Панҷумин хуршед

(ё худ баёни ин ки инсон метавонад ба дасти худ сарнавишти хешро рақам бизанад)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Камина одат надорам беш аз андоза телевизион тамошо кунам, чун аввалан вақташро надорам ва сониян, мўътақидам чунин одате аслан зиёновар аст. Ба истиснои пайгирии ахбори ҷорӣ дар ҷаҳон, аҳёнан агар филме ибратомез буд, тамошо мекунам. Рамазони соли ҷорӣ дар яке аз шабакаҳои симои Ирон, филме мусалсал ба намоиш гузошта шуд, ки инсофан қобили таҳсин аст. Ҳар касе онро сохта, дасташ дард накунад. Номи ин филм “Панҷумин хуршед” буд. Ҳарчанд поёни хубе (аз назари отифӣ) надошт, вале паёме, ки филмсоз мехост бирасонад, паёми ибратдеҳе буд.

Филмсоз мехост ба воситаи ин филм барои бинанда собит кунад, ки инсон дар рақам задани сарнавишти хеш ва атрофиёнаш, нақши бас муҳимме дорад. Хулосаи филм ин аст, ки боре барои як ҷавоне чунин фурсат муяссар мегардад, ки ба оянда сафар кунад, шоҳиди зиндагии атрофиёнаш дар оянда бошад, бубинад чӣ сарнавиште гиребогирашон шуда. Масалан мебинад хонаводааш (хоҳару модараш) ва яке аз дўстони самимияш ояндаи на чандон хуше доштаанд. Тасмим мегирад баргардад ва коре кунад, ки ояндаи эшон на он чунон шавад, ки шоҳидаш гардид, мехоҳад бо ҷобаҷоии бархе аз асбобе, ки мунҷар ба ин чунин сарнавишти нохуш шудааст, ояндаи эшонро тағйир бидиҳад. Ва муваффақ ҳам мешавад. Хулоса, ду ё се бор аз ин замон ба он замон ва баръакс сафарҳое анҷом дода ва муваффақ мешавад асбоби мунҷар ба сарнавишти муайянеро ҷобаҷо созад. Албатта худаш, ки дар замони оянда ошиқи духтаре мегардад, дар поён асбоб ба гунае ҷобаҷо мешаванд, ки дар ниҳоят маъшуқаи хешро аз даст бидиҳад, ки гуфтам ин филм финоли ғамангез аз назари отифӣ дорад. Бинанда мехост ин ду бо ҳам бирасанд, ки нарасиданд. Ҳоло коре ба ин ҷиҳат надорам.

Он чи мехоҳам арз кунам ин аст, ки гоҳе инсон матлаберо, агар печида бошад, наметавонад аз тариқи гуфтану навиштан ба хонанда бирасонад. Вале як намоишнома (филм ё театр), аз он ҷо ки малмусу маҳсус аст, метавонад ҳамон матлаби печидаро барои бинанда ба хубӣ ва осонӣ бирасонад.

Дар системаи маърифатии ислом, масъалаи “сарнавишт” (қазо ва қадар) ба гунае олӣ ва дақиқ баён гардида, ки дар ҳеҷ як аз системаҳои маърифатии башарӣ назири онро пайдо наметавон кард. Ислом, дар айни ин ки буду шуди ҳар падидае дар ҷаҳони ҳастиро, тибқи қазо ва қадари илоҳӣ медонад, аммо ҳаргиз нақш доштани худи инсон дар тағйиру рақам задани сарнавишташро нодида нагирифтааст. Қуръон дар айни ин ки мегўяд: “Ҳеҷ мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда ва ин бар Худо осон аст” (Сураи Ҳадид, ояти 22), ва (дар айни замон) мефармояд: “Худо вазъи ҳеҷ мардумеро иваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 11).

Ба назари баъзе гўи Қуръон ин ҷо таноқуз мегўяд. Яъне ин чи гуна аст, ки Қуръон аз тарафе мегўяд: ҳар чи шуду ҳасту мешавад, тибқи қазо ва қадари илоҳист, вале аз тарафе мегўяд: шумо инсонҳо худ дар тағйири сарнавишти хеш муассиред?

Аммо худи Қуръон ин дуро бо ҳам қобили ҷамъ медонад, на мутаноқиз. Дар ояте мефармояд: “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад), ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад, ва “китоби модар” (асл ва модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) фақат назди Ўст” (Сураи Раъд, ояти 39).

Маънои ояти номбурда, бо таваҷҷўҳ ба баёноти гуҳарбори ҳазрати Паёмбар (с) ин аст, ки қазо ва қадар дар мавриди инсонҳо якнавохт нест. Худованди Мутаол дар мавриди инсонҳо, қазо ва қадарҳои мутааддиде гузошта, ки таъйини ҳар кадом, бастагӣ ба ихтиёру интихоби худи инсон дорад. Масалан: касе ба навъе беморӣ мубтало шуда. Агар ин бемор даво бихўрад, шифо хоҳад ёфт, яъне як сарнавишт хоҳад дошт, вале агар даво нахўрад, хоҳад мурд, яъне сарнавишти дигаре пайдо хоҳад кард. Бо хўрдани даво, он сарнавишти шум маҳв хоҳад шуд. (Ин аст маънои “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад”).

Дар ривояте омадааст рўзе Паёмбар (с) ҳамроҳи чанд тан аз ёрон нишаста буданд, ки марде аз канорашон рад шуд. Паёмбар (с) рў ба ёрон карда фармуданд: ин шахс дигар барнахоҳад гашт, яъне хоҳад мурд. Чанд соате сипарӣ шуд, ки диданд мард ҳамроҳ бо ҳезуме дар китф солиму тандуруст бармегардад. Ёрон аз он ҷаноб (с) пурсиданд, ки магар нагуфтед ин мард дигар барнамегардад ва хоҳад мурд? Паёмбар (с) аз он мард хостанд, ки биистад. Пурсиданд: имрўз чӣ коре нек анҷом додӣ? Гуфт: ҳангоми хуруҷ аз хона, садақае барои як ниёзманд бахшидам. Аз ў хостанд ҳезумашро бар замин гузорад. Вақте гузошт, диданд море кушанда аз миёни ҳузумҳояш берун омад. Он гоҳ Паёмбар (с) фармуданд: Сарнавишти ин мард дар китоб (номаи аъмоле, ки сарнавишти ҳар одамӣ дар он сабт гардида ва Паёмбар (с) аз он огоҳанд) чунин буд, ки море ўро газида ва ў хоҳад мурд. Аммо аз он ҷо ки ин мард ҳангоми берун омадан аз манзил садақа дод, Худо сарнавишти ўро тағйир намуд. (Ин аст маънои “ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад”).

Ин ки маъруф аст “Садақа радди бало мекунад” ҳамин аст, яъне балое туро дар интизор аст (як сарнавишт), вале садақа додани ту боис мегардад ин бало аз сари ту бардошта шавад (як сарнавишти дигар).

Хулоса, баёну тавзеҳи як чунин масъалае печида, гоҳе ба забону навиштор хеле душвор аст ва чи басо инсон аслан наметавонад онро ба хонанда бирасонад. Аммо филме, ки дар ин моҳи муборак дидем, тавониста ҳамин масъалаи печидаро хуб ва некў бифаҳмонад. Он ҳам барои ҳар инсоне, новобаста ба сатҳи дониши вай.

Дасти созандааш дард накунад. Худо дунёву охираташро обод созад!

http://www.kemyaesaadat.com/

Advertisements

Чаро дар Бадахшон худкушй меафзояд?

Ҷонибеки ҚОЗИБЕК «Озодагон» №30 30.07.09.

Коршиносон бекорй ва бенавоиро сабаби худкушии шаҳрвандон мешуморанд.

Худкушй аз нигоҳи мардум як падидаи номатлуб арзёбӣ шуда, он аз диди илмҳои равоншиносӣ, ҷомеъашиносӣ ва ҳуқуқшиноси ба таври гуногун арзёбӣ мегардад. Аз назари равоншиносон худкушй танҳо хоси замони ҳозир набуда, он аз давраҳои хеле қадим то ҳоло вуҷуд доштааст ва боиси нигаронии коршиносони ин соҳа аст.

Агар дар давоми садсолаҳои охир амали худкушӣ танҳо аз байни афроди миёнасол бисёртар ба назар расида бошад, дар охири солҳои асри гузашта ва нӯҳ соли асри нав қариб 50 фоизи худкушӣ аз тарафи ҷавонон ба вукӯъ омадааст. Коршиносон мегӯянд, ки баъд аз ҳалокати саддамавӣ дар нақлиёт фавти одамон ба воситаи худкушӣ дар ҷойи дуюм мебошад.

Аз назари ҳуқуқшиносон амали худкушӣ ҷиноятест, ки дар он қотилу мақтул (қатлшуда) як нафар мебошанд. Дар Кодекси ҷиноий кишвари мо дар бораи ба худкушӣ расидани шаҳрвандони мамлакат моддаи 109-и Кодекси ҷиноии ҶТ нигаронида шудааст.

Аз назари қонуни илоҳи ва дини мубини Ислом худкушӣ яке аз бузургтарин гуноҳони кабира буда ҳар касе, ки ба Худои якто имон дошта бошад, набояд, ки ба ҳаёт ва руҳи худ, ки амонати Худовандӣ мебошанд, хиёнат намод.

Мутаассифона, то 28-уми июни соли равон дар ҳудуди вилоят 15 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 фоиззиёдтар аст. Дар соли 2008 -ум дар ҳудуди ВМКБ 7-то ҳодисаи худкушй ба қайд гирифта шудааст,- гуфт дар сӯҳбат ба мо Далер Музофиршоев, – сардори шӯъбаи тафтишотии прокуратураи ВМКБ. Ҳодисаи даст ба худкушӣ задан то ба ҳолати 28-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ 1, дар ноҳияи Роштқалъа 7, Рӯшон 1, Шуғнон 3 нафарро ташкил медиҳад. (Мувофиқи маълумоти РКД-и ВМКБ то ба омода сохтани маводи мазкур то рӯзи 9-уми июли соли ҷорй 2 нафар шаҳрвандони ноҳияи Роштқалъа даст ба худкушӣ задааст (Муаллиф).

Далер Музофиршоев, сардори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ВМКБ,- гуфт, ки аз 15 ҳодисаи то ба рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ ба қайд гирифташдаи худкушӣ 11 ҳодисаи бо ресмон ба дор кашидани худ 1 ҳодисаи бо корд захмдор ва ҳалок кардани худ, 3 ҳодисаи бо роҳи худро дар об ғарқ намудан содир гаштааст.

Вай афзуд, ки тафтишот маълум мекунад, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задании шаҳрвандони мазкур 3 ҳодиса бо сабаби бемории рӯҳӣ. 2 ҳодиса бинобар, шароити вазнини моддӣ, 1 ҳодиса бинобар гирифтори ба майзадагӣ.4 ҳодиса ба сабабхои ҷанҷолхои оилавй, 5 ҳодиса ба сабабҳои номаълум гардидааст.

Оид ба ҳашт ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон аз тарафи Прокуратураи ВМКБ санҷиш гузаронида шуда. бо 15 мазод аз оғози кори ҷиноятй рад карда шуда, оид ба 3 мавод санҷиш идома дорад.

Сардори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ВМКБ Д. Музофиршоев мегуяд, ки яке аз сабабҳои номаълум мондани сабабҳои ҳодисаҳои даст ба худкушй задани шаҳрвандон ин ҳамкорӣ накардани наздикону пайвандони шахсони даст ба худкушизада бо кормандони прокуратура хангоми раванди санҷишот мебошад.

Дар аксарияти мавридҳо пайвандону наздикони ашхоси даст ба худкушй зада мегӯянд, ки «бо ягон кас рафтору муносибати бад надошт», «карздорй надошт», «сабаби даст ба худкушӣ заданашро намедонам», «бо аҳли оила муносибати хуб дошт» , «аз ягон кас гумонбар нестем». Яъне ҳолатҳои даст ба худкушй заданро пинҳон намуда, қариб дар ҳамаҳолатҳо хешу табори шахси даст ба худкушӣ зада барои кушодани ҷасад ва гузаронидани ташхиси судӣ- тиббӣ розигӣ надода, сабаби марги шахси даст ба худкушӣ зада муаӣян карда намешавад.

Дар натиҷа раванди санҷишот ба раҳгумӣ равона гардида, баъдан бинобар набудани ҳодисаи ҷиноят ваёдар кирдори ҳеч шахс аломатҳои таркиби ҷиноят вуҷуд надоштан аз огози кори ҷиноятӣ рад карда мешавад.

Далер Музофиршоев бекорӣ ва шароити вазнини иктисодиро яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон гуфта, сабаби даст ба худкушй задани ноболиғонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани таълиму тарбия дар оилаю мактаб медонад. Чунончӣ,-гуфт ӯ рӯзи 5-уми феврали соли 2009 тахминан соати 19-40 дақиқа ба ШКД-и ноҳияи Рӯшон хабари телефонӣ аз сардухтури табобатхонаи марказӣ расидааст, ки шаҳрванд Рамазонов Сорбон Назармамадович соли таваллудаш 1991, хонандаи синфи X1 – и мактаби №9-и ноҳияи Рӯшон бо ҷаро ҳати захми шикам ба беморхона дохил гардидааст.

Пас аз ҷарроҳӣ намудан Рамазонов С.Н. соати 99-10 дақиқа дар беморхона ҳалок гардидааст. Санҷиш оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Рӯшон, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Шарипов С. гузаронида шуда, дар вақти санҷиш муайян карда шудааст, ки Рамазонов С. Н. дар хонаи истиқоматиаш худро бо корд захмӣ кардааст. Баъди гузаронидани санҷиш оид ба ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рӯшон саннаи 28.02.2009 бо дастрасии моддаҳои 5 банди 2 ва 109 КМҶ-и ҶТ аз оғози кори ҷиноятй рад карда шудааст.

Аммо духтури равоншинос Имомбек Холдорбеков ҳолати расидани як шаҳрванд ба худкуширо замоне медонад, ки он шахс мубталои як бӯҳрони рӯҳӣ шуда бошад. Бӯҳрони рӯҳӣ ин таҳавулотест, ки шахс ба худкушй даст зада, наметавонад фикран роҳи ҳалли масъаларо ёбад. Омилҳои асосии даст ба худкущӣ задани шаҳрвандон ин норасоии равонӣ, бемориҳои эпилепсия, ҳисфиребӣ, масъалаҳои низоъҳои оилави, қарздорӣ, ноустувории иқтисодӣ, бекорй, таъмин набудани рӯзгор мебошанд.

Бояд аҳли ҷомеа барои ин кор тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар роҳи пешгирии худкушии шаҳрвандон мақомоти маҳаллӣ, табибон, органҳои ҳифзиҳуқуқ, ходимони дин, ВАО метавонанд, ҳиссаи худро гузоранд.

Духтур Имомбек Холдорбеков афзуд, ки мутаассифона, мо дар вилоят аз надоштани духтуроии равоншинос бисёр андешаманд ҳастем, зеро имрӯз дар вилоят танҳо як нафар кадри дорои маълумоти олии тиббии равоншиносӣ мондаасту халос. Дар вилоят маслиҳатгоҳи ( консултатсия)-и равоншиносӣ, ки дорои телефони боварй бошад, вуҷуд надорад, то ин ки бо онҳое, ки ба марҳилаи бӯҳрони рӯҳӣ гирифтор мешаванд, дар зери назорати духтурони равоншинос бошанд, то андаке ҳам бошад, аз даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол Садорбек Азорабеков, намояндаи ваколатдори дини Вазорати фарҳанги ҶТ дар ВМКБ мегӯяд, ки бояд ходимонидиндар роҳи ҷилавгирӣ аз ба худкушй даст задани шаҳрвандон саҳми бештаре дошта бошанд. У мегӯяд, ки «Дини мубини Ислом таъкид бар он мекунад, ки ҳар шахси боимон ба муқаддас будани хаёт эҳтироми махсус дошта бошад, худкушӣ ин роҳи халосӣ аз зиндагии дунёи набуда, бояд андешаи фардои қиёмат нисбати зарар ба ҷисму ҷони худ намуданро ҳар ходими дин дар байни ҷамоатҳо фаҳмонда тавонад.

Сардорбек Азорабеков мегӯяд, ки фарҳанги миллии мо арзишҳои ахлоқии исломиро манбаи асосии пешрафти халқи тоҷик гардонидааст, дар давоми ҳазорсолаҳо мардумро аз яъсу ноумедиҳо ба сӯи ҳаёти дурахшон ва боварибахш ҳидоят намудааст. Ӯ афзуд, ки бузургони дини мубини Ислом худкуширо барои ҳар фарди мусулмон манъ кардаанд. Аз он ҷумла, Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисе мефармояд: «Ҳеч яке аз шумо талаби марг накунед, ҳеч гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро ҳар гоҳ ҷаҳони фаноро (маҷбуран) падруд гӯед, умед ба таманнои подош нобуд мегардад.

Дар ҳамин ҳол Давлатназар Мерганов,- як сокини ноҳияи Рӯшон даст ба худкушӣ задани баъзе афродро аз яъсу ноумедӣ ва ё аз тарсу ҳарос, ё мубталои маӣзадагӣ будан ва ё бад будани вазъи иқтисодии онҳо медонад. Давлатназар Мерганов мегӯяд, ки ӯ се воқеаи даст ба худкушӣ задани ашхоси алоҳидаро медонад, ки ду нафари онҳо,- хушбахтона наҷот ёфта, ба худкушӣ нарасиданд. Ӯ афзуд, ки ҳодисаи аввал аз тарафи як мактаббачае буд, ки муҳассили яке аз мактабҳои шахри Хоруғ худро аз болои купрӯк ба дарё партофт, хушбахтона, наҷот ёфт.

Ҳодисаи дуюм марди мастеро дида будам, ки занашро тарсонда,- мехост, ки худро ба дарё андозад. Хушбахтона атрофиён ӯро ором карда ба хонааш бурда буданд. Аммо, мегӯяд Давлатназар Мерганов, ба фикрам, худкушии марде, кидар бозори шаҳри Хоруғ ба сифати аробакаш кор мекард ва худ сокини водии Бартанг буд, аз зиндагонӣ ноумед шуда будаст, аз сабаби вазъи иқтисоди бошад, зеро маълум буд, ки шахс дур аз хонавода бошад ва моҳҳо натавонад ба онҳо кӯмаке кунад, даст ба чунин корҳои нангине ба мисли худкушӣ мезанад, ки ба фикри ман ин кори хуб нест.

Давлатназар Мерганов мегӯяд, ки ҳар шахси солим набояд, ки аз камбудиҳои рӯзгор, аз зиндагонӣ ноумед шавад, зеро чуноне, ки ниёгони мо гуфтаанд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст», баъди ҳар мушкилӣ осонӣ хохад омад.

Халифаи маҳаллаи Тирчид Ашратшоҳ Акдодшоев мегӯяд, ки худкушӣ, ба назари ман, имрӯз 2 навъ буда, яке ба таври фаврӣ ба василаи ба об рафтан ё ба дор кашидан ва дигаре ба истеъмоли маводи мухаддир ё машруботи спиртй сурат мегирад. Яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задании баъзе шахсон дар сустии имони онҳо мебошад. Ӯ афзуд, ки ҳодисаҳое ҳастанд, ки як нафар шахси дорои бемории рӯҳӣ ба худкушӣ даст мезанад, вале ҳодисаи даст ба худкушӣ задани афроди солим бисёр нохушоянд буда, шахси даст ба худкушӣ зада дорои гуноҳи азим мегардад.

Халифа Ашратшоҳ Ақдодшоев мегӯяд, ки мувофиқи далели ояти 28-уми сураи Нисо Худоитаъоло дар Қуръони Маҷид мефармояд, ки «Худатонро накушед, ба дурустӣ, ки Худованд нисбат ба шумо меҳрубон аст» Бузургони мо мефармоянд, ки худкушӣ роҳи ҳалли масъалаҳои зиндагӣ нест, марг ба ҳар сурате зуҳур хоҳад кард. Зиндагй бо пастию баландиҳо буда, ба ҳар лаҳзаи он шукрона бояд намуд. Шумо бубинед, ки Худованди меҳрубон на танҳо розӣ намешавад, ки дигаре шуморо ба қатл бирасонад, балки бахуди шумо ҳам ризоят намедиҳад, ки хешро ба ҳалокат бирасонед.

Ҳазрати Алӣ мефармоянд, ки «Мӯъмин мумкин аст ба ҳар навъ марге бимирад, аммо худкушӣ намекунад. пас касе ки битавонад хуни худро ҳифз кунад ва бо ин вуҷуди худро аз қотили худ ҷилавгирӣ накунад то кушта шавад, қотили худ худ хоҳад буд». Бинобар ин -гуфт дар охири сӯҳбат халифа Ашратшоҳ Акдодошоев -дини Ислом ҳодисаи худкуширо қатъиян махкум намудааст ва аз ҳамватанони худ мехоҳам, ки ҳар чӣ зудтар садди роҳи ин кор шаванд, то дар қонуну қавоиди Худованд собитқадам бошанд.

Аз Мирзо кй норизо?

Чанде қабл собиқ фармондеҳи ИНОТ, экс-вазири ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, генерал-лейтенант Мирзо Зиёев дар ноҳияи Тавилдара асроромез кушта гардид. Васоити ахбори умум бо такя ба манобеи қудратӣ бидуни таҳқиқу таҳлил хулоса карданд: «Мирзо Зиёев аз тири собиқ ҳамроҳонаш кушта шуд». Тамом, вассалом! Тавре рӯзноманигорон атрофи қазияи худкушии собиқ вазири корҳои дохила Муҳаммадназар Солеҳов нигошта буданд, (такя ба гӯмагӯҳо), дар марги муаммоомези Мирзо Зиёев низ ҳар кӣ ҳар чи гуфт, онро рӯи чоп оварданд.

Соле қабл миёни мардум овозае паҳн шудабуд, ки дар рӯзҳои наздик Мирзо Зиёев аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ боздошт хоҳад гашт. Дар ин росто мардум пайваста мегуфтанду аммо расонае ҷуръате намекард, ки атрофи ин гӯмагӯҳо матлабе ба нашр расонад. Воқеан ҳам рӯзноманигоронамонро одат шуда, ки аз дунболи ҳар гуна овозаву сару садобаландкуниҳо медаванду ҳар гуна хабару маълумотро бидуни таҳқиқу санҷиш пешкаши хонандагон карда, хонандаро дар шигифт меандозанд. Аз дигар ҷониб таҳлилу андешаронии теъдоде аз муаллифон нишонгари он аст, ки эшон масъаларо яктарафа баҳогузорӣ мекунанд, тавре сулҳро ҳам ба як ҷониб марбут медонанд. Ва дигар ин ки ҳини дар қайди ҳаёт ва дар озодй будани сиёсатмадору фармондеҳе муаллифони ғаразҷӯ дилу гурдае надоштанд, ки атрофи номи онҳо матлабе ба нашр расонанд. Ҳини дар мансаби фармондеҳӣ будани Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимову Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар рӯзномаҳо пайваста мадҳу ситоиши онҳо буд, ҳатто аз эшон барои идомаи фаъолияти рӯзномаашон пул дархост менамуданд. Чун онҳо кунҷи маҳбасафтоданд, муаллифон шердил шуданду ҳар чи хостанд, атрофи номашон гуфтанд. Ва имрӯз атрофи номи Мирзо Зиёев низ ҳар чи ба забон омад, мегӯянд: яке ӯро бо мафияи тоҷирони маводи мухаддир тавъам медонад, дигаре дар қатли бераҳмонаи асирон айбдораш мекунад, саввумӣ бо бисёрзанию мансабталошӣ мехоҳад сияҳномаш намояд. Аммо чаро чунин баҳогузориро ҳини дар қайди ҳаёт буданаш намегуфтанд. Метарсиданд? Не, моро чунин одат аст, ба қадри инсон танҳо вақти аз дунё рафтанаш мерасем, инсонро танҳо баъди фавташ сангу чӯб мезанем…

Аз чунин тарзи таҳлилу навиштаҳои олуда бо ғараз, хонанда дар нимароҳ мемонад. Ва чу нин хулосарониро наметавон аъмоли ҷавонмардона маънидод кард. Дигар ин, ки табли шодӣ задан дар марги шахсияте, камоли номардист. Чизи дигар он аст, ки довари ҳақгӯ – ВАҚТ оянда ҳама чиро муайяну рӯшан хоҳад кард, ки кӣ кӣ хаст?

Дар матлабе хондам, ки «Мирзо Зиёев нисбат ба асирон раҳму шафқате надошт, онҳоро якояк мекушт, онҳоеро ба асорат гирифта буд, ки таҷрибаи ҷангй надоштанд» ва ғайраву ҳоказо. Аз он дар шигифтам, ки ин теъдоди кӯрбин чаро он замон ин суханҳо намегуфтанд?! Он асирони собиқ, ки имрӯз дар вазорату ташкилоту муассисоти гуногун адои вазифа мекунанд, худ шоҳиданд, ки Мирзо Зиёев бо онҳо чӣ муносибате дошт. Ба хотири таъмини амнияти онҳо Зиёев аз тамоми имконоту тадобир истифода бурда буд. Манзили буду боши асирон хонаҳои истиқоматии мардуми Вахё буд, ки асирон ҳар сари вақт бо чою хӯроки гарм таъмин буданд, эҳсоси тарсу ларз дар вуҷуд надоштанд.

Ҳарзагӯиҳое, ки гӯё Мирзо Зиёев асиронро ба волидайнашон бо нархи гарон мефурӯхт, ба ҳақиқат ҳеҷ наздикие надорад. Баръакс, ба хотири сиҳату саломат ба дасти волидайн расонидани фарзандонашон, Мирзо аз тамоми роҳу усул истифода мебурд. Ба хотири эҷоди дасиса, он замон тайёраҳои ҷангӣ асиронро бомбаборон карда, чандин тани онҳоро ба ҳалокат мерасониданд ва баъдан эълом медоштанд, ки асиронрог мухолифин бо ваҳшитарин усулҳо ба қатл расонидаанд.

Имрӯз ҳар кӣ атрофи номи Мирзо Зиёев матлабе ба нашр расонад, дар мадди аввал аз тарҷумаи ҳоли ӯ ёдовар мешавад: «Тракторчй буд, киномеханик шуд ва баъдан…» Чӣ ҷои аҷобат аст дар интихоби касб? Аз модар касе генералу сарвазиру вакилу вазир ба дунё наомадааст-ку? Чизи дигар он аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ теъдодёро зинбапушт карду зумраи дигарро зинсавор, Дардовар аст вақто рӯзноманигорону таҳлилгарон, подабону тракторчиву барзгарро аз сафи мухолифин меҷӯянд. Аъмоли вазиру масъулеро як маротиб варақгардон намоед, он гаҳ хоҳед дид, ки кӣ кй аст? Аммо аз ин чизҳо мебояд дурӣ ҷуст, зеро чунин аъмол аъмоли ноҷавонмардис! Ҷавонмард он аст, ки пайи амалӣ гаштани сулҳу субот аз худ пешдастие нишон медиҳад, худро дар ин роҳ қурбон месозад. Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурй ва Президент Эмомалӣ Раҳмон бо заҳамоти зиёде тавонистанд сулҳро тақдими мардум намоянд. Аз ҳар ду ҷониб собиқ фармондеҳон, ба ҷуз чанд хиёнаткор дигар ҳама ба амри сарваронашон лаббайк гуфтанд. Мирзо Зиёев низ аз зумраи он ҷавонмардоне буд, ки худи ҳамон лаҳзае, ки дарк намуд, Устодхоҳони сулҳ аст, силоҳ ба замин гузошт, аз тобеъонаш даъват намуд, то дасти оштии рақибонашон гиранд. Ӯ ҳар замон тобеъонашро ҳушдор медод, то ба дасисаву иғво дода нашаванд, аз марзу буми Ватан ҳимоя намоянд. Чун Маҳмуди ғосиб ба Суғд ҳамлаи гургона карду хост авзоъи Тоҷикистонро ноором созад, аввалтар аз ҳама Мирзову ёронаш бар рағми ӯ бархостанд ва ӯро водор намуданд, то тарки кишвар намояд. Чаро аз чунин ҷавонмардии Зиёев маротибе ёдовар намешавем?

Хуб, дигар Мирзо Зиёев миёни мо нест ва аз дасти кӣ ва атрофиён чӣ гуна кушта шудани ӯ низ чизе нахоҳем гуфт, бигузор дар ин росто мақомоти дахлдор санҷишу тафтиш гузаронанд ва асли воқеаро рӯи об бароранд. Атрофи куштори Зиёев танҳо хаминро метавон гуфт, ки ӯро бадхоҳони миллат ноҷавонмардона куштанд, бо сад макру ҳиллаи навбатӣ…

Мирзо Зиёев аз марг наметарсид, ҳарфу сухан гуфтан бо мунофиқу ноҷавонмард ва душманӣ дар либоси дӯстро ба худ муносиб намедонист. Аз рӯзи аввал ӯро дар замир чунин рафтору гуфтор буд ва то ба охир дар амалкарди хеш содиқ монд.

Ҳине, ки солҳои навадум даргириҳои шадид дар манотиқи Тавилдара идома доштанд, Мирзо Зиёев тариқи мухобара Ризвонро пайваста ҳушдор медод, ки миллатро ба бадахшониву зарафшонӣ, кӯлобиву ғармӣ ҷудо насозад, зеро ҳама фарзанди як падару як модаранд.

Чун Созишномаи умумии сулҳ ба имзо расид, Мирзо Зиёев дар анбӯҳи зиёди тобеъонаш пайи сулҳро бо нидои «Аллоҳу Акбар»-гӯиҳо истиқбол гирифт. Аз тобеъонаш ҳар лаҳза даъват менамуд, то ба макру дасисаи душманони дохиливу беруна дода нашаванд, ҷиҳати амалӣ гаштани сулҳ аз нерӯ ва ҳастии худ истифода баранд.

Ду моҳ буд, ки аз Тавилдара хабар мерасид, ки дар ин диёр вазъ ноором аст ва гурӯҳҳое аз Афғонистон вориди кишвар гаштаву мехоҳанд вазъро муташанниҷ гардонанд. Ба хотири ором намудани вазъ ва дифоъ аз марзу буми хеш Мирзо Зиёев ихтиёран ба ин водӣ рафт ва то охирин нафас кӯшиш намуд, то тариқи музокирот пеши роҳи хунрезиро гирад. Аммо ҳасудону бадхоҳон ноҷавонмардона аз пушт тир бар тахтапушти ӯ заданд, ноҷавонмардона ба ҳалокаташ расониданд. Фарзанди ӯ дар мусоҳибаи телевизиониаш, ки шоҳиди фавти падар буд, гуфт: «Падарам шаҳид гашт, Худо раҳматаш кунад.»

Воқеан ҳам, Мирзо Зиёев дар роҳи сулҳу оштӣ ба шаҳодат расид ва инро набояд нодида гирифт ва набояд санг бар ҷасади афгору зери хоки сард хоби ӯ зад. Ба Худо чунин амал ноҷавонмардист!!!

Худо манзили охирати ӯро обод гардонад!

Чаро аз хубиҳои он даврон нагўем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

istaravshaniSДар робита бо масъалаи “худшиносии миллӣ”, ки ҳамагӣ қабул дорем яке аз муҳимтарин авомили водоркунанда ва руҳиябахшандаи афроди ҷомеа ба сўи гом ниҳодан барои тараққӣ ва пешрафти ҳамаҷониба ба шумор меравад, бештар баҳсҳои назарӣ матраҳ шуда, ва дар бораи намунаҳои зиндаи он, ки чӣ чизе масалан аз масодиқи худшиносӣ ба шумор меравад, то ба он таваҷҷўҳ дошта бошем, хеле кам баҳс ба амал омадааст. Дар бораи рамзи миллӣ, ки бешак яке аз масодиқи боризи таваҷҷўҳ ба худшиносист, тавассути устод Адаш Истад баҳсҳои ҷолибе матраҳ шуда буд ва воқеан ҷои ташаккур дорад.

Камина дар ин мақола ба яке дигар аз масодиқи худшиносии миллӣ ишора хоҳам намуд. Ва он, таваҷҷўҳ ба таърих ва гузаштаи мо тоҷикон ва ин ки тоҷикон дар таърихи башарият чӣ ҷойгоҳе доштаанд мебошад. Албатта на таърихи чанд ҳазорсолаи пеш, балки ҳамин таърихи чанд сад солаи ахирамон. Зеро дар бораи таърихи кўҳан ва ин ки тоҷикон кӣ буданду чӣ карданд, баҳсҳои ҷолибе шудааст. Феълан коре ба он надорем. Кори мо феълан, ҳамин таърихи чанд сад соли ахири мост.

Мутаассифона, таърихи 200 ё 300 соли ахири мо чунон торик ва зулмонӣ нишон дода шудааст, ки ба сароҳат метавон гуфт, ки агар касе худро тoҷики бошараф биҳисобад, бо хондани он, ҷуз лаъну нафрин ба ниёкони наздикаш намефиристад. Аз назари сиёсӣ, ҳокимон як мушт афроди лоуболӣ ва бемоя ва худбохта ба намоиш гузошта шудаанд. Сохтори сиёсии ҳукуматҳо, хусусан ҳукуматҳои 300 соли ахир, дорои бадтарин шакли сохтори сиёсӣ нишон дода шудаанд. Аз назари иқтисодӣ ҳам, хондани авроқи ин марҳала аз таърих, ҷуз aфсўс чизе дигар бароямон намебахшад. Аз назари фарҳангӣ ва динӣ ҳам, ки дигар ҳар чи носазо барои бадбахтии миллат дар ин бурҳа аз замон бигўем, кам аст. Аммо…

Оё каме ҳам, ки бошад, бо худ андешидаем, ки шояд ин бурҳа аз даврони таърихи мо, чунон ки бароямон ба тасвир кашида ва то ҳанўз мекашанд, ба ин дараҷа аз бадбахтиву замони торику зулмонӣ набуда бошад?

Ҳарчанд сафаҳоте ғамангез дорад, чунон ки таърихи ҳар миллате аз вуҷуди чунин сафаҳоте холӣ нест, аммо ҳатман сафаҳоти дурахшоне ҳам доштааст. Магар қарор аст мо фақат ба сафаҳоти торики таърихамон таваҷҷўҳ намуда, ва билкулл сафаҳоти дурахшони онро нодида гирем?

Агар охирин Амири сулолаи манғитиҳо яъне Олимхон, одами лоуболие буда, оё маънояш ин аст, ки даврони ўро ба куллӣ афроде мисли ў ташкил медоданд? Магар дар замони вай афроди шоистае набудаанд? Феълан коре надорем, ки ин фард мутааллиқ ба кадом нажоду миллат буда, то бигўянд ў, ки тоҷик набуд, балки ўзбак буд. Ҳар чи буд, дар бурҳае аз замон, вай Амири Бухоро ҳисобида шуда, ва ин Аморат ҷузъе аз таърихи сиёсии мо тоҷиконро ташкил медиҳад. Фаромўш накунем, забони расмии ин Аморат, забони тоҷикӣ буд ва тамоми муоҳидоти расмӣ ба забони тоҷикӣ анҷом мепазируфт.

Ҳоло, агар Олимхонро намепазирем, лоақалл падараш Абдулаҳадхон мисли ў набуд. Дар замони вай ислоҳоти калоне дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ ва иқтисодӣ ба анҷом расида буд, ва ба шаҳодати таърих, мардум дар даврони ў дар осоишу рафоҳи нисбатан хубе ба сар мебурданд.

Чаро аз хубиҳои ин даврон ба фарзандонамон нагўем? Чаро фарзандонамон бо хондани таърихи ин даврон, дар вуҷуди ниёконашон ҳеҷ хубие набинанд? Набояд фаромўш кунем, ки инҳо таъсир доранд; таъсири бевосита дар ташакккули руҳияи фарзандон ва ояндагонамон доранд.

Чаро милали дигар, кўшиш мекунанд ҷуз аз ифтихороташон сухан ба миён наёваранд, вале мо ин ҳақро надошта бошем? Ҳамин русҳо, агар аз подшоҳони гузаштаи худ чизе мегўянд ва ё чизе менависанд, ҷуз таърифу тамҷиди онҳо, чизе дигар ба забон намеоваранд. Корашон ба ҷое расидааст, ки имрўз ҳатто аз амсоли Сталини хуношом ба унвони як абармард ёд мекунанд.

Набояд фаромўш кунем, ки китобҳои таърихи чандсад соли ахири мо, бештар дар замони Шўравии собиқ ба нигориш даромадаанд. Табиӣ буд, ки он давронро сиёҳу торик нишон диҳанд. Ин шеваи ҳар инқилобест. Яъне вақте ин инқилоб – инқилоби октябр – ба вуқўъ пайваст, магар таваққўъ мерафт даврони пеш аз вуқўи ин инқилобро зебо нишон диҳанд?

Таърихнигорони мо бояд таҷдиди назар кунанд. Бо як ҷиддияти томм ин сафаҳотро аз нав варақ бизананд.

Камина бо овардани фақат як намуна иктифо мекунам, то бубинем оё ин марҳала аз таърихи мо ба ҳамон сурати каҷе, ки нишон медиҳанд будааст ё на?

При эмире Абд алАхаде в ханстве были отменены пытки и ограничены смертные казни, а самые жестокие виды из них (например, когда осужденного сбрасывали с самого высокого в Бухаре минарета Калян) были запрещены. При нем в ханстве была начата промышленная добыча меди, железа, золота, были проложены железные дороги и телеграфных линии, активно развивалась торговля. Сам эмир деятельно участвовал в торговле каракулем, занимая третье место на мировом рынке по объему торговых операций с этим ценным сырьем…

Эмир был почетным членом Туркестанского благотворительного общества. На особом месте для эмира стояла забота о делах мусульманской веры. Так, переданные им в вакф в пользу святынь Мекки и Медины владения приносили до 20 тысяч рублей годового дохода, а в начале 30-х г.г. Абд ал-Ахад пожертвовал несколько тысяч рублей золотом на постройку Хиджазской железной дороги (тогда же его ближайшие придворные выделили для этой же цели по 150 тысяч рублей). При нем количество улемов в Бухаре выросло от 500 до 1500 человек, причем для их содержания предназначались доходы от особых вакфов.

Наконец, совершенно исключительную роль сыграл эмир в строительстве мусульманской мечети в Санкт-Петербурге – крупнейшей мечети в Европе. – Абд ал-Ахад не только добился у царского правительства разрешения на постройку мечети, но и пожертвовал 350 тысяч рублей на выкуп земельного участка для строительства и еще 100 тысяч – на само строительство. Кроме этого, он организовал сбор средств для этой цели среди бухарских купцов (всего было собрано более 200 тысяч рублей). Еще один довольно неожиданный штрих к портрету эмира – Абд ал-Ахад серьезно увлекался поэзией. Он был не только большим почитателем изящной словесности, но и составил «Диван» собственных стихотворений, в которых описывал пережитые им события и настроения, особенно во время поездок в Россию. Стихи эмир писал под псевдонимом Оджиз (слабый, беспомощный)/// Манбаъ: http://nedvetsky.boom.ru/books/bukhara.htm

Ин буд танҳо гўшае аз таърихи яке аз Амирони он даврон. Камина муаррих нестам, ин таърихнигорон ҳастанд, ки бояд камари ҳиммат баста, бештар дар ин замина кор кунанд, то хондани сафаҳоти дурахшони он, мояи иззати мо тоҷикон бошад, на мояи нанг.

Албатта дар поён такрор мекунам, ки муддаӣ нестам ҳар чи дар он даврон гузашта, ҳама хуб буда. На, чунин нест. Танҳо он чи мегўям, ин аст, ки ҳамаи он сафаҳот торик набуда.

Комёб бошед.

Дурўғи беҳадду марз, яъне шохдор

Посух ба мақолаи «Тўраҷонзода – ҷосуси КГБ?»

Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода «Фараж» №18 07.05.09

Ман афроди бисёреро медонам, ки дар КГБ кор карданд ё кор мекунанд ва бисёри аз онҳо инсонҳои бисёр шоиста ва дўстдорони ҳақиқии ватани худанд. Ман нисбати ин ниҳоди муҳими давлатӣ ҳеҷ гуна эҳсоси нафрату хусумат надорам, чунки онҳо муҳофизони манфиатҳои давлат ва оромиши мардуми мо ҳастанд. Хоҳишмандам, аз хадамоти амнияти давлатӣ деву ҳаюло насозед! Ба фикри ман ҳамкорӣ бо идораҳои амниятӣ агар фақат ба хотири ҳифзи амнияту манофеи кишвар бошад, кори хубест, ба шарте ки ин ҳамкорӣ бар зарари дину оин ва ягон нафари бегуноҳ набошад.

Рўзи 9-апрели соли 2009 дар нашрияи «События» матлабе зери унвони «Тўраҷонзода-ҷосуси КГБ?» ба нақл аз сайти интернетии «forum.msk.ru»-и Русия ба қалами муаллифи сохтае бо номи «Фаррух Мамадшоев» ба нашр расид. Баъдан рўзномаи «Ҷумҳурият» ва Агентии миллии иттилоотии «Ховар» гўё ба хотири «таъмини гуногунандешӣ» онро чоп намуданд.

Банда махсусан солҳои 1992-97 чунин дурўғу бўҳтонҳоро дар бораи худ фаровон хонда ва шунидаам. Ин мақола низ идомаи ҳамон «афсонаҳо» аст. Ман ба ин навиштаҳо одат карда, ба аксари онҳо посух намедодам, аммо ин дафъа як сабаб водор кард, ки ба ин дурўғ посух диҳам: Муаллифони ин дурўғнома дар ҳаққи азизтарин одам дар зиндагиам – падари бузургвори марҳумам тўҳмат задаанд. Зикр бояд кард, ки хушбахтона, то ба имрўз ҳеҷ яке аз нашрияҳои мустақили тоҷикӣ ин мақоларо чоп накардаанд. Аз рўи маълумоте, ки дорам, сарфи назар аз илтимосҳои ботакрори соҳибони ин тўҳматнома, сардабирони мўҳтарами ҳафтаномаҳои мустақил розӣ нашуданд, ки он навиштаро бидуни зикри имзои муаллифи ҳақиқӣ чоп кунанд.

Мехоҳам дафъатан таъкид кунам, ки ин мақола аз оғоз то ба поён саршор аз дўруғи маҳз, хаёлбофиҳои муаллифи он ва мушовиронашон аст. Ман инҷо мехоҳам ба чанде аз бўҳтону дурўғҳои шохдор ва «тахайюлот»-и бепояи онон ҷавоб бигўям.

Дурўғи №1: Дар тўҳматнома омадааст, ки «ҷаноби Тўраҷонзода зимни сўҳбат дар робита бо вокуниши Сарвари давлат ба проблемаи истиқлолияти обу энергетики давлати соҳибихтиёр изҳори норизоӣ намуда, Ҳукуматро танқид мекунад, ки дар вақташ корхонаи дар мамлакат ягонаи алюминии «ТАЛКО» – ро ба Олег Дерипаскаи «камбағалу бечора» нафурўхтааст. Ҳол он ки корхонаи мазкур натанҳо мояи ифтихор, балки манбаи асосии даромади буҷети мамлакат бошад.»

Посух: Ман дар мусоҳибаам аслан чунин сухане нагуфтаам ва ҳеҷ вақт дар ҳеҷ ҷое аз сиёсати Сардори давлат норозигие накардаам. Аз хонандаи мўҳтарам хоҳиш мекунам, ки агар ба ин гуфтаи ман бовар накунад, ба мусоҳибаи ман дар ҳафтаномаи «Фараж» аз 5 феврали соли 2009 муроҷиат намояд ва худаш қазоват кунад, ки чӣ тўҳматеро болои ман бор кардаанд.

Аз ин навъи масъалагузории «муаллифон» ва хусусан, аз такрор шудани ибораҳои шиносе, ки гўё Корхонаи алюминий «натанҳо мояи ифтихор, балки манбаи асосии даромади буҷети мамлакат мебошад», маълум мегардад, ки ин тўҳматнома дар асл «ҷавобест» ба мусоҳибаи ман ба ҳафтаномаи «Фараж аз 5 феврали 2009 ва ҳамчунин ба мақолаи «Афсонаҳои алюминӣ», ки баъдтар дар нашрияҳои «Фараж» ва «Миллат» (№8, аз 26.02.09) чоп шуда буданд. Зеро ман бовар дорам, ки фармоишгарони ин тўҳматнома натавонистаанд посухи муносиб ба далоили овардаи ман бидиҳанд, аз ин рў, мутаассифона, ба чунин иқдом даст зада, бо истифода аз имконоти васеи молии худ як компанияи матбуотиро бар зидди ман ба роҳ андохтаанд.

Дар бораи масъалаҳое, ки банда дар он мусоҳиба ва мақола дар бораи Заводи алюминий баён карда будам, хусусан, дар бораи афсонаи гўё «манбаи асосии даромади буҷети мамлакат» будани он, фақат ҳаминро гуфтаниам, ки хушбахтона, 23 апрели соли 2009 Раиси Бонки Миллии ҶТ, ҷаноби Ш. Раҳимзода дар мусоҳибаи худ дар ҳафтаномаи «Озодагон» дар бораи мифҳои «фоидаовар» будани «Талко» ба таври возеҳ ишора кардаанд. Хоҳишмандам, муроҷиат намоед.

Дўруғи № 2. Дар тўҳматнома омадааст, ки «Ислом Каримов ва Дмитрий Медведев манфиатҳои Тоҷикистонро фаромўш карда, танҳо дар бораи манфиатҳои Ўзбекистон ва Русия сухан ронданд. Дар ҳамин маврид, сарбозони «ҷабҳаи махфӣ » аслиҳа ба даст гирифтанд.» Яъне мусоҳибаву мақолаи дар боло зикршудаи бандаро назар доранд.

Посух: Ин як иттиҳоми бисёр даҳшатнок аст. Ман аз муаллифони ин тўҳматнома даҳҳо маротиба зиёдтар ватани худро дўст медорам ва манофеи ин миллат, давлат ва марзу буми онро аз ҳама болотар медонам. Зеро ақидаи диниям аз ман талаб мекунад, ки ватанамро дўст дорам ва ман дар чунин фазои тарбиявӣ ба воя расидаам, бархилофи тўҳматчиҳо. Агар дақиқтар тафтиш шавад, шояд онҳо паспорти русӣ ҳам дар ҷайб доранд ва нафақапулиро ҳам аз Русия мегиранд. Бархилофи онҳо, ман фақат шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва аз ҳеҷ куҷо ҳеҷ нафақапулӣ ҳам намегирам. Агар дар Тоҷикистон «калонаи панҷум»-е вуҷуд дошта бошад, онҳоро ҳам дар байни ҳамин муаллифон ва фармоишгарони онҳо ёфтан мумкин аст, на аз байни онҳое, ки ба хотири манфиатҳои миллӣ ва ислоҳи ҷомеа ҳаёташонро ба хатар гузошта, сухани ҳақ мегўянд.

Вақте, ки мақолаи «Афсонаҳои алюминӣ»-ро менавиштам медонистам, ки ин пешниҳоди ман доираҳои бонуфузи манфиатдорро ба ғазаб меорад ва шояд дардисарҳои зиёдеро ба сарам биёранд, вале бо вуҷуди ин тасмим гирифтам, ки онро чоп намоям. Чаро? Ба хотири он, ки Роғунро ҳарчӣ тезтар бисозем ва он сад дар сад ба давлати тоҷикон тааллуқ дошта бошад ва ҳамчунин, кишвар ва мардум аз бўҳрони бебарқӣ ҳарчӣ тезтар берун ояд. Танҳо ватандўст ва миллатдўсти ҳақиқӣ метавонад бо вуҷуди дарки зиёнбор будани ин пешниҳодҳо барои худ ва оилааш боз ҳам онро матраҳ кунад. Шахси манфиатҷў, чуноне, ки маро тўҳмат задед, ба чунин коре даст намезанад.

Ман боз таъкид мекунам, ки ин пешниҳоди ман барои ҳифзи манофеъи мардуми мо, давлату кишвари мо ва пешрафту шукуфоии он ва беҳбуди муносибот бо кишварҳои зикршуда сурат гирифта буд. Ин пешниҳоди як шаҳрванди оддӣ буд. Чаро боиси ин қадар сару садову душманиҳо шуд? Магар гуногунандешӣ ва озодии сухан аз замонатҳои Конститутсияи мо нест? Дар ниҳоят, ҳаққи тасмимгирӣ дар ин масъала фақат бо ҳукумати Тоҷикистон аст на бо ман ё каси дигар. Ва акнун, ки Ҳукумат тасмими худро гирифт, мо онро эҳтиром мекунем.

Дигар ин, ки баракс, банда дар он мусоҳиба аз мавқеи Президенти Россия дар бораи тарафдорӣ аз мавқеи Ўзбекистон дар масъалаи Роғун интиқоди ошкор намудам ва эълон кардам, ки Вахш рўдхонаи дохилимарзист, на фаромарзӣ ва Роғун бояд сад дар сад милки Тоҷикистон бошад ва бо ҳеҷ кас қисмат нашавад.

Дўруғи № 3. Гўё ман аз соли 1971 ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Мири Араби Бухоро бо КГБ ҳамкорӣ оғоз кардам.

Посух: Дар соли 1971 ман ҳанўз донишомўзи синфи 10-и мактаби № 9-и ноҳияи Орҷоникидзеобод будам ва онро моҳи июни соли 1972 хатм кардам. Аз ин рў дар соли 1971 ҳам дар мадрасаи Бухоро ва ҳам дар мактаби миёна таҳсил карда наметавонистам.

Дўруғи № 4. Гўё Ҳазрати қиблагоҳӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) бо КГБ ҳамкорӣ мекарданд ва ҳамеша ду зан доштаанд.

Посух: Падари бузургворам ҳаргиз дар мактаби шўравӣ нахонда буданд ва наметавонистанд ба хатти сириллик бихонанду бинависанд. Аз ин рў Эшон наметавонистанд барои КГБ («данос») дар бораи ягон нафаре бинависанд. Ҳазрати қиблагоҳии мо аслан ба ягон кас душманию рақобат надоштанд, ҳасад надоштанд, бо ҳама мардум, хусусан бо эшонҳову домуллоҳо муомилаи хуб ва муносибати дўстонаву мўҳтарамона доштанд. Дар маҷмўъ, Эшон соҳиби имону ахлоқи олии инсонӣ буданд. Тамоми умри худро ба таблиғи исломи азиз ва амри маъруфу наҳйи мункар ва таълими шогирдону муридон сарф карданд. Баракс, он кас тамоми умр зери фишори шадиди КГБ қарор доштанд. Бори охир дар соли 1986 Ҳазрати қиблагоҳӣ ва бародари бузургам Эшони Нуриддинҷонро барои таълими улуми исломӣ ва даъвати мардум ба ислом кормандони КГБ аз деҳаи Пичефи Ромит бо «конвой» ба Душанбе оварданд ва як ҳафтаи тамом аз субҳ то нимаҳои шаб дар КГБ бозҷўӣ («допрос») карданд. Ташкилкунандаи ин амал Сироҷиддинов- сардори шўъбаи 5-уми КГБ-и ҶСС Тоҷикистон, дар даҳаи 1980 буд. Аз ин нафар ба он хотир ёдовар мешавам, ки ў ҳамеша дар он солҳо бо баҳонаҳои гуногун болои Ҳазрати қиблагоҳӣ ва хонаводаи мо фишор меовард.

Дар тўҳматнома ҳамчунин аз як корманди масъули КГБ – и ҶСС Тоҷикистон ёдоварӣ мешавад, ки замоне гўё мухолифи интихоби ман ба мақоми раҳбарии идораи қозиёти Тоҷикистон буд. Ў ҳамин «рафиқ» Сироҷиддинов аст. Ба хотири он, ки ман ба истилоҳ кадри маҳаллию кўҳистонӣ будам, он кас розӣ набуд, ки ман дар вазифаи Қозии ҷумҳурӣ таъин шавам. Зеро сиёсати кадрии он солҳо ҳамин хел буд.

Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Ҳазрати қиблагоҳии ман (Худо раҳматашон кунад) ҳамеша ба ислом ва ба мардуми мусулмон хидмат мекарданд ва ҳаргиз маддоҳи сохти шўравӣ набуданд ва давлати шўравиро давлати бедин ҳисоб мекарданд. Аз ин рў, чунин инсони ботақво ва худотарс наметавонист ба КГБ-и Иттиҳоди Шўравӣ хидмат кунад.

Ҳамчунин, Ҳазрати қиблагоҳӣ ҳаргиз ду зан надоштанд. Фақат баъд аз вафоти модари мо дар соли 1978, Эшон дубора издивоҷ карданд.

Дўруғи № 5. Гўё аз Мири Араб танҳо мадрасаи исломии Иттиҳоди Шўравӣ ба унвони шўъбаи мактаби КГБ ҳам истифода мешудааст ва шогирдони он «курсантҳо» будаанд ва дар он замон дар Мири Араб танҳо ҷосусҳои ниҳодҳои амниятӣ таҳсил мекарданд.

Посух: Ин як дурўғи бешарафона дар бораи як мадрасаи маъруфи исломӣ аст. Агар ин дурўғро ҳамчун ҳақиқат бипазирем, пас оё метавон Ҳусейнҷон Мўсозода – сархатиби вилояти Суғд ва ҳамчунин имомхатибони номдору соҳибэҳтироме чун Мулло Ҳайдар аз Кўлоб, Мулло Муродҷон аз Қўрғонтеппа, Мулло Ҳабибуллоҳ аз Душанбе ва даҳҳо тани дигар аз фориғуттаҳсилони ин муассиса ва ходимони имрўзаи масоҷидро дар кулл кормандони КГБ донист? Ин чӣ беинсофист?

Дурўғи № 6. Гўё кормандони КГБ ба ман пешниҳод кардаанд, ки ба худ тахаллуси «Максим»-ро бигирам ва ман написандидаам ва тахаллуси «Абдулкаримов»-ро ихтиёр кардаам. Гўё Абдулкарим бародари падари ман, яъне амакам будаанд, ки нобаҳангом ин ҷаҳонро тарк кардаанд ва гўё низ орзу дошта будааст, ки «курсант»-и мадрасаи Мири Араб шаваду ва бо ин тариқ ба ватани худ «хидмат кунад».

Посух: Чӣ дурўғи шохдоре. Ҳазрати қиблагоҳии ман се бародар доранд: Ҳоҷӣ Муҳаммадсалим, Ҳоҷӣ Абдулқодир ва Ҳоҷӣ Абдусамиъ. Худоро шукр, ки ҳамаашон зиндаву солим ҳастанд. Ҳазрати Эшони Халифа Абдулкарим (раҳматуллоҳи алайҳ) исми падаркалони ман, яъне бобои ман аст. Эшон яке аз намояндагони бузурги тариқати қодирияи тасаввуф дар минтақа буданд ва соли 1954 аз дунё гузаштанд. Муридони Эшон бар изофаи дараи Ромит, ҳамчунин дар водиҳои Зарафшону Бойсуну Ҳисор зиндагӣ мекарданд. Ҷанобони дурўғгў ҳатто агар ман рафту бо КГБ ҳамкорӣ медоштам, магар метавонистам номи чунин инсони шариф ва авлиёи Худоро ҳамчун «лақаб» бар худам баргузинам? Аз Худо битарсед! Дар воқеъ Ҳазрати Эшони Халифа Абдулкарим (раҳматуллоҳи алайҳ) худашон аз қурбониёни саркўбҳои КГБ-и сталинӣ буда ва чаҳор соли умрашонро дар зиндонҳои Сибир гузарониданд. Магар чунин инсони худотарсу ботақво, пешвои тариқат, ки ранҷҳои зиёде аз дасти КГБ-и сталинӣ кашидааст, боз орзуи ҳамкорӣ бо он мекарда бошад?! Худо худаш шуморо барои ин тўҳмататон ҷазо диҳад.

Дурўғи № 7. Гўё дар соли 1982 КГБ маро ба таҳсил ба Урдун фиристод, то «дар иҷрои тадбирҳое, ки малакаву тавоноиҳои хосеро металабад», саҳм бигирам.

Посух: Наход ба фикри Шумо Донишгоҳи давлатии Урдун низ шўъбаи мактаби КГБ-и СССР буд? Ин гумони бемантиқро, тавре ки мегўянд, ба виҷдонатон ҳавола мекунам!

Воқеъият ин аст , ки дар солҳои 1980-1982 баъди хатми донишкадаи исломӣ ба номи имом Бухорӣ дар шаҳри Тошканд, ман дар шўъбаи равобити хориҷии САДУМ (Идораи мусалмонони Осиёи Миёна) кор мекардам. Баҳори соли 1982 дар ҷараёни дидори Шайх Иброҳим Қаттон- қозиюлқуззот ё Раиси Додгоҳи Олии кишвари Урдун аз Иттиҳоди Шўравӣ ўро тарҷумонӣ мекардам. Тўли ду ҳафтаи ҳамроҳӣ бо ҳам аз наздик шинос шудем ва боре ў аз ман пурсид, ки оё мехоҳам таҳсили худро дар ягон донишгоҳи хориҷ идома бидиҳам? Табиист, ки ман мехостам ва ин як орзуи ман буд. Аммо ман ба ў гуфтам, ки ин мавзўъ танҳо аз хоҳиши ман вобаста нест ва тавзеҳ додам, ки ин масъаларо муфтӣ Бобохонов – Раиси Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Куроедов- Раиси Шўрои динии Иттиҳоди Шўравӣ метавонанд ҳал кунанд. Дар фурўдгоҳи Шереметово ба ҳангоми гусели ҷаноби Иброҳими Қаттон ба бахти ман, Бобохонов ва Куроедов ҳам омаданд. Иброҳим Қаттон вақти сўҳбат бо онҳо масъалаи таҳсили маро ҳам дар миён гузошт. Ў гуфт, ин мутарҷим ҷавони боистеъдод аст ва хуб мешуд, агар ў таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Урдун идома диҳад, ҳазинаи таҳсилашро мо ба ўҳда мегирем. Чун ин ду масъули баландпоя ба ин меҳмон эҳтироми вижа доштанд, ногузир мувофиқат карданд. Баъд аз чанд муддат ба номи ман даъватнома омад…

Дурўғи № 8. Гўё баъди пас аз бозгашт аз Урдун ман дар Идораи мусулмонони Осиёи Миёна дар Тошканд кор мекардаам.

Посух: Пас аз хатми донишгоҳи давлатии Урдун солҳои 1987-88 ман на дар Идораи мусалмонони Осиёи Миёна, балки дар Донишгоҳи Исломии Имом ал-Бухории шаҳри Тошканд аз фанҳои фиқҳ ва ҳадис дарс медодам. Ин бори дигар собит мекунад, ки далелҳои навиштаи шумо саҳеҳ нест.

Дурўғи № 9. Гўё дар китоби хотироти Петкел-раиси собиқи КГБ-и Тоҷикистон навишта шудааст, ки ман бо ў ва муовинаш дар яке аз манзилҳои махфии хадамоти махсус, дар ҳошияи шаҳри Душанбе дидору мулоқот доштаам. Ва навиштааст: «Ман сўҳбати онҳоро бо диққат мушоҳида мекардам. Пай бурдам, ки муовини тоҷикам, ки дар назари аввал шахси ҷасур менамуд, бо агент бо овози пасту илтиҷоомез сухан мекунад. Гумон кардан мумкин буд, ки вай барои додани ҳисобот ба назди «Абдукаримов» омадааст».

Посух: Як дўруғи дигар ва бисёр ночаспон. Ман намедонам Петкел дар китобаш чиҳо навиштааст. Лекин як чизро медонам, ки ў ба миллати тоҷик нафрати зиёд дошт ва тоҷиконро таҳқир мекард. Аммо аввалин мулоқоти мо бо ў баъд аз рўйдодҳои баҳмонмоҳи соли 1990, дар дафтари ман дар Идораи Қозиёт баргузор шуд, на дар «манзили махфӣ». Ҳамроҳи ў додситони собиқи ҷумҳурӣ Михайлин низ буд ва онҳо бо ман дар бораи ҳодисаҳои февралии соли 90-ум сўҳбат карданд. Баъдтар чандин маротиба ўро дар нишастҳои Шўрои Олӣ дидам. Дигар ин ки агар ман ҷосуси онҳо мебудам, пас чаро онҳо бояд бо ман бо таври «илтиҷову илтимос» сўҳбат мекарданд!? Агар Петкел мехост, дар соли 1990 метавонист маро ба осонӣ аз вазифаи Раиси идораи Қозиёт барканор кунад. Зеро дар он замон ҳанўз Иттиҳоди Шўравӣ побарҷо буд ва КГБ-ю Додситонӣ ниҳодҳои тавоное буданд. Мантиқи ин ҳарф куҷост?

Ва агар ман ҷосуси КГБ мебудам, чаро аз рўзи аввали Раиси Идораи Қозиёт буданам, ба сохтани масҷидҳо, мадрасаҳо, фиристодани донишомўзон ба донишгоҳҳои исломӣ, маҳдуд кардани дахолати ҳукуматдорон дар таъйину интихоби имомҳову хатибҳо ва умури молии масоҷид ва ғайра талош кардам ва адади масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаро то соли 1992 ба 2900 масҷид расонида будем? Ва ман будам, ки аввалин бор дар соли 1989 «босмачиҳо»-ро ҳамчун нирўҳои озодихоҳ ва мубориз бар зидди истилогарони хориҷӣ эълон карда, фатвои худро дар ин бора содир намуда, аз тариқи матбуот эълон намудам. Магар КГБ-и онвақта набуд, ки солҳои 1992 бо баҳонае, ки гўё ман «давлати исломӣ» месохта бошам, ба муқобилам як маъракаи бузурги таблиғотӣ ба роҳ андохта, нисбати ман тўҳматҳои зиёде мекард?

Ҳатто баъд аз мусолиҳаи миллӣ, ки ба ҳайси муовини аввали Сарвазир адои вазифа мекардам, вақте занҳоро аз рафтан ба масҷид манъ карданд, аввалин касе, ки эътироз кард ва дар ин бора мақола ва китоб навишт, магар ман набудам? Вақте, ки дар матбуоти тоҷик Каломи Худоро- Қуръонро ба «Майн Камф»-и Гитлер баробар донистанд ва Пайғамбари Азимушшаънро (с) аз Чингиз бадтар гуфтанд, пеш аз ҳама кӣ эътироз намуд ва кӣ посух дод? Магар ман набудам? Вақте, ки масҷидҳои панҷвақтаро бастанд ва баъзеяшро хароб карданд, ки эътирози расмӣ кард? Магар ман набудам? Магар ҳамкор ё хидматгори КГБ манофеи худро дар хатар гузошта, аз муқаддасоти динии худ чунин дифоъ мекунад? Ҳаргиз. Тўҳматгарони беинсоф, Шумо гумон мекунед бо навиштани ин тўҳматномаатон обрўи банда дар назди мардум кам мешавад? Иншоаллоҳ, ҳеҷ вақт не. Касе моро эҳтиром мекунад ё мухлис аст, ба ин сафсатаву тўҳматҳо бовар намекунад. Аммо, касе ки моро барои исломхоҳиямон бад медид, пеш аз тўҳматномаи Шумо низ бад медид.

Дўруғи № 10. Гўё ман аз ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев дар ноябри 1998 ҳимоят кардаам. Ин «далел» мубтанӣ бар гуфтаҳои Додоҷон Атовуллоев аст, аммо ба ман нисбат дода шудааст.

Посух: Дар воқеъ, ин иддао нишон медиҳад, ки муаллифу мушовирони он одамони чандон солиме нестанд. Агар чунин аст, бояд табобат шаванд. Якум ин, ки дар замони вуқўъи ин фоҷиа ман муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон будам ва ҳамон вақт ин ҳамларо сахт маҳкум кардам. Дар он рўзҳо нерўҳои мусаллаҳи оппозисиюн ҳанўз мунҳал нашуда буданд. Садҳо тан аз размандагони мо дар атрофи Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат барои ҳифзи ватан ва иштирок дар ҷанг бар зидди М.Худойбердиев изҳори омодагӣ карданд ва ман шахсан ҷаноби Президентро аз ин мавзўъ огаҳ карда будам.

Шумо мегўед, ки Додоҷон Атовуллоев наздиктарин фардест барои ман. Бале, ман инкор намекунам, ки Атовуллоев солҳои ғурбат дар канори даҳҳо рўзноманигори дигар дар шумори дўстон ва ҳамсафони мо буд. Вале дар солҳои ахир ман бо Додоҷон Атовуллоев ҳеч гуна робитае надорам. Агар ошноии гузашта бо Додоҷон Атовуллоро гуноҳ бидонем, пас метавон ҳамин иттиҳомро алайҳи ҳамаи онҳое, ки замоне зери раҳбарии ў дар «Чароғи рўз» кор мекарданд ҳам матраҳ кард, хусусан, бар муассиси ҳафтаномаи «События», ки худ аз ҳамкорони собиқи Додоҷон буда, аввалин шуда ин тўҳматномаро чоп кард ва имрўз мудири шўъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.

Ҷанобони тўҳматчӣ ва дўруғбоф! Бале, ман бо намояндагони КГБ дар соли 1980-ум шинос шудам, вале на дар Бухоро дар замони таҳсил дар мадрасаи Мири Араб, балки дар шаҳри Тошканд ҳангоми кор дар шўъбаи равобити хориҷии идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Ин фард бо номи Абдулмуталиб (номи хонаводагиашро ёд надорам) муовини бахши равобити хориҷии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна буд, ки дар бинои идораи динӣ утоқи корӣ дошт.

Баъд аз «инқилоб»-и Саври Афғонистон ҳайатҳои калоне иборат аз 20 то 30 нафар аз он кишвар ба Тошканд меомаданд ва аз Бухорову Самарқанд ҳам дидан мекарданд ва бо ҳаёти мардуми советӣ ва «дастовардҳои» онҳо аз наздик шинос мешуданд. Чун ман бо забони форсию дарӣ сўҳбат мекардам ва хатти арабиро медонистам, маро мутарҷими ин гурўҳҳо таъйин карданд. Абдулмуталиб дар оғоз худро фақат муовини шўъбаи робитаҳои хориҷии Идораи мусулмонони Осиёи Миёна муаррифӣ мекард, аммо баъди ду се моҳи кор кардани ман дар шўъбаи мазкур як рўз гуфт, ки ў корманди КГБ аст. Ў нахустин маъмури КГБ буд, ки худро расман ба ман ҳамчун корманди ин ниҳод муаррифӣ кард.

Бале, ман афроди бисёреро медонам, ки дар КГБ кор карданд ё кор мекунанд ва бисёри аз онҳо инсонҳои бисёр шоиста ва дўстдорони ҳақиқии ватани худанд. Ман нисбати ин ниҳоди муҳими давлатӣ ҳеҷ гуна эҳсоси нафрату хусумат надорам, чунки онҳо муҳофизони манфиатҳои давлат ва оромиши мардуми мо ҳастанд. Хоҳишмандам, аз хадамоти амнияти давлатӣ деву ҳаюло насозед! Ба фикри ман ҳамкорӣ бо идораҳои амниятӣ агар фақат ба хотири ҳифзи амнияту манофеи кишвар бошад кори хубест, ба шарте ки ин ҳамкорӣ бар зарари дину оин ва ягон нафари бегуноҳ набошад.

Хонандаи гиромӣ! Чи гуна ман метавонам ҷосуси Русияю Ўзбекистон бошам, дар ҳоле, ки дар солҳои 1992-1993 ҷангандаҳои ин кишварҳо зодгоҳи маро бомбаборон карданд? Ин бомбаҳо даҳҳо тан аз хешовандони маро куштанд ва падару писарамро захмӣ карданд. Онҳо дар он сол Фронти халқиро мусаллаҳу пуштибонии сиёсӣ карданд, на Ҳукумати муросои миллӣ ва на бандаро…

Ду ҳафта ин ҷониб банда аз сардабири нашрияи «События» борҳо хоҳиш кардам, ки раддияи маро чоп намуда, исми аслии муаллифи ин мақоларо эълон намояд, зеро ман мехостам ўро ба додгоҳ бикашам. Аммо мутаассифона, эшон бо ҳар баҳона раддияи маро чоп накарданд ва илова ба ин, вақте он тўҳматнома дар хабаргузории давлатии «Ховар» ва нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба нашр расид, фаҳмидам, ки пушти ин кор натанҳо муаллифон, балки доираҳои бонуфузи ҳукумат низ истодаанд.

Аз ин сабаб, аз нияти даъво кардан ба суд даст кашидам, зеро аз як сў, ман наметавонам бо ҳукумат сарбасар шавам ва ҳеҷ вақт ҳам намешавам ва аз сўи дигар, дар чунин ҳолат муроҷиат ба судро бефоида медонам. Ҳамаи тўҳматгарону нашркунандагони онро ба Худои Қодиру Мунтақим месупорам. Умедоворам Худои Таъоло худаш ҷазои сазовор медиҳад.

Дар поён ман аз Худо мехоҳам, ки шумо ва амсоли шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад, то дар оянда ба хотири манофеъи шахсӣ ва пули ҳаром дигар ба ҳеҷ касе тўҳмат назанед.

Аз редаксия: Чун дар маводи «Тўраҷонзода – ҷосуси КГБ?» аслан ишора сари мусоҳиба ва мақолаи дар «Фараж» чопшудаи Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода мерафт ва як гуна ҷавоб ба ин ду мавод буд, ҳамчунин, нашрияҳои маводро нашркарда, аз чопи ҷавобия худдорӣ карданд, рўзнома ба хотири дастгирии маънавии яке аз муаллифони ҳамешагиаш, қарзи виҷдонии худ донист то онро нашр намояд.

Оё Эшони Муфтӣ ҳақ мегӯяд?

Дилшод МИРЗОЕВ«Озодагон» №17 30.04.09.

Ҳамду сано Холиқи якторо ва салоту салом ба Муҳаммад Мустафо (с) Худованд ба воситаи фиристодани паёмбари охирин ва китоби инсониятсози худ ҳаёти башариятро, ки ба дараҷаи пасттарини ҳайвонӣ расида буд, ба кулли тағйир дод.

Таърих гувоҳ аст, ки инсоният дар муддати 1400 соли Ислом ба чи дастовардҳои гаронбаҳо ва пурарзише соҳиб шуд. Аз замонн садри Ислом то имрӯз бобову аҷдоди форсзабонҳо низ аз ин неъмати Илоҳӣ ва ҳадяи гаронбаҳо истифода бурданд. Алҳамдулиллоҳ, мо низ, ки имрӯз фахр аз миллати тамадунофарин ва пешвоёни шоиста дорем, туфайли ин неъмати илоҳӣ аст. Худованд бори вазнини расонидани аҳкоми Исломро ба бандагонаш баъд аз анбиё дар болои уламо ва пешвоён ниҳодааст. Уламои Ислом дар муддати 1400 сол барои расонидани сухани Худо ва эҳё кардани суннати Расул то имрӯз бо вуҷуде, ки аз ҷониби ҳокимони худхоҳ монеъаву фишорҳои зиёде диданд ва ҳатто ки ҷони худ ва пайвандонашонро аз даст доданд, вале хиёнат ба амонати Парвардгор накарданд.

Дар тамоми давлату ҳукуматҳо уламо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳи аввал вазифаи муқаддаси худро иҷро карданд ва амонати илоҳиро, ки Қуръону ҳадис аст, фарк байни ҳалолу ҳаром аст, то имрӯз ба мо расонданд, ки таърих номашонро имрӯз ҳам ба некй ёд мекунад. Ба қавле худ сӯхтанд то ба миллати худ равшанй диҳанд. Гурӯҳи дуввум уламои дарборӣ буданд ва х,астанд, ки дар ростои қонеъ кардани нафси худ ва хоҷагони худ хизмат карданд, ки на таърих ёди хайре аз эшон дорад ва на халқ имрӯз эҳтиромашон мекунанд ва ҳоҷат ба гуфтану навиштан нест, зеро ҳамагон бо чашмони худ ин ҳолатро мебинанд .

Мақолаи аз номи раиси Шӯрои Уламои ҷумҳурӣ Шайх Амонуллоҳ навишта шударо дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» хондам ва шукронаи Худоро кардам, ки Муфтии мо ҳам эрод гирифта метавонистаанд! Эшони Муфтӣ ҳақ гуфтаанд «Ҳоҷӣ Акбар нохақ мегӯяд!» Барои он ки Тураҷонзода ба иззати нафси муфтӣ расидаанд. Ҳоҷӣ Акбар бори аввал нест, ки «ноҳақ» мегӯянд. Аввалин «ноҳақгӯмҳои» эшон аз мақолаи «Аз номи Ислом ба зарари Ислом» буд ва ин «ноҳакгӯиҳо»-и эшон то имрӯз идома дорад. Дар вақте ки раиси шӯрои уламо дар хоби гарон буданд Ҳоҷӣ Акбар аз зарари ҷиддии «ҳизбуттаҳрир» ҷомеа ва ҳукумати кунуниро ҳушдор дода буданд. Ва зарарҳои рӯҳиву маънавии маводи мухаддирро, ки ба нобуди ҷомеаву миллат мебарад, баён карда буданд.
Кош Худованд Эшони Муфтиро ғайрат медод, ки ин эродҳои худро чанд сол пештар рӯи кор меоварданд. Ва ин амонати вазнини пешвои як миллати 7-миллионаро, ки ба қавли Раиси Ҷумҳур 99 фоизаш мусулмон аст, ба қадри иститоати худ иҷро мекарданд.

Агар Тураҷонзода «хизматҳои раиси шӯрои уламоро нодида -намегирифтанд» ба хотири мубораки Эшони Муфтӣ ин қавли Набии Раҳмат ва Мухбири содиқ {с} «Бигӯед ҳақро, агарчанде бошад талх» ҳам намерасид. Чунки дар ин муддати дуру дарози роҳбари динии ҷумҳуриро ба ӯҳда доштанашон боре ҳам ба ин ҳадис амал накардаанд. Чаро?!!!

Ё Эшони Муфтӣ ин ҳадиси Расули акрам (с,с )-ро надидаанд: «Куллукум роъин ва куллукуад масъулун ан раъиятиҳи».
Ҷаноби муфтӣ, надидаи шумо ҳакикатро аз он ҷо сарчашма мегирад, ки ба атрофи худ низ бо диққат назар намеандозед. Вагарна наход шумо дар ин муддати дуру дарози роҳбариатон як бор ба таҳоратхонаи масҷиди марказӣ надаромада бошед. Агар даромадаед инсофан рӯи Худоро дида бигӯед, ки ин ифлосиҳову бетаъмир будани таҳоратхона дар ин асри бисту як чиро барои бинанда нишон медиҳад?

Раиси ҷумҳур ба Шумо бовар карда солҳост, ки ихтиёри умури динро бар душатон гузоштаанд. Шумо ба ин эҳтироми раиси ҷумҳур (бо кадом амалатон) чи хизмати шоистае кардед? Ё ин ки то калон аз масҷиди марказй ва таҳоратхона дидан накунад таъмиру тармим кардан макрӯҳ аст?

Эшони Муфтӣ масъалаи дуввуме, ки бояд шумо дар баробараш сукут ихтиёр намекардед ин масъалаи сатр – ҳиҷоб аст. Шумо худ медонед, ки сатр ба ояти Қуръон фарз аст ва дар фарз будани он шакке нест ва занҳои мо тоҷикон пеш аз Ислом ҳам чунин урёне, ки дар замони раиси шӯрои уламо будани шумо шудаанд, дар ҳеч замоне ҳатто дар 70 соли шӯравй, набуданд. Ва шумо бо ин шӯрои уламо чи хидмате дар ин масъалаи фарзӣ барои модарону хоҳарони мусулмон анҷом додаед? Як бор инсофан ба мактабу кӯчаҳо ба либоси дар бар кардаи духтарон, назар кунед. Оё ин «либос» зебандаи духтару зани мусулмон аст?
Масъалаи саввум, Қуръонро назар кунед, сураи Бақара Ояи 114-ро, Расули Акрам (с,с) фармудаанд: фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ таълими намоз кунед, дар даҳсолагй зарб кунед ба хотири намоз. Щумо медонед, ки ҳеч ибодахеро! Қуръон баъд аз ягона донистани Худо аз намоз боло зикр мекардааст.

Оё шумо ҳамчун пешвои асосии Ислом дар ҷумҳурӣ ин гирудорҳое, ки нисбати масҷид рафтани донишҷӯйҳо садо медиҳанд, метавонед қабул дошта бошед?

Худо амр мекунад намозатонро бо ҷамоат гузоред ва дар ҷамоат хондан Худованд фақат мардонро истисно накардааст, балки ин амр барои ҳама яксон аст. Замони Паёмбар дари масҷид барои ҳама кушода буд. Ва тарбияи масҷид меваҳои ширину пурлаззате ба бор овард, ки 1400 сол инҷониб лаззаташр башарият наметавонад фаромӯш созад.
Оё ҳамаи шахсиятхои бузурге, ки боиси ифтихори мо мусулмонҳо буданд ва ҳастанд, донишомӯхтагони масҷид набуданд? Ва ин шахсиятҳое, ки фарзандони моро аз масҷид дур карда истодаанд ва дари масҷидҳоро бар рӯи навҷавонон мебанданд чи нияту мақсад доранд? Оё имрӯз олими исломие ефт мешавад, ки мардумро аз мактаб рафтан манъ карда бошад? Агар чунин олиме бошад ба таҳқиқ душмани Ислом ва миллати тоҷик аст. Балки пешвоҳои ҳақиқии мо, ки дилашон ба ин миллат месӯзад, даҳҳо бор аз минбарҳо мактаббачагонро насиҳат карданд, ки дар вақти дарс ба намози ҷумъа ё ҷамоъат наоянд ва намозашонро баъди дарс адо куманд. Эшони Муфтй фатвои шӯрои уламои шумо дар бораи манъи модарону хоҳарони мусулмон «хидмати бузург»-и шумо ва уламои бузургатон буд. Чунин «хидмат»-ро миллат ва таърих ба ёд надорад. Меваҳои талхе, ки ин хизмати шумо имрӯз ба бор овард ва дар оянда ба бор меоварад худ инсофан як бор нархашро дар бозор назорат карда медидед. Дар замоне ки духтари тоҷикро дар мактаб нимурён ба сари луч таҳсил карданаш дуруст аст, бозор рафтанаш дуруст аст, уламои бузурги шумо рисола навиштанд, ки масҷидравии занҳо макрӯҳ аст. Бо ин рисолаҳои заҳромез қаноат накарда қонуниаш кардед. Барои ин ҳама касе аз ҳукуматдорон гунаҳкор нестанд, фақат шумо ин масъулиятро бар дӯш доред ва ҷавобашро назди Холиқ омода созед!

Имрӯз, алҳамдулиллоҳ, Раиси ҷумҳур аз минбар бо фахр мусулмониашонро иброз медоранд. Дар тамоми баромадҳои худ пуштибонӣ аз Ислому пешвоёни ислом доранд ва 99 % фоизи аҳолии ҷумҳуриро мусулмон медонанд. Аммо Эшони Муфтӣ шояд шумо огоҳ набошед, ки тайи чанд соли охир таҳқири гӯшношуниди Қуръони маҷид ва Паёмбари акрам (с) дар матбуоти кишвар роҳандозӣ шуд. Шумо худ медонед, ки барои мусулмон ҳеч номусе болотар аз дину Паёмбар буда наметавонад. Шумо ҳамчун раиси шӯрои уламо дар ин таҳқир хомӯширо ихтиёр кардед, чаро? Ҳоҷӣ Акбар чанд ҳақиқатеро навиштанд, ки хилофи нафси шумо буд, ноҳақиашро исбот карданиед, Қуръону Паёмбаронатонро таҳқир карданд, сухани Набии Раҳмат ва Мухбири содиқ (с) «Бигӯед ҳақро агарчанде талх бошад» дар гӯшаи хотири шумо наомад!

Ба хотире, ки душманони Ислом Расули Акрам { с)-ро карикатура карданд олами Ислом ба ларза омад ҷуз шӯрои уламои шумо, ки садо баланд карданро барои худ гуноҳ донистанд. Ба хотири аз масҷид манъ кардани занҳо Ҳазрати домулло Ҳикматуллоҳ аз Тоҷикобод ба Душанбе омада дар маҷлисҳо иштирок карданд. Ва шумо тамоми воситаро истифода бурдед то занҳоро аз ибодат дар хонаи Худо манъ кунед, кореро ки Паёмбари Худо ва хулафои рошидин накарда буданд, шумоҳо кардед. Вале ба хотири Ҳабиби Худо як маҷлиси хурдакак ҳам дар шӯрои уламо баргузор нашуд. То мо фахр кунем, ки мо ҳам мусулмонем ва мо ҳам шӯрои уламо дорем. Афсӯс!!!

Баста шудани масҷидҳо ва дастгирии шумо ин икдомро боиси ҳасрату надомат аст, ки чун шумо пешвое дорем. Охир масҷид чи ҷое, ки набошад масҷид аст ва хонаи Худост. Бояд шумо ҳамаи воситаҳоро истифода мебурдед бо якҷоягии уламои ҷумҳури ба Раиси ҷумҳур шикоят мекардед. Агар шумо бо уламои ҷумҳури ба Раиси ҷумҳур шикоят мекардед, банда ба Ҷаноби Олӣ боварии комил дорам, ки арзи шуморо мепурсиданд ва намегузоштанд дар замони роҳбарии эшон чунин амали нангине карда шавад.

Оё шумо имрӯз, ки ин масъулиятро ба дӯш доред, гуфта метавонед, ки бо боздоштани модарон аз масҷид ва рондани донишҷӯёни мактаб ва бастани масҷидҳо чи зиёни сангине ба мо мусулмонҳо расид ва чи миқдор занону фарзандони мусулмон дини масеҳиро қабул карданд?
Дар маколаи бо номи шумо чопшуда номи шаш нафар аз уламои бузурги замони шӯравӣ зикр шудааст, ҳол он ки шумораи чунин бузргмардон, ки дар он солҳои мудҳиш ҷон ба каф гирифта, хидмати Ислом карданд ва аз банду зиндон ҳаросе накарда сухани Худоро ба бандагон расониданд, шояд ба ҳазорҳо нафар расад. (Худо раҳматашон кунад). Бубинед ин бузургон тавонистанд номи худро баъд аз вафоташон дар дилу дидаи мардум нигоҳ доранд. Оё шумс дар ин замоне, ки аз Раиси ҷумҳур сар карда то дехҳон ҳама ифтихор аз мусулмон буданашон доранд, тавонистед нисфи хидмати ин зиндаёдҳоро бикунед? Албатта не!

Умед дорам, ки раиси шӯрои уламо аз ин чанд эроди ман нисбаташон озурдахотир нашаванд, зеро камина ба қавли худи шумо ба гуфтаи Набии Раҳмат ва Мухбири Содиқ {с) «Бигӯед ҳақро агарчанде талх бошад» амал кардам.

Ҳамчунин инсофан худ қазоват кунед, Шӯрои уламое, ки наметавонад дар як моҳи мубораки Рамазон мардумро бо тақвими дуруст ва соатҳои намоз таъмин намояд оё метавонад аз масъалаҳои бузургу муҳими исломӣ пуштибонй кунад? (Албатта ин пурсиш танҳо ба ҷаноби эшони муфтй нест, балки ба ҳамаи онҳоест, ки ба такдири Ис-лому мусулмонон бетараф нестанд.)

Ва аз Худованди бузург масъалат дорам, ки шуморо нигаҳбом бошад ва ҳамаамонро дар навиштани суханҳои ҳақва рафтан ба роҳи рост ҳидоят фармояд.

Оё дар мазҳаби Имом Аъзам (р) будааст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Одатан, унвони зиёӣ ва ё рўшанфикр, барои касоне зебанда аст, ки дар ҷомеа таъсиргузор бошанд, на таъсирпазир. Ҳоло, агар касе на танҳо таъсирпазир бошад, балки аз ҷиҳати «Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав», ба дараҷае хештанро «ҳамранги ҷамоат» сохта бошад, ки дигар худи ҷамоат ҳам, аз ҳамрангии ў шигифтзада шаванд, оё барои чунин касе, унвони зиёӣ додан сазовор аст?

Дар замони шўравӣ, меъёру миқёси арзёбии ашхос, афкору андешаҳои касоне чун Марксу Ленин буд. Яъне агар касе бо он миқёс, одами хуб ташхис дода нашавад, дигар на ин ки «одами хуб» бошад, балки «инсоне бад» дониста мешуд.

Вақте Раиси Ҷумҳур, шиори ориёӣ будану ифтихороти қабл аз исломи Тоҷикистонро сар дод, як дафъа миқёси арзёбӣ пеши зиёиёни «ҳамранг», фақат ҳамон ориёӣ будану аз насли Куруши Кабир будан, ягона меъёри ташхиси хуб ё бад будани ашхос қарор гирифт. Агар касе, нисбати гузаштаи қабл аз исломи Тоҷикистон, калимае нақдомез ба забон меовард, дигар «хоини миллат» қаламдод мегардид.

Соли 2009 мелодӣ, аз ҷониби Раиси Ҷумҳур, соли Имоми Аъзам (р) номгузорӣ гардид. Камина, ба унвони як нафар мусалмон, қатъан аз ин номгузорӣ хушҳолам, ва қасд дорам дар пойгоҳи «Кимёи саодат», озмуне мақоланависӣ дар ин мавзўъ эълон намоям. Аммо…

Касоне ки то дирўз, шиоре ҷуз ҳамон шиоре, ки пеш аз соли 2009 аз «боло» таъйин шуда буд сар намедоданд, як дафъа тамоми он шиорҳоро ба фаромўшӣ супурда, ба ҷои он, шурўъ карданд ба сар додани шиори Имоми Аъзам (р)-ӣ будан.

Дигар, дар назди инон, меъёри арзёбии ашхос ҳам иваз гардид. Агар то дирўз, ориёӣ будан милок бошад, имрўз Имом Аъзам (р)-ӣ будан милок қарор гирифт.

То ҷое ки амсоли Аттор ҳам, агар қарор бошад «одами хуб» ташхис дода шаванд, бояд дар мазҳаби Имом Аъзам (р) бошанд, вагарна «унсуре номатлуб» дониста хоҳанд шуд. Бовар надоред?

14 апрели соли ҷорӣ ба ибтикори Пажўҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳамоише баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, ба гузориши BBC тоҷикӣ, нақши Фаридуддини Аттор (р), аз чеҳраҳои барҷастаи олами тасаввуф, арзёбӣ шуд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш, нақши Аттор (р)-ро дар рушди фарҳангу адаби форсу тоҷик пурарзиш хонданд.

Ин иқдом, дар воқеъ, иқдоми хубест ва бояд арҷ ниҳода шавад. Аммо…
Як дафъа ба зеҳни яке аз ширкаткунандагон чунин хутур кард, ки набояд фаромўш кунем, ки солӣ ҷорӣ, соли Имом Аъзам (р) аст. Бояд бубинем ҷаноби Аттор (р), чӣ нисбате бо Имом Аъзам (р) дорад?
Тибқи гузориш, «баррасии ҷойгоҳи Аттор дар ирфон, дар ҳоле сурат гирифт, ки ихтилофи назарҳое дар бораи мазҳаби вай вуҷуд дорад ва бархе мудаъӣ шудаанд, ки вай бо мазҳаби ҳанафия ҳеч иртиботе надоштааст».

Намедонам, интисоб ба як мазҳаб, чӣ рабте дар ин миён дорад? Фарз кардем, ки Аттор дар мазҳаби ҳанафия набудааст. Аслан, аз аҳли тасаввуф маъруф аст, ки ҳеҷ гоҳ мазҳаби хеш ошкор намекарданд, ҳатто ба гуфтаи бархе аз пажўҳишгарон, мутасаввифа худро пайрави ҳеҷ як аз мазҳабҳои фиқҳӣ намедонистанд.

Агар дар мазҳаби ҳанафия набуд, яъне дигар бузурге аз бузургони мо нест?

Дар баробари чунин мавзеъгирии бе ҷо, ба назари шумо, дигарон бояд чӣ вокунише нишон бидиҳанд? Ҳатман, хоҳед гуфт, ки касоне бояд бигўянд: Мавзўъ, баррасии Аттор аст, ҳол, дар кадом як аз мазҳаб буданаш, хеле аҳамият надорад. Билохира, яке ҳанафӣ асту дигаре шофеиву сеюме моликиву чаҳоруме ҳанбаливу ғайраву золик… Аслан касоне чун Носири Хусрави Қубодиёнӣ, дар ҳеҷ як аз мазоҳиби номбурда нестанд, балки исмоилӣ мебошанд, вале ба унвони як абармарди тоҷик, ҳатто дар арсаи дин, аз бузургонанд.

Аммо, он дигар ширкаткунандагон низ, бо имзои ин мавзеъгирӣ (яъне ин ки бояд афрод бо миқёси Имоми Аъзам (р)-ӣ будан, арзёбӣ гарданд), «ғайрати мазҳабӣ»-яшон ба ҷўш омада, шурўъ карданд ба дифоъ аз Аттор (р), ки эшон аз ҳанафия буданд.

Бар асоси гузориши фавқ, яке аз ширкаткунандагон ин иддаъоро радд кард ва гуфт, ки шарҳи ҳол ва осори Аттор ҳокӣ аз он аст, ки вай аз мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа пайравӣ мекардааст. Ба гуфтаи ў, Аттор аз рӯйи насаб ва хонавода, ба мазҳаби Ҳанафия пайванд дошта ва маҳаки таълимоти Абӯҳанифа таҳаммулгароӣ буда, ки ин мавзӯъ дар осори Атттор низ нақши калидӣ доштааст. Мазҳаби Имоми Аъзам ба Аттор имкон дода, то мароҳили маърифатро, ки дар тасаввуф ва ирфон аст, яъне шариъат, тариқат ва ҳақиқатро тай кунад».

Камина, бо ин гуфтор, ҳаргиз аз бузургии Имоми Аъзам (р) костанӣ нестам. Мо, ҳар андоза ўро арҷ ниҳем, боз андак аст. Манзури ман, мавзеъгирии бархе аз зиёиён аст.

Онон дар воқеъ касоне ҳастанд, ки агар фарз кунем, соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳур, на соли Имоми Аъзам (р), балки масалан соли Зардушт номида мешуд, ба ҷои чунин гуфтор, сад дар сад гуфторе дигар ва муғойир бо ин ки инак мебинем мегуфтанд. Масалан мегуфтанд: «Шарҳи ҳол ва осори Аттор ҳокӣ аз он аст, ки вай аз ҳаводорони маслаки зардуштӣ будааст. Аттор аз рӯйи насаб ва хонавода, ба мазҳаби маздаясанӣ пайванд дошта ва маҳаки таълимоти Зардушт, ки «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» будааст дар осори Атттор низ нақши калидӣ доштааст».

Агар бовар надоред, чанд соле дигар сабр кунед ва мунтазири ин бошед, ки яке аз солҳои оянда, ба номи Зардушт номугзорӣ шавад.
Комёб бошед.
http://www.kemyaesaadat.com/