Мактуби махфии Сафири Амрико дар бораи Хамрохон Зарифй

Тарчимаи русии як номаи Сафири Амрико дар Точикистон Ричорд Хогленд ки ба дасти сайти Викиликс расидааст:

S E C R E T DUSHANBE 001702 SIPDIS STATE FOR EUR/CACEN, SA, DRL, EB NSC FOR MERKEL E.O. 12958: DECL: 10/20/2015 TAGS: PGOV, PREL, PINR, KDEM, RS, TI SUBJECT: ТАЖДИКИСТАН: ПОСОЛ ЗАРИПОВ СОВЕТУЕТ НЕ ПОДДАВАТЬСЯ НА РОССИЙСКИЕ ПРОВОКАЦИИ REF: A) DUSHANBE 1696 B) FBIS CEP2005101927067 C) DUSHANBE 1681 CLASSIFIED BY: Richard E. Hoagland, Ambassador, EXEC, Embassy Dushanbe. REASON: 1.4 (b), (d)

Continue reading

Ман ҷонибдори истиқлолам, кй мухолиф аст?

Турко ДИКАЕВ, «Миллат» №50 15.12.2010

Ҳама тибқи қоида аст (ҳатто агар ин қоидаи нопоке бошад). Яъне ҳамла тавассути расонаҳои хабарӣ дар мавриди он, ки марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ба роҳгузаре мубаддал гаштааст.

Гӯё Тоҷикистон пурра фалаҷ шудаву дар ояндаи наздик бояд номи он ба Толибистон иваз шавад. Аммо дунболи кафан давидани мо маълум гардид, ки ҳоло ба ин зарурат нест.

Гӯё русҳо марзи моро чунон маҳкам мекунанд, ки ягон муш онро убур карда наметавонад ва мо зиндагии хушбахтонаи худро шурӯъ хоҳем кард. Ҳамин тариқ, мо оғӯши худро ба бародари калони худ боз мекунему ба ихтиёраш як қисми қаламрави худро месупорем? Continue reading

Фирори рушанфикрон аз таассуби динист

Эхсони Шариф, чомеашинос

Шоири шинохтаи точик Бозор Собир дар хамин рузхо дар Точикистон карор дорад, вале новобаста аз хохиши мухлисону хаводорони шеъраш дар Ватан бозистодани нест. Тайи ин рузхо хафтаномае нест, ки бе мусохиба бо у, ё бидуни ишорае дар бораи вай нашр гардад.

Дар аксарияти онхо, Бозор Собир дар баробари интикоди шадиди нокисихои иктисоди-ичтимоии кишвар, оиди густариши то хадди ифрот расидаи таассуби дини дар чомеаи точик такрор ба такрор харф мезанад. Албатта, барои як шахсияти рушанфикри озодандеш, ки баъди чандин соли хичрат ба Ватани худ баргаштааст, дидану пазируфтани чомеаи точик дар шакли имрузааш хеле мушкил афтодааст. Continue reading

350 доллар — нархи ҷасади тоҷик?

Баҳриддини АЛИЕВ «Нигох» №37 01.12.2010

Марзбонони узбак барои баргардонидани ҷасади тоҷике, ки худашон куштанд, бешармона берун аз «ставка» маблағ талаб намуданд.

Агар тоҷиконро касе «халқи бетолеъ» унвон барад, инкор намекунам, он ҳам танҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ бо узбакистонӣ. Чандсол пеш чунин андешае ҳаргиз ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад. Ҳатто вақте фаҳмидам, бузургони моро ба монанди Абӯалӣ ибни Сино аз худ намуда, модараш Ситораро Юлдуз ном ниҳодаанд, ҳатто вақте шаҳрҳои қадимтарини Самарқанду Бухороро худхоҳона аз худ намуда, иддаи зиёде аз равшанфикрони моро «душмани халқ» эълом намуда, аз байн бурданд ва ҳатто чанд сол қабл бо мақсади таҳқири мардуми тоҷик барномаи густохонаеро бо номи «Лаънати Темурланг» тавассути шабакаҳои русй гаштаю баргашта намоиш дода, ба иззати нафсамон мерасиданд, ба ин андоза аз ҳамсоягӣ бо ӯзбакҳо дар таассуф набудам. Continue reading