Қонун барои элита

Рӯзбеҳи ДОДБЕҲ «Нигох» №35 19.11.09.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумӣ набуда, аз манфиатҳои ин мардум пуштибонӣ карда наметавонад, зеро он «Қонун барои элита»-ҳост, барои элитаи сарукалобааш гуми тоҷик.

Қонуни демократй

Чанде пештар Қонуни 22-юми июли соли 1989, таҳти рақами 15, ки Совети Олии РСС Тоҷикистон қабул намуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд ва Қонуни нави забон, ки бояд кайҳо рӯи кор меомад, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гашт ва мавриди амал карор гирифт.

Аз нигоҳи худи Қонун, он «вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро танзим мекунад», Дар баробари ин, дар боби 1-ум, сархати 2-юм омадааст: «Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад», ки ин, аллакай, ба дарди ҳамагон, махсусан, ба дарди оне, ки парвардаи миллати таҳҷои асту ин замину обу ҳаворо дӯст медорад ва худро фарзанди ин халқи тӯли садсолаҳо азияткашида медонад, намехӯрад. Чунки Қонун иҷозат медиҳад, ки дар кӯчаву паскӯча, бозору мағоза, ҷойҳои ҷамъиятӣ, чӣ тавре ки хоҳед ва бо кадом забоне, ки хоҳед, сӯҳбат кунед.

Шаклан Қонуни мазкур демократӣ аст, аммо ба назари банда, барои рушди забони миллӣ монеа ба вуҷуд меорад, тавре ки қаблан буд, яъне мақоми забон ҳамон хел боқӣ хоҳадмонд.

Дар моддаи 3- юм, дар сархати аввал чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -забонитоҷикӣ аст». Маъмулан, дар ин бора зиёд гуфтанду зиёд навиштаанд, ки чунин забон, яъне забони тоҷикӣ вуҷуд надошт ва онро забони форсӣ мегуфтаанд, аниқтараш, гуфтаанд ва ман метавонам садҳо мисол орам, ки ифодагари андешаи форсӣ будани ин забон бошад, аммо чун доманаи баҳс ба дарозо мекашад, аз гуфтани ин нукот худдорй менамоям.

«Забони тоҷикӣ» дар ҳеҷ куҷо нест

Аммо ин нуктаро хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар ҳолати аз адабиёту ториху фарҳангу улуми гуногуни муштаракамон бо эрониён ва тоҷикони Афғонистони фарогири асрҳои V-II-и пеш аз милоди Масеҳ, манзурам, фарханги форсии бостон, фарҳанги форсии миёна, фарҳанги паҳлавӣ ва фарҳанги вуруди ислом ба ин сарзамин, то давраи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва, ҳатто, то асри XVIII даст бикашем ва ба домони замони Аҳмадм Дониш, Мирзо Сироҷ, Шоҳин, Ҳайрату пасомадаҳо (то аввали садаи 20) даст бизанем, ҳам дар ҳеҷ ҷое ба ибораи «забони тоҷикӣ» во нахоҳем хӯрд.

Аммо ин забон бо номи забони форсии Мовароуннаҳр, забони форсии бухороӣ дар сарчашмаҳо ва гуфтаҳои бузургон, монанди аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Шоҳин, Садри Зиё зиёда вомехӯрад. Аҳмади Дониш менависад: «Ӯ бо лисони русӣ ҳарф мезаду ман бо лисони форсӣ, мо ҳамдигарро намефаҳмидем», ин як ҷумлаест аз «Наводир-ул-вақоеъ», ки иқтибос аз сӯҳбат ҳангоми сафари Петербургии аллома байни ӯ ва фойтунрони рус мебошад. Ва аммо халқияти тоҷик буда ва он танҳо ба тоҷикони Варорӯд вобаста набуд ва ҷуғрофиёи хеле васеъ дорад. Оғози он агар Байнаннаҳрайн бошад, поёни он лаби баҳри Хазару сохилҳои Арал, қаторкӯхҳои Олой ва Помир будааст.

Пас, ин гуна забон бо номи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳе набудааст ва мо хоҳем, нахоҳем, ин забони форсии хуросонӣ ва форсии мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо он қабл аз мо эҷоди илму адаб шуда, моро ба ҷаҳониён шиносондааст.

Дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро надидаам, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй, Носири Хисрав то Нақибхони Туғрал аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар хама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Наход, ин бандро вакилони Маҷлиси Оли кабул намуда бошанд? Агар ҳа, пас, ин вакилон аз фарҳанги форсӣ воқеан бехабар ва ё тарбиятдидаи фарҳангу тамаддуни халқи дигаранд?

Забони форсӣ ва СММ

Баъдан, аз рӯзе, ки инқилоби исломӣ дар Эрон ғалаба намуд, баробари баҳисобгирифтани тоҷикони Ҳиндустону Покистон, Чину Тоҷикистон, Афғонистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, ҳатто, тотҳои Доғистон ва аллониҳои Осетия ва толишҳои Озарбойҷон, донишмандони эронӣ даъво доранд, ки забони форсӣ низ яке аз забонҳои қудратманд буда, он бояд яке аз забонҳои Созмони Миллали Муттаҳид бошад.

Ва ҳоло ман бар он андеша мекунам, ки магар, дар ҳоле ки даъво барои забони муоширату ҷаҳонӣ гардидани забони модарии мо, манзурам, забони форсии варорудӣ, худро ҷудо намудан ва номи базӯрӣ гузоштаи собиқ «хоҷагонамон»-ро фаромӯш нанамудани мо, шикасти ин миллат нест? Ба назарам, ҳамин тур аст.

То ҳанӯз шогирдони В.С. Расторгуева ва дигару дигарҳо будани худро исбот менамоем ва дар мурдобчаи сохтаи онҳо, ки хеле танг ва обаш гандида аст, шино мекунем. Чаро баҳри азими форсиро намебинем ва чарову аз чӣ сабаб худро нодида мегирем?

Дар моддаи 2- юм омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст». Кас ба ҳайрат меояд: Қонун қабул мекунем, аммо то имрӯз «Қонуни асосӣ»-ро бо ду ном интишор менамоем ва онро Конситутсия ва дар қавсаин Сарқонун менависем.

Дар ҳоле ки маҳз дар Қонуни забон, ки он бо истифода аз имлои забони мо сохта шудааст, бояд яке аз ин вожаҳо қабул мегашт ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мефаҳмид, ки «Қонуни асосй»-ашро бо юнонӣ «Конститутсия» номад ва ё бо лафзи ширину равонаш «Сарқонун».

Баъдан, дар моддаи 11, банди 2-юм омадааст: «Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар сурат мегирад». Ин ҷо бояд забонҳои байналмилалӣ: русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ номбар карда мешуд ва ибораи «забонҳои дигар» дар чанд моддаи дигари ин Қонун низ истифода шудааст. Ба назарам, ин мантиқӣ нест, чун забонҳо дар рӯи ҷаҳон хеле зиёданд ва дар Қонун (!) бояд номуайянӣ набошад.

Тазъйиковартарин модда, ба назарам, моддаи 13-ум аст, ки дар банди аввали он омадааст: «Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад», дар банди дуюми ҳамин модда, ки ба асоси банди аввали он хатти батлон мекашад ва маънии банди аввалро батамом гум мекунад ва агар боз ҳам дагалтар гӯем, онро чун тимсоҳ фурӯ мебарад, омадааст: «Эълону рекламаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд». Намедонам, дар кишваре, ки куюми асосии он бо забони тоҷикй, манзурам, ҳамон забони форсии варорудӣ ё мовароуннаҳоӣ гап мезанад, реклама ба забонҳои дигар ба кӣ лозим аст? Ин ҷо, албатта, бояд ба касоне, ки ширкатҳои бузурги рекламадиҳандаро ба бозоргир будани реклама, ба қавле, бо забонҳои дигар, мутақоид сохтаанд, қоил шуд.

Бояд пеши онҳо даст бардошт ва гуфт: «Офаринатон бод!!!». Чӣ тур тавонистед, ки, хатто, ба депутатҳои тоҷик ин фикри ботилро талқин кунед?! Аз он забони давлатӣ чӣ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки, ҳатто, молро дар бозор ба забони дигар пешниҳод мекунанд? Ба масал, инро метавон ба харбузафурӯшии ҳамон тоҷик монанд кард, ки дар бозори лекин молашро «асал барин ширин» гӯяд.

Баъдан, андеша чунин аст, ки дар ҳолати амал намудани забонҳои дигар, дар шаҳрҳои бузург ва шаҳрҳои музофотию шаҳракҳо, умуман, тағйироти кироиё нахоҳад шуд ва рекламаҳо, чуноне ки буданд, хамон тавр хоҳанд боқӣ монд. Нуктаи дигар он аст, ки худи вожаи «реклама»-ро бояд ба «навидҳои бозоргонӣ» ё «пайёмҳои бозоргонй» иваз намоем ва ҳеҷ ҳоҷат ба вожаи ғайрро истифода бурдан нест, чун дар таркиби забони мо ибораи ин маъниро медода вуҷуд дорад.

Моҷарои «у»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ

Мо доир ба «у»-и дарозу «у»-и кӯтоҳ ва «у»-и мобайн ҷанг мекунем, ҳамдигарамонро носазо, саҳфаҳои рӯзномаамонро аз дашноми ҳамдигар пур мекунем, ба рӯи якдигар туф мекунем, аммо дар паҳлӯямон ба забони мо ба воситаи ҳаммиллати миллатгумнамудаи мо фишор меоранд ва вожаю ибораҳои нодаркорро ба сари мо бор мекунанд, ки аз туркию ӯзбекӣ, русию яҳудй ва дигару дигарҳо иборат аст ва ин кор низ аз ҷониби нафароне рӯй медиҳад, ки аз фарҳангу тамаддуни ҳазору чандсолаи мо бехабаранд, хомӯшем.

Чун имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезанӣ, гумон мекунӣ, ки дар Туркиё, Ӯзбекистон, Русия ва Инглистон гаштай. Баъдан, аз но фаҳмию беақлии мутахассисони рекламадиҳанда ва рекламақабулкунанда низ, ки ҳеҷ сареву сарваре надоранд, рекламаҳое «зеб»-и шаҳри мо гаштаанд, ба забони мо, ки ба назари «чиновник»-ҳои мо, аз афти кор, «камбағалу қашшоқ» менамояд, рекламаҳои ғайритоҷикие, монанди Метро, Москвичка, Русия, Ойдин, Истамбул, Абрикол, Арбат ва ғайра ворид гашта, забонамонро «ғанӣ» гардонидаанд.

Пас аз чанде гумон мекунам, мегӯем, ки ин вожаҳо хоси забони модарии моянд ва бояд бошанд, чунки онҳо халқй гаштаанд.

Аҷибии кор дар он аст, ки вожаи «работ», ки аслаш арабӣ аст, ба воситаи тоҷикон ва эрониёни савдогар ба Маскав рафта, номи маҳаллии «Арбат»-ро гирифтааст, яъне вожаи русӣ гаштааст. Ин вожаи ба воситаи савдогари тоҷик ба ин кишвар рафта баъди гузаштани асрҳо ба сарзамини мо баргашт ва мо худро донандаи хуби забони русӣ мехонему бе ин забон худро тасаввур карда наметавонем. Бехабар гирифтани Фарҳанги русии оқоёни Дал ва Ожегов, ки ба забони чиновникҳои мо «Толковий словар» аст, онро «Арбат» гуфтем ва мағозаю тарабхонаамонро дар роҳи Ҳисор-Душанбе чунин ном гузоштем.

Ман бо боварй гуфта метавонам, ки то ин дам ба маънии ин вожа на нафаре, ки дар шаҳрдории мо дар идораи номгузорӣ кор мекунад сарфаҳм мерафту на соҳиби он, вагарна ҳамон вожаи маъмулии работро, ки тоҷикӣ шудааст, мегузошту ҷони ҳама халос мешуд. На мо менавиштему на шумо механдидед.

Дар ҳолати донистани маънии вожа, пас, ин таҳқири соҳибзабон ва кулли миллат аст, на бешуна кам. Рекламаҳои телефонҳои мобилй, ки дар кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанду ба воситаи ВАО бозгӯ мешаванд, ба забони ғайритоҷикй буда, дар дуртарин нуқоти ҷумҳурии соҳибистиқлол ба назар мерасанд. Ҳатто, агар ба муассисаҳои мазкур занг зада, ба забони давлатӣ чизеро пурсед, беистиҳола, ба шумо бо забонҳои ғайр ҷавоб медиҳанд ва агар шумо, ба қавле, дурусттар талаб намоед, гӯширо мегузоранд. Сабабаш ҳамоно банди дуюми ҳамин Қонун аст. Ҳамин гуна рафторро дар кулли мағозаҳои бузурги пойтахту шаҳри Хуҷанд низ дидан мумкин аст.

Марҳамат ба мағозаҳои «Волна», «Техносила» ва ғайра, ки, ҳатто, аз номи тоҷикй гузоштан соҳибони он шарм доштаанд. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки сабаби ҳамаи ин ҳамоно банди дуюми Қонуни мазкур аст, ки дар собиқ Қонуни забон бо номи «забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо» дониста шуда буд ва бо тағйироти камубеш дилрабо ва чашмрас ба мардум пешкаш гаштааст.

Пас ин ҷойи Қонуни номбурда ва чанд ҷойи дигари он, ки ибораи «забонҳои дигар» омадааст, ҳамоно забони русй аст. Мавқеи он аззабони ба ном давлати шудаи мо, баландтар аст. Шояд, як сабаби аз вожаи «форсӣ» рӯй гардонидани депутатҳои халқӣ, ки ба халқй буданашон, маъзур доред, ҳеҷ бовар надорам ҳамин нукта бошад. Баъдан, нуктаи дигареро бояд гуфт, ки аксари кулли ин «шоҳмардони халқй» фарзандон ва набераву абераи худро дар мактабҳои русиву туркӣ ва инглисй ба таҳсил додаанд ва ё дар хонаҳояшон устодони махсусе ин забонҳоро ба пайвандонашон меомӯзанд.

Аз ин рӯ, ин Қонун – Қонуни халқӣ не, балки «Қонун барои алита» аст. Ва ахиран, бегоҳии 22-юми октябри соли 2009 бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Дмитрий Медведев пресс-конфронс баргузор шуду онро аз тамоми шабакаҳои Русияву Тоҷикистон намоиш доданд. Нашрияҳои воҳимачии русӣ, ки қаблан мегуфтанд: «Эмомали Рахмон выдворяет русский язык» (Эмомалӣ Раҳмон забони русиро меронад) навиштанд: «Медведев вернул русский язык Таджикистану» (Медведев забони русиро ба Тоҷикистон баргардонд).

Ба назарам, ин бори дигар исбот кард, ки қабули Қонуне бо номи «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» фиреби назар буд ва то ҳанӯз мо ҳисоботдихандае дар назди «бародари бузург» хастем ва боз кӣ медонад, ки то кай хоҳем буд? Чӣ гуфтед, нухбагон, э, мебахшед, элитаҳо?

Панҷумин хуршед

(ё худ баёни ин ки инсон метавонад ба дасти худ сарнавишти хешро рақам бизанад)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Камина одат надорам беш аз андоза телевизион тамошо кунам, чун аввалан вақташро надорам ва сониян, мўътақидам чунин одате аслан зиёновар аст. Ба истиснои пайгирии ахбори ҷорӣ дар ҷаҳон, аҳёнан агар филме ибратомез буд, тамошо мекунам. Рамазони соли ҷорӣ дар яке аз шабакаҳои симои Ирон, филме мусалсал ба намоиш гузошта шуд, ки инсофан қобили таҳсин аст. Ҳар касе онро сохта, дасташ дард накунад. Номи ин филм “Панҷумин хуршед” буд. Ҳарчанд поёни хубе (аз назари отифӣ) надошт, вале паёме, ки филмсоз мехост бирасонад, паёми ибратдеҳе буд.

Филмсоз мехост ба воситаи ин филм барои бинанда собит кунад, ки инсон дар рақам задани сарнавишти хеш ва атрофиёнаш, нақши бас муҳимме дорад. Хулосаи филм ин аст, ки боре барои як ҷавоне чунин фурсат муяссар мегардад, ки ба оянда сафар кунад, шоҳиди зиндагии атрофиёнаш дар оянда бошад, бубинад чӣ сарнавиште гиребогирашон шуда. Масалан мебинад хонаводааш (хоҳару модараш) ва яке аз дўстони самимияш ояндаи на чандон хуше доштаанд. Тасмим мегирад баргардад ва коре кунад, ки ояндаи эшон на он чунон шавад, ки шоҳидаш гардид, мехоҳад бо ҷобаҷоии бархе аз асбобе, ки мунҷар ба ин чунин сарнавишти нохуш шудааст, ояндаи эшонро тағйир бидиҳад. Ва муваффақ ҳам мешавад. Хулоса, ду ё се бор аз ин замон ба он замон ва баръакс сафарҳое анҷом дода ва муваффақ мешавад асбоби мунҷар ба сарнавишти муайянеро ҷобаҷо созад. Албатта худаш, ки дар замони оянда ошиқи духтаре мегардад, дар поён асбоб ба гунае ҷобаҷо мешаванд, ки дар ниҳоят маъшуқаи хешро аз даст бидиҳад, ки гуфтам ин филм финоли ғамангез аз назари отифӣ дорад. Бинанда мехост ин ду бо ҳам бирасанд, ки нарасиданд. Ҳоло коре ба ин ҷиҳат надорам.

Он чи мехоҳам арз кунам ин аст, ки гоҳе инсон матлаберо, агар печида бошад, наметавонад аз тариқи гуфтану навиштан ба хонанда бирасонад. Вале як намоишнома (филм ё театр), аз он ҷо ки малмусу маҳсус аст, метавонад ҳамон матлаби печидаро барои бинанда ба хубӣ ва осонӣ бирасонад.

Дар системаи маърифатии ислом, масъалаи “сарнавишт” (қазо ва қадар) ба гунае олӣ ва дақиқ баён гардида, ки дар ҳеҷ як аз системаҳои маърифатии башарӣ назири онро пайдо наметавон кард. Ислом, дар айни ин ки буду шуди ҳар падидае дар ҷаҳони ҳастиро, тибқи қазо ва қадари илоҳӣ медонад, аммо ҳаргиз нақш доштани худи инсон дар тағйиру рақам задани сарнавишташро нодида нагирифтааст. Қуръон дар айни ин ки мегўяд: “Ҳеҷ мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда ва ин бар Худо осон аст” (Сураи Ҳадид, ояти 22), ва (дар айни замон) мефармояд: “Худо вазъи ҳеҷ мардумеро иваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 11).

Ба назари баъзе гўи Қуръон ин ҷо таноқуз мегўяд. Яъне ин чи гуна аст, ки Қуръон аз тарафе мегўяд: ҳар чи шуду ҳасту мешавад, тибқи қазо ва қадари илоҳист, вале аз тарафе мегўяд: шумо инсонҳо худ дар тағйири сарнавишти хеш муассиред?

Аммо худи Қуръон ин дуро бо ҳам қобили ҷамъ медонад, на мутаноқиз. Дар ояте мефармояд: “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад), ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад, ва “китоби модар” (асл ва модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) фақат назди Ўст” (Сураи Раъд, ояти 39).

Маънои ояти номбурда, бо таваҷҷўҳ ба баёноти гуҳарбори ҳазрати Паёмбар (с) ин аст, ки қазо ва қадар дар мавриди инсонҳо якнавохт нест. Худованди Мутаол дар мавриди инсонҳо, қазо ва қадарҳои мутааддиде гузошта, ки таъйини ҳар кадом, бастагӣ ба ихтиёру интихоби худи инсон дорад. Масалан: касе ба навъе беморӣ мубтало шуда. Агар ин бемор даво бихўрад, шифо хоҳад ёфт, яъне як сарнавишт хоҳад дошт, вале агар даво нахўрад, хоҳад мурд, яъне сарнавишти дигаре пайдо хоҳад кард. Бо хўрдани даво, он сарнавишти шум маҳв хоҳад шуд. (Ин аст маънои “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад”).

Дар ривояте омадааст рўзе Паёмбар (с) ҳамроҳи чанд тан аз ёрон нишаста буданд, ки марде аз канорашон рад шуд. Паёмбар (с) рў ба ёрон карда фармуданд: ин шахс дигар барнахоҳад гашт, яъне хоҳад мурд. Чанд соате сипарӣ шуд, ки диданд мард ҳамроҳ бо ҳезуме дар китф солиму тандуруст бармегардад. Ёрон аз он ҷаноб (с) пурсиданд, ки магар нагуфтед ин мард дигар барнамегардад ва хоҳад мурд? Паёмбар (с) аз он мард хостанд, ки биистад. Пурсиданд: имрўз чӣ коре нек анҷом додӣ? Гуфт: ҳангоми хуруҷ аз хона, садақае барои як ниёзманд бахшидам. Аз ў хостанд ҳезумашро бар замин гузорад. Вақте гузошт, диданд море кушанда аз миёни ҳузумҳояш берун омад. Он гоҳ Паёмбар (с) фармуданд: Сарнавишти ин мард дар китоб (номаи аъмоле, ки сарнавишти ҳар одамӣ дар он сабт гардида ва Паёмбар (с) аз он огоҳанд) чунин буд, ки море ўро газида ва ў хоҳад мурд. Аммо аз он ҷо ки ин мард ҳангоми берун омадан аз манзил садақа дод, Худо сарнавишти ўро тағйир намуд. (Ин аст маънои “ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад”).

Ин ки маъруф аст “Садақа радди бало мекунад” ҳамин аст, яъне балое туро дар интизор аст (як сарнавишт), вале садақа додани ту боис мегардад ин бало аз сари ту бардошта шавад (як сарнавишти дигар).

Хулоса, баёну тавзеҳи як чунин масъалае печида, гоҳе ба забону навиштор хеле душвор аст ва чи басо инсон аслан наметавонад онро ба хонанда бирасонад. Аммо филме, ки дар ин моҳи муборак дидем, тавониста ҳамин масъалаи печидаро хуб ва некў бифаҳмонад. Он ҳам барои ҳар инсоне, новобаста ба сатҳи дониши вай.

Дасти созандааш дард накунад. Худо дунёву охираташро обод созад!

http://www.kemyaesaadat.com/

Чаро дар герб акси хафт ситора аст?

Адаш Истад (Герби Шердор)

01Аз масоили баҳс оиди герби Тоҷикистон мавзўи «ҳафт ситораи болои тоҷ» берун монда буд. Навишта будам, ки оиди ифодаи чи будани он устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки дар ёдам намондааст. Ва низ гуфта будам, эҳтимол рамзи муассире набудааст, ки аз хотир зудуда шудааст. Дар оини асотири мардумони гуногун рақамҳо маъноҳои қудсии худро доранд.

Ба ҳафта тақсим кардани рўзҳо ба мо аз арабҳо омад.

Дар қомуси «Асотири мардумони ҷаҳон» (ҷилди 2, саҳ 537) бо такя ба манобеи бостонии чинӣ овардаанд, ки «ҳафт ситора» аз парастишҳои қавми турк аст. (Аз ин пеш нависта будам, ки дар байни мардуми туркнажод «бўрӣ» бўрибой барин номҳо, ки маънояш гург аст, бисёр вомехўранд. Ин ба тотем не, балки ба асотири асосии қавмҳои турк вобаста будааст. дар замони қадим қавми турк танҳо аз як қабила иборат будааст. Онҳо дар канори ботлоқе мезистаанд. Як қавми дигар ба онҳо ҳуҷум карда ҳамаро мекушад. Гумон мекунанд, ки ҳамаро куштанд, аммо дар байни мурдаҳо як писарчаи даҳсолаи пурзахму нимҷоне буд. Модагурге ин бачаро ба ғоре бурда тарбия мекунад. Аз заношўии модагургу ин писар даҳ нафар фарзанди нарина ба дунё омада аз ноҳияи Гаочина зан гирифта қавми туркро зинда мекунанд ва аввалин манзилашон Олтой бадааст. Ин тибқи манбаъҳои асри VI-и чинӣ).

Воқеан ҳам барои мардуми чорводор ва саҳроновард, ки роҳи худро дар биёбонҳои васеъ аз рўи ситораҳои осмон хусусан Ҳафтдодарон муайян мекард, рақами ҳафт ё ҳафт ситора мақоми беназир дошт. Ба фикри шахсии камина дар марзи Тоҷикистон мардуми туркзабон кам нестанд, ин нишонро дар герб бетағйир нигоҳ доштан лозим аст.

Аммо аз ёд набояд бурд, ки барои ниёгони мардуми тоҷик дар замонҳои қадим рақами панҷ бештар аҳамият доштааст. Рақами панҷ маънои қудсӣ низ доштааст. Ба ин сабаб номҳои географии Панҷ, Панҷакент, Панҷрўд, Панҷоб дар мавзеҳои тоҷикнишин вомехўранд.

Аз ин ҷост, ки дар ҳунарҳои мардумӣ асосан расми ситораи панҷгўша дар мақоми аввал аст.

Бечуръатй дар рузи озодй

Чаро ман нишасти 3 – юми майро ба нишони эътироз тарк кардам?

Раҷаб МАРАИМОВ «Нигох» №07 07.05.09

Ахиран журналистони тоҷик нишон доданд, ки то куҷо ҷуръат доранд … ва сабаби беҷуръатиашон дар чист. Ин ҳолатро онҳо дар Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод ошкор намуданд.

3 – юми май «элитаи журналистикаи тоҷик» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷамъ омада буданд, то мавзӯи вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд. Мавзӯи аввал бо хости созмондиҳандагон дар бораи зарурияти ғайриҷиноӣ (декриминализатсия) кардани тӯҳмату таҳқир буд. Журналистону коршиносон қазияҳои марбут ба тӯҳмат ва таҳкурро муҳокима намуда. Дуруст мегуфтанд, ки ин гуна ҳолатҳо бояд дар мурофиаҳои шаҳрвандй баррасӣ гарданд ва аз нафароне, ки ба чунин амал даст мезананд, танҳо ҷарима ситонида шавад. Ин икдом хатари паси панҷара нишастани журналистон бо иттиҳоми тӯҳмат ва таҳқирро аз миён мебарад ва дар таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ зиёд истифода мешавад.

Аммо аҷиб буд, ки меҳвари аслии баҳси журналистону ҳукуқшиносҳои он рӯз ҷамъомада танҳо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – моддаҳои 135 ва 136 буд.

Ман пешниҳод кардам, ки агар ҳадаф ба таври комил аз байн бурдани масъала аст, ҳамчунин моддаи 137-и Кодекси ҷиноӣ низ, ки «таҳқири оммавии Президенти Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ» ном дорад, ба баҳс кашида шавад, аммо гӯё ин пешниҳодро касе нашунида бошад садри ҷаласа риштаи суханро ҷониби дигар бурд.

Бори дигар ман замоне ба масъалаи пешниҳодкардаам баргаштам, ки ҷаноби Қаршибоев – раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон мавзӯъро пурра ҳалшуда дониста, ҷамъбаст намуданӣ буд. Гуфтам:

– Ҷанобон, агар манзури мо аз ин баҳс ва пешниҳодот дар кулл ҳал карданй масъала бошад, на гирифтани гранту лоиҳаҳо, биёед масъаларо комил бубинем. Фаромӯш накунед, ки президент дар Тоҷикистон раиси ҳукумат ҳам ҳаст….

Аммо касе «намешунид»….

Ман ба нишони эътироз толори нишастро тарк кардам. Эътирози ман аз он буд, ки акнун маълум шуд чаро мушкилоти озодии баён дар кишвари мо ҳалли худро намеёбанд. Зеро ҳеҷ гоҳ масъалаҳоро ҷиддӣ баррасӣ намекардаанд! Ва онҳое ҳам, ки худро «сарсупурдагони матбуоти озод» медонанд, ин меъёрҳоро қурбони манфиатҳои худ намудаанд.

Аммо биёед мавзӯъро фаррохтар бубинем. Кӣ ва чаро дар Тоҷикистон мехоҳад миёни президент ва мардум тафовут ба вуҷуд биёрад?

Бубинед, моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд». Тавре дида мешавад, Конститутсия шаъну эътибори ягон инсонро болотар аз дигаре нагузоштааст. Яъне он ба ҳама дахл дорад – президент, сарвазир, депутат, коргар ва ғайра.

Дуюм, 29-уми июни соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҳамагӣ аз 2 модда иборат буд. Мазмуни ин қонун каму беш таҳрир гашта, ба қонуни матбуот ва якчанд қонунҳои дигар ворид карда шуд.

Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, қонуни мазкур дар асоси қисми якуми моддаи 10 Конститутсияи амалкунанда, азбаски ба Конститутсия, Кодекси гражданӣ ва хусусан ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф аст, эътибори ҳуқуқӣ надорад.

Сеюм, бояд ҳар як инсон, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи ба Конститутсия мухолифнабуда ва санадҳои ҳуқуқий байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, имкон дода шудааст, ки худро ҳифз намояд. Масалан, дар қисми 2 моддаи 174 Кодекси граждании Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «Агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезанад, аз тариқи воситаҳои ахбори умум паҳн гардида бошанд, онҳо бояд дар ҳамон воситаҳои ахбори умум бемузд рад карда шаванд».

«Шаҳрванде, ки, – гуфта шудааст дар қисми 3 моддаи мазкур, – воситаҳои ахбори умум дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаро нашр карданд, ҳақ дорад дар ҳамон воситаҳои ахбори умум ҷавоби худро нашр кунад».

«Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, – омадааст дар қисми 6 ин модда, -ҳақ дорад дар баробари раддия инчунин ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд».

Ин қоидаҳо, бори дигар ёдовар мешавам, ки барои ҳама шаҳрвандон, новобаста аз мансаби ишғолнамудаашон, якхела мебошанд.

Хуб, ин баҳсҳои ҳуқукро мегузорему меравем сӯи мантиқ. Дар моддаи 6-и қонун дар бораи матбуот омадааст: «интишори …ахборе, ки … шаъну эътибори Давлат ва Президентро халалдор месозад…». Акнун ба як чиз эътибор диҳед, ки бо ин гуна матни қонун дар бораи Президенти Тоҷикистон, набояд умуман ягон хел маълумот, ахбор ё ақидаю мулоҳизаи «халалдоркунанда» чоп шавад. Яъне ё маълумоти мусбат ва ё ҳеҷ чизи дигар! Ҷумлаи дар боло иктибосёфта маъние ва ё арзиши ҳуқуқие медошт, агар ба вай, масалан, ибораҳои «ахбори бардурӯғ», «қасдан, дидаю дониста» илова мешуд.

Беҳуда нест, ки Кодексҳои ҷиноятию граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «халалдоршавии» шаъну шараф ва обрӯю эътибори шахсро фақат бо «дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ» муқаррар ва пайваст кардаанд ва ин фаҳмост.

Дар акси ҳол, масалан, агар нависем, ки зиёда аз 60% аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи қашшоқӣ мезияд, пас ин оё шаъну шараф ва эътибори кории Президенти мамлакат ва раиси Ҳукумат, кафили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии мардуми кишварро халалдор месозад ё не?

Аммо журналистони тоҷикро ин пахлӯҳои масъала камтар ба ташвиш меовардааст. Онҳо ҳамчунин гӯё донистан намехоҳанд, ки ба ғаӣр аз моддаҳои 135 ва 136 -и Кодекси ҷиноятӣ ҳамчунин моддаи 330 аст, ки «таҳқири намояндаи ҳокимият» ва 335 аст, ки «беэҳтиромӣ нисбат ба суд» ном доранд. Оё бе баррасии онҳо ҳам масъаларо ҳалшуда пиндоштан мумкин аст?..

Ба толори нишасти рӯзи 3 – юми май ман замоне баргаштам, ки мавзӯи охирини худро баҳс мекарданд: ба журналистони Тоҷикистон Кодекси ахлоқӣ зарур аст?

То ҳамин рӯз ман хаёл мекардам, ки журналистони тоҷик ба чунин кодекс ниёз надорад. Аммо акнун бо дили пур мегӯям, вакте журналистон ҳарфи ҳамкасби худро «намешунаванд» ва ҷуръати баҳси онро надоранд, онҳо воқеан ҳам ба кодекси ахлоқӣ ниёз доранд….

Кӣ баҳс мекунад?

Дурўғи беҳадду марз, яъне шохдор

Посух ба мақолаи «Тўраҷонзода – ҷосуси КГБ?»

Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода «Фараж» №18 07.05.09

Ман афроди бисёреро медонам, ки дар КГБ кор карданд ё кор мекунанд ва бисёри аз онҳо инсонҳои бисёр шоиста ва дўстдорони ҳақиқии ватани худанд. Ман нисбати ин ниҳоди муҳими давлатӣ ҳеҷ гуна эҳсоси нафрату хусумат надорам, чунки онҳо муҳофизони манфиатҳои давлат ва оромиши мардуми мо ҳастанд. Хоҳишмандам, аз хадамоти амнияти давлатӣ деву ҳаюло насозед! Ба фикри ман ҳамкорӣ бо идораҳои амниятӣ агар фақат ба хотири ҳифзи амнияту манофеи кишвар бошад, кори хубест, ба шарте ки ин ҳамкорӣ бар зарари дину оин ва ягон нафари бегуноҳ набошад.

Рўзи 9-апрели соли 2009 дар нашрияи «События» матлабе зери унвони «Тўраҷонзода-ҷосуси КГБ?» ба нақл аз сайти интернетии «forum.msk.ru»-и Русия ба қалами муаллифи сохтае бо номи «Фаррух Мамадшоев» ба нашр расид. Баъдан рўзномаи «Ҷумҳурият» ва Агентии миллии иттилоотии «Ховар» гўё ба хотири «таъмини гуногунандешӣ» онро чоп намуданд.

Банда махсусан солҳои 1992-97 чунин дурўғу бўҳтонҳоро дар бораи худ фаровон хонда ва шунидаам. Ин мақола низ идомаи ҳамон «афсонаҳо» аст. Ман ба ин навиштаҳо одат карда, ба аксари онҳо посух намедодам, аммо ин дафъа як сабаб водор кард, ки ба ин дурўғ посух диҳам: Муаллифони ин дурўғнома дар ҳаққи азизтарин одам дар зиндагиам – падари бузургвори марҳумам тўҳмат задаанд. Зикр бояд кард, ки хушбахтона, то ба имрўз ҳеҷ яке аз нашрияҳои мустақили тоҷикӣ ин мақоларо чоп накардаанд. Аз рўи маълумоте, ки дорам, сарфи назар аз илтимосҳои ботакрори соҳибони ин тўҳматнома, сардабирони мўҳтарами ҳафтаномаҳои мустақил розӣ нашуданд, ки он навиштаро бидуни зикри имзои муаллифи ҳақиқӣ чоп кунанд.

Мехоҳам дафъатан таъкид кунам, ки ин мақола аз оғоз то ба поён саршор аз дўруғи маҳз, хаёлбофиҳои муаллифи он ва мушовиронашон аст. Ман инҷо мехоҳам ба чанде аз бўҳтону дурўғҳои шохдор ва «тахайюлот»-и бепояи онон ҷавоб бигўям.

Дурўғи №1: Дар тўҳматнома омадааст, ки «ҷаноби Тўраҷонзода зимни сўҳбат дар робита бо вокуниши Сарвари давлат ба проблемаи истиқлолияти обу энергетики давлати соҳибихтиёр изҳори норизоӣ намуда, Ҳукуматро танқид мекунад, ки дар вақташ корхонаи дар мамлакат ягонаи алюминии «ТАЛКО» – ро ба Олег Дерипаскаи «камбағалу бечора» нафурўхтааст. Ҳол он ки корхонаи мазкур натанҳо мояи ифтихор, балки манбаи асосии даромади буҷети мамлакат бошад.»

Посух: Ман дар мусоҳибаам аслан чунин сухане нагуфтаам ва ҳеҷ вақт дар ҳеҷ ҷое аз сиёсати Сардори давлат норозигие накардаам. Аз хонандаи мўҳтарам хоҳиш мекунам, ки агар ба ин гуфтаи ман бовар накунад, ба мусоҳибаи ман дар ҳафтаномаи «Фараж» аз 5 феврали соли 2009 муроҷиат намояд ва худаш қазоват кунад, ки чӣ тўҳматеро болои ман бор кардаанд.

Аз ин навъи масъалагузории «муаллифон» ва хусусан, аз такрор шудани ибораҳои шиносе, ки гўё Корхонаи алюминий «натанҳо мояи ифтихор, балки манбаи асосии даромади буҷети мамлакат мебошад», маълум мегардад, ки ин тўҳматнома дар асл «ҷавобест» ба мусоҳибаи ман ба ҳафтаномаи «Фараж аз 5 феврали 2009 ва ҳамчунин ба мақолаи «Афсонаҳои алюминӣ», ки баъдтар дар нашрияҳои «Фараж» ва «Миллат» (№8, аз 26.02.09) чоп шуда буданд. Зеро ман бовар дорам, ки фармоишгарони ин тўҳматнома натавонистаанд посухи муносиб ба далоили овардаи ман бидиҳанд, аз ин рў, мутаассифона, ба чунин иқдом даст зада, бо истифода аз имконоти васеи молии худ як компанияи матбуотиро бар зидди ман ба роҳ андохтаанд.

Дар бораи масъалаҳое, ки банда дар он мусоҳиба ва мақола дар бораи Заводи алюминий баён карда будам, хусусан, дар бораи афсонаи гўё «манбаи асосии даромади буҷети мамлакат» будани он, фақат ҳаминро гуфтаниам, ки хушбахтона, 23 апрели соли 2009 Раиси Бонки Миллии ҶТ, ҷаноби Ш. Раҳимзода дар мусоҳибаи худ дар ҳафтаномаи «Озодагон» дар бораи мифҳои «фоидаовар» будани «Талко» ба таври возеҳ ишора кардаанд. Хоҳишмандам, муроҷиат намоед.

Дўруғи № 2. Дар тўҳматнома омадааст, ки «Ислом Каримов ва Дмитрий Медведев манфиатҳои Тоҷикистонро фаромўш карда, танҳо дар бораи манфиатҳои Ўзбекистон ва Русия сухан ронданд. Дар ҳамин маврид, сарбозони «ҷабҳаи махфӣ » аслиҳа ба даст гирифтанд.» Яъне мусоҳибаву мақолаи дар боло зикршудаи бандаро назар доранд.

Посух: Ин як иттиҳоми бисёр даҳшатнок аст. Ман аз муаллифони ин тўҳматнома даҳҳо маротиба зиёдтар ватани худро дўст медорам ва манофеи ин миллат, давлат ва марзу буми онро аз ҳама болотар медонам. Зеро ақидаи диниям аз ман талаб мекунад, ки ватанамро дўст дорам ва ман дар чунин фазои тарбиявӣ ба воя расидаам, бархилофи тўҳматчиҳо. Агар дақиқтар тафтиш шавад, шояд онҳо паспорти русӣ ҳам дар ҷайб доранд ва нафақапулиро ҳам аз Русия мегиранд. Бархилофи онҳо, ман фақат шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва аз ҳеҷ куҷо ҳеҷ нафақапулӣ ҳам намегирам. Агар дар Тоҷикистон «калонаи панҷум»-е вуҷуд дошта бошад, онҳоро ҳам дар байни ҳамин муаллифон ва фармоишгарони онҳо ёфтан мумкин аст, на аз байни онҳое, ки ба хотири манфиатҳои миллӣ ва ислоҳи ҷомеа ҳаёташонро ба хатар гузошта, сухани ҳақ мегўянд.

Вақте, ки мақолаи «Афсонаҳои алюминӣ»-ро менавиштам медонистам, ки ин пешниҳоди ман доираҳои бонуфузи манфиатдорро ба ғазаб меорад ва шояд дардисарҳои зиёдеро ба сарам биёранд, вале бо вуҷуди ин тасмим гирифтам, ки онро чоп намоям. Чаро? Ба хотири он, ки Роғунро ҳарчӣ тезтар бисозем ва он сад дар сад ба давлати тоҷикон тааллуқ дошта бошад ва ҳамчунин, кишвар ва мардум аз бўҳрони бебарқӣ ҳарчӣ тезтар берун ояд. Танҳо ватандўст ва миллатдўсти ҳақиқӣ метавонад бо вуҷуди дарки зиёнбор будани ин пешниҳодҳо барои худ ва оилааш боз ҳам онро матраҳ кунад. Шахси манфиатҷў, чуноне, ки маро тўҳмат задед, ба чунин коре даст намезанад.

Ман боз таъкид мекунам, ки ин пешниҳоди ман барои ҳифзи манофеъи мардуми мо, давлату кишвари мо ва пешрафту шукуфоии он ва беҳбуди муносибот бо кишварҳои зикршуда сурат гирифта буд. Ин пешниҳоди як шаҳрванди оддӣ буд. Чаро боиси ин қадар сару садову душманиҳо шуд? Магар гуногунандешӣ ва озодии сухан аз замонатҳои Конститутсияи мо нест? Дар ниҳоят, ҳаққи тасмимгирӣ дар ин масъала фақат бо ҳукумати Тоҷикистон аст на бо ман ё каси дигар. Ва акнун, ки Ҳукумат тасмими худро гирифт, мо онро эҳтиром мекунем.

Дигар ин, ки баракс, банда дар он мусоҳиба аз мавқеи Президенти Россия дар бораи тарафдорӣ аз мавқеи Ўзбекистон дар масъалаи Роғун интиқоди ошкор намудам ва эълон кардам, ки Вахш рўдхонаи дохилимарзист, на фаромарзӣ ва Роғун бояд сад дар сад милки Тоҷикистон бошад ва бо ҳеҷ кас қисмат нашавад.

Дўруғи № 3. Гўё ман аз соли 1971 ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Мири Араби Бухоро бо КГБ ҳамкорӣ оғоз кардам.

Посух: Дар соли 1971 ман ҳанўз донишомўзи синфи 10-и мактаби № 9-и ноҳияи Орҷоникидзеобод будам ва онро моҳи июни соли 1972 хатм кардам. Аз ин рў дар соли 1971 ҳам дар мадрасаи Бухоро ва ҳам дар мактаби миёна таҳсил карда наметавонистам.

Дўруғи № 4. Гўё Ҳазрати қиблагоҳӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) бо КГБ ҳамкорӣ мекарданд ва ҳамеша ду зан доштаанд.

Посух: Падари бузургворам ҳаргиз дар мактаби шўравӣ нахонда буданд ва наметавонистанд ба хатти сириллик бихонанду бинависанд. Аз ин рў Эшон наметавонистанд барои КГБ («данос») дар бораи ягон нафаре бинависанд. Ҳазрати қиблагоҳии мо аслан ба ягон кас душманию рақобат надоштанд, ҳасад надоштанд, бо ҳама мардум, хусусан бо эшонҳову домуллоҳо муомилаи хуб ва муносибати дўстонаву мўҳтарамона доштанд. Дар маҷмўъ, Эшон соҳиби имону ахлоқи олии инсонӣ буданд. Тамоми умри худро ба таблиғи исломи азиз ва амри маъруфу наҳйи мункар ва таълими шогирдону муридон сарф карданд. Баракс, он кас тамоми умр зери фишори шадиди КГБ қарор доштанд. Бори охир дар соли 1986 Ҳазрати қиблагоҳӣ ва бародари бузургам Эшони Нуриддинҷонро барои таълими улуми исломӣ ва даъвати мардум ба ислом кормандони КГБ аз деҳаи Пичефи Ромит бо «конвой» ба Душанбе оварданд ва як ҳафтаи тамом аз субҳ то нимаҳои шаб дар КГБ бозҷўӣ («допрос») карданд. Ташкилкунандаи ин амал Сироҷиддинов- сардори шўъбаи 5-уми КГБ-и ҶСС Тоҷикистон, дар даҳаи 1980 буд. Аз ин нафар ба он хотир ёдовар мешавам, ки ў ҳамеша дар он солҳо бо баҳонаҳои гуногун болои Ҳазрати қиблагоҳӣ ва хонаводаи мо фишор меовард.

Дар тўҳматнома ҳамчунин аз як корманди масъули КГБ – и ҶСС Тоҷикистон ёдоварӣ мешавад, ки замоне гўё мухолифи интихоби ман ба мақоми раҳбарии идораи қозиёти Тоҷикистон буд. Ў ҳамин «рафиқ» Сироҷиддинов аст. Ба хотири он, ки ман ба истилоҳ кадри маҳаллию кўҳистонӣ будам, он кас розӣ набуд, ки ман дар вазифаи Қозии ҷумҳурӣ таъин шавам. Зеро сиёсати кадрии он солҳо ҳамин хел буд.

Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Ҳазрати қиблагоҳии ман (Худо раҳматашон кунад) ҳамеша ба ислом ва ба мардуми мусулмон хидмат мекарданд ва ҳаргиз маддоҳи сохти шўравӣ набуданд ва давлати шўравиро давлати бедин ҳисоб мекарданд. Аз ин рў, чунин инсони ботақво ва худотарс наметавонист ба КГБ-и Иттиҳоди Шўравӣ хидмат кунад.

Ҳамчунин, Ҳазрати қиблагоҳӣ ҳаргиз ду зан надоштанд. Фақат баъд аз вафоти модари мо дар соли 1978, Эшон дубора издивоҷ карданд.

Дўруғи № 5. Гўё аз Мири Араб танҳо мадрасаи исломии Иттиҳоди Шўравӣ ба унвони шўъбаи мактаби КГБ ҳам истифода мешудааст ва шогирдони он «курсантҳо» будаанд ва дар он замон дар Мири Араб танҳо ҷосусҳои ниҳодҳои амниятӣ таҳсил мекарданд.

Посух: Ин як дурўғи бешарафона дар бораи як мадрасаи маъруфи исломӣ аст. Агар ин дурўғро ҳамчун ҳақиқат бипазирем, пас оё метавон Ҳусейнҷон Мўсозода – сархатиби вилояти Суғд ва ҳамчунин имомхатибони номдору соҳибэҳтироме чун Мулло Ҳайдар аз Кўлоб, Мулло Муродҷон аз Қўрғонтеппа, Мулло Ҳабибуллоҳ аз Душанбе ва даҳҳо тани дигар аз фориғуттаҳсилони ин муассиса ва ходимони имрўзаи масоҷидро дар кулл кормандони КГБ донист? Ин чӣ беинсофист?

Дурўғи № 6. Гўё кормандони КГБ ба ман пешниҳод кардаанд, ки ба худ тахаллуси «Максим»-ро бигирам ва ман написандидаам ва тахаллуси «Абдулкаримов»-ро ихтиёр кардаам. Гўё Абдулкарим бародари падари ман, яъне амакам будаанд, ки нобаҳангом ин ҷаҳонро тарк кардаанд ва гўё низ орзу дошта будааст, ки «курсант»-и мадрасаи Мири Араб шаваду ва бо ин тариқ ба ватани худ «хидмат кунад».

Посух: Чӣ дурўғи шохдоре. Ҳазрати қиблагоҳии ман се бародар доранд: Ҳоҷӣ Муҳаммадсалим, Ҳоҷӣ Абдулқодир ва Ҳоҷӣ Абдусамиъ. Худоро шукр, ки ҳамаашон зиндаву солим ҳастанд. Ҳазрати Эшони Халифа Абдулкарим (раҳматуллоҳи алайҳ) исми падаркалони ман, яъне бобои ман аст. Эшон яке аз намояндагони бузурги тариқати қодирияи тасаввуф дар минтақа буданд ва соли 1954 аз дунё гузаштанд. Муридони Эшон бар изофаи дараи Ромит, ҳамчунин дар водиҳои Зарафшону Бойсуну Ҳисор зиндагӣ мекарданд. Ҷанобони дурўғгў ҳатто агар ман рафту бо КГБ ҳамкорӣ медоштам, магар метавонистам номи чунин инсони шариф ва авлиёи Худоро ҳамчун «лақаб» бар худам баргузинам? Аз Худо битарсед! Дар воқеъ Ҳазрати Эшони Халифа Абдулкарим (раҳматуллоҳи алайҳ) худашон аз қурбониёни саркўбҳои КГБ-и сталинӣ буда ва чаҳор соли умрашонро дар зиндонҳои Сибир гузарониданд. Магар чунин инсони худотарсу ботақво, пешвои тариқат, ки ранҷҳои зиёде аз дасти КГБ-и сталинӣ кашидааст, боз орзуи ҳамкорӣ бо он мекарда бошад?! Худо худаш шуморо барои ин тўҳмататон ҷазо диҳад.

Дурўғи № 7. Гўё дар соли 1982 КГБ маро ба таҳсил ба Урдун фиристод, то «дар иҷрои тадбирҳое, ки малакаву тавоноиҳои хосеро металабад», саҳм бигирам.

Посух: Наход ба фикри Шумо Донишгоҳи давлатии Урдун низ шўъбаи мактаби КГБ-и СССР буд? Ин гумони бемантиқро, тавре ки мегўянд, ба виҷдонатон ҳавола мекунам!

Воқеъият ин аст , ки дар солҳои 1980-1982 баъди хатми донишкадаи исломӣ ба номи имом Бухорӣ дар шаҳри Тошканд, ман дар шўъбаи равобити хориҷии САДУМ (Идораи мусалмонони Осиёи Миёна) кор мекардам. Баҳори соли 1982 дар ҷараёни дидори Шайх Иброҳим Қаттон- қозиюлқуззот ё Раиси Додгоҳи Олии кишвари Урдун аз Иттиҳоди Шўравӣ ўро тарҷумонӣ мекардам. Тўли ду ҳафтаи ҳамроҳӣ бо ҳам аз наздик шинос шудем ва боре ў аз ман пурсид, ки оё мехоҳам таҳсили худро дар ягон донишгоҳи хориҷ идома бидиҳам? Табиист, ки ман мехостам ва ин як орзуи ман буд. Аммо ман ба ў гуфтам, ки ин мавзўъ танҳо аз хоҳиши ман вобаста нест ва тавзеҳ додам, ки ин масъаларо муфтӣ Бобохонов – Раиси Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Куроедов- Раиси Шўрои динии Иттиҳоди Шўравӣ метавонанд ҳал кунанд. Дар фурўдгоҳи Шереметово ба ҳангоми гусели ҷаноби Иброҳими Қаттон ба бахти ман, Бобохонов ва Куроедов ҳам омаданд. Иброҳим Қаттон вақти сўҳбат бо онҳо масъалаи таҳсили маро ҳам дар миён гузошт. Ў гуфт, ин мутарҷим ҷавони боистеъдод аст ва хуб мешуд, агар ў таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Урдун идома диҳад, ҳазинаи таҳсилашро мо ба ўҳда мегирем. Чун ин ду масъули баландпоя ба ин меҳмон эҳтироми вижа доштанд, ногузир мувофиқат карданд. Баъд аз чанд муддат ба номи ман даъватнома омад…

Дурўғи № 8. Гўё баъди пас аз бозгашт аз Урдун ман дар Идораи мусулмонони Осиёи Миёна дар Тошканд кор мекардаам.

Посух: Пас аз хатми донишгоҳи давлатии Урдун солҳои 1987-88 ман на дар Идораи мусалмонони Осиёи Миёна, балки дар Донишгоҳи Исломии Имом ал-Бухории шаҳри Тошканд аз фанҳои фиқҳ ва ҳадис дарс медодам. Ин бори дигар собит мекунад, ки далелҳои навиштаи шумо саҳеҳ нест.

Дурўғи № 9. Гўё дар китоби хотироти Петкел-раиси собиқи КГБ-и Тоҷикистон навишта шудааст, ки ман бо ў ва муовинаш дар яке аз манзилҳои махфии хадамоти махсус, дар ҳошияи шаҳри Душанбе дидору мулоқот доштаам. Ва навиштааст: «Ман сўҳбати онҳоро бо диққат мушоҳида мекардам. Пай бурдам, ки муовини тоҷикам, ки дар назари аввал шахси ҷасур менамуд, бо агент бо овози пасту илтиҷоомез сухан мекунад. Гумон кардан мумкин буд, ки вай барои додани ҳисобот ба назди «Абдукаримов» омадааст».

Посух: Як дўруғи дигар ва бисёр ночаспон. Ман намедонам Петкел дар китобаш чиҳо навиштааст. Лекин як чизро медонам, ки ў ба миллати тоҷик нафрати зиёд дошт ва тоҷиконро таҳқир мекард. Аммо аввалин мулоқоти мо бо ў баъд аз рўйдодҳои баҳмонмоҳи соли 1990, дар дафтари ман дар Идораи Қозиёт баргузор шуд, на дар «манзили махфӣ». Ҳамроҳи ў додситони собиқи ҷумҳурӣ Михайлин низ буд ва онҳо бо ман дар бораи ҳодисаҳои февралии соли 90-ум сўҳбат карданд. Баъдтар чандин маротиба ўро дар нишастҳои Шўрои Олӣ дидам. Дигар ин ки агар ман ҷосуси онҳо мебудам, пас чаро онҳо бояд бо ман бо таври «илтиҷову илтимос» сўҳбат мекарданд!? Агар Петкел мехост, дар соли 1990 метавонист маро ба осонӣ аз вазифаи Раиси идораи Қозиёт барканор кунад. Зеро дар он замон ҳанўз Иттиҳоди Шўравӣ побарҷо буд ва КГБ-ю Додситонӣ ниҳодҳои тавоное буданд. Мантиқи ин ҳарф куҷост?

Ва агар ман ҷосуси КГБ мебудам, чаро аз рўзи аввали Раиси Идораи Қозиёт буданам, ба сохтани масҷидҳо, мадрасаҳо, фиристодани донишомўзон ба донишгоҳҳои исломӣ, маҳдуд кардани дахолати ҳукуматдорон дар таъйину интихоби имомҳову хатибҳо ва умури молии масоҷид ва ғайра талош кардам ва адади масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаро то соли 1992 ба 2900 масҷид расонида будем? Ва ман будам, ки аввалин бор дар соли 1989 «босмачиҳо»-ро ҳамчун нирўҳои озодихоҳ ва мубориз бар зидди истилогарони хориҷӣ эълон карда, фатвои худро дар ин бора содир намуда, аз тариқи матбуот эълон намудам. Магар КГБ-и онвақта набуд, ки солҳои 1992 бо баҳонае, ки гўё ман «давлати исломӣ» месохта бошам, ба муқобилам як маъракаи бузурги таблиғотӣ ба роҳ андохта, нисбати ман тўҳматҳои зиёде мекард?

Ҳатто баъд аз мусолиҳаи миллӣ, ки ба ҳайси муовини аввали Сарвазир адои вазифа мекардам, вақте занҳоро аз рафтан ба масҷид манъ карданд, аввалин касе, ки эътироз кард ва дар ин бора мақола ва китоб навишт, магар ман набудам? Вақте, ки дар матбуоти тоҷик Каломи Худоро- Қуръонро ба «Майн Камф»-и Гитлер баробар донистанд ва Пайғамбари Азимушшаънро (с) аз Чингиз бадтар гуфтанд, пеш аз ҳама кӣ эътироз намуд ва кӣ посух дод? Магар ман набудам? Вақте, ки масҷидҳои панҷвақтаро бастанд ва баъзеяшро хароб карданд, ки эътирози расмӣ кард? Магар ман набудам? Магар ҳамкор ё хидматгори КГБ манофеи худро дар хатар гузошта, аз муқаддасоти динии худ чунин дифоъ мекунад? Ҳаргиз. Тўҳматгарони беинсоф, Шумо гумон мекунед бо навиштани ин тўҳматномаатон обрўи банда дар назди мардум кам мешавад? Иншоаллоҳ, ҳеҷ вақт не. Касе моро эҳтиром мекунад ё мухлис аст, ба ин сафсатаву тўҳматҳо бовар намекунад. Аммо, касе ки моро барои исломхоҳиямон бад медид, пеш аз тўҳматномаи Шумо низ бад медид.

Дўруғи № 10. Гўё ман аз ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев дар ноябри 1998 ҳимоят кардаам. Ин «далел» мубтанӣ бар гуфтаҳои Додоҷон Атовуллоев аст, аммо ба ман нисбат дода шудааст.

Посух: Дар воқеъ, ин иддао нишон медиҳад, ки муаллифу мушовирони он одамони чандон солиме нестанд. Агар чунин аст, бояд табобат шаванд. Якум ин, ки дар замони вуқўъи ин фоҷиа ман муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон будам ва ҳамон вақт ин ҳамларо сахт маҳкум кардам. Дар он рўзҳо нерўҳои мусаллаҳи оппозисиюн ҳанўз мунҳал нашуда буданд. Садҳо тан аз размандагони мо дар атрофи Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат барои ҳифзи ватан ва иштирок дар ҷанг бар зидди М.Худойбердиев изҳори омодагӣ карданд ва ман шахсан ҷаноби Президентро аз ин мавзўъ огаҳ карда будам.

Шумо мегўед, ки Додоҷон Атовуллоев наздиктарин фардест барои ман. Бале, ман инкор намекунам, ки Атовуллоев солҳои ғурбат дар канори даҳҳо рўзноманигори дигар дар шумори дўстон ва ҳамсафони мо буд. Вале дар солҳои ахир ман бо Додоҷон Атовуллоев ҳеч гуна робитае надорам. Агар ошноии гузашта бо Додоҷон Атовуллоро гуноҳ бидонем, пас метавон ҳамин иттиҳомро алайҳи ҳамаи онҳое, ки замоне зери раҳбарии ў дар «Чароғи рўз» кор мекарданд ҳам матраҳ кард, хусусан, бар муассиси ҳафтаномаи «События», ки худ аз ҳамкорони собиқи Додоҷон буда, аввалин шуда ин тўҳматномаро чоп кард ва имрўз мудири шўъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.

Ҷанобони тўҳматчӣ ва дўруғбоф! Бале, ман бо намояндагони КГБ дар соли 1980-ум шинос шудам, вале на дар Бухоро дар замони таҳсил дар мадрасаи Мири Араб, балки дар шаҳри Тошканд ҳангоми кор дар шўъбаи равобити хориҷии идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Ин фард бо номи Абдулмуталиб (номи хонаводагиашро ёд надорам) муовини бахши равобити хориҷии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна буд, ки дар бинои идораи динӣ утоқи корӣ дошт.

Баъд аз «инқилоб»-и Саври Афғонистон ҳайатҳои калоне иборат аз 20 то 30 нафар аз он кишвар ба Тошканд меомаданд ва аз Бухорову Самарқанд ҳам дидан мекарданд ва бо ҳаёти мардуми советӣ ва «дастовардҳои» онҳо аз наздик шинос мешуданд. Чун ман бо забони форсию дарӣ сўҳбат мекардам ва хатти арабиро медонистам, маро мутарҷими ин гурўҳҳо таъйин карданд. Абдулмуталиб дар оғоз худро фақат муовини шўъбаи робитаҳои хориҷии Идораи мусулмонони Осиёи Миёна муаррифӣ мекард, аммо баъди ду се моҳи кор кардани ман дар шўъбаи мазкур як рўз гуфт, ки ў корманди КГБ аст. Ў нахустин маъмури КГБ буд, ки худро расман ба ман ҳамчун корманди ин ниҳод муаррифӣ кард.

Бале, ман афроди бисёреро медонам, ки дар КГБ кор карданд ё кор мекунанд ва бисёри аз онҳо инсонҳои бисёр шоиста ва дўстдорони ҳақиқии ватани худанд. Ман нисбати ин ниҳоди муҳими давлатӣ ҳеҷ гуна эҳсоси нафрату хусумат надорам, чунки онҳо муҳофизони манфиатҳои давлат ва оромиши мардуми мо ҳастанд. Хоҳишмандам, аз хадамоти амнияти давлатӣ деву ҳаюло насозед! Ба фикри ман ҳамкорӣ бо идораҳои амниятӣ агар фақат ба хотири ҳифзи амнияту манофеи кишвар бошад кори хубест, ба шарте ки ин ҳамкорӣ бар зарари дину оин ва ягон нафари бегуноҳ набошад.

Хонандаи гиромӣ! Чи гуна ман метавонам ҷосуси Русияю Ўзбекистон бошам, дар ҳоле, ки дар солҳои 1992-1993 ҷангандаҳои ин кишварҳо зодгоҳи маро бомбаборон карданд? Ин бомбаҳо даҳҳо тан аз хешовандони маро куштанд ва падару писарамро захмӣ карданд. Онҳо дар он сол Фронти халқиро мусаллаҳу пуштибонии сиёсӣ карданд, на Ҳукумати муросои миллӣ ва на бандаро…

Ду ҳафта ин ҷониб банда аз сардабири нашрияи «События» борҳо хоҳиш кардам, ки раддияи маро чоп намуда, исми аслии муаллифи ин мақоларо эълон намояд, зеро ман мехостам ўро ба додгоҳ бикашам. Аммо мутаассифона, эшон бо ҳар баҳона раддияи маро чоп накарданд ва илова ба ин, вақте он тўҳматнома дар хабаргузории давлатии «Ховар» ва нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба нашр расид, фаҳмидам, ки пушти ин кор натанҳо муаллифон, балки доираҳои бонуфузи ҳукумат низ истодаанд.

Аз ин сабаб, аз нияти даъво кардан ба суд даст кашидам, зеро аз як сў, ман наметавонам бо ҳукумат сарбасар шавам ва ҳеҷ вақт ҳам намешавам ва аз сўи дигар, дар чунин ҳолат муроҷиат ба судро бефоида медонам. Ҳамаи тўҳматгарону нашркунандагони онро ба Худои Қодиру Мунтақим месупорам. Умедоворам Худои Таъоло худаш ҷазои сазовор медиҳад.

Дар поён ман аз Худо мехоҳам, ки шумо ва амсоли шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад, то дар оянда ба хотири манофеъи шахсӣ ва пули ҳаром дигар ба ҳеҷ касе тўҳмат назанед.

Аз редаксия: Чун дар маводи «Тўраҷонзода – ҷосуси КГБ?» аслан ишора сари мусоҳиба ва мақолаи дар «Фараж» чопшудаи Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода мерафт ва як гуна ҷавоб ба ин ду мавод буд, ҳамчунин, нашрияҳои маводро нашркарда, аз чопи ҷавобия худдорӣ карданд, рўзнома ба хотири дастгирии маънавии яке аз муаллифони ҳамешагиаш, қарзи виҷдонии худ донист то онро нашр намояд.

Хукумат чаро тагйир намекунад?

Сӯҳбати Зафари Сӯфй бо Зафар Абдуллоев

«Озодагон» №15 16.04.09.

-Назари шумо нисбати барномаи зиддибуҳронии ҳукумат чи гуна аст, яъне он то чи ҳад дар бартараф намудани бӯҳрон дар кишвар метавонад корсоз бошад?

-Рости гап, ман фақат дар бораи ин барнома фақат ҳарфҳое шунидам, аз ҷумла дар бораи он ки бонки рушди Осиё онро ҷонибдорӣ кардааст ва ин хабарро ҳам аз тариқи эълони воситаҳои ахбори омма шунидам. Бо таваҷҷӯҳ ба ои изҳороте, ки масъулон дар мулоқотҳои ҳукуматӣ ва баъзе конфронсҳои матбуотии ниҳодҳои иқтисодии кишвар дар ин бора сухан мегӯянд. метавон натиҷагирӣ кард, ки чунин як барнома дар асл вуҷуд надорад. Ман ин суханро на ҳамчун рӯзноманигор, балки ба сифати шахсе, ки дониши бунёдии иктисодӣ дорад, яъне мутахассиси соҳа аст, изҳор мекунам. Воқеан ба ҷуз сухан чизи дигаре мушоҳида намешавад. Яъне дар сухан хоҳиши зиёд барои бартараф кардани бӯҳрон вуҷуд дорад, аммо дар амал акси онро мушоҳида мекунем. Беш аз ин метавон гуфт, ки роҳбарияти болоии кишвар то охир тахдиди ин мавҷи бӯҳронро дарк накардааст. Зеро ин як падидаи комилан нав аст ва вазъият дар қишрҳои поёнй бештар таъсиргузор мебошад. Бархе ҳукуматҳои маҳаллӣ аз пеши худ чораҳое андешидаанд, ки дар бисёр ҳолат бар зидди низоми бозор ва баракс боиси идомаи бӯҳрон мегардад…

-Роҳи бурунрафт аз ин ҳолат ба назари шумо кадом аст?

-Ба назари ман на роҳ, балки роҳҳои бурунрафтро бояд ҷуст. Яке метавонад роҳи низоми тоталитарӣ бошад. Яъне ба суръат амру дастурҳои роҳбарияти давлат ба зинаҳои миёна ва поини ҳокимият расида мавриди иҷро қарор гирад.

Роҳи дигар, ки дар ҷахон имрӯз ба он такя доранд, поин овардани андозҳо барои бозаргонйи хурд аст. Ҳарчанд иддаоҳо дар бораи ҷои кори зиёд ба вуҷуд овардани бозаргонии умда вуҷуд дорад, таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон собит карда, ки ҷои корро асосан бозаргонии хурду миена ба вуҷуд меорад. Кам кардани андоз барои ин сохтори иқтисодӣ метавонад ҳам ҷои кор офарад, ҳам барои буҷа даромад оварад, ҳам суръати бартараф намудани бӯҳронро афзоиш диҳад.

Беш аз ин барномаи зиддибуҳронӣ дар якгон кишвари ҷаҳон ба хусус дар Тоҷикистон наметавонад аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ карда шавад. Саҳеҳтар бигӯям, барномаи муфид ва корсози зиддибуҳронй аз ҷонибй ҳукумат наметавонад таҳия ва амалӣ шавад. Ин барнома замоне муфид ва корсоз мёшавад, ки ҳукумат ҳамаи неруҳои фаъол дар ҷомеаро, чи тиҷорӣ ва чи ғайридавлатиро, яъне на танҳо иқтисодиро ва шояд коршиносони хориҷиро даъват намояд, то дар якҷоягӣ чунин як барномаро таҳия ва дақиқан амалӣ намоянд. Шояд дар чунин якҳолат шанси муваффаққият бошад ва имкони он ба вуҷуд ояд, то ба ҷаҳон собит намоем, ки мо ҳам ба балоғат расидем.

-Шумо ишора доштед ба як роҳи афзоиши ҷои кор ва аз ин тариқ беҳ кардани вазъияти иҷтимоӣ. Дар ҳамин росто ҳукумати Тоҷикистон як роҳи дигаре пеш гирифта ва ахиран қонуне тасвиб намуд барои танзими воридот. Доираҳои ҳукуматӣ иддао доранд, ки маҳсулоти хориҷй арзон оварда мешавад ва корхонаҳои дохилӣ ё маҷбуранд ин маҳсулотро истеҳсол накунанд ё агар истеҳсол карданд дар анборҳояшон хоб аст ва ноилоҷ фаъолияташонро қатъ мекунад. Ба гуфтаи ҳукуматдорон ин қонуни нав метавонад боиси фаъол гаштани бархе корхонаҳои дохилӣ ва ба ҷои кор таъмин шудани шаҳрвандони Тоҷикистон гардад. Ба назари шумо ин қонун ва ин талоши ҳукумат то чи ҳад метавонад дар ростои бартараф кардани бӯҳрон метавонад корсоз ва таъсиргузор бошад?

-Албатта ман коршиноси варзида дар соҳаи содирот ва танзими буҷаи давлатӣ нестам, аммо ба назари ман ин амал якталоши беҳуда ва беш аз ин як зохирга роист. Эхсос мёшавад, ки ин ташаббуси як ё ду вазоратхона ё идораи давлатисту бас, яъне ташаббуси роҳбарияти авали кишвар нест. Ин ҳолат бори дигар собит мекунад, ки сӯҳбатҳои ахири расонаҳои мустақил дар мавриди хеле заиф ва пӯшида будани блоки иқтисодии ҳукумат асоси мантиқӣ дорад. Ҳамин чораи пешгирифта дар вазъи рушди оддии иқтисодй ва шароити муносиб тадбири муфид аст, аммо дар ҳолати фавкулодда ва буҳрон амалӣ кардани чунин як чорае воқеан ба тавони блоки иктисоди ҳукумат дар бартараф кардани бӯҳрон шубҳаву шакҳоро ба вуҷуд меоварад. Охир мо ҷалби сармоя барои эҳеи истеҳсолоти дохилй надорем, пас ба кадом умед метавоем чунин чораеро амалӣ намеоем? Фақат ба умеди як е ду корхонае, ки бо нисфи иктидор фаъолият мекунад?

-Шумо ба ишораи баъзе аз расонаҳои мустақил дар мавриди пӯшида ва заъиф будани блоки иқтисодй ё вазоратхонаҳои иқтисодии кишвар таъкид доштед. Оё ба назари шумо пардохтани ин расонақо ба мавзӯъи заъиф ва пушида будани ин вазоратхонахо воқеан фақкат ба хотири он аст, ки ин вазоратхонаҳо чунин заъифу пӯшида ҳастанд ё ик ҷо бозиҳои пушти пардай ва манфиатҳои афрод ё гуруҳи дигаре вуҷуд дорад?

-Албатта ин саволи мушкил ва печидаест. Аз сӯи дигар наметавон инкор кард, ки бархе аз намояндаҳо ва соҳибони баъзе расонаҳо дар чунин сурат гирифта ни вазъият манфиат доранд ва ё манфиати шахсҳо ва ё гуруҳеро пуштибонӣ мекунанд. Аммо аз тарафи дигар интиқоди як рӯзноманигор аз блоки иқтисодии ҳукумат ва ё як вазири он нишони манфиатҷӯии рӯзноманигор нест, шояд дар ҷое ӯро нороҳат карда бошад, ё манфиаташро нодида гирифта бошанд. Ҳатто шояд аз шахсиятҳое наве низ ҷонибдорӣ мекунад. Албатта дар ин кор ман ҳеч чизи бадеро намебинам. Зеро дар ин тазодҳост, ки ҳақиқат падид меояд ва хонанда метавонад худ натиҷагирӣ намояд, ки ин ҷо кй ҳақасту кӣ ноҳақ.

Аз сӯи дигар ба назари ман танқид ҳамеша худро тавҷеҳ кардааст, дурустияшро собит намудааст ва имрӯз ба вижа танқиди блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон хеле дуруст аст. Зеро нишондодҳо инро талқин мекунанд. Агар дар дигар вазоратхонаҳо таи панҷ соли охир агар тағйиру ҷобаҷоии кадрҳо дар самти гуманитарӣ ва иҷтимоӣ будааст, ҳатто дар байни низомиҳо, ки ба таври суннатӣ бояд устувор бошад, тағйирот амалӣ шуда, амо дар блоки иқтисодӣ амалан ҳеч тағйироти назаррас мушохида намешавад. Фақат як вазоратхонаро барҳам доданду бас ва агар тағйироте ҳам сурат гирифта байни вазоратхонаҳо будааст, яъне аз ин вазорат ба вазорати дигари иктисодӣ рафтани кадрҳои раҳбарикунандаро гувоҳҳастем. Дар ҳоле ки тибқи арзёбии президент гоҳ-гоҳ онҳо дар иҷрои вазифаи ба зиммашон гузошташуда кутоҳӣ мекунанд, аммо аҷиб ки боз ба вазифаи дигар таъин мешаванд…

-Фикр мекунед сабаби ин гуна тағйири кадрҳо дар чист?

-Воқеан саволи муҳим. Аввалан фикр мекунам вобастагии роҳбарияти кишвар аз ин шахсҳост ва албатта ин вобастагӣ чандсамта мебошад, яъне фақат молиявй нест. Ба назари ман механизми ҳокимият ба вижа дар бахши иктисодӣ чунон сохта шудааст, ки бо тағйири як шахс дар як идораи иқтисодӣ як системаи ягона метавонад аз байн равад. Ба иборати дигар иртиботи байни идораҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон чунон қавист, ки назираш дар ҳеч кишвари ҷаҳон нест ва бо иваз кардани як шахс наметавон низомро иваз кард. Яъне агар як ислоҳотгар ба вазорат ё идорае масъул шавад ҳам наметавонад коре кунад, зеро ҳамаи кор дар Тоҷикистон байни идораҳо ҳамоҳанг мешавад ва бахши иктисодй дар ин росто қавитар аст. Агар чанд вазиру ҷонишин ва раиси комитетҳорро ҳамзамон тағйир диҳанд шояд тағйиротеро метавон интизор буд, аммо бо тағйири як ё ду шахс намешавад интизори тағйири механизмро дошт. Ба назар мерасад президент ҳамин роҳи тағйири як ё ду кадрро пеш гирифта ва ҳар сол ё дар аввал ё дар охири сол яке аз ин вазифа барканор мешаваду ба вазиваи дигар дар як идораи дигари иқтисодӣ таъин мегардад. Президент нақшаҳои навро эълон мекунад дуруст, ки ин ҳама дар ростои беҳбуди вазъи кишвар ва некӯаҳволии мардум аст. Аммо аз тарафи дигар ҳеч ҳам ин пурсиш матраҳ намешавад, ки ба кадом шаклҳо, дар асоси кадом бардоштҳо? Ин чи мавзеъгирист, ки қаблан сад миллион доллар аз худ карда мешуд, ҳоло дусад миллион шуда ва шояд фардо сесад миллион доллар шавад. Яъне ин як командаи маъмурист, ки ҳамин гунна ба шакли маъмурӣ иҷро мешавад. Шояд ин тарзи кор барои муддате корсоз бошад, аммо дар шароити бӯҳрон аслан ба кор намеояд…

-Аммо чаро иваз намекунанд ё иваз намешаванд?

-Тағйир намедиҳанд ба он хотир, ки бояд ҳамаро тағйир диҳанд. Аммо ин як масъалаи хеле калони давлатист ва ман дар ин фикр нестам, ки дар ҳар кадом кишвари ҷаҳон бишавад, ки бо осонӣ ниме аз ҳукуматро иваз кард. Ин ҳолат то андозаё инкилоби кадрист, ки аз ҷумла рӯзно манигорон интизор доранд ва гоҳе дар пурсишҳояшон матраҳ мекунанд. Аммо маълум нест, ки чунин тағйир чи оқибате метавонад ба бор биорад. Гузашта аз ин дар атрофии президент ба фикри ман мутаассифона он қадар шахсҳои зиёде нестанд, ки битавонанд то охир ин тағйирро пешгӯӣ намуда рохдои амалӣ шуданашро мушаххас кунанд.

Сабаби дуввуми сурат нагирифтани тағйир ин аст, ки аксари вазирҳо ва онҳое, ки дар собиқ вазир буданд соҳиби сармояҳои калоне шудаанд. Аз кадом роҳ омадани ин дороиҳоро албатта намешавад собит кард ва ҳатто мутааллиқ ба кадоме аз онҳо буданашро низ бо ҳуҷҷатҳо наметавон исбот намуд. Аммо мардуми оддӣ, онҳое, ки бо ин афрод ҳамсоя ҳастанд аз микдори дороиҳояшон ҳарфҳое мезананд. Манзури ман ин аст, ки имрӯз иқтисоди кишварро чандсад тане, ки соҳиби дороиҳои ҳангуфт ҳастанд, ба истилоҳ назорат мекунанд ва манфиатҳои онҳо таъинкунандаи тағйири ин ё он кадр ва ё як механизми воҳид аст. Онҳо ё аз тариқи хешу таборӣ ё ба воситаи бизнес ба ҳам сахт робита доранд ва бидуни ҳамдигар наметавонанд. Аз ин хотир иваз кардани кадрҳои асосӣ дар блоки иқтисодӣ метавонад мушкилоти зиёдеро сабаб гардад. Аммо ба унвони шаҳрванди ин кишвар агар дар ихтиёри ман мебуд, тамоми вазирҳои блоки иқтисодӣ ва идораҳои дахлдор ба онро иваз мекардам.

-Шумо таъкид доштед, ки як механизм ва низоми ягонае шакл гирифта, ки дар баробари иваз шудани шахсҳои раҳбараш шояд ин система аз байн равад. Аз сӯи дигар мегӯед, ки ин система худро тавҷеҳ накард. Аз сӯи дигар бархе коршиносон ва ҳатто раҳбари давлат низ аз нарасидани кадрҳо суҳбат мекунанд. Ба назари шумо оё мо воқеан кадрҳо надорем?

-Агар дар сатҳи ҷаҳонӣ бигирем, ба фикри ман, мо он қадар кадрҳои зиёд надорем, дар ҳама соҳа, аз ҷумла дар бахши рӯзноманигирӣ. Аммо дар сатҳи ҳукумати ҳозира, ба назари ман на фақат кадр кам нест, балки ҳатто хеле зиёд аст. Зеро сӯҳбат бо бархе вазирҳо нишон медиҳад, ки онҳо на фақат донише дар соҳаи худ ба таври ҳирфаӣ надоранд, балки гоҳо онҳо чизҳоеро низ намедонанд, ки як мактаббача аз он хабар дорад. Аз ин дидгоҳ имрӯз барои Тоҷикистон кадрҳои ҳирфаӣ барои роҳбарии вазорат ва идораҳои ҷудогона хеле муҳим нест. Балки шахсҳое лозим, ки намегӯям хеле бовиҷдон ва пок бошад, зеро чунинҳо ба назари ман дигар намондаанд, зеро низом чунинҳеро шикаст ва ҳама ба коррупсия одат кардаанд балки талош дошта бошанд чизеро ба даст оваранд ва натиҷаро нишон диҳанд. Ҳамон тавр, ки мардум мегӯянд ҳам барои худаш ва ҳам барои дигарон коре бикунад. На шахсе, ки вазоратро барои расидан ба ҳадафҳои шахсияш ба воситае табдил мекунаду аз ёд мебарад, ки вазорат ин як бахше аз ҳукумат аст ва сарнавишту рӯзгори садҳо ва шояд ҳазорҳо инсон аз ин вазорат вобастагӣ дорад. Мутассифона чунин шахсҳо хеле зиёданд ва агар дар ихтиёри ман мебуд ба ҷои ҳар кадом аз инҳо афроди дигарро меовардам. Яъне такрор мекунам, ки ин тағйирот барои шикастани система зарураст…

-Аммо ба фикри шумо чаро то ҳол чунин тағйирот сурат нагирифта ва оё сурат хоҳад гирифт?

-Тағйирот нашуда, зеро ҳамаи ин аз иродаи президент вобаста мебошад. Яъне президент метавонад чунин тағйиротро амалй кунад. Аммо чаро чунин накарда? Ин вобаста ба менталитети президент аст. Ҳар чи ҳам бошад вай дар замони шӯравӣ таваллуд шуда ба воя расидааст. Системаи идораи давлатии ӯ ва аз ҷумла ташаккули дастгоҳи давлатӣ ва бовар ба кадрҳо асосан ба шакли усулҳои ҳокимияти шӯравӣ бунёдгузорӣ шудааст. Яъне он гуна, ки дар ҳизби коммунист анҷом медоданд. Ҳатто як вақтҳо мегуфтанд, ки ӯ мушовирони муайяне дорад дар ин замина, ки кормандони собиқи ҳизби комунисти Тоҷикистон ме бошанд. Албатта ман вазъияти имрӯзи ҳокимияти кишварро мутлақан арзёбӣ кардан намехоҳам. Зеро ҳамеша вақте аз поён ба боло менигарӣ метавонад бардошт дигар бошаду аз боло ба поён бингарӣ дигар. Ба ҳар ҳол идораи ҳукумат кори он қадар осон нест. Аз ин дидгоҳ ва бо таваҷҷӯх ба он ки суботи Тоҷикистон ҳанӯз комил нест метавон ҳокимияти қавии президент ва маркази ягонаи қабули қарор будани ӯ дар аксари масъалаҳоро метавон тавҷеҳ ва ҷонибдорӣ намуд. Аммо чун интихоби кадрҳо мутобики усули ҳизбӣ дар замони шӯравй аст ва он такя ба санҷидашуда будани афрод дар дигар вазифаҳо дошт, имрӯз мебинем, ки қисмати умдаи кадрҳои мо аз сафи порлумон ва ё аз сохтори поинтари ҳокимият берун меоянд ва ё баракс кадрҳои нолозим ба порлумон ё ба ягон ҷой дигар ҳамчун захира фиристода мешаванд. Ҳамин система сади роҳи зуҳур ва интихоби кадрҳои ҷавону нав мегардад, онҳое, ки тарзи тафаккури нав доранд. Ман намегӯям, ки ик кадрҳои ҷавон ҳирфаӣ ҳастанд, аммо муҳим он аст, ки тарзи тафаккури нав доранд. Онҳо метавонанд ба ин низоме, ки имрӯз вазифааш ро иҷро карда наметавонад фишор оваранд ва онро тағйир диҳанд. Ба ғайр аз ин аз созмонҳои ғайридавлатӣ кадрҳоеро, ки таҷрибаи кофӣ барои раҳбарӣ доранд, бояд розӣ кунонд, ки дар ҳукумат фаъолият дошта бошанд. Аммо то ҳол ман чунин таҷрибаро надидам, дар сурате, ки чунин кадрҳо хеле зиёданд ва ҳатто мешавад ҳукумати алтернативӣ бисозанд. Аз сӯи дигар метавонад хеле аз ин шахсиятҳое, ки дар созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд, барои кор дар ҳукумат розӣ нашаванд. Беш аз ин ба фикри ман беэътимодии шахси президент ба сектори севвум ё ҳамон созмонҳои ғайридавлатӣ як омили дигарест, ки ба ҷазби онҳо барои кумак ба ҳукумат халал мерасонад.

Як роҳи дигар тарбияи кадрҳо дар хориҷ ва дар донишгоҳҳои муътабар, аммо набояд пас аз поёни таҳсил ин кадрҳо даҳҳо сол дар идораҳои поёнии ҳукумат бимонанд, балки бояд ба онҳо бовар карду вазифаҳои масъулро ба дӯшашон гузошт. Онҳо тафаккури нав доранд ва метавонанд тағйироти муфид ворид кунанд. Ба ғайр аз ин кадрҳои ҳирфаӣ ва кордон дар ҳамин ҳукумат ҳам ҳастанд ва онҳо мутассифона ҷонишинҳои ҳамешагии вазирҳо ва роҳбарони идораҳо ё мудири шуъба мебошанд. Ба иборати дигар ҳаминҳо ҳама кори вазиру раҳбаронро анҷом медиҳанд, аммо ҳеч гоҳ ба вазириву роҳбарӣ намерасанд.

Эхтиёт! Президент медонад…

Далери ҒУФРОН (Бознашр аз «Озодагон» №13 02.04.09. )

Ин ки атрофиёни раисҷумҳури кишвар ӯро дар ҳалқаи худ қарор дода аз иттилоъи сареъ дар мавриди вазъияти воқеии кишвар маҳрум сохтаанд, як иддаои маъмулист. Аммо дар ниҳоят иттифоқ афтод, ки бори нахуст дар ҳузури бевоситаи Эмомали Раҳмон ин мавзуъ матраҳ гардад.

Дар дидори ахири президенти кишвар бо зиёиён дар арафаи рӯзҳои наврӯзӣ нависандаи тоҷйк Саттор Турсун хитобан ба раиси ҷумҳур арз кард, ки дар мавриди вазъияти воқеии кишвар атрофиёнаш ба ӯ иттилоъи дуруст намедиҳанд.

Аммо тавре шоҳидон мегӯянд, бо он ки нависандаи муҳтарам дар суханронии худ мавзуъоти гуногунро фаро гирифт, ин масъалаи хело муҳим мутаасифона зуд аз мадди таваҷҷӯҳ дур монд ва ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон низ дар баробари ҳушдори ин адиб вокунише нишон надод.

Аввалин суоле, ки дар баробари баррасии ин мавзӯъ пеш меояд ин аст, ки дар шароити ҷомеаи муосир – яъне асри иттилоот чи гуна метавон сарвари як давлатро аз ин ё он вазъият, ки дарвоқеъ ташвишовар бошад, маҳрум сохт?

Ба андешаи ҷомеашиноси тоҷик Масрури Абдуллоҳ, дар шароити имрӯза чиновникҳои мо агар қасд кунанд ҳам, наметавонанд, ки президентро дар инзиво (изолятсия) қарор бидиҳанд. Зеро ба гуфти ӯ, роҳҳои алтернативии иттилоърасонй дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа зиёданд:

– Аз ҷумла, дар рафти суханрониҳои худ раисиҷумҳур на як бор ишора кардаанд, ки телевизиони машҳури Евронюз тамошо мекунанд, ба Интернет дастраси доранд. Дар ин сурат ҳеч мумкин нест, ки сарвари давлат аз асли воқеияти кишвар огаҳ набошанд.

Аммо аз ҷониби дигар, воқеияти имрӯзаи бархурди масъулин ба мушкилоти мавҷуда андешаеро ба вуҷуд меорад, ки гуё дарвоқеъ раҳбарияти кишвар иттилоъи зарурӣ дар баробари мушкилоти ҷомаеро дар ихтиёр надоранд. Ҷомеаи кишвар ба ин гуна шубҳаҳо ҳақ ҳам дорад. Мардум ба он боваранд, ки раҳбари кишвар аз асли мушкилоти ҷомае огаҳ нест, вагарна, чиновникҳои ноуҳдабаро ва корношоямро кайҳо аз сари кор дур мекард.

Ба гуфти коршиноси мо М. Абдулло, далели ин гуфта чопи мактубҳо ва муроҷиатномаҳои ҳамарӯза ба номи президенти кишвар мебошад. Ва ин маънои онро дорад, ки агар аз як ҷониб институт ва шахсияти президент имрӯз ҳамчун ягона умед – даргоҳи қабули қарори лозима тасаввур шавад, аз ҷониби дигар, далели аёнии таасуроти аҳли ҷомеа аз дараҷаи иттилоънокии раҳбарияти кишвар дар баробари мушкилоти рӯз мебошад.

Аз ҷониби дигар, агар раисиҷумҳур аз асли воқеияти кишвар огаҳ аст, пас чаро ин огаҳӣ ба ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидат намекунад, ки дар ниҳоят мардум аз ночорӣ ба ӯ рӯ наоранд? Коршиноси мо М. Абдулло, ин мавзуъро -масъалаи баҳси дигар дониста, илова намуд, ки воқеан, ба ҳайси маркази ягонаи қабули қарор пазируфта шудани президент, дар ҳар сурат ба манфиати кор нест.

Дуруст аст, ки аз як ҷониб ин муроҷиатҳо – ифодакунандаи эътимоди мардум ба президент – ҳамчун кафили ҳуқуқҳояшон, мебошад. Зеро дар ин сурат, моҳияти мавҷудияти ҳукумат ва дар алоҳидагӣ аъзоёни он коста гардида, аз ҷониби дигар, дар сурати беҷавоб мондани муроҷиати шаҳвандон ба президент, онҳо аз ягона умеди охирин низ дилсард шуда, дар ниҳоят рӯҳияи нобоварӣ эшонро фаро хоҳад гирифт. Магар тасаввури ин ки мардум ҳатто ба сарвари давлаташ низ эътимод надорад, ташвишовар нест???

Ва мерасем ба нуктаи меҳварии баҳс. Чаро масъулин суханеро ва ё воқеиятеро мехоҳанд дар назди раҳбари давлат фош насозанд? Дар инҷо ҷавоб ҳамонест, ки аҳли ҷомеа тасаввур мекунанд. Яъне мабодо, ки бо фош шудани воқеият эшон аз курсӣ маҳрум шаванд. Воқеан ҳам ба андешаи М. Абдулло, ҳама мушкилот сари он аст, ки масъулин аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ намебароянд, ба мушкилоти мардум расидагӣ намекунанд, зеро бештар дар ғами худ ҳастанд. Ва бигирем, ки агар аз ин воқеият раҳбари давлат огаҳ аст, пас чаро пишшаки масъулинро касе пишт намегӯяд? Шояд ин аст мағзи сухани Саттор Турсун?

Барои шарҳи ин масъала мо ба мушовири калони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иртибот бо ҷомеа Мансур Сайфиддинов муроҷиат кардем. Ба гуфти ӯ, иддаои он ки сарвари давлат иттилоъи заруриеро дар мавриди вазъи вокеии кишвар дар ихтиёр надорад, комилан ботил аст:

– Оё мантиқан имкон ҳаст, ки ҳамчунин як нафари фавқулода фаъолро аз асли воқеияти кишвар маҳрум созӣ? Президенти кишвар каналҳои алтернативии кифояе дорад, ки дар мавриди вазъияти воқеъӣ на танҳо кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон низ иттилоъи васеъеро дар ихтиёр дошта бошад. Ин қаналҳои расмӣ, хадамоти махсус ва Маркази тадқиқоти стратегӣ мебошанд, ки вазифадоранд ҳамарӯза ҳисоботро дар мавриди ҳодисаҳои хусусияти таъҷилӣ ва стратегӣ дошта, пешкаш намоянд.

Зиёда аз ин, ба гуфти М. Сайфиддинов, ҳамарӯза фаъолияти президенти кишвар аз мутолиъаи Интернет ва умуман шиносоӣ бо васоити ахбори омма -шурӯъ мешавад. -Ҳамчунин, аллакай аз соли 2005 инҷониб сайти интернетии роҳбари давлат фаъолият дорад, ки он ҳамчун воситаи иловагии иртибот бо ҷомеа мардуми кишварро бевосита бо президент мепайвандад, – иброз дошт мувовиши раисиҷумҳур.

Ба гуфти ӯ, ҳамзамон иртиботи доимии сарвари давлат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, бигирем мулоқоти ҳамасолаи раисиҷумҳур бо зиёиёнро, ки метавонад як воситаи шиносоии бевоситаи сарвари давлат аз мушкилоти мавҷуда дар соҳҳаҳои гуногун бошад.

– Ман намедонам дигар сарвари давлатеро, ки ин қадар ба таври доимӣ ба маҳалҳо сафар кунад, ҳатто баъзан амнияти шахсии худро сарфи назар карда, бевосита аз наздик аз вазъияти мардум огаҳ гардад. Ин аст, ки сарвари давлати мо – Эмомали Раҳмонро президенти мардумй мегӯянд,

– иброз дошт М. Сайфиддинов.

Таъкиди Сайфиддинов ба ин масъала, ки раисиҷумҳур аз вазъияти мавҷуда дар кишвар комилан огаҳ аст, метавонад барои мо бовар бахшад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки то кадом андоза ин огаҳӣ ба ҳалли мушкилоти муҳими рӯз мусоидат кардааст?

Ба гуфтаи ин мушовири калони раисиҷумхур ҳама мушкилоте, ки дар ҷомеа матраҳ мешавад, раҳбарияти кишвар аз он ҳаддалимкон ҷилавгирӣ мекунанд. Ӯ, аз ҷумла, аз имзо шудани фармони президенти кишвар аз 7 феврали 2009 дар мавриди вокуниши масъулин ба маводи танқидӣ ва таҳлилии матбуот ёдоварӣ кард, ки далели ҳавасманд будани раҳбарияти кишвар барои ҳалли мушкилоти ҷомеа мебошад.

Баракати Имоми Аъзам ва Наврузи ниёкон

Яке аз хонандагони хуби мо ин аксро аз фарози хиёбони Душанбе бардошта, ба мо фиристодааст. Шояд ин посухи расмй ба навиштаи пешинаи блоги «Андеша» аст?

1aks

Бародари дигари мо аз Кулоб ва дусте аз Душанбе навиштаанд, ки яке дар гузоштани вокунишаш ва дувумй умуман дар боз кардани торнамои мо ба мушкил рубару гаштаанд. Хамзамон теъдоди истифодабарандагони блоги мо дар Точикистон босуръат ру ба кохиш дорад. Агар ин дахолати макомоти давлат аст, шадидан хушдор медихем, ки «Андеша» моли мардуми точик аст ва хеч кас хак надорад, ин мардумро аз дастрасй ба блоги мардумии «Андеша» махрум кунад.

Аз хамаи дустону ёрони гиромй дархост мешавад, бар зидди монеагузорй дар рохи «Андеша» ба мардум ва мардум ба «Андеша» бо навиштани назари худ садо баланд кунанд.

Агар тасбит шавад, ки хукумати Точикистон дар мукобили блоги мардумии «Андеша» аз шевахои номашруъ истифода мекунад, мо ба Додгохи хукуки башари Кумисюни Аврупо мурочиат мекунем. Ин хукуматро, ки бе ин хам обру ва эътибори зиёде надорад, нашояд, ки бо чунин аъмоле камтарин обруи бокимондаи худро низ бирезад!

Матбуоти кишвар ба кй хизмат мекунад?

Ҷовид МУҚИМ, бознашр аз «Нигох» №50 05.03.09.

11-уми март ба таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро «Бухорои шариф» 97 сол мешавад. Ҳамин аст, ки 11-уми март дар Тоҷикистон чун Рӯзи матбуоти тоҷиктаҷлил мегардад. Рӯзномаи «Бухорои шариф» соли 1912 ба ҳайси як нашрияи хусусӣ ба вуҷуд омада, тӯли 10 моҳи чопаш барои дигаргунсозии тафаккури хонандагонаш саҳми арзанда гузоштааст.

Рӯзномаи «Бухорои шариф» бо ибтикори зиёиён Мирзо Муҳиддину Мирзо Сироҷ ва кӯмаки молиявии мудири чопхонаи Когон О. Левӣ таъсис ёфт. Тоҷири яҳудӣ О. Левӣ ношири рӯзнома буд. Вале ӯ моҳи августи соли 1913 бинобар кам даромад овардани рӯзнома аз ноширӣ даст кашид ва ҷавонбухориён бо роҳбарии Мирзо Муҳиддин худ чопи «Бухорои шариф»-ро идома доданд.

Мутаассифона, ин икдом дер давом накард: нашрияи мазкур, ки зери назорати сафорати Русия дар Бухоро чоп мешуд, бинобар ба сиёсат гаравиданаш, 2-юми январи соли 1913 баста шуд. Пас аз ин дар ҳудуди Бухоро ва Тоҷикистони имрӯза садҳо нашрияҳо рӯи чоп омаданд, ки ба касе ё гурӯҳе хизмат мекарданд.

Албатта, дар давраи шӯравӣ матбуот билкулл дар хизмати Ҳизби коммунистии СССР ва ҲК ҷумҳуриҳои иттифоқӣ буд. Он замон бе қарори Бюрои КМ ҲКИШ ҳатто ягон нашрияи нав таъсис намеёфт. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ матбуот дар ҷомеа мақоми хоси таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум дошт. Инро имрӯз демократҳои Тоҷикистон, ки собиқ коммунистонанд, хуб медонанд ва бинобар ин бо ҳар роҳ мекӯшанд, ки матбуот ба мансабдорон хизмат бикунад.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 300 номгӯйи матбуоти даврӣ сабти ном шуда бошанд ҳам, пайваста ҳамаи онҳо чоп намешаванд. Аз ин теъдод ҳудуди 50 машрия дар бозор мавқеи худро пайдо карда, хонандаи худро дорад. Албатта, аксари нашрияҳои мазкур характери соф тиҷоратӣ дошта, маводи сиёсиву ҷамъиятӣ чоп намекунанд ва бо ин дар дигаргун сохтани тафаккури мардум камтар ё умуман таъсир намерасонанд. Агарчӣ бо кроссворду сканворд ва маводи соф варзишиву фароғатӣ низ метавон ба тафаккури ҷомеа таъсир расонд.

Пӯшида нест, ки имрӯз дар Тоҷикистон миёни хонандагон нуфузи матбуоти хусусӣ аз нашрияҳои давлатӣ бештар аст. Аз ин рӯ, матбуоти хусусӣ метавонад, ки дар ташаккули афкори ҷомеа саҳми зиёд дошта бошад. Ин нуктаро худи муассисони матбуоти хусусӣ ва мансабдорони ҳукуматӣ низ хуб дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки солҳои охир аз ҷониби ҳукуматдорон ба тарафи худ ҷалб кардани нашрияҳои хусусии бонуфузи ҷамъиятиву сиёсӣ бо ҳар роҳу восита сурат гирифта истодааст.

Ин амал бо ҷалби фаъоли ноширон ба чорабиниҳои ҳукумати, бо нишону ифтихорнома қадр кардани онҳо, муайян кардани баъзе имтиёзҳо ва ҳатто чашм пӯшидан ба баъзе «хато»-и фаъолияташон сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки ин амал то андозае ба мансабдорони ҳукуматӣ даст додааст. Аз ҷумла, агар чанд сол қабл ба сафарҳои президенти ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар танҳо медиамагнатҳои Тоҷикистон Акбаралй САТТОРОВ, Умед БОБОХОНОВ ва Шариф ҲАМДАМОВ даъват мешуда бошанд, ҳоло муассиси оҷонсии иттилоотии «Авесто» Зафар Абдуллоев ва чанде дигарон низ ба ин марҳамати ҳукуматдорон шарафёб шудаанд.

Пас аз ин сафарҳо дар нашрияҳои хусусӣ мақолаву ҳисоботҳо, ки ба манфиати мансабдорони ҳукуматӣ аст, чоп мешаванд. Албатта, дар ин ҳолат беғараз будани ин матолиб зери шубҳа мемонад.

Бояд гуфт, ки муассисони нашрияҳои ҳусусӣ, барои дар сатҳи ҳукумати шинохтаву этироф шуданашон аз сенарияи маъмӯлии санҷидашуда истифода мекунанд. Сараввал дар нашрияи нав таъсис мансабдорони ҳукуматӣ зери тозиёнаи танқид гирифта мешаванд. Ин барои ноширон ду манфиат дорад: якум, теъдоди муштариёни газетаро, ки ташнаи чопи ҳақиқатанд, зиёд мекунад; дуюм, алови чашми ҳукуматдоронро гирифта, аз нерӯи муассир будани нашрия дарак медиҳад. Яъне бо ин васила муассисони нашрия бо як тир ду фохтак мезананд. Аввалан, ноширон шумораи хонандагонашонро зиёд карда, бо ин даромадашонро меафзоянд. Сониян, таваҷҷӯҳи мансабдоронро ба худ ҷалб мекунанд, ки ин минбаъдба ҳамкории дуҷониба меорад.

Ногуфта намонад, ки солҳои охир ҳукуматдорон аз хизмати матбуоти хусусӣ дар пиёда кардани сиёсати худ ба моҳирӣ истифода карда истодаанд. Яъне, дар матбуоти хусусй матлаби фармоишие чоп мешавад, ки онро ҳукуматдорон барои халалдор накардани муносибатҳои дипломатӣ наметавонанд дар нашрияҳои давлатӣ ба табъ расонанд.

Масалан, дар инъикоси вокуниши «аҳли ҷомеа»-и Тоҷикистон ба сафари президенти Русия Дмитрий Медведев ба Ӯзбекистон ва сухани ӯ вобаста ба сохтмони НБО-и Роғун ин хеле рӯшан ба чашм мерасад. Чунин мисоли пешниҳоди мавзӯъ ва ҳатто маводи чопии фармоишӣ хеле зиёд аст.

Мо ҳоло дар бораи пиари ниҳонии нашрияҳои хусусиву давлатӣ ҳарф намезанем, зеро ин амал имрӯз як кори оддӣ гаштааст. Масалан, ҳафтаи охири моҳи феврали соли равон баъзе нашрияҳо дар бораи кушодашавии меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» мавод чоп карданд, ки барои ин амал хазор сомонӣ хизматона ваъда шуда буд. Шунидаам, ки як муассиси нашрия аз мухбиронаш мепурсидааст, ки барои чопи мавод ҷониби манфиатдор чанд пул медиҳад?

Собиқ корманди маъруфи рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» Б. Эткинсон ҳанӯз дар замони худ вобаста ба ғаразнокии навиштаҳои журналистон чунин гуфта буд:

«… саҳми зиёди субъективият ҳанӯз дар муайян кардани чӣ хабар аст ва чӣ хабар нест, маълум мегардад. Қурби саҳмияҳои биржаҳо ва ҷадвали ҳаракати киштиҳо ягона маводи рӯзномаҳо аст, ки ғаразнок нестанд».

Ба қавли журналисти америкоӣ қариб ҳамаи навиштаи нашрияҳо ҳадаф ё ғаразе доранд. Ин гуфтаи Б. Эткинсон имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст ва баракс дар шароити глобализатсияи иттилоот ва инҳисороти ВАО муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки созмонҳои байналхалқии хориҷӣ аксаран дар таъсис ва рушди матбуоти хусусии Тоҷикистон саҳм доранд. Зеро ноширон, ки дар гузашта худ журналист буданд, аз бобояшон барои таъсиси газета маблағҳои калон мерос нагирифтаанд. Масъулони созмонхои байнихалқии хориҷй, ки баъзе нашрияҳоро бо грант ва чопи пулакии рекламаашон дастгирӣ мекунанд, барои андешаанд, ки ҳар кадар матбуоти хусусй зиёд шавад, ҳамон қадар гуногунандешӣ ва озодбаёнӣ бештар мегардад.

Ин андеша дар шароити феълии Тоҷикистон чандон дуруст нест. Зеро аввалан, ҳадафи асосии муассисон аз чопи рӯзнома тиҷорат аст ва онҳо барои ривоҷи бизнеси худ кӯшиш мекунанд. Дуввум, мансабдорони ҳукуматӣ кӯшиш мекунанд, ки ба чопи маводи зидди манфиаташон дар матбуот роҳ надиҳанд. Роҳҳои таъсиррасонӣ ҳамеша ёфт мешаванд. Чанд сол кабл баста шудани рӯзномаҳои «Нерӯи сухан» ва «Рӯзи нав» мисоли рӯшани ин гуфтаҳост.

Воқеъан ҳам, ҳадафи асосии муассисони нашрияҳои хусусӣ ин аввало ба даст овардани манфиати молӣ аст. Ҳамин аст, ки онҳо мекӯшанд бо ҳукуматдорон муросо кунанд, то ин ки онҳо ба бизнесашон халал нарасонанд. Ин ҷо як созиши нонавиштае байни ноширон ва ҳукуматдорон ба миён омадааст: «Ту маро танқид намекунӣ, ман ба бизнеси ту кор намегирам». Аз ин амал ҳар ду ҷониб манфиат дида, розианд.

Ана, ҳамин аст, ки дар нашрияҳои медиамагнатҳо ҳукумат ба вижа роҳбарони вазоратҳои асосӣ танқид намешаванд. Ба ғайри ин, манфиатҳои молӣ ноширонро водор мекунад, ки ба сармоядоре, ширкате, ҳизбе ё гурӯҳе низ хизмат кунанд. Агар аз маводи рекламавӣ ин амал рӯшан бошад, пас дар матолибе, ки пиари ниҳонй шудааст, на ҳамаи хонандагон метавонанд ғаразнок будани онро пай баранд. Воқеан, на ҳамаи хонандагон пай мебаранд, ки имрӯз дар Тоҷикистон матбуот ба чанд хоҷа хизмат мекунад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Афсонаҳои алюминӣ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Мӯҳтарам роҳбарияти корхонаи алюминийи тоҷик «Талко»!

Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷиддии мардуми кишвар ва бо хоҳиши зиёди хабарнигорон назари худро дар бораи роҳи ҳалли мушкили бебарқӣ, ки шояд бузургтарин фоҷеаи миллӣ дар солҳои охир аст, баён кардам.

Дар ин мусоҳиба бо нигоҳи воқеъбинона масъалаи ба фурӯш гузоштани ширкати алюминийи тоҷик «Талко»-ро, ки имрӯз бе ягон шак ягон сомонӣ аз фоидаи софи худ ба будчети кишвар ворид намекунад, изҳор намудам. Вале ҷои тааҷҷуб аст, ки агар ин ҳарфи наве набошад ва пеш аз ман ҳам баъзе аз вакилони Маҷлиси намояндагон чунин пешниҳод карда бошанд, чаро фақат нисбат ба пешниҳоди ман ин ҳама сару садо ба роҳ андохта мешавад? Ё Шумо гумон мекунед, ки воқеан Ҷаноби Олӣ пешниҳоди маро қабул мекунаду Шумо аз вазифа ва манфиатҳои худ маҳрум мешавед?

Чун посух ва мусоҳибаҳои Шумо бисёр нуктаҳои норавшан ва мардумфиребона дорад, зарур медонам, ки ба баъзе нуктаҳои он равшанӣ андозам.

ЧАРО ҶАВОБИ СИЁСЙ МЕДИҲЕД?

Шумо хеле беҳтар аз ман медонед, ки ончӣ дар мусоҳибаи банда омада буд, дуруст аст ва имрӯз корхонаи алюминий барои кишвар ва мардум аз фоидааш дида, зарараш зиёд аст. Вале фақат барои он, ки ин ҳақиқатро пардапӯш намоед, ҷавоби худро ранги сиёсию давлатӣ дода, мутаассифона, аз гузориши касбӣ ва воқеии масъала гурехтед. Аз ин рӯ, дар оғоз мехостам дар масъалаҳои сиёсии ҷавоби Шумо посух гӯям:

  • а) Аввалан, Шумо дар ҷавобатон худро Ҳукумат ё давлати Тоҷикистон пиндошта, аз номи давлати Тоҷикистон сухан мегӯед. Оё Шумо ин салоҳиятро доред? Мусоҳибаи ман ба ҳайси пешниҳоди як шаҳрванд буд ва Шумо аз он дар ташвиш нашавед. Зеро сарнавишти «Талко»-ро Ҳукумати Тоҷикистон ҳал мекунад, на ман ё Шумо.
  • б) Шумо аз салоҳияти худ берун рафта, ин мусоҳибаро ба дар пеш будани маъракаи интихоботӣ марбут донистед, ки гӯё ман эҳтиёҷе ба худ муаррифӣ дар ин давра дошта бошам. Дар ин маврид ду нуктаро ба Шумо мерасонам:

Аввалан, ман борҳо эълон кардам ва боз эълон мекунам, ки ман дар ҳеҷ гуна интихобот иштирок карданӣ нестам, на дар интихоботи президентӣ, на дар интихоботи парламентӣ. Ман ҳеҷ вақт худро рақиби ҷаноби Президент намеҳисобам ва баръакс, ман намояндаи он кас дар Маҷлиси Миллӣ ҳастам ва эътиқоди динии ман ба ман иҷозат намедиҳад, ки ба Ҷаноби Олӣ кӯрнамакӣ бикунам.

Дар ин мавзӯъ ман назари худро ҳамчун шаҳрванде, ки аз сардиву торикии рӯзгори мардум ва ояндаи бадшавии робитаи кишварамон бо Русия дар ташвиш ҳастам, изҳор намудам. 

Дуввум, Шумо хуб медонед, ки ман ба ҳеҷ гуна муаррифӣ дар соли интихобот ниёз надорам. Барои исботи ин фақат ҳамин мисол кофӣ аст, ки рӯзномаҳо ҷавоби «Талко»-ро на бо сурати роҳбарони он, балки бо сурати банда чоп кардаанд, ки то мардум сурати маро дида, ҷавоби Шуморо бихонанд. Аз ин рӯ, ин тӯҳмат, ки ман бо ин мусоҳиба худро муаррифӣ карданӣ бошам, як гумони нодуруст аст.

  • в) Шумо боз ҳам ҷавоби худро сиёсӣ намуда, масъалаи ватандӯстию миллатдӯстиро дар миён гузоштаед. Ин низ аз салоҳияти Шумо берун аст, зеро Шумо маро аз наздик намешиносед ва бо мавқеъгирии ман шинос нестед, аз ин сабаб, ҳаққи маънавии онро надоред, ки ватандӯстиву миллатдӯстии маро зери савол гузоред. Дигар ин, ки аз кишварҳои мавриди баҳс, яъне Русия ва ӯзбекистон беш аз ҳама банда зарар дидаам ва падару писари ман маҳз аз бомбаҳои ҳавопаймоҳои ин кишварҳо дар дараи Ромит маҷрӯҳ ва маъюб шудаанд ва даҳҳо нафар хешовандони наздики ман дар қатори даҳҳо ҳазор ҳамдиёронам шаҳид шуданд. Шояд дар он вақт Шумо ҳамчун иттифоқчии Русия ва ӯзбекистон аз «ёриҳои бародарона»-и ин кишварҳо истифода карда, ҳаёти хуб доштед, вале мо зери тиру бомбаҳои ин кишварҳо будем ва шаҳди талхи муҳоҷиратро чашидем. Таҷрибаи талхи солҳои 90-ум моро водор мекунад, ки бо Русия робитаи хуб дошта бошем, то ки ин воқеаҳо дубора такрор нашавад.

То ҷое, ки ман медонам, солҳои 2004 худи Шумо, роҳбарияти корхонаи алюминий, ташвиқгари ба Тоҷикистон омадани «Русал» будед, на ман. Вале ман бо ин мусоҳибаам мехостам ҳамдиёронамон аз торикиву сардӣ, ки ҳашт-даҳ сол боз давом дорад, наҷот ёбанд ва ҳамчунин, пеши роҳи сардшавии робитаҳои Тоҷикистон ва Русия гирифта шавад. Ба назари ман, миллатдӯстӣ ҳамин аст ва ягон миллатдӯст иҷозат намедиҳад, ки худаш дар роҳат зиндагӣ кунаду миллаташ дар сардию торикию маҳрумият бошад.

ҲАДАФИ МУСОҲИБА ЧЙ БУД?

Аз ҷавоби Шумо маълум гашт, ки ё Шумо мақсади ин мусоҳибаро нафаҳмидед, ё фаҳмида бошед ҳам, онро ба манфиатҳои шахсии худатон мухолиф дониста, чунин посухи гумроҳкунандаро навиштед. Аз ин рӯ, бори дигар ҳадафҳои асосии мусоҳибаро баён мекунам, ки шояд ин дафъа фаҳмотар гардад. Пас ҳадаф ва моҳияти ин мусоҳиба чӣ буд?

Ҳадафи якуми мусоҳиба: Фавран таъмин намудани барқ барои тамоми мардуми Тоҷикистон. Агар нақшае, ки ман пешниҳод намудам, беғаразона фаҳмида мешуд ва амалӣ мегашт, мардуми Тоҷикистон аз ин мушкили бузург ҳамин сол озод мешуданд. Бори дигар таъкид мекунам, ки масъалаи нарасидани барқ як масъали техникӣ набуда, он муҳимтарин масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии мост.

Аз ин рӯ, амалан аз барқ маҳрум будани 70% мардуми кишвар оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллӣ низ хоҳад дошт. Имрӯз фақат барои ин, ки корхонаи алюминийи тоҷик кор кунад, як миллатро ба торикиву сардӣ маҳкум кардан магар аз рӯи инсоф аст? Имрӯз синфхонаҳои мактабҳо хунуканд, хонаҳои мардум хунуканд, коргоҳҳо сарданд, мактаббачаҳову муаллимон ларзида-ларзида дарс мегузаранд, ҳазорон мардум аз сардии хонаҳояшон ба бемориҳои мухталифи сармохӯрдагӣ гирифторанд, мардуми деҳот ҳатто ҳафтаҳо наметавонанд ҳаммом кунанд.

Илова бар ин, вақте ки аз тирамоҳ то баҳор лимити барқ ҷорӣ мекунем, зиёиёни деҳот чӣ гуна китоб хонанд, талабаҳо чӣ гуна дарс тайёр кунанд, зеро дар рӯзҳои кӯтоҳи зимистон аз соати 5-и бегоҳ то 8-и саҳар торик аст. Аз ин сабаб, бебарқӣ яъне бесаводии умумӣ, ҷаҳли умумимиллӣ ва бемории умумимиллӣ дар оянда аст. Оё боре дар ин бора меандешем?

Аз сабаби бебарқӣ ҳазорон соҳибкори хурд ва косибон беш аз ними сол наметавонанд кор кунанд. Дар натиҷа онҳо наметавонанд зиндагии оилаашонро таъмин намоянд ва коргаронашонро маош диҳанд ва ҳамчунин, наметавонанд андозҳои давлатиро супоранд. Ҳатто осиёбҳои хусусии барқии мардум, ки дар деҳот бисёр нуктаҳои муҳим мебошанд, аз кор мондаанд ва мардум гандумашон дар хона истода, аз бозор орди қиммат мехаранд. Ман фикр мекунам, ки миллатдӯст касест, ки миллаташро дар чунин фоҷеа намегузорад.

Ҳадафи дуюми мусоҳиба: Беҳтар кардани робитаҳо бо Русия. Тавре ки гуфтам, ман аз Русия беш аз Шумо зарар дидаам ва ҳеҷ алоқамандие ба ин кишвар надорам. Вале ҳамчун шахси воқеъбин ман наметавонам инкор кунам, ки ҳамкорӣ бо Русия барои Тоҷикистон, барои мардуми кишвар ва, аз ҷумла, барои ҳукумати кишвар аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Чаро?

  • а) Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ: Тавре ки маълум аст, зиёда аз як миллион нафар тоҷик дар Русия кор мекунад. Вале агар мо робитаҳоро бо Русия хароб кунем ва Худо накарда, Русия режими визаро ҷорӣ намояд, пайомадҳои он чӣ гуна хоҳад буд? Аввалан, агар ин як миллион муҳоҷир баргардад, оё онҳоро метавонем бо ҷои кор ва маоши муносиб таъмин намоем? Дигар ин, ки онҳо солона фақат аз тариқи банкҳо беш аз 2 миллиард доллар пули нақд мефиристанд ва илова бар ин, ҳамин қадар пули дигар аз тариқи ғайрирасмӣ ва дар шакли мол ё ҳамроҳи худашон оварда мешавад. Аслан, бозори муомилоти Тоҷикистон имрӯз маҳз бо пули муҳоҷирон гардон аст, тиҷорати хурд аз пули онҳо мечархад ва андозе, ки аз тиҷорат ва соҳибкории хурд ба хазинаи давлат ворид мешавад, даҳҳо маротиба аз андози корхонаи алюминий зиёдтар аст.
    Албатта, мо ризқро аз Худо медонем ва иншоаллоҳ, бе Русия ва бе дигарон низ миллати мо аз гуруснагӣ намемирад ва иншоаллоҳ, давлату кишварамон аз байн намеравад. Вале, боз мегӯям, ки Худое накарда, агар миёни Русия ва Тоҷикистон режими визоӣ ҷорӣ шавад ва муҳоҷирини корӣ баргарданд, натанҳо вазъияти иҷтимоӣ, балки вазъияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар низ бисёр бӯҳронӣ мешавад. Пас, имрӯз фақат касе, ки миллатдӯст нест ва фақат касе, ки манфиатҳои ин миллат ва ин давлатро намешиносад, бо Русия мехоҳад равобиташро бад ё қатъ намояд.
  • б) Масъалаи барқи корхонаи алюминий: Агар Ҳукумат ин корхонаро бо нархи хуб ба Русия бифурӯшад (на ба «Русал», чуноне, ки маро муттаҳам кардаанд), Русия метавонад ва имкони онро дорад, ки дар шаш моҳи камбарқии мо барқро барои ин корхона худаш аз кишварҳои минтақа таъмин намояд. Дар шаш моҳи фаровонии барқ бошад, барқро аз мо мехарад. Аммо, вақте Роғунро бисозем, он вақт корхонаи алюминий бояд тамоми сол барқро аз мо бихарад. Ин схемаи таъмини барқро метавон дар қарордоди фурӯши корхона шарт намуд. Ба ин тартиб, мо фавран, аз мушкили бебарқӣ озод мешавем. Дар ғайри ин сурат, мо агар Роғунро аз ҳисоби худ бисозем ҳам, ва иншоаллоҳ месозем, сохтумони он камаш 5-6 сол давом мекунад ва масъалаи бебарқӣ, яъне ин фоҷиаи миллӣ ҳамин муддат идома хоҳад ёфт, ки идомаи чунин вазъият аз назари сиёсӣ ва давлатдорӣ хатарнок аст. Ин ҷо низ мебинед, ки пешниҳоди ман маҳз ба нафъи давлат ва миллат аст.

Ҳадафи сеюми мусоҳиба: Раҳоӣ аз фишорҳои ӯзбекистон. Нақшае, ки ман пешниҳод кардам, як навъ схемаи раҳоӣ аз фишорҳои ӯзбекистон ва безарар кардани мавқеи ин кишвар буд. Вале роҳбарияти корхонаи алюминий бо вуҷуди сиёсӣ кардани ҷавобаш, ин ҷанбаи муҳими сиёсии ин пешниҳодро пай набурдааст. Мақсад ин буд:

  1.  Агар робитаи мо бо Русия ҳарчӣ хубтару наздиктар бошад, шояд фишори ӯзбекистон болои мо камтар мешавад. 
  2.  Агар корхонаи алюминийро Русия бихарад, ӯзбекистон наметавонад барои русҳо дар транзити барқ монеа эҷод кунад. Зеро худи ин кишвар ҳам ба транзит аз тариқи Русия вобаста аст.

Албатта ба сабаби риояти манфиатҳои миллӣ дар ин масъала бештар гуфтан ҷоиз нест, вале умедворам ин нуктаҳоро дарк менамоед.

Ҳадафи чоруми мусоҳиба: Пурра миллӣ боқӣ мондани «Роғун»: Тавре, ки дар мусоҳибаам зикр кардаам, ман ҷонибдори сад дарсад миллӣ боқӣ мондани «Роғун» будам ва ҳастам. «Роғун»-ро бояд Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби худ ва агар лозим шавад, бо ҳимояи миллат бисозад. Вақте мо корхонаи алюминийро мефурӯшем, ду ҳадафи асосӣ амалӣ мешавад: якум, имкони бо пули ҳукумати Тоҷикистон тибқи лоиҳа бо баландии қариб 350 метр (на 140 метре, ки Шумо маро тӯҳмат кардаед) сохтани «Роғун» ба вуҷуд меояд. Дуюм, фоҷеаи норасоии барқ баробари ба Русия фурӯхтани корхона ҳал мешавад.

Масъалаи миллӣ мондани «Роғун» як масъалаи муҳими сиёсӣ ва стратегӣ аст, зеро таҷрибаи НОБ «Сангтуда-1» нишон дод, ки ба ихтиёри хориҷиён гузоштани нирӯгоҳҳо чӣ оқибат дорад. Тавре, ки огоҳед, ҳафтаи гузашта соҳибони хориҷии НОБ «Сангтуда-1» эълон доштанд, ки агар ширкати «Барқи тоҷик» 16 миллион қарзи худро напардозад, ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Ана чунин қарзҳо сармоягузоронро аз омадан ба кишвари мо метарсонанд, на пешниҳоди фурӯхтани корхонаи алюминий.

Ин даъвои судии онҳо ба имиҷи давлати Тоҷикистон ва фазои сармоягузорӣ дар кишвар чӣ зарба мезанад ва чӣ қадар сармоягузорони ояндаро метарсонад, ҷои тасаввур нест?

армоягузори хориҷӣ фикр мекунад, ки агар сармоягузорҳои давлатии русӣ дар Тоҷикистон фоидаи худро гирифта натавонанд, пас мо чӣ тавр метавонем? Шояд агар ширкати алюминий 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарзашро ба «Барқи тоҷик» пардохт мекард, «Барқи тоҷик» имрӯз дар назди «Сангтуда-1» қарздор намемонд ва судбозӣ ҳам намешуд ва ин қадар беобрӯгӣ намешуд.

АФСОНАҲОИ АЛЮМИНЙ: ОЁ КОРХОНАИ АЛЮМИНИЙ БАРОИ ТОҶИКИСТОН МУҲИМ АСТ?

Дар қисми дигари ҷавоби худ Шумо корхонаи алюминийи тоҷикро ҳамчун як корхонаи бисёр муҳим ва ҳатто ифтихори миллӣ номидаед. Умуман, дар солҳои охир дар зеҳни ҷомеа ин фикр ҷой карда шудааст, ки корхонаи алюминийи тоҷик барои кишвар ва миллат бисёр муҳим аст ва алюминий барои мо ашёи стратегӣ аст ва саҳми ин корхона дар будҷаи кишвар калон аст ва ғайра.

Тибқи маълумоте, ки ман дорам, ҳамаи ин як афсона аст ва ин корхона феълан барои кишвари мо як корхонаи сарнавиштсоз нест ва алюминий барои иқтисоди мо ашёи стратегӣ ҳам нест ва саҳми ин корхона дар будҷаи кишвар ҳам ниҳоят ночиз аст.

Афсонаи аввал дар ин масъала ин аст, ки гӯё корхона дорои таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аст. Вале Шумо нағз медонед, ки ин корхона солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст, яъне чил сол пеш, ва дар ин чил сол табиист, ки таҷҳизоти ин корхона ҳам аз назари физикӣ ва ҳам аз назари маънавӣ кӯҳна шудааст.

Барои исботи ин фикр ба мисоли зерин таваҷҷӯҳ намоед: Корхонаи алюминийи Дубай «Дубал» дар соли 2007 бо ҳамагӣ 3 240 нафар корманд 900 ҳазор тонна алюминий истеҳсол намудааст (нигаред ба сайти «Дубал»: http://www.dubal.ae) , аммо корхонаи алюминийи тоҷик бо 13 000 (!) нафар коргар ҳамагӣ 402 ҳазор тонна алюминийи хориҷиёнро коркард карда додааст.

Ё мисоли дигар: агар корхонаи алюминийи тоҷик барои коркарди як тонна алюминий 17-18 ҳазор кВт барқ сарф кунад, корхонаҳои муосири алюминий барои як тонна алюминий камтар аз 13 ҳазор кВт барқ сарф мекунанд. Магар ин нишонаи замонавӣ будани корхонаи мост?

Илова бар ин, корхонаи алюминийи тоҷик солона ҳудуди 7 млрд/кВт барқи Тоҷикистонро истеъмол мекунад. Ин барқро бо нархи имтиёзнок, яъне фақат 5 дирамӣ мехарад. Барои мисол, агар мо ҳамин барқро ҳатто бо нархи дохилии кишвар барои корхонаҳои саноатӣ, яъне 17 дирамӣ, ба хориҷ фурӯшем, он ҳудуди 340 млн долларро ташкил мекунад.

Вале дар ҷавоби Шумо омадааст, ки тамоми пардохтҳои андозии корхонаи алюминий дар як сол 262 млн. сомонӣ, яъне камтар аз 70 млн. долларро ташкил мекунад. Пас, ҳатто агар фақат барқеро, ки корхонаи алюминий мегирад, ба хориҷи кишвар содир намоем, аз фурӯши он панҷ баробар фоидаи бештар мегирем. Ин арифметикаи содда аст.

Афсонаи дуюм ин аст, ки гӯё Тоҷикистон аз тариқи корхонаи алюминийи тоҷик солона зиёда аз 400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад ва онро ҳудуди 3 ҳазор долларӣ фурӯхта, 1 млрд. 200 млн. доллар даромад мегирад. Мутаассифона, ҷомеа аз ноогоҳӣ ба ин афсона бовар дорад ва бадтар аз ин, коршиносони мо ҳам ба ин афсона бовар доранд. Биёед ошкоро бигӯем, ки Тоҷикистон соҳиби он 400 ҳазор тонна алюминий нест, фурӯши он низ дар ихтиёри Тоҷикистон нест.

Корхонаи алюминийи тоҷик фақат хокаи алюминийи ширкатҳои хориҷиро коркард карда, ба ивази коркардаш ҳаққи хидмат мегирад. Агар ба мафҳуми халқӣ гӯем, мо соҳиби гандум ва соҳиби орд нестем, мо фақат осиёб дорем ва аз соҳиби гандум барои коркардамон кавсанг ё ҳаққи корамонро мегирем. Яъне корхонаи алюминийи тоҷик, чуноне, ки директори генералии он ҷаноби С. Шарипов низ дар мусоҳибааш зикр кардааст (ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз 19 феврали 2009), аз рӯи усули ТОЛЛИНГ кор мекунад ва моҳияти усули толлинг ҳамин аст, яъне хокаи алюминийи дигаронро коркард карда медиҳем ва ҳаққи кор мегирем ва дар маҳсулоти истеҳсолшуда ҳаққе надорем.

Аксарияти мардум ва ҳатто зиёиёну коршиносони бомаълумот ҳам фикр мекунанд, ки мо агар 400 000 тонна алюминий истеҳсол намоем, пас он бо нархи 3000 долларӣ ҳудуди 1 млрд. 200 млн. доллар мешавад, пас корхонаи алюминий бисёр даромаднок аст. Ин хел мебуд, бо даромади корхонаи алюминий «Роғун»-ро худамон месохтем. Вале мардум намедонанд, ки ин алюминийи моли Тоҷикистон нест ва мо фақат ҳаққи коркардро мегирем. Мо фақат осиёббони ин осиёби бузургем.

Афсонаи сеюм ин аст, ки гӯё нақши корхонаи алюминий дар будҷаи Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Ва, мутаассифона, бисёриҳо ба ин бовар доранд. Ҳатто баъзе аз зиёиён, «коршиносон» ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар ҳам чунин фикр мекунанд. Вале, биёед ин ҷо низ ошкоро бигӯем, ки корхонаи алюминийи тоҷик дар будҷаи Тоҷикистон чӣ нақше дорад.

Тибқи ҷавоби роҳбарияти корхона тамоми пардохтҳои он ба хазинаи давлат дар соли гузашта 262 млн. 175 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Дар ҳоле, ки қисми даромади будҷети Тоҷикистон дар соли 2008-ум 4 млрд. 470 млн. сомониро ташкил дода буд, пас саҳми корхонаи алюминий дар он ҳамагӣ ҳудуди 6% мебошад. Агар ин маблағро бо будҷети соли 2009 қиёс намоем, шояд он ҳамагӣ 3 %-ро ташкил диҳад. Ин аст саҳми воқеии корхонаи алюминийи тоҷик дар будҷети Тоҷикистон. Вале мардуми бечора ин торикию сардиро таҳаммул карда, фикр мекунанд, ки агар корхонаи алюминий набошад, будҷет аз куҷо пур мешавад ва муаллиму духтуру нафақахӯр аз куҷо маош мегирад?

Масъулини корхонаи алюминий дар баёния ва мусоҳибаашон зикр намекунанд, ки ин корхона дар як сол чанд сомонӣ ҳамчун фоидаи соф ба будҷети кишвар ворид мекунад. Фоидаовар будан ё набудани корхона аз миқдори фоидаи софаш маълум мешавад, на аз рӯи пардохтани андозҳои ҷорӣ. Вале чун ин корхона ягон сомонӣ фоидаи соф ба даст намеорад, дар ин бора чизе намегӯянд ва наменависанд.

Афсонаи чорум ин, ки гӯё корхонаи алюминий аз «Барқи тоҷик» қарздор нест. Вале ҳафтаи гузашта котиби матбуотии «Барқи Тоҷик» ҷаноби Н.Ёдгорӣ расман эълон доштааст, ки корхонаи алюминий аз ин ширкат 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст (Ниг.: нашрияи «Азия плюс» аз 04.02.2009, саҳ.2). Илова бар ин, аз сабаби пули барқро напардохтани корхонаи алюминий, ширкати «Барқи тоҷик» наметавонад 8,5 млн доллар пули гази истифодакардаашро ба корхонаи «Тоҷикгаз» супорад. Ин боис шудааст, ки «Тоҷикгаз» барои пардохти пули газ ба ӯзбекистон маблағ наёфта, қарздор шудааст. ӯзбекистон бошад, аз фурсат истифода намуда, интиқоли газро ба кишвар қариб қатъ намудааст.

Ин аст, ки имрӯз дар хонаҳои мардум газ нест ва ҷое, ки бошад, ниҳоят маҳдуд аст ва ҳатто аксари заправкаҳои газӣ баста шудаанд. Хулоса, мардум дар вазъияти боз ҳам мушкилтар қарор гирифтаанд. Ин суханҳо низ сиёсат нест, ин ҳам мантиқ ва арифметикаи оддист.

Афсонаи панҷуме, ки Шумо дар посухи худ онро матраҳ намудаед, ин аст, ки гӯё «Талко» аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ имтиёзе надорад ва корхонаҳои алюминийи кишварҳои дигар низ дар масъалаи нархи барқ аз тарафи давлати худ имтиёзҳои зиёде гирифта бошанд. Ду мисоле, ки дар ин масъала Шумо овардаед, ҳар ду беасосанд.

Ширкати алюминийи «Русал» аз давлати Русия бо имтиёз барқ намегирад, зеро ин ширкат нирӯгоҳи барқии хусусии худро дорад ва барқи худро аз он таъмин мекунад. Корхонаи алюминийи Озорбойҷон бошад, барқро нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ фақат 30% арзонтар мегирад. Сабаби ин имтиёз дар он аст, ки ин корхона худ подстансияи бузурге сохтааст, ки дар баланси худаш аст ва ҳамчунин, ҳамчун харидори умда, барқро бо нархи яклухт мехарад. Вале корхонаи алюминийи тоҷик барқро бо нархи нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ 300% арзонтар мегирад, яъне 5 дирам ба ҷои 17 дираме, ки барои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Ин имтиёзи бесобиқа аст. Муҳимтар аз ин, дар Русия ва Озорбойҷон барои кори корхонаи алюминияшон мардумашон аз барқ маҳрум нестанд.

Афсонаи шашуми Шумо ин аст, ки гӯё фурӯхтани корхонаи алюминий фикри ватандӯстона набудааст. Ман аз Шумо даъват мекардам, ки пеш аз гуфтани чунин суханон андаке андеша мекардед. Барои чӣ қадар ғалат будани ин фикратон ба ду нукта таваҷҷӯҳ намоед ва бубинед, ки Шумо амалан чӣ гуфта истодаед:

  • Якум, оё масъулоне, ки комплекси нодиртарини «Окно», 75% саҳмияҳои НОБ-и «Сангтуда-1», саҳмияҳои корхонаи тиллои «Зарафшон» ва даҳҳо корхонаи дигарро ба хориҷиён фурӯхтанд, миллатфурӯшу ватанфурӯшанд? Оё онҳое, ки базаи ҳарбии Русияро дар Тоҷикистон ҷой дода, дар чандин минтақаи кишвар ҳазорҳо гектар замин ва иншоотро дар ихтиёри ин базаи ҳарбии Русия гузоштанд, миллат ва ватанро дӯст намедоранд? Шумо чӣ гуфта истодаед?
  • Дуюм, дар аксари кишварҳои пешрафта ва мутамаддин бисёре аз корхонаҳои бузург дар моликияти хориҷиён ё саҳҳомони хориҷӣ ҳастанд. Масалан, дар Амрико саҳмияи корхонаҳои бузургтарин моли чиниҳо, арабҳо, ҳиндуҳо, мексикоиҳо ва ғайра аст. Дар кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бошад, беш аз 50% корхонаҳо, биноҳо ва иншоот дар моликияти хориҷиҳо аст. Ба назари Шумо, оё имрӯз ифтихори миллии Амрико ва ё Аморот аз Тоҷикистон камтар аст? Оё ифтихори миллии онҳо зарар дидааст?

Ва афсонаи охирини ҷавоби Шумо ин буд, ки гӯё ман изҳор карда бошам, ки мо бояд корхонаи алюминийро арзон фурӯшем. Чунин чизро ман ҳаргиз нагуфтаам. Барои ман ҳам маълум аст, ки қиммати ин корхона беш аз як миллиард доллар аст.

МАН БО КИЯМ?

Ва ниҳоят, мехостам ба он саволи аслие, ки Шумо гузоштаед, посух бидиҳам, ки ман бо кӣ ҳастам? Ба таври сареҳ мегӯям, ки ман бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва бо давлати он ҳастам.

Ба фаҳмиши ман, дар ҳоле, ки миллат дар хунукию торикӣ маҳкум бошаду мо дидаву дониста барои манфиати шахсии худ ва чанд нафар манфиатдор аз вазъияти мавҷуда ҳимоят намоем, ин ҳеҷ рабте ба миллатдӯстию ватандӯстӣ надорад. Ҳар пешниҳоде, ки дар мусоҳибаам кардам, ба эътиқоди ман маҳз ба нафъи ватан, миллат ва давлат буд. Касе, ки камтарин саводи сиёсӣ ва хиради давлатдорӣ дошта бошад, ба ин шакк надорад.

Хулоса, имрӯз корхонаи алюминий чӣ суду зиён дорад, бо чӣ усул кор мекунад, барои кӣ ва чӣ қадар фоида меорад, на танҳо ман, балки бисёри мутахассисон ва огоҳон медонад. Биёед ҷавоббозӣ накарда, беҳтараш баҳсро дар ин бора давом надиҳем.

Бале, бисёр дӯстон ва бародарон ба ман тавсия доданд, ки дар бораи корхонаи алюминий аслан ҳеҷ чизе нагӯяму нанависам. Гӯё пушти он қувваҳои бонуфуз ҳастанд. Ман ҳам инро дарк мекунам. Лекин, пеш аз ҳама ба Худои Бузург такя дорам, зеро ҳар чӣ мегӯяму менависам, барои Худост ва барои фоидаи давлату миллатамон аст, на бо супориши касеву тарафе ва на ба манфиати шахсиям.

Агар чанде дар мавзӯи корхонаи алюминий сухан гуфтан риск аст, аммо зиндагии сарду торики мардуми кишвар, ки инак солҳост идома дорад ва ҳамчунин, эҳтимоли бад шудани робитаҳои кишварамон бо Русия маро ба ташвиш овард, ки мабодо болои ватани азизамон ва миллати ранҷкашидаамон боз як фоҷеаи дигар ояд. Ва илло, банда ба шахси Шумо ва ба молу дунёи Шумо ва манфиатҳои Шумо коре надорам, фақат бо мушоҳидаи рӯзи сахти мардум, ҳамчун як шаҳрванди ин кишвар бисёр бародарона Шуморо ба инсоф даъват намудам. Боқӣ, паноҳатон ба Худо.

Р.S. Умедворам, дар сафаре, ки охири моҳи феврал анҷом меёбад, Президенти кишвар барои мушкилоте, ки байни Тоҷикистону Русия пеш омадааст, роҳи ҳалли муносибе пайдо мекунанд. Иншоаллоҳ.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,
Узви Маҷлиси Миллии МО ҶТ