Хандону шакарафшон, вале на бо мо?

Rubi from Tajikistan sold in Chicken Street in Kabul

Ба назари Шумо ин акси чист? Касе агар дар умри сараш як бор хам лаълро дида бошад, холо онро ин чо бишинохт. Аммо касе, ки номи онро факат дар ашъори шоирони бенавои мо шунидааст, ба сад гумон рафт.

Ин лаъли Бадахшон аст, ки чанде пеш дар бозори санги Кобул ба фурўш рафт. Санги хеле бузург, 200 қирот ё карат, дар холе ки калонтарин лаъли то холо кашфшуда 325 карат аст. Пас ин санг дар чои дувум мебошад. Албатта, шояд баъд аз коркард хурдтар шавад, вале ин мухим нест, мухим он аст, ки давлати Точикистон ва мардуми точик аз фурўши ин сарват қироне ё дираме суд накардаанд ва гумруки кишвар низ аз берун рафтани ин санги гаронбахо хабаре надораду марзбонон хам чизе намедонанд.

Аз Точикистон будани ин санг низ тасодуфан ошкор шудааст. То ин вакт лаъли зиёде дар ин бозор ва бозорҳои дигар на хамчун лаъли Бадахшон ё санги Точикистон, балки хамчун моле аз Бирма, Непал ва Хиндустон (дар бадтарин холат Покистон) ба фурўш мерафтаанд. Дертар як лаборатория бо номи AIGS lab бо омузиши ин сангхо ба натичае расид, ки онхо ба сангхои хамсони кишвархои номбаршуда монанд нестанд ва пас аз чанде эълом дошт, ки ин сангхо аз Точикистон бароварда шудаанд. Илму дониш дархоро мекушоянд ва асрорро низ…

Хафтае пеш даллолони бозори чахонии тило изхори хайрат карданд, нархи тило босуръат боло мераваду хачми тилое, ки Точикистон ба бозор мефиристад, то рафт кам мешавад. Дар холе ки нархи тило аз нархи нафт хам баландтар шудааст, тилои Точикистон 50% камтар тавлид мешавад. Мегуянд, сармоя нест, тачхизоти зарурй нест, мутахассис нест ва гайра.

Нархи лаъл дар бозори чахон аз нархи алмос ё бриллиант баландтар аст. Хар грамми лаъл 100 доллари амрикоист ва хар грамми алмос 75. Оё мо медонем, ки Точикистон чи кадар лаъл мефурўшад? Аслан кишвар лаъл мефурўшад ва ё хамаи он аз рохи кочок ба бозорхои чахон меравад? Агар мо дар Бадахшон Кўхи Лаъл дорем, чаро мардуми Бадахшон зори як лингча орди Оғохонанд? Касе ин мавзуъро пажўхиш кардааст? Магар ин чо хам илму дониши зиёд даркор аст ё факат фаросот ва хушмандй?

Афроди зиёде аз мамолики гуногун ба Точикистон сафар мекунанд ва мегуянд, ба махзи дидани Бадахшоне, ки кухи лаъл дорад. Бархе аз мансабдорони кишвар масъалаи раводиди сафару рохбаладии онхоро хал мекунанд. Пас аз бозгашт ин афрод аз тарики интернет ба фурўши лаълу зумурраду лочварди Точикистон сар мекунанд. Метавонед, ин сомонахоро боз кунеду худ бихонед.

Кулохи машхури Мономах лаъле дорад аз Бадахшон. Мудири ширкати Ост-Индиа ба маликаи Бритониё гарданбандеро хадия карда буд, ки аз Аврангзеб ба дасти шохи сикхҳо афтода буд ва ба номи Лаъли Темурланг машхур буда, низ аз Бадахшон дарёфт шудааст. Ин санг холо дар Кохи Букингами Лондон махфуз аст. Хеч кадоме аз подшохони мо чунин ороишторо надошт ва мардуми Бадахшон ба хамон шевае зиндагй мекунад, ки дар ахди Мономах.

Онро факат дар шеъри бузургонамон хондаем. Лаъли ноб, пайконй, руммонй, гавҳаркаш, гухарбор… Ва хатто шакарафшон. Аммо харгиз дахони мо аз он шакар ширин нашуд, ки нашуд. Магар пайташ нарасидааст?

Президент бемор аст, ворис надорад…

rahm.jpgНашрияҳои Олмон хабар доданд, ки президенти Точикистон чанде пеш ба пизишкони саршиноси яке аз бемористонҳои шаҳри Баден-Бадени Олмон худро нишон додааст. Сафари президент Рахмон ба Олмон ба таври махфй ба амал омада, хама гуна маълумот дар бораи бемории вай асрори давлати Точикистон ва пизишкони Олмон мебошад.

Метавон тахмин зад, ки барои бемории грипп Рахмон ба Олмон сафар намекунад, харчанд имруз дар кишвараш сармои сахт хазорон нафарро на грипп, балки сармозада ва гирифтори хипотермия кардааст. Бархе бо шунидани ин хабар мегуянд, Рахмон гирифтори хамон бемориест, ки замоне Сайид Абдуллохи Нуриро ба он мубтало карда буданд. Агар бемории сарвари давлат хатарнок бошад ва ин низ дар холе ки вай вориси муайян надорад, интиколи кудрат дар кишвар ба чи сурат чараен хохад гирифт? Ё шояд хануз зуд аст ба чунин андешахо?

Навгонии дигар ин аст, ки чандест президент Рахмон писарашро хамсафари худ кардааст ва телевизионхояш пайваста ин чавонакро дар пахлуи падари бадавронрасидааш намоиш медиханд. Оё ин ду хабар ба хам пайванде дошта бошанд?

Касе зарарҳои маҳалгароиро баршумурдааст?

Донишманди мо М. Ғиёсов дар шумораи саввуми нашрияи «Ориёно»(17.01.2008) зери унвони «Идеяи миллӣ чист?» хулосаҳои муҳимеро ба миён гузоштааст. Дар яке аз бахшҳои мақолааш вай маҳалгароиро яке аз монеъаҳои сангини ваҳдат ва якпорчагии миллат ва аз падидаҳои мухолиф ба ташаккули Идеяи Миллӣ шумурда, сипас ин гуна шарҳ медиҳад: 

«Маҳалгароӣ дар зоти худ айбе надорад, муҳаббат ба хешу табор ва ҳамшаҳриву ҳаммаҳал як кашиши табиӣ буда, дар дасти инсон нест. Вале дар давлатдорӣ наметавон аз ин меъёрҳо истифода кард, зеро сиёсати маҳалгароёна дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо таваҷҷӯҳи бештар ба минтақаи хос дар тахсиси имконоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра боиси норозигии иҷтимоӣ ва нобоварии мардуми маҳрум мегардад.» 

Суханони хеле сода ва олиҷаноб. Вале оё ҷаноби олияшон «Ориёно» мехонда бошад ва гуше дар кишвар ин садоҳоро мешунида бошад? Рост аст, ки маҳалгароӣ аз сарварони ҳозира сар нашудааст ва таърихи он ба замони шуравӣ бармегардад, аммо сарварони он давра метавонанд, худро «сафед» кунанд, ки Маскав онҳоро ба бозӣ меандохт, сарварони кишвари мустақили имрузаро кӣ бозӣ медиҳад? 

Ин ҳам шояд начандон муҳим аст, зеро гуфтаанд, «дили нохоҳамро узри бисёр». Муҳим ин аст, касоне , ки имруз ин бемориро густаришу тақвият медиҳанд, чи хиёнати бузурге ба ояндаи миллат мекунанд ва касоне, ки ин ҳамаро мебинанду сукут меварзанд, ба ин ҷиноят шариканд. Асари мараз ва сиёсати кунунӣ баъд аз даҳсолаҳо ру хоҳад зад ва он наслҳо моро нахоҳанд бахшид. Афсус, донишмандони мо зарарҳои маразро барои ояндаи миллат якояк барнашумурдаанд, вагарна шояд ҷаноби олияшон низ намехост, ки аберу чабераш ба чунин оянда ру ба ру гарданд.

Аз саратони сармо мемирем

Манзараи хиёбони тобистона ёрони маро нороҳат кард. «Ин акс дар ин сармо гизала кардани мост.» Хунукии сахт монанди саги девона дасту пои моро мегазад. Мардум худро онгуна латтапеч кардаанд, ки худ як туда латтаро ба хотир меоранд. Дигар касе ба зебоии сарулибоси худ намеандешад. Аз миёни латтаву путта чашмони обрав ва нуги сурхгаштаи бинниҳо намудор асту бас…

 Дар аксар мамолике, ки нафаси сарди сармо ба онон расид, сарварон мардумро аз кор озод карданд, аз осеби асафбори сармо ихтор доданд ва пизишкони худро ба ҳифзи тандурустии мардуми хеш сафарбар сохтанд. Онҳо гуфтанд, хубтар аст, дар чунин хаво одамон бе зарурати сахт берун нараванд, зеро бемории хипотермия, ки аз сармо бармеояд, марговар буда метавонад. Гуфтанд, хубтар аст, дар хонаи гарм бишинанд.

Вале мардуми мо чи кунад, ки агар берун сард аст, хонааш аз берун сардтар. Агар берун наравад, нон намеёбад. Касе ба ин мардум фикр намекунад. Мардикорони берун аз ватанро низ хол ин аст, ки ба сармо нигох накарда, онхоро харвор кор мефармоянд. Сарваре ё пизишке ба онон машварат намедихад, ки пусти аз сармо сурху крахтшударо набояд соиш диҳанд, зеро аз ин бадтар мешаванду бехтар на. Хипотермия метавонад, саратони хучайрахоро ба миён орад, ба хоболудагии бадан, худбохтагй, гум кардани хотира сабаб шавад.

15 сол аст, ин миллат хамин гуна ба сар мебарад ва як дустам гуфт, ин низ навъе аз наслкушии точикон ё генотсид аст. Миллат агар аз гуруснагй намурд, аз силу домана ба халокат нарасид, мурдаашро аз Русия наоварданд, дар селу тарма нобуд нагашт, пас дар ин хипотермияе маризи абад хохад шуд ва захираи ирсияшро аз даст дод, ки сарварони кунунияш омода кардаанд. Хонаи худи онон гарм аст, вале сагони девонаи сармое, ки онон сохтаанд, мардумро мегазад. Бо дандонҳои захролуд…