Қонун барои элита

Рӯзбеҳи ДОДБЕҲ «Нигох» №35 19.11.09.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумӣ набуда, аз манфиатҳои ин мардум пуштибонӣ карда наметавонад, зеро он «Қонун барои элита»-ҳост, барои элитаи сарукалобааш гуми тоҷик.

Қонуни демократй

Чанде пештар Қонуни 22-юми июли соли 1989, таҳти рақами 15, ки Совети Олии РСС Тоҷикистон қабул намуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд ва Қонуни нави забон, ки бояд кайҳо рӯи кор меомад, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гашт ва мавриди амал карор гирифт.

Аз нигоҳи худи Қонун, он «вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро танзим мекунад», Дар баробари ин, дар боби 1-ум, сархати 2-юм омадааст: «Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад», ки ин, аллакай, ба дарди ҳамагон, махсусан, ба дарди оне, ки парвардаи миллати таҳҷои асту ин замину обу ҳаворо дӯст медорад ва худро фарзанди ин халқи тӯли садсолаҳо азияткашида медонад, намехӯрад. Чунки Қонун иҷозат медиҳад, ки дар кӯчаву паскӯча, бозору мағоза, ҷойҳои ҷамъиятӣ, чӣ тавре ки хоҳед ва бо кадом забоне, ки хоҳед, сӯҳбат кунед.

Шаклан Қонуни мазкур демократӣ аст, аммо ба назари банда, барои рушди забони миллӣ монеа ба вуҷуд меорад, тавре ки қаблан буд, яъне мақоми забон ҳамон хел боқӣ хоҳадмонд.

Дар моддаи 3- юм, дар сархати аввал чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -забонитоҷикӣ аст». Маъмулан, дар ин бора зиёд гуфтанду зиёд навиштаанд, ки чунин забон, яъне забони тоҷикӣ вуҷуд надошт ва онро забони форсӣ мегуфтаанд, аниқтараш, гуфтаанд ва ман метавонам садҳо мисол орам, ки ифодагари андешаи форсӣ будани ин забон бошад, аммо чун доманаи баҳс ба дарозо мекашад, аз гуфтани ин нукот худдорй менамоям.

«Забони тоҷикӣ» дар ҳеҷ куҷо нест

Аммо ин нуктаро хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар ҳолати аз адабиёту ториху фарҳангу улуми гуногуни муштаракамон бо эрониён ва тоҷикони Афғонистони фарогири асрҳои V-II-и пеш аз милоди Масеҳ, манзурам, фарханги форсии бостон, фарҳанги форсии миёна, фарҳанги паҳлавӣ ва фарҳанги вуруди ислом ба ин сарзамин, то давраи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва, ҳатто, то асри XVIII даст бикашем ва ба домони замони Аҳмадм Дониш, Мирзо Сироҷ, Шоҳин, Ҳайрату пасомадаҳо (то аввали садаи 20) даст бизанем, ҳам дар ҳеҷ ҷое ба ибораи «забони тоҷикӣ» во нахоҳем хӯрд.

Аммо ин забон бо номи забони форсии Мовароуннаҳр, забони форсии бухороӣ дар сарчашмаҳо ва гуфтаҳои бузургон, монанди аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Шоҳин, Садри Зиё зиёда вомехӯрад. Аҳмади Дониш менависад: «Ӯ бо лисони русӣ ҳарф мезаду ман бо лисони форсӣ, мо ҳамдигарро намефаҳмидем», ин як ҷумлаест аз «Наводир-ул-вақоеъ», ки иқтибос аз сӯҳбат ҳангоми сафари Петербургии аллома байни ӯ ва фойтунрони рус мебошад. Ва аммо халқияти тоҷик буда ва он танҳо ба тоҷикони Варорӯд вобаста набуд ва ҷуғрофиёи хеле васеъ дорад. Оғози он агар Байнаннаҳрайн бошад, поёни он лаби баҳри Хазару сохилҳои Арал, қаторкӯхҳои Олой ва Помир будааст.

Пас, ин гуна забон бо номи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳе набудааст ва мо хоҳем, нахоҳем, ин забони форсии хуросонӣ ва форсии мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо он қабл аз мо эҷоди илму адаб шуда, моро ба ҷаҳониён шиносондааст.

Дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро надидаам, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй, Носири Хисрав то Нақибхони Туғрал аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар хама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Наход, ин бандро вакилони Маҷлиси Оли кабул намуда бошанд? Агар ҳа, пас, ин вакилон аз фарҳанги форсӣ воқеан бехабар ва ё тарбиятдидаи фарҳангу тамаддуни халқи дигаранд?

Забони форсӣ ва СММ

Баъдан, аз рӯзе, ки инқилоби исломӣ дар Эрон ғалаба намуд, баробари баҳисобгирифтани тоҷикони Ҳиндустону Покистон, Чину Тоҷикистон, Афғонистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, ҳатто, тотҳои Доғистон ва аллониҳои Осетия ва толишҳои Озарбойҷон, донишмандони эронӣ даъво доранд, ки забони форсӣ низ яке аз забонҳои қудратманд буда, он бояд яке аз забонҳои Созмони Миллали Муттаҳид бошад.

Ва ҳоло ман бар он андеша мекунам, ки магар, дар ҳоле ки даъво барои забони муоширату ҷаҳонӣ гардидани забони модарии мо, манзурам, забони форсии варорудӣ, худро ҷудо намудан ва номи базӯрӣ гузоштаи собиқ «хоҷагонамон»-ро фаромӯш нанамудани мо, шикасти ин миллат нест? Ба назарам, ҳамин тур аст.

То ҳанӯз шогирдони В.С. Расторгуева ва дигару дигарҳо будани худро исбот менамоем ва дар мурдобчаи сохтаи онҳо, ки хеле танг ва обаш гандида аст, шино мекунем. Чаро баҳри азими форсиро намебинем ва чарову аз чӣ сабаб худро нодида мегирем?

Дар моддаи 2- юм омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст». Кас ба ҳайрат меояд: Қонун қабул мекунем, аммо то имрӯз «Қонуни асосӣ»-ро бо ду ном интишор менамоем ва онро Конситутсия ва дар қавсаин Сарқонун менависем.

Дар ҳоле ки маҳз дар Қонуни забон, ки он бо истифода аз имлои забони мо сохта шудааст, бояд яке аз ин вожаҳо қабул мегашт ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мефаҳмид, ки «Қонуни асосй»-ашро бо юнонӣ «Конститутсия» номад ва ё бо лафзи ширину равонаш «Сарқонун».

Баъдан, дар моддаи 11, банди 2-юм омадааст: «Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар сурат мегирад». Ин ҷо бояд забонҳои байналмилалӣ: русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ номбар карда мешуд ва ибораи «забонҳои дигар» дар чанд моддаи дигари ин Қонун низ истифода шудааст. Ба назарам, ин мантиқӣ нест, чун забонҳо дар рӯи ҷаҳон хеле зиёданд ва дар Қонун (!) бояд номуайянӣ набошад.

Тазъйиковартарин модда, ба назарам, моддаи 13-ум аст, ки дар банди аввали он омадааст: «Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад», дар банди дуюми ҳамин модда, ки ба асоси банди аввали он хатти батлон мекашад ва маънии банди аввалро батамом гум мекунад ва агар боз ҳам дагалтар гӯем, онро чун тимсоҳ фурӯ мебарад, омадааст: «Эълону рекламаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд». Намедонам, дар кишваре, ки куюми асосии он бо забони тоҷикй, манзурам, ҳамон забони форсии варорудӣ ё мовароуннаҳоӣ гап мезанад, реклама ба забонҳои дигар ба кӣ лозим аст? Ин ҷо, албатта, бояд ба касоне, ки ширкатҳои бузурги рекламадиҳандаро ба бозоргир будани реклама, ба қавле, бо забонҳои дигар, мутақоид сохтаанд, қоил шуд.

Бояд пеши онҳо даст бардошт ва гуфт: «Офаринатон бод!!!». Чӣ тур тавонистед, ки, хатто, ба депутатҳои тоҷик ин фикри ботилро талқин кунед?! Аз он забони давлатӣ чӣ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки, ҳатто, молро дар бозор ба забони дигар пешниҳод мекунанд? Ба масал, инро метавон ба харбузафурӯшии ҳамон тоҷик монанд кард, ки дар бозори лекин молашро «асал барин ширин» гӯяд.

Баъдан, андеша чунин аст, ки дар ҳолати амал намудани забонҳои дигар, дар шаҳрҳои бузург ва шаҳрҳои музофотию шаҳракҳо, умуман, тағйироти кироиё нахоҳад шуд ва рекламаҳо, чуноне ки буданд, хамон тавр хоҳанд боқӣ монд. Нуктаи дигар он аст, ки худи вожаи «реклама»-ро бояд ба «навидҳои бозоргонӣ» ё «пайёмҳои бозоргонй» иваз намоем ва ҳеҷ ҳоҷат ба вожаи ғайрро истифода бурдан нест, чун дар таркиби забони мо ибораи ин маъниро медода вуҷуд дорад.

Моҷарои «у»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ

Мо доир ба «у»-и дарозу «у»-и кӯтоҳ ва «у»-и мобайн ҷанг мекунем, ҳамдигарамонро носазо, саҳфаҳои рӯзномаамонро аз дашноми ҳамдигар пур мекунем, ба рӯи якдигар туф мекунем, аммо дар паҳлӯямон ба забони мо ба воситаи ҳаммиллати миллатгумнамудаи мо фишор меоранд ва вожаю ибораҳои нодаркорро ба сари мо бор мекунанд, ки аз туркию ӯзбекӣ, русию яҳудй ва дигару дигарҳо иборат аст ва ин кор низ аз ҷониби нафароне рӯй медиҳад, ки аз фарҳангу тамаддуни ҳазору чандсолаи мо бехабаранд, хомӯшем.

Чун имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезанӣ, гумон мекунӣ, ки дар Туркиё, Ӯзбекистон, Русия ва Инглистон гаштай. Баъдан, аз но фаҳмию беақлии мутахассисони рекламадиҳанда ва рекламақабулкунанда низ, ки ҳеҷ сареву сарваре надоранд, рекламаҳое «зеб»-и шаҳри мо гаштаанд, ба забони мо, ки ба назари «чиновник»-ҳои мо, аз афти кор, «камбағалу қашшоқ» менамояд, рекламаҳои ғайритоҷикие, монанди Метро, Москвичка, Русия, Ойдин, Истамбул, Абрикол, Арбат ва ғайра ворид гашта, забонамонро «ғанӣ» гардонидаанд.

Пас аз чанде гумон мекунам, мегӯем, ки ин вожаҳо хоси забони модарии моянд ва бояд бошанд, чунки онҳо халқй гаштаанд.

Аҷибии кор дар он аст, ки вожаи «работ», ки аслаш арабӣ аст, ба воситаи тоҷикон ва эрониёни савдогар ба Маскав рафта, номи маҳаллии «Арбат»-ро гирифтааст, яъне вожаи русӣ гаштааст. Ин вожаи ба воситаи савдогари тоҷик ба ин кишвар рафта баъди гузаштани асрҳо ба сарзамини мо баргашт ва мо худро донандаи хуби забони русӣ мехонему бе ин забон худро тасаввур карда наметавонем. Бехабар гирифтани Фарҳанги русии оқоёни Дал ва Ожегов, ки ба забони чиновникҳои мо «Толковий словар» аст, онро «Арбат» гуфтем ва мағозаю тарабхонаамонро дар роҳи Ҳисор-Душанбе чунин ном гузоштем.

Ман бо боварй гуфта метавонам, ки то ин дам ба маънии ин вожа на нафаре, ки дар шаҳрдории мо дар идораи номгузорӣ кор мекунад сарфаҳм мерафту на соҳиби он, вагарна ҳамон вожаи маъмулии работро, ки тоҷикӣ шудааст, мегузошту ҷони ҳама халос мешуд. На мо менавиштему на шумо механдидед.

Дар ҳолати донистани маънии вожа, пас, ин таҳқири соҳибзабон ва кулли миллат аст, на бешуна кам. Рекламаҳои телефонҳои мобилй, ки дар кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанду ба воситаи ВАО бозгӯ мешаванд, ба забони ғайритоҷикй буда, дар дуртарин нуқоти ҷумҳурии соҳибистиқлол ба назар мерасанд. Ҳатто, агар ба муассисаҳои мазкур занг зада, ба забони давлатӣ чизеро пурсед, беистиҳола, ба шумо бо забонҳои ғайр ҷавоб медиҳанд ва агар шумо, ба қавле, дурусттар талаб намоед, гӯширо мегузоранд. Сабабаш ҳамоно банди дуюми ҳамин Қонун аст. Ҳамин гуна рафторро дар кулли мағозаҳои бузурги пойтахту шаҳри Хуҷанд низ дидан мумкин аст.

Марҳамат ба мағозаҳои «Волна», «Техносила» ва ғайра, ки, ҳатто, аз номи тоҷикй гузоштан соҳибони он шарм доштаанд. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки сабаби ҳамаи ин ҳамоно банди дуюми Қонуни мазкур аст, ки дар собиқ Қонуни забон бо номи «забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо» дониста шуда буд ва бо тағйироти камубеш дилрабо ва чашмрас ба мардум пешкаш гаштааст.

Пас ин ҷойи Қонуни номбурда ва чанд ҷойи дигари он, ки ибораи «забонҳои дигар» омадааст, ҳамоно забони русй аст. Мавқеи он аззабони ба ном давлати шудаи мо, баландтар аст. Шояд, як сабаби аз вожаи «форсӣ» рӯй гардонидани депутатҳои халқӣ, ки ба халқй буданашон, маъзур доред, ҳеҷ бовар надорам ҳамин нукта бошад. Баъдан, нуктаи дигареро бояд гуфт, ки аксари кулли ин «шоҳмардони халқй» фарзандон ва набераву абераи худро дар мактабҳои русиву туркӣ ва инглисй ба таҳсил додаанд ва ё дар хонаҳояшон устодони махсусе ин забонҳоро ба пайвандонашон меомӯзанд.

Аз ин рӯ, ин Қонун – Қонуни халқӣ не, балки «Қонун барои алита» аст. Ва ахиран, бегоҳии 22-юми октябри соли 2009 бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Дмитрий Медведев пресс-конфронс баргузор шуду онро аз тамоми шабакаҳои Русияву Тоҷикистон намоиш доданд. Нашрияҳои воҳимачии русӣ, ки қаблан мегуфтанд: «Эмомали Рахмон выдворяет русский язык» (Эмомалӣ Раҳмон забони русиро меронад) навиштанд: «Медведев вернул русский язык Таджикистану» (Медведев забони русиро ба Тоҷикистон баргардонд).

Ба назарам, ин бори дигар исбот кард, ки қабули Қонуне бо номи «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» фиреби назар буд ва то ҳанӯз мо ҳисоботдихандае дар назди «бародари бузург» хастем ва боз кӣ медонад, ки то кай хоҳем буд? Чӣ гуфтед, нухбагон, э, мебахшед, элитаҳо?

Advertisements

НОН

Зафари СУФЙ «Озодагон» №45 12.11.09

Мабод он руз, ки аслитарин хуроки точик кимат шавад

Боридани борон ва сард шудани хавои тирамохи боиси 3 соат катъ гаштани барки дар кишвар шуд. Ин чо коре ба сабабу омили ин катъи барк, ва изхороти расмиву овозахо надорам.

Маро чизи дигаре сахт норохат кард. Шомгохи хамон рузе, ки барк, кать шуд, дар бозорчахои махаллахои 103, 84 ва82 нон набуд. Мачбур шудам то макони аслии нонфурушон дар пойтахт, яъне бозорчаи махаллаи Карияи боло равам. Аммо дар ин чо хам нон набуд ва ду чавонзани нонфуруш мунтазир буданд, ки барояшон нон меоранд. Мо хам интизор шудем ва хангоме, ки дар аробае нон оварданд, яке аз он ду чавонзан гуи Пан Ги Мун бошад, бо карру фарр ва дагалона шуруъ ба «кор» кард. У бидуни хеч мукaддима нархи нони як сомониро дуву ним сомонй эълом намуд. Гуфтам бало ба пасаш, мухим тифлаконам гурусна набошанд. Аз суй дигар, охир иктисоди бозорй, ки шуд бардорад зам кардан дорад! Чахор дона нон харидам ва рахо-рах, фикре маро азоб медод.

Ин чавонзани пустгафси пурру бидуни хич тарсе аз Худо ва риояти бандагони Худо нархро саду панчох, фоиз баланд карда буд. Аммо касе чизе нагуфта бо кашокашу шитобкорй нонро мегирифт.

Онхо мисли каргасе буданд, ки ба туъма чангол мезанаду онро мебардорад. Аммо оё ниходе хает, ки аз фалокат ва ё тасодуф суистифода кардани фурушандахоро назорат намояд? Оё мо метавонем аз хакки худ дифоъ намоем? Агар Худо нахоста фардо катъи барк, бештар шавад оё кй бояд амният ва нархи собит ё дастраси гизои асосии мардум, яъне нонро таъмин ва тазмин кунад?

Хич чиз дар фарханги мо чои нонро наметавонад бигирад. Ба назар мерасад нон як чузъи чудонопазири мавчудияти мост. Точик хама чиз надошта бошад хам бояд нон дошта бошад. Точик хатто нонро бояд бо нон бихурад, вагарна серии шикамашро эхсос намекунад, аз гизои хурдааш лаззат намебарад. Магар надидаед, ки чи гуна порахои нони курутобро бо пораи нон гирифта нуши чон мекунем? Магар палавро ба воситаи порахои нон гирифта хурдани хаммилатонамонро гувох, набудаед? Бале точик, ин сабуртарин миллати дунё, бояд хама чизро бо нон бихурад.

Нон аз як тараф ифодагари сатхи суботи зиндагй бошад аз суй дигар масрафи зиёди он нишони кашшокй аст. Кишваре, ки мардумаш бо нон таъмин аст, дар хисоботи созмону ниходхои байнулмилалй, ки худ тарвичгари кашшокй хастанду зери пушиши мубориза бо факр амал мекунанд, аз сафи кишвархои кашшок берун меояд.

Аз суй дигар масрафи нону чой ва ё ба таъбири мардумй чою чапотй нишони зиндагии «аз гурусна гуруснатар» аст. Холо чй микдор мардумй точик бо чою чаппотй ё нону чой субхро ба шому шомро ба субх, мерасонад бояд ниходхои дахлдор барраси карда ба ин ЧАРО посух бичуянд. ЧАРО точик чунин шуд?

Мисраъхои шоири шодравон Кайсари Аминпур ёдам меояд, ки аз кафторро ба кафтар табдил кардани як тафовути сода дар харф дили нозукаш ба дард омадаву басуз мегуяд:

Бояд ба бетафовутии вожахо
Ва вожахои бетафовуте мисли нон дил баст,
Нонро аз хар тараф бихонй нон аст.

Вале ман ба вожзи нон дил бастан намехохам. Зеро дар кишвари мо дил бастан ба чизе хатар дорад. Яъне агар фардо барк, ба иллати кадом мушкили фанни барои чанд соат катъ шавад нонфурушон ба сарам бадбахтй хоханд овард. Бехтар аст аз фарханг ва руйхати гизохо хамин нонро берун кунам.

Шояд он вакт ними шахрро барои пайдо карданаш давр задан дигар лозим намешавад. Охир дар тамоми дунё мардум бештар гушт ва гизо мехуранд, пас чаро мо чунин накунем? Албатта метавонед бипурсед, ки вакте аз киматии нон ин кадар дар хавотир хастам, хатман, ки барои гушти зиёд ва доим гизо хурдан маблаг надорам? Аксиома хам дар хамин чост, ки мо мисли хич миллати дунё нестем ва ман хам чузъи хурдакаки хамин миллате хастам, ки мисли хич миллати дигар нест.

Номи кишвар иваз мешавад

Аҷаб мардуме дорем! Ба овозаҳои заминларза бовар карда, шаби яхи зимистонро дар кӯча рӯз мекунанд, аммо ба ваъдаи он ки барқ акнун пас аз корро сар кардани «Сангтӯда-1» фаровон мешаваду дигар светкушй ба амал намеояд бовар намекунанд.

Ана барои хамин нобоварии онхо субхи 9 ноябр як санчишча гузаронда шуд. Максад ин буд, ки ба ваъдахои «Барки точик» бовар кунанд. Агар бовар накунанд, боз се соати дигар ягон рузро барк катъ мешавад.

Локин хадафи асосй як чиз буд, ки нихоят ба иваз кардани номи кишвар ризоият диханд. Ин як навъ рефрендум буд. Оё мехохед, кишварро Торикистон ном гузорем? Факат як харф дигар мешавад ва бокй хама чиз ба чои худ мемонад.

То хамин хел накунем, созмонхои байнулмилалй пул намедиханд ва туркманхо хам дилашон а холи мо сухта бароямон барк намефиристанд.

Шармандагй? Не, максади мо шармандагй нест. Дигар чои шармандагй намондааст.

 

Ҳувияти ҲНИТ

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Оё метавон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро, як ҷунбиши исломгарои бархоста аз матни ҷомеаи Тоҷикистон донист? Ба сухани дигар: оё ин ҷунбиш, дар чигунагии таъсисёбӣ, афроде ки онро поягузорӣ кардаанд, тарзи бардошт ва тафсире, ки аз маорифи исломӣ, ба вижа ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ислом пеши худ дорад, дидгоҳҳое, ки матраҳ мекунад, барномаҳое, ки мехоҳад пиёда кунад ва ғайра… оё дар ҳамаи ин абъод, ҷунбишест сад дар сад тоҷикӣ?

Ё на, як ҷунбиш ва як ҳаракатест, ки маншае ғайри тоҷикӣ дорад, ҳамонанди ағлаби ҷунбишҳои исломии фаъол дар кишварҳои исломӣ, ки ҳарчанд бо номҳои мухталиф зуҳур кардаанд, вале дар андешаву дидгоҳҳои худ, ба навъе мутаассир аз яке ё ду ҷунбиш мисли Ихвонул-муслимин, ё Ҳизбут-таҳрир ва ё наҳзати Имом Хумайнӣ ва ё аз ин қабил ҷунбишҳое, ки нигариши ҷаҳонӣ доранд ҳастанд?

Қазоват ва доварӣ дар ин маҷол, кори саҳлу осоне нест, ба вижа барои таҳлилгаре, ки бо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз наздик ошно набошад. Мутаассифона, дар ин мавзўъ, ки аз аҳамияти зиёде бархўрдор аст, метавон гуфт то ҳанўз касе пайдо нашуда, ки зимни як таҳқиқи комил, воқеиятро барои хонандаи тоҷик ва ҳатто ғайри тоҷик некў баён дорад.

Албатта аз инсоф дур аст агар таҳқиқоти ҷаноби устод Абдуллоҳ Раҳнамо дар ин заминаро нодида бигирем. Эшон дар мақолоте мутааддид ва низ ду китобе ба хусус, мавзўи мавриди назарро то ҳадде зиёд некў баррасӣ кардаанд.

Камина иддао надорам дар ин маҷол битавонам доварии лозимро кунам. Чунин кори муҳиммеро мебоист яке аз он касоне, ки аз оғози пайдоиши ин ҷунбиш то ба имрўз, ба таври дақиқ шоҳиди тамоми мароҳиле, ки ҳаракати мазкур пушти сар карда ва фарозу нишебҳое, ки убур намудааст бошад. Иншоаллоҳ умедворем яке аз чунин касоне, ки қатъан ҳастанд, рўзе ин муҳимро анҷом диҳанд.

Аммо, аз боби “Мо ло юдрак куллуҳу, ло ютраку куллуҳу”, камина ба андозаи маълумоте, ки дорам, метавонам то ҳадде муайян назари худамро дар ин мавзўъ иброз намоям. Ҳар чи бошад, солҳое аз шогирдони асотиде будам, ки яди тўло дар ин ҷунбиш доштанд, чи дар асли таъсисаш ва чи дар мароҳили гуногуни фаъолиятҳояш. Ва ҳатто муддате ҳам тавфиқи ҳамроҳӣ бо марҳуми Устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро доштам.

Дар таъсиру таассури ҷунбишҳои исломӣ дар якдигар шакке нест

Ҳар чи ҳаст, дар ин шакке нест, ки ҷунбишҳои муосири исломӣ, ба навъе дар якдигар таъсиргузор будаанд. Масалан, таассури ҳаракати Ихвонул-муслимин, хусусан поягузораш Ҳасанул-банно аз андешаҳои ислоҳии Сайид Ҷамоли Афғонӣ ва низ Муҳаммад Абдуҳ-ро ҳаргиз наметавон мункир шуд. Сипас, таъсирпазирии тамомии ҳаракот ва ҷунбишҳои сиёсии исломӣ (ки пас аз Ихвонул-муслимин, дар ақсо нуқоти олами исломӣ зуҳур карданд) аз афкору андешаҳои Ҳасанул-банно ва соири ихвониҳо низ ҷои тардиде надорад. Ҳатто Ҳизбут-таҳрир, ки дар андешаҳои ислоҳӣ ва сиёсии хеш мухолифи ҳаракати Ихвон аст низ, ҷунбише аст пайдо шуда аз батни Ихвонул-муслимин.

Ҳатто бархе мўтақиданд, ҷунбиши Имом Хумайнӣ, ки мунҷар ба таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ дар Ирон шуд, ба навъе мутаассир ва дунболарави ҳамон идеяҳоест, ки амсоли Сайид Ҷамол, Ҳасанул-банно ва Сайид Қутб тарроҳони он ба шумор мерафтанд. Доктор Алиакбари Вилоятӣ як чунин назаре дорад.

Бо таваҷҷўҳ ба ин, метавон бо камоли итминон гуфт, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ аз ин падида мустасно нест. Касе наметавонад мункири ин ҳақиқат шавад, ки марҳуми Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки поягузор ва муҳандиси аслии ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар навъи нигоҳи худ ба маорифи исломӣ, мутаассир аз афкори амсоли Ҳасанул-банно, Сайид Қутб ва низ Имом Хумайнӣ будааст.

Аслан, мутолеаи китобҳои исломӣ-сиёсии ихвониҳо, осори Абулаъло Мавдудӣ, китобҳои шаҳид Мутаҳҳарӣ ва марҳуми Шариатӣ, осори Имом Хумайнӣ, ва баъдҳо истимои радиои Ирон (пас аз Инқилоби Исломӣ) ва ғайра тавассути марҳуми Устод ва шогирдону ҳамандешони вай будааст, ки дар эшон шўри инқилобӣ эҷод карда, ва нигаришашон ба исломро дигаргун сохта.

Хеле аз ҳақиқат дур аст агар чунин пиндошта шавад, ки ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистон ба раҳбарии марҳуми Устод Нурӣ, ҳеҷ гуна таъсире аз ҷунбишҳои исломии ҷаҳонӣ напазируфта.

Баъзе аз муҳаллилини маҳаллӣ, он ҷо ки ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистонро таҳлил мекунанд, саъй мекунанд ба наҳве решаҳои ин ҷунбишро дар талоши руҳонияти маҳаллие, ки қабл аз Устоду шогирдонаш зистаанд пайдо кунанд, ва ё онро идомаи талоши ҷунбиши маорифпарварон ва ё ҳаракати ҷадидия қаламдод кунанд, ки воқеан аз ҳақиқат дур аст.

Оре, шояд ба як лиҳоз, ин ҷунбишро ба он ҳаракот пайванд дод, ва он ин ки билохира ҳар чи ҳаст, ҷунбише аст падидомада дар маконе, ки пештар он ҳаракот дар ин макон зуҳуру буруз кардаанд. Яъне фақат ва фақат ба лиҳози ҷуғрофиёӣ, на чизе дигар.

Шояд бархе дар чунин таҳлилоти хеш, истинод ба суханони худи марҳуми Устод кунанд, ки бе тардид эшон ҷунбишу ҳаракати худро ба наҳве гиреҳ медод ба талоши бузургоне амсоли Мавлавӣ Муҳаммадҷон (маъруф ба Ҳиндустонӣ) ва ё эшони Абдураҳмонҷон ва ё дигарон, ки аз нуфузи қобили таваҷҷўҳе миёни мардумон бархўрдор будаанд. Аммо бояд таваҷҷўҳ дошт, ки чаро Устод чунин мекард? Посухи ин чаро, барои рўшанбин комилан ҳувайдост. Барои Устод осон набуд миёни мардуме, ки ба шиддат таҳти нуфузи руҳонияти суннатӣ қарор доштанд, бигўяд, ман чизе ҷадид овардаам, ман сухане нав мегўям, ман чизе мегўям, ки ҳатто ба зеҳни ин бузургон хутур намекарда, ман коре хоҳам намуд, ки ин бузургон ҳатто дар хобашон надидаанд.

Шумо бубинед, абармардони майдони илму маърифат, дар замони худ вақте чизе ҷадид дар майдони илм ба армуғон меоварданд, аз он ҷо ки ҳарфашон харидор дошта бошад, саъй мекарданд ба наҳве ин овардаи хешро чизе ҷадид муаррифӣ накунанд, мегуфтанд гузаштагон низ ба ин матолиб ишораҳое намудаанд, ва он гоҳ бо як такаллуфи аҷибу ғарибе суханаке аз он пешиноён пайдо карда ва онро дастак қарор медоданд. Ибни Сино чунин кардааст, қабл аз ў Форобӣ низ чунин кардааст. Ва албатта ин худ як навъ тавозўъ аст, ки инсон ҳатто чизеро, ки ба худаш ихтисос дорад, ба дигарон нисбат диҳад.

Аммо…

Ин ҷо як “аммое” вуҷуд дорад. Ва он ин ки ҳарчанд Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо таассур аз андешаҳои ҷунбишҳое чун Ихвонул-муслимин ва ё наҳзати Имом Хумайнӣ кори худ оғоз намудааст ва ба иборати дигар, аз он реша мегирад, вале як имтиёзе, ки ин ҳаракат дорад, ин аст, ки тавонист – албатта бо мурури замон ва бо пушти сар кардани таҷрубиёти адида – ин ҷунбишро ба як ҷунбиши комилан маҳаллӣ ва ҳамоҳанг бо фарҳанги бумӣ ва тоҷикӣ дароварад. Ва ин кори осоне нест. Дар ин масъала ҳам, саъю талоши поягузори ин ҷунбиш марҳуми Устод Нурӣ ва шогирдонаш, ба вижа Муҳйиддин Кабирӣ (ки дар ҳоли ҳозир раҳбарияти ин ҳаракатро ба ўҳда дорад) бе назир будааст. Эшон тавонистанд бо мурури замон ҳаракати хешро бо фарҳангу суннатҳои маҳаллӣ вифқ диҳанд. Агар ба забони илмӣ бигўем, онҳо тавонистанд ҳаракату ҷунбиши исломии хешро, вифқи муқтазаёти замону макон пеш бубаранд. Тавонистанд худ васоили расидан ба ҳадафро таъйин кунанд, бе он ки муроҷеае ба гуфтаҳои дигарон намоянд, ҳатто ҷое ҳам лозим буд, бо як зарофати хоссе, аҳдофе, ки пеши рўй доранд, авлавиятбандӣ намуда, муҳимро фидои муҳимтар намуданд. Ин кори осоне нест, бо забон гуфтанаш хеле саҳл аст, аммо дар амал хеле сахт аст.

Мисоле мезанам то масъала рўшантар шавад. Шумо бубинед, Ҳизбут-таҳрир, ки ба дасти марҳуми Тақиюддин Набиҳонӣ таъсис шудааст, аз ҳамон оғоз, аҳдофе пеши рўи худ тарсим карда ва васоили расидан ба он аҳдофро ҳам дар ҳамон ибтидои ташаккул мушаххас кардааст, ва он ҳам тавассути поягузораш. Шояд он аҳдоф ва васоили расидан ба онҳо, ба назари муассис ва тибқи зарфи замонию маконие, ки мезиста, мантиқӣ буда (мегўям шояд). Аммо баъд аз он, ҳар чи замон мегузарад, ва ҳар чи макон тағйир меёбад, аҳдоф ҳамон аҳдоф ва васоил ҳамон васоил, бидуни ин ки касе чизеро тағйир ва ё ҷобаҷоӣ дар онҳо анҷом бидиҳад, ва имрўза ҳам он аҳдофу он васоил пеши пайравонаш, басон ваҳйи мунзал аст, ки касе ҳаққи тағйири чизеро надорад. Ҳизбут-таҳрире, ки дар Индонезӣ масалан фаъолият дорад, дар аҳдофу тактику васоил, ҳеҷ тафовуте бо Ҳизбут-таҳрире, ки масалан дар Фаластин ва ё ҳатто дар Ўзбакистон фаъол аст надорад, гўи фарҳангу суннату аз ин қабил муассироти ин амокин яке бошад. Бинобар ин мебинем ин ҷунбиш, ҳарчанд пайравони зиёд барои худ пайдо мекунад, вале амалан коре аз дасташон сохта нест.

Ҳоло, камина коре ба ин надорам, манзурам як нуктаи дигар аст. Мехоҳам арз кунам, ки фаъолони ин ҳизб барои худ ин ҷуръатро намедиҳанд, ки аз гуфтаҳову раҳнамудҳои поягузори ҳизбашон тахаттӣ кунанд, чун кори осоне нест, метарсанд, ки мабодо муртакиби гуноҳе шаванд. Ва воқеан ҳам кори осоне нест. Ин кор, илова бар иҳотаи комил доштан ба маорифи исломӣ, як шуҷоату ҷуръати бузурге металабад.

Ва хушбахтона ҳамин шуҷоату ҷуръат, ба иловаи иҳота доштан ба маорифи исломиро дар вуҷуду пайкараи Ҳизби Наҳзати Исломӣ дидем, ба вижа дар вуҷуди поягузораш марҳуми устод Нурӣ. Ў ҷое, ки лозим буд худ ҷангид, ҷое ки лозим буд худ созиш кард ва мунтазири касе ҳам нанишаст, ва ҷое ҳам ки лозим буд, бо як шуҷоати комил омад ва эълон кард, ки ҳизби исломии ў дар вазъи кунунии Тоҷикистон, бо давлати дунявӣ дониста шудани он мухолиф нест, ва дар чорчўбаи ҳамин қонун, фаъолият хоҳад намуд. Ва агар рўзе ба сари қудрат ояд, ҳамин қонунро пиёда хоҳад кард, ва дар айни замон, аз исломияти худ ҳам даст набардошт.

Албатта ин ба маънои он ҳам нест, ки Наҳзати исломӣ хато ва ё иштибоҳе накарда. На, чунин нест, хатоҳои адида ва аҳёнан муртакиби иштибоҳоти бузурге, ҳатто дар замони марҳуми Устод Нурӣ шуда. Бе хатою иштибоҳ танҳо ҳамон касе аст, ки коре намекунад. Вақте коре кардӣ, ҳатман аз ту иштибоҳ низ сар мезанад. Муҳим он аст, ки ба хатои худ пай барӣ ва он гоҳ мардонавор эътироф карда, ҷубронаш намоӣ.

Хулоса…

Пас, натиҷае, ки мехоҳам арз кунам, ин аст, ки агар бихоҳем Наҳзати Исломии Тоҷикистонро мунсифона арзёбӣ намоем, бояд бигўем, ин ҷунбиш дар оғоз бо таассур аз ҷунбишҳои исломии ҷаҳонӣ поярезӣ ва фаъолияти худ шурўъ намуда, вале бо мурури замон, хештанро маҳаллӣ кунонида ва тибқи муқтазаёти замону макони маҳал ва низ фарҳанги бумӣ кори худ пеш бурда.

Агар бихоҳем шабеҳе барои ин ҷунбиш дар дунёи муосир пайдо кунем, метавонем ҷунбиши исломхоҳони Туркияро мисол занем, ки дуруст мисли ҲНИТ бо таассур аз андешаҳои ихвониҳо поярезӣ шуда ва бо мурури замон, хештанро маҳаллӣ ва сипас кори худ тибқи он ҳар он чи “туркӣ” аст, пеш бурдааст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

http://kemyaesaadat.com/

Кй афв мешаваду кй не?

Ба чанд пуле ки харидаам, ба хамон нарх мефурушам. Инро метавон шиъори афве кард, ки хамакнун дар Точикистон сар шудааст. Чй хеле ки даста-даста одамонро ба 5 солу 10 сол зиндонй мекарданд, хамон хел гурух-гурух озод мекунанд.

Дар як руз 60 кочокбари маводди мухаддир озод шуда рафт, ки боз ба тичроати героин машгул шавад, зеро ягон кори дигар надорад ва карда хам наметавонад.

Як бор дар як мурофиъа байни бист дакика 7 нафарро ба мухлатхои тулонй равонаи махбас карда буданд. Суд ё додгохи Точикистон хамонест, ки Махмадрузй Искандаровро аз руи шубхаи гум шудани 2 миллион доллар 25 сол доданд ва гуфтанд, ки ин мурофиъа заминахои сиёсй надорад.

Аммо Муродалй Алимардонов, ки 1 миллиард долларро гум кардааст, на танхо дар озодй мегардад, балки на суду на додситони кул ё ожонси коррупсия пишаки зарди уро пишт гуфта наметовонанд. Баракс, ба у мансаби баландтар медиханд.

Ин афв дар хакикат як амали башардустона мебуд, агар Искандаров, Ориф Маьруфов, Ёкуб Салим, Рустам Файзиев (касе ки аз болои чооболй Рахмон ба ООН ариза навишта, лекин нафиристода буд), Гаффор Мирзоев ва даххо махбуси сиёсй хам ба озодй мебаромаданд.

Лекин ба ин шаклаш ин афв як дилгармкунии интихобкунанда ба хизби чооболй хаст дар ростои интихоботи порлумонй.

Агар ин одамон холо бо дастури Калон ба озодй мебаромаданд, ба нахве гуё аз у карздор мешуданд. Онхо худо хохад, як руз озод мешаванд, вале на хамчун афвшудагон, балки кахрамононе ки азоби ин миллатро ба тамоми сахтихояш кашиданд. Махсусан, Махмадрузй Искандаров, ки мехост дар интихоботи президентй иштирок кунад ва ин халкаи оилавиро аз гардани точикон биканад.

Натичатан онхое афв мешаванд, ки зарарашон ба мардуми точик даххо бор зиёдтар аст. Кучахо боз пур аз чинояткорони хурду реза мешавад. Боз наркотикхо фарзандони точикро ба мусибат гирифтор мекунад ва мухочирони точикро дар Русия зери зарба мегузорад.

Кадом вазорат бештар дуздидааст?

Хумайрои БАХТИЁР

Аз тарафи идораҳои давлатӣ дар 9 моҳ 10 милллион дуздида шудааст

Бори аввал Вазорати молияи Тоҷикистон дуздии маблағ аз чониби идораҳои давлатиро эълон намуд. Тибки маълумоти Вазири молияи Точикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, масъулини 8 корхонаи давлатӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағхои буҷаи давлат бояд назди макомот ҷавоб гӯянд. Вазири молия гуфт, ки барои дақиқ кардани омор феълан комиссияи махсус тафтишот мегузаронад.

Давоми 9 моҳи соли равон масъулини Вазорати молияи Точикистон дуздӣ ва аз худкунии маблағро дар 8 идораи давлатӣ дар ҳаҷми зиёда аз 10 млн сомонӣ ошкор кардаанд. Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов буҷаи кишвар бештар дар бахшҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ аз худ шудааст.

Ин нуктаро Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи 23-юми октябр зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати молия зикр намуда гуфт, ки шурӯъ аз моҳи январ Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» 1 млн. 582 хазор сомонӣ. Вазорати мелиоратсия ва захоири об 253 ҳазор сомонӣ ва Агентии давлатии хифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 4 млн сомонӣ, ки ҳамчун кӯмакпулӣ барои афроди беҷойи кор пешбинӣ шуда буд. 687 ҳазор сомониашро аз худ кардааст.

Ҳамзамон масуълини Вазорати нақлиёт ва комуникатсия барои 4 млн сомонӣ ва Вазорати энергетика ва саноати кишварро зарур аст, то дар мавриди гум шудани 6 млн сомонӣ назди мақомот ҷавоб гӯянд. Ҳарчанд ҳаҷми буҷаи давлатӣ кам аст, аммо агар ин маблағҳо самаранок истифода шаванд, пас имконияти бароварда сохтани баъзе аз ниёзҳои мардум вуҷуд дорад. Вазири молияи Тоҷикистон бо изҳори таасуф гуфт, ки иллати аслии норасои ва нодории кишвар низ маҳз дар дуздидии маблағҳои давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳо мебошад.

Бояд гуфт, дар феҳрасти «сиёҳи» омода кардаи Вазорати молия ҳамчунин Агентии захираҳои геодезии Тоҷикистон бо дуздии 300 ҳазор сомонӣ, Геологияи тоҷик 308 ҳазор сомонӣ ва департаменти Хоҷагию манзилии комуналӣ бо ҷурми аз худ кардани 8 ҳазор сомонӣ шомил шудаанд. Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ки фаъолияти ғайриқонунии 8 ниҳоди давлатӣ танҳо аз ҷониби масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон ошкор шуда, эҳтимол сафи чунин идораҳо дучанд бошад. Феълан комиссияи махсус барои дақиқ кардани ин маълумот дар корхонаҳои зикршуда, санҷиш мегузаронад.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл раҳбари Агентии мубориза бо коррупсияи назди президенти Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов низ аз афзоиши сатҳи фасод миёни мансабдорон ва раҳбарони мақомоти баландпоияи кишвар изҳори нигаронӣ кард. Номбурда, гуфт, ки давоми 9 моҳи соли равон масъулин дар тамоми сохторҳои давлати 892 тафтишоту санҷиш гузаронида, ба маблағи 55,9 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. Фаттоҳ Саидов омили аслии дуздии маблағи буҷаи давлатиро дар бемасъулиятии бархе аз раҳбарони сохторҳои қудратӣ мебинад.

Агентии мубориза бо фасоди назди президенти кишвар дар ҳоле аз дуздида шудани 55, 9 млн сомонӣ дар давоми нӯҳ моҳи соли равон мегуяд, ки тибқи ҳисоботи соли 2008 масъулини ин ниҳод дар ҳаҷми 96 млн сомонӣ хисорот молиявиро ошкор карда буданд.

Ҳанӯз моҳи марти соли равон замоне, ки Шерхон Салимзода раҳбарии Агентии мубориза бо фасоди назди президенти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, зимни ҳисоботи худ дар парлумони Тоҷикистон гуфт, ки давоми соли 2008 масъулин пас аз санҷишхо ба президенти кишвар 47, вазорату идораҳои давлатӣ бошад 63-пешниҳод равон карда, дар натиҷа ҳазору 266 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, 63 нафари дигар аз вазифа озод шудааст.

Бояд гуфт, ки он замон ин ҳисоботи Шерхон Салимзода миёни вакилон баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Аз ҷумла Шодӣ Шабдолов вакили мардумӣ гуфта буд, ки агар масъулини Агентии мубориза бо коррупсия ба маблағи наздики 96-млн сомонӣ зарари молиявиро дар мақомоти давлатӣ ошкор кардаанд, пас даст доштани танҳо 63 нафар ба авҷи фасод дар сатҳи давлатӣ зери суол меравад. Ва худи ҳамон руз вакили дигар Юсуфҷон Ахмедов барои ҳалли мушкили мазкур пешниҳод намуд, то ҳамасола эъломияи муаяйни харҷу сарфи мансабдорон ва маоши онҳо ба ҷомеа пешниҳод шавад. Ба бовари Юсуфҷон Ахмедов ҳачми даромад ва хароҷоти мансабдорону шахсони воқеъӣ набояд махфӣ бошад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён аз пешниҳоди вакили мардумӣ ҷонибдорӣ намуда гуфт, ки нашри дороии мансабдорон хуб аст ва он метавонад то андозае барои мубориза бо ришвахорӣ дар сатҳи давлатӣ мусоидат намояд.

Аммо номбурда муътакид аст, ки барои додани декларатсияи молу амвол мансабдорони мо зид хоҳанд буд. Зеро, аз замони шӯравӣ дар идеологияи онҳо боқӣ мондааст, ки ҳатман аз вазифаи ба даст овардаашон бояд суди молӣ бубинанд. Ба сифати далели гуфтаҳояш, номбурда аз ҳақ ва хуқуқи мансабдорони тоҷик ба тиҷорат оварда, мегӯяд, ки тибқи қонунгузории кишвар онҳо набояд ба тиҷорат даст зананд, вале дар ҳоли таҳлил муаяйн хоҳад шуд, ки тақрибан тамоми тиҷорати бузурги кишварро мансабдорон ба таври пинҳонӣ соҳиб шудаанд.

Умуман мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён, худи фасодкорӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо давлатҳои дигар куллан фарқ мекунад. Агар дар давлатҳои хориҷ танҳо корхона ва ё ширкатҳои бузург барои ба даст овардани тендер ришва диҳанд, пас дар Тоҷикистон барои гирифтани роҳхат ва ё маълумоте шаҳрвандони оддиро лозим аст, то ба ин ё он масъули идораи давлатӣ пора бидиҳанд, ки ин ба мардуми кишвар таъсири бевосита мерасонад. Омили мазкур мушкили-№1-и кишвар мебошад, чун дар натиҷа эътимоди мардумро нисбат ба давлат аз байн мебарад, изҳор дошт Зулфиқори Исмоилиён. Ба бовари вай мубориза бо фасодкорӣ дар сатҳи давлатӣ хеле мушкил бошад ҳам, аммо имконпазир аст.

Масуълини Кумитаи андози Тоҷикистон метавонанд, алайҳи фасодкорӣ дар кишвар муборизаи шадидро ба роҳ монда, натиҷаи хуберо ҳам ба даст оранд. Аммо, кормандони ин ниҳодро зарур аст, ки новобаста аз вазифа ва хешутабориашон корхонаҳои кишварро аз пардохти андоз озод нанамоянд. Зеро, соли сипаригардида парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди имтиёзе 27 корхонаи дохилӣро аз пардохти андоз озод намуд. Зулфиқори Исмоилиён муътакид аст, ки агар ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон андозро сари вақт пардохт намоянд, пас ба буҷаи давлат мабалағи зиёд ворид шуда, эҳтимол меравад мизони фасод ва порахӯрӣ то андозае коҳиш ёбад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки коррупсия зери сояи чатре ба вуҷуд меояд, ки он иктисодиёти сиёҳ, ё худ «теневая экономика» унвон дорад. Дар ин робита, қаблан аз ҷониби Маркази таҳлилии «Шарқ» як назарсанҷӣ гузаронида шуд. Пажӯҳиши ин марказ мушаххас кардааст, ки ҳудуди 60-дарсади иқтисодиёти кишвар «иқтисодиёти сиёҳ» мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои қаблии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон «иқтисодиёти сиёҳ» дар кишвар 25 фисадро ташкил медиҳад.

Мантиқан вазорату идораҳои давлатӣ бояст барои пешбурди вазъи иҷтимоии аҳолй талош намоянд, аммо маълум мегардад, ки бархе аз онҳо бо дуздии худ садди пешрафти кишвар мегарданд. Бо чунин ҳол оё метавон ба ояндаи кишвар умед баст?