Тоҷикистон пас аз ҳамлаи Русия дар хатар аст!

То ба худ омадани Русия дар ин торнамои сабқат Тоҷикистон хуб пеш мерафт ва ба боло ҳаракат дошт. Ҳоло дар хатар афтод, зеро натавонист, аз думбокунандагон фосилаи зиёд пеш равад.

1chart

Русия дер ҳаракатро сар кард, аммо босуръат боло рафт. Дигарон ҳам муташаккилона ва бераҳмона мубориза мекунанд. Хатари ин вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон на танҳо зери ин фишор пеш рафта натавонад, балки аз даҳгонаи пешсаф низ биафтад.

Ёрон, ба Тоҷикистон мадад кунед. Ҳар шаш соат барои он се раъй дихед. Хузури тоҷикро дар Интернет исбот намоед! Махсусан бачаҳои Амрико аслан фаъол нестед! Бисёр аламовар аст, ки бархе аз тоҷикон бар зидди ватани худ раъй додаанд. Бо мақсади поин овардани рақибон ба онҳо раъйи манфӣ надиҳед. Кофист, ки барои ватани азизи худ раъйи мусбат бидиҳем.

«Шодравон»-и «раисонҳои фаъолонтар»

ва ё бурҳони бўҳрони мо

Далери ҒУФРОН (шаҳри Душанбе)

Агар доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҷустуҷўи пайдо кардани роҳҳои халосӣ аз бӯҳрони молиявӣ, ки тадриҷан ба бўҳрони иқтисодӣ мегаравад, мушкил дошта бошанд, дар Тоҷикистон ҳатто дар талаффузи ин мафҳум оҷиз мондаанд.

Ин ҷаноби Игор Боски аврупоист, ки бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезанад ва ба ин васила ҷойгоҳе барои ин забон қоил аст. Аммо як раиси вилояти Тоҷикистон бӯҳрони молиявиро «бурҳони молиявӣ» гуфта гаштааст. Ва мутаассифона, ў дар ин ҷабҳа танҳо ҳам нест. «Изои мӯъмин ҳаром» гуфта, аз овардани номгўи нафарони масъули давлатї, ки «бурҳон»-и эшон бӯҳрони мост, худдорӣ менамоем.

Рўзи 23-юми январ дар ҷаласаи як ниҳоди бонуфузи давлатӣ иштирок доштам. Мафҳуми «раисонҳои фаъолонтар» бозёфти банда аз ин ҷаласа буд. Ҳамзамон, вақте раиси ин идораи давлатӣ аз як соли фаъолияташ ҳисобот медод, аз ҷумла ба рўзноманигорон муроҷиат намуда гуфт, ки «худатон тақозо кунед». Аммо дар ҷамъбасти фикр хулоса ин шуд, ки ин мансабдори бечора «қазоват» гуфтан мехостааст. Бо овардани шумораҳои ҳафтрақамаву ҳаштрақама ў рўзноманигоронро ба қазоват кардан водор кардан мехост, ки ба нохост ба «тақозо кардан» ҳидояту раҳнамоиҳо кард.

Аммо вақте ин аҷоиботи оламро ба як дўстам қисса кардам, ў дар тақвияти фикр нақли ҷолибе кард. Маълум шуд, ки гурўҳе аз шоирони тоҷик ба ноҳияе меҳмон мешаванд ва раиси ноҳия барои нишон додани «забондонияш» ҳангоми сухан додан ба меҳмонон пеш аз номи онҳо калимаи ба назараш зебо ва хушоҳанги «шодравон»-ро ҳамроҳ мекунад. Аз рўи одоби шарқӣ, мењмонон ба раис эрод намегиранд ва ҳар кадом дар назди мардум ҳамчун «шодравон фалонӣ» сухан мекунанду шеьр мехонанд. Танҳо яке аз онҳоро тоқат тоқ мешаваду мегўяд, ки лутфан маро шодравон нагўед, «шумо худатон шодравон»…

Дар ҳамин ҳол, дар ин рўзҳо бо як ҳолати дигаре рў ба рў гаштам, ки метавон онро ҳамчун омили бўҳронзо ном бурд. Бо ҷияни 3,5-солаам Муҳаммадҷон, ки хело кунҷков ва ҳушёр аст, ба Сирки давлатӣ даромадем. Дар рафти тамошои саҳнае, яке аз масхарабозон меафтад ва мегўяд: «Э, запчастом беҷо шудане!». Муҳаммадҷон аз ман дарҳол пурсид: «Ако вай чӣ гуфт?». Ман бошам, рости гап, натавонистам ба кўдаки хурдсол фаҳмонам, ки ҳунарманд чӣ гуфт ва чанд дақиқа хомўш мондам. Ў ҳамоно ба ман менигарист…

Ва аммо. Cоли бузургдошти забони тоҷикӣ ҳам гузашт. Зоҳиран дигар «маърака»-е ба назар намерасад, ки дар чаҳорчӯби он бо ин зуҳурот «муборизаи қотеъона бурд». Аммо шояд ин баҳси забон ҳам нест, балки баҳси фарҳанг аст, баҳси ақлу хирад ва тафаккур аст?! Оё баёни мансабдорони мо худ дар бӯҳрони амиқ нест? Бигирем боз ҳам ҳамон мушкилоти бӯҳрон ва ё бурҳони молиявиро. Оё ашё ё ҳодисаеро нашинохта, чй тавр мешавад зидди он мубориза бурд? «Раисонҳои фаъолонтар» чӣ мегуфта бошанд?

Омода ба ҷанг бош, агар сулҳат орзуст…

ikАз ҳавои васеъи зимистон бӯйи ҷанг меояд. Шамидаам ин бӯйро дар зимистони соли 1992. Моҳи декабр. Вақте ки «ҳукумати қонунии Тоҷикистон» савори танкҳои Узбакистон шаҳри маро ишғол мекард. Бори дигар дар соли 1998, вақте сарҳанги балвогар Хуҷанди азизамро мегирифт. Худоё, боз чй балое ба сари мардуми бечораи ман меояд?

НАХОҲАД, ҶАНГ ШАВАД?

Хоста буд ё нохоста, тамоми омилҳои низоъи густурда миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва дар паси Ӯзбакистон — Русия омода шудаанд. Ӯзбакистон ин ҷангро мехоҳад, зеро бо таҷрибаи солҳои 1990 онро беҳтарин роҳи барканории ҳукумати феълии Тоҷикистон ва ҳамзамон нобуд кардани потенсиали ояндаи ин кишвар медонад. Барои Русия «Гурҷистони дувум» зарур аст, то таъсири ҷаҳонияшро зиёд кунад ва дар минтақаи ҳаммарз ба Афғонистон Ғарбу Амрикоро мӯҳтоҷи худ гардонад. Ҳатто ҳукумат дар Душанбе ҳам ин ҷангро мехоҳад, зеро солҳост, «банкрот» шудаву ягон роҳи ҳал барои мушкилоти мардумаш надорад. Ҷанг метавонад, таваҷҷӯҳи мардумро аз рӯзу рӯзгораш мунҳариф кунад.

                                        ТАРОША АЗ БОМ

Русия ва миллати рус бо ҷанг зиндаанд. Ба онҳо нон мадеҳ, ҷанг бидеҳ. Зарурати ирсоли нерӯ ҳам надоранд. Магар пойгоҳи ҳарбии онҳо дар Тоҷикистон ва нерӯҳои ҳавоӣ дар Қирғизистон барои чиянд? Аммо Русия майдонро ба Тошканд медиҳад ва шояд сарбозонаш либос иваз кунанду ҳавопаймоҳояш бетамға ба парвоз оянд. Тошканд солҳост, ба ин ҷанг омодагй мегирад. Ягон маълумоти камобеш муҳиме дар Тоҷикистон нест, ки дар Тошканд надонанд. Сеяки аъзои ҳукумати феълии Тоҷикистон афроди Ӯзбакистонанд ва ҳамин миқдор фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар низ. Тоҷикистон дар бораи нерӯҳои ҳамсояаш иттилоъе надорад ва ҳам натавонистааст, дили тоҷикони Ӯзбакистонро ба худ гарм кунад.

                                        ОҲ АЗ ДӮСТИ НОДОН

Душман дар лаҳзаи заъф ҳамла меорад. Ватани мо ба ҷанг бо як нерӯи беруна омодааст? Даргумон. Байни мардум гардед, мефаҳмед. Бархе мегӯянд, хуб аст, ки русу ӯзбак биёянд ва Раҳмону шарикони дилбазаншудаашро дафъ кунанд. Ҳукумати Эмомалӣ барои мардум чӣ коре кардааст, ки имрӯз мардум ҷонашро барои он бар каф бигиранд? Бигзор онҳое ки ин қадар сол хӯрданду бурданд, силоҳ ба даст бигиранд ва биҷанганд, онҳо чизи аз даст медодагӣ доранд, на мо. Бархи дигар мегӯянд, ин як «разборка»-и хамкосаҳои собиқ аст, ба мо чӣ дахл дорад? Аммо ватанхоҳон ва миллатдӯстон аз саросари ҷаҳон ҷамъ меоянд ва либоси ҷангӣ ба бар мекунанд: «Мо на аз Раҳмон, аз ватани худ дифоъ мекунем ва аз нангу номуси худ!» Шумо ин сатрҳоро мехонед ва механдед. Ҷанг куҷост? Ягон хел ҷанг намешавад. Эй, кош ба ман ҳам боваре мисли шумо медод.

                                        ХУШУНАТИ ДИПЛОМАТИК

Нотаи ахири Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шояд дар ин айём зарур набуд. Шояд сабр беҳтар буд. Ҳарфи бадро ҳамеша метавон зад ва ҳаргиз дер нахоҳад шуд. Аммо дар муқобили суханони президенти рус Дмитрий Медведев сукут ҳам сахт буд. Хушунати дипломатиро Русия сар кард. Эътирози он ба нашрияҳои Тоҷикистон дар робита ба сарбурии муҳоҷири тоҷик дар Маскав як пузханди қотил ва хонаводаи мақтул буд: «Оре, мо сари шуморо мебурем, аммо шумо бояд сокит бошед.» Вале Медведев аз дипломатҳои навомӯзи худ дар Душанбе ба маротиб гузаронд: «Нерӯгоҳҳои бузургро дар машварат бо ҳамсоягон бояд сохт вагарна ихтилофот бо роҳҳои хатарнок ҳал хоҳад шуд.» Ин магар эълони ҷанг нест?

                                             САБАБ?

Маскав ин одатро надоштааст, ки тоҷикон ва Тоҷикистон ба он эътироз кунанд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳол тоҷик даст пеши бар меистад ва таъзим мекунад. Пири бетадбире бо номи Талбак Назаров русҳоро одат дода буд, ки тоҷик саги дари онҳосту хоҳад буд. Худи Раҳмон ҳама чиро ба онҳо бахшид ва боре ҳам ба миллати худ наандешид. Ислом Каримов ӯро ҳамчун шахсе мешиносад, ки водиҳои кишвари худро бомбаборон кардааст ва ҳазорон ҳаммиллати худро ба қатл расондааст. Чанд соли аввали кораш ҳар вазири ҳукумати раҳмонй дар кабинети худ мушовире аз Тошканд дошт. Аммо сабаби асосй ин аст, ки дар 17 сол ин ҳукумат натавонист, тавре амал кунад, ки мавриди эҳтироми Маскав қарор бигирад, чй монад ба дӯстй. Як ҳукумати ҳавасакй, дурӯя ва ғайриҳирфай.

                                        АҲАМИЯТИ  РАҲБУРДЙ

Мегӯянд, Узбакистон аз лиҳози аҳамияташ дар минтақа барои Русия муҳим аст. Бо аҳолй ва қаламрави бузург ва захираҳои инержй. Дар ин бобат Тоҷикистон наметавонад бо ҳамсояаш рақобат кунад. Вале Қирғизистон магар ҳамсанги Тоҷикистон нест? Ҷасурона ба Амрико пойгоҳ дод ва ошкоро гуфт, ба ин манфиатдор аст. Танҳо баъд ба ҳарбиёни Русия низ ҷой дод. Бишкек нишон дод, ки дар пайи манфиатҳои миллии худ аст. Аммо Эмомалй Раҳмон ва хешони носерами ӯ нишон доданд, ки танҳо дар фикри манфиати шахсии худанд. Дар муносибат бо Ғарб низ на якрӯ, балки дурӯя шуданд. Фикр карданд, як рӯз ингунаву рӯзи дигар онгуна ба маънии доноии сиёсй ва дипломатист.

                                       ЧӮБИ КУНҶКОВИИ МИЛЛЙ

На танҳо Каримов аъмоли Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Путину Медведев батафсил достон кардааст, балки афроди аршади ҳукумати Тоҷикистон дар Маскав низ ба сиёҳ кардани ҳамдигар машғул будаанд. Яке худро дӯсти беҳамтои Русия ва дигаронро душмани Маскав увон мекард ва рӯзи дигар нафари баъдй акси ҳолро нишон медод. Ҳар тоҷик чӯбаке дар даст дорад ва аз ақиби тоҷики дигар мегардад. Хуллас, агар сарон ва ҳукумати Тоҷикистон дар назди Маскав як сари арзан обрӯ медоштанд, Медведев ин гуна онҳоро «лагад» намезад.

                                        АБЗОРУ НЕРӮИ ҶАНГ

Аммо бо ин бӯйи бади ҷанг чӣ бояд кард? Агар ин ҳама сол нашуд, ки бо ҳамсоя забон ёфт, бояд омода ба ҷанг буд. Ин ягона роҳи сулҳ аст. Ислоҳоти фаврӣ зарур аст. На фақат дар нерӯҳои мусаллаҳ ё ниҳодҳои қудратй, балки дар ҳама ҷо ва ҳама чиз. Магар бо ин сарбозони пойлуч ва афсарони ришвахор ба кадом ҷанг мешавад рафт? Вазир Хайруллоев, ки натавониста буд, бар як гурӯҳ муҷоҳидони ришакии кӯҳнишин пирӯз шавад, бо артиши муназзами давлати дигар чӣ хоҳад кард? Бар Маҳмуд Худойбердиев пирӯз гашта буд? Магар он муҷоҳидон набуданд, ки ин пирӯзиро дастрас намуданд? Куҷоянд онҳо? Дар маҳбас. Куҷоянд ҷавонони таҳамтану нирӯманд? Дар Русия. Куҷоянд кадрҳои арзанда? Дар ғаму андӯҳ ва «охурҳои гов».

                                          ФАРҶОМИ РОҲ?

Бо ин ҳама ҳукумати Раҳмон ва Тоҷикистонро фарҷоми роҳ якест — нобудй. Агар ба ҳуш наояд. Ин бор ҳам монанди борҳои гузашта таслим шудан ва баҳона ҷустан охирин қадами вай хоҳад буд. Фанду фиреби кӯҳнаро хоҳад хӯрд ва душман ба ӯ раҳме нахоҳад дошт. Агар танаффусе хоҳад дод, танҳо барои муддате хоҳад буд, ки битавон ғофилгираш кард. Агар бо мардумаш буд  ва якрӯ, душман ҳам ба андеша хоҳад рафт. Сахт роҳе хоҳад буд, вале босамар. Худо ва ҷаҳонро бояд ҳомии хеш гузид, на ҳамкосаҳои сустаҳд ва сангбабағалро!

Окибат Маскав Рахмонро «кидат» кард…

ё чй тавр Медведев сари як пиёла чои самарканди манфиати «шарики» худро зери по кард

А.Ахмадзода, (Шахри Душанбе)

…Самарканди бостони – бузургтарин ва кадимтарин шахри точикнишини Осиёи Маркази дар тули зиёда аз ду хазор соли охир ва аввалин пойтахти давлати точикон баъд аз инкилоби Октябр, президенти Русияро бо хавои барои ин фасли сол нисбатан гарм пешвоз гирифт. Медведев баъд аз он, ки аз зинахои хавопаймо дар минтакаи Боги Баланд поин шуд, нафаси чукуре кашид, ки ин аз назари президент Ислом Каримов пинхон намонд ва у гуфт: «Ба назари ман, аз он чое, ки Шумо парвоз кардед, хавои мо фарк мекунад». Ин суханони президентиУзбекистонро Медведев бо харорат тасдик намуд ва ба суи хамтои узбеки худ ба кавли хабарнигори «Время новостей» Аркадий Дубнов «бо чашмони баркпош» кадам гузошт… Маълум набуд, ки ин хурсандии у аз сихату саломат дидани сарвари Узбекистон аст ё аз ба охир расидани парвози тулони. Зеро пеш аз омадани Медведев дар Узбекистон овозахое хам пахн шуда буданд, ки гуё Каримов бемор аст ва табибони чини барои уро сари по хезондан ва ба пешвози рохбари олимакоми Русия тайёр кардан чадал мекунанд…

Мувофики накша бояд Дмитрий Медведев дар Самарканд хамаги се соат меистод, ки ин ба назари Каримов кам намуд ва у ин андешаи худро дар назди зинаи тайёра иброз намуд. Аммо хамин мухлат хам кифоя буд, ки сарвари Узбекистон ба президент Медведев хамчун муаллими таърих аз юришхои Темурланг ба Хиндустону Эрон ва соири кишвархое, ки ин «мухандиси манорасоз» дар он чо «калламанора» сохта буд ва холо волотарин шахсияти таърихи дар Узбекистон шинохта мешавад, накл кунад. Дар ин муддат Каримов Медведевро бо манзарахои зебои Регистон, Мадрасаи Шердор ва Гури Мир шинос намуд. Агар хонанда гумон кунад, ки президенти Русия Дмитрий Медведев танхо ба хотири шинос шудан ба шохкорихои гузаштагони халки точик ба ин шахр кадам ранча кардааст, сахт галат мекунад. Ин огози сафари давлатии у ба Узбекистон буд, ки аз Самарканд сар шуд ва баъдан дар Тошканд идома ёфт…

…Чаро Медведев барои сафари худ махз хамин вактро интихоб намуд ва чаро талошхои у барои «густариши муносибатхои байнидавлати» дар даврае рост омад, ки ин кишвар бо истифода аз мавкеи чугрофи сохибият ба захирахои бузурги энергетики он сиёсатеро, ки Русия нисбати хамкавмхои худ дар Украина ва Аврупо истифода бурд, нисбати Точикистон истифода карда истодааст? Тавре муфассирони дохилию хоричи таъкид мекунанд, интихоби вакт тасодуфи набуд…

Таври маълум, Гарб баъд аз пахши шуриши Андичон аз Каримов руй тофт. Хатто гуфтахои у нисбати Русия дар мавриди он, ки «Это зло (ИттиходиШурави дар назар аст.Ред.) в другом виде ещё остался», дигар дили Амрикою муттахидинашро ба Узбекистон гарм намекард ва онхо хатто дари кишвархояшонро ба руи Каримову вазиронаш бастанд. Аммо дар байни сиёсатмадорони замон рохбари Узбекистонро хамчун шахсе, ки «дар зери борони сел хам тар намешавад», хуб мешиносанд. Ин сиёсатмадори пуртачриба бозии худро дорад ва як муддат то паст шудани оташи газаби кишвархои гарби ин бозиро бо Русия идома дод. Аммо вакте,ки фурсати муносиб фаро расид ва имкони бозгашт ба «лонаи гарби» пайдо шуд, Каримов аввал аз ширкат дар кори Созмони АвруОсиё даст кашид. Инро дар Русия «лаб зери дандон» тахаммул намуданд. Баъд аз «мочарои газ», ки бо ташаббуси Русия ба мукобили рохбарони «норинчии» Украина рохандози гардид, Гарб ба хулосаи нихои расид, ки Русияро хамчун шарики боэътимод кабул кардан галати махз аст ва аз паи амали гардонидани роххои дигари дастёбй ба захирахои энергетики шуд. Дар Аврупо сохтмони кубурхои газ аз ОсиёиМаркази ва Озарбойчонро то Аврупо, ки каблан ба накша гирифта шуда буд (газопроводи «Набукко») ва Узбекистон хам яке аз ширкаткунандагони он ба шумор меравад, дар вазъияти ба миён омада яке аз ин роххои пешгири аз тахримхои навбатии Русия мехисобанд. Аллакай Булгористон аз гази Русия даст кашид ва минбаъд хар сол аз Озарбойчон 1 миллиард метри куби газ хохад харид. Ин равандхоро албатта дар Русия нодида гирифта наметавонистанд ва дар он чо дарк намуданд, ки фурсати муносиб барои диду боздид ва баркарор намудани муносиботи дучониба фаро расид. Вакти интихобшуда барои Узбекистон ва президенти он хам мувофик буд. Айни замон, кишвари хамсоя ва хамчавор-Точикистон, ки зиндагии мардумаш дар фасли зимистон пурра аз «мехрубонихои» Каримов вобаста аст, дар инхисороти энергетики карор дорад ва ин кишвар хатто ичозаи аз чониби дигар кишвархо (Туркманистон) расонидани баркро намедихад. Каримов аз точикон чи мехохад ва кадом рафтори онхо ин рохбари бозмондаи замони Шуравиро ба газаб овардааст? Чаро у марзхои кишварашро аз хамсоягоне, ки садсолахо бо хам пайванд буданду хастанд бо минахо чудо кардаасту то имруз аз онхо танхо кудакону мардумони мулки аз харду чониб чон медиханду маъюб мегарданд ва то хол ягон «террористи исломи» хохиши дар минахои каримови таркиданро намекунад?

Ба акидаи аксари тахлилгарон ин асрори пасипардагиест, ки онро танхо худи у медонад. Аммо зохиран сухан дар бораи имзои санад дар мавриди эътирофи сархади байни ду кишвар ва сохтмони неругоххои оби дар дарёхои Точикистон меравад. Ин казия чанд сол боз идома дорад ва Русия низ худро яке аз чонибхои ин бахс мешуморад. Хануз дар огози истиклолияти Точикистон Покистон дар мавриди сохтмони неругохи Рогун кумаки худро пешниход намуда буд. Аммо Русия «шарики стратегии» худро бовар кунонд, ки «бехтараш девор ба дарун афтад» ва худи русхо ин неругохро барои «дустони точикашон» (ибораи Елсин) месозанд. Албатта, он вакт Узбекистон гарбгаро буд. Аммо на дар замони хукмравоии у ва на дар замони Путин, ки хатто Дерипаска- сарвари «РусАл»-ро барои тасаллои дил ба Точикистон фиристод, касе дар мавриди ин сохтмони барои «дустони точик» хаётан мухим дастро болои даст нагузошт. Хукумати Точикистон мачбур шуд, барои сохтмони ин неругох такя ба худ ва халки худ кунад ва ё аз кумаки дустони вокеи истифода барад. Замоне вакте, ки Британияи Кабир истиклолияти миллии вассалхои худро эътироф менамуд, ба шахрвандони ин кишвархо ичозат дода шуд, ки хамчун сокинони комилхукуки Англия аз хамаи хукукхо бархурдоранд ва барои пешрафти иктисодии онхо кумак расонд. Холо хам ин кишвархо аз он ифтихор мекунанд, ки замоне бо англисхо дар як давлат мезистанд…

Президентони Русия ва Узбекистон дар Тошканд ба гайр аз муносибатхои дучониба боз масоили вазъи кишвархои хамсояро низ мавриди таваччух карор доданд. Гумон мекунед, ки чониби Русия Тошкандро сари инсоф даъват намуд ва баркарор кардани муносибатхои оддии хамсоягиро бо Точикистону Киргизистон маслихат дод? Таваччух кунед ба изхороти якчояи Медведев ва Каримов дар мавриди сохтмони неругоххои барки оби дар ин кишвархо: «Сохтмони иншоотхои гидроэнергетики бояд бо назардошти манфиатхои хамаи кишвархои минтака,ки дар хавзаи дарёхои сархадгузари Осиёи Маркази вокеанд ва дар асоси меъёрхои эътирофшудаи байналмилали сурат гиранд». Ба назар чунин мерасад, ки дар ин суханон ягон гуфтаи нодуруст ва нофахмо нест.

Точикистону Киргизистон, ки сохиби обхои ин минтакаанд низ чонибдори ин гуфтахо хастанд. Вале, ки манфиати ин кишвархоро зери пой карда истодааст ва ки онхоро дар фасли зимистон мавриди инхисороти энергетики карор медихад? Ки оддитарин шартхои хамсояги ва инсониро фаромуш карда дар рузи бад шароити зисти мардуми хамчаворро, ки асрхо пахлуи хам бе ягон мушкилот мезистанд боз хам бадтар мекунад? Чаро газу нафт, ки онхо низ аз зери замин мебароянду доди худоянд захираи табии як кишвар хисоб мешаванду оби кишвари дигар бояд моли хамагон бошад ва ба фоидаи сохибони худ кор накунад? Ки хулосаи коршиносони холиси байналмилалиро дар мавриди барои кишвархои поёноб безарар ва хатто фоидовар будани сохтмони неругоххои сохташавандаро эътироф намекунад? Албатта, чаноби Медведев чавоб ба ин саволхоро хуб медонад, аммо руирост гуфтани он алхол ба фоидаи кор нест ва хамсухбати худро ранчондан намехохад. Ё дар Русия чунин мехисобанд, ки барои «дусти хакики» шудан бояд аввал як муддат «дар чомаи душман» буд?
Дар мавриди эътимод ба чаноби Каримов ва риояи муохидахои имзокардаи у хатто сиёсатшиносони худи Русия хам шак доранд. Тавре, ки сиёсатшинос Михаил Виноградов аз «Фонди сиёсатшиносии Санкт Петербург» мегуяд: «Узбекистон…хамеша вобаста ба вазъият байни Русия ва Гарб калаванда бокй мемонад»

Албатта ба ки бовар карданро президенти Русия бехтар медонад ва ин кори уст. Аммо точикистониёнро ин ташрифи чаноби Медведев ба хамсоякишвари мо ва гуфтахои у бояд то андозае хушёр кунад. Зеро он метавонад паёмадхои ногуворе низ бо худ дошта бошад.

Тавре, ки аз гуфтахои рохбарони Точикистон бармеояд, кишвар новобаста аз тахаввулоти дохилию беруни ва кризиси умумичахони сохтмони неругоххоро идома доданист. Ин мукобили хохиши кишвархое,ки сохтмонхои мазкурро намехоханд рафтор кардан нест, балки иншоотхои хаётан мухим барои мардуми ин кишвар аст. Минбаъд Точикистон бе сохтани неругох ягон мушкилоти худро хал карда наметавонад. Аз чониби дигар, чаноби Каримов дар пешрафти Точикистон «сахми беандоза» дорад. Мушкилоти коммуникатсионие, ки аз чониби хамсояхо ба сари кишвар бор шуд, онро мачбур мекунад, ки роххои алтернативии баромадан аз бумбастро чустучу намояд Точикистон дар ин моваро аллакай тачриба хам дорад. Вакте, ки рохи байни Шимолу Чануби Точикистон, ки дар фасли зимистон аз тарики Узбекистон буд, баста шуд ва ин икдом хадафхои сиёси хам дошт, точикон мачбур шуданд сохтмони туннели Анзобро бо ёрии дустони хоричии худ дар кутохтарин муддат ба итмом расонанд ва як мушкили худро осон намояд. Бо кумаки чинихо ин рох ба стандартхои байналмилали мувофик гардонда шуд. Минбаъд сохтмони рохи охан аз тарики Хироти Афгонистон ба Эрон ба накша гирифта шудааст. Дер ё зуд кишвар ба хамаи хадафхои иктисодии худ мерасад, аммо онхое, ки ин пешравии моро намехоханд ва ба кавли профессори Донишгохи Милли Наврузов ба «бахилии сиёси» машгуланд, чи кор хоханд кард? Боз «шарикони стратегии» моро ба мукобили мо истифода мекунанд?

«Марди танхоро ханчари тез мебояд» мегуяд нависандаи чахоншумули догистони Расул Гамзатов. Оё дар холати ба миён омадани мунокишахо мо метавонем марзу буми худро, мардуми худро, мукаддасоти миллию фархангии худро химоя кунем? Хосса дар мавриде, ки ин «шарики стратегии» мо манфиатхоямонро ба як пули пуччак хам намегирад ва тайёр аст хар лахза аз он гузар кунад…

…Вактхои охир президент Медведев ва сарвазир Путин(ба гуфти муфассирон рохбари вокеии имрузаи Русия) вобаста ба «мочарои газ» оид ба чахони кардани нархи манбаъхои энергия зиёд хадс мезананд. Масалан онхо гази худро ба кишвархои сохили Балтик бо нархи зиёда аз 500 доллар ба савдо мезананд. Дар Тошканд низ як муохида оид ба харидани (на транзит!) гази узбеки аз чониби ширкати «Газпром»-и Русия ба имзо расид. Ин газро минбаъд худи Русия ба кавли рохбаронаш «бо нархи чахони» хохад фурухт. Ин кори Тошканду Маскав аст, ки бо кадом нарх мехаранду бо кадом нарх мефурушанд ва аник, ки аз ин шартнома «Газпром» фоидаи зиёде мебинад. Харчанд, ки ба ин шартнома низ эътимоди зиёд бастани Русия аз назари тахлилгари «Маркази омузиши равандхои сиёси дар ИДМ» Алексей Власов барвакт аст. У мегуяд: «Новобаста ба он, ки Каримов ба Русия чи мегуяд, у аз сохтмони кубурхои алтернативи даст нахохад кашид». Аммо чаро Русия дар мавриди «нархи чахонии» истифодаи пойгохи низомии худ дар Точикистон ва ё бо арзонтарин нарх харидани пойгохи назоратии «Окно» ягон харф намегуяд? Агар хар метр замини мавриди истифодаи бузургтарин пойхи низомии Русия дар хорича-дивизияи 201карор гирифта бо ин нарх хисоб карда шавад, барои сохтмони неругохи «Рогун» на Дерипаска лозиму на ваъдахои дуругини Русия.

…Хануз хам баъзе аз намояндагони хизбхои сиёсии мо нисбати Русия ва шарикии у бо мо хушбин хастанд ва «исботи исботшударо» мехоханд. Онхоро то андозае фахмидан мумкин. Кас намехохад,ки ба зуди аз чизе, ки солиёни зиёд ба он имон дошт, даст кашад. Аммо хакикати хол дар он аст, ки на мо даст кашиданием,балки онхо аз мо даст кашиданианд ва инро бо рафтори худ хар лахза таъкид мекунанд. Аммо мо фахмидан намехохем ва тайёрем мисли гусфандон аз паси «бузи провакатор»(бузе,ки барои ба кушишгох бурдани гусфандон дар кушишхонахо истифода бурда мешавад) канда нашавем ва то охирин лахза бо у бошем. Харчанд,ки медонем, дар лахзаи вопасин у аз дарича берун мераваду мо бо теги бурро дар ру ба руямон яккаю танхо мемонем…
Пас, оё вакти он нарасидааст, ки ба хаводиси атроф вокеъбинона нигарем ва ба гуфтаи як сиёсатшинос «Кутбнамои худро дигар кунем»?

…Нонхои зебою хушлаззате, ки садсолахо инчониб дар Самарканд пухта мешаванд, хислате доранд, ки онхоро дар макони дигар бо хамон рангу лаззат пухтан имконнопазир аст. Мегуянд, ки Темури Ланг пас аз забти Хиндустон нонвойхои самаркандиро хатто бо танурашон ва орду оби ин макон ба он чо бурдаасту аммо боз хам нони самаркандиро пухта натавонистааст. Оё он тасмиму тархрезихое, ки Медведев ва Каримов дар вохурии худ ба анчом расониданд, дар чои дигар хосиле ба бор меоварда бошад?

Номаи дигар аз махбаси Русия

ilhom1Ассалому алайкум бародари азиз Рустамчон. Мо точикон аз зиндони Русия ба шумо менависем. Мо зиндониён ба шумо ахсани бисёре гуфтани хастем. Аз тарики сайти шумо бисёр хабархои мухимро мехонем ва мебинем, ки дар Точикистони азизи мо ходисахо рух додаанд. Бахусус аз рафтору кирдори ,мухтарам чаноби оли! Вой бар холи он миллате,ки сохиби чунин сарвар аст! Вой бар холи точикону Точикистон!

Аз шумо илтичо дорем, ки бисёртар маколахо дар бораи сатхи зиндагии ватанамон нависед. Бо эхтиром хамватанони зиндонии шумо.

Сарони дин ва сарони давлат

Таомули мутақобили сарони динӣ ва давлатмадорон дар ҷомеаи мо: дар воқеъ чигуна аст ва бояд чигуна бошад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

28 январи соли 2009, барои мардум ва давлати Русия, агар нагўем як рўзи сарнавиштсозе буд, ақаллан метавон гуфт як рўзи муҳимме буд. Дар ин таърих, ҳайати олии руҳонияти ин кишвар, пас аз даргузашти Патриарх Аликсий 2, патриархи ҷадидеро барои тамоми сарзамини Русия ва калисоҳои вобаста ба калисоҳои ортодокси минтақа интихоб карданд.

Ин шахсият касе ҷуз Митрополот Кирилл набуд. Шахсияте, ки аз саводи динии болое бархўрдор аст. Ў илова бар бархўрдорӣ аз саводи динӣ, ҳамчунин огоҳии комил ба як чанд улуми дунявӣ (агар чунин истилоҳе дуруст бошад) дорад. Вай тасаллути комил бар чанд забон аз ҷумла англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва лотинӣ дорад. Бо маорифи Ислом минҷумла Қуръон ҳам ошност. Банда шахсан барномаҳо ва суханрониҳои ўро гоҳ-гоҳе аз тариқи васоили ахбор пайгирӣ мекунам. Инсофан, шахсияти босаводест.

Албатта, хонандаи азиз, суханони ман дар бораи ин шахсиятро, ба унвони имзо ва иқрор бар ҳаққонияти дине, ки ин шахс гароиш ба он дорад, қабул накунад. Ин як баҳси ҷудогонаест. Банда феълан, ба унвони як инсон, аз шахсияте, ки дар дину эътиқоди худ пойбанд, вафодор ва масъулиятшинос аст сухан мегўям.

Сипас, ҳадафи банда аз ҷалби таваҷҷўҳ ба ин баҳс, як чизи дигарест. Мехоҳам бо ин баҳона, баҳсро ба самти вазъи кишвари азизамон Тоҷикистон бикашонам. Вазъе, ки аз як ҷиҳат ба уламо ва диногоҳони ҷомеаи мо ва аз ҷиҳати дигар, ба таомул, рафтор ва куниши давлати мо бо ҷойгоҳи дин ва сарони динии мо муртабит аст.

Огоҳон бо вазъ ва ҷойгоҳи дин ва сарони динӣ ва рафтори давлат ва давлатмадорон бо ин падида дар ҷомеаҳое, ки хештанро эҳтиром мекунад (минҷумла Русия) доранд, медонанд, ки аввалан диндорони мухлис ва вафодор ба мўътақадоти хеш, ба унвони сарони динӣ интихоб мешаванд, на касони мунофиқ, вобаста ва бевафо, ва сониян давлат барои онҳо эҳтиром қоил аст. Ҳаргиз давлатмадорон, «навкарон»-и худро дар маносиби динӣ намегуморанд. Ҳаргиз ашхоси бесавод ва ноогоҳ мутасаддии чунин маносибе намешаванд. Ҳаргиз ин сарони динӣ, хушомадгў ва чоплуси «Раиси Ҷумҳур», «Вузаро» ва ё «Сарватмандон» намебошанд.

Оре, чунин аст вазъи ҷомеа ва кишварҳое, ки ба худ эҳтиром қоил аст ва ба андешаи пешрафт ва тараққи ҷониби маънавӣ ва руҳии шаҳрвандони худ, дар канор пешрафти модди онҳо мебошад.

Аммо дар кишвари мо Тоҷикистон чӣ? Оё сарони динӣ ва касоне, ки маносиби олии диниро бар ўҳда доранд, аз саводи динии кофие бархўрдоранд? Оё аслан медонанд дин чист? Оё медонанд дин бояд чӣ ҷойгоҳ ва нақше дар ҷомеа дошта бошад? Оё аслан рўзе ҳаст, ки мардуми мо аз забони «Муфтӣ»-и Тоҷикистон сухане дар бораи мушкилоти динӣ ва дунявии ҷомеа шунида бошанд? Ё ин ки мардум ҷуз навкарӣ, чоплусӣ, таърифу тамҷидҳои бемаънои «Давлатмадорони Ҷомеа» аз ҷониби онҳо намешунаванд?

Посухи инҳо барои ҳар касе мисли хуршед равшан аст ва ниёз ба бармало кардани расвоии он нест. Аз тарафи дигар, таомули Давлатмадорони мо бо дин ва сарони динӣ ба чӣ сурат аст?
Оё онҳо мисли давлатмадорони ҷомеаҳои пешрафтаи дигар, ба диногоҳон ва сарони динӣ эҳтиром қоиланд? Оё аслан ба ин андеша ҳастанд, ки «Муфтӣ»-и кишвар бояд босавод бошад, на чоплус ва на касе, ки мисли тўтӣ ҳар чӣ бигўянд такрор кунад?

Оё рўзе шудааст, ки мардуми мо шунида бошад ва ё донад, ки «Муфтӣ» ва соири мутасаддиёни умури динӣ, дар кишвари мо ба чӣ сурат ва ба кадом шакл интихоб ва ё аз кор барканор мешавад?

Имрўз дидем, ки дар Русия (мисли дигар ҷомеаҳое, ки ба худ эҳтиром қоил аст), раҳбари динӣ тавассути як маҷлиси махсусе ва бо меъёрҳои маъқул ва демокротӣ ва бо як эҳтироми азиме аз ҷониби давлат интихоб мешудааст.

Аммо мардуми мо дар ин замина, фақат ҳаминро медонанд, ки як шахсе (ки аслан аз ҳувият ва миқдори саводи ў ҳеҷ хабаре надоранд) «Муфтӣ» ва Раиси Шўрои Уламо таъйин шудааст ва маълум нест чаро ин шахс, на каси дигар мутасаддии чунин мансаби муҳимме интихоб шудааст.

Ин аст мутаассифона вазъи ҷомеаи мо. Албатта ногуфта намонад, ки агар диндоре дар ҷомеаи мо чунин суханоне матраҳ кунад, зуд ба «ваҳҳобӣ» ё «террорист» ва ё «ихлолгар» муттаҳам мешавад.
Умедворем рўзе бирасад, ки мо ҳам монанди дигар ҷомеаҳои пешрафта ва ҷомеаҳое, ки худро эҳтиром мекунад, ба вазъи дин ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа аҳамияти бештар бидиҳем.
http://www.kemyaesaadat.com/

Марсияи зоду буми Ватан

Шоири сахтсухане ба мо ин номаро фиристод, вале дареғ, шояд нотамом аст ва шарҳи вожагони душворро ҳам замима накардааст. Аммо интизори номаи баъдии ӯ хоҳем монд.

Аё шоҳ, Раҳмони тиннатсиёҳ,
Зи дасти ту будаст миллат табоҳ.

Ба зулму таъаддӣ расидӣ ба тахт,
Худоё, бияндозаш з-ин тахт рахт.

Маро меҳанам Тоҷикистон будӣ,
Ба айёми ту торикистон шудӣ.

Чунин тоҷики номдори ҷалил,
Ба даврони ту гашт хору залил.

Буд ў бар меҳону кеҳон сарбаланд,
Зи нодониву ҷаҳли ту мустаманд.

Ки фармуд Фирдавсии номвар,
Шаҳонро бибоястӣ султон падар.

Туро чун падар хокпоше бувад,
Ки ин марз худ пош-поше бувад.

Агар з-оли Раҳмон ҳикоят кунам,
Ҳазорон-ҳазор ман шикоят кунам.

Ту гуфтӣ маро нест андар ҷаҳон,
Ба ҷуз хоҳару додари меҳрубон.

Трактору шухмист худ додарам,
Баҳойиму кўҳ шеваи хоҳарам

Кунун он ҳақирони узлатнишин,
Нишастанд бар тахти Тоҷикзамин.

Касе гар бихоҳад расад бар мақом,
Зи Нуриддин* гирад дуою салом.

Ба таъзиму такрими гавдўшзан* ,
Камарбастагонанд дар анҷуман!

Яке бар писар худ арўс хоста,
Ба тахту сарир он ҷулус хоста.

Ҳасан* толиби Тоҷикистон шудаст,
Зи ёрони ту мулк вайрон шудаст.

Касе гар бувад сифла, эй бебасар,
Аз ў одамият таваққӯъ мабар.

Бад-ў дод гар соқии давр ҷом,
Масофат гузин з-ўй, эй некном.

Чӣ хуш гуфт Фирдавсии нуршед:
«Ба нокас мадоред чашми умед».

Гурўҳе, ки ўро қарибаш буданд,
Ба давлат расидан ҳабибаш буданд.

Яке Сангаки ҷонии* номдор,
Дигар Файзалӣ буд он хунхор.

Ба якбор дуро ба хунҳо кашид,
Ки пинҳон бимонад рози палид.

Дар ақсои олам Хоҷа* дарбадар
Ба гетӣ шудандӣ Чолҳо* хокбасар.

Ба сарҳанг Маҳмуд* , ки будаш лаҷуҷ
Масофе бикард, ба ў кард хуруҷ.

Ба Ёқубу Ғаффор раҳме накард,
Ки ёрон-ш буданд андар набард.

Кунун сўи Бинӣ* нишон мегирад,
Зарур гар биёяд синон мегирад.

Агарчӣ Имом ном бурдаш падар,
Аз ў ҷуз табоҳӣ наояд ба сар.

Маро з-оли Раҳмони тороҷгар,
Ба ёд омад Заҳҳоки бедодгар.

Агар мор х(ва)рд мағзу хомўш гашт,
Халоиқ биосоид чун дўш гашт.

Вале аждар-Раҳмон з-он хонадон,
Худоё, амонам бидеҳ, ал-амон!

Агар дўши Заҳҳок ду мор дошт,
Ки тоҷик ҳазор аждаҳо бор дошт.

Ки дар козибӣ ўст яктои даҳр,
Макун бовар асло, Худорост қаҳр.

Ба Қуръону Қонун қасам ёд кард,
Ба ҳифзи Ватан қисса бунёд кард.

Фаросат намоям зи ҳар порааш,
Муқаддас бидонам, ки ҳар борааш.

Саранҷом к-ин козиби хокпош,
Ба савганди худ чун накардӣ талош.

Тиҷорат намудаст бар мулки Чин,
Ҳазорон-ҳазоре ҷарибам* замин.

Ба қирғизу ўзбек, ки он ҷофурўш,
Нишастаст дар сўҳбати гарм дўш.

Ки марзи дигарро ба яғмо диҳад,
Басо ганҷро дар Свис* ҷо диҳад.

Дар ин марзи ҷаҳле ку бинишварӣ?
Ҳикоят набошад зи донишварӣ.

Заған ҷогузини ҳазорон шудаст,
Ватан зери пои сутурон шудаст.

Ба майдони мардӣ-самандоварӣ,
Харонро расидаст худ сарварӣ.

Гадо ҷипсавору ҳақир арҷманд,
Туро нест рўъё, ҳақиқат писанд.

Зи аъмоли ин дастаи бепадар,
Шуда духтарон руспӣ* , доманбасар.

Зи модар мапурс, ў гадойӣ кунад,
Ки ҷояш расад бевафойӣ кунад.

Зи имону ислом ҳарфе мазан,
Насоро, калимӣ шуда марду зан.

Набандед умед бар ҷавонони ў,
Шаробистанду яке зиштхў.

Ҳақиру сарафкандаву ломакон,
Ҳазорон-ҳазораш андар ҷаҳон.

Ба муздурӣ омўхт кардӣ варо,
Равони ғуломист қурбат маро.

Дуруст гуфт Саъдии ширинсухан
Ҳамон маҳфилорои ҳар анҷуман:

«Раёсат ба дасти касони хатост,
Ки аз дасташон дастҳо суи Худост».

Ба рўъё фурў рафта будам шабе,
Ки Сомонишаҳ дида ман бо табе.

Ба ҷуръат намудам аз ў ин суол:
Туро, эй шаҳаншоҳ, инак чӣ ҳол?

Кашид навҳаю гуфт: эй ҷони ҷон!
Шағолон расида ба тахти ялон!

Маро з-ин Ватан нанг ояд, ки нанг,
Ки завлонаҳое ба пойи паланг.

Ба ин мулки Сомонӣ сомон нест,
Бузургони вайро, ки имон нест.

Ду-се додхудо* ҳарфи миллат заданд,
Ба фарҳангу таърих иллат заданд.

Се қисмат забонро кунад нобакор,
Ки худ моми таърих дар сўгвор.

Гар ине, чаро ном аз ман барӣ!?
Ки бегонаро нест меросбарӣ!

Туро ҳам кунун ҷадди дигар сазост,
Ки кас бо ту будан барояш ҷазост.

Бирав дар бари шоҳ Маҳмуд* бош,
Ки шояд расӣ ту ба «мақсуд», кош.

Дар ин мулки яздонии Ориё,
Тасаллут намудаст кину риё.

Зи теғи шаҳи ҷобири рўзгор,
Қатил* гашта як иддае номдор.

Набишнидаам ҳеҷ давру замон,
Ки теғе задандӣ ба донишварон.

Ҳаромзодагонанд гирду бараш,
Хабисанд, оҳарманон* ёвараш.

Ба ўзбек камар бастае, иддае,
Ба гардан ниҳода зи рус шаддае.

Гурўҳе ба Саббоҳ* дилбастагон
Ба назр бурда он хиттаи Ориён*.

Ҳама ҳокашонанд* андар сарир,
Фурўмоя гардӣ ту низ ногузир.

Саросар бигаштам дар ин сарзамин,
Надидам хирадманд шодон яқин.

Ки сойил* буван(д) шаҳриёрони ў,
Ғарибанд худ ҳамдиёрони ў.

Бибояд варо Сойилистон гузошт,
Набояд, ки ном Тоҷикистон гузошт.

Агар кор ин, шоҳи даврон ҳамон,
Мусибат қариб аст, ё ал-амон!

Ҳаросе надорад гурусна зи шер,
Сипоҳе, ки ояд зи болову зер.__