Номаи дигар аз махбаси Русия

ilhom1Ассалому алайкум бародари азиз Рустамчон. Мо точикон аз зиндони Русия ба шумо менависем. Мо зиндониён ба шумо ахсани бисёре гуфтани хастем. Аз тарики сайти шумо бисёр хабархои мухимро мехонем ва мебинем, ки дар Точикистони азизи мо ходисахо рух додаанд. Бахусус аз рафтору кирдори ,мухтарам чаноби оли! Вой бар холи он миллате,ки сохиби чунин сарвар аст! Вой бар холи точикону Точикистон!

Аз шумо илтичо дорем, ки бисёртар маколахо дар бораи сатхи зиндагии ватанамон нависед. Бо эхтиром хамватанони зиндонии шумо.

Мардхои мухочиру занхои бетакдир

Давлат Шохэътибор (Бознашр аз «Нигох» №31 23.10.08)

Дар чойи мо кор хаст, вале бо он маоше, ки дарёфт мекунед, руз намегузарад. Ба Русия наравем, намешавад! Соли аввал рафтам. Баргаштам, ки занам бо хамсоя ишкварзй кардааст. Худаш икрор шуд ва навобашро додам. Бори дуввум оиладор шудам. Холо ду фарзанд дорам. Хар сол ба мухочирати kopи меравам. То омаданам Худоро зора мекунам, ки занам ба ягон марди беимон маъкул нашаваду сарашро гаранг накунанд, вагарна ахволам бад мешавад.

«Рохи начот надорам, мефахмй!»

Ман, ки шаттаи зиндагиро хурдаам, дар Русия ба занхои мухочир сахт диккат медихам. Бовар кунед, кору рафтори бархе аз онхоро дида, аз шарм мисли мор пуст мепартоям, лекин чора надорам. Дар байни онхо занхое хастанд, ки босаводанд ва дар давлати Русия роху равиши корашонро зуд пайдо мекунанд. Онхое, ки дар Ватан кору рафтори дуруст надоштанд, дар давлати бегона гайр аз поккорию танфурушй кори дигареро анчом намедиханд.

Холо мебинем, ки дар коргоххое, ки замоне то 3000 нафар бонувон фаъолият доштанду маоши хуб мегирифтанд, имрузхо теъдоди бонувони коргар ангушт шуморанд ва аз маоши мегирифтаашон рози нестанд. Худо накунад, агар бонуи бесавод ва ё бехунаре аз шавхараш бо ду ё се фарзандаш чудо шаваду ягон «спонсор» дар Ватан наёбад, хатман ба Русия меравад. Теъдоди бонувоне, ки аз дехоти дурдасти кишвар ба хорича рафтаанд, хело зиёданд.

Бонуе мегуфт: «… Дар Маскав дар як ширкати сохтмонй кор мекардам. Дар хобгох, гам медоданд. Ба як мухочири точик зан шудаму ба мо хобгохи оилавй доданд. Хамшахрй пулхои мегирифтаашро ба хонааш мефиристоду аз он рашк мекард, ки ман бо туркхо кор мекунам ва онхо маро ба кадом хотир бошад, ки аз дигарон дида маоши бештар медиханд. Токатам ток, шуду аз у чудо шудам. Охир ман ба Маскав аз рузи хуш нарафта будам. Рузи ногузарои бародарону хохаронам маро ба он чо бурда буд. Холо дар Ватан шаш мох боз чои кори мувофик, мечуям, то ки ба мамлакати бегона наравам. Бовар кунед, дар Маскаву Санкт- Петербург касе моро интизор нест, вале рохи начот надорам. Мефахмй!? Дар дехаамон мардхои безан хастанд, вале маро ба занй намегиранд. Аз нахзаданй хамсояхо метарсанд. Дар шахр пайдо намудани чои кори мувофик, хона хело душвор аст».

Такдири духтари дехотй дар Дубай

Ин ходиса якчанд сол кабл рух додааст. Хонуме, ки ин киссаро мегуфт, аз ман хохиш кард, ки ба он деха рафта, аз наздик бо зани араб, араби бовикрру фарзанди онхо шинос шавам. Ба ростй, камхавсалагй намудам, вале хамсухбатам ин ходисаро чунон бароям тасвир кард, ки агар ба он чой хам мерафтам, аз ин дида таассуроти беш хосил намекардам.

– Дар нохия уро хама мешиносанд. Кораш бизнес. Дубай мераваду меояд. Солхои ахир духтархоро низ мебурд. Чанд бор ба даст афтод, доллар доду чонашро халос намуд. Ин «бизнесвумен» падару модари як духтари дехотиро ба он дилпур мекунад, ки духтарашонро мебарад, кор мекунад ва ба онхо молу сарвати зиёде меорад. Волидайни ин духтари дехотй ба ин зан, ки солхо боз уро мешинохтанд, бовар мекунанд ва такдири духтарашонро бо максади дарёфти пайса ба у хавола мекунанд. «Бизнесвумен» ин духтараки дехотиро, ки гайр аз пахтачинию тапак кардан чизеро намедонист, бо роху воситаи каблан пайдонамудааш ба шахри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб бурда, дархости марди араберо ичро мекунад ва доллархои ваъдашударо мегирад. Араб ин духтараки ба доми фиреб афтодаро ба хонааш бурда, ба никохаш медарорад. Бонуи дехотй дар хонахои зебои Араб кабки дар кафас мондаро мемонад. Марди араб гумон мекунад, ки молу сарвати у хонуми точикашро моту мафтун кардааст ва хеч, гох, зиндагии душвори дар Ватан доштаашро ба гушаи хотираш намеорад. Баракси хол калби Шарифа (номи мустаор аст) барои Ватанаш мисли дог месухт. Хонаи похсагиашон аз хонаи зархалини араб барояш азизтар буду дирамхои аз мехнати сангин ба даст овардааш аз чамъоварии пахта аз доллархои шараккосии дар ихтиёраш гузоштаи араб. Араби солхурда баъди чанде хис намуд, ки дар батни Шарифа аз у фарзанд пайдо шудааст.

Хотирчамъ шуд ва якчанд руз аз паи корхои доштааш рафт. Шарифа бо сару руи махкам, ки хоси арабхост, барои харидани гизо ба нуктахои фуруши маводи гизой мерафт. Рузе ба гушаш суханхои точикй расиду худ бехабар парда аз руяш бардошт. Се точири точик дар бораи чи кадар харидорй намудани хурмо ва бо кадом нарх сухбат мекарданд. Шарифа ба онхо салом дод ва дарди дил гуфт. Точирони моту хайрон ба киссаи ба Дубай афтодани Шарифа гуш доданду баъди гирифтани доллархои ба мувофика расида барои Шарифа хуччатхои заруриро фарохам сохтанд. Шарифа ба тайёра савор шуд. Араб ба хонааш омаду Шарифаро пайдо накард. У хайрон буд, ки дар ин шахри ношинос хонуми точикаш ба кучо гайб задааст. Девонавор дар кучахо медавид, ба чашмони бонувони пардапуш менигарист, вале чашмеро ба мисли чашми Шарифа во намехурд…

Хоки ватанам сурмаи чашмони ман аст!

Тайёра ба замин фуруд омад. Шарифа охи сабуке кашид, зеро аз ин сарзамин уро бо ин тайёра ба хорича бурда будаанд. У ба хавлиашон ворид шуду аз шодй мегиристу мегирист… Кисме аз духтарони деха ба ангуштарини кимматбахои у нигариста хавас мехурданд, ки онхо сохиби ин гуна ангуштарини зебо бошанд. Шарифа пай бурдагй барин ангуштаринашро кашида Дур хаво дод. Моххо мегузаштанд. Аз он хотирахои шум ягона нишона фарзаниди батнаш буд. У доди Худоро нест кардан намехост. «Харчи бошад, бо никохи мусалмонй аст»-худро тасаллй медод Шарифа.

У кудакдор шуд. Шарифа кудакашро калон мекард ва хеч, фикр намекард, ки дар ин дехаи дурдаст араб уро пайдо мекунад. Чуноне, ки баъдан маълум гашт, баъди як хафта аз таваллуди Шарифа ба араб хабар расида, ки Шарифа сохиби писаргаштааст…

Доллархои араб аклхоро тира кард

Марди сиёхе дар кучаи деха пайдо шуд. Мардум тухфахои овардаву саховатмандиашро дида хайрон шуданд. Муйсафедхо «Арабхо аз авлоди пайгамбарамон хастанд»- гуён ба аёдати мехмон меомаданд. Волидайни Шарифа чои нишасти домодро намеёфтанд. «У мусалмон аст, панч, вакт намоз мехонад, тасбех, мегардонад, шабу руз дар зикри Худо аст». Кисме аз духтарчахои наврас, ки чинояткор будани ин ачнабиро дуруст сарфахм намерафтанд, гумон доштанд, ки такдир ба руи Шарифа хандидаасту шояд оянда ба руи онхо низ бихандад. Ба гуши Шарифа зораю тавалои касе намерасад. Ба у араб кй хасту чй хаст, фарке надорад. У худро тахкиршуда мехисобад ва бояд араб ва он зани «бизнесмен» дар назди конун чавоб гуянд…

Домодхои хоричии мо вафодоранд?

Холо бо пеш гирифтани сиёсати дархои кушода ва ташкил шудани корхонахои муштарак кисме аз хоричиён аз Русия, Англия, Эрон, Туркия, Чин, Афгонистон, хатто Шведсариё ба духтарони Точикистонй дил бохтаанд. Бехтараш гуем, ки хусну латофати бонувони мо онхоро мафтун кардааст. Ачоиб он аст, ки як шахрванди Чумхурии Исломии Эрон дар шахри Кургонтеппа дар катори маишат карданаш, даст ба порнография задаст, ки ин хело аламовар аст. Ачоиби корро бинед, ки хангоми ба суд кашидани ин хоричй як бонуи точик ба хайси сафедкунанда аз у пуштибонй дошт. Хак, ба чониби прокурори вилояти Хатлон Ф. Охунов аст, ки мегуфт бонуи точике аз чунин марди хоричй ба хайси адвокат химоя мекунад, номус надорад…

Хар сол метавон гуфт, ки дар чумхурй беш аз 1000 домоди хоричии мо бо пардохти 50 сомонй бочи давлатй ба домодй кабул мешаванд. Ба хамин минвол кисме аз домодхо бо сабаби дар Ватанашон доштани зану фарзанд хуччатхои заруриро пешниход карда наметавонанд ва бо хонумхои точикистонй танхо бо бастани никохи мусалмонй оилаи дуввум барпо менамоянд. Гарчанде оморхои чудошавии чунин оилахоро мушаххас дар даст надорем, вале мусаллам аст, ки кисме аз домодхо муваккатан дар Точикистон кор ва зиндагй мекунанд. Бо гузашти вакт ё як умр тан ба такдир медиханд, ё бонувони точикро барои ба ватанашон бурдан розй мекунонанд ва ё мепартоянду гайб мезананд. Хаводиси кисме аз оилахое, Ки дар замони шуравй зани русзабон, олмонй ва дигар миллатхоро доштанд ва бо пош хурдани Иттиходи шуравй бева мондаанд, барои хар як марду зани точику точикистонй сабак аст ва набояд ин мисрахои шеъриро фаромуш намуд:

Кунад хаминс бо хамчинс парвоз,
Кабутар бо кабутар боз бо боз.»

Феодалхо чй мегуянд?

Дар замони хозира мисраъхои болоро на хама кабул доранд ва чунин ашхосро «феодал» меноманд. Зимни сухбат бо кисме аз сиёсатмадорон, рухониён ва бонувони мансабдор чунин баромад, ки дар ин масъалаи бенихоят хассос онхо низ чонибдорй аз «феодалхо»-ро доштаанд. Масалан, раиси Шуъбаи Хатлонии ХНИТ Каландар Судурдинов гуфт, дар катори он, ки камбизоатй яке аз омилхоли бадахлоки дар байни бонувон мебошад, омили дигари ба ин пайраха кадам мондани бархе аз онхо аз паст будани фарханги миллй ва исломии онхост. Барои такмили фарханги миллй ва исломии бонувон Телевизиони Точикистон «хизмати хирсона» мекунад. Кай ва кй дар телевизиони Точикистон дидааст, ки бонуи точик бо сару либоси сирф точикй таблиг шавад. Дар телевизиони Точикистон, ки телевизиони миллй ба хисоб меравад, талош мекунанд бонуи точикро сари луч ва бо либоси духташ аврупой нишон бидиханд. Дар бештари холатхо сурудхонй ва раксхои духтарони точик тарики телевизион ва дискхо хоси миллати точик нестанд.

Ба кавли шоир Хайрандеш, карнхо касе ноф ва рони духтари точикро надида буд, акнун «Лалай-лалай» шуд.
-Туркманхо – менависад шоир Хайрандеш- дар либоси миллиашон зебоянд ва касе инро инкор намекунад. Пас чаро мо ба Аврупо таклид намоем!?
-Хамаи ин рекламахои хохарони мо тарики барномахои телевизиону дискхо аннабиёнро мафтун кардааст.

Вакт нишон дода, ки дар ин росто намояндагони Чумхурии Исломии Эрон, ки мебояд намуна бошанд, намуда нестанд. Метавон икрор шуд, ки туркхо- мегуяд Каландар Судурдинов- бештарашон бо axли байташон ба Точикистон омадаву фарзандонашон дар мактабхо тахсил мекунанд, ки чунин рафтори онхо кобили кабул ва окилона аст.

Имрузхо дар шахри Кургонтеппа кисме аз фурушандахои бозори «Атуш», чинихо хохиши издивоч, намудан бо духтарони точикистониро доранд. Каландар Судурдинов гуфт, ислом никохи мусалмонро бо мусалмон ичозат додааст. Хитоихое, ки дар шахри Кургонтеппа дар бозори «Атуш» кор мекунанд, аз кисмати мусалмонишини Хитой хастанд. Мо дар хусуси издивочи онхо бо духтарони мусалмон боке надорем, вале аз чониби дигар медонем, ки онхо баъди якчанд сол аз ин но ба ватанашон мераванд. Такдири фарзандони онхо, ки ин чо аз пушти падарй хешу акрабое надоранд, чй мешавад?! Фарзандони онхо хакку хукуки худро аз кй ва чй тавр мегиранд!? Бонувони бесаробонмонда бо фарзандонашон ба души давлат хавола мегарданд.

Феодалзани Шуъбаи сабти холати шахрвандии шахри Кургонтеппа Маърифатпочо Навкарова 20 аризаи чиноихоро, ки мёхостанд бо бонувони точикистонй акди никох, банданд, тахсил намуда, кабул надоштааст. Ба кавли у, ба мардхои аз Чин омада зан не, хона ва чои гарм даркор аст. Агар зан даркор бошад, маълумотномаи тасдиккунандаи мучаррад буданашонро аз чои зисташон пешниход мекунанд. Мебояд кайд кард, ки дар бозори «Атуш» аз 110 нафар хитой ду нафарашон бо оилаашон омадаву ду нафарашон дар хаминчо издивоч, шудаанд. Бокимонда, хар як дар cap хобу хаёли худро дорад. Аз ин чост, ки Маърифатпочо Навкарова гуфт, баъди рафтани онхо ба чашми бонуе, ки акди никохи уро бо шахрванди Хитой ба кайд гирифтаму баъди рафтани марди хитой бесаробон бо фарзандонаш мемона, чй тавр нигох, мекунам?! Бочи давлатие, ки Хукумати Точикистон барои издивоч, бо хоричиён 50 сомонй пешбинй кардааст, бонуи масъули бакайдгириро конеъ намекунад ва у мегуяд, ки дар дигар давлатхои дунё бочи давлатй барои издивоч, бо хоричуён бузург аст. Хукуки бонувон дар холати чудошавй аз чихати иктисодй аз хисоби «домод» пардохт мешавад. Агар дар мо низ чунин мебуд, боке набуд, вале афсус, ки чунин нест…

Тухфа Ахмадова, бонуи равшанфикри точик дар ин росто гуфт, ки бонувони мо аз окубати кор пурра огахй надоранд, хакку хукукдои худро намедонанд, окибати корро андеша намекунанд. Хамаи мо вазифадорем, ки онхоро фахмонем, то ки камбизоатиро бахона накарда, аз думболи хоричиён нагарданд. Дар кухистон мардум бо каланд нон меёбанду дар шахри обод бонувон гурусна мемонанд!?

Бархе аз коршиносон дар ин замина мегуянд, ки давлат бояд бонувонро аз хама чихат хифз намояд. Набояд занхои бесаробон ба мухочирати кори раванд. Дар ватан онхоро бо чои кор ва маош таъмин бояд кард. Мардхо зери гишт, бетон аз корди нохалафе маргро кабул доранд, вале марте, ки аз шармандагй омехта бо гам меояд, хело сангин аст.

Президенти ояндаи моро Русия муайян мекардааст

Посухҳо ба назарсанҷие, ки рӯзи 6 январ нашр кардем ва пурсиш ин буд, ки оё чи авомил ё кадом нерӯ ва кишварҳо метавонанд раисиҷумҳури ояндаи Тоҷикистонро муайян кунанд ин гуна омаданд:

answers

Дар назарсанҷии мо 96 нафар ширкат карданд ва ҳар шахс танҳо як интихоб ва як рой дошт. Ба бовари мо, аксари кулли онҳо афроди варзида ва таҳсилдида ва сиёсатфаҳм мебошанд. 11 нафар ба интихоботи одилона умед доранд, аммо 16 нафар ба инқилоби мардумӣ ва 17 нафар ба бӯҳрони сартосарӣ ҳамчун омилҳои тағйири қудрат дар Тоҷикистон.

Аммо аксарият — 29% бар инанд, ки раҳбари ояндаи кишварро на мардум, на интихоботи одилона ё инқилобу пули зиёд, балки раҳбарияти Русия муайян хоҳад кард. Ҳоло бояд ба ин андешид, ки агар ба бовари мо Русия ин қадар нуфуз дар ҳаёти сиёсӣ ва ояндаи Тоҷикистон дорад, оё дарвоқеъ пешрафти миллати моро мехоҳад ва ё танҳо дар пайи манофеъи сиёсӣ ва иқтисодии худ аст.

Ҳақ ба ҷониби ҳазрати Иқбол аст, ки Худо миллати моро сарварӣ ба хеш нахоҳад дод, зеро деҳқони мо барои худаш намекорад ва хиштзани мо қасри дигаронро бунёд мекунад…

Посухи кутох ба галустянхо ва афроди шабехи онхо

Нихоят дар олами интернет як навори кутохе пайдо шуд, ки бо вучуди кутохияш ба афроди бадбахте монанди галустянхо зарбаи дандоншикан медихад. Ташаккур аз муаллифони он, ки чунин ифтихори баланди миллй доранд. Хам сипос аз торнигори Хуросонзамин, ки ин наворро нашр кардааст. Худ бубинед ва хулоса бароред.

Чаро модар фарзандашро мефурушад?

Шоми чумъа, 9 январ, чандин хабаргузорихо ва даххо нашрияхои интернетии Русия навиштанд, ки «Точикзане мехост фарзанди худро ба 200 доллар бифурушад.» Ин зан дар зойишгохи раками 1-и шахри Душанбе ба хабс гирифта шуда, холо дар боздоштгохи вазорати корхои дохилии Точикистон аст. Ин хабарро сардори дафтари матбуотии вазорат Махмадулло Асадуллоев таъйид кардааст. Хабаргузорихои русй илова карданд ба ин хабар, ки баччафурушии точикзанхо ходисаи нав нест, имрузхо даххо модар талош мекунанд, яке аз фарзандони худро бифуршанд, то дигар фарзандони худро таъмин кунанд.

Лахзае баъд ин хабар дар бисёре аз расонахои инглисизабон хам нашр шуд. Хайратовар аст, ки матбуоти Русия ва давлатхои Гарб ба ин хабар беш аз хад таваччух зохир карданд. Баъд аз сарбурии вахшиёнаи як точики бесохиб дар Маскав ва шиъорхои сафехонаи «Марг бар Исроил!» ин савумин хабар аз Точикистон буд, ки бо суръати барк (чизе ки холо дар Точикистон нодир аст) ба сартосари олам парвоз кард. Онхое, ки байни ин се хабар пайванде мебинанд, хеле окиланд ва бисёр чизхоро мефахманд. Онхое, ки намефахманд, бигзор шиъорхои нав ба наве гирифта, ба кучахо бароянд.

Аммо мард мебуданд, агар як бор аз хукумати худ мепурсиданд, ки чаро точикзанхо фарзанди аз дилу чигар мешудаи худро ба савдо мегузоранд. Аз куштори хамарузаи точикон дар Русия чизе нагуянд, аз худкушихои паёпайи точикон дар Точикистон чизе напурсанд, аз хонадомодхои чиноиву покистонй ва сигадорони эрониву хазора чизе ёд накунанд, аз силу СПИД хам, аммо як бор аз хукумати худ бипурсанд, ки чй чиз мачбур мекунад, то модар фарзандашро бифурушад? Ва бо кадом обру бояд ба куча баромад?

Акси «падар»-ро мебӯсам…

Офиятхон ЧАЪФАРОВ (Бознашр аз «Минбари халк» 03.12.08.)rahmonport

Касе ки вориди хонаи сокини шахраки Гончй Абдулло Чумъабоев мегардад, шохиди вокеаи хубу дилпазир мешавад. Набераи у — тифлаки зираку хушёр ва хандонру Бахтовар аз хама аввал тозон-тозон ба истикбол мебарояд ва мехмонро чунон гарму самимй ва бо мухаббати кудакона мепазирад, ки касро хушхолии гайриоддй фаро мегирад.

Вай шахси омадаро ба назди акси дар девор овезони Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон мебараду онро чун падари худ муаррифй мекунад. Бо лафзи ширини кудакона мегуяд, ки ана бубинед, ин акси падари махбуби ман аст ва он аксро мебусад. Бахтовари хурдакак бархак Эмомалй Рахмонро падари худ мехонад. Зеро чаноби Оли гуфтаанд, ки ягон нафар ятимро аз назари худ дур намемонанд ва чунин хам хаст.

Президенти мамлакат Сарвари махбуби халку миллатанд. Ва дустдории Бахтовар хам бесабаб нест. Бахтовар дар кудакистони раками 3-й шахраки Гончй тарбия мегираду мудири кудакистон дар чамъомади падару модарон хангоми пардохти хакки тарбия мегуяд, ки барои Бахтовар зиндагй дар кудакистон ройгон аст, маблаги уро Хукумати Чумхурй пардохтааст. Дар чавоби ин пурсиш Бахтовар чавоб медихад, ки маблаги уро падари шарафманди миллат Эмомалй Рахмон пардохтааст. Падари Бахтовар дар мухочирати мехнатй фавтидаасту Бахтовар уро ёд надорад ва Сарвари мамлакатро падари худ мехонаду сад дар сад дуруст хам мекунад. Инро дар кудакистон хама медонанд.

Бахтовар худро шинохту падари худро! Акнун у хар сахар аз хоб мехезаду ба падараш салом медихад, дасту руй шуста сурати уро мебусад, пас ба кудакистон мешитобад. Вакте ки у аз дари кудакистон медарояд, хама «ана писари Президент омад», мегуянд. Бахтовар инро шунида, аз хурсандй дар куртааш намегунчад. Замоне ки дар осмон чархбол пайдо мешавад, Бахтовар тозон ба берун мебарояд ва ба чархбол ишора карда, фарахмандона мегуяд, ки «ана, дадаи ман омад!».

Шубхае нест, ки Бахтовари хурдакак рузе ба орзуяш мерасад ва ба дидори чаноби Оли мухтарам Эмомалй Рахмон мушарраф мегардаду аз лутфу мархамати падаронаи он кас бахравар мешавад. Модари Бахтовар — Сугдиёна дар Русия дар мухочирати мехнатист. Бахтовар дар тарбияи бобою модаркалонаш аст. Исми уро бехуда Бахтовар намондаанд. Бо шарофати мухаббати Чаноби Оли рузе мерасад, ки у барои мардум Бахтовар мегардад.

Хунхорӣ дар Русия идома дорад

1131719_20090102161350Дар кӯчаи Бирулов, дар ҷануби Маскав ҷасади як шаҳрванди Узбакистон дарёфт шуд, ки 21 захми корд дошт. Одамкушон тани инсонро ғалбер карда буданд. Дуртар аз ӯ як сарсиёҳи дигарро ёфтанд, ки низ чандин захми корду найза дар бадан дошт ва дар роҳ ба бемористон аз ҷаҳон гузашт.

Агар ҳукумати Русия, ба он тавре ки Сафорати он дар Тоҷикистон мегӯяд, мухолифи чунин ваҳшоният аст ва дар ҳоле ки ин хунтаи путинӣ метавонад, оппозисюни Русияро ин гуна дар контрол дошта бошад, ки аз камтарин нақшаву ҳаракати он огоҳ шавад ва аз онҳо пешгирӣ кунад , магар намедонад, КИҲО ин корро мекунанд ва магар наметавонад, ин хунхоронро маҳв кунад ва ба кори сиёҳи онҳо роҳ надиҳад?

  • 6 декабр одамхурон сари ҷавони тоҷик Салоҳиддин Азизвро буриданд.
  • 13 декабр дар Солнцево ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон кашф шуд.
  • 14 декабр тоҷики 22-сола дар кӯчаи Госпиталний вал кушта шуд.
  • 14 декабр дар кӯчаи Говорова як озарбойҷонӣ ба қатл расид.
  • 14 декабр дар кӯчаи Староволинский як украин кушта шуд.
  • 14 декабр донишҷӯ аз Қазоқистон Ерлан Айтимов кушта шуд.
  • 15 декабр дар Митино шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.
  • 31 декабр дар сохтмонгоҳи бино дар кӯчаи  Парк-4 тоҷики 37-сола Ф. Исмоилов аз даҳҳо захми корд ҷон дод.

Ба эҳтимоли зиёд ҳамаи ин қатлҳо ба муҳокимаи яке аз сарварони пустсар ё скинҳедҳои рус  Артур Рино вобаста буданд. Додгоҳ ҳукми онҳоро рӯзи 15 декабр эълон кард ва ҷазои сабук дод, зеро ба хулосае омад, ки онҳо ҳангоми одамкушиҳои ваҳшиёнаи худ ноболиғ буданд.

Дар зимн, донишҷӯи 18-солаи қазоқ яке аз беҳтарин хатмкунандагони кишвараш буда, дар имтиҳони қабул аз 120  холи имконпазир 119 хол гирифта буд. Харҷи таҳсили ӯро пурра ширкати «Лукойл» бар зимма дошт ва барои ӯ ояндаи дурахшоне пешгӯӣ мекарданд.

Гумон мерафт, пас аз ҳукми бозимонандаи додгоҳ одамхорон ба эътидол меоянд. Аммо ин тавр нашуд ва 29 декабр донишҷӯи доғистонии Институти политехникии Маскав М. Р. Магомедов ба чандин захми корд кушта шуд. Акнун 2 январи соли нави 2009 ду шаҳрванди Узбакистон ба қатл расиданд.

Кормандони Сафорати Русия дар Тоҷикистон метавонанд фахр кунанд, скинҳедҳо паёми онҳоро шунидаанд.

Соли нав як соли пур аз ханда мешавад…

827470188Соли нави 2009 барои мардуми Тоҷикистони азизи мо соли хубе мешавад. Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанд кори муҳимеро анҷом медиҳад, ки сабаби пешрафти мамлакат ва оромию ҳамдигарфаҳмӣ мегардад. Пеш аз ҳама вай аз муборизаи шиоргуна бо коррупсия ба амал мегузарад, зеро боигарии шахсияш аз 10 миллиард доллар мегузарад ва ин чунин маъно дорад, ки вай сер мешавад. Худ ки қонеъ шуд, дасти аъзои оила ва шахсони наздикаш дар ҳукуматро аз фасод қатъ мекунад.

Одами серу қонеъ ба ин фикр меафтад, ки пас аз даҳсолаҳо пасовандон дар борааш чӣ мегуфта бошанд. Бино бар ин ба атрофаш нигоҳ мекунад ва мехоҳад, асли ҳақиқати зиндагии мардуми худро бифаҳмад. Барои ин вай аз мансабдорони наздикаш, мушовирону маслиҳатдиҳандагонаш, вазирон ва сардорони идора ва муассисаҳои давлат талаб мекунад, бе ягон рупушӣ асли вазъиятро барояш ошкор кунанд, ҳамаи ҳақиқатро ба ҳамон шакле ки ҳаст, барояшон баён доранд. Аксаран ин гуфтугӯҳои вай бо чунин ашхос танҳо ба танҳо барпо мешавад ва ҳар касе ки дар бораи вазъияти кишвар ва мардум маълумоти нодуруст дод ва талош кард, вазъиятро бо обуранг ва писанди Сарвари Давлат баён кунад, дар ҳамон лаҳза аз вазифааш маҳрум мегардад. Раҳмон мехоҳад ҳақиқати ҳолро бидонад ва аз ин шахсон батакрор хоҳиш мекунад, ҳақиқатро гӯянд. Касоне ки ҳақиқатро мегӯянд, дар мансабашон мемонанд, касоне ки дурӯғ мегӯянд, бо фармони ихроҷ аз коргоҳи Раиси Ҷумҳур берун мешаванд.

Ба ин тариқ мо шоҳиди истеъфо ва барканории даҳҳо мансабдори Тоҷикистон мешавем. Шояд дар бораи сабабҳои ин рондашавиҳо маълумот дода намешавад, аммо шумо фаҳмед, ки онҳо барои нагуфтани асли вазъи соҳаи худ аз кор рафтаанд. Онҳое ки ҳақиқатро ба Раҳбари Давлат мегӯянд, ба дӯстдоштатарин ва наздиктарин мансабдори ӯ табдил меёбанд ва дар оянда калон аз онҳо бисёр машварату маслиҳат хоҳад пурсид. Вай дигар ба хешу табор такия нахоҳад кард. Кадомашон ки норозӣ шуд, аз фонди худаш устухоне мепартояду роҳи худ ва роҳи мамлакатро боз мекунад.

Ҳарчанд мегӯянд, баъзе вазирон ва калоншавандаҳо уҳум-пуҳум мекунанд, ки соли онҳо гов аст ва худашон ҳам аз ин махлуқи Худо ягон камӣ надоранд, Сарвари Давлат посух медиҳад, ки агар ба ин ривояту афсонахо дода шавем, соли нав соли касе хоҳад буд, ки болои онҳо савор аст ва ҳама чиро ӯ бояд ҳал кунад. Шералии Гул розӣ намешавад, аммо баъдтар ба тақдир тан медиҳад.

zanonДар соли 2009 аз тарси бозгашти села-селаи мардикорон аз Русия дар Тоҷикистон наздик ба 20 корхонаи нав ба кор сар мекунад ва ҳамзамон ҳукумат роҳи фиристодани муҳоҷирони кориро ба Аврупо ва Амрико боз мекунад. Дар натиҷаи бозгашти саросарӣ ягон инқилоб ё нооромии иҷтимоӣ ба амал намеояд, баракс дар ҳазорон оила кӯдакон аз дидори падари худ ба кӯчаҳо мерезанд ва тушаҳои русиро ба бачаҳои ҳамсоя нишон медиҳанд. Занон ҳам шод мешаванд ва шабонгоҳон дар ҳазорон хона инқилобҳои зери кӯрпа ба амал меояду худо кунад, ба афзоиши СПИД дар кишвар сабаб нагардад.

Вақте ки муҳимтарин пайванд бо Русия (мардикорон) бурида мешавад ва Маскав аз чунин дастгоҳи фишор ба Тоҷикистон маҳрум мегардад, Сарвари Давлат нафаси сабук мекашад ва озодтар амал кардаву ошкоро бо Аврупо ва Амрико наздикии зиёдтар пайдо мекунад. Албатта, талош мекунад, Русияро ҳам наранҷонад, аммо шахсан посухи муносибати нописандонаи президентча Дмитрий Медведевро ба хеш бо камоли майл медиҳад. Путин ба Раҳмон эҳтироми бештар нишон медод, назар ба ин каттача ва акнун меваи назарбаландиро хоҳад чашид.

Иттифоқан муносибатҳои шахсии Раҳмон дар соли 2009 бо Ислом Каримов, раҳбари Узбакистон беҳтар мешаванд ва бо ташаббуси худи Каримов, зеро дар ин сол «рӯбоҳи пир» нафаси маргро ҳис мекунад ва андарзе ба ёдаш мерасад, ки «вақте меравй, душмане магузор». Тошканд ба консорсиуми сохтмони нерӯгоҳи Роғун шарик мешавад ва Душанбе ризоият медиҳад, сарбанди обанборро пасттар фурорад. Газу барқ дар байни ду кишвар шарикй мешавад ба умеди ин ки барқу об ҳам шарикй шавад. Парвозҳои байни Душанбеву Тошканд ва Душанбеву Самарқанд аз сар гирифта мешаванд. Русия аз гармии байни Тоҷикистону Узбакистон асабонӣ мешавад. Ду кишвар дар якҷоягӣ талош мекунанд, ба оромию субот дар Афғонистон мусоидат намоянд ва дар ин самт онҳо аз пуштибонии комили Аврупо ва Амрико бархурдор мешаванд. Аз ин тариқ бо Ҳинду Покистон, Эрон ва давлатҳои араб низ наздиктар мешаванд.

 Шубҳа нисбати ҷавонони тоҷик ки дар ин давлатҳо таҳсил кардаанд, аз байн меравад ва Сарвари Давлат беҳтарини онҳоро ба баландтарин мансабҳои ҳукумат менишонад. Як ҳукумати технократ ва комилан наву ҷавон ба сари кор меояд, ки дар он танҳо Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз «қадимиён» хоҳад буд, дигар ҳама чеҳраҳои нав толори ҳукуматро пур хоҳанд кард. Дигар «қадимиён» ҳамагӣ ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ хоҳанд кӯчид ва он ҷо ҳам муваққат хоҳанд буд, зеро фақат хоҳанд нолид, ки дар давраи онҳо тартиби кор дигар буд.

Кадрҳои ҷавон дар вилоятҳо низ ба қудрат хоҳанд расид, аммо раисони навоҳӣ интихобӣ хоҳанд шуд ва халқ худаш онҳоро муайян хоҳад кард. Иттифоқан интихоботҳо комилан қонунӣ ва одилона ҷараён хоҳанд гирифт ва беҳтарин пешвоёни мардум ба мақомҳои арзандаи худ хоҳанд расид.

Суръати болоравии маоши мардум аз баландшавии нархҳо ва беқурбшавии пул тезтар хоҳад буд ва зиндагии мардум серу пур хоҳад шуд. Касе дигар ба қочоқи маводи мухаддир даст нахоҳад зад ва касе касеро фиреб нахоҳад дод. Кор ба ҷое хоҳад расид, ки Бонки Ҷаҳонӣ аз Бонки Миллии Тоҷикистон қарз хоҳад гирифт, то ба кишварҳои бенаво мадад кунад.

Ҷои ханда нест. Ҳамаи ин амалӣ хоҳад шуд. Агар нашавад, вой бар мо ва ватани мо. Чизҳое хоҳад шуд, ки онҳоро на гуфтан мешавад ва на навиштан…

Аз ҳирси пули осон хонабардуш нашавед!

Ҳамандеш аз шаҳри Истанбул

Ассалому алейкум хамАндешони азиз. Диққати хонандагони мӯҳтарамро ба як мавзӯъ ҷалб карданиям. Якчанд руз пеш, як дустам маро ба «вохурии корй» даъват кард. Вакте ба ончо рафтам дигар хамватанони мо ки гуё аз ширкати «Quest Net» ва ё «Quest International» дар Туркиё намояндагй мекард, вохурдам. Ба гуфти онхо, ин ширкат 1 мох аст, ки ба фаъолияти худ дар Туркиё сар кардааст…

Дере нагузашта як фирмаи гуфти русхо «лохотрон» ва ё «пирамида дураков» будани онхоро дарк кардам. Ба хотири хафа нашудани дустам, хама намоишхои онхоро бо диккат гуш кардам.

Шакли кор бисёр осон ва барои халки сода бисёр шароити чолиб дорад. Аз аввал хар муштарии нав бояд аз ин ширкат як мол бихарад, ки нарха 550$ будааст, (асос ин молхо соат, тин, хар хел «шишахой шифобахш», ки ба фикрам арзишашон аз 10-30$ зиёд нест). Пас ширкати «Quest Net», ки марказаш дар Хонг Конг будааст, ба номи харидор як хисобе мекушояд. Акнун бояд ду харидори дигаре ёфт, ки ягон мол харид кунанд. Пас аз дар поёни харидори аввал чамь шудани 6 шаш харидори нав (3х3 аз тарафи чап ва рост), ширкат ба хисоби харидори аввал 250$ мегузарондааст. Ҳамин тавр занҷираи пирамида давом меёбад.

Ташвишовар он аст ки он хамватаноне ки дар даруни ин бозй хастанд, ҳама хатмкардаи дошнишгоҳи олй хастанд, бисёрашон дар сохаи иқтисодиёт. Вале ҳирсу ҳаваси пул чашму зеҳни онхоро кур кардааст.

Бисёрии онҳо барои фоидаи худ апаву бародар, дӯсту хешовандонашонро ба ин система чалб кардаанд.

Ман дар бораи ин ширкат каме тафтишот бурдам. Ширкат асосан дар давлатхое, ки конунҳои суст ва ё тафтишоти бади сохаи молия доранд ё фасодхада ҳастанд, муваффак будааст, аз чумла Хиндустон, Киргизистон, Казокистон ва Точикистон. Ширкат нав ба Русия ва Туркиё даромадаст, ки дар ин ду давлат ҳамватанони мо фаъоланд.

Баъзе аз сахифахои ширкат: http://www.qi-ltd.com http://www.quest.net/
як мусохиба: http://tajforum.tj/index.php?showtopic=5736

Умедворам Точвари мухтарам, ки тафтишоти маро боз шумо дарунтар бурда, ба хонандаи мухтарам пешкаш мекунед. Шояд ин макола, дар оянда басе модарони точики моро аз хонасуз шудан нигоҳ дорад.

ХамАндеше аз Истанбул.

Дар буридани сарҳо, оё порае аз тақсир равонаи худи масъулони русӣ нест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сари мубораки шодравон Салоҳиддин, на аввалин сари буридаест, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда ва шояд охирини он ҳам набошад. Шакке нест, ки дар вуқўи ин фоҷеаи аламовар ва дарднок барои ҳар тоҷики бошарафе, дар дараҷаи аввал тақсир ва кўтоҳӣ равонаи ҳукуматмадорони мо мешавад. Агар мансабдорон ва масъулони ҳукуматии мо аз шаҳрвандони худ ба гунаи шоиста ва монанди ҳар ҳукумате, ки аз ҳарими шаҳрвандони худ дифоъ ва ҳимоят ба амал меоварад, ҳимоят мекарданд, ҳаргиз мувоҷеҳ бо чунин фоҷеае намешудем.

Аммо оё порае аз тақсир ва кўтоҳӣ, мутаваҷҷеҳи худи ҳукумати Русия низ нест? Оё Русия, ба унвони давлати «дўст» бо Тоҷикистон, чунон ки иддао мешавад, монеаҳои сари роҳи вуқўи шабеҳи чунин фоҷеаҳоро бардошта ва мебардорад, ё ин ки на, худ аҳёнан сабабгори аслии ба вуқўъ пайвастани чунин ҳаводиси дардовар аст?

Қароин нишон медиҳад, ки ин, давлат, сиёсатмадорон, дастандаркорони фарҳангӣ ва васоити ахбори русӣ ҳастанд, ки бахше аз масъулият, балки миқдори зиёде аз масъулият дар ин заминаро бар ўҳда доранд. Онҳоянд, ки моягузори аслии вуқўи чунин ҳаводисе ба шумор мераванд.
Ҳоло ба намунаҳое аз ин қароин ишора мекунем:

  • 1. Шеваи гуфтор ва рафтори сиёсатпешагони русӣ дар робита бо ғайри русҳо дар Русия, хусусан муҳоҷирони тоҷик ба гунае аст, ки вақте дар бораи ин муҳоҷирон баҳсе пеш ояд, чунон таҳқиромез аз онҳо сухан ба забон меоваранд, ки гўи «одамони дараҷаи сеюм ё чаҳорум» бошанд. Масалан, тавсифи муҳоҷирони тоҷик ба «нерўҳои арзони корӣ» ва истифода аз онҳо дар аъмоле, ки лоиқи нажоди русӣ намебошад, аз ҷониби сиёсатмадоре чун Жириновскийро ба кадом маъно қабул кунем? Ҳатто агар воқеият, мутаассифона, чунин ҳам бошад, аммо изҳори он, оё таҳқири як миллат нест? Оё чунин бархўрде, яке аз авомили водоркунанда барои қатли одамони мутааллиқ ба ин миллат намешавад?
  • 2. Филмҳое, ки тайи чанд соли ахир тавассути коргардонҳои русӣ сохта шуда ва мешавад, дар онҳо эҳсос чунин мешавад, ки мехоҳанд коре кунанд ва ба мардум ва хусусан ҷавонони саргардони русӣ, руҳияи миллатдўстӣ ва ватанпарвариро эҳё намоянд. Албатта кори нописанде нест ва бояд ҳар миллате чунин кунад. Аммо мутаассифона дар бештари ин филмҳо, душмани фарзӣ, ҷуз ба истилоҳ «сиёҳон» нестанд. Ва медонем, ки мурод аз «сиёҳон» дар истилоҳи русҳо, қафқозиҳо ва осиёи миёнаиҳо ҳастанд. Оё ин кор, худ саҳме барои иқдом бар куштани «сиёҳон» намегузорад?
  • 3. Осиёи миёнаиҳо, хусусан тоҷикон, ба персонажи аслии масхаршавандаи бозигарони театри хандаи русҳо табдил шудаанд. Ҳар вақт хостанд касеро мавриди тамасхур ва истеҳзои худ қарор диҳанд, аввал ба суроғи тоҷикон мераванд. Ё тарзи гуфтори тоҷикон мавриди тамасхури онҳост ва ё тарзи рафторашон. Гўи тоҷикон мардуме бошанд нафаҳм, содалавҳи аблаҳ, чизе сарашон намешавад, забони русӣ намедонанд ва … Донистани забон, ҳоло ҳар забоне бошад, ҳирфаи хубест. Аммо агар як нафар натавонист ба шеваи худи русҳо забони онҳоро талаффуз кунад, оё бояд мавриди тамасхур ва ханда қарор гирад? Оё ин тарз бархўрд ҳам, худ яке аз авомили таҳқир ва дар натиҷа тасоҳул дар қатли миллатеро фароҳам намеоварад?
  • 4. Намунаи дигар он ки ҳар гоҳ ҳодисаи ногуворе аз сўи яке аз муҳоҷирони тоҷик ба вуқўъ пайваст ва ё аз ў маводди мухаддире пайдо карда шуд, васоити ахбори русӣ чунон бузургнамоӣ мекунанд ва ба такрор онро нишон медиҳанд, ки гўи тамоми тоҷикони муҳоҷир чунин бошанд. Ва қатъан чунин пўшиши хабарӣ, аз бузургтарин ва аслитарин авомили пайдоиши адоват ва душманӣ нисбат ба тоҷикон дар назди русҳо хусусан ҷавонони бехирадаш мешавад.

Намунаҳои зиёди дигареро ҳам метавон зикр намуд, ки аз авомили водоркунанда бар қатлу куштор ва таҳқири як миллат аз ҷониби миллати дигаре ба шумор меравад. Аммо мо бо ҳамин чанд намуна иктифо кардем.

Дар поён боз ҳам ёдовар мешавам, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз қатлу куштори муҳоҷирини тоҷик, таҷдиди назари сиёсатмадорон ва дастандаркорони фарҳангии русӣ дар амалкарди худ аст ва агар амдан ин корҳоро мекунанд, ки зоҳиран амдӣ ба назар мерасад, бояд аз ҷониби ҳукумати мо ва ташаккулҳои иҷтимоӣ, тазаккури лозим, ва дар ҷои худаш эътирози расмӣ нисбат ба ин чунин амалкардҳо эълом дошта шавад.
http://kemyaesaadat.com/