Ҳ. Табаров: «Ӯзбекистон Кӯлобро кӯмак кард»

Хуршеди ҲАМДАМ «Начот» №29 22.07.2010

Ба ҷои муъаррифи: Ахиран, китоби Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзӣ бо номи «То мард сухан нагуфта бошад», мунташир шуд.

Дар ин китоб хотираҳо ва ёддоштҳои муаллиф, аз ҷумла дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳ.Табаров, раёсати баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии вақтро дар моҳи ноябри соли 1992 бар ӯҳда дошт. Иҷлосияе, ки боиси сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуд. Дар гуфтугӯе, ки ҷаноби Табаров бо радиои «Озодӣ» дошт, нахуст аз сафари вакилони мардумии минтақаи Кӯлоб ба иҷлосияи Хуҷанд ёдоварӣ кард.

Continue reading

Дарвозахои зулм

Азизи НАКИБЗОД «Озодагон» №27 14.07.2010

М а с ъ у л и  д а с т  б а  к и с а и  м а р д у м  з а д а н и IRS к и с т?

Беш аз се мох аст, ки ширкати IRS даррохи Душанбе-Чанак дарвозахое сохтаву аз рохгузарон чабран пул гун мекунад. Барои масъулини ин ширкат хеч ахамият надорад, ки рохгузар еваю бечора аст ё камбизоат, нафакахур аст ё маъюб. Чаноза меравад ё беморхона, бемор аст ё ранчур, хар ки бошад хатман бояд «хакки» ин ширкатро бидихад.

Continue reading

Точикистон дар остонаи ошубу балвост

Кишвари чоночони моро рузхои сахте дар пеш аст, зеро хукумати ноухдабаро ва фасодзадаи он тамоми корро кардааст, ки мардумро ба ин дарача расонад. Шуриш метавонад бо хар бахонае сар занад ва хамзамон зери хар гуна парчаме чараён гирад, аммо заминахои онро касе ба гайр аз худи ин хукумат омода накардааст.

Онхое ки сигнали шуруъи балворо медиханд ва дар идома аз ошубгарон  химоят мекунанд, мумкин аз хоричи мамлакат бошанд ва ашхос ё давлатхое буда бошанд, аммо ин дасти беруна танхо хамири расидаро ба танур хохад зад, дигар хеч. Аз шароите ки ин давлатдорон сохтаанд хар неру кобил аст, истифода кунад. Continue reading

Доктор РАВОКИ: Мардуми Самарканду Бухоро дар тангнои фикрию забониянд

Шохмансури ШОХМИРЗО – «Озодагон» №26 07.07.2010

Фархангу тамаддуни форсизабонони Осиёи Миёна хамеша дар маркази таваччухи мухаккикону донишмандоне дар хорич аз ин минтака будааст, ки эй басо бо пажухишу ковишхои мондагор дар ин замина бӯстони адабро ганитару пӯётар кардаанд ва барои хамватанони худ дурдонахои ноёбро аз конхои маърифати хамзабонон ҷуста ёфта ва пешкаши ахли адаб намудаанд.

Доктор Алии Равокӣ аз зумраи хамин мухаккикони мудашк аст, ки умри гаронмояро дар хамин арса ба харҷ додааст. Continue reading

Вирҷиния ҷазир(бод)-и тоҷикон шуд?

Ширкатҳои офшории «Талко – менеҷмент», «Талко – сервис» ва IRS, ки дар ин ҷазираҳо сабти ном шудаанд, чаро фаъолияти «пасипардагӣ» ё ношаффофро интихоб кардаанд?

СБП хостори аудити «Талко – менеҷмент»

Масъулини Сандуқи байналмилалии пул хостори аудити ширкати «Талко – менеҷмент» шудаанд. Гуфта мешавад, ин ширкат бо корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, дар минтақаи офшории ҷазираҳои Вирҷиния ҳамчун ширкати хусусӣ сабти ном шудааст ва ба фурӯши маҳсулоти корхонаи алюминийи тоҷик машғул аст.

Continue reading