Вазорати тандурустй ба «табобат» ниёз дорад?

Озодагон» №33 20.08.09.

Агар ба миқдори реклама дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон сахт таваҷҷӯҳ намоем, зуд аён мегардад, ки кадоме аз соҳаҳо дар кишвар ба бӯҳрон мувоҷеҳ шудааст. Бубинед, дар ҳоле, ки корхонаҳои истеҳсолии мамлакат бо сабаб ё баҳонаи таъсири бӯҳрон ба онҳо аз таблиғи худ даст мекашанд, ду бахш – мусиқӣ ва доруворӣ, ҳеч гоҳ аз наворҳои таблиғотӣ дур намемонанд. Яъне агар аз ҳама зиёд эълони консерти сарояндагони ҷавону миёнаумр, шинохтаву ношинос реклом шавад, дар баробараш ҳатман маҳсулоти наву кӯҳнаи доруворӣ низ «мо ҳастем!» мегӯянд.

Саволи мантиқӣ ин аст, ки агар мардуми тоҷик ин қадар беғаму бедард асту ҳеч аз толорҳои консертӣ қафо монданӣ нест, чаро барояшон миқдори зиёди дорувориро «пешниҳод» мекунанд? Ин суолро «Озодагон» дар иртибот ба 18 -уми август – зодрӯзи Сино, ки он ҳамчун рӯзи тиб таҷлил мешавад, пайгирӣ намуд…

«СИЁСАТИ НОМУАЙЯНУ НОДУРУСТ»

Бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон мушкилоти зиёде дорад. Аз як ҷониб гуфта мешавад, ки аксарияти ин мушкилот аз норасоии маблағ сар мезанад. Аммо аз сӯи дигар тибқи таҳлили коршиносон маҳз дар ин бахш маблағҳои зиёди ҳам ҳукумат ва ҳам мардуми оддӣ масраф мешавад.

Ҳукумат то соли гузашта мегуфт «буҷаи Тоҷикистон аслан иҷтимоист» ва қисмати бештари маблағҳои буҷа ба ин бахш сарф мегардад, аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ. Аммо назарпурсиҳо ошкор мекунанд, ки тақрибан ҳеч кас дар беморхонаҳои кишвар ба таври ройгон табобат намегирад.

Ин мушкил аслан ҷанбаи ҳукуқӣ дорад. Зеро то баргузории раъйпурсӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 табобат дар кишвар ройгон эълон шуда буд. Вале баъди ин раъйпурсӣ низ мардум намедонанд, ки табобати онҳо бояд пулакӣ сурат гирад, ё бепул. Ҳамчуноне то оғози ин ислоҳот низ ҳолат номуайян буд.

Гап сари ин меравад, ки як муддат ҳукумат тасмим гирифт, ки табобатро дар Тоҷикистон пулакӣ намояд, вале он қадар хараҷу мараҷ ва нофаҳмиҳое ин ҳолат дар пай гузошт, ки ахиран президент Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳо дар Қурғонтеппа фармон дод: табобати пулакӣ муваққатан боздошта шавад!

Гуфтан бисёр душвор аст, ки фармони мазкур ҳолатро дигаргун кард. Шояд ба хотири касе пас аз ин гуфтаҳо ахбори зиёди Агентии мубориза бо коррупсия биёяд, ки дар байни боздоштагонаш шумораи табибони ба қавли онҳо ришвахор кам нест. Пас чаро вазъ тағйир (намеёбад)

Посухи ин суолро коршиносон аз як ҷониб ба самти кам будани маоши духтурон равона кунанд, аз сӯи дигар мегӯянд аз сиёсати номуайяну нодурусти масъулини соҳа ва мақомоти марбутаи ҳукумат бармеояд. Чаро?

«ДУ ВАЗОРАТ, АММО НАТИҶА?»

Дар Русия бахши танзимкунанда ва идории соҳаи тиб вазорати тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ном дорад. Ин маънои онро дорад, ки вазорат ва раҳбари он Татяна Голткова дар ин кишвар на танхо ба саломатии мардум, балки ҳамчунин ба омилу сабабҳое низ масъул аст, ки ба сиҳатии онҳо таъсир мерасонад.

Таҳлилгарон мегӯянд, мутаассифона дар Тоҷикистон ба назар чунин менамояд, ки гӯё вазорати тандурустӣ танҳо ба одамони бемор сарукор мегирад.

– Вагарна оё боре дидаед, ки масъулини ин вазорат бо барнома ва пешниҳодоте баромад намуда бошанд, ки дар бораи пешгирии бемориҳо сухан меравад? Ман шахсан чунин барномаҳоро вонахӯрдаам, – мегӯяд таҳлилгари Маркази таҳлилии «Диалог» Ҳикматулло Сайфуллозода.

Ба назари ин таҳлилгар мушкили аслии соҳаро бояд дар ҷои дигар ҷустуҷӯ намуд. У мегӯяд на танҳо дар соҳаи тиб, балки умуман дар бахши илм Тоҷикистон то имрӯз таҷдиди назар накардааст, яъне масъалаҳоро ба таври фундаменталӣ баррасй намекунанд.

– Ман, масалан ба ақидаҳое мисли ин ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар собиқ шӯравӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт, бисёр эҳтиёткорона муносибат мекунам. Зеро мо камтар мебинем, ки хатмкардагони ин донишгоҳ натиҷаҳои, бисёр муваффақ дошта бошанд. Аз ҳамин лиҳоз фикр дорам, муш килоти ин соҳа ва бахшҳои дигари илм дар кишвари мо ҷанбаи системаӣ доранд.

Ба чунин ақида ҳуқуқшиноси шинохта, раиси Ҳизби сосиал -демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров низ мувофиқ аст. Ба гуфтаи ӯ 40% масоили марбут ба тиб хислати пешгирикунанда (профилактикӣ) доранд:

– Аз ҳамин хотир, чун як самти фаъолияти ҳизби мо масоили иҷтимоист, соли 2004 бо пешниҳоде баромад намудем, ки вазорато тандурустӣ бо вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ якҷоя карда шавад. Бале, меҳнат ҳам бояд як ҷузъи вазорати тандурустӣ бошад!

Мутаассифона дар мо сиёсати иҷтимоиро бисёр сатҳӣ мефаҳманд. Дуруст аст, ки мутахассисони огоҳи бахши иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хеле каманд, агарнест нагӯем. Шояд тарси ҳукумат аз он аст, ки барои таъсиси вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ чунин кадрҳо, ки тавони баррасии сиёсати иҷтимоиро доранд, намеёбанд. Вале ин роҳи ҳалли масъала низ нест. Мушкил дар дигар ҷост- ҳукумат стратегияи мушаххаси сиёсати иҷтимоӣ надорад!

Бубинед, мегӯяд Зойиров, гуфта мешавад, ки сабаби рушд наёфтани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон норасоии маблағ аст. Ҳол он ки ман ба чунин фикр розй намешавам. Аммо болотар аз ин, вақте сиёсати идорӣ суст, ҳатто гуфтан мумкин вуҷуд надорад, миллиардҳо доллар маблағ низ мушкилотро хал карда наметавонанд.

Раиси ҲСДТ ҳамчунин мегӯяд чунин номуназзамй боис ба он гаштааст, ки ду вазорат – ҳам тандурустӣ ва низ меҳнату ҳифзи иҷтимоӣ гӯё як рисолатро анҷом медиҳанд, вале натиҷаи амалашон маълум нест. Масалан, мегӯяд ӯ, иҷроиши қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба ҳарду вазорат равона шудааст, аммо мо ҳолатеро дар хотир надорем, ки кадоме аз ин вазоратҳо барои пешгирии ин ё он ҳолати иҷтимоии мардум, ки боиси бемориҳои гуногун мегарданд, пешниҳодоте ироа карда бошанд.

Коршиносон мегӯянд мушкилоти зиёди соҳаи тандурустиро танҳо тариқи ислоҳоти ҷиддии сохторӣ метавон кам кард

Бархе аз коршиносон ҳамчунин дар бораи мушкилоти соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, фасодзадагиро аз ҷумлаи омилҳои аслӣ медонанд. Дарвоқеъ, баъзе аз сару садоҳо дар ин замина пас аз барканории ягона вазирзани ҳукумат хонум Абдураҳмонова сурат гирифта буд. Вале мақомот дар ин бора хомуширо афзалтар донистанд.

Шояд баъзе назарҳоро дар ин бора ки «боздошти вазирони фасодзада ба амнияти кишвар халал ворид мекунад», ҷиддӣ гирифта шуд? Ё шояд чунин ҳолат ҷой надошт?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Афсонаҳои алюминӣ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Мӯҳтарам роҳбарияти корхонаи алюминийи тоҷик «Талко»!

Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷиддии мардуми кишвар ва бо хоҳиши зиёди хабарнигорон назари худро дар бораи роҳи ҳалли мушкили бебарқӣ, ки шояд бузургтарин фоҷеаи миллӣ дар солҳои охир аст, баён кардам.

Дар ин мусоҳиба бо нигоҳи воқеъбинона масъалаи ба фурӯш гузоштани ширкати алюминийи тоҷик «Талко»-ро, ки имрӯз бе ягон шак ягон сомонӣ аз фоидаи софи худ ба будчети кишвар ворид намекунад, изҳор намудам. Вале ҷои тааҷҷуб аст, ки агар ин ҳарфи наве набошад ва пеш аз ман ҳам баъзе аз вакилони Маҷлиси намояндагон чунин пешниҳод карда бошанд, чаро фақат нисбат ба пешниҳоди ман ин ҳама сару садо ба роҳ андохта мешавад? Ё Шумо гумон мекунед, ки воқеан Ҷаноби Олӣ пешниҳоди маро қабул мекунаду Шумо аз вазифа ва манфиатҳои худ маҳрум мешавед?

Чун посух ва мусоҳибаҳои Шумо бисёр нуктаҳои норавшан ва мардумфиребона дорад, зарур медонам, ки ба баъзе нуктаҳои он равшанӣ андозам.

ЧАРО ҶАВОБИ СИЁСЙ МЕДИҲЕД?

Шумо хеле беҳтар аз ман медонед, ки ончӣ дар мусоҳибаи банда омада буд, дуруст аст ва имрӯз корхонаи алюминий барои кишвар ва мардум аз фоидааш дида, зарараш зиёд аст. Вале фақат барои он, ки ин ҳақиқатро пардапӯш намоед, ҷавоби худро ранги сиёсию давлатӣ дода, мутаассифона, аз гузориши касбӣ ва воқеии масъала гурехтед. Аз ин рӯ, дар оғоз мехостам дар масъалаҳои сиёсии ҷавоби Шумо посух гӯям:

  • а) Аввалан, Шумо дар ҷавобатон худро Ҳукумат ё давлати Тоҷикистон пиндошта, аз номи давлати Тоҷикистон сухан мегӯед. Оё Шумо ин салоҳиятро доред? Мусоҳибаи ман ба ҳайси пешниҳоди як шаҳрванд буд ва Шумо аз он дар ташвиш нашавед. Зеро сарнавишти «Талко»-ро Ҳукумати Тоҷикистон ҳал мекунад, на ман ё Шумо.
  • б) Шумо аз салоҳияти худ берун рафта, ин мусоҳибаро ба дар пеш будани маъракаи интихоботӣ марбут донистед, ки гӯё ман эҳтиёҷе ба худ муаррифӣ дар ин давра дошта бошам. Дар ин маврид ду нуктаро ба Шумо мерасонам:

Аввалан, ман борҳо эълон кардам ва боз эълон мекунам, ки ман дар ҳеҷ гуна интихобот иштирок карданӣ нестам, на дар интихоботи президентӣ, на дар интихоботи парламентӣ. Ман ҳеҷ вақт худро рақиби ҷаноби Президент намеҳисобам ва баръакс, ман намояндаи он кас дар Маҷлиси Миллӣ ҳастам ва эътиқоди динии ман ба ман иҷозат намедиҳад, ки ба Ҷаноби Олӣ кӯрнамакӣ бикунам.

Дар ин мавзӯъ ман назари худро ҳамчун шаҳрванде, ки аз сардиву торикии рӯзгори мардум ва ояндаи бадшавии робитаи кишварамон бо Русия дар ташвиш ҳастам, изҳор намудам. 

Дуввум, Шумо хуб медонед, ки ман ба ҳеҷ гуна муаррифӣ дар соли интихобот ниёз надорам. Барои исботи ин фақат ҳамин мисол кофӣ аст, ки рӯзномаҳо ҷавоби «Талко»-ро на бо сурати роҳбарони он, балки бо сурати банда чоп кардаанд, ки то мардум сурати маро дида, ҷавоби Шуморо бихонанд. Аз ин рӯ, ин тӯҳмат, ки ман бо ин мусоҳиба худро муаррифӣ карданӣ бошам, як гумони нодуруст аст.

  • в) Шумо боз ҳам ҷавоби худро сиёсӣ намуда, масъалаи ватандӯстию миллатдӯстиро дар миён гузоштаед. Ин низ аз салоҳияти Шумо берун аст, зеро Шумо маро аз наздик намешиносед ва бо мавқеъгирии ман шинос нестед, аз ин сабаб, ҳаққи маънавии онро надоред, ки ватандӯстиву миллатдӯстии маро зери савол гузоред. Дигар ин, ки аз кишварҳои мавриди баҳс, яъне Русия ва ӯзбекистон беш аз ҳама банда зарар дидаам ва падару писари ман маҳз аз бомбаҳои ҳавопаймоҳои ин кишварҳо дар дараи Ромит маҷрӯҳ ва маъюб шудаанд ва даҳҳо нафар хешовандони наздики ман дар қатори даҳҳо ҳазор ҳамдиёронам шаҳид шуданд. Шояд дар он вақт Шумо ҳамчун иттифоқчии Русия ва ӯзбекистон аз «ёриҳои бародарона»-и ин кишварҳо истифода карда, ҳаёти хуб доштед, вале мо зери тиру бомбаҳои ин кишварҳо будем ва шаҳди талхи муҳоҷиратро чашидем. Таҷрибаи талхи солҳои 90-ум моро водор мекунад, ки бо Русия робитаи хуб дошта бошем, то ки ин воқеаҳо дубора такрор нашавад.

То ҷое, ки ман медонам, солҳои 2004 худи Шумо, роҳбарияти корхонаи алюминий, ташвиқгари ба Тоҷикистон омадани «Русал» будед, на ман. Вале ман бо ин мусоҳибаам мехостам ҳамдиёронамон аз торикиву сардӣ, ки ҳашт-даҳ сол боз давом дорад, наҷот ёбанд ва ҳамчунин, пеши роҳи сардшавии робитаҳои Тоҷикистон ва Русия гирифта шавад. Ба назари ман, миллатдӯстӣ ҳамин аст ва ягон миллатдӯст иҷозат намедиҳад, ки худаш дар роҳат зиндагӣ кунаду миллаташ дар сардию торикию маҳрумият бошад.

ҲАДАФИ МУСОҲИБА ЧЙ БУД?

Аз ҷавоби Шумо маълум гашт, ки ё Шумо мақсади ин мусоҳибаро нафаҳмидед, ё фаҳмида бошед ҳам, онро ба манфиатҳои шахсии худатон мухолиф дониста, чунин посухи гумроҳкунандаро навиштед. Аз ин рӯ, бори дигар ҳадафҳои асосии мусоҳибаро баён мекунам, ки шояд ин дафъа фаҳмотар гардад. Пас ҳадаф ва моҳияти ин мусоҳиба чӣ буд?

Ҳадафи якуми мусоҳиба: Фавран таъмин намудани барқ барои тамоми мардуми Тоҷикистон. Агар нақшае, ки ман пешниҳод намудам, беғаразона фаҳмида мешуд ва амалӣ мегашт, мардуми Тоҷикистон аз ин мушкили бузург ҳамин сол озод мешуданд. Бори дигар таъкид мекунам, ки масъалаи нарасидани барқ як масъали техникӣ набуда, он муҳимтарин масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии мост.

Аз ин рӯ, амалан аз барқ маҳрум будани 70% мардуми кишвар оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллӣ низ хоҳад дошт. Имрӯз фақат барои ин, ки корхонаи алюминийи тоҷик кор кунад, як миллатро ба торикиву сардӣ маҳкум кардан магар аз рӯи инсоф аст? Имрӯз синфхонаҳои мактабҳо хунуканд, хонаҳои мардум хунуканд, коргоҳҳо сарданд, мактаббачаҳову муаллимон ларзида-ларзида дарс мегузаранд, ҳазорон мардум аз сардии хонаҳояшон ба бемориҳои мухталифи сармохӯрдагӣ гирифторанд, мардуми деҳот ҳатто ҳафтаҳо наметавонанд ҳаммом кунанд.

Илова бар ин, вақте ки аз тирамоҳ то баҳор лимити барқ ҷорӣ мекунем, зиёиёни деҳот чӣ гуна китоб хонанд, талабаҳо чӣ гуна дарс тайёр кунанд, зеро дар рӯзҳои кӯтоҳи зимистон аз соати 5-и бегоҳ то 8-и саҳар торик аст. Аз ин сабаб, бебарқӣ яъне бесаводии умумӣ, ҷаҳли умумимиллӣ ва бемории умумимиллӣ дар оянда аст. Оё боре дар ин бора меандешем?

Аз сабаби бебарқӣ ҳазорон соҳибкори хурд ва косибон беш аз ними сол наметавонанд кор кунанд. Дар натиҷа онҳо наметавонанд зиндагии оилаашонро таъмин намоянд ва коргаронашонро маош диҳанд ва ҳамчунин, наметавонанд андозҳои давлатиро супоранд. Ҳатто осиёбҳои хусусии барқии мардум, ки дар деҳот бисёр нуктаҳои муҳим мебошанд, аз кор мондаанд ва мардум гандумашон дар хона истода, аз бозор орди қиммат мехаранд. Ман фикр мекунам, ки миллатдӯст касест, ки миллаташро дар чунин фоҷеа намегузорад.

Ҳадафи дуюми мусоҳиба: Беҳтар кардани робитаҳо бо Русия. Тавре ки гуфтам, ман аз Русия беш аз Шумо зарар дидаам ва ҳеҷ алоқамандие ба ин кишвар надорам. Вале ҳамчун шахси воқеъбин ман наметавонам инкор кунам, ки ҳамкорӣ бо Русия барои Тоҷикистон, барои мардуми кишвар ва, аз ҷумла, барои ҳукумати кишвар аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Чаро?

  • а) Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ: Тавре ки маълум аст, зиёда аз як миллион нафар тоҷик дар Русия кор мекунад. Вале агар мо робитаҳоро бо Русия хароб кунем ва Худо накарда, Русия режими визаро ҷорӣ намояд, пайомадҳои он чӣ гуна хоҳад буд? Аввалан, агар ин як миллион муҳоҷир баргардад, оё онҳоро метавонем бо ҷои кор ва маоши муносиб таъмин намоем? Дигар ин, ки онҳо солона фақат аз тариқи банкҳо беш аз 2 миллиард доллар пули нақд мефиристанд ва илова бар ин, ҳамин қадар пули дигар аз тариқи ғайрирасмӣ ва дар шакли мол ё ҳамроҳи худашон оварда мешавад. Аслан, бозори муомилоти Тоҷикистон имрӯз маҳз бо пули муҳоҷирон гардон аст, тиҷорати хурд аз пули онҳо мечархад ва андозе, ки аз тиҷорат ва соҳибкории хурд ба хазинаи давлат ворид мешавад, даҳҳо маротиба аз андози корхонаи алюминий зиёдтар аст.
    Албатта, мо ризқро аз Худо медонем ва иншоаллоҳ, бе Русия ва бе дигарон низ миллати мо аз гуруснагӣ намемирад ва иншоаллоҳ, давлату кишварамон аз байн намеравад. Вале, боз мегӯям, ки Худое накарда, агар миёни Русия ва Тоҷикистон режими визоӣ ҷорӣ шавад ва муҳоҷирини корӣ баргарданд, натанҳо вазъияти иҷтимоӣ, балки вазъияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар низ бисёр бӯҳронӣ мешавад. Пас, имрӯз фақат касе, ки миллатдӯст нест ва фақат касе, ки манфиатҳои ин миллат ва ин давлатро намешиносад, бо Русия мехоҳад равобиташро бад ё қатъ намояд.
  • б) Масъалаи барқи корхонаи алюминий: Агар Ҳукумат ин корхонаро бо нархи хуб ба Русия бифурӯшад (на ба «Русал», чуноне, ки маро муттаҳам кардаанд), Русия метавонад ва имкони онро дорад, ки дар шаш моҳи камбарқии мо барқро барои ин корхона худаш аз кишварҳои минтақа таъмин намояд. Дар шаш моҳи фаровонии барқ бошад, барқро аз мо мехарад. Аммо, вақте Роғунро бисозем, он вақт корхонаи алюминий бояд тамоми сол барқро аз мо бихарад. Ин схемаи таъмини барқро метавон дар қарордоди фурӯши корхона шарт намуд. Ба ин тартиб, мо фавран, аз мушкили бебарқӣ озод мешавем. Дар ғайри ин сурат, мо агар Роғунро аз ҳисоби худ бисозем ҳам, ва иншоаллоҳ месозем, сохтумони он камаш 5-6 сол давом мекунад ва масъалаи бебарқӣ, яъне ин фоҷиаи миллӣ ҳамин муддат идома хоҳад ёфт, ки идомаи чунин вазъият аз назари сиёсӣ ва давлатдорӣ хатарнок аст. Ин ҷо низ мебинед, ки пешниҳоди ман маҳз ба нафъи давлат ва миллат аст.

Ҳадафи сеюми мусоҳиба: Раҳоӣ аз фишорҳои ӯзбекистон. Нақшае, ки ман пешниҳод кардам, як навъ схемаи раҳоӣ аз фишорҳои ӯзбекистон ва безарар кардани мавқеи ин кишвар буд. Вале роҳбарияти корхонаи алюминий бо вуҷуди сиёсӣ кардани ҷавобаш, ин ҷанбаи муҳими сиёсии ин пешниҳодро пай набурдааст. Мақсад ин буд:

  1.  Агар робитаи мо бо Русия ҳарчӣ хубтару наздиктар бошад, шояд фишори ӯзбекистон болои мо камтар мешавад. 
  2.  Агар корхонаи алюминийро Русия бихарад, ӯзбекистон наметавонад барои русҳо дар транзити барқ монеа эҷод кунад. Зеро худи ин кишвар ҳам ба транзит аз тариқи Русия вобаста аст.

Албатта ба сабаби риояти манфиатҳои миллӣ дар ин масъала бештар гуфтан ҷоиз нест, вале умедворам ин нуктаҳоро дарк менамоед.

Ҳадафи чоруми мусоҳиба: Пурра миллӣ боқӣ мондани «Роғун»: Тавре, ки дар мусоҳибаам зикр кардаам, ман ҷонибдори сад дарсад миллӣ боқӣ мондани «Роғун» будам ва ҳастам. «Роғун»-ро бояд Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби худ ва агар лозим шавад, бо ҳимояи миллат бисозад. Вақте мо корхонаи алюминийро мефурӯшем, ду ҳадафи асосӣ амалӣ мешавад: якум, имкони бо пули ҳукумати Тоҷикистон тибқи лоиҳа бо баландии қариб 350 метр (на 140 метре, ки Шумо маро тӯҳмат кардаед) сохтани «Роғун» ба вуҷуд меояд. Дуюм, фоҷеаи норасоии барқ баробари ба Русия фурӯхтани корхона ҳал мешавад.

Масъалаи миллӣ мондани «Роғун» як масъалаи муҳими сиёсӣ ва стратегӣ аст, зеро таҷрибаи НОБ «Сангтуда-1» нишон дод, ки ба ихтиёри хориҷиён гузоштани нирӯгоҳҳо чӣ оқибат дорад. Тавре, ки огоҳед, ҳафтаи гузашта соҳибони хориҷии НОБ «Сангтуда-1» эълон доштанд, ки агар ширкати «Барқи тоҷик» 16 миллион қарзи худро напардозад, ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Ана чунин қарзҳо сармоягузоронро аз омадан ба кишвари мо метарсонанд, на пешниҳоди фурӯхтани корхонаи алюминий.

Ин даъвои судии онҳо ба имиҷи давлати Тоҷикистон ва фазои сармоягузорӣ дар кишвар чӣ зарба мезанад ва чӣ қадар сармоягузорони ояндаро метарсонад, ҷои тасаввур нест?

армоягузори хориҷӣ фикр мекунад, ки агар сармоягузорҳои давлатии русӣ дар Тоҷикистон фоидаи худро гирифта натавонанд, пас мо чӣ тавр метавонем? Шояд агар ширкати алюминий 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарзашро ба «Барқи тоҷик» пардохт мекард, «Барқи тоҷик» имрӯз дар назди «Сангтуда-1» қарздор намемонд ва судбозӣ ҳам намешуд ва ин қадар беобрӯгӣ намешуд.

АФСОНАҲОИ АЛЮМИНЙ: ОЁ КОРХОНАИ АЛЮМИНИЙ БАРОИ ТОҶИКИСТОН МУҲИМ АСТ?

Дар қисми дигари ҷавоби худ Шумо корхонаи алюминийи тоҷикро ҳамчун як корхонаи бисёр муҳим ва ҳатто ифтихори миллӣ номидаед. Умуман, дар солҳои охир дар зеҳни ҷомеа ин фикр ҷой карда шудааст, ки корхонаи алюминийи тоҷик барои кишвар ва миллат бисёр муҳим аст ва алюминий барои мо ашёи стратегӣ аст ва саҳми ин корхона дар будҷаи кишвар калон аст ва ғайра.

Тибқи маълумоте, ки ман дорам, ҳамаи ин як афсона аст ва ин корхона феълан барои кишвари мо як корхонаи сарнавиштсоз нест ва алюминий барои иқтисоди мо ашёи стратегӣ ҳам нест ва саҳми ин корхона дар будҷаи кишвар ҳам ниҳоят ночиз аст.

Афсонаи аввал дар ин масъала ин аст, ки гӯё корхона дорои таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аст. Вале Шумо нағз медонед, ки ин корхона солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст, яъне чил сол пеш, ва дар ин чил сол табиист, ки таҷҳизоти ин корхона ҳам аз назари физикӣ ва ҳам аз назари маънавӣ кӯҳна шудааст.

Барои исботи ин фикр ба мисоли зерин таваҷҷӯҳ намоед: Корхонаи алюминийи Дубай «Дубал» дар соли 2007 бо ҳамагӣ 3 240 нафар корманд 900 ҳазор тонна алюминий истеҳсол намудааст (нигаред ба сайти «Дубал»: http://www.dubal.ae) , аммо корхонаи алюминийи тоҷик бо 13 000 (!) нафар коргар ҳамагӣ 402 ҳазор тонна алюминийи хориҷиёнро коркард карда додааст.

Ё мисоли дигар: агар корхонаи алюминийи тоҷик барои коркарди як тонна алюминий 17-18 ҳазор кВт барқ сарф кунад, корхонаҳои муосири алюминий барои як тонна алюминий камтар аз 13 ҳазор кВт барқ сарф мекунанд. Магар ин нишонаи замонавӣ будани корхонаи мост?

Илова бар ин, корхонаи алюминийи тоҷик солона ҳудуди 7 млрд/кВт барқи Тоҷикистонро истеъмол мекунад. Ин барқро бо нархи имтиёзнок, яъне фақат 5 дирамӣ мехарад. Барои мисол, агар мо ҳамин барқро ҳатто бо нархи дохилии кишвар барои корхонаҳои саноатӣ, яъне 17 дирамӣ, ба хориҷ фурӯшем, он ҳудуди 340 млн долларро ташкил мекунад.

Вале дар ҷавоби Шумо омадааст, ки тамоми пардохтҳои андозии корхонаи алюминий дар як сол 262 млн. сомонӣ, яъне камтар аз 70 млн. долларро ташкил мекунад. Пас, ҳатто агар фақат барқеро, ки корхонаи алюминий мегирад, ба хориҷи кишвар содир намоем, аз фурӯши он панҷ баробар фоидаи бештар мегирем. Ин арифметикаи содда аст.

Афсонаи дуюм ин аст, ки гӯё Тоҷикистон аз тариқи корхонаи алюминийи тоҷик солона зиёда аз 400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад ва онро ҳудуди 3 ҳазор долларӣ фурӯхта, 1 млрд. 200 млн. доллар даромад мегирад. Мутаассифона, ҷомеа аз ноогоҳӣ ба ин афсона бовар дорад ва бадтар аз ин, коршиносони мо ҳам ба ин афсона бовар доранд. Биёед ошкоро бигӯем, ки Тоҷикистон соҳиби он 400 ҳазор тонна алюминий нест, фурӯши он низ дар ихтиёри Тоҷикистон нест.

Корхонаи алюминийи тоҷик фақат хокаи алюминийи ширкатҳои хориҷиро коркард карда, ба ивази коркардаш ҳаққи хидмат мегирад. Агар ба мафҳуми халқӣ гӯем, мо соҳиби гандум ва соҳиби орд нестем, мо фақат осиёб дорем ва аз соҳиби гандум барои коркардамон кавсанг ё ҳаққи корамонро мегирем. Яъне корхонаи алюминийи тоҷик, чуноне, ки директори генералии он ҷаноби С. Шарипов низ дар мусоҳибааш зикр кардааст (ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз 19 феврали 2009), аз рӯи усули ТОЛЛИНГ кор мекунад ва моҳияти усули толлинг ҳамин аст, яъне хокаи алюминийи дигаронро коркард карда медиҳем ва ҳаққи кор мегирем ва дар маҳсулоти истеҳсолшуда ҳаққе надорем.

Аксарияти мардум ва ҳатто зиёиёну коршиносони бомаълумот ҳам фикр мекунанд, ки мо агар 400 000 тонна алюминий истеҳсол намоем, пас он бо нархи 3000 долларӣ ҳудуди 1 млрд. 200 млн. доллар мешавад, пас корхонаи алюминий бисёр даромаднок аст. Ин хел мебуд, бо даромади корхонаи алюминий «Роғун»-ро худамон месохтем. Вале мардум намедонанд, ки ин алюминийи моли Тоҷикистон нест ва мо фақат ҳаққи коркардро мегирем. Мо фақат осиёббони ин осиёби бузургем.

Афсонаи сеюм ин аст, ки гӯё нақши корхонаи алюминий дар будҷаи Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Ва, мутаассифона, бисёриҳо ба ин бовар доранд. Ҳатто баъзе аз зиёиён, «коршиносон» ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар ҳам чунин фикр мекунанд. Вале, биёед ин ҷо низ ошкоро бигӯем, ки корхонаи алюминийи тоҷик дар будҷаи Тоҷикистон чӣ нақше дорад.

Тибқи ҷавоби роҳбарияти корхона тамоми пардохтҳои он ба хазинаи давлат дар соли гузашта 262 млн. 175 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Дар ҳоле, ки қисми даромади будҷети Тоҷикистон дар соли 2008-ум 4 млрд. 470 млн. сомониро ташкил дода буд, пас саҳми корхонаи алюминий дар он ҳамагӣ ҳудуди 6% мебошад. Агар ин маблағро бо будҷети соли 2009 қиёс намоем, шояд он ҳамагӣ 3 %-ро ташкил диҳад. Ин аст саҳми воқеии корхонаи алюминийи тоҷик дар будҷети Тоҷикистон. Вале мардуми бечора ин торикию сардиро таҳаммул карда, фикр мекунанд, ки агар корхонаи алюминий набошад, будҷет аз куҷо пур мешавад ва муаллиму духтуру нафақахӯр аз куҷо маош мегирад?

Масъулини корхонаи алюминий дар баёния ва мусоҳибаашон зикр намекунанд, ки ин корхона дар як сол чанд сомонӣ ҳамчун фоидаи соф ба будҷети кишвар ворид мекунад. Фоидаовар будан ё набудани корхона аз миқдори фоидаи софаш маълум мешавад, на аз рӯи пардохтани андозҳои ҷорӣ. Вале чун ин корхона ягон сомонӣ фоидаи соф ба даст намеорад, дар ин бора чизе намегӯянд ва наменависанд.

Афсонаи чорум ин, ки гӯё корхонаи алюминий аз «Барқи тоҷик» қарздор нест. Вале ҳафтаи гузашта котиби матбуотии «Барқи Тоҷик» ҷаноби Н.Ёдгорӣ расман эълон доштааст, ки корхонаи алюминий аз ин ширкат 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст (Ниг.: нашрияи «Азия плюс» аз 04.02.2009, саҳ.2). Илова бар ин, аз сабаби пули барқро напардохтани корхонаи алюминий, ширкати «Барқи тоҷик» наметавонад 8,5 млн доллар пули гази истифодакардаашро ба корхонаи «Тоҷикгаз» супорад. Ин боис шудааст, ки «Тоҷикгаз» барои пардохти пули газ ба ӯзбекистон маблағ наёфта, қарздор шудааст. ӯзбекистон бошад, аз фурсат истифода намуда, интиқоли газро ба кишвар қариб қатъ намудааст.

Ин аст, ки имрӯз дар хонаҳои мардум газ нест ва ҷое, ки бошад, ниҳоят маҳдуд аст ва ҳатто аксари заправкаҳои газӣ баста шудаанд. Хулоса, мардум дар вазъияти боз ҳам мушкилтар қарор гирифтаанд. Ин суханҳо низ сиёсат нест, ин ҳам мантиқ ва арифметикаи оддист.

Афсонаи панҷуме, ки Шумо дар посухи худ онро матраҳ намудаед, ин аст, ки гӯё «Талко» аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ имтиёзе надорад ва корхонаҳои алюминийи кишварҳои дигар низ дар масъалаи нархи барқ аз тарафи давлати худ имтиёзҳои зиёде гирифта бошанд. Ду мисоле, ки дар ин масъала Шумо овардаед, ҳар ду беасосанд.

Ширкати алюминийи «Русал» аз давлати Русия бо имтиёз барқ намегирад, зеро ин ширкат нирӯгоҳи барқии хусусии худро дорад ва барқи худро аз он таъмин мекунад. Корхонаи алюминийи Озорбойҷон бошад, барқро нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ фақат 30% арзонтар мегирад. Сабаби ин имтиёз дар он аст, ки ин корхона худ подстансияи бузурге сохтааст, ки дар баланси худаш аст ва ҳамчунин, ҳамчун харидори умда, барқро бо нархи яклухт мехарад. Вале корхонаи алюминийи тоҷик барқро бо нархи нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ 300% арзонтар мегирад, яъне 5 дирам ба ҷои 17 дираме, ки барои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Ин имтиёзи бесобиқа аст. Муҳимтар аз ин, дар Русия ва Озорбойҷон барои кори корхонаи алюминияшон мардумашон аз барқ маҳрум нестанд.

Афсонаи шашуми Шумо ин аст, ки гӯё фурӯхтани корхонаи алюминий фикри ватандӯстона набудааст. Ман аз Шумо даъват мекардам, ки пеш аз гуфтани чунин суханон андаке андеша мекардед. Барои чӣ қадар ғалат будани ин фикратон ба ду нукта таваҷҷӯҳ намоед ва бубинед, ки Шумо амалан чӣ гуфта истодаед:

  • Якум, оё масъулоне, ки комплекси нодиртарини «Окно», 75% саҳмияҳои НОБ-и «Сангтуда-1», саҳмияҳои корхонаи тиллои «Зарафшон» ва даҳҳо корхонаи дигарро ба хориҷиён фурӯхтанд, миллатфурӯшу ватанфурӯшанд? Оё онҳое, ки базаи ҳарбии Русияро дар Тоҷикистон ҷой дода, дар чандин минтақаи кишвар ҳазорҳо гектар замин ва иншоотро дар ихтиёри ин базаи ҳарбии Русия гузоштанд, миллат ва ватанро дӯст намедоранд? Шумо чӣ гуфта истодаед?
  • Дуюм, дар аксари кишварҳои пешрафта ва мутамаддин бисёре аз корхонаҳои бузург дар моликияти хориҷиён ё саҳҳомони хориҷӣ ҳастанд. Масалан, дар Амрико саҳмияи корхонаҳои бузургтарин моли чиниҳо, арабҳо, ҳиндуҳо, мексикоиҳо ва ғайра аст. Дар кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бошад, беш аз 50% корхонаҳо, биноҳо ва иншоот дар моликияти хориҷиҳо аст. Ба назари Шумо, оё имрӯз ифтихори миллии Амрико ва ё Аморот аз Тоҷикистон камтар аст? Оё ифтихори миллии онҳо зарар дидааст?

Ва афсонаи охирини ҷавоби Шумо ин буд, ки гӯё ман изҳор карда бошам, ки мо бояд корхонаи алюминийро арзон фурӯшем. Чунин чизро ман ҳаргиз нагуфтаам. Барои ман ҳам маълум аст, ки қиммати ин корхона беш аз як миллиард доллар аст.

МАН БО КИЯМ?

Ва ниҳоят, мехостам ба он саволи аслие, ки Шумо гузоштаед, посух бидиҳам, ки ман бо кӣ ҳастам? Ба таври сареҳ мегӯям, ки ман бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва бо давлати он ҳастам.

Ба фаҳмиши ман, дар ҳоле, ки миллат дар хунукию торикӣ маҳкум бошаду мо дидаву дониста барои манфиати шахсии худ ва чанд нафар манфиатдор аз вазъияти мавҷуда ҳимоят намоем, ин ҳеҷ рабте ба миллатдӯстию ватандӯстӣ надорад. Ҳар пешниҳоде, ки дар мусоҳибаам кардам, ба эътиқоди ман маҳз ба нафъи ватан, миллат ва давлат буд. Касе, ки камтарин саводи сиёсӣ ва хиради давлатдорӣ дошта бошад, ба ин шакк надорад.

Хулоса, имрӯз корхонаи алюминий чӣ суду зиён дорад, бо чӣ усул кор мекунад, барои кӣ ва чӣ қадар фоида меорад, на танҳо ман, балки бисёри мутахассисон ва огоҳон медонад. Биёед ҷавоббозӣ накарда, беҳтараш баҳсро дар ин бора давом надиҳем.

Бале, бисёр дӯстон ва бародарон ба ман тавсия доданд, ки дар бораи корхонаи алюминий аслан ҳеҷ чизе нагӯяму нанависам. Гӯё пушти он қувваҳои бонуфуз ҳастанд. Ман ҳам инро дарк мекунам. Лекин, пеш аз ҳама ба Худои Бузург такя дорам, зеро ҳар чӣ мегӯяму менависам, барои Худост ва барои фоидаи давлату миллатамон аст, на бо супориши касеву тарафе ва на ба манфиати шахсиям.

Агар чанде дар мавзӯи корхонаи алюминий сухан гуфтан риск аст, аммо зиндагии сарду торики мардуми кишвар, ки инак солҳост идома дорад ва ҳамчунин, эҳтимоли бад шудани робитаҳои кишварамон бо Русия маро ба ташвиш овард, ки мабодо болои ватани азизамон ва миллати ранҷкашидаамон боз як фоҷеаи дигар ояд. Ва илло, банда ба шахси Шумо ва ба молу дунёи Шумо ва манфиатҳои Шумо коре надорам, фақат бо мушоҳидаи рӯзи сахти мардум, ҳамчун як шаҳрванди ин кишвар бисёр бародарона Шуморо ба инсоф даъват намудам. Боқӣ, паноҳатон ба Худо.

Р.S. Умедворам, дар сафаре, ки охири моҳи феврал анҷом меёбад, Президенти кишвар барои мушкилоте, ки байни Тоҷикистону Русия пеш омадааст, роҳи ҳалли муносибе пайдо мекунанд. Иншоаллоҳ.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,
Узви Маҷлиси Миллии МО ҶТ

Наслхои нокомилу бадбахт — ояндаи Точикистон?

Замоне буда, ки точикон акаллан як насли комилу расо ба дунё оварда бошанд? Ошкор нест ва торих дар ин бобат сукут меварзад.

Шояд буда, вагарна Рудакй, Сино ё Мавлавй немдоштем. Нобигагон самараи як ё хатто чанд давраи дарози ториханд. Ва шояд ин аст сабаб, ки аз он айём то кунун дигар нобигае ба маънои комилаш надоштаем.

Вале дар оянда хохем дошт? Пас аз хондани ин матлаб ба натичае расидам, ки интизории нобигаи ояндаи точикон як орзуи хом хохад буд.

Коршинос аз Сугд: Осеби майнаи сар — бемории №1-и кӯдакон?

(Бознашр аз «Нигох» №44 22.01.09).
Соли 2008 дар вилояти Суғд 1318 беморони фалаҷи кӯдакона ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 726 нафар писарбачаҳо ва 592-нафарро духтарон ташкил медиҳад. Дигар намуди бемори — дарди шадиди сар миёни кӯдакон 889 нафарро ташкил медиҳад.

Атахон АБДУҲАМИДОВА,
сармутахассиси бемориҳои асаби беморхонаи кӯдаконаи вилояти Сугд: -Пеш аз баёни андеша дар мавзӯи бемориҳо аз ҷумла бемории асаб дар миёни кӯдакон, ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки бештари бемориҳои кӯдакона дар кӯдакон ҳанӯз аз давраи ҳомиладорӣ модари кӯдак оғоз мегардад. Махз ба хамин хотир мо пизишкон ба таъкид «Модари солим — кӯдаки солим» мегуем.

Бемориҳои камхунӣ дар вақти ҳомиладорӣ яке аз сабабҳои дар оянда ба бемориҳои асаб гирифтор шудани кӯдакон мегардад. Дар баробари ин имрӯз бештари оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ асабҳои худро ором нигоҳ намедоранд, ки дар натиҷаи нооромии падару модар кӯдакони табиатан норому асабонӣ таваллуд мешаванд. Ин гуна кӯдакон хоби ором надоранд.

Сабаби асосии афзоиши беморихое, ки шумо гуфтед хамон давраи ҳомиладории модарони ин кӯдакҳо мебошад. Табобати ин гуна касалихо хеле мушки ласт.

Барои табобати кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни асаб дар шӯъбаи асаби беморхонаи вилоят хамаги 30 адад ҷойи хоб аст. Баъзан рузҳо мешавад, ки ин микдор ҷойи хоб камӣ мекунад.

Дар шӯъбаи асаб, бемории № 1 ин осеби майнаи сари кӯдакон аст, ки тахминан 15,7% теъдоди умумии бемориҳои асаб миёни кӯдаконро ташкил медиҳад. Баъдан бемории фалаҷ 12,6%, ҳамчунин 10% гирифтори бемории дарди шадиди сар мебошанд.

Дар миқёси вилояти Суғд афзоиши чунин бемориҳо дар байни кӯдакон бештар дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Гафуров мушоҳида мешавад. Сину соли кӯдакони гирифтори ин бемориҳоро кӯдакони синни аз 1-то 3-сола ва аз 7-то 15-соларо ташкил мекунад.

Бояд гуфт, ки сари вақт пешгирӣ накардани чунин бемориҳо оқибат ба маълул шудани кӯдакон оварда мерасонад. Аз ин рӯ роҳи ягонаи пешгирӣ намудани кӯдакон аз бемориҳои маслукӣ ин сари вақт ба духтур муроҷиат намудан аст. Ҳамчунин мебояд, ки оилаҳои ҷавон ва кӯдакону наврасонро аз тамошои филмҳои хусусияти агрессивӣ дошта пешгирӣ намоянд. Зеро тамошои чунин филмҳо ба асаби одам бетаъсир намемонад.»

Дар поварак

Сардихову бесохибихои зимистони гузашта як насли сармозадаеро ба вучуд оварданд. Насли дигар — кудакони бепадари мухочирон. Насли баъдй — зурёти домодхои чинову покистониву эрониву афгон, ки окибат бесохиб хохад монд. Баъдаш зодагон аз нутфахои тасодуфии Дубаю Русия. Дар мачмуъ хамаи онхо тарбиятдидагони телевизиюнхои ахмаккунандаи кишвар ва маорифи сабки абдучаббор рахмоновй. Холо дигар интизори нобигагон бошед.

Аз саратони сармо мемирем

Манзараи хиёбони тобистона ёрони маро нороҳат кард. «Ин акс дар ин сармо гизала кардани мост.» Хунукии сахт монанди саги девона дасту пои моро мегазад. Мардум худро онгуна латтапеч кардаанд, ки худ як туда латтаро ба хотир меоранд. Дигар касе ба зебоии сарулибоси худ намеандешад. Аз миёни латтаву путта чашмони обрав ва нуги сурхгаштаи бинниҳо намудор асту бас…

 Дар аксар мамолике, ки нафаси сарди сармо ба онон расид, сарварон мардумро аз кор озод карданд, аз осеби асафбори сармо ихтор доданд ва пизишкони худро ба ҳифзи тандурустии мардуми хеш сафарбар сохтанд. Онҳо гуфтанд, хубтар аст, дар чунин хаво одамон бе зарурати сахт берун нараванд, зеро бемории хипотермия, ки аз сармо бармеояд, марговар буда метавонад. Гуфтанд, хубтар аст, дар хонаи гарм бишинанд.

Вале мардуми мо чи кунад, ки агар берун сард аст, хонааш аз берун сардтар. Агар берун наравад, нон намеёбад. Касе ба ин мардум фикр намекунад. Мардикорони берун аз ватанро низ хол ин аст, ки ба сармо нигох накарда, онхоро харвор кор мефармоянд. Сарваре ё пизишке ба онон машварат намедихад, ки пусти аз сармо сурху крахтшударо набояд соиш диҳанд, зеро аз ин бадтар мешаванду бехтар на. Хипотермия метавонад, саратони хучайрахоро ба миён орад, ба хоболудагии бадан, худбохтагй, гум кардани хотира сабаб шавад.

15 сол аст, ин миллат хамин гуна ба сар мебарад ва як дустам гуфт, ин низ навъе аз наслкушии точикон ё генотсид аст. Миллат агар аз гуруснагй намурд, аз силу домана ба халокат нарасид, мурдаашро аз Русия наоварданд, дар селу тарма нобуд нагашт, пас дар ин хипотермияе маризи абад хохад шуд ва захираи ирсияшро аз даст дод, ки сарварони кунунияш омода кардаанд. Хонаи худи онон гарм аст, вале сагони девонаи сармое, ки онон сохтаанд, мардумро мегазад. Бо дандонҳои захролуд…