Зинда бошӣ, Маэстро Далери Назар!

Худро ба ҳар сӯ мезанам, то як чиптае пайдо кунам ва то 9 ноябр худро ба Маскав бирасонам. Зеро дар ин рӯз дар Маскав консерти Далери Назар мешавад. Чунин имкони нодирро набояд аз даст дод. Бовар дорам, ки ҳазорон нафар аз тоҷикон барои таронаҳои зебои ӯ ҷамъ хоҳанд шуд.

Имрӯз мо овозхонони зиёде дорем. Аксари онҳо хубанд, аммо ҷои Далери Назар ҷудост ва ҳанӯз касе ба пойгоҳи ҳунари волои ӯ наздик наомадааст. Вай солҳост, дар Тоҷикистон ба сар намебарад, аммо зиёд ба Душанбе сафар мекунад ва мегӯяд, лаҳзае набудааст, ки вай худро дур ё ҷудо аз Тоҷикистон ҳис карда бошад. Куҷое ки бошад, зинда бошад ва садояш дар ватан поянда!

Консерти Маскав оғози як раванди нав аст, ки марзҳои ҷуғрофиёии моро як сӯ мегузорад ва марзҳои фарҳангии моро ба саросари ҷаҳон паҳн мекунад. Дар ҷаҳони имрӯз бояд ба умеди марзҳои ҷуғрофиёӣ набуд ва қаламрави фарҳангу забону ҳунари худро ба ҳар чаҳор самт густариш дод. Дареғо, ки дар ҳамаи ҷаҳон аз чунин талошҳо ва афроде монанди Далери Назар ҳукуматҳо ҳимоят мекунанд ва агар ҳукуматҳо лода буданд, мардумон мадад мерасонанд. Дареғо, ки Далери Назар танҳост, ҳарчанд ба ин танҳоӣ ва беҳимоятӣ низ кори бузург ва мондагоре анҷом медиҳад.

Зодрӯзи ашколуд ва айнакии Фаррухи Қосим

Фаррухи Қосим

Фаррухи Қосим

Дар Тоҷикистон 60-солагии коргардон ва ҳунарпешаи нобиға Фаррухи Қосим орому хомӯш таҷлил шуд. Баландтарин мансабдори давлат, ки ин зодрӯз ширкат кард, муъовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашн ширкат накард, дар ҳоле ки шоҳзодаи Ҳолланд гуфта буд, орзу дорад, дар зодрӯзи Фаррухи Қосими тоҷикон нӯшбод бигӯяд. Вай дар ҳеҷ яке аз зодрӯзҳо набуд, аммо чанд сол пеш, дар сахттарин давраҳои зиндагии оилаи қосимовҳо беҳтарин ҳадияи худро ба онҳо расонд — ҷоизае баробар ба 25 ҳазор юро, ки номи Фаррухро дар паҳлуи номи яке аз бузургтарин шоъирони замони мо — чакомагӯйи фаластинӣ — Маҳмуди Дарвеш қарор дод. Бо ин вай Фаррухро шоъири тиётури ҷаҳонӣ номид. Имсол Маҳмуди Дарвеш фавтид. Аммо Фаррухи Қосим зинда аст, вале подшоҳи «зиндабагӯрон».

Муъовини вазир бо кӯрак заданҳои зиёд илоҷе кардаву матни хушку холӣ ва самимияти коғазиро аз саҳна хонд, бо виқори тамом ба суханони дарунхолии худ қарсак зад, ба толор фуромад ва баъд аз 10-15 дақиқаи дигар, оҳиста толорро тарк кард. Шояд ин нишаст барояш ҷолиб набуд ва ё кори аз муҳимтаре дошт. Хушбахтона, касе ба ӯ эътибор надод, зеро вақте Фаррух Қосими нимаҷон ва маълулро дар курсии чархдор ба саҳна оварданд, беихтиёр аз чашми ҳамагон ашк ҷорӣ шуд ва мардум ба сарнавишти яке аз бузургтарин актёрону коргардонҳои тиётури тоҷик меандешиду чашми касе диагаронро намедид.

Ҳунарманди тоҷикро, ки русҳо ба Чехову Мейерхолд ва эрониҳо ба Мавлонои тиётур ташбеҳ додаанд, мардум бо акши чашм, аммо эҳтироми беинтиҳо пешвоз гирифт. Дар толор аммо инсонҳои нек ва наҷиб ҷамъ омада буданд ва ин як маҷлиси унс буд, то ҷамъомади давлатӣ. Шубҳаовар буд, ки барои чунин ҷашни наҷиб на тиётури ба номи Лоҳутӣ вақту фурсат дошт ва на толори тиётури ба номи Айнӣ имконият фароҳам овард, балки тиётури ба номи Владимир Маяковский.

Локин муҳимтарин меҳмон дар ин маҳфил ҳамоно ҳаводори сарсахти дастаи миллии «Помир» буд, ки ягон бозии он дар варзишгоҳи Душанбе бе нахустин гулдаста ва аввалин ҳуштаки доварии ӯ оғоз намеёфт. Вай ноаён омад ва дар қатори охир нишаст ва ҳамонгуна ноаён рафт. Зоҳиран чи пайванде миёни тиётури то ҳанӯз саргардони «Аҳорун» ва дастаи таърихии «Помир»-и Душанбе? Шояд ин ки ҳарду барои миллат ба саҳна мебаромаданд, на барои худнамоӣ?

Чашмҳои мухлиси қадимӣ хираву обравон шудаанд ва аз паси айнакҳои пурбиншиша ҳам вай шояд на саҳнаро медид ва на Фаррухро ва шояд чашмони Фаррух ҳам на толорро медиданд ва на ин ҳаводорро. Вале ба назари ман ин ду шахс бо меҳри бузург маҳз ба ҳамдигар менигаристанд ва дар паси шишаҳои ғафси айнак ашки чашмони онҳо медурахшид.

Оё ба ғайр аз чашмони ман чашмоне ҳам буданд, ки ин ҳамаро бубинанд?

Каромат Шарипов — ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Каромат Шарипов

Каромат Шарипов

Ҳодисаи ҳайратовар! Аввалин бор тоҷикон дар Русия аз сари минбар ва бо овози баланд миллати аврпуоинажод, сафедпӯст ва баробар бо русҳо номида шуданд. Дар додгоҳи ноҳияи Ховани вилояти Владимир адвокате гуфт, ки тоҷикон ҳам монанди мо славян мебошанд ва сафедпӯстанд, яъне ба тамоми маънӣ бо мо баробаранд ва дар давраи шӯравӣ бародарони мо ба шумор мерафтанд, бинобар ин куштани тоҷикон ё задани онҳо маънои нажодпарастӣ ё миллатчигиро надорад.

Вакили дифоъ ин нуктаҳоро барои он гуфт, ки ду сартарошидаи одамхор — Зуев ва Мартсинкевичро аз ҷазо озод кунад. Вай кӯшид, ки ин «буққаҳо» на ба ангехтани нафрати миллӣ, балки ба авбошӣ айбдор шаванд ва ҷазои хурдтар бигиранд. Лекин фаромӯш кард, ки сартарошидаҳо бачаҳои тоҷикро бо нидоҳои «чурка», «хачики», «черние», «нечистъ» то куштан латукӯб кардаанд.

Дар шаҳраки Покрови вилояти Владимир чандин нафар аз чунин хоназӯрони майдонғариб ду навраси тоҷикро, ки ба қаҳвахона даромадаанд, то ноне бихӯранд, аз сари хӯрокашон бардошта, берун баровардаанд ва миёна гирифта, латукӯб кардаанд. Яке аз онҳо худро раҳо карда, то милисахона давидааст, то «муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ»-ро ба кӯмак хонад. Милиса чӣ кардааст? Ин наврасро ба ҳабс гирифта, аз ҳама гуна имкони кӯмаки тиббӣ маҳрум кардааст. Субҳи он рӯз аз назди қаҳвахонаи «Табор» ҷасади навраси дуюм дарёфт шудааст. Ҳол он ки агар милисаҳо инсон мебуданд, метавонистанд, ҷони ин наврасро наҷот диҳанд. Идомаи ҳодиса — навраси захмин, аммо зиндамондаи тоҷикро боз милисаҳо латукӯб карда, аз болои вай парвандаи «авбошӣ» боз намуданд ва ду дафъа ба додгоҳ бурданд, бе он ки барояш адвокат диҳанд ё ин ки ёрии тиббӣ расонанд. Барои ӯ тарҷумон ҳам дода нашуд ва вай намедонад, чаро 6 шабонарӯзро дар маҳбас ба сар бурд.

Торнамои Муҳоҷирони тоҷик дар Русия достонҳои талхи зиёдеро намуна овардааст, ки вазъи ваҳшатбори тоҷиконро дар ин кишвар нишон медиҳанд. Ин наврасро бунёдгузори Тоҷикдиаспора — Каромат Шарипов наҷот надодааст. Созмони ӯ то ба кор сар кардани Абдулмаҷид Достиев ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия ва таъсиси созмони алтернативии Иттиҳоди тоҷикистониҳо низ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекард, аммо дар назди ҳукуматдорони Русия мақоми баландтаре дошт. Созмони наве, ки бо кӯшишҳои Достиев таъсис ёфт, дар ивази кӯмак Шариповро дар назди мақомоти Русия беэътибор кардааст ва дар айни замон худ ҳам барои ҳимояи тоҷикон дар Русия коре намекунад. Ҳар сафири дигаре аз чунин ёвароне монанди Шарипов ва сомзони ӯ мебоист тоқияшро ба осмон мепартофт.

Дар торнамои Каромат бахшҳои наве боз шудаанд. Аз ҷумла вай ба воситаи интернет ба муҳоҷирон ҷойҳои кори қонунӣ ва пуштибонии ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад, гумшудагонро меҷӯяд, радиои муҳоҷиронро таъсис додааст ва барои онҳо мусиқии тоҷикӣ пешкаш мекунад, то ватани азизро фаромӯш накунанд. Тавре дар торнамо навишта шудааст, вай кӯшиш кардааст, равобиташро бо созмони дуюм ва Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба роҳ монад ва гузаштаро фаромӯш карда, барои оянда ҳамкорӣ кунад. Аммо сафорат на ӯ ва на сомзони ӯро эътироф намекунад.

(Натиҷаҳои назарсанҷӣ: Ба кадоме аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бовар доред? Посухҳо — 38% ба Созмони Каромат Шарипов, 9% ба Иттиҳоди тоҷикистониҳо дар Русия, 53% — ба ҳеҷ яке.)

Ояндаи ин кишварро кӣ медуздад?

Агар дар Тоҷикистон ҷоизаи Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ мавҷуд мебуд, доварони одил онро ба Размия Мирзобекова ва Манижа Қурбонова медоданд. Барои мақолаи олиҷаноби онҳо дар бораи вазъи мактабҳои Тоҷикистон, ки дар шумораи ахири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ба табъ расид.

Ман тақрибан ҳамаи нашрияҳои кишварро солҳост, ки мехонам ва ҳаргиз чунин пажӯҳиши нишонрасу комилро дучор нашудаам. Матлаби навиштаи Рамзия ва Манижа хеле сода, аз таҷлили бесарусадои Рӯзи Омӯзгор шурӯъ мешавад ва ҳамин гуна содаву ором мушкилоти имрӯзаи мактабу маъорифи Тоҷикистонро якояк ба таҳқиқ мекашад. Дар он ҳеҷ ҳарфу вожаи беҳуда ё зиёдатӣ нест, аммо миёни сатрҳояш бисёр ҳақиқатҳои талхе гуфта шудаанд, ки бо хонда баромадани мақола дар дили одам ғами вазнин ва дар чашми кас ашк медамад. Аёнан муаллимони бечора ва шиму куртаи дарбеҳзадаи онҳо, талабаҳои бекитоб ва бақалам, мактабҳои фурӯафтода ва сард дар пеши назар ҳувайдо мешаванд.

Агар замоне омӯзгорӣ пешаи пуршараф буду муаллимон мавриди эҳтироми ҷамъият, ҳоло касе, ҳатто онҳое, ки дар донишкадаҳои омӯзгорӣ солҳо таҳсил мекунанду дипломи омӯзгорӣ мегиранд, намехоҳанд ба кори мактаб раванд. Ҷои холии педагогҳоро демагогҳо ва ашхоси тасодуфӣ пур кардааст. Зеро муаллимӣ акнун яке аз пасттарин ва камдаромадтарин пешаҳост. Касе омӯзгорро ҳурмат намекунад. Қашшоқтарин мардумро имрӯз «муаллим»- гуён хитоб мекунанд. Мудири мактабе ба либоси шогирдаш эрод гирифтааст, падари талаба ин омӯзгорро таъна зада, ки аввал худ як либоси дурусте бипӯш, баъд ба дигарон эрод бигир. Рамзия ва Манижа нанавиштаанд, ки ин маъниро падари талаба ҳамроҳ бо номбар кардани кадом узвҳои бадани инсон ба забон оварда бошад ё муште ба рӯйи омӯзгор зада бошад, аммо шумо худ ҳамаашро ҳис ва тасаввур мекунед.

Онҳо чӣ қадар пуч будани даъвоҳои болохонадорро, ки «мо маъоши муаллимонро зиёд кардем» гуфта даҳон медаронанд, фош кардаанд. Маъош на, балки ҳаққи ставкаҳо зиёд шуда, ҳамзамон худи ставкаҳо ҳам дигар карда шудаанд. Яке аз омӯзгорон мегӯяд, акнун ду ставка кор карда, пулеро мегирад, ки пеш барои якуним ставка мегирифт. Аз суи дигар таваррум ҳамин пулро ҳам ба хоки сиёҳ табдил медиҳад. Ин аст сабаби асосии он ки касе намехоҳад, омӯзгор бишавад.

Қариб 30 ҳазор талабаи мактаб дар хонаҳои шахсӣ ва вагончикҳо дарс мехонанд. Дар як синф ба ҷои 25 талаба то 60 нафар «таҳсил» мекунад. Дарс дар баъзе мактабҳо 4 смена ҳам мешавад. Баъзе мактабҳо 75 сол пеш сохта шудаанд ва мумкин аст, ки дар ин заминларзаҳо ба сари муаллиму хонандагон фурӯ бираванд. Ин — дар посух ба эълонҳои он ки ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир даҳҳо мактаби нав сохта ба истифода додааст ва дар ифтитоҳи баъзеи онҳо худи Чооболӣ ширкат карда, ленточкаи дасти академики ҳамнасабу ҳамдеҳаашро буридааст. Кош ангуштони худу ҳамдеҳаашро мебурид! Он гоҳ шояд касе ба суханони вай бовар мекард.

Дар тартиб додани барномаҳои таҳсил ва нашри китобҳои дарсӣ чунон бесарусомониҳое будааст, ки на муаллим медонад, чӣ дарсе бидиҳад ва на вазорат медонад, чӣ чизе талаб кунад. Китобҳои дарсӣ аз қарни гузашта мондаанд ва ҳамонҳо ҳам ба ҳама намерасанд. Пасту баланд шудани шиддати барқ ва омаду рафти ногаҳонии он аксари кулли компютерҳоеро, ки Чооболӣ ба мактабҳо тақдим кардааст, аз кор баровардаанд. Бебарқӣ ва пахтачинй кӯдаконро аз хондан дур кардааст… Хулоса, дар мактабҳои вайрону хароба, аз рӯи китобҳои ақибуфтода одамони бемаълумоти розӣ ба музди кам бо дили сард ба кӯдакони аз бебарқӣ хоболуду аз хунукӣ яхзадаву аз пахтачинӣ хасташуда илм омӯхтанӣ мешаванд. Ин аст манзара. Пас оё метавон гуфт, агар ин раҳбару ин ҳукумат гузаштаи ин миллатро ба хоку хун заданд, имрӯзаи ин миллатро ба фиребу найранг омехтаанд, дар ғами ояндаи ин миллат мебошанд? Магар ҳамин кӯдакон ояндаи ин миллат нестанд?

Вазорати хориҷа садо баланд кард

Бояд ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва яке аз нависандагони «Андеша» — Ботур Қосимиро табрик гуфт, ки пас аз масъалагузории онҳо, вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, вазораташ ба Русия номаи эътироз фиристодааст.

Асли матлабро метавонед бори дигар дар ин навиштаи Қосимии азиз пайдо намоед. Вале ҳамзамон метавонед, дар ин ройдиҳӣ низ саҳм бигиред.

(Натиҷаҳои пурсиш: Сафоратхонаҳои Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳангоми мушкилоти онҳо кӯмак мекунанд? — Оре, онҳо ба мо мадад мерасонанд (13%). На, сафоратҳо ба кас эътибор намедиҳанд (69%). Бархе аз сафирон ғамхори шаврвандонанд (15%). Онҳо моро одам ҳисоб намекунанд (3%).

Паёме ба ҳаммиллатон бо ҳадафи миллӣ

Мӯҳсини Ҷаббориён

Мардуми тоҷик пода нест. Издиҳоми фишорхӯрдаест, ки соҳибу сарвар надорад. Халқест, ки ӯро ҳама фурӯхтаанд. Русҳову амрикоиҳо, чиниҳову эрониҳо кайҳост, ки тоҷиконро ба як пули пуч, як таъзими то миён ва ё як фикоҳии ЭШР фурӯхтаанд.

Сиёсатбозони тоҷик, вакилону сафирон, силоҳдорону бесилоҳон, диндорону бединони кишвар низ ин халқро ба боди фано сар додаанд, зеро дар ғами фақат худанд. Рӯзноманигорони тоҷик худро ба як лабханди имоме, ки дар умраш намозе нагузоштааст, фурӯхтаанд. Адибони тоҷик аз таъбири «бисмиллоҳ» фақат ба «раҳмон»-аш имон овардаанд ва аз ӯ мисли худо парастиш кардаву раҳм мехоҳанд. Агар халқро пода кардаву ба дасти подабон додаанд, инҳо кардаанд, ки дар сафи пеши пода мераванд.

Пас рӯ биёварем ба мардуми тоҷик бо ин паём ва ҳадафи миллӣ:

Биё, ки якдилу якрангу якзабон бошем,
Барои ваҳдати ин қавм ҷонфишон бошем.
Биё, ки заҳмати мӯре ба амд напсандем,
Қарини меҳру мурувват ба ҳамгинон бошем.

Биё, ки мамлакат аз мо вифоқ металабад.
Биё, ки муттафиқу шоду тавъамон бошем.
Нифоқро нагузорем по ниҳад ба миён,
Зи макру ҳиллаи айём дар амон бошем.

Биё, ки хоину бадхоҳу муртаҷеъ нашавем,
Ба дӯстони ватандор меҳрбон бошем.
Биё, ки гулшани ағёр дӯзахи ҷон аст.
Замини худ биситоему осмон бошем.

Биё, ки маҳбаси миҳан зи хулди ғайр хуш аст,
Биё, ки ошиқи ин марзи бостон бошем.
Биё, ки ҷон ба раҳи халқи худ нисор кунем,
Биё, ки зинда ба таърих ҷовидон бошем!

Посухҳои бемантиқи салафй

Мухаммадфаррухи Абдуллозода (Бознашр аз «Фараж»)

Мусоҳибаи Зарангези Наврӯзшоҳро, ки дар ҳафтавори «Фараж» «аз 2 – октябри соли 2008 40 (94) бо роҳбари салафиён ба табъ расида буд, мутолиа намуда, зарур донистам, ки ҷавобе иншо кунам. Албатта, дар он ягон масьалаи илмй нест ва зиёда аз он ягон ҷавоби мантиқӣ ҳамайри чавоби хаштум) дар он дида намешавад, ки мавриди бахс каpop дихем. Бо вучуди ин хос­там, аз дидаву шунидахоям, ба хонандагони доимии хафтавор нави­сам.

Мухаммади Рахматулло дар чавоби саволи аввал мегуяд: «Мо дар акида бо мардуми Точикистон ягон мухолифат надорем». Мухаммади дар акида натанхо ба мардуми Точикистон, балки бо тамоми мусалмонони руи олам ихтилоф дорад. Ба ки маълум нест, ки ин гурухи навкида масъалаи «истифо бар ариё»ро дар миёни мусулмонон пахн карда дар масчидхо  бо мавъизахои худ мардумро хотирпарешон карда, дар хайрат меандозанд. Дар назди мардуме, ки аз фароизи худованд, яъне руза, намоз, закот ва гайра чандон огох, нестанд, аз сифатхои Худованд бахс меку­нанд. Олимон низ аз ин набояд мась­алаи акидаро, ки аз чумлаи мушобиха хастанд, ба мардуми авом то ин ҳад ба бахс оранд. Мо ба ин масъалахо имон дорем, мафхумаш ба Худо маълум аст.

Аз хазрати Имом Малик шахсе 6а масчид даромада, мепурсад: «Истифо бар арш», ки дар оят омадааст, чи маъни дорад? Имом сарашро боло карда, мегуяд:

Маънояш ба мо маълум аст, вале кайфият ва чи гуна истиво (нишастан)—и Худо бар арш ба мо маъ­лум нест. Имон овардан бар ин вочиб ва савол кардам бидъат аст.

Пас Эмоми Молик барои аз масчид берун кардани саволдиханда амр мекунад. Тамоми донишмандони ислом дар хусуси акида дар байни мардум бахс  карданро манъ гардондаанд. Онхо мегуянд, ки мо ба ин масъалахои акидави имон дорем, вале хакикати он танхо ба Худо маълум аст. Хулоса салафихо дар акида ба ханафихо хилофанд. Максади мо дар ки масъала бо салафихо бахс кардан нест, факат мо мехохем иштибоҳҳои дусташ (Мухаммадиро ба у фахмонем.

У дар чавоби саволи аввал мегуяд: «Мо факат дар фикр баъзе амалхоеро ичро мекунем, ки хамин хам аз дохили чор мазхаб берун нест». Ман намедонам, ки мурод аз фикх гуфтани Мухаммад кадом фикх бошад, зеро ин гурух, даъво мекунанд, ки мо аз руи Куръон ва хадис амал мекунем. Агар мурод аз фикх, мазохиб бошад, пас набояд дар масочид рафта даъво кунанд, ки намози шумо дуруст нест, зеро шумо ба тарики мо намехонед. Ихтилофе, ки байни мазхаб дар масъалаи намозхонй ба вучуд омадааст, масъалаи фуруьиёти фикрй мебошад, ки набояд мардумро ба ин дарача парешон кунанд.

Алома ибни Кайюм (р) мефармояд: «Ин гуна ихтилоф мубох, аст. Пас шахси мубохкунанда ва тарккунандаро набояд сахтгирй намуд, монанди даст бардоштан дар намоз» (Зодулмаъод). Агар амалхои салафиён аз чор мазхаб берун набошад, чаро бар хилофи мусулмонони руи олам хашт ракаат намози таровех, мехонанд? Чаро ҳангоми тахорат болои чуроб махс мекашанд?

Ба саволи дуюми мухбир Мухам­мад чунин посух медихад: «Ман хамчун як шахрванди Точикистон, хамчун як чавон хостам дар байни ин чавонон даромада, ба онхое, ки акидаи тундравй доштанд, бифахмонам, ки шумо дар рохи дуруст нестед, рохи дуруст ин аст».

Рохи дурусти дустам Мухаммад кадом бошад? Шояд poxи дурусти у мазхаб, устод ва бузургони гузаштаи худро тарк кардан бошад? ё эхтимол як бемазхабиро ихтиёр кардан бошад? Бисер хуб, лекин ман шуморо чун як бародари гиромии мусулмон насихат мекунам, ки шумо аз мазхаби худ набаромада, ба хамон «тундравиён»е, ки мегуянд, хакикатро ки бузургонамон гуфтаанд, бифахмонед ва онхоро ислох, кунед, то фитнае ба вучуд наояду мардум монанди охири асри бист ба чанг надароянд. Оё Худованд нафармудааст: «Мардумро бо далели махкам ва мавъизаи дуруст бо рохи парвардигори худ даъват бикун» (СураиНахл, ояи 625)

Дар чавоби саволи панчум Му­хаммад мегуяд, ки чавонон шабакаи Арабистони Саудиро бисер тамошо мекунанд ва президенти кишварамон ин мамлакатро гахвораи ислом номидааст. Дар Арабистони Саудй мардум ба тарики мо салафихо на­моз мехонанд. Аз руи гуфти ин кас гуё чавонон аз тамошои зиёди намозгузории мардуми он сарзамин ба Салафй ру овардаанд. Бояд бигуям, ки байни мардуми Арабистони Саудй ва шумо Салафихо фарки калон аст, зеро бо сардории хукумат тамоми мардуми он чо мазхаби имом Ахмад ибни Ханбалро пайравй мекунанд. Возехтарин далели мо ин аст, ки имомхои масчидхо ва мударрисони хамаи мадрасахо, муфтиёт пайравй хамин мазхаб мебошанд. Агар Шумо ба президенти мамлакат барои Ара­бистони Саудиро гахвораи Ислом гуфтанаш, эхтиром дошта бошед, бо чойи 8 ракаат намози таровех. 20 ра­каат хонед, зеро дар «гахвораи ис­лом» низ 20 ракаат мехонанд.

Мухаммади Салафй дар чавоби саволи хафтум мегуяд: «То ба хол ман ягон амале накардаам, ки мухолифи чомеа бошад».

Хазору дусад сол мардуме, ки дар масоили гайримансуса ва ё мансусаи мутаъориза як имомро пайрави мекарданд, имоме ки донишмандони чахон ба илму дониш ва таквою фаросаташ коиланд, мусул­монони олам мазхаби уро хак медонанд. Пас агар шахсе омада, онхоро ба мазхаби дигар даъват кунад ва даъвои Куръону хадис кунад, оё ин мухолифи чомеа нест? Гуё мо як имомро пайравй карда 1200 сол дар галат будем.

Аз руи гуфтаи Мухаммад гуё чавонони точик, ки дар хоричи кишвар тахсили исломй мекунанд, Са­лафй шуда бармегарданд. Ин фикр тамоман галат аст. Чаро намояндагони дигар мазхабхо Салафй намешаванду ошнои мо Мухаммад ба­рин точикон дар хорич, Салафй шуда меоянд? Банда хам тахсилкардаи мадрасахои мамлакати хоричиям, вале сад шукри Худо дар мазхаби худ пойдор мондам.

Дар охир инро мегуям, ки акидаи Салафихо дар солхои охир дар чумхурии мо хеле ривоч ёфтааства руз то руз миёни чавонон пахн шуда истодааст. Агар пеши он гирифта нашавад, окибаташ ба некй анчом нахохад ёфт.