Порсиён дар ҳар сурат пирўзанд

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Ду ҳафтаи ахир анзори ҷаҳониён ҳамагӣ мутаваҷҷеҳи кишвари Ирон буд. Амрикову Англису Фаронсаву куллан тамоми ғарбиён, мушкилоту душвориҳои дохилии хеш аз бўҳрони иқтисодиву ғайраву золикро канор зада, тамоми нерўҳои расонаияшон аз Би-би-сиву Си-эн-эну Фокс-нюзу ғайраро, машғули таҳлилу баррасиҳои вазъи интихоботӣ ва пас аз интихоботии Ирон намуданд, ки гўи шуғле ҷуз Ирону иронӣ надошта бошанд.

Ҳатто кишварҳои арабӣ, ки мардумонаш ҳатто аз алифбои иҷрои интихобот маҳруманд ва ҳазорон сол зери султаи ҳокимоне аз як хонавода ба сар мебаранд, ба худ ин ҷасоратро доданд, ки роҷеъ ба дурустӣ ё нодурустии раванди интихобот дар Ирон, ибрози назар намоянд.

Ҳамаи ин таваҷҷўҳ ба хотири чӣ буд?

Дар ин бора ҳар касе, бо таваҷҷўҳ ба масолеҳ ва манофее, ки дорад, интизоре мушаххас аз натоиҷи ин интихобот дошт. Амрикоиҳо ва куллан ғарбиён, ки бешак масолеҳе барои худ дар Ирон мебинанд, мунтазири ин буданд, ки бубинанд чӣ касе бар маснади риёсати Ирон хоҳад нишаст ва чӣ барномаҳое дар робита бо музокирот перомуни барномаи ҳастаии Ирону машокили Ховари миёна барояшон пешкаш хоҳад кард.

Сардамдорони ҷаҳони араб, ки аз нуфузи камназири Аҳмадинажод дар назди мардумонашон ранҷ мебаранд, даст ба даргоҳи илоҳӣ ёзида, дуо мекарданд, ки Худо ин падидаро аз миён бубарад. Бар хилофи мардумонаш, ки дуо мекарданд то Худо ин падидаро аз нав бар сари қудрат биншонад, то аз шиорҳои ўву пеш кашиданаш масъалаи Ҳолокостро лаззат бубаранд.

Роқими сутур, дар ин масъала, қасд надорад на ба диди ғарбиён ба он бингарад ва на ба диди ҳукумату мардумони Ховари миёна. Ва ҳамчунин коре надорад, ки чӣ касе дар ин интихобот баранда шудааст ва чӣ касе бозанда. Ва низ барои худ ин иҷозаро ҳам намедиҳад, ки бигўяд оё тақаллубе дар он сурат гирифтааст, ё на? Зеро мўътақид аст, ки ин кор, кори худи ирониҳост, ва аз боби “Аҳлул-байт адро би мо фил-байт”, онро ба худашон вомегузорад то худ ҳал кунанд.

Балки мехоҳад ба ҳақиқате ишора намояд, ки аз диди хелеҳо пинҳон аст; ҳақиқате, ки дарки он, марҳуни шинохти амиқи порсиён аст.

Касе ки бо фарҳангу таърихи ирониву порсигўён ошноӣ дорад, медонад, ки ин мардумон, мардумони озодихоҳ, сарбаланд, зулмситез ва аз ҳама муҳим, мустақил ҳастанд. Агар пеш аз зуҳури ислом, ҳукумати подшаҳӣ дошт, подшаҳонаш аз худаш буд, на бегона. Ҳамчунин баъд аз ислом, агар кишваре буд исломӣ, исломӣ буданаш ба сурате буд, ки худ мехост, на ба он сурате ки аъроб барояш мехостанд.

Дар замони пеш аз инқилоби исломӣ низ, ҳарчанд подшаҳоне қавӣ надошт, вале мустақил буданд, на сарсупурдаи бегона. Замоне ки инқилоби исломӣ барпо карданд, худашон хостанд ва ба воситаи раъйпурсӣ онро баргузиданд, на ин ки касе аз берун барояшон онро таҳмил карда бошад. Албатта қишре аз мардумонаш бо ин тарзи ҳукуматдорӣ мувофиқ набуданд, вале аксарият ҳаминро хост.

Ин падида, яъне падидаи истиқлолият ва сарбаландӣ, дар ин интихоботи ахир бештар таҷаллӣ намуд. 85 дар сади ин мардум пои сандуқҳо рафта, раъйи худро доданд. Ҷаҳониён аз ширкати ин теъдод, ки назире дар ҷое дигар надорад, буҳтзада шуданд.

Аммо достон ин ҷо поин напазируфт. Иттифоқе афтод, ки ҳаргиз мо назири онро дар миёни мардумони кишварҳои дигар, ҳатто ғарбиён, ки муддаии демокросӣ ҳастанд, суроғ надорем.

Дар ҷоҳои дигар, вақте интихоботе баргузор мешавад, маъмулан баъд аз эътои раъй, ҳар касе дунболи кори худ меравад ва дигар коре надорад, натоиҷ ба чӣ сурат анҷом хоҳад ёфт. Аммо иронӣ чунин нест. Ў барои раъйи хеш, ҳатто баъд аз иҷрои интихобот, арзиш қоил аст. Ҳозир нест касе бо раъйи ў бозӣ кунад. Ў раъйи худро, номуси худ мешуморад, ки агар эҳсос кунад бо раъйи вай касе бозӣ кардааст, то пои марг, аз раъйи хеш дифоъ мекунад.

Оё сарбаландие болотар аз ин ҷое суроғ дорем? Шояд касоне, аз вақоеии кунунии ҷорӣ дар Ирон, ки мутаассифона хунҳое дар он рехта мешавад, эҳсоси нороҳатӣ кунанд. Аммо чунин нест.

Дарси озодӣ ва истиқлолхоҳие, ки имрўз ирониён барои ҷаҳониён меомўзанд, басе арзхишмандтар аз он аст. Дарсе, ки шояд касоне бо мушоҳидаи он, аз худ ба хиҷолат оянд. Дарсе, ки мегўяд: Инсони озода, касест, ки на фақат мехоҳад барои рақам задани ояндаи кишвараш раъй медиҳад, балки то охирин нафас аз раъйи худ, ки номуси ўст, дифоъ менамояд.

Комёб бошед.

Advertisements

Худкушии вазири пешина?

Мегӯянд, дурӯғ вақте боварбахш аст, ки калон бошад. Дурӯғи майда сабаби шубҳа мешавад.

Собиқ вазири корҳои дохилӣ, Мамадназар Солиев, магар дар кисаи либоси варзишияш таппонча дошт?

Ягон бор нашунидем, ки вай «чапана» ё «чаппа» бошад, ки бо дасти чап аз чаккаи чапи сар худашро парондааст.

Чӣ хел ва аз куҷо таппончаро ба даст гирифт, ки гурӯҳи боздошткунандагон ва оқои Бузмаков инро надидаанд. Магар вай чашмбанд буд?

Сабаб чӣ буд, ки ӯро шабошабакӣ бурда гӯронданд? Собиқ раиси дастгоҳи президентро? Чаро акси захми тир ва хулосаи тиббии кумиссиони мустақили тиббиро нашр накарданд?

Ҳамсояҳояш мегӯянд, вақтҳои охир вай ба варзишу давидан сахт дилбастагӣ нишон медод. Касе ки зиёд варзиш мекунад, шаробро чандон намепазирад. Наход одам варзиш карда ояду арақ хӯрад?

Додситони кулли Тоҷикистон, Бобохон Бобоҷонов, ки боварӣ дорам, пас аз чанде ба истеъфо ки рафт, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз мешавад, мегӯяд, Солиев маст буд ва аз тарс худро паронд.

Одам аз устувории рӯҳ ва ирода худашро мепаронад ва ё аз тарс? Дар мактаб моро ёд медоданд, ки аксарони шӯравӣ дар ҷанг асир наафтам гуфта худро мекуштанд. Бобоҷонов мумкин дар мактаби дигар хондааст.

Вазир ва яке аз шахсони дар гузашта наздики президенти Тоҷикистон худашро кушт ё ӯро куштанд, номаълум мемонад. Монанди захмӣ шудан ё мурдани Ҳасан Асадуллоҳзода. Зеро мақомоти давлат натавонистанд, исбот кунанд, ки Солиев худашро куштааст ва Асадуллоҳзода зиндааст.

Вой бар ҳоли мардикорон!

Шаҳлои Наҷмиддин (шаҳри Душанбе)

Бо тақозои замон, чун дигар мамалакатҳои ҷаҳон дар пойтахти ҷумҳурии мо низ бозорҳои мардикорон таъсис ёфта нафарони қобили меҳнат буда ин ҷо ризқу рӯзиашонро меёбанд.

Дар назди бозори Шоҳмансури пойтахт низ аз саҳарии барвақт то бегоҳ мардҳои синну солашон гуногун рост истода мунтазир меистанд, ки кай шахси пулдоре пайдо мешаваду ба ивази маблаги муайяне онҳоро киро карда мебаранд. Ҳатто гадо душмани гадо гуфтагӣ барин байни мардикорон ҳам рақобат пайдо мешавад.

Барои мушоҳида ба бозори мардикорони назди бозори Шоҳмансур равона гардидам.

-Шумо аз куҷо?

-Аз Фархор, Номам Аҳмад.

-Аз мардикорӣ чӣ қадар маблағ ба даст меоред?

-Эъ хоҳар нагу, ҳамин хел лаҳзаҳое мешавад, ки асп барин меҳнат мекунему вақти ҳисобӣ зада аз дар берун мекунанд. –оҳи сард кашида посух дод мард.

Чавобҳо якхела буданд. Ба либосҳои фақиронаву чеҳраи мағшуши нафарони бо умеди ризку рузиашонро ёфтан омада нигариста ғамгин шудам. Гапи ногуфтании зиёде доранд. Вале…

Ман сари ин мавзуъ гаштанӣ набудам. Агар рўзе зор-зор гиристани марди миёнасоли муйсараш бармаҳал сап-сапедгаштаи ҳамсояамонро намедидам.

Тўли шаш моҳ дар хонаи навтоҷике меҳнат карда хонаи дуошёнаро пурра ба анҷом расонидааст. Соҳиби хона пули калон ба ў ваъда мекунад.

Вале рўзи охирини кор дуғу даранг карда гуфтааст, ки «хурду хурокат аз ҳисоби ман буду боз ман ба ту пул диҳам» гуён уро бо таҳдиду зурӣ бароварда пеш кардааст. Ҳатто фикри дар синну соли падараш будани Солеҳ амакро накарда, уро дашномҳои қабеҳ медиҳад. Солеҳ амак то хона расидан раҳораҳ ба атрофиён заррае аҳамият надода гиря карда меояд.

-Охир ман мақсад доштам, ки ҳаққи ҳалоли меҳнатиамро гирифта хонаамро таъмир мекунам. –алам мекард Солеҳ амак.

-Дар ватани худамон руз надорем, пас чӣ гила аз Русия.

-Боз як масъалаи ташвишовараш ин аст, ки баъзе нозирони андоз омада аз мардикорон андоз талаб мекунанд. Аз 120 нафари пурсидашудагон 100 нафарашон аллакай дар тараддуди ба муҳоҷират рафтананд.

-Дигар дар ин ҷо истодан маънӣ надорад. Ояндаи кўдаконамон чӣ мешавад? Ин аст андешаи ғамолуди як идда мардикорони тоҷик.

Дар хақиқат ояндаи кўдаки тоҷик норавшану тира аст. Боре дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» нафаре мсоҳиба дода гуфта буд: «ояндаи кўдаки тоҷик муҳоҷирати корист,на чизи дигар. Боз агар дар оянда имкони дар Русия кор ёфтан боқӣ монад, ва агар не, пас қазоват танҳо ба Худост».

Аз навтоҷик навтоҷик меруяду аз муҳоҷир муҳоҷир.

Дар Русия «дурагаҳо» аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик мефзояд. Дар баъзе қисмати тоҷикистон бошад аз ҳисоби хитоиҳо «муғулҳо» тавлид меёбанд.

Пас, ояндаи миллати тоҷик чӣ мешуда бошад?

Дар матбуоти Русия бо ифтихор менависанд, ки «таджики чистят Москву». Яъне, ки барои тоҷикон ғайр аз касби «ҳавлирубӣ» дигар коре нест. Ҳатто журналисти рус таъкид кардааст, ки агар аз ҳисоби мардуми муҳочири тоҷик армияи ватани онҳоро ташкил намоянд, онгаҳ метавон як қувваи пуриқтидореро таъсис дод. Чунки бо маоши хеле ночиз барои давлати РУСИЯ тоҷик кор мекунад.

Дар ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ номгуйи кору моҳонаҳои хандаоварро дида кас шарм медорад, ки барои кор ба он ҷой муроҷиат намояд. Охир бо чунин маош зистан дигар ғайриимкон аст.

Мабод, ки фарҳанги бесаводӣ саросари деҳоти кишварро фаро гирад. Онгаҳ ҷомеа ба чанд қисм тақсим мешаваду асрҳои «ғуломдорӣ» аз нав такрор меёбад.

Фардо — интихоботи Точикистон?

Аз раъйдиҳй дар торнигори мо маълум шуд, ки ҳизби аз ҳама машҳуру маҳбуб дар Тоҷикистони имруза — Ҳизби Сотсиал-Демократи Точикистон бо рахбарии Рахматилло Зоиров аст. Ба тарафдорй аз ин ҳизб имрӯз 33 дарсади хонандагони мо омодаанд, ки 61 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон бо хариду фурушхои пасипардагияш бо хукумат охирин резахои обруяшро аз даст додааст, ки ба он омодаанд, имруз танхо 19% (36) нафар раъй диҳанд.

Аз ҳама тааччубовар ин аст, ки ба тарафдорй аз Ҳизби Халқию Демократии Эмомалй Раҳмон 11% ё 20 нафар овоз доданд. Инхо мехоханд, дар Точикистон хеч тагйире руй надихад ва хукумате, ки вазъи мардуму обруи кишварро ба поинтарин сатхи мумкин фуровардааст, коррупсияи худро давом дода гаштан гирад.

Хулоса, натиҷахои раъйдиҳии 187 нафар ба ин суратанд:

ҲСДТ — 33% (61 раъй)
ҲНИТ — 19% (36 раъй)
ҲХДТ — 11% (20 раъй)
ҲКТ — 5% (10 раъй)
ҲИИ — 2% (3 раъй)
ҲСТ — 1% (раъй)

Бо пешниҳоди яке аз хонандагони мо бахши нав илова шуд, ки «Бар зидди хамаи онхо» ном дошт ва дар он 26% (49 нафар) раъйи мусбат доданд, яъне онхо мехоханд бигуянд, ки хеч яке ах ҳизбҳои сиёсии Точикистонро чашми дидан надоранд.

Аз ин 49 нафар ягон кас метавонад, бинависад, ки агар зидди ҳама раъй дихем чи чизе иваз мешавад ва дар он холат рохи начот аз вазъият чист ва оё ин рафтор хиёнат ба тамоми миллат аз тарики бетарафй намешавад?

Ояндаи Тоҷикистон пас аз 15 сол чӣ мешуда бошад?

Шаҳлои Наҷмиддин, шаҳри Душанбе

Оҳ, эй тифлакони масъуми тоҷик,
Баҳри нон, байни иҷтимоъи нопокӣ
Рўзу шаб тоза карда ранг мемолед,
Мўзаи худфурухтагони тарёкӣ….

Аз кор ба хона бармегаштам. Ногаҳон диққатамро навраси тахминан 8-10 солае назди осорхонаи миллии Беҳзод ҷалб намуду ман ба наздаш рафтам.

Наврас боҳавсала мисли филми ҳиндии машҳури «Оворагард» нишаста пойафзолҳои марди хушлибоси галстукдореро тоза мекард. Мард рост истода пойҳояшро бонавбат тарафи ў то тоза карданаш нигоҳ медошт. Ў баъди тоза кардан қаноатмандона ба пойафзолҳояш нигаристу сипас ба кисаҳояш даст бурда як 50 дираммӣ бароварду мисли саг назди писарбача партофта ба роҳаш раҳсипор гардид.

Дар зери борони сахти сард писарак бетоқат шуду аз ҷояш бархест. Фурсатро аз даст надода ба ҷонибаш рафтам.

-Мактаб мехонӣ?

-Ман умуман ба мактаб намеравам.

-Барои чӣ?

-Падарам ба Русия рафта зани рус гирифта моро нигоҳ намекунад. Модарам астма дорад. Ман уро бо се додаракам мехуронаму нигаҳбонӣ менамоям.

-Дар куҷо зиндагӣ доред?

-Дар хобгоҳи 46.

-Ҳар моҳ ҳаққи иҷорапулиашро кӣ месупорад?

-Ман…

-Даромади ҳаррўзаат чӣ қадар аст?

-ҳар хел

-Ба зиндагиатон мерасад?

-Аз куҷо…

-Боз чӣ машғулияте дорӣ?

-Испанд дуд карда гирд-гирди мошинҳо мегардам. Аммо ҳамаашон пул намедиҳанд.

-Пушаймон нестӣ, ки қатори дигар ҳамсолонат ба мактаб намеравӣ?

-Не. Охир бо шиками гушнаву либосҳои саддарбеҳ чӣ хел ба мактаб равам?

Ин писарбачаи хурдсол он чунон боҷуръатона ҳарф мезад, ки касро ба ҳайрат меовард.

Давраи мактабхонии хешро ба хотир овардаму табассум дар лабонам гул зад. Охир он солҳо мо чунон ба воя расидем, ки чӣ будани сахтиро намедонистем. Имрўз чӣ? Кўдакони оворагради тоҷикро ҳар сари қадам дидан мумкин аст.

Бадтаринаш он аст, ки баъзе занҳо аз бепулӣ меноланду вале сар то гуш бо маснуоти заргари худро орову торо медиҳанд. Фарзандонашон аз субҳи солеҳон то нисфишаби дар пеши хонаву кўчаҳо сарсону гушна ҳаёҳуй карда гарданд ҳам, парвое надоранд. Ба ҷойи фарзандро тарбияи дурусту феъли наку додан онҳоро мисли бесоҳиб дар кўча сар медиҳанду боз бегоҳӣ ба хона медароранд. Яъне, ки оворангардон ҳам ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд.

1. Оворагардони маҷбурӣ

2. Оворагардони аз тарбия дур монда.

Онҳоро алоҳида-алоҳида дар мавзеъҳои серодами пойтахт мушоҳида кардан мумкин аст. Бисёртар рў ба дузӣ меоранд. Ҳамин, ки торикӣ доман паҳн намуд, нафарони калонсоле, ки онҳоро «пуштибонӣ» менамоянд, омада пулҳои ғундоштаашонро аз дасташон мегиранд.

Ба онҳо фоизи хеле ками «ҳаққи хизматашон» дода мешавад. Модари рўзи дароз дар хараки руйи бинои истикоматӣ нишаста боре аз фарзандаш намепурсад, ки «куҷо будиву ба чӣ коре машгул шудӣ?». Барои ҳамин ин наврасон бо оворагардони дигар ҳамроҳ шуда аз субҳ то шом ҳаёти пурқиммати хешро ройгон аз даст медиҳанд.

Имрўз шукр аз он, ки ҳоло ҳам дар сохаи ҳаётан муҳими тиб мутахассисони давраи шуравӣ ҳастанду дар кори худ таҷрибаи амиқ доранд. Пас аз 10-15 сол дигар дар соҳаҳои муҳими ҷомеа дарёти мутахассиси босаводу кордон ба гумон аст. Чунки имрўз донишҷуён аллакай одат кардаанд, ки осонакак «имтиҳонҳояшонро» аз устодони бо маош зиндагӣ дошта гиранд.

Бовар дорам, ки агар байни донишҷуёни дар асоси шартномаи пулакӣ дохил шуда озмуну санҷишҳои ҳаққонӣ гузаронанд, ягонатаи онҳо аз ин озмоишҳо нахоҳад гузашт. Охир худ қазоват намоед, имрўзҳо дар факултаи ҳуқуқи ДДМТ ҳатто овозхонҳоро дидан мумкин аст. Соҳаи ҳуқуқ барои миллати тоҷик мисли бозичае гаштааст. Аҳамият диҳед назди прократураву судҳоро. Мошинҳои хориҷии гаронбаҳо қатор истодааст. Магар бо моҳонаи ночизашон баъзе судяву прокурорҳо хонаву мошин харида метавонанд?

Ҳаргиз не? Ва ин барои касе пушида нест.

Кўдак ба ҳукми гул аст. Вале имрўз бачаи тоҷики хонаводаи миёнаҳолу камбизоат магар аз ғизои солим баҳравар аст. Боз, не, чункӣ дар чунин шароити басо душвор мардум ба воҳима фитода боварӣ надоранд, ки то тобистон зиндагӣ намоянд.

Дар ҷумҳурӣ мебояд барномаи махсуси давлатиро ифтитоҳ намуд, то оворагардони наврасу душвортарбияро дар таҳти сарпарастии хеш гирифта аққалан бо касбомўзӣ онҳоро ҷалб намоянд. Охир ояндаи ҷомеа аз ҷавонон вобаста аст.

Агар фардо интихобот мебуд…

Сар аз имруз ҳар чанд гоҳ мехоҳем, назари хонандагони сомонаро озмоиш кунем, зеро интихобот бо гузашти ҳар руз наздиктар мешавад. Лутфан, чанд сония вақти худро сарф кунед ва ба ин саволҳо посух диҳед. Аз пеш сипосгузорем!

Бечорагии сомонӣ ва парвози нархунаво

Аҳмади ИБРОҲИМ «Фараж» №22 04.06.09.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳама мушкилоти молии дунё дар Тоҷикистон ба маротиб шадидтар мешавад. Ин ҳам натиҷаи фаъолияти пурсамари баъзе соҳибкорони ҳамин кишвар аст, ки зери шиори «гӯр сузаду дег ҷӯшад» амал мекунанд.

Барои ин тоифа мафҳумҳои инсоф, имон, ватан ва миллат танҳо баъди манфиати шахсӣ вуҷуд дорад. Агар ҳамаи соҳибкорони дунё бар асари бӯҳрони шаддиди молиявӣ зарари ҳангуфт дида бошанд, соҳибкорони мо аз ин бадбахтии умумибашарӣ суд меҷӯянд.

Бо 1% баланд шудани нархҳо дар бозори умумиҷаҳонй нархи бозорҳои Тоҷикистон 5 дарсад боло меравад. Яъне фоида аз фурӯш 3 ва беш аз он баробар меафзояд. Оҳу войро бошад бебаркаш, балки бештар аз зарардидагон сар медиҳанд. Ҳатто мардум ба ҷои раҳми худро хӯрдан раҳми онҳоро мехӯранд.

Ҳамин тавр, болоравии қурби доллар дар қиболи асъори кишвари мо, алалхусус дар моҳи май, ончунон барқосо сурат гирифт, ки дар ҳеҷ давру замон асъори ҳеҷ мамлакате ба чунин бадбахтӣ гирифтор нашуда буд. Ин нишондиҳанда аз 340 сомонӣ барои 100 доллар, то 500 сомонӣ боло рафтааст, яъне 160 сомонӣ!!!

Мусаллам аст, ки аз ҳамаи мамолики дигар дида Тоҷикистон дар риштаи иқтисодӣ бо Русия робитаи бештар дорад. Ин маънои онро дорад, ки нархи бозор, аз ҷумла қурби доллар дар бозори мо ба Русия иртиботи зиёд дорад, чунки соҳибкорони мо ҳамаи маводро аз Русия бо доллар харидорӣ мекунанд. Акнун ба хотири қиёс ҷадвали болоравии қурби долларро дар қиболи рубли русӣ оварда мебинем, ки гурӯҳи соҳибкорони тоҷик чӣ миқдор фоида ба даст овардаанд:

  • 1 май-1 доллар=32,9 рубл
  • 11 май-1 доллар=32,5рубл
  • 20 май- 1_долла=31,9 рубл
  • 26-май- 1 долла =31 рубл
  • 27 май- 1 доллар=31,1 рубл.

Таи 5 моҳи ахир бошад нархҳо дар Руссия ҳамагӣ 7,5 % боло рафтаанд. Ин дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ин нишондод ба 25-30% мерасад. Беқурбшавии рубл бошад ҳамагӣ 0,7% ташкил медиҳад.

Қурби асъори тоҷик бошад дар ҳамин моҳи май аз 34 сомонӣ барои як доллар то ба 50 сомонӣ боло рафтааст. Бонки Миллӣ, ба назар мерасад дар қиболи беқурбшавии асъори миллӣ такрибан амалеро ба анҷом намерасонад. Ин дар ҳоле, ки дар хазинаи бонк микдори зиёди тилло, маҳз бо ҳамин мақсад нигоҳ дошта мешавад.

Ба иттилои як коршиноси соҳа 50 % беқурбшавии асъори миллӣ, тавассути чанд тоҷир ва ҳомиёни болоии онҳо қасдан сурат мегирад. Дар натиҷа ашёи барои ин миллат стратегӣ, яъне орд аз 80 сомонии моҳи апрел то ба 105 сомонӣ боло рафтааст ва то ҳанӯз боло рафтан дорад. Ҳамакнун бар асари болоравии қурби доллар дар бозори тоҷик нархи ҳамагуна маҳсулот бамаротиб боло рафтааст.

Ин маънои онро дорад, ки умури бозор ба думбол иқтисодиёт, ки нишондиҳандаи асосии давлатдорй аст пурра дар дасти соҳиби доллар, ки Амрико аст, қарор дорад! Амрико таҳти фишори бӯҳрони молиявии умумиҷаҳонӣ, дар ҳоли ғарқшавӣ, тавассути доллар аз гиребони ҳатто мамолики кӯчаке чун Тоҷикистон медорад. Аз инҷо фалсафаи ба истилоҳ «помош»-ҳои Амрикоро дарёфт кардан мушкил нест. Ягона мамлакате, ки мазаррати долларро камтар аз дигарон эҳсос мекунад Ирон аст. Чунки муомилаи доллар дар дохили мамлакат мамнӯъ эълом шудааст.

Пас чаро Тоҷикистон наметавонад доллари амрикоиро аз муомилоти дохилӣ бардорад. Яъне агар доллар дошта бошй марҳамат дар бонк бо пули миллӣ иваз карда, истифода бар. Шикасти ин қоида бояд муҷозоти сангин шавад. Чун балоҳои ба сари миллат омадаро қиёс мекунӣ ҳамаи мушкилоти дигарро ба морчаҳо нисбат диҳӣ, балои доллар мисли аждаҳост.

Нишондиҳандаи дигари некӯаҳволии мардум паст будани нархи сӯзишвории мошин аст. Мутаассифона дар ин ҷода низ ҷои ифтихор надорем. Лаппишҳои нарх дар дохили мамлакат шоҳиди ҳоланд, ки пушти нархи маҳсулоти нафтӣ низ мушти пурзӯре истодааст. Дар бозори ҷаҳонй моҳи май нархи нафт ҳамагй 0,78 доллар боло рафтааст. Ин дар Тоҷикистон барои киссаи мардум 90 дирам барои як литр бензин зарар овард ва боз боло рафта истодааст. Ҳамакнун нархи 1 литр бензин баробари 3 сомонию 50 дирам шуд.