Ба ин акс матни муносиб пайдо кунед

Яке аз хонандагони «Андеша» ин аксро ба мо фиристод ва онро мулокоти охирини Эмомалй Рахмон бо Додочони Атовулло унвон кардааст. Вале дар акс чанд симои дигар низ ба чашм мерасанд. Ба монанди шахрдори Душанбе: Мамамдсайид Убайдуллоев ва «серый кардиналь» Талбак Назарович Назаров, ки мегуянд, холо хам ЧО бо дастуру маслихатхои у кор мекунад ва пири хукумати Точикистон ягон дафъа дар бораи ба кучо рафтани пулхои Фонди президентии хайрия хисобот надодааст. Ба хар хол шумо ба ин акс чй матн илова карда метавонед? Бехтарин матн чоизаи олй хохад гирифт ва номи голиб дар хамин чо эълон хохад шуд.

Advertisements

Хонадомод мегирад ин хонаро охир

Ҳукумати Қирғизистон бо мақсади ҳимоят аз мардуми худ андозро барои фурӯшандагони хориҷӣ дар қаламрави хеш 2 баробар зиёд кард ва бо ин эътирози тоҷирони хитоиро ба миён овард. Дар идомаи ин Қирғизистон бозори «Қарасу»-и шаҳри Ушро, ки ахиран қариб пурра ба дасти хитоиҳо гузашта буд, баст.

Ян Тсу Пин — раиси иттиҳоди соҳибкорони хитоӣ дар ҷануби Қирғизистон гуфтааст, ҳукумати Қирғизистон фаъолияти тоҷирони хитоиро то рафт маҳдудтар мекунад ва ин сабаб мегардад, ки ҳазорон нафар аз онҳо тадриҷан ба Тоҷикистон бикӯчанд. Ба гуфтаи вай андоз барои чиноиҳо дар Қирғизистон дар як соли охир 500% зиёд шудааст. Шароити кору иқомати хитоиҳо дар Узбакистон ва Қазоқистон низ хуб нест ва дар натиҷа Тоҷикистон ба меҳмонсарои роҳаттарини чиноиҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Дониёл Толонов, раиси Кумитаи муҳоҷират ва шуғли шаҳри Уши Қирғизистон гуфтааст, қоидаҳои нав ба ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишвар равона шудаанд. «Ягон тоҷири мо бо чиноиҳо рақобат карда наметавонад, зеро онҳо бо моли тамоман арзон мустақиман аз Чин таъмин мешаванд ва ҳукумати Чин аз онҳо андоз нагирифта, бо ин роҳ ташвиқ мекунад, ки бозори кишварҳои Осиёи Марказиро ба даст оранд. Мо наметавоанем, ба ин вазъият нигоҳ карда шинем.»

Ба гуфтаи Ян Тсу Пин дар ним соли гузашта зиёда аз 5 ҳазор тоҷири хитоӣ Қирғизистонро тарк карда, ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Дар Тоҷикистон муносибат ба хитоиҳо бадхоҳона нест. Ба ғайр аз тоҷирон наздик ба 10 ҳазор хитоӣ дар сохтмони роҳҳои ин кишвар кор мекунанд. Тоҷикон хитоиҳоро дӯст доштаанд ва пас садҳо духтари тоҷик бо онҳо издивоҷ кардааст. Дар чандин минтақаи Тоҷикистон хитоиҳо хонадомод мебошанд ва падарарӯсу модарарӯсони тоҷик аз онҳо хеле хушнуданд.

Дар ду соли гузашта се занозании калонмиқёс миёни ҷавонони тоҷик ва коргарони хитоӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар ҳамаи онҳо мақомоти давлат ва додгоҳ аз хитоиҳо ҳимоят карданд.

Вале дар ҳамин ҳол ҳукумати Чин шароити сафари тоҷирони тоҷик ва овардани мол аз Чин ба Тоҷикистонро барои онҳо мушкил кардааст. Қаблан агар садҳо соҳибкори тоҷик метавонист бе мушкил ба Чин сафар карда мол биёрад, аз 15 майи соли 2009 мақомоти Чин танҳо ба онҳое иҷозаи сафари Чин медиҳанд, ки аз Утоқи бозаргонии Чин даъватнома дошта бошанд ва ҳам далели он ки дар расмулҳисоби бонкияшон на камтар аз 800 доллар доранд.

Намояндагони Утоқи бозаргонии Чин ҳангоми додани даъватнома ба тоҷирони тоҷик хӯрдагирӣ мекунанд ва бо камтарин баҳона аз додани чунин даъватнома сар мепечанд. Инчунин бо сабаби бӯҳрони молиявӣ соҳибкорон дигар наметавонанд, аз бонкҳо ба андозаи зарурӣ қарз бигиранд. Ба гуфтаи шоҳидон мақсади мақомоти Чин ин аст, ки сафари тоҷирони тоҷикро коҳиш диҳанд. Ин ба навбаи худ ба афзоиши фаъолияти тоҷирони чиноӣ дар масири Чин–Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Моҳи гузашта мақомоти Чин ба даҳҳо тоҷири афғон, ки миёни Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон кор мекунанд, иҷозаи сафари Чинро надоданд, аниқтараш онҳоро аз посгоҳи марзии Қулма ақиб гардонданд.

Вазъи тоҷирони афғон, ки бахши умдаи онҳо аз тоҷикони афғонистонӣ мебошанд, бо вазъи хитоиҳо дар Тоҷикистон аз замин то осмон фарқ мекунад. Сари чанд вақт дар бозорҳои Тоҷикистон маъракаҳои «афғонқаппӣ» ҷараён гирифта, садҳо нафари онҳо боздошт ва ихроҷ мешаванд ва моли онҳо мусодира мегардад.

Муносибати мақомоти бозорҳо ба тоҷирони тоҷик низ ҳамвор нест, аммо хитоиҳо барои онҳо мисли писартағо ё хонадомод азизу мӯътабаранд. Бо ин ҳол аз эҳтимол дур нест, ки баъди қариб пурра зери бори тавлиди Чин мондани бозору фурӯшгоҳҳо, худи Тоҷикистон зери бори муҳоҷирони чиноӣ афтад. Зеро бо ташвиқу барномарезии ҳукумати Чин ин тоҷирону соҳибкорон ва роҳсозону ошпазҳо на танҳо мақсад доранд, фоидаи молӣ ба даст оранд, балки бо ҳар роҳ ки бошад, дар кишварҳои дигар боқӣ бимонанд ва муқим шаванд.

Тоҷикистон шояд ба муқобили малахи марокашӣ доруву даве дорад, аммо дар баробари малахи чиноӣ гумон аст, истодагарӣ карда тавонад. Сабаби асосӣ ин аст, ки чиноиҳо дар додани ришвати бузург ҳамто надоранд ва барои мақсадҳои дури хеш имрӯз қодиранд, ба қурбониҳои бештаре тоқат кунанд.

Маликшо Неъматов: Мо аз Рустами Эмомалй кумакy мусоидатро мунтазирем

Зафар СӮФӢ «Озодагон» №20 21.05.09.

Суҳбати ихтисосӣ бо раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон

-Дар аввал мехостам арзёбии шуморо аз нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи имрӯз пурсон шавам. Яъне ба назари шумо оё як ҷавон имрӯз шоистаи тавоноӣ, дониш ва истеъдодаш дар ҷомеа ҷойгоҳ дорад?

-Вақте мо насли ҷавон мегӯем беш аз 70 фоизи аҳолии кишварамонро дар назар дорем. Инҳо ҳамон насле ҳастанд, ки дар замони соҳибистиқлолй таваллуд шуда ба воя расиданд ва ҳамаи он гирудор ва рӯзгоре, ки дар аввали солҳои навадуми асри гузашта доштем, инҳо шоҳид буданд. Имрӯз қариб дар ҳамаи соҳаи зиндагии ҷомеа аксари корҳо ба дӯши ҳамин ҷавонҳо мебошад.

Албатта мо имконияти кишварро хуб медонем ва дар кадом ҳолат ба истиқлол расидем онро ҳам фаромӯш накардаем. Торикй буд, ранҷ буд, хотирҳои озурда буд ва инҳо ҳама аз байн рафт, равшанӣ омад, умед омад. Имрӯз ҳатто қиёфаҳо ҳам, чи ҷавонон ва чи калонсолон, нисбат ба солҳои 199-‘2000 фарқ мекунад. Албатта ин ҳамаро бояд дид. Аз ин назар имрӯз мақсаду мароми сиёсати давлатии ҷавонон аз тариқи барномаҳои мушаххас, яъне «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи ватанпарастӣ» ва ҳамчунин «Барномаи саломатии ҷавонон» амалӣ мешавад. Албатта бо дар назар доштани имконияти моливу иқтисодии мамлакат маблағҳои муайян дар ин самт ҷудо карда мешавад, ки ба ҷуз ин се барнома даҳҳо корҳои дигари фарҳангӣ, илмӣ, техникй, солшгардонию варзишӣ низ анҷом мегирчд. Мақсад ҷалби ҷавонон ва ҳидоят ба роҳи дурусти ҳаёт аст. Албатта иқрор бояд кард, ки фарогирии тамоми ҷавонони ҷомеа кори ношуданист, аммо ҳар миқдор, ки тавонистем дар марказ ва зерсохторҳои кумитаи ҷавонон бо соҳибони фардои мамлакат бештар кор кунем, ба нафъи ҳамагон хоҳад буд. Гузашта аз ин имрӯз бояд ҷомеа худ манфиатдор аз ҷалби ҷавонон ба тарзи зиндагии солим бошад. Охир ҷавон кист? Албатта бародари мо, фарзанди мо аст. Пас, мо вазифа дорем дар ӯ руҳияи ватандӯстӣ, меҳрубонӣ, ифтихор ва дигар арзишҳои волои иҷтимоӣ ва ахлоқиро тақвият бахшем.

-Фарохони ҳама барои ҳидояти ҷавонон албатта як бахш аз кор аст ва мутмаинан як таҷрибаи санҷида шуда ҳам ҳаст. Аммо аз сӯи дигар биёед мушаххастар ба мавзӯъ назар андозем. Вазъи иқтисодии кишвар ба мову шумо маълум ва ин буҳрони молии фарогири ҷаҳонй имрӯз гиребонгири мо ҳам шуда. Баъзе коршиносон дар чунин ҳолат бештар шудани мушкилоти ҷавононро матраҳ мекунанд. Аз ин дидгоҳ кумитаи ҷавонон дар роҳи бурунрафти қишри ҷавони ҷомеа аз буҳрон чи барнома ва иқдоми амалие дар назар гирифтааст?

-Ҳамон тавре, ки гуфтед, вазъи иқтисодии кишварро мову шумо хуб медонем ва мо ҳам як сохтори таблиғотӣ ҳастем, яъне кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ихтиёри худ имконияти зиёди молӣ ё корхона ва заводу фабрика надорад. Аммо новобаста аз ин дар паи иҷрои вазифаи худ аст ва ҳамаи чорабиниҳое, ки доир менамояд, барои раҳнамоӣ ва ҳидбятгарӣ аст. Яъне мақсаду мароми мо пеш аз ҳама фаҳмонда додани ҳамин ҳолати пешомада аст. Маҳсулоте, ки кишвари мо истеҳсол мекарду барои пур кардани буҷа манбаи асосӣ буд, мутаассифона дар таъсири буҳрон имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо нархи арзонтар фурӯхта мешавад ва табиист, ки аз ин ҳисоб мо даромади камтар мегирем. Албатта ин ҳолат фақат ба насли ҷавон не, балки ба ҳамаи қишрҳои ҷомеаи таъсир мерасонад. Аз ин дидгоҳ ҳамон барномаҳое, ки роҳбарияти олии кишвар амалӣ мекунанд, ба қишри ҷавони ҷомеа низ тааллуқ мегирад ва албатта дар ростои сиёсатҳову мароми мо аст. Кумита дар назди ҳукумат таъсис дода шудааст ва имрӯз аз ҳисоби буҷаи ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ мешавад. Ба ҳар ҳол мо дар самти ҷалби ҷавонон ба ҷои кор ва фароҳам овардани имкониятҳои корӣ талош дорем, ки дар самти коҳиши таъсири буҳрон ба ҷавонон фаъолият намоем. Намехоҳам иллюзия бисозем, балки бояд бар асоси имкониятҳои воқеии мавҷуд ва корҳои мушаххас ҳаракат кунем. Ҳал кардани мушкилоти ҳамаи ҷавонони мамлакат бе ҳеч шаку шубҳа дар доираи имконияти мо нест. Аммо мо ба оянда хушбин ҳастем ва бовар дорем, ки ҳатман фардо аз имрӯз беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Хабар доред, ки чандйн сол аст дар назди кумита биржаи кор амал мекунад ва ҳамроҳ бо сохторҳои дахлдор, мисли вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохила баъзе корҳои мушаххас анҷом гирифт. Дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумат бо пешниҳодисарвари давлат қарор шуд, ки ҳар ҳафта намоишгоҳи ин биржа ташкил гардад. Новобаста аз он, ки ҳар кас аз баргузории намоишгоҳи биржаи меҳнат бардоштҳои гуногун дорад, яъне ба қавле ҳар кас хулосаи худашро мегӯяд, муҳим он аст, ки ин намоишгоҳҳо баргузор мешаванду чанд тан аз ҳамватонони мову шумо соҳиби ҷои кор мегарданд.

-Аз сӯи дигар шояд вақти ҷалби неруи кории ҷавонон дар дохили кишвар расида бошад? Охир то кай мо бояд мунтазир бишавем, ки як рус, ё як эронӣ, як турк ва ё як чинӣ биёяду барои мо роҳ созаду нақб биканад…

-Албатта мо ҳам инро мехоҳем. Ман ҳатто дар конфронси матбуотии охирин ишораҳо ба ин масъала доштам ва баъзеҳо навиштанд, ки раиси куматаи ҷавонон ҳамаро ба Бадахшон даъват мекунад. Охир ин даъват беҳуда набуд. Он ҷо ба неруи кор эҳтиёҷ ҳаст, моҳона то 1000-1200 сомонӣ имкони гирифтани маош вуҷуд дорад.

Илова бар ин мо бояд ватанамонро худамон обод кунем. Ҳеч кас онро ба ҷои мо обод намекунад ва дар ин ҷаҳон, ки зӯрҳову абарқудратҳо камзӯрҳоро фурӯ бурдан мехоҳанд, мо бояд худ дар фикри ободии худамон бошем, ҳуввияти худамонро ҳифз кунем. Доштани нангу номус ва дидани ҳамин рушаниҳо мухдом аст. Мо медонем торикӣ чи буду сиёҳӣ чи буд, имрӯз мо банд ба банд ҳамонро сафед мекунем ва бояд бидонем, ки агар як микдор сиёҳ аст микдори дигар сафед аст ва мо бояд ба сӯи сафедӣ равем. Имрӯз бо кофтани чирку камбудиҳо ба ҷое намерасем. Дар соҳаи мо ҳам мушкилиҳо зиёданд, аммо муҳим он аст, ки мо худ ин мушкилиҳоро медонем ва дар паи ислоҳаш ҳам ҳастем. Аммо агар имкониятҳо намерасанд ин набояд тавре талаққӣ шавад, ки мо аз ин норасоӣ бехабар ҳастем. Имрӯз дил бисёр мехоҳад, ки дар ҳар гӯшаи сарзамини мо варзишгоҳҳои ободу замонавӣ бошад, марказҳои ҷавонон бошад. Вале имкони имрӯзӣ ба он намерасад. Аз сӯи дигар ҳамасола раҳбари давлат ҳангоми сафарҳояш ба минтақаҳо ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва корҳои муҳиме дар ин самт анҷом гирифтаанду анҷом мегиранд.

-Шумо суҳбат аз торикиву равшанӣ кардед ва ин ҳарфҳоятон муҳаррике шуд то он пурсишро, ки дар зеҳнам мечархид, баён дорам. Зеро дудила будам, ки назди як шахсе, ки худро сиёсатмадор мешиносад, шояд матраҳ кардани ин пурсиш хеле ҷолиб набошад. Бо ин вуҷуд, ба назари шумо як шахси рушанфикр кист ва нақши рушанфикрро дар ҷомеа шумо чи гуна арзёбӣ мекунед?

-Ман дар суҳбат бештар калимаи огоҳро ба кор будам. Ба назари ман равшанфикр касест, ки огоҳ аст. Вақте дар бораи ватандӯстӣ мегӯем, вақте дар мавриди тарбияи дурусти насли имрӯз мегӯем ва мехоҳем, ки ифтихорот дошта бошад, аз арзишҳову муқаддасоти кишвар ҳимоя кунад, бояд сатҳи огоҳии онро боло барем. Бояд одам бидонад, ки ба кадом миллат тааллуқ дорад, гузаштаҳояш чи ифтихорот доштанд, имрӯзаш чи дорад ва фардо бояд чи гуна бошад, яъне аз ҷойгоҳи миллаташ дар ҷаҳони дирӯзу имрӯзу фардо ба хубӣ огоҳ будан равшанфикрӣ аст. Аз сӯи дигар ҳар кореро агар огоҳона анҷом бидиҳӣ фикр мекунам пу шаймон намешави Ҳатто агар ба мушкилиҳо ҳам гирифтор шавӣ чун медонӣ, ки роҳат дуруст аст, пушаймон нахоҳӣ шуд. Шояд ҳатто аксарият туро нафаҳманд, аммо худ пеши виҷдони худ ҳисобот медиҳӣ, ки роҳат рост буд ва сарбаландона то охир рафтӣ. Мехоҳам ҳамин ҷо як масъалаи дигарро ҳам зикр кунам. Мавқеи устувор доштан ва шукргузор будан низ як вижагии равшанфикр аст. Бибенед, баъзан гувоҳи он мешавем, ки бархе ҷавонони мо агар як бегонае сухан аз як падидаи нохуш ё як норасоӣ ба миён орад, фавран дутои дигар низ ҳамроҳ мекунанд. Бо ин кор гӯё он бегонаро хурсанд мекунем, ҳол он ки бо бад гуфтани худамон чунин корро кардем.

-Ин падидае, ки шумо фармудед дар равоншиносии иҷтимоӣ зери мафҳуми худкамбинӣ матраҳ аст, ки мутассифона дар кишварҳои ҷаҳони севвум бештар мушоҳида мешавад. Таври мисол як зуҳури онро чи дар байни ҷавонҳо ва чи калонсолҳо дар ибораи «тоҷикияш кардем» ё «тоҷикияш бикун» метавон мушоҳида кард. Яъне, агар як кор бад анҷом бигирад ё бихоҳем кореро сар-сарӣ анҷом диҳем аз ин тавсифи «тоҷикӣ» истифода мекунем. Яъне худамон хоста ё нахоста миллатии худро таҳқир мекунем. Ба ҳар ҳол аз дидгоҳи шумо барои аз байн бурдани ин ҳисси худкамбинӣ чи корҳое бояд анҷом бигиранд?

-Наслҳо дар боғчаҳову мактабҳо ва оила тарбия мешаванд. Пас тақвияти дарси ватандорй, ватандӯстӣ, ифтихор бо миллати худ, эҳтироми арзишҳову муқаддасоти кишвару миллат ва таҳкими ахлоқу суннатҳои воло ва сарбаландӣ метавонад дар коҳиши ин ҳисси худкамбинӣ таъсиргузор бошад. Боло бурдани сатҳи огоҳии ҳамагон низ метавонад дар ростои аз байн бурдани ин падида корсоз гардад.

-Шумо болотар ба шукргузор будан ишора доштед ва қаблан ҳам дар як суҳбат ба яке аз вазифаҳои кумитаи ҷавонон будани тарбияи насли шукргузор таъкид доштед, ки албатта дар бархе доираҳои хабариву таҳлилӣ ба ин таъкиди шумо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳол мехостам бибинам, ки аз назари шумо вижагӣ ё хусусияти ин насли шукргузор аз чиҳо иборат аст?

-Шукргузор… Ман фикр мекунам ҳар нафаре, ки соҳибақл аст, шукргузор аст. Медонед, ин ҷо як дид, як нигоҳ аст. Барои шакл додани ин дидгоҳ ҳам боз ҳамон таълуму тарбия лозим аст, мактабу маориф даркор аст. Як мисоли оддй меорам. Вақте ман пештар ба ҷои кор меомадам як қисмати роҳ ноҳамвор буд. Аммо як чорабинии сиёсй сабаб шуд ва дуртар аз идораи мо як меҳмонхона бунёд ёфту роҳ ҳам қиррезӣ гашт. Ман ҳар вақте ҳамин роҳи ободро мебинам шукр мекунам. Яъне шукргузор будан ҳар кори хуберо, ки анҷом мешавад, дида тавонистан.

-Хуб огоҳ ҳастед, ки аз назари ҷомеашиносӣ таҳким ва бақои арзишҳои ҷомеа бар мабнои ормонҳову идеалҳост ва барои пешбурди идеяҳо ва амалӣ кардану ҳифзи арзишҳо будани идеал хеле муҳим аст. Аз ин дидгоҳ пурсиши навбатӣ ин аст, ки оё идеали шумо кист ва ба унвони раиси кумитаи ҷавонон барои насли ҷавон чи гуна шахсеро ба унвони идеал муаррифӣ менамоед?

-Барои ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон, ман фикр мекунам, ки барои кушодани мушаххасоти фардӣ ва ном бурдани шахсияте ба сифати идеал кори душвор нест. Вақте як шахси огоҳ пайдо мешавад, миллатро аз вартаи нобудӣ, аз паҳну парешонӣ раҳо мебахшад. Вақте ки ба миллат сулҳ меорад…

-Биёед, ҳамин ҷангу сулҳро меъёри идеал қарор надиҳем…

– Вақте нафаре ҳаст, ки саропои вуҷудаш ба хотири миллаташ бувад ва ягон фарди ҷомеаро бегона намешуморад, вақте ки ба ҳам омадани минтақаҳоро ва ба ҳам омадани тамоми дунёро матраҳ мекунад, нафаре ҳаст, ки саропои вуҷудаш ба хотири пеш рафту шукуфои аст, аз шодии кучактарини фарзандони миллат ва умуман миллат самимона шодӣ мекунад, фикр мекунам барои мо дигар ҷустани идеал зарурате надорад. Беш аз ин нафаре метавонад идеал бошад, ки барои фардои ҷомеа новобаста аз мақому мансабаш талош мекунад, корҳоро бо завқ ва фарзандона анҷом медиҳад. Идеал барои ман ҳамон шахси наҷотбахши миллат, ҳамон шахсест, ки Худованд беҳтарин хислати бахшиданро ба ӯ додааст, ин вижагиҳо барои ман, ки худ парвардаи мактаби сиёсати сарвари давлат ҳастам, намунаи ибратанд, мактабанд, дарсанд. Умуман ҷавонон ва насли имрӯз идеал доранд. Аммо чунон ки гуфтем барои шинохти он фурсат даркор аст, вақт лозим ки дар муқоиса дарёбад.

-Шумо ҳамзамон раиси Иттифоқи ҷавонон низ ҳастед ва ахиран писари раиси ҷумҳурро муовини раиси ин Иттифоқ интихоб карданд. Мехостам бидонам, ки аз назари шумо интихоби Рустами Эмомалӣ ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонон дар ростои талош барои боло бурдани имиҷи ин ташкилот аст ва ё сохтани имиҷи сиёсӣ барои Рустами Эмомали?

-Ба фикри ман на ину на он. Ба хотири он ки ман шахсан Растамро хуб мешиносам ва рафтору кирдори ӯро хуб медонам. Ӯ дар оилае таваллуд шудаву бузург шуда истодааст, ки тамоми пастиву баландии ҳаёти ҷомеаи моро медонанд. Ӯ таҳсилкардааст, маълумот дорад. Ҳама шӯру шавқи ҷавониро дорад. Ва мо медонем, ки аз ҳамон имкониятҳои мавҷуда истифода бурда бачаҳоро гирди ҳам овард, як дастаи футбол сохт. Имрӯз ин даста муваффақ амал мекунад ва дигар онҳоро кӣ ба ҳам оварданаш не, балки фаъолияташон муҳим шуда. Шояд дар байни онҳо шахсоне буданд, ки дилмонда шудаанд ва ё берун аз кишвар бозӣ мекаданд. Рустам ҳаминҳоро ба ҳам овард ва имрӯз натиҷаашро мебинем. Яъне дар вуҷуди ӯ як истеъдоди ташкилотчигӣ ҳаст. Вақте мо ӯро даъват кардему машварат намудем, ба ӯ гуфтем, ки ҳамин шавқу шӯрат, ҳамин имкониятҳои мавҷудаатро дар як самт равона бикун. Вай имрӯз дар кумитаи сармоягузорӣ машғул ба фаъолият аст. Кор дар Иттифоқи ҷавонон як вазифаи ҷамъиятӣ аст. Ба назари мо дар самти ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ӯ метавонад корҳои муфиде анҷом диҳад. Дар ин ҷо фикр мекунам ягон мушкилие пеш намеояд ва то чи андоза муваффақ мешавад аз ҳунар, аз шавқу ҳаваси у, аз талоши ӯ вобаста аст. Мо ҳам аз нигоҳи худ ба ӯ кумак мекунем, чунки ӯ ҳам як фарди ҳамин ҷомеа аст. Беш аз ин ӯ шоҳиди пастуву бадандиҳои рӯзгор ва он сӯхтанҳову сохтанҳои падараш ҳаст ва фикр мекунам аз аксарият дида ӯ бештар дарк мекунад, ки ҳамин ҷомеа бояд пешрав бошад, ифтихор офарад…

-Бубахшед, шумо фикр мекунед ё мутмаин ҳастед?

-Не ман мутмаин ҳастам. Чунки ӯ дастпарвари мактаби сиёсии рахбари давлат аст. Мо, ки худ аз ин мактаб гузаштаем, ҳар ҳаракате, ки ба сӯи пеш мешавад бо шукргузорӣ, бо як меҳр қабул мекунем. Чаро шодӣ накунем, вакте як гӯшаи диёр зебо шавад, обод шавад. Чаро хурсанд нашавам вакте дар як гӯшаи диёри ман як беморхона пайдо шавад, як мактаб сохта шавад, як варзишгоҳ бунёд ёбад. Ман борҳо бо Рустам дар ин мавридҳо суҳбат доштам ва мутма инам ки у чунин як шахсест. Аз сӯи дигар ӯ дар байни ҷавонон нуфуз дорад, ҷавонон ӯро эътироф мекунанд. Ӯ мушкилоту масъалаҳои ҷавононро медонад ва фикр мекунам ин мушкилотро метавонад ҳамчун фарзанд дар сатҳи раҳбарияти олии кишвар матраҳ намояд. Агар кореро ба хотири пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, ба хотири хубтар шудани рӯзгор пешниҳод кунаду ин пешниҳод дастгирӣ ёбад, оё ба зарари кор аст? Албатта не, барои ҳамин ман фикр мекунам ва марому мақсадам ҳамин аст, ки дар тарбияи ӯ, дар пешрафти ӯ агар мо созгор ҳастем, имконе дорем, ҳатман анҷом медиҳем, чунки сохтор дар як давраи муайян як каме хомӯш шуда буд ва барои аз нав эҳё кардани Иттифоқи ҷавонон ҳар ҷавоне, ки ҳамин сиёсати дурусти пешгирифтаро дастгирӣ кунад ва фаъол бошад, мо ҳам ӯро дастгирӣ хоҳем кард.

Иттифоқи ҷавонон аз будани Рустами Эмомалӣ бурд мекунад, мо бо пешниҳоди ӯ чандин чорабинӣ гузарондем ба қарибӣ ба аёдати собиқадорони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ рафтем. Ӯ чанд барномаву нақшаҳо дорад, аз ҷумла таъсиси як клуби варзишии «Истиқлол», ки метавонад аз давраи мактаб ба тарбияи футболбозону варзишгарон шароит фароҳам оварда мусоидат кунад. Боз ҷалби сарпарастон низ як ҷиҳати дигари масъала аст. Яъне имконияти давлатӣ ҳаст ва мо агар битавонем имкониятҳои ҷамъиятиро низ истифода барем бештар муваффақ хоҳем шуд…

-Бубахшед, ман ин пурсишро ба он хотир матраҳ кардам, ки Иттифоқи ҷавонон як созмони ҷамъиятист, ки метавонад дар замони интихоботи президентӣ номзади худро пешниҳод намояд. Хабар доред, ки ҳамзамон бо интихоб шудани Рустам ба симати муовини раиси Иттифоқ ҳадсу гумонҳо ва тахминҳо дар ин бора падид омаданд…

-Бигзор ҳар касе тахмину гумон ва мавқеи худро дошта бошад. Зеро вақте сиёсат ҳаст ҳар кас тахмину гумони худашро дорад ва ба таврҳои гуногун шояд масъалагузорӣ ҳам мешавад. Аммо барои мо имрӯз Рустам пеш аз ҳама ҳамчун шахсияти ҳамин ҷомеаи навин матраҳ аст, вай як ҷавони серғайрат, ҷаҳондида аст, ҷаҳонбинии васеъ дорад, масъала ҳоро дарк мекунад. Бар болои ҳамаи ин тарбияи дуруст гирифтааст, дар ҷое тарбия ёфтааст, ки саропо ғамхории миллат аст, шабу рӯз фикри миллат аст ва дар сафарҳои сарвари давлат ба минтақаҳои мамлакат ӯро ҳамроҳӣ мекунад, яъне аз рӯзгори мардум огоҳ аст. Ҳамчунин ӯ имрӯз имкони васеъ дорад, ки ҳамон мақсаду маромҳо ва нақшаҳоеро, ки дорад, амалӣ бисозад. Оянда дар дасти худи ӯ аст ва ҳар қадар муваффақ мешавад, ҳар қадар дар ин ҷода пешрав мегардад, ба зарар нест ва худо кунад, ки комёб бощад, нафъаш бештар ба ҷомеа бирасад. Аз ин набояд касе тарсу ҳарос дошта бошад ва овозаҳои беҳуда насозад. Баракс, агар таври мисол, фарзанди ман аз ҳама талошҳои ман огоҳ бошад, мақсаду мароми маро бидонад ва дар ҳар мавқеъе, ки ҷойгир шуд, аз рӯи ҳамин мақсаду маром кор кунаду нияташ нек бошад, пас чаро мо ба ӯ имкон надиҳем, ки мақсадҳояшро амалӣ кунад?!

Мо аз Рустам фақат мусоидату кумакро мунтазир ҳастем, зеро чизҳои дидаву омӯхтаашро агар дар пешбурди мақсадҳо дар ихтиёри мо гузорад, ба нафъи ҷомеа хоҳад буд. Мо ба ӯ барори кор мехоҳем, худо ку над, ки як ҷавони банангу номуси миллат ва барои пешбурди ҷомеамон муфид бошад. Мо аз ӯ умедҳои калон дорем. То замоне, ки фикр ҳаст, имконият ҳаст, тавоноӣ ҳаст, бояд талош кунем, набояд корҳоро ба фардо гузорем ва агар ба фардо гузоштем ин тарс дорад, пушаймонӣ дорад…

-Муваффақ бошед ва сипос барои сӯҳбати самимӣ ва шумову ҳамкоронатон дар кумитаи ҷавонону Иттифоқи ҷавонон ва дар симои онҳо ҳамаи ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон шодбош мегӯем.

Эрон аз Рустами Эмомалй пуштибонй мекунад

reНоиб-президенти Эрон Хочиалии Акбарй бо муовини раиси Иттиходи чавонони Точикистон Рустами Эмомалй мулокоти расмй мекунад ва хафтае пеш хукумати Точикистон тачрибаи президенти собики Озарбойчон Гейдар Алиеврро ба таври васеъ таблиг кард. Алиев аввалин президети Шуравии собик мебошад, ки тавонист, писараш Илхомро ба курсии худ бинишонад ва хукуматро меросй кунад.

Имсол монанди солхои пеш хукумати Точикистон ба тагйироти зиёди кадрй рубару нашуд. Чунин тагйиру чойивазкунихо ба дилхохи як нафар — раиси чумхури Точикистон Эмомалй Рахмон амалй мешаванд. Агар дили у хост, вазиреро аз кор мегирад ё ба кори дигар мегузаронад, агар нахост на. Албатта, накши мушовирони вай хам мухим аст, хадамоти махсусе мавчуд аст, ки «доля»-хоро чамъ меорад ва пулдорони навро ба Рахмон мешиносонад. Агар ба подшох маъкул шуд, пулаш кабул ва вазифааш таъин мегардад.

Тагйири бузургтарин имсол ба сахна по мондани писари президент буд, ки баробари тамоми тагйироти пешина аст. Мумкин барои хамин тагйироти зиёд нашуд, ки баланс бокй бимонад. Аз тарафи дигар президент барои он вазирону раисонро дигар акнун зиёд аз чо намечунбонад, ки дар оянда ба бачааш халал нарасонанд ва ранчиши онхо сафи душманони «оила»-ро зиёд накунад. Рустам гулаки навчавон аст, се-чор вазири азкоррафта уро шикаста метавонанд. Барои ин ба «оила» даркор нест, тагйироти зиёде кунаду сари навчавонро ба бало бигузорад.

 Холо хам бисёре аз мардум бовар надоранд, ки Рустами Эмомалй президенти ояндаи Точикистон аст ва аз руи накшаи «оила» дар соли 2020 ба тахт нишаста, то соли 2070 хокимият хохад кард. То он вакт падараш мемурад ва писараш ба воя мерасад ва аз соли 2070 то 2110 писари Рустами Эмомалй — мумкин номаш Эмомалй хохад буд, президенти Точикистон мешавад.

Аломатхои тайёрии Рустам ба президентй зиёданд. Баъд аз муовини аввали раиси Иттиходи чавонони Точикистон шуданаш, кучагардй, махсусан «гонка» бо мошинхои киматбахоро бас кард ва бо чанд рафикаш, ки кам-кам уро ба нашъамандй чалб мекарданд, алокаашро буридааст. Ба футбол хам камтар эътибор медихад ва бештари вакташро ба китобхонй сарф мекунад, зеро дигар дар борааш нагуянд, ки бесавод аст. Дар рафтораш хам мочарочуй ва чангарагй камтар шудааст ва шабона ба тарабхонахо кариб ки намеравад. Ба наздикй як дусти бизнесменаш аз Кургонтеппа ба вай мошини «Ягуар»-и аз Дубай овардаро тухфа кард ва Рустами Эмомалй ин хадияро кабул накард.

Рустам то рафт ба одами чиддй ва калонсол монанд мешавад. Ба рафиконаш акнун хамчун одамоне муносибат мекунад, ки дар оянда дар рахбарй ба вай кумак кунанд. Хамаи чавонони дангарагй ва аксари кулли чавонони кулобй уро химоят мекунанд ва дигар мутмаинанд, ки Рустам президенти ояндаи Точикистон аст ва дар хама чо дар бораи вай сухани хуб гуфта, уро химоят мекунанд.

Муносибати вай бо Хасан Асадуллохзода хам акнун бехтар шудааст ва дигар бо якдигар мочаро намекунанд. Бархе аз расонахо дар гузашта хабар дода буданд, ки Рустам пас аз як мочаро ба тарафи тагааш аз таппончаи «Макаров» тир кушода уро аз нохияи гарданаш захмй кардааст ва кариб куштааст. Аксари расонахо хабар дода буданд, ки Хасани Саъдулло кушта ва дар Кумсангир гуронда шудааст. Холо Хусейн роли акаашро бозй мекунад. Хакикати хол маьлум нашуд, чунки «оила» тавонист, ин мочароро махфй нигох дорад, зеро дар он сурат чунин шахсе монанди Рустам наметавонист ба олитарин мансаби Точикистон муддаъй шавад.