Ояндаи ватани мо дар кучост?

Ояндаи кишвар

Ояндаи кишвар

Бародари гиромй Ботур Косимй дар яке аз навиштахои хеле хуби худ мухимтарин мушкили Точикистонро муайян ва тахлил карданд. Он кас ихтисори себаробарии мансабхои идорй ва аз ин хисоб се баробар зиёд кардани маоши кормандони давлатро рохи халли мушкили аввалиндарачаи кишвар номиданд. Вале ин шояд як мушкил ва як халномаи кутохмуддат мебошад. 

Дусти дигари мо нависонд, ки хатто барои хамин ислохот хам сармоя зарур аст ва камбуди сармоя чизест, ки садди асосии рохи пешрафти мамлакат гаштааст. Ин хам дуруст аст. Пас, ба гуфтаи алломаи Шарк Мухаммад Икбол, чй бояд кард?

Баъзехо сохаи тавлиди нируи барк ва фуруши онро ба кишвархои дигар ягона рохи начоти Точикистон меноманд. Ин хам дуруст аст, аммо дар холи хозир мо худамон аз бебаркй дар азобем ва ичрои ин барнома хам сармоя мехохад. Он хам дуруст аст, ки ислоху бехбуди вазъи имрузаи Точикистон кори якмоха ё думоха нест ва тамоми барномахо бо мушкилоти зиёд омезиш ёфта, ояндаи дурро дар назар доранд. Барномаи табдили кишвар ба империяи энергетикй бошад, бе иштирок ва мадади давлатхои дигар гайримумкин аст.

Аммо сохае хаст, ки бо камтарин сармоягузорй метавонад, ояндаи кишварро ободу хуррам кунад. Ин илм аст. Таври маълум, кишваре ки илмро тараккй намедихад, ногузир ба мустамлика мубаддал мегардад. Бо вучуди он ки 17 соли мо аз даст дода шуд, холо хам дер нагаштааст ва кишвар бояд 90 дарсади таваччухашро ба суи илм гардонад.

Боздехи илм зудтар аз хар сохаи дигар аст ва илм чизест, ки хеч золиме аз мо гирифта наметавонад. Дар давраи Сомониён низ рушди мамлакат аз илм сар шуда буд ва Бухороро барои он маркази дин меномиданду хамаи ахли хилофати араб ба он сачда мекарданд, ки илм дошт.

Илми Точикистон, чи дунявй ва чи динй гирифтори шадидтариин бухрони  систематик аст. Онхоро танхо бо барканор кардани мусафедон ва ё ба камтарин сатх кохиш додани салохият ва масъулияти онхо ва рох боз кардан ба чавонон метавон начот дод. Олимону уламои чавон ба сармояи зиёд ниёз надоранд ва дар гояти гурур ва гайрати чавонй амал хоханд кард. Шарти аслй ин аст, ки муносиба ба илм бояд на руякй ва дуругин, балки бунёдй ва ростин шавад.

Медвед пуштибон пайдо кард

Боздиди президенти Русия Дмитрий Медведев аз пойгохи харбии русй дар Точикистон

Боздиди президенти Русия Дмитрий Медведев аз пойгохи харбии русй дар Точикистон

Шояд сухане даркор нест ва ин акс баёнгари вазъият аст. Вале рушан нест, афсари рус ба кй гузориш медихад ва кач шудани чехраи Рахмон аз офтоб аст, дард, ногуворй ё гузаронда натавонистани тугмаи пичак? Чаро вай бояд тугмаашро гузаронад? Солхои хидмат дар артиши Шуравиро ба ёд овард?

Ба хар хол, Рахмон ягона сарвари давлат шуд, ки ошкоро аз амалкарди Русия дар Гурчистон химоят намуд. Дигарон сукут ихтиёр карданд. Ин бори дувум аст, Точикистон садокати худро ба Маскав баён медорад. Дар посух ба ин сидк Точикистон чй дид, худаш медонад, локин чаро бояд ду бор ба як об даромад ё ба хамон чох биафтод?

Аз суи дигар ин акс худ нишон медихад, ки Точикистон кайхо Гурчистон шуда буд ва сарвари як кишвари ишголшуда чй хам карда метавонад?

Сарнавишти «хурдхо» дар дасти «калонхо»?

Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев

Русия мехост, бо тахдиди шинохти расмии Абхазия ва Осетияи Чанубй чахонро дар асорат нигох дорад, аммо ногахон кадаме пеш гузошту худро ба асорат андохт. Аз ин ба баъд Русия асири амали хеш хохад буд ва акнун дунё ба изофаи Косово боз ду намунаи барчастаи дигар хохад дошт. Маскав агар чунин мехрубону гамхори кавмхои кучак ва бепанох буд, чаро дар нисбати дигар чунин кавмхо ин гуна мехрубон нест? Чаро асли хакки таъйин сарнавишти худ аз тарафи Русия интихобист?

Хар кавму миллате истиклол мехохад, аммо ин орзуи поки онон, махсусан миллатхои «хурд» бозичаи дасти «калонхо» мешавад. Дар бозихои хунин, ки чони инсонхо додуситад мешаванд.

Парвандаи нав масъалае миёни Русия ва Гарб нест, балки ба кишвархои дигар низ асар дорад. Медведев монанди Буш даъват кард, дигарон бояд аз Русия пайравй кунанд. Барои хамаи кишвархо интихоботи ичборй пеш хохад омад, ки мавкеъи худро рушан кунанд ва ошкоро тараф бигиранд. Чахон аз нав ба ду таксим мешавад. Точикистон дар кадом тарафи ин чабха хохад буд?

Ба эхтимоли зиёд сукути рамздори Душанбе идома хохад кард, харчанд коршиносони давлатии он ба таклид аз суханони Медведев талаб доранд, кишвархое, ки худро рафики Русия мешуморанд, бояд бидуни эхсосоте истиклолияти Осетияи Чанубй ва Абхазияро эътироф кунанд. Дар тафаккури точкии ин шахс «хурдхо» бояд «калонхо»-ро эхтиром бикунанд ва дар хеч бобат мухолифате нишон надиханд.

Агар Точикистон хамон гунае ки Сухроб Шарифов мегуяд, манфиатхои миллии худро дошта бошад, набояд шитобзадагй бикунад ва ба осиёи дигарон об бирезад. Бавижа барои нописандихое, ки «калонхо» нисбати чунин «хурдхо» мекунанд.

Софии пиндор — оромибахши дил

Окил Окилов

Окил Окилов

Точикистони моро сарвазири нав мебояд, шахси навчавон, пургайрат, донишманд, кавиирода, гамхору сохибкор, чашмсеру шикамсер ва тавоно. На танхо барои он ки имсол карор аст сарвазири феълии кишвар Окил Окилов билоахира бознишаста шавад, балки ин шояд ягона, осонтарин ва охирин рохи начоти кишвари бечораи мо бошад.

Агар маколаи нави сиёсатшиноси борикбини точик Рашид Абдуллоро дар «Азия-Плюс» баракс аз охираш сар карда бихонед, то замоне ки ба аввалаш мерасед, хамин андеша ба зехнатон меояд. Муаллиф намунахои муваффак ва нокоми кишвархои дигари Шуравии пешинро тахлил мекунад ва хулосааш ин аст, ки хар давраи таърихи мамолик сарвазирони гуногунеро сари кор овардааст.

Аммо Точикистон солхост ба сарвазири нав ниёз дошта бошад хам, то хол ба ин маком шахсе наомадааст, ки битавонад норасоихои президентро чуброн кунад ва як гушаи бори сангини идораи мамлакатро бар душ бигирад. Харчанд Рашид Абдулло менависад, ки Точикистон низ монанди Русия ва дигар кишвархои шуравии собик масъалахои сиёсии хешро хал кардаасту холо бояд даст ба эхёи иктисодиёташ бизанад ва ба хамин сабаб чунин сарвазиреро зарур медонад, дар Точикистон масъалаи сарвазир низ як масъалаи сиёсист ва халношуда бокй мондааст.

Раисичумхур Э. Рахмон иктисодиёти кавй мехохад, вале сарвазири кавй на. Вай аз сарвазири чавону устувор, кордону захматкаш метарсад. Ба он сабаб, ки чунин шахс хеле зуд метавонад, дар миёни мардум махбубият пайдо кунад ва дурахшиши «Офтоби миллат»-ро бипушонад. Сониян, хануз дар миёни ахли Оила ва кабилаи дангарагихо, бо вучуди ин кадар пулу мансаб шахси сазоворе ба ин маком пайдо нашудааст ва шахси бегона метавонад, асрори Оиларо ба ихроми фишор ба шахси аввал табдил дихад. Ё хатто аз руи бадтарин сенарио ахли Оила ва афроди кабиларо ба додгох супорад.

Дар он сурат сарвазири нав метавонад, муддаъии ояндаи курсии раёсатчумхурй ва вориси Э. Рахмон шавад, он гуна ки Путин вориси Елтсин шуда буд. Ин магар чои тарси бузург надорад?

Лекин чунин эхтиёткории Рахмон як тарси бепоя ва орзухои Рашид Абдулло як орзуи афсонавист, зеро дар Точикистон на аз руи конун ва на дар амал сарвазир таъсире ба умури давлат надорад ва як макоми ташрифотй буда, вазифахои сарвазирй дар дасти наздикони Оила ва худи Оила мебошанд. Пас наметавон умедвор шуд, ки пас аз Окил Окилов шахсе ба маротиб бехтару тавонотар аз у сарвазири Точикистон хохад шуд.

Холо фикр кунед, чи бехтар буд, ин навиштаро низ монанди маколаи нави Рашид Абдулло аз поён ба суи боло мехондед. Хеле вакти шумо сарфа мешуд. Ё аслан намехондед хам, чизе бой намедодед. Мавзуъи сарвазири Точикистон хамин гуна як мавзуъи холист.

Ба дифоъ аз Латифи Пидром бархезед!

Мурочиатнома

Иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби миллигарои «Афғон миллат» ва гурўҳҳои тундрави дигар дар содир кардани ҳукми қатл барои шоир ва донишманди тавонои Афғонистон ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидром, ки 15 сол боз узви раёсати Ҷамъияти байналмилалии «Пайванд» низ ҳаст, иқдоме бар зидди як шахс нест, балки иқдомест басо хатарнок бар зидди як ҷараёни бузурги равшанфикрй, тозаандешй ва навсозию навоварй.

Илова бар он эъломи ҷоизаи 200 ҳазор доллар барои «овардани сари Латифи Пидром», ки аз он бўйи террор, ваҳшоният ва хушунати бемисл бо таъбирҳои асримиёнагй меояд, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, то дар амал бар эҷоди терроризм ва ҳомиёни пиҳону ошкори ин ҷараёни махуф мавзеъгирй намояд.

Мо мутаинем, ки агар пеши роҳи ин ҷараён гирифта нашавад, қатъан он бар алайҳи дигар чеҳраҳои равшанфикри Афғонистон ва ҳатто берун аз он ҳам равона хоҳад шуд.

Аммо дар ин миён сукути мармузи давлати расмии Афғонистон ва ҳомиёни ғарбии он (ки фалсафаи ҳузурашон дар Афғонистон мубориза бо терроризм аст) бисёр нигаронкунанда мебошад.

Бинобар ин мо бо судури Қарори мазкур тақозо мекунем:

  1. Ҳукумати ҶИА мавзеи расмии худро дар қиболи ҳизби миллии «Афғон-миллат» ва Ҷиргаи ҷавонони вилояти Пактиё ва бозаргонони Пактико эълом ва таъмини амнияти ҷони Латифи Пидромро расман кафолат диҳад.

  2. Аз порлумони ҶИА пурсида мешавад, ки ба ин қазия расидагй кунад.

  3. Кишварҳои ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон, Канада ва соири ҳомиёни ҶИА ва ҳомиёни мубориза бо терроризм дар ҷаҳон мавзеи худро дар баробари ин амали ҳизби «Афғон Миллат» ва ҳомиёну ҷонибдорони он ки даъвати ошкор ва ҳатто сармоягузорї барои терроризм аст, муайян кунанд.

  4. Ба Шўрои Амнияти СММ пешниҳод карда шавад, ки ҳизби «Афғон миллат»-ро ҳамчун ҳизби ифротй ва ҳомии терроризм эътироф намояд.

  5. Ба сарони кишварҳои узви СҲШ пешниҳод карда шавад, ки дар иҷлоси қарибулвуқўъи созмон дар Душанбе (28 августи соли 2008 ) мавзўъи расидагй ба таассуботи қавмй дар Афғонистонро ба ҷаноби Ҳомид Карзай гўшзад кунанд.

  6. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ, Созмони хабарнигорони бидуни марз ва дигар созмонҳои марбута дар сари вақт иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби «Афғон миллат» – ро маҳкум ва ҳимояти худро аз Латифи Пидром эълом намоянд.

  7. Аз Анҷумани «Пайванд», ки Латифи Пидром 15 сол боз узви он аст, даъват мешавад, ки аз ин узви анҷуман ҳимоят ба амал орад.

  8. Аз Давлати Тоҷикистон дархост карда шавад, ки то ҳал шудани қазия ба Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсй фароҳам кунад.

Мўъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон

Муҳаммадҷон Шакурй, академик

Ҷўрабек Назрй, узви вобастаи АУ

Маҳмадова Меҳрй, номзади илми фалсафа

Равшан Ёрмуҳаммад, нависанда

Ҳикмат Раҳмат, шоир

Султони Ҳамад, нависанда

Абдуғафори Камол, рўзноманигор

Тилло Некқадам, рўзноманигор

Нилуфари Собир, рўзноманигор

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, рўзноманигор

Маҳҷуби Кифтон, рўзноманигор

Нуралй Давлат, рўзноманигор

Мавзунаи Муҳаммадалй, рўзноманигор

Мушкиниссо Асозода, рўзноманигор

Абдуфаттоҳи Воҳидзода, рўзноманигор

Баҳриддин Нодиров, рўзноманигор

Умари Давлат, рўзноманигор

Ҷаҳонгири Султон, рўзноманигор

Толибшоҳи Сайидзода, рўзноманигор

ва дигарон.

Медведев оё Медведзода хохад шуд?

Маколае дар шумораи ахири хафтавори «Нигох» («Филкина грамота» аз Путин) боз хам рушан нишон медихад, ки Русия ва хукумати он ошкоро ба зидди хувияту пешрафти милли мо, Точикон, амал мекунад. Дар ин матлаб мухочирони точик аз бадрафтории милисаи рус дар баробари номхои миллии мо навиштаанд. Шояд баъди як хамсоякишвари мо, Русия дуюмин давлатест, ки бехбудй ва болоравии моро чашми дидан надошта бошад. Ин нигохи зишти он на факат бар зидди Гурчихо буданаш хам имрузхо фахмост.

Агар хукумати мо то хол бедор нашуда, аз ин холатхои манфури гуё «шарики стратегии» худ бехабар бошад ё ба эътибор нагирад ва барои рафъи онхо чорахои катъй ва фаврй наандешад, ман намефахмам, ки чи пас чи гуна худро хукумат номида метавонад.

«Хукумат» ин хаммаънои пуштибон ва мухофизи манфиатхои миллии хар кишварест. Пас агар миллати мо, ки холо кушиши аз фарханги бойи кадимаи худ дубора бахраманд гашта, хувияти миллии худро эхё карданист ва аз чумла, ба номгузории ачдодии худ ру оварда, хукумат аз ин максад хамачониба химоят намуда, ба пешбарии он мусоидат намояд.

Албатта, рохбари давлат хам ба ин раванди нек пайваста аз насаби худ пасвандхои гайрро партофт, вале ин ташаббус аксаран дар сухану когаз бокй монд ва ба таври зарурй амаливу назорат нагашта истодааст. Бар замми он ки чараёни ба насаби ниёгони гардонидан холо хам кори пурзахмату пурхарч аст ва мутаассифона, содаву осон нашудааст, боз кадом як кишвари дигар аз мо талаб мекардааст, ки насабамон ба тарзи дилхохи онхо навишта шавад.

Оё дар шиносномахои хама «ба кур асо» гуфта насабу ном чудо-чудо навишта нашудааст, ки насаб кадому ном кадом буданро русхо фарк карда натавонад. Ягон кас бе насаб намешавад, шиноснома хам бе насаб дода намешавад. Силвио Берлускони ин Силвиван Берлусконов нест.  Чи тарзе ки ба хоси хамон миллат навишта шуда бошад, ному насабаш хам хамон аст.

Дар Амрико намояндахои садхо миллату кавмхо бо номхои ачоибу гароиби худ ворид мешаванду озодона тахсил, кор ва зиндагй мекунанд. Чаро чавонони мо бо насабхои соф Точикй ва бе ягон конунвайронкунй аз фурудгохи онхо бозпас ронда шаванд? Махз барои он ки аз пасвандхои славянии ачнабй даст кашидаанд? Дар кучо, кадом конун, кадом асос? Зиёни молй ва маънавии онхоро ки чуброн мекунад?

Шояд дафъаи дигар чаноби Рахмонро хам бо сабаби надоштани пасванди «зарурй» дар насабаш ба кишварашон рох надиханд? Ё Медведевро то ба Медведзода ном нагузоштанаш ба Точикистон ичозаи даромадан надихем?

Шояд русхо ё бесавод бошанд ё кур, вале корманди давлатии он ба гумон аст, ки бо чунин нокисихо ба кор гирифта шуда бошад. Инчо хадафи сиёсист, ки он хеле ноухдабароёна ба таври нихонй бе эъломи расмй баён карда шудааст.

Оё мо, Точикон, дар итоати дигарон ва пойбанди систему тартиботу конунхои онхо бояд бошем ва барои иззати нафси ачнабиён аз аслу насаби худ даст кашем? Албатта на! Ин манфиати миллии мост якин ва хукумати мо вазифадор аст, ки аз он химоят бикунад.

Чи тавр? Воситахо бисёранд ва факат хисси худшиносй ва хурмати худро доштан лозим асту бас. Пеш аз хама вазоратхои корхои хоричиву дохилй, ки бо шахрвандони мо дар берун аз кишвар сарукор доранд, садо бояд баланд бикунанд. Ба хамтохои худ ва хадамотхои мухочирати ва гумрукии кишвари онхо занг бизананд, номаву дархостхои расмй бинависанд, шарху баёноти онхоро гирифта, посух бидиханд ва шарту шароитхои моро рушан созанд ва баъд ба чомеаи моро натичахои корхояшон бо ВАО огох созанд.

Хукумат хамон вакт хукумат ба маънои томаш хохад буд, на танхо дар сухану когаз, балки дар амал аз мардуми худ ва фархангу манфиатхои он пуштибонй карда тавонад.

Бо умеди ояндаи неки миллат!
Ботур Косимй,

Истаравшан, Точикистон

Вермонт, ИМА

Падидаи Давлати Рахмониён

Замоне ки Давлати Рахмониён нахустин номаашро ба чоп расонд, валвалаи зиёде бапо шуд, аммо бо гузашти айём, чанд нуктае аз навишта ва гуфтахои вай дар зехнхо такшон шудаву бокй монд. Албатта, шинохти доне, ки бо шоридаву бухор шудани об бокй монд, ба тарзи тафаккур, сатхи рушди маънавию ахлокй ва интихоби афрод бастагй дорад. Хар мурге донаеро мегирад, ки хуш дорад ва ё мешиносад.

Дар магзхои бемор аз валвалаи гузашта каноатмандии он бокй монд, ки билоахира як нафар бархост ва бузургони як махалро тозиёна заду намояндагони махалхои дигар ва афроди солиёни дароз озурдаву канорафтодаро бар тахт нишонд. Ин бардошти сатхист. Ба чунин азхон бехтар аст сари коре надошт.

Лекин бояд аз часорати Давлати Рахмониён ташаккур кард, ки мавзуъро боз ва дог кард ва ба магзхои рушан масири пуйишхои дигареро нишон дод. Дар зимн чаноби Рахмониён агар пеш аз во кардани лаб машаккате мекашид ва омодагии бештаре медид ва бо дили соф мавзуъро матрах мекард, бешак, ба гуфтаи «Як дарвеш» ба мутафаккири замони мо табдил меёфт. Вай ба ин пойгох хеле наздик омада буд, аммо навокисе, ки зикраш рафт, нагузошт, вай ба сохили мурод бирасад ва дар гандобе дармонд.

Боз хам кори вай, бо вучуди кажандешй ва жожхоихои зиёновар, ки шояд анбоштаи дигарон — ёрандешонаш буданд, сазовори тахсин аст, зеро барои магзхои солим маводи андеша дод. Як дусти банда мегуяд, кори чаноби Рахмониён дар умк як фарёде аз бухрони адабиёти бадеии муъосири мо буд. Адабиёте, ки агар чанд сатрашро ба шумор набарем, такрибан хеч коре барои ин миллат накардааст ва бо ин холе ки акнун дорад, даргумон аст, ки карда битавонад.

Харчанд вай намегуяд, аммо зимнан дар назар дорад ва ё тухми ин андешаро мекорад, ки адибони мо як тудаи муфтхор, кинатуз, чоплус ва махалгароест, ки номи баланди адабиётро ба хоки сиёх задааст ва умдатан ба фанд додани мардум машгул аст. Дар ин хама сол шоъираш шеъре нагуфтааст, ки дар рузи сахт ба шиъори миллат табдил биёбад ва нависандааш мушкилоти вокеии мардумро ба гуна нагуфтааст, ки хамагонро сари виждон биёварад.

Дусти дигари банда мегуяд, агар ракобату хусумати гуруххои адибонро ба тасвир гирй бехтарин драмаеро ба вучуд хохй овард, ки тамоми бадбахтихои ин миллатро ба намоиш хохад гузошт. Худи ин адибон мегуянду менависанд, ки чй гуна аз марги онхо ракибашон ба ракс хохад омад ё хама корро мекунанд, то хамкасбе аз онхо мачбур ба чалои ватан шавад. Дар иваз ончй онхо ба мардум медиханд, ба пашизе намеарзад ва гузашта аз ин дигарбора карни мадху сано шуруъ шудааст.

Агар Давлати Рахмониён ин фочиаро нагуфтааст, пас дар назар доштааст ва ё дигаронро ба он мутаваччех кардааст. Аммо аз бахси марбут ба навиштахои у танхо як чанбаъ парчам шуд ва нагузошт, гуфтугу то ба охир биравад ва манзара рушан бишавад. Дар он сурат суъоле матрах мешуд, ки оё рисолати адибон дар назди миллат аз чй иборат аст? Адибон ба чунин созмоне мисли Иттифоки нависандагон ниёзе доранд ва ё бояд роххои дигари хамбастагй ва хамдиливу хамкориро бояд чуст? Ва бо ин хол фардои адабиёти муъосири точик чй хохад буд?

Халк шудани ин пурсишхо хидмати Давлати Рахмониён аст, ки чурмхои дигари чустори уро чуброн мекунанд. Ходисахое назири падидаи ин шахс бо гузашти замон аз шоху барги хазонзада ва нозарур рахо меёбад ва асли матлаб бокй мемонад.