Такдири Зайд Саидов чӣ мешавад?

Бозгаште, ки ба боздошт анчом ёфт. (Оҷонсии фасод боздошти Зайд Саидовро расман эълон кард)

«Озодагон» №20 22.05.2013

Очонсии фасод бегохи 20-уми май расман хуччати боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи точикро таҳия карда бо вакилони мудофеаш ироа кардааст. Шухрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов зимни тайиди ин хабар ба Озодагон гуфт, акнун тибқи ин хуччат мақомот хақ доранд зерхимояашро барои 72 соат боздошт намоянд. Аз ин бештар мақомот хақ надоранд, Зайд Саидовро нигохдорӣ кунанд, агар додгох дар бораи ба хабси пешакӣ гирифтани ӯ карор содир нанамояд.

Қудратов афзуд, ки танҳо пас аз пофишориҳои зиёд ва тамос бо Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии фасод, бегоҳи имрӯз ба ӯ иҷозат додаанд, ки бо зерҳимояаш мулоқот кунад. Ӯ таъкид кард, ки зери аснод дар бораи ифшо накардани муҳтавои тафтишоту мулоқотро имзо кардааст.

Ҳамчунин, маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми май тибқи дархости Ҳабибулло Воҳидов, муовини додситони кулли Тоҷикистон, Зайд Саидовро аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакилӣ маҳрум намуд.

Мусо Асозода, вакили шаҳрӣ, ки дар ин бора бо хабарнигори мо сӯҳбат мекард, афзуд, худи Зайд Саидов гарчанде ба ҷаласа даъват шуда буд, ҳозир нагардид. Муовини додситон далели дархосташро дар он гуфтааст, ки Саидов дар содир намудани чандин ҷиноят муттаҳам мешавад. Ҷаласаи вакилон пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Ҳамзамон, рӯзи гузаштаи 20-уми май-, Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик ва собиқ вазири энержию саноати Тоҷикистонро бо Низомхон Ҷӯраев, директории пешини корхонаи кимиёвии Исфара рӯ ба рӯ кардааст.

Ба иттилои Фахриддин Зокиров, вакили дифои Саидов, ки зимни рӯбарӯсозӣ иштирок доштааст, Низомхон Ҷӯраев шаходат додааст, ки соли 2005 зимни хусусигардонии корхонаи кимиёвӣ ба Зайд Саидов дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ ришва додааст. Аммо Зайд Саидов, ин иттиҳомотро рад карда, далелҳои қатъӣ овардааст.

Ҳуқуқшиносҳои тоҷик мегӯянд, тибқи Ҳуқуқшиносҳои тоҷик мегӯянд, тибқи иттиҳомоти пешгузоштаи мақомот алайҳи Зайд Саидов ба ӯ то 20 соли зиндон тахдид мекунад ва ин иттиҳомот мусодираи амволро дар назар доранд. Раҳматулло Зоиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “дар алоҳидагӣ барои ҳар парвандае, ки нисбати Саидов боз шудааст, ҳудуди 10-15, сол пешбинӣ шудааст ва дар умум метавонад ин то 20 сол коҳиш ёбад.” Зайд Саидов дар гирифтани пора, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мансаб гумонбар дониста мешавад. Тибқи ин моддаҳо қонунгузории Тоҷикистон мусодираи амволро пешбинӣ намудааст.

Пайвандони Зайд Саидов мегӯянд, то ҳол бо ӯ мулоқот накардаанд. Тавре дар сӯҳбат бо “Озодагон” яке аз наздикони боздоштшуда гуфт, ба ҷуз аз расонидани либос ва чанд лавозимот онҳо коре карда натавонистанд. Дирӯз танҳо Фахриддин Зокиров яке аз вакилони дифоъаш бо Зайд Саидов суҳбат кардааст. Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” субҳи 19-уми май, зимни бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Оҷонсии фасод барои бозпурсӣ оварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки баъди боздошт дар фурудгоҳ Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз иттиҳомот ва парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва собиқ вазири энержию саноати кишвар хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод дар истеҳсолоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Точикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319) қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247) сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Мақомоти зидди фасод ташреҳ медиҳад, ки ин ҳолатҳо дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори корхонаи “Химзавод”-и шаҳри Исфара, Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович ошкор шудаанд.

Оҷонсии фасод бо ишора сирри тафтишотӣ аз тафсири васеи иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов худдорӣ карда, таъкид менамояд, ки “тафтишоти мазкур дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳанд гирифт.”

Оҷонсии фасод меафзояд, ки аксарияти шоҳидони вокеаҳо аз тафтишот пай бурда, тарки марзи ҷумҳурӣ кардаанд ё аз ҷойҳои истиқомати худ паноҳ бурданд.

Ин ниҳод мегӯяд, тафтишот объективона, пурра ва беғаразона ҷараён дорад.

Ҳуқуқшинос: “Бозпурсӣ ва парвандаҳои З.Саидов ғайриқонуниянд”

Мусодираи 5 компютер, аснод ва 20 хазор $ аз дафтари Зайд Саидов

Дар ҳоле, ки Саидов дар бинои Оҷонсӣ қарор дошт, мақомот давоми рӯзи 19-уми май чанд амалиёти тафтишотиро гузаронданд. Як гуруҳ кормандони оҷонсии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия дар утоқи кории Зайд Саидов ва дафтари ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” дар маҷмааи “Маркази соҳибкорон”, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ бо иҷозати додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ кофтуков гузаронда, 5 компютер, ду бастаи ҳуҷҷатҳо ва беш аз 20 ҳазор доллар маблағи накдро бо худ бурдаанд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки баробари 20 ҳазору 800 доллар мақомот инчунин беш аз 21 ҳазор сомониро аз дафтари зерҳимояаш мусодира намуданд.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳи дигари кормандони мақомот барои бозҷӯӣ ба хонаи Зайд Саидов рафтаанд. Пайвандони Саидов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, дар ҳоле, ки 11-уми май хонаашон аз ҷониби мақомоти умури дохилӣ ва додситонӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта буд, 19-уми май боз масъулини Оҷонсӣ иҷозатномаи дигарро пешниҳод карда, хонаро кофтуков намудаанд. Пайвандони Саидов изҳор доштанд, ки ин дафъа ҳам кормандони мақомот чизи қобили таваҷҷуҳашонро аз хона пайдо накарданд.

Дархости дахолати Убайдуллоев ба қазияи Зайд Саидов

Раҳматулло Зоиров, раиси консорсиюми юридикии Тоҷикистон ва раҳбари ҲСДТ, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе хоста буд, ки ба қазияи боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” дахолат кунад.

Зоиров бо зикри он, ки Зайд Саидов, вакили мачлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе аст, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хоста буд, ба масъалаҳои зерин равшанӣ андозад: “1.3айд Саидов вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе мебошад ё на? Агар вакил бошад, ӯ чигуна имтиёзҳои вакилии дар қонун зикр гаштаро, хусусан нисбати кашидан ба чавобгари чиноятӣ доро мебошад? Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе нисбати боздошт шудани вакили худ чӣ мавқеъро доро мебошад, хусусан, раиси ин мақомоти намояндагӣ, яъне бевосита М.Убайдуллоев? Ё аллакай, мақомоти намояндагии шаҳри Душанбе ба Оҷонсии фасод ё суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани Зайд Саидов ризоияти худро пешакӣ дода буд ё на?”

Раиси консорсиюми юридикии Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои сарқонун аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамчун инсон ва шаҳрванди Тоҷикистон хоҳиш кард, ки ба суолҳо посух диҳаду мавқеашро нисбати қазия рӯшан созад.

Даъвохои қаблӣ алайҳи Зайд Саидов

Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳам Оҷонсии фасод ширкати Зайд Саидов, “Тоҷсохтмонбайналмилал”-ро дар изофанависӣ зимни сохтумони бинои “Душанбе-Плаза” ва азхудкунии моли дигарон дар ҳаҷми калон муттаҳам карда, изҳор дошт, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Аммо баъдан масъулини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ташреҳ доданд, ки “Аз натиҷаи санҷиш дар ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Вале он нисбати Зайд Саидов ягон хел дахл надорад. Барои камбудиҳои ошкоршуда на муассис, ки Хайруло, писари Зайд Саидов мебошад, балки роҳбарияти ширкат бояд ҷавоб гӯяд.”

Ин парвандаҳо дар расонаҳо давоми маъракаи густурдаи мақомот алайҳи Зайд Саидов арзёбӣ шуд, ки баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” роҳандозӣ гардид. Инчунин додситонӣ Саидовро дар серзанагӣ муттаҳам карда буд. Бисёре аз коршиносон ин иттиҳомотро сохта ва супоришӣ унвон карда, ба талошҳои Саидов барои таъсиси ҳизб ва дахолат ба сиёсат марбут медонанд.

Зайд Саидов, моҳи апрели соли равон аз нияташ барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” иттилоъ дода, таъкид намуд, ки самти асосии фаъолияташ беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар хоҳад буд.

Изхороти “Тоҷикистони нав”: Фишори мақомот азми моро намешиканад

Гуруҳи ташаббускори Тоҷикистони нав” рӯзи якшанбеи 19-уми май бо пахши як изҳорот фишори мақомотро болои аъзои гуруҳ ва аз ҷумла роҳбари он, Зайд Саидов, маҳкум намуда, таъкид мекунад, ки азми гуруҳ барои таъсиси ҳизб ҳамоно қавист. Дар изҳороти гуруҳ аз ҷумла омадааст:

Сарфи назар аз таъкиди пайваста аз хусуси он, ки ҳадаф аз ташаббус дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони Нав” тақвияти сулҳу субот ва мусоидат ба равандҳои созандаи марказгаро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар аст, бо вуҷуди он ки иқдоми мазкур саропо дар мутобиқати комил бо муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ ба маърази умум пешниҳод шудааст, дар ҳоле ки ин ташаббус аз масъулияти бузурги муаллифонаш манша мегирад, ки моҳияташ заррае ҳам ворид накардани халал ба ҳаёти ҷомеъа ва амнияти давлат мебошад, мутаассифона аксуламали мақомоти марбутаи давлатӣ дар ин ҷода беш аз пеш аз худ дарак медиҳад.

Алҳол дар ин рабт нуқтаи ниҳоии бағоят нигаронкунанда амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бавижа Агентии мубориза алайҳи фасод нисбат ба сарвари гурӯҳи ташаббускор – Зайд Саидов аст. Мавсуф, чуноне пайваста расман тазаккур додааст, чун далели самимияту садоқату эътимод ба арзишҳои чи ахлоқиву чи ҳукуқӣ бозгашт аз сафари корӣ аз хориҷи киш варро барои ҳалли қазияҳое, ки ба ҷурми иттиҳом ба ину он гуноҳ аз ҷони-би мақомоти давлатӣ феълан нисбаташ матраҳ шудаанд, тадбир донистааст.

Зимнан, чуноне ҳатто аз мавқеъгирии вазорату идораҳои қудратӣ то охирин лаҳзаи дар сафар будани Зайд Саидов тариқи расонаҳои хабарӣ маълум буд, ягон асосе барои ҳатто гумон дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан хавфнок аз ҷониби ӯ вуҷуд надошт. Барои мисол изҳороти расмии худи Агентии мубориза алайҳи фасод, ки амалаш то ба 19 майи соли равон эътибор дошт, хулосаи мазкурро собит мекунад. Ва чуноне маълум аст, ин изҳорот дар пояи санҷишҳои ҳамаҷонибаи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Зайд Саидов ифшову баён гардида буд.

Аз ин рӯ, амале, ки дарҳол зимни ба Ватан бозпас гаштани Зайд Саидов сурат гирифт, ногаҳонӣ буд. Ӯ, бидуни ҳама гуна огоҳии хешу пайвандону ҳаммаслаканаш, чуноне дертар маълум шуд, ба идораи шаҳрии Агентии мубориза алайҳи фасод бурда шуд ва то ба ҳол (интиҳои рӯзи 19 майи соли равон) он ҷо нигахдорӣ мешавад. Амали мазкур бо дағалона поймол шудани ҳукукхои номбурда сурат гирифтааст. Аз ҷумла, вакилони мудофиа имкони на танҳо ширкат дар амалиёти мурофиавӣ, балки ҳатто робита бо ӯро тайи зиёда аз 12 соатро надоранд. Мартабаи мурофиавии Зайд Саидов номаълум аст, аз ҳолаш, бахусус аз вазъи саломатиаш ягон иттилое вуҷуд надорад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки мавсуф вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва аз ин рӯ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ расмиёти марбутае, ки ба хотири дахлнопазириаш кафолат дода шудааст, бояд риоя бишавад. Ҳолатҳои басо дағалона поймол шудани талаботи қонун бо мисолҳои мазкур махдуд намешаванд.

Тафсилоти мавриди зикр ва муҳити то ба ҳол фарогири фаъолияти гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони Нав” аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд. Мақсад аз чунин вокуниш низ аллакай ҳама гуна шӯбҳаву гумонро аз он хусус, ки рӯйи саҳнаи сиёсии кишвар омадани чунин як ҳизби марказгаро баъзе аз доираҳои расмии давлатиро хуш наомадааст, аз байн бурдааст.

Гурӯҳи ташаббускор изҳор медорад, ки халалдор шудани талаботи Конститутсияи кишвар (моддаи 28-и он), бахусус фишор ба аъзои гурӯҳ ва қабл аз ҳама ба сарвари он – Зайд Саидов далели вазъи ногувори кишвар дар мавриди таъмини волоияти қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсиву шаҳрвандист.

Аксуламали мазкур азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам кохиш бидиҳад, баръакс итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин якҳизби марказгаро барои раҳоӣ аз вартаи мушкилиҳои мардуму кишвар тадбир аст. Дастгирии рӯзафзуни мардум аз икдоми гурӯҳ далели ин гуфтаҳост. Чунончи, дахҳо ҳаводорону ҷонибдорон имрӯзҳо ба мо изҳори пайвастагӣ мекунанд. Сафи аъзои гурӯҳи ташаббускор низ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯз (19.05) аллакай чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишвар – профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коргардони машҳур Барзу Абдуразоққов ва чанд нафари дигар расман бо мо пайвастанд.

Боз ҳам эълом медорем: аз касеву чизе ҳарос надорем! Ба ҷуз аз Худои мутаъол! Ва боз як чизи дигар: на аз хиёнати дӯстон, на аз фитнаву иғво, найрангу тафриқаангезиҳои душманон. Балки аз бетарафон, ки бетарафиашон боиси ҳам хиёнат асту ҳам душманӣ! Биёед ба ҳам ойем ва канори ҳам ба хотири ободиву пешрафти Ватан бошем!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: