибонӣ мекунанд. Аммо аз тарафи дигар интиқоди як рӯзноманигор аз блоки иқтисодии ҳукумат ва ё як вазири он нишони манфиатҷӯии рӯзноманигор нест, шояд дар ҷое ӯро нороҳат карда бошад, ё манфиаташро нодида гирифта бошанд. Ҳатто шояд аз шахсиятҳое наве низ ҷонибдорӣ мекунад. Албатта дар ин кор ман ҳеч чизи бадеро намебинам. Зеро дар ин тазодҳост, ки ҳақиқат падид меояд ва хонанда метавонад худ натиҷагирӣ намояд, ки ин ҷо кй ҳақасту кӣ ноҳақ.

Аз сӯи дигар ба назари ман танқид ҳамеша худро тавҷеҳ кардааст, дурустияшро собит намудааст ва имрӯз ба вижа танқиди блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон хеле дуруст аст. Зеро нишондодҳо инро талқин мекунанд. Агар дар дигар вазоратхонаҳо таи панҷ соли охир агар тағйиру ҷобаҷоии кадрҳо дар самти гуманитарӣ ва иҷтимоӣ будааст, ҳатто дар байни низомиҳо, ки ба таври суннатӣ бояд устувор бошад, тағйирот амалӣ шуда, амо дар блоки иқтисодӣ амалан ҳеч тағйироти назаррас мушохида намешавад. Фақат як вазоратхонаро барҳам доданду бас ва агар тағйироте ҳам сурат гирифта байни вазоратхонаҳо будааст, яъне аз ин вазорат ба вазорати дигари иктисодӣ рафтани кадрҳои раҳбарикунандаро гувоҳҳастем. Дар ҳоле ки тибқи арзёбии президент гоҳ-гоҳ онҳо дар иҷрои вазифаи ба зиммашон гузошташуда кутоҳӣ мекунанд, аммо аҷиб ки боз ба вазифаи дигар таъин мешаванд…

-Фикр мекунед сабаби ин гуна тағйири кадрҳо дар чист?

-Воқеан саволи муҳим. Аввалан фикр мекунам вобастагии роҳбарияти кишвар аз ин шахсҳост ва албатта ин вобастагӣ чандсамта мебошад, яъне фақат молиявй нест. Ба назари ман механизми ҳокимият ба вижа дар бахши иктисодӣ чунон сохта шудааст, ки бо тағйири як шахс дар як идораи иқтисодӣ як системаи ягона метавонад аз байн равад. Ба иборати дигар иртиботи байни идораҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон чунон қавист, ки назираш дар ҳеч кишвари ҷаҳон нест ва бо иваз кардани як шахс наметавон низомро иваз кард. Яъне агар як ислоҳотгар ба вазорат ё идорае масъул шавад ҳам наметавонад коре кунад, зеро ҳамаи кор дар Тоҷикистон байни идораҳо ҳамоҳанг мешавад ва бахши иктисодй дар ин росто қавитар аст. Агар чанд вазиру ҷонишин ва раиси комитетҳорро ҳамзамон тағйир диҳанд шояд тағйиротеро метавон интизор буд, аммо бо тағйири як ё ду шахс намешавад интизори тағйири механизмро дошт. Ба назар мерасад президент ҳамин роҳи тағйири як ё ду кадрро пеш гирифта ва ҳар сол ё дар аввал ё дар охири сол яке аз ин вазифа барканор мешаваду ба вазиваи дигар дар як идораи дигари иқтисодӣ таъин мегардад. Президент нақшаҳои навро эълон мекунад дуруст, ки ин ҳама дар ростои беҳбуди вазъи кишвар ва некӯаҳволии мардум аст. Аммо аз тарафи дигар ҳеч ҳам ин пурсиш матраҳ намешавад, ки ба кадом шаклҳо, дар асоси кадом бардоштҳо? Ин чи мавзеъгирист, ки қаблан сад миллион доллар аз худ карда мешуд, ҳоло дусад миллион шуда ва шояд фардо сесад миллион доллар шавад. Яъне ин як командаи маъмурист, ки ҳамин гунна ба шакли маъмурӣ иҷро мешавад. Шояд ин тарзи кор барои муддате корсоз бошад, аммо дар шароити бӯҳрон аслан ба кор намеояд…

-Аммо чаро иваз намекунанд ё иваз намешаванд?

-Тағйир намедиҳанд ба он хотир, ки бояд ҳамаро тағйир диҳанд. Аммо ин як масъалаи хеле калони давлатист ва ман дар ин фикр нестам, ки дар ҳар кадом кишвари ҷаҳон бишавад, ки бо осонӣ ниме аз ҳукуматро иваз кард. Ин ҳолат то андозаё инкилоби кадрист, ки аз ҷумла рӯзно манигорон интизор доранд ва гоҳе дар пурсишҳояшон матраҳ мекунанд. Аммо маълум нест, ки чунин тағйир чи оқибате метавонад ба бор биорад. Гузашта аз ин дар атрофии президент ба фикри ман мутаассифона он қадар шахсҳои зиёде нестанд, ки битавонанд то охир ин тағйирро пешгӯӣ намуда рохдои амалӣ шуданашро мушаххас кунанд.

Сабаби дуввуми сурат нагирифтани тағйир ин аст, ки аксари вазирҳо ва онҳое, ки дар собиқ вазир буданд соҳиби сармояҳои калоне шудаанд. Аз кадом роҳ омадани ин дороиҳоро албатта намешавад собит кард ва ҳатто мутааллиқ ба кадоме аз онҳо буданашро низ бо ҳуҷҷатҳо наметавон исбот намуд. Аммо мардуми оддӣ, онҳое, ки бо ин афрод ҳамсоя ҳастанд аз микдори дороиҳояшон ҳарфҳое мезананд. Манзури ман ин аст, ки имрӯз иқтисоди кишварро чандсад тане, ки соҳиби дороиҳои ҳангуфт ҳастанд, ба истилоҳ назорат мекунанд ва манфиатҳои онҳо таъинкунандаи тағйири ин ё он кадр ва ё як механизми воҳид аст. Онҳо ё аз тариқи хешу таборӣ ё ба воситаи бизнес ба ҳам сахт робита доранд ва бидуни ҳамдигар наметавонанд. Аз ин хотир иваз кардани кадрҳои асосӣ дар блоки иқтисодӣ метавонад мушкилоти зиёдеро сабаб гардад. Аммо ба унвони шаҳрванди ин кишвар агар дар ихтиёри ман мебуд, тамоми вазирҳои блоки иқтисодӣ ва идораҳои дахлдор ба онро иваз мекардам.

-Шумо таъкид доштед, ки як механизм ва низоми ягонае шакл гирифта, ки дар баробари иваз шудани шахсҳои раҳбараш шояд ин система аз байн равад. Аз сӯи дигар мегӯед, ки ин система худро тавҷеҳ накард. Аз сӯи дигар бархе коршиносон ва ҳатто раҳбари давлат низ аз нарасидани кадрҳо суҳбат мекунанд. Ба назари шумо оё мо воқеан кадрҳо надорем?

-Агар дар сатҳи ҷаҳонӣ бигирем, ба фикри ман, мо он қадар кадрҳои зиёд надорем, дар ҳама соҳа, аз ҷумла дар бахши рӯзноманигирӣ. Аммо дар сатҳи ҳукумати ҳозира, ба назари ман на фақат кадр кам нест, балки ҳатто хеле зиёд аст. Зеро сӯҳбат бо бархе вазирҳо нишон медиҳад, ки онҳо на фақат донише дар соҳаи худ ба таври ҳирфаӣ надоранд, балки гоҳо онҳо чизҳоеро низ намедонанд, ки як мактаббача аз он хабар дорад. Аз ин дидгоҳ имрӯз барои Тоҷикистон кадрҳои ҳирфаӣ барои роҳбарии вазорат ва идораҳои ҷудогона хеле муҳим нест. Балки шахсҳое лозим, ки намегӯям хеле бовиҷдон ва пок бошад, зеро чунинҳо ба назари ман дигар намондаанд, зеро низом чунинҳеро шикаст ва ҳама ба коррупсия одат кардаанд балки талош дошта бошанд чизеро ба даст оваранд ва натиҷаро нишон диҳанд. Ҳамон тавр, ки мардум мегӯянд ҳам барои худаш ва ҳам барои дигарон коре бикунад. На шахсе, ки вазоратро барои расидан ба ҳадафҳои шахсияш ба воситае табдил мекунаду аз ёд мебарад, ки вазорат ин як бахше аз ҳукумат аст ва сарнавишту рӯзгори садҳо ва шояд ҳазорҳо инсон аз ин вазорат вобастагӣ дорад. Мутассифона чунин шахсҳо хеле зиёданд ва агар дар ихтиёри ман мебуд ба ҷои ҳар кадом аз инҳо афроди дигарро меовардам. Яъне такрор мекунам, ки ин тағйирот барои шикастани система зарураст…

-Аммо ба фикри шумо чаро то ҳол чунин тағйирот сурат нагирифта ва оё сурат хоҳад гирифт?

-Тағйирот нашуда, зеро ҳамаи ин аз иродаи президент вобаста мебошад. Яъне президент метавонад чунин тағйиротро амалй кунад. Аммо чаро чунин накарда? Ин вобаста ба менталитети президент аст. Ҳар чи ҳам бошад вай дар замони шӯравӣ таваллуд шуда ба воя расидааст. Системаи идораи давлатии ӯ ва аз ҷумла ташаккули дастгоҳи давлатӣ ва бовар ба кадрҳо асосан ба шакли усулҳои ҳокимияти шӯравӣ бунёдгузорӣ шудааст. Яъне он гуна, ки дар ҳизби коммунист анҷом медоданд. Ҳатто як вақтҳо мегуфтанд, ки ӯ мушовирони муайяне дорад дар ин замина, ки кормандони собиқи ҳизби комунисти Тоҷикистон ме бошанд. Албатта ман вазъияти имрӯзи ҳокимияти кишварро мутлақан арзёбӣ кардан намехоҳам. Зеро ҳамеша вақте аз поён ба боло менигарӣ метавонад бардошт дигар бошаду аз боло ба поён бингарӣ дигар. Ба ҳар ҳол идораи ҳукумат кори он қадар осон нест. Аз ин дидгоҳ ва бо таваҷҷӯх ба он ки суботи Тоҷикистон ҳанӯз комил нест метавон ҳокимияти қавии президент ва маркази ягонаи қабули қарор будани ӯ дар аксари масъалаҳоро метавон тавҷеҳ ва ҷонибдорӣ намуд. Аммо чун интихоби кадрҳо мутобики усули ҳизбӣ дар замони шӯравй аст ва он такя ба санҷидашуда будани афрод дар дигар вазифаҳо дошт, имрӯз мебинем, ки қисмати умдаи кадрҳои мо аз сафи порлумон ва ё аз сохтори поинтари ҳокимият берун меоянд ва ё баракс кадрҳои нолозим ба порлумон ё ба ягон ҷой дигар ҳамчун захира фиристода мешаванд. Ҳамин система сади роҳи зуҳур ва интихоби кадрҳои ҷавону нав мегардад, онҳое, ки тарзи тафаккури нав доранд. Ман намегӯям, ки ик кадрҳои ҷавон ҳирфаӣ ҳастанд, аммо муҳим он аст, ки тарзи тафаккури нав доранд. Онҳо метавонанд ба ин низоме, ки имрӯз вазифааш ро иҷро карда наметавонад фишор оваранд ва онро тағйир диҳанд. Ба ғайр аз ин аз созмонҳои ғайридавлатӣ кадрҳоеро, ки таҷрибаи кофӣ барои раҳбарӣ доранд, бояд розӣ кунонд, ки дар ҳукумат фаъолият дошта бошанд. Аммо то ҳол ман чунин таҷрибаро надидам, дар сурате, ки чунин кадрҳо хеле зиёданд ва ҳатто мешавад ҳукумати алтернативӣ бисозанд. Аз сӯи дигар метавонад хеле аз ин шахсиятҳое, ки дар созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд, барои кор дар ҳукумат розӣ нашаванд. Беш аз ин ба фикри ман беэътимодии шахси президент ба сектори севвум ё ҳамон созмонҳои ғайридавлатӣ як омили дигарест, ки ба ҷазби онҳо барои кумак ба ҳукумат халал мерасонад.

Як роҳи дигар тарбияи кадрҳо дар хориҷ ва дар донишгоҳҳои муътабар, аммо набояд пас аз поёни таҳсил ин кадрҳо даҳҳо сол дар идораҳои поёнии ҳукумат бимонанд, балки бояд ба онҳо бовар карду вазифаҳои масъулро ба дӯшашон гузошт. Онҳо тафаккури нав доранд ва метавонанд тағйироти муфид ворид кунанд. Ба ғайр аз ин кадрҳои ҳирфаӣ ва кордон дар ҳамин ҳукумат ҳам ҳастанд ва онҳо мутассифона ҷонишинҳои ҳамешагии вазирҳо ва роҳбарони идораҳо ё мудири шуъба мебошанд. Ба иборати дигар ҳаминҳо ҳама кори вазиру раҳбаронро анҷом медиҳанд, аммо ҳеч гоҳ ба вазириву роҳбарӣ намерасанд.

Конуни нави дин ба талаботи эътикодии мардум чавобгу нест!?

Рустам БОБОӢ (Бознашр аз «Начот» №16) 16.04.09.

Гузориш аз чараени баргузории мизи мудаввар тахти унвони «Конуни Чумқурии Точикистон «Дар бораи озодии вичдон ва иттиходияи динӣ»: андеша ва мулохиза»

Ба ҷои муқаддима

Тавре хонандаи гироми огоҳ аст, ба наздикӣ аз тарафи Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динй» ба тасвиб расид, ки Президенти кишвар ҳам болои он имзо гузошт. Вале қонуни мазкур дар доираҳои мухталифи ҷомеа боиси сарусадоҳои зиёде гардид. Аз ҷумла, созмону ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ низ баъзе моддаву бандҳои ин қонунро бо қонунгузорин Тоҷикистон ва дигар қавонини байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудаагт, мухолиф донистанд.
Зиёда аз ин ба ақидаи аксари коршиносону муҳаққиқони соҳа қонуни мазкур дар робита ба эътиқоду фаъолияти динй як катор маҳдудиятҳоро низ доро мебошад. Ҳамчунин бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ ва динии кишвар ҳам бинобар дар амал татбиқгардидани ин қонун вокуниш нишон доданд. Бо дарки муҳим будани ин масъала Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тасмим гирифт, то барои пайдо кардани роҳҳои татбиқи амалии қонун, шарҳу тафсири ҳолатҳои дар қонун омада ва рафъи сӯитафоҳумҳо мизи гирдеро бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ баргузор намояд. Ва маҳз ба ҳамин хотир рӯзи 11 апрели соли равон масъулини шӯъбаи табъу нашри ҲНИТ дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо иштироки олимон, аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони васоити ахбори омма мизи гирд доир намуд.
Нуктаи қобили мулоҳиза ва тааҷҷуб он аст, ки агарчи ба мизи гирд аз намояндагони мақомоти давлатӣ, бахусус аз С. Фаттоев-мушовири давлатии Президент, М. Давлатов-сардори Маркази исломшиносии Дастгоҳи Президент, С. Маҳмадуллоев – сардори Раёсати ташкилотҳои динии Сарраёсати оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанг даъват шуда буд, вале онҳо дар кори мизи гирд ширкат наварзиданд. Баъди анҷоми кори мизи гирд, ин мавқеъгирии намояндагони ҳукуматро иштирокчиён ҳаргуна арзёбӣ мекарданд, иддае бар он буданд, ки онҳо аз хавфу ҳаросе, ки барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои динии мардум кардаанд, дар кори мизи гирд ширкат накарданд ва иддае дигар бар он буданд, ки ин кори онҳо дастурӣ аз ҷониби мақоми боз ҳам болотар сурат гирифтааст, вале ба ҳол мизи гирд баргузор гашт ва ҳарфҳои гуфтанӣ гуфта шуданд…
Саид Иброҳими Назар, раиси шӯъбаи барномарезӣ ва таҳлилии ҲНИТ, ки садри мизи гирд буд, ёдовар шуд, ки тавре ҳамагон дар ҷараён ҳастед, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо роҳҳои пурпечу тоб қабул шуда, аз тарафи Президент ба имзо расид. ва имрӯз ҳукми амалиро гирифт. Ҳадаф аз ин ҷамъомад он аст, ки оид ба ин қонун баҳсу андеша намоем, фикру мулоҳизаҳоямонро вобаста ба он баён кунем. Албатта, мо, ки дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем, тарафдори он ҳастем, ки қонун амалӣ шавад. Лекин гуфтан зарур аст, ки қонун бояд ба воқеияти ҳаёт ҷавобгӯ бошад, то онро аз Президент сар карда, то шаҳрванди оддӣ дуруст фаҳмаду аз пайи иҷрояш камар бандад…

«М. Кабирй ҳақ аст!»
Баъди суханронии ифтитоҳӣ Саид Иброҳими Назар риштаи суханро ба муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Му-ҳаммадалии Ҳаит дод.
Мухаммадалӣ Ҳаит гуфт: тавре ба ҳамагон маълум аст, баъди чопи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динй» дар ҳафтаномаҳои ҷумхурӣ он ҳукми қонунро гирифт. Пас аз чопи он дар матбуот Вазорати фарҳанг ва мақомоти зидахл вобаста ба назорати дин бо ширкати Саидбек Маҳмадуллоев, Саидмурод Фаттоев, Мирзошоҳрух Асрорй мизи гирде доир карда, қонунро муҳокима ва дастгирӣ намудаанду ба мардум гуфтаанд, ки баъзе бандҳои лоиҳаи қонуни мазкур аз лоиҳаи собиқ пешниҳодкардаи вакилони ҲНИТ мебошад. Ҳамчунин тибқи супоришҳо хабарнигори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Эшонқулова мусоҳибаеро бо вазири фарҳанг М. Асрорӣ анҷом дода, аз забони ӯ овардааст, ки гӯё дар ибрози андешаву баён дар робита ба ин конун «М. Кабирӣ ҳақ нест»…
Вале бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2008 раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва роҳбари маънавии ҲНИТ устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (вакилони ҲНИТ дар парлумон) лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳсу муҳокима ва баррасй пешниҳод намуда буданд. Мутаассифона, лоиҳа дар шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баҳс қарор гирифт ва барои баррасӣ на ба Вазорати фарҳанг, балки ба Кумитаи амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд. Кумитаи амният хулосаҳои худро ба ҳукумат пешниҳод намуд. Ҳукумат дар навбати худ тасмим гирифт, ки ин поиҳа барои баррасӣ ва муҳокимаи вакилон пешниҳод карда нашавад ва ҳамин тариқ, лоиҳаи Ҳизби На-ҳзати Исломии Тоҷикистон рад карда шуд. Баъдан, ҳукумат, ки дар давоми беш аз як сол дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар талоши таҳияи лоиҳаи худ буд, баъд аз он ки лоиҳаи ҳукуматӣ ба парлумон пешниҳод гардид, парлумон онро бидуни тағйироте қабул кард, зеро дар он аллакай имзои шахси аввали ҷумҳурӣ гузошта шуда буд. Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки лоиҳаи ин қонун аз тарафи коммунистони собиқ, демократҳои феълӣ дар рӯҳияи атеистй таҳия шуда, он ба меъёрхои милливу исломии мардуми мо ҷавоб дода наметавонад ва дар ҳар нуктаи он шакли дунявӣ доштани Тоҷикистонро ёдоварӣ мекунанд. Аҷибаш ин аст, ки мудом вожаи дунявиятро пеш меоваранд, лекин то ба ҳол ҳеҷ як мақомоте мафҳуми дунявиятро ба мардум шарҳ надодааст ва мо шарҳу тасфири онро аз забони ҳеҷ касе нашунидаем. Бубинед, дар як кишвари исломие чун Тоҷикистон, ки мардумаш дар мазҳаби ҳанафианд, магар дунявият назарфиребӣ нест? Агар ба думболи моддаҳои қонуни қабулкарда гардем, бобати тарбияи наврасон, сохтмони масоҷид, тарзҳои ибодати намозгузорон ва вайрон кардани дигар паҳлӯҳои шариати исломиро мушоҳида хоҳем кард. Масалан, дар банди 1 – и моддаи 4 – и қонун ҳуқуқи паҳну баён намудани эътиқод дода шудааст, аммо дар банди 9-и ҳамин қонун ин ҳуқуқ маҳдуд карда шудааст. Дар банди 9 навишта шудааст, ки «ба фаъолияти таблиғотии оммавии динӣ танҳо иттиҳодияҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд». Ин маънои онро дорад, ки дар банди 4 ба ҳама иҷозат дода шудааст, аммо банди 9-и қонун онро махдуд месозад. Баъдан, дар банди 4.1 истилоҳҳои дигар истифода шудаанд. Манзур ин ҷо эътиқодй атеистист, вале ба андешаи ман, бехӯдоӣ эътиқод буда наметавонад. Дар моддаи 4, банди 14-15 дар бораи таълимоти динӣ ва ҷалби ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои Динӣ сухан меравад. Дар банди 14 чунин омадааст: таълимоти динӣ танҳо бо риояи ҳуқуқи кӯдак барои падару модар иҷозат дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин ҷо ҳуқуқи падару модар маҳдуд карда шудааст. Ва кӣ гуфта метавонад, ки кӯдак дар ин синну сол фикри худро вобаста ба ин кор муайян карда метавонад? Агар мо ба воқеоти имрӯзаи Тоҷикистон назар афканем, наврасҳои мо на танҳо ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, балки ба тарбияи дуруст низ аз ҷониби давлат, макотиби миёнаву олӣ фаро гирифта нашудаанд. Агар кӯдак имрӯз ба ихтиёри худ вогузор карда шавад, он, ба бозии кӯчаву дарёфти қути лоямут дода шуда ба кори дигаре машғул нахоҳад шуд…
Дар идомаи сӯҳбаташ М. Ҳаит таъкид мекунад, ки моддаи 15 бошад, чунин муқаррарот дорад: «Ҷалби ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ… манъ аст». Яъне ноболиғ гуфта, то синни 16-сола ва дар ҷумҳурии мо эҳтимол дорад то 18- соларо дар назар доранд, мо ҳақ надорем, ки ноболиғро ба иттиҳодияи динӣ ҷалб намоем. Ба ҳама маълум аст, ки фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ иборат аст аз намозҳои панҷгона, ҷумъа, намозҳои Иди Қурбону Рамазон ва дигар расму оинҳое, ки дар масҷидҳо ё иттиҳодияҳои динӣ анҷом меёбанд. Агар дар давраи муайян насли наврас ба масҷид ҷалб карда нашавад, фикр мекунам, ки дар оянда ҳисси худшиносӣ, ватанпарастӣ , имондорӣ аз байн рафта, насли бехудои атеистро тарбия мекунем, ки онҳо дар дӯстиву худшиносӣ бегона хоҳанд шуд. Дар моддаи 5 омадааст, ки давлат ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дахолат намекунад бо истиснои баъзе ҳолатҳо, яъне дар ин ҷо истиснои кадом ҳолатҳо дар назар дошта шудааст, маълум нест. Агар ин «истисноҳо» – ро мақомоти динии ҳукумат муқаррар кунанд, маълум аст, ки онҳо ғараз доранд ва метавонанд, ки дар холати муносиб фаъолияти ин дин, ҷараён ё равияро банданд. Ҳангоме ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудост ва сарвари давлат истилоҳи «дин аз давлат ҷудо аст»-ро мудом мавриди истифода қарор медиҳад, ин амалкард хилофи мукаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро дар сурате ки давлат аз ташкилотҳои динӣҷудост ва давлат ба сохтмону таъмироту дигар фаъолиятҳои динӣ кӯмак намерасонад, пас, чаро дахолат кунад? Дар моддаи 6 мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин мувофиқи ҳамин қонун таъсис ёфтаанд, ки онҳо салоҳиятҳои беандоза доранд ва бе мувофиқа бо ин мақом иттиҳодияҳо ҳеҷ кореро аз пеши худ анҷом дода наметавонанд. Ҳатто дар моддаи 11, банди 6 омадааст: «Имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатй оид ба дин интихоб карда мешаванд». Ҳарчанд дар моддаи 9, банди 2 муассисони иттиҳодияҳои динӣ ба микдори даҳ нафар зикр шудаанд, таъйинот танҳо бо мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин сурат мегиранд. Дар ин ҷо фикр мекунам, ки оянда имомхатибҳо ва имомони масҷидҳоро ба ду гурӯҳ тақсим хоҳанд кард: мардумй ва ҳукуматӣ. Ман як мисоли оддие меорам: яке аз имомхатибҳоро дар шаҳри Душанбе аз вазифа барканор карданд ва он имомхатиб муддати се сол дар сари қабри модари яке аз «бузургон» – и ин миллат хатми Қуръон анҷом дод, баъд ба ҷои кори аввалааш дубора барқарор шуд. Яъне тавре мешавад, ки ҳама ба монанди соҳибмансабони мову шумо балегӯву лаганбардор хоҳанд шуд. Баъдан, дар моддаи 19-и қонун омадааст, ки иттиҳодияҳои динӣ ӯҳдадоранд, ки бо дархости мақомоти ваколатдор оид ба дин моҳона ва солона дар бораи фаъолияти худашон маълумот пешниҳод намоянд. Ин маънои онро дорад, ки иттиҳодияҳои динӣ ба як муассисаи давлатй табдил меёбанд, яъне тобеи давлат мешавад ва маҷбуранд, ки гузориш пешниҳод кунанд. Мутобиқи моддаи 7 чун давлат дунявист, бояд таҳсилот ҳам дуняви бошад, вале имрӯз ба ҳама маълум аст, ки мувофиқи фармони Президент Донишкадаи исломӣ ба як ҷузъи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудааст. Эҳтимол дар оянда мадрасаҳои дар вилоятҳо мавҷудбуда ба ихтиёри вазорат гирифта шаванд ва бо ҳамин принсипи дунявият дар таҳсилот аз байн меравад, ки ин худ муқобили дунявият аст. Моддаи 8 дар бораи таҳсилоти динӣ баҳс мекунад. Танҳо ба масҷиди ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ иҷозат аст, ки таҳсилоти диниро анҷом диҳанд. Оё мардуми мусалмоне, ки дар деҳот зиндагй мёкунанд, ҳаққи таълими диниро гирифтан надоранд? Маълум аст, ки он касе ки аз алифбои арабиасос бархӯрдор аст, имрӯз ба таълими динии наврасон машғул мебошад ва ин барои ҷомеаи мо падидаи нек аст. Агар ин ҳолат, яъне манъи таълим рух диҳад, мо боз дуртар аз фарҳанг ва мазҳаби хеш хоҳем шуд. Зеро насле, ки аз дин, аз асолати мазҳабӣ дур аст, беимон мешавад ва ҳамон насл дар деҳот ҳам ба вуҷуд меояд. Дар моддаи 9, банди 4 омадааст: «Таъсис додани иттиҳодияҳои динӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ манъ мебошад.». Ёдатон бошад, дар қисми ҳарбие масҷиду калисо амал мекард ва чанде қабл бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон онро бастанд. Баъдан, дар мавриди бақайдгирӣ моддаи 13-и конун низ монеаҳои зиёде ба бор овардааст. Барои бақайдгирӣ асноди зиёде талаб карда мешавад. Хуб медонед, ки то ба ин рӯз аксари масҷидҳоро бо додани пораву дигар василаҳо сабти ном кардаанд. Аммо дар бандҳои дигари ин модда масъала боз ҳам тундтар ҷараён меёбад, то ҳадде ки ташкилотҳои динии пешин низ вазифадор карда шудаанд, ки аз сари нав аз қайд гузаранд. Маълум, ки дар ин ҷо хароҷоти афзуни молй дар назар аст, ҳамзамон бозори ришваю фасод ривоҷ меёбад, ки ин ба фоидаи «кисаи чап»-и хизматчиёни ба тозагӣ тарбияёфтаи давлати кунунӣ хоҳад шуд…

Парламент дорем, вале парламентаризм надорем
Баъд аз суханронии Муҳаммадалии Ҳаит садри маҷлис зимоми суханро ба муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дод. Мавсуф баромади Муҳаммадалии Ҳаитро хуб арзёбӣ намуда, гуфт:
– Ман мудири кафедраи ҳуқук, ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошам ва барои ҳамин воқеан ҳам, аз баъзе ҳолатҳои кор бархурдорам. Тибқи санадҳои ҳуқуқӣ бояд дар навбати аввал лоиҳаи қонуни якум пешниҳодшуда дар Маҷлис мавриди баррасӣ қарор мегирифт, вале ин тавр нашуд. Тавре медонем, вакилони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабири моҳи феврали соли гузашта лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод карданд ва мебоист комиссияву кумитаҳои Маҷлиси намояндагон онро баррасӣ карда, ба хукумат барои хулосабарорӣ пешниҳод мекарданд. Лоиҳаи қонуни дуюм, ки Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, он бояд хамчун лоиҳаи алтернативӣ кабул мешуд, вале ғайриинтизор он лоиҳа ба таври фаврӣ дар парлумон қабул шуд. Агар асоси лоиҳаи қонуни ба ном «ҳукуматӣ» дар заминаи лоиҳаи қонуни таҳиякардаи М. Кабирӣ ва устод М. Ҳимматзода гирифта мешуд ва баъд бо мувофиқа ба он тағйироту иловаҳо дохил карда мешуданд, ба мақсад мувофиқтар мебуд, -Ҳамзамон бояд зикр кард, ки на ҳамаи лоиҳаи қонуну қарорҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод карда мешаванд, зеро қабули ҳамин қонун ҷалби маблағи иловагиро аз буҷаи кишвар пешбинӣ накардааст. Воқеан, парлумони Тоҷикистон, ки айни замон ба як сохтори иловагии мақомоти ҳокимияти давлати табдил ёфтааст ва бори дигар нотавонии он дар назди ҳукумат исбот шуд, ки онҳо дар қабули ҳуҷҷати муҳими такдирсози миллат ба роҳи каҷ қадам ниҳоданд. Ин аз табиати парлумон ва парламентализм дар Тоҷикистон гувоҳй медиҳад. Музокираи парламентӣ яке аз шаклҳои маъмули парламент аст. Мо парламент дорем, лекин парламентаризм надорем. Чун фраксияҳои депутатӣ нестанд, шакли асосии фаъолияти депутатӣ вуҷуд надорад. Вақте ки сухан дар бораи ибораи «музокираи парлумонӣ» меравад, чӣ дар назар дошта шудааст? Ба ғайр аз вакилон ё худ аъзои Маҷлиси миллӣ фаъолони мухталифи ҷомеаи шаҳрвандй, ки дар иртибот ба ҳамин масъала тасаввурот ва ҷаҳонбинии муайян доранд, бояд ҷалб шаванд. Вале тавре ишора шуд, сатҳи фаҳмиши парламенти Тоҷикистон, ки хеле паст аст, ба таври он шарту шароите, ки дар Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, аз истифодабарии самарабахши онҳо худдорӣ мекунанд. Агар бо як ибора фикрамонро иброз дорем, пас, гуфтан мумкин аст, ки ин аз бесалоҳиятии парлумони Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Агар сари масъалаи ноболиғон ҳарф занем, гуфтан ба маврид аст, мувофиқи кодекси байналмилалӣ, паймон (конвенсия) оид ба кӯдак, шахси то нуздаҳсола ҳамчун кӯдак дар назар дошта шудааст. Тамоми имтиёзу шарту шароит дар робита ба ҳамин ҳуҷҷатхо бояд татбиқ шаванд, вале ҳамзамон дар ҳамин конвенсия меъёри мушаххас ишора шудааст, ки ба давлатҳои мухталиф ваколат дода шудааст, ки бо назардошти вижагихои фарҳангӣ, заминаҳои иқтисодӣ, фарҳангу тамаддун, урфу одат ва анъаноташон ҳамин синну солро боло ё кам кунанд…
Ин ҷо мехоҳам сари баъзе иқтибосҳо ё суханҳои масъулин истода гузарам: Муродулло Давлатов-директори Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи Президент гуфтааст, ки «ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин қонуни қабулшударо ахлоқану мазмунан зери шубҳа карор диҳад, чунки крнунро парламент қабул кардааст, на давлат». Аз нуқтаи назари усул ва моҳият ин гуна гуфтаҳо хилофи Конститутсия мебошанд, чунки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва табақаҳои иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар робита ба қонунҳои мушаххасе, ки қабул шудаанд, ҳақ дорад, баррасиву муҳокима намояд. Вале агар аз нуқтаи назари Муродулло Давлатов рафтор кунем, пас ягон ниёз барои баррасӣ кардани ягон ҳуҷҷат нест. Дигар ин ки вазири фарҳанги Тоҷикистон мӯҳтарам М. Асрорӣ навиштаанд, ки «…дар робита ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бояд гуфт, ки қонуни мазкур қонуни шахшуда нест, балки ҳар гоҳе ки зарурат пеш ояд, бо пешниҳод кардан тағйиру иловаҳо ворид мегарданд». Солҳои қаблӣ ҳукуматиҳо мегуфтанд, қонун догма нест ва ин идомаи мантиқии ҳамон гап аст. Агар аз аввал парлумон тамоми муқарраротро риоя мекард, қонун тибқи талаботи ҷомеа қабул мегардид. Вале афсус, ки ин тавр нашуд ва Худо накунад, ки боз дар ҷомеа мушкили наве пайдо шавад…

Конун мушкилотро меафзояд?
Тазаккур додан ба маврид аст, ки баъди баромади Шокирҷон Ҳакимов бахши суолу ҷавоб ва мубоҳиса оғоз гардид. Бо истифода аз ин фурсат Абдурахими Солеҳ, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ гуфт: ман ҳайрони чунин парламент ҳастам. Охир, пеш аз оне ки онҳо чунин конунҳоро қабул мекунанд, магар аз тоҷикият ва мансубияти хеш ба дини мубини Исломро фаромӯш мекунанд? Акоша Кабирӣ бошад, бо таассуф изҳор дошт, қабули чунин қонун мушкилоти мардумро меафзояд ва вашлон бояд сари ин мавзӯъ андеша намоянд. Холмуҳаммади Асозода-ҳуқуқшинос ҳам дар баромади хеш иброз намуд, ки Тарчанде дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дин аз давлат ҷудо эълон карда шудааст, аммо ҳукуматдорон бо роҳҳои гуногун ба фаъолияти диндорон фишор меоранд.

Қонуни нави дин-фоҷеа барои мардум
Дар бархӯрди худ ба ин масъала узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода рӯирост иброз намуд, ки конуни қабулгардида барои аҳли мусалмон басо фоҷиаовар мебошад.
– Воқеан, – гуфт ӯ, ба дурустй изҳор менамоям, ки бо қабули ин қонун, ба сари мардуми мусалмони кишвар мушкили наву нангине бор карда шуд. Қариб дар ҳамаи моддаву бандҳои қонуни фармоишӣ маҳдудиятҳои гарон нисбат ба мусалмонон ва намояндагони дини кишварро оид ба иштирокашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа мушоҳида намудан мумкин аст, ки ин бори дигар аз худобехабарӣ ва бесалоҳиятии баъзе аъзои парламенти Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Чуноне ки дар моддаи 23, банди 3 қайд карда шудааст: «Фаъолияти таблиғоти ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои давлатии томактабиву мактабӣ, инчунин дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст». Ин барои мардуми мусалмон ба он маъно фоҷеа ҳисоб меёбад, ки онҳа мехоханд аҳкоми шариати исломиро ба дурустй ба ҷо оваранд, фарзандонашонро дар роҳи ибодат ба Худои азза ва ҷалла ташвиқ намоянд, тарбияи солим диҳанд ва талаботи дигари дини мубини Исломро риоя намоянд, вале қонуни мазкур махдудиятҳои зиёдеро пешбинӣ кардааст. Мутаассифона, гарчанде эълон карданд, ки баҳсу муҳокимаҳо оид ба қонун зиёд шуд, вале ин ҷо ҳам нисбати Қонуни асосии миллат хеле дилсардона муносибат намуданд.
Агар замони қабул гардидани қонун бобати ҷашну маросимҳоро ба ёд биёрем, дар нишасту вохӯриҳо оид ба расму оин мар-дум чизи дигар мегуфтанду намояндагони ҳукумат онро ба таври дилхоҳашон маънидод мекарданд. Бовуҷуд масъулини ҳукумат маҷбуранд, ки баъди як сол ба он баъзе тағйироту иловаҳо ворид кунанд. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, ки ҳоло дар бобати қонуни кунунӣ низ сари ин масъала хоҳанд омад. Бо дилпурӣ метавонам гӯям, ки дар таҳия ва қабули қонуни дин парлумон ва ҳукумати кишвар ба беруёна вайрон кардани Қонуни асосии кишвар ва нормаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ роҳ додаанд. Агар Қонуни асосии кишвар вайрон шавад, мебояд бо нормаҳои ҳуқуқии байналмилалй амал кард, он дар ҳаёт коргар хоҳад шуд… – гуфт Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Маркази исломиро фиреб доданд ё…?
Ходидли Институти фалсафа Давлати Усмон бошад, гуфт: бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа, ки ба қабули қонун ҳусни таваҷҷӯҳ доранд, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, албатта, ҳаққи дифоъ аз Исломро дорад ва ташаббуси ин корро ба даст гирифтанаш корест арзанда! Маҳз тавассути чунин нишастҳо аксуламали беадолатиҳо бояд идома ёбад.
– Албатта, мову шумо шоҳиди ду тараф, ки ҳамдигарро ба тундгароӣ айбдор мекарданд, будем. Мутаассифона, афкоре, ки дар қонуни имрӯз қабулшуда таҳмилшудааст, буи ҳамон тундгароии соли 1992-ро мекунад. Дар ин ҷо чанд нуктаро гуфтан ҷоиз мебошад. Аввалан, Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил зери ҳама гуна конвенсияҳо, баёнияҳо ва ҳуқукҳое, ки кишварҳои байналмилалӣ имзо кардаанд, имзо гузоштааст. Қонуне, ки имрӯз қабул шудааст, сад дар сад ба қонунҳои байналмилалӣ муқобил аст, Ба ин моддаҳои 18, 19 ва 26-и Баёнияи байналмилалй оид ба ҳуқуқи инсон шаҳодат дода метавонанд. Нуқтаи дигар ҳамин аст, ки ба андешаи ман, баъд аз Сарқонун, қонуни дин муҳимтарин ва асоситарин ба шумор меравад, Зеро 98 фисади аҳолиро мардуми мусалмон ташкил мекунанд. Ин қонун бошад, ҳуқуқ ва озодиҳои 98 фоизи мардумро танзим карда истодааст…
Дар мизи гирд Қобилҷон Боев-сардори шӯъбаи фатвои Маркази исломӣ, қонуни навқабулшударо бадтарин қонуни қабулшуда арзёбӣ карда, афзуд: аз дасти мо чӣ ҳам меомад? Воқеан, мо аз мӯҳтавои ин лоиҳа бехабар набудем. Зеро онро барои шиносоӣ ба мо оварда буданд, ки ба он ислоҳ дароварем. Мутаассифона, вақте ки қонунро чун шаҳрванд мутолиа намудам, аз ислоҳҳо, фикру ақоиди худ осоре надидем…

Ба ҷои хулоса
Дар фарҷом қайд кардан ба маврид аст, ки нишаст аз манфиат холӣ набуд. Дар он ҳамчунин Сайидумар Ҳусайнӣ-муовини аввали раиси ҲНИТ. Зарафои Раҳмони-раиси шуъбаи фарҳанги ҲНИТ, Мамлакат Ҷайчиева, узви садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзноманигори мустақил Султони Ҳамад ва Фаридун Ҳодизода бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, андешаҳои худро баён карданд.
Бояд гуфт, ки масъулини ҲНИТ барои ҷонноктар шудани баҳсу муҳокимаҳои банду моддаҳои қонуни мазкур намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиро даъват карда буданд. Вале мутаассифона, намояндагони сохторҳои тобеи ҳукумат бо сабабҳои мухталиф аз сӯҳбати рӯ ба рӯ дуриро авлотар шумурданд. Магар дар ҳаллу фасли чунин масъалаи умдаи ҷомеа муносибати мусулмонони мансабдор чунин аст? Агар кор ин тавр бошад, пас вой бар ҳоли мусалмонони табақаи поёнӣ, ки имрӯз ба саворони ҳавову ҳавасҳои дунявӣ ҳеҷ баробар намешаванд!

Оё дар мазҳаби Имом Аъзам (р) будааст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Одатан, унвони зиёӣ ва ё рўшанфикр, барои касоне зебанда аст, ки дар ҷомеа таъсиргузор бошанд, на таъсирпазир. Ҳоло, агар касе на танҳо таъсирпазир бошад, балки аз ҷиҳати «Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав», ба дараҷае хештанро «ҳамранги ҷамоат» сохта бошад, ки дигар худи ҷамоат ҳам, аз ҳамрангии ў шигифтзада шаванд, оё барои чунин касе, унвони зиёӣ додан сазовор аст?

Дар замони шўравӣ, меъёру миқёси арзёбии ашхос, афкору андешаҳои касоне чун Марксу Ленин буд. Яъне агар касе бо он миқёс, одами хуб ташхис дода нашавад, дигар на ин ки «одами хуб» бошад, балки «инсоне бад» дониста мешуд.

Вақте Раиси Ҷумҳур, шиори ориёӣ будану ифтихороти қабл аз исломи Тоҷикистонро сар дод, як дафъа миқёси арзёбӣ пеши зиёиёни «ҳамранг», фақат ҳамон ориёӣ будану аз насли Куруши Кабир будан, ягона меъёри ташхиси хуб ё бад будани ашхос қарор гирифт. Агар касе, нисбати гузаштаи қабл аз исломи Тоҷикистон, калимае нақдомез ба забон меовард, дигар «хоини миллат» қаламдод мегардид.

Соли 2009 мелодӣ, аз ҷониби Раиси Ҷумҳур, соли Имоми Аъзам (р) номгузорӣ гардид. Камина, ба унвони як нафар мусалмон, қатъан аз ин номгузорӣ хушҳолам, ва қасд дорам дар пойгоҳи «Кимёи саодат», озмуне мақоланависӣ дар ин мавзўъ эълон намоям. Аммо…

Касоне ки то дирўз, шиоре ҷуз ҳамон шиоре, ки пеш аз соли 2009 аз «боло» таъйин шуда буд сар намедоданд, як дафъа тамоми он шиорҳоро ба фаромўшӣ супурда, ба ҷои он, шурўъ карданд ба сар додани шиори Имоми Аъзам (р)-ӣ будан.

Дигар, дар назди инон, меъёри арзёбии ашхос ҳам иваз гардид. Агар то дирўз, ориёӣ будан милок бошад, имрўз Имом Аъзам (р)-ӣ будан милок қарор гирифт.

То ҷое ки амсоли Аттор ҳам, агар қарор бошад «одами хуб» ташхис дода шаванд, бояд дар мазҳаби Имом Аъзам (р) бошанд, вагарна «унсуре номатлуб» дониста хоҳанд шуд. Бовар надоред?

14 апрели соли ҷорӣ ба ибтикори Пажўҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳамоише баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, ба гузориши BBC тоҷикӣ, нақши Фаридуддини Аттор (р), аз чеҳраҳои барҷастаи олами тасаввуф, арзёбӣ шуд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш, нақши Аттор (р)-ро дар рушди фарҳангу адаби форсу тоҷик пурарзиш хонданд.

Ин иқдом, дар воқеъ, иқдоми хубест ва бояд арҷ ниҳода шавад. Аммо…
Як дафъа ба зеҳни яке аз ширкаткунандагон чунин хутур кард, ки набояд фаромўш кунем, ки солӣ ҷорӣ, соли Имом Аъзам (р) аст. Бояд бубинем ҷаноби Аттор (р), чӣ нисбате бо Имом Аъзам (р) дорад?
Тибқи гузориш, «баррасии ҷойгоҳи Аттор дар ирфон, дар ҳоле сурат гирифт, ки ихтилофи назарҳое дар бораи мазҳаби вай вуҷуд дорад ва бархе мудаъӣ шудаанд, ки вай бо мазҳаби ҳанафия ҳеч иртиботе надоштааст».

Намедонам, интисоб ба як мазҳаб, чӣ рабте дар ин миён дорад? Фарз кардем, ки Аттор дар мазҳаби ҳанафия набудааст. Аслан, аз аҳли тасаввуф маъруф аст, ки ҳеҷ гоҳ мазҳаби хеш ошкор намекарданд, ҳатто ба гуфтаи бархе аз пажўҳишгарон, мутасаввифа худро пайрави ҳеҷ як аз мазҳабҳои фиқҳӣ намедонистанд.

Агар дар мазҳаби ҳанафия набуд, яъне дигар бузурге аз бузургони мо нест?

Дар баробари чунин мавзеъгирии бе ҷо, ба назари шумо, дигарон бояд чӣ вокунише нишон бидиҳанд? Ҳатман, хоҳед гуфт, ки касоне бояд бигўянд: Мавзўъ, баррасии Аттор аст, ҳол, дар кадом як аз мазҳаб буданаш, хеле аҳамият надорад. Билохира, яке ҳанафӣ асту дигаре шофеиву сеюме моликиву чаҳоруме ҳанбаливу ғайраву золик… Аслан касоне чун Носири Хусрави Қубодиёнӣ, дар ҳеҷ як аз мазоҳиби номбурда нестанд, балки исмоилӣ мебошанд, вале ба унвони як абармарди тоҷик, ҳатто дар арсаи дин, аз бузургонанд.

Аммо, он дигар ширкаткунандагон низ, бо имзои ин мавзеъгирӣ (яъне ин ки бояд афрод бо миқёси Имоми Аъзам (р)-ӣ будан, арзёбӣ гарданд), «ғайрати мазҳабӣ»-яшон ба ҷўш омада, шурўъ карданд ба дифоъ аз Аттор (р), ки эшон аз ҳанафия буданд.

Бар асоси гузориши фавқ, яке аз ширкаткунандагон ин иддаъоро радд кард ва гуфт, ки шарҳи ҳол ва осори Аттор ҳокӣ аз он аст, ки вай аз мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа пайравӣ мекардааст. Ба гуфтаи ў, Аттор аз рӯйи насаб ва хонавода, ба мазҳаби Ҳанафия пайванд дошта ва маҳаки таълимоти Абӯҳанифа таҳаммулгароӣ буда, ки ин мавзӯъ дар осори Атттор низ нақши калидӣ доштааст. Мазҳаби Имоми Аъзам ба Аттор имкон дода, то мароҳили маърифатро, ки дар тасаввуф ва ирфон аст, яъне шариъат, тариқат ва ҳақиқатро тай кунад».

Камина, бо ин гуфтор, ҳаргиз аз бузургии Имоми Аъзам (р) костанӣ нестам. Мо, ҳар андоза ўро арҷ ниҳем, боз андак аст. Манзури ман, мавзеъгирии бархе аз зиёиён аст.

Онон дар воқеъ касоне ҳастанд, ки агар фарз кунем, соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳур, на соли Имоми Аъзам (р), балки масалан соли Зардушт номида мешуд, ба ҷои чунин гуфтор, сад дар сад гуфторе дигар ва муғойир бо ин ки инак мебинем мегуфтанд. Масалан мегуфтанд: «Шарҳи ҳол ва осори Аттор ҳокӣ аз он аст, ки вай аз ҳаводорони маслаки зардуштӣ будааст. Аттор аз рӯйи насаб ва хонавода, ба мазҳаби маздаясанӣ пайванд дошта ва маҳаки таълимоти Зардушт, ки «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» будааст дар осори Атттор низ нақши калидӣ доштааст».

Агар бовар надоред, чанд соле дигар сабр кунед ва мунтазири ин бошед, ки яке аз солҳои оянда, ба номи Зардушт номугзорӣ шавад.
Комёб бошед.
http://www.kemyaesaadat.com/