Ҳами Роғун мегам дуруғ набоша бо…

Ҳама саҳмияи Роғун гирифтанд, ман намегирам. Барои чй ки боварй надорам. Як рафикам дар Ориёнбанк кор мекунад, гуфт акаи Хасан ба як дирам хам сахмия нахаридааст.  Холо ин ки акаи Хасан Асадуллохзода пули зиёд дорад ва агар хохад аз ним беши сахмияхоро як худаш мехарад.

Continue reading

Қонун барои элита

Рӯзбеҳи ДОДБЕҲ «Нигох» №35 19.11.09.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумӣ набуда, аз манфиатҳои ин мардум пуштибонӣ карда наметавонад, зеро он «Қонун барои элита»-ҳост, барои элитаи сарукалобааш гуми тоҷик.

Қонуни демократй

Чанде пештар Қонуни 22-юми июли соли 1989, таҳти рақами 15, ки Совети Олии РСС Тоҷикистон қабул намуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд ва Қонуни нави забон, ки бояд кайҳо рӯи кор меомад, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гашт ва мавриди амал карор гирифт.

Аз нигоҳи худи Қонун, он «вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро танзим мекунад», Дар баробари ин, дар боби 1-ум, сархати 2-юм омадааст: «Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад», ки ин, аллакай, ба дарди ҳамагон, махсусан, ба дарди оне, ки парвардаи миллати таҳҷои асту ин замину обу ҳаворо дӯст медорад ва худро фарзанди ин халқи тӯли садсолаҳо азияткашида медонад, намехӯрад. Чунки Қонун иҷозат медиҳад, ки дар кӯчаву паскӯча, бозору мағоза, ҷойҳои ҷамъиятӣ, чӣ тавре ки хоҳед ва бо кадом забоне, ки хоҳед, сӯҳбат кунед.

Шаклан Қонуни мазкур демократӣ аст, аммо ба назари банда, барои рушди забони миллӣ монеа ба вуҷуд меорад, тавре ки қаблан буд, яъне мақоми забон ҳамон хел боқӣ хоҳадмонд.

Дар моддаи 3- юм, дар сархати аввал чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -забонитоҷикӣ аст». Маъмулан, дар ин бора зиёд гуфтанду зиёд навиштаанд, ки чунин забон, яъне забони тоҷикӣ вуҷуд надошт ва онро забони форсӣ мегуфтаанд, аниқтараш, гуфтаанд ва ман метавонам садҳо мисол орам, ки ифодагари андешаи форсӣ будани ин забон бошад, аммо чун доманаи баҳс ба дарозо мекашад, аз гуфтани ин нукот худдорй менамоям.

«Забони тоҷикӣ» дар ҳеҷ куҷо нест

Аммо ин нуктаро хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар ҳолати аз адабиёту ториху фарҳангу улуми гуногуни муштаракамон бо эрониён ва тоҷикони Афғонистони фарогири асрҳои V-II-и пеш аз милоди Масеҳ, манзурам, фарханги форсии бостон, фарҳанги форсии миёна, фарҳанги паҳлавӣ ва фарҳанги вуруди ислом ба ин сарзамин, то давраи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва, ҳатто, то асри XVIII даст бикашем ва ба домони замони Аҳмадм Дониш, Мирзо Сироҷ, Шоҳин, Ҳайрату пасомадаҳо (то аввали садаи 20) даст бизанем, ҳам дар ҳеҷ ҷое ба ибораи «забони тоҷикӣ» во нахоҳем хӯрд.

Аммо ин забон бо номи забони форсии Мовароуннаҳр, забони форсии бухороӣ дар сарчашмаҳо ва гуфтаҳои бузургон, монанди аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Шоҳин, Садри Зиё зиёда вомехӯрад. Аҳмади Дониш менависад: «Ӯ бо лисони русӣ ҳарф мезаду ман бо лисони форсӣ, мо ҳамдигарро намефаҳмидем», ин як ҷумлаест аз «Наводир-ул-вақоеъ», ки иқтибос аз сӯҳбат ҳангоми сафари Петербургии аллома байни ӯ ва фойтунрони рус мебошад. Ва аммо халқияти тоҷик буда ва он танҳо ба тоҷикони Варорӯд вобаста набуд ва ҷуғрофиёи хеле васеъ дорад. Оғози он агар Байнаннаҳрайн бошад, поёни он лаби баҳри Хазару сохилҳои Арал, қаторкӯхҳои Олой ва Помир будааст.

Пас, ин гуна забон бо номи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳе набудааст ва мо хоҳем, нахоҳем, ин забони форсии хуросонӣ ва форсии мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо он қабл аз мо эҷоди илму адаб шуда, моро ба ҷаҳониён шиносондааст.

Дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро надидаам, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй, Носири Хисрав то Нақибхони Туғрал аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар хама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Наход, ин бандро вакилони Маҷлиси Оли кабул намуда бошанд? Агар ҳа, пас, ин вакилон аз фарҳанги форсӣ воқеан бехабар ва ё тарбиятдидаи фарҳангу тамаддуни халқи дигаранд?

Забони форсӣ ва СММ

Баъдан, аз рӯзе, ки инқилоби исломӣ дар Эрон ғалаба намуд, баробари баҳисобгирифтани тоҷикони Ҳиндустону Покистон, Чину Тоҷикистон, Афғонистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, ҳатто, тотҳои Доғистон ва аллониҳои Осетия ва толишҳои Озарбойҷон, донишмандони эронӣ даъво доранд, ки забони форсӣ низ яке аз забонҳои қудратманд буда, он бояд яке аз забонҳои Созмони Миллали Муттаҳид бошад.

Ва ҳоло ман бар он андеша мекунам, ки магар, дар ҳоле ки даъво барои забони муоширату ҷаҳонӣ гардидани забони модарии мо, манзурам, забони форсии варорудӣ, худро ҷудо намудан ва номи базӯрӣ гузоштаи собиқ «хоҷагонамон»-ро фаромӯш нанамудани мо, шикасти ин миллат нест? Ба назарам, ҳамин тур аст.

То ҳанӯз шогирдони В.С. Расторгуева ва дигару дигарҳо будани худро исбот менамоем ва дар мурдобчаи сохтаи онҳо, ки хеле танг ва обаш гандида аст, шино мекунем. Чаро баҳри азими форсиро намебинем ва чарову аз чӣ сабаб худро нодида мегирем?

Дар моддаи 2- юм омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст». Кас ба ҳайрат меояд: Қонун қабул мекунем, аммо то имрӯз «Қонуни асосӣ»-ро бо ду ном интишор менамоем ва онро Конситутсия ва дар қавсаин Сарқонун менависем.

Дар ҳоле ки маҳз дар Қонуни забон, ки он бо истифода аз имлои забони мо сохта шудааст, бояд яке аз ин вожаҳо қабул мегашт ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мефаҳмид, ки «Қонуни асосй»-ашро бо юнонӣ «Конститутсия» номад ва ё бо лафзи ширину равонаш «Сарқонун».

Баъдан, дар моддаи 11, банди 2-юм омадааст: «Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар сурат мегирад». Ин ҷо бояд забонҳои байналмилалӣ: русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ номбар карда мешуд ва ибораи «забонҳои дигар» дар чанд моддаи дигари ин Қонун низ истифода шудааст. Ба назарам, ин мантиқӣ нест, чун забонҳо дар рӯи ҷаҳон хеле зиёданд ва дар Қонун (!) бояд номуайянӣ набошад.

Тазъйиковартарин модда, ба назарам, моддаи 13-ум аст, ки дар банди аввали он омадааст: «Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад», дар банди дуюми ҳамин модда, ки ба асоси банди аввали он хатти батлон мекашад ва маънии банди аввалро батамом гум мекунад ва агар боз ҳам дагалтар гӯем, онро чун тимсоҳ фурӯ мебарад, омадааст: «Эълону рекламаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд». Намедонам, дар кишваре, ки куюми асосии он бо забони тоҷикй, манзурам, ҳамон забони форсии варорудӣ ё мовароуннаҳоӣ гап мезанад, реклама ба забонҳои дигар ба кӣ лозим аст? Ин ҷо, албатта, бояд ба касоне, ки ширкатҳои бузурги рекламадиҳандаро ба бозоргир будани реклама, ба қавле, бо забонҳои дигар, мутақоид сохтаанд, қоил шуд.

Бояд пеши онҳо даст бардошт ва гуфт: «Офаринатон бод!!!». Чӣ тур тавонистед, ки, хатто, ба депутатҳои тоҷик ин фикри ботилро талқин кунед?! Аз он забони давлатӣ чӣ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки, ҳатто, молро дар бозор ба забони дигар пешниҳод мекунанд? Ба масал, инро метавон ба харбузафурӯшии ҳамон тоҷик монанд кард, ки дар бозори лекин молашро «асал барин ширин» гӯяд.

Баъдан, андеша чунин аст, ки дар ҳолати амал намудани забонҳои дигар, дар шаҳрҳои бузург ва шаҳрҳои музофотию шаҳракҳо, умуман, тағйироти кироиё нахоҳад шуд ва рекламаҳо, чуноне ки буданд, хамон тавр хоҳанд боқӣ монд. Нуктаи дигар он аст, ки худи вожаи «реклама»-ро бояд ба «навидҳои бозоргонӣ» ё «пайёмҳои бозоргонй» иваз намоем ва ҳеҷ ҳоҷат ба вожаи ғайрро истифода бурдан нест, чун дар таркиби забони мо ибораи ин маъниро медода вуҷуд дорад.

Моҷарои «у»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ

Мо доир ба «у»-и дарозу «у»-и кӯтоҳ ва «у»-и мобайн ҷанг мекунем, ҳамдигарамонро носазо, саҳфаҳои рӯзномаамонро аз дашноми ҳамдигар пур мекунем, ба рӯи якдигар туф мекунем, аммо дар паҳлӯямон ба забони мо ба воситаи ҳаммиллати миллатгумнамудаи мо фишор меоранд ва вожаю ибораҳои нодаркорро ба сари мо бор мекунанд, ки аз туркию ӯзбекӣ, русию яҳудй ва дигару дигарҳо иборат аст ва ин кор низ аз ҷониби нафароне рӯй медиҳад, ки аз фарҳангу тамаддуни ҳазору чандсолаи мо бехабаранд, хомӯшем.

Чун имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезанӣ, гумон мекунӣ, ки дар Туркиё, Ӯзбекистон, Русия ва Инглистон гаштай. Баъдан, аз но фаҳмию беақлии мутахассисони рекламадиҳанда ва рекламақабулкунанда низ, ки ҳеҷ сареву сарваре надоранд, рекламаҳое «зеб»-и шаҳри мо гаштаанд, ба забони мо, ки ба назари «чиновник»-ҳои мо, аз афти кор, «камбағалу қашшоқ» менамояд, рекламаҳои ғайритоҷикие, монанди Метро, Москвичка, Русия, Ойдин, Истамбул, Абрикол, Арбат ва ғайра ворид гашта, забонамонро «ғанӣ» гардонидаанд.

Пас аз чанде гумон мекунам, мегӯем, ки ин вожаҳо хоси забони модарии моянд ва бояд бошанд, чунки онҳо халқй гаштаанд.

Аҷибии кор дар он аст, ки вожаи «работ», ки аслаш арабӣ аст, ба воситаи тоҷикон ва эрониёни савдогар ба Маскав рафта, номи маҳаллии «Арбат»-ро гирифтааст, яъне вожаи русӣ гаштааст. Ин вожаи ба воситаи савдогари тоҷик ба ин кишвар рафта баъди гузаштани асрҳо ба сарзамини мо баргашт ва мо худро донандаи хуби забони русӣ мехонему бе ин забон худро тасаввур карда наметавонем. Бехабар гирифтани Фарҳанги русии оқоёни Дал ва Ожегов, ки ба забони чиновникҳои мо «Толковий словар» аст, онро «Арбат» гуфтем ва мағозаю тарабхонаамонро дар роҳи Ҳисор-Душанбе чунин ном гузоштем.

Ман бо боварй гуфта метавонам, ки то ин дам ба маънии ин вожа на нафаре, ки дар шаҳрдории мо дар идораи номгузорӣ кор мекунад сарфаҳм мерафту на соҳиби он, вагарна ҳамон вожаи маъмулии работро, ки тоҷикӣ шудааст, мегузошту ҷони ҳама халос мешуд. На мо менавиштему на шумо механдидед.

Дар ҳолати донистани маънии вожа, пас, ин таҳқири соҳибзабон ва кулли миллат аст, на бешуна кам. Рекламаҳои телефонҳои мобилй, ки дар кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанду ба воситаи ВАО бозгӯ мешаванд, ба забони ғайритоҷикй буда, дар дуртарин нуқоти ҷумҳурии соҳибистиқлол ба назар мерасанд. Ҳатто, агар ба муассисаҳои мазкур занг зада, ба забони давлатӣ чизеро пурсед, беистиҳола, ба шумо бо забонҳои ғайр ҷавоб медиҳанд ва агар шумо, ба қавле, дурусттар талаб намоед, гӯширо мегузоранд. Сабабаш ҳамоно банди дуюми ҳамин Қонун аст. Ҳамин гуна рафторро дар кулли мағозаҳои бузурги пойтахту шаҳри Хуҷанд низ дидан мумкин аст.

Марҳамат ба мағозаҳои «Волна», «Техносила» ва ғайра, ки, ҳатто, аз номи тоҷикй гузоштан соҳибони он шарм доштаанд. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки сабаби ҳамаи ин ҳамоно банди дуюми Қонуни мазкур аст, ки дар собиқ Қонуни забон бо номи «забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо» дониста шуда буд ва бо тағйироти камубеш дилрабо ва чашмрас ба мардум пешкаш гаштааст.

Пас ин ҷойи Қонуни номбурда ва чанд ҷойи дигари он, ки ибораи «забонҳои дигар» омадааст, ҳамоно забони русй аст. Мавқеи он аззабони ба ном давлати шудаи мо, баландтар аст. Шояд, як сабаби аз вожаи «форсӣ» рӯй гардонидани депутатҳои халқӣ, ки ба халқй буданашон, маъзур доред, ҳеҷ бовар надорам ҳамин нукта бошад. Баъдан, нуктаи дигареро бояд гуфт, ки аксари кулли ин «шоҳмардони халқй» фарзандон ва набераву абераи худро дар мактабҳои русиву туркӣ ва инглисй ба таҳсил додаанд ва ё дар хонаҳояшон устодони махсусе ин забонҳоро ба пайвандонашон меомӯзанд.

Аз ин рӯ, ин Қонун – Қонуни халқӣ не, балки «Қонун барои алита» аст. Ва ахиран, бегоҳии 22-юми октябри соли 2009 бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Дмитрий Медведев пресс-конфронс баргузор шуду онро аз тамоми шабакаҳои Русияву Тоҷикистон намоиш доданд. Нашрияҳои воҳимачии русӣ, ки қаблан мегуфтанд: «Эмомали Рахмон выдворяет русский язык» (Эмомалӣ Раҳмон забони русиро меронад) навиштанд: «Медведев вернул русский язык Таджикистану» (Медведев забони русиро ба Тоҷикистон баргардонд).

Ба назарам, ин бори дигар исбот кард, ки қабули Қонуне бо номи «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» фиреби назар буд ва то ҳанӯз мо ҳисоботдихандае дар назди «бародари бузург» хастем ва боз кӣ медонад, ки то кай хоҳем буд? Чӣ гуфтед, нухбагон, э, мебахшед, элитаҳо?

Ба тарафи чап гард!

Рачаби МИРЗО («СССР» №37 09.09.09.)

Мардум намедонад, ки бинои парлумон куҷост

Ин ки аксари вакилони парлумонро тоҷикистониҳо намешиносанд, ҳарфи нав ност. Аммо вақгҳои охир нафарони зиёде ба ман зангзада, мепурсанд: бинои парлумон дар куҷост?

Аз онҳо мепурсам: Қасри президентро дидаед? Аз он каме болотар меравед ва ру ба руи ҳайкали Исмоили Сомони ба тарафи чап гардед, биноест, ки дар он депутатҳо бояд кор кунанд.

Яъне мардум дар ҳақиқат намедонанд, онҳоеро, ки 5 сол пеш гуё интихоб карда буданд, дар куҷо ва чи кор мекунанд!

Тасаввур намоед, ҳамин шабу рузи 18 сол пeш парлумони Тоҷикистон чӣ мақоме дошт. Ҳоло ҳар касе дар бораи ҳайати он рузаи парлумон ҳар чй мехоҳад гуяд, аммо бояд инсофан иқрор шавад, ки он шабу руз парлумони Тоҷикистон дар ҳақиқат рисолати худро иҷро мекард. Ва мардум низ азбаски ба он бовар доштанд, ба назди бинои он ҷамъ мешуданд.

Парламент калимаи фаронсавй буда, маънояш «гуфтан», «изҳори назар кардан» аст. Вале дар Тоҷикистон аксари вақт вакилонро ба хомушй муттаҳам мекунанд, ки дар бораи мушкилоти мавҷуда чизе намегуянд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба гайр аз чанд вакил – Мухиддин Кабирй, Шодй Шабдолов, Юсуф Ахмедов, гоҳ – гоҳ Исмоил Талбаков ва Мирзошариф Исломиддинов касе аз 62 вакили мавҷудаи парлумон чизе намегуяд. Масалан, матлаби интиқодие дар матбуот перомуни фаъолияти парлумон чоп шавад, ҳатвлан ба он посух хоҳанд дод. Ин гуна вакилонро метавон «момоҷавобак» номид.

Чанде пеш дар Олмон будам. Мо аз назди биное гузаштем, ки мардуми зиёд барои ворид шудан ба он дар навбат меистоданд. Гуфтанд, ки он бинои парлумон аст ва ҳамаруза ҳазорон нафар шаҳрванди Олмон ва сайёҳони ин кишвар барои дидани фаъолияти вакилони мардумй ба бино ворид мешаванд.

Рузи дигар, вақте мо ба бинои Бундестаг – парлумони Олмон ворид шудем, дар ҳақиқат аҷобаторо дидам, ки шояд барои бисориҳо афсона намояд: Тамоми утоқҳои кориву баргузории ҷаласаҳои ниҳоди қонунгузории Олмон дари шишагину шаффоф доранд ва мардуми зиёде, ки ба бино ворид шудаанд, фаъолияти депутатҳоро тамошо мекунанд. Ҳатто дар ошёни болотар аз ҷаласаҳои депутатҳо нишастгоҳҳое бунёд кардаанд ва мардум нишаста, баҳсу мунозираи вакилони худро аз наздик мебинанд. Матбуоту телевизион ва радиоҳои ин кишвар ҳар лаҳза аз фаъолияти шохаи сеюми ҳокимияти давлатиашон гузоришҳо омода мекунанд.

Аз роҳбаладамон, ки мегуфт солона беш аз 3 миллион нафар барои тамошои Бундестаг меоянд ва дар байни онҳо сарварони зиёди кишварҳо ҳам ҳастанд, пурсидам, ки оё касе аз мансабдорони воломақоми тоҷик дар ин бино ҳузур дошт? Ӯ гуфт, ки дар хотир надорад. Маълум…. Аммо агар ҳузур ҳам медоштанд, гумон намекунам чизеро дар системаи парлумонии Тоҷикистон тагйир медоданд.

Вакили парлумони Олмон ду ҷои кор дорад. Яке Бундестаг ва дигаре ҳавзаи интихоботй. Ӯ дилхоҳ маврид мотавонад дар бораи мушкилоти интихобкунандаи худ масъалагузори кунад, узви ҳукуматро даъват созад, пурсиш гузаронад, дархост пешниҳод намояд… дар маҷмуъ фаъолияти ҳукуматро назорат кунад. Аз ин хотир Бундестагро дар ин кишвар «форуми миллии» худ меҳисобанд ва бо он ифтихор мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон…

Як бор ба номгуи қонунҳои қабулнамудаи вакилони Маҷлиси намояндагон таваҷҷуҳ намоед. Оё дар он тагйиру илова ворид кардан бисёр аст, ё қонуни нав? Оё номгуи қонунҳоо, ки ҳукумат ва президент муаллифашон буданд, зиёданд, с пакилон? Дар бораи ихтилофнокии қонунҳо ба ҳамдигар ҷои баҳс нест. Пас ин гума парлумон ба кй зарур аст: ба ҳукумат, ки қонунҳои барои ом заруриро қабул мекунад ё ба мардум, ки ҳазору сад мушкил дорад?

Ва тасаввур намоед, ки ҳар вакили МН на камтар аз 1000 доллари ИМА моҳона мегирад. Дар бораи сафарҳои хидмативу имтиёзҳои зиёдашон ҷои баҳс нест (буҷаи соли гузаштаи парлумонро ман Дар ихтиёр дорам, агар ба касо лозим аст, метавонам пешниҳод кунам). Суоле пешору меояд, ки оё барои Тоҷикистон чунин ниҳод лозим ҳаст? Агар ҳарчиро, ки ҳукуматзарур медонаду парлумон онро қабул мекунад, беҳтар нест, ки аз баҳри он бигзарем?

Лоиҳаи қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Оли», ки азҷониби Ҳизби коммунист таҳия шуда буд ва аҳзоби дигар аз он пуштибонй мекарданд, пазируфта иашуд. Ин дар мавридест, ки ҳукумат баргузории интихоботи шаффофу бе тақаллубу демократиро мехоҳад! Ин баҳс солҳо боз идома дорад, аммо бенатиҷа. Соли 2004 низ аҳзобро ба умед карда, гуфтанд, ки вобаста ба қонуни интихобот бо президент Раҳмон мулоқоти хоса анҷом хоҳад шуд. Вале …

Бубинед, намояндагони аҳзоб чи мехоҳанд. Мехоҳанд дар қитъаҳои интихоботй намояндагон ва нозирони онҳо бошанд, охир интихобот аслан дар қитъаҳо сурат мегирад на дар ҳавзаҳову Комиссияи марказии интихобот. Мехоҳанд гаравпулии интихобот бардошта шавад, зеро Тоҷикистон давлатй иҷтимоист ва тибқи Қонуни асосиаш ҳар шаҳрванд метавонад аз 18 солаги интихобшаванда ва интихобкунанда бошад (аммо қонуни интихобот синни дигарро пешниҳод кардааст). 5000 сомоние, ки ҳамчун гарави интихоботй қабул мешавад аксарияти мардумро аз ҳаққи интихобшави маҳрум мекунад. Яъне талаботи аҳзоб дар доираи қонун ва шароити феълии кишвар аст, аммо ҳукуматро чунин низом қабул нест.

Аз ин лиҳоз мам пешниҳод мекардам, ки ҳизбҳо дар интихоботи навбатй ширкат наварзанд. Охир, бо чунин низоми интихоботй ширкат дар он танҳо ба манфиати ҳукумат ва ҳизби ҳоким аст. Аҳзоб, агар мехоҳанд рушди давлатро дар заминаи интихоботҳо ба вуҷуд биёранд, метавонанд мисли бархе аз кишнарҳои дигар парлумони ҷамъиятй – алтернативи бо парлумони расмй ташкил намоянд… Ё бештар ба маҷлисҳои маҳаллй такя кунанд, чун феълан маҷлисҳои маҳалли назар ба Маҷлиси намояндагон баҷуръаттар ба назар мерасанд ва ҳам имконоти воридшавй ба онҳо бештар аст. Ман роҳи дигарро намебинам…

Парлумони феълии Тоҷикистон бошад, бештар дар ғами худ ва ҳайати худ аст. Дар даъвати навбати онҳо қонуне ба тасвиб расонданд, ки тибқи он хеч як вакили Мачлиси намояндагон набояд пас аз анҷоми ваколат бекор монад. Депутатҳои мо зираканд: онҳо буҳрони молиявиро пешгуи, карда будаанд. Вокеан, ин гуна вакилони хомуш, ки ба касе «ҳалал» намерасонанд бояд кор кунанд….

Не?

Нигаронӣ аз вазъи маҳбусони Тоҷикистон

Умедҷони САЪДУЛЛО «Озодагон» №22 04.06.09.

ВАЗЪИ кунунии зиндону маҳбусони Тоҷикистон. Таҳти ин ном дар пойтахти Тоҷикистон 26-27 май ҳамоиши вижае сурат пазируфт. Ширкатдорони нишаст аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хостори қабули протоколи иловагӣ оид ба бартарафсозии азобу шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон шуданд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилали, Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳо, ҷомеаи шаҳрванди, гурӯҳҳои ҳукуматӣ, коршиносону таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ, намояндагони давлатҳои Арманистону Қазоқистон, Қирғизистон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ширкат доштанд. Қабули протоколи иловагии бартарафсозии зидди азобу шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии нишаст буд. Гуфта шуд, аксари кишварҳое, ки ин протаколро имзо кардаанд, аллакай аз натиҷаҳои мусбие бархурдоранд.

Тоҷикистон ҳам протоколи мазкурро қабул кардааст, аммо намояндагони ҳифзи ҳуқуқи СММ ва САҲА аз роҳандозӣ нашудани протоколи иловагии «бартарафсозии зидди азобу шиканҷа» дар Тоҷикистон изхори нигарони мекунанд.

Адвокати маркази ҳуқуқи инсон Татяна Хатюхина, ки дар ин маврид пажуҳишеро анҷом додаст гуфт: аксари ҷавононе, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, беасос нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин дар бештари ҳолатҳо ноболиғон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бе ҳузури волидону муаллим ва ҳимоякунандаҳо мавриди пурсиш қарор гирифта шиканҷаву озор мебинанд. Номбурда ин амалҳоро нақзи ҳуқуқи инсон арзёбӣ кард:

«Як гурӯҳи ҷавонон ҳангоми баргузории ҷашнвораи арчаи солинавӣ бо ҳамдигар задухӯрд кардаанд ва дар ниҳоят аз гуноҳи якдигар даргузаштаанд. Дар чунин ҳолат қонун муқаррар кардааст, ки вақте тарафҳо миёни ҳам сулҳ мебанданд. қазия қагь мешавад. Аммо дар Тоҷикистон қазия дар ин маврид қатъ карда намешавад. Сарфи назар аз он, ки баъзе ҳукуқвайронкуние, ки аз ҷониби кӯдакону наврасон ба монанди авбошӣ содир мешавад, онро метавон ҷарима карда, раҳо намуд. Бе ин ҳам волидони чунин ноболиғон маблағи ҷаримаро месупоранд. Вале зиндон кардан чй зарурат дорад?»

Паём Фуруғӣ, намояндаи ҳуқуқии САҲА вобаста ба пиёда намудани протоколи иловагӣ ва ё ихтиёрии «бартарафсозии азобу шиканҷа дар Тоҷикистон» панҷ пешниҳод кард.

Ҷаноби Фуруғӣ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳеч як нафар аз намояндагони парлумони Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ширкат наварзиданд, ҳарчанд даъват шуда буданд. Вай гуфт, наход масъалаи азобу шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон он қадар масъалаи ҷиддие набошад, ки намояндаго ни порлумонро ба ташвиш наовардааст. Паём Фуруғӣ гуфт:

«Мо-мехохем бидонем, ки иллати аслии имзо нашудан протоколи мазкур аз сӯйи масъулoни Ҳукумати Точикистон дар чист? Имзо кардани протоколи зидди азобу шиканҷа дар маҳбасхонаҳо чизи баде нест. Дар ин ду рӯз ҳама шоҳиди он будем, ки ин протоколро ҳафт кишвар имзо кардаву ба муваффақиятҳо ноил шудаанд. Бо имзо кардани он шумо як сол вақт доред, ки аз шиканҷа дар зиндонҳо ҷилавгирӣ намоед».

Аммо намояндаи дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Абдулло Солиев гуфт, масъалаи пиёда намудани протоколи мазкурро дар оянда ба назар хоҳанд гирифт. Дар ҳамин ҳол Ҷумъахон Алимӣ, коршиноси мустақил мегӯяд, дар сурати имзо шудану мавриди амал қарор гирифтани протоколи мазкур метавон гуфт, ки тамоми шахсони воқеиву ҳуқуқй бо вазъи зист ва шароити маҳбусон шинос шуда, мулоқоту дидорбинӣ бо онҳо низ беҳтар мешавад.

«Бояд зикр кард, ки ин хуҷҷат тавъам бо қонуни обудсмен ё шахси ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст ва конвенсияи зидди азобу шиканҷа бо шахси салоҳиятнок ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар робитаи зич дорад».

Ҷумъахон Алимӣ ҳамчунин қайд кард, дар шароити феълӣ боздоштгоҳу зиндонҳои кишвар шароити дурусте надоранд, ки бойис ба афзоиши ҳар гуна бемориҳо миёни маҳбусoн мегардад.

Ӯ гуфт, ҳатто ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандон аз болои ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон вобаста ба азобу шиканҷа ва беасос ба пушти панҷара кашида шудани пайвандонашон ба Кумитаи зидди азобу шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид шикоят бурданд. Аз ин рӯ роҳандозии протоколи мазкур зарурӣ ва сари вақтӣ аст.

Ёдовар мешавем, феълан, дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад, ки аз ин миён 62 нафарро наврасон ва беш аз 30 дарсади дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Хонадомод мегирад ин хонаро охир

Ҳукумати Қирғизистон бо мақсади ҳимоят аз мардуми худ андозро барои фурӯшандагони хориҷӣ дар қаламрави хеш 2 баробар зиёд кард ва бо ин эътирози тоҷирони хитоиро ба миён овард. Дар идомаи ин Қирғизистон бозори «Қарасу»-и шаҳри Ушро, ки ахиран қариб пурра ба дасти хитоиҳо гузашта буд, баст.

Ян Тсу Пин — раиси иттиҳоди соҳибкорони хитоӣ дар ҷануби Қирғизистон гуфтааст, ҳукумати Қирғизистон фаъолияти тоҷирони хитоиро то рафт маҳдудтар мекунад ва ин сабаб мегардад, ки ҳазорон нафар аз онҳо тадриҷан ба Тоҷикистон бикӯчанд. Ба гуфтаи вай андоз барои чиноиҳо дар Қирғизистон дар як соли охир 500% зиёд шудааст. Шароити кору иқомати хитоиҳо дар Узбакистон ва Қазоқистон низ хуб нест ва дар натиҷа Тоҷикистон ба меҳмонсарои роҳаттарини чиноиҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Дониёл Толонов, раиси Кумитаи муҳоҷират ва шуғли шаҳри Уши Қирғизистон гуфтааст, қоидаҳои нав ба ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишвар равона шудаанд. «Ягон тоҷири мо бо чиноиҳо рақобат карда наметавонад, зеро онҳо бо моли тамоман арзон мустақиман аз Чин таъмин мешаванд ва ҳукумати Чин аз онҳо андоз нагирифта, бо ин роҳ ташвиқ мекунад, ки бозори кишварҳои Осиёи Марказиро ба даст оранд. Мо наметавоанем, ба ин вазъият нигоҳ карда шинем.»

Ба гуфтаи Ян Тсу Пин дар ним соли гузашта зиёда аз 5 ҳазор тоҷири хитоӣ Қирғизистонро тарк карда, ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Дар Тоҷикистон муносибат ба хитоиҳо бадхоҳона нест. Ба ғайр аз тоҷирон наздик ба 10 ҳазор хитоӣ дар сохтмони роҳҳои ин кишвар кор мекунанд. Тоҷикон хитоиҳоро дӯст доштаанд ва пас садҳо духтари тоҷик бо онҳо издивоҷ кардааст. Дар чандин минтақаи Тоҷикистон хитоиҳо хонадомод мебошанд ва падарарӯсу модарарӯсони тоҷик аз онҳо хеле хушнуданд.

Дар ду соли гузашта се занозании калонмиқёс миёни ҷавонони тоҷик ва коргарони хитоӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар ҳамаи онҳо мақомоти давлат ва додгоҳ аз хитоиҳо ҳимоят карданд.

Вале дар ҳамин ҳол ҳукумати Чин шароити сафари тоҷирони тоҷик ва овардани мол аз Чин ба Тоҷикистонро барои онҳо мушкил кардааст. Қаблан агар садҳо соҳибкори тоҷик метавонист бе мушкил ба Чин сафар карда мол биёрад, аз 15 майи соли 2009 мақомоти Чин танҳо ба онҳое иҷозаи сафари Чин медиҳанд, ки аз Утоқи бозаргонии Чин даъватнома дошта бошанд ва ҳам далели он ки дар расмулҳисоби бонкияшон на камтар аз 800 доллар доранд.

Намояндагони Утоқи бозаргонии Чин ҳангоми додани даъватнома ба тоҷирони тоҷик хӯрдагирӣ мекунанд ва бо камтарин баҳона аз додани чунин даъватнома сар мепечанд. Инчунин бо сабаби бӯҳрони молиявӣ соҳибкорон дигар наметавонанд, аз бонкҳо ба андозаи зарурӣ қарз бигиранд. Ба гуфтаи шоҳидон мақсади мақомоти Чин ин аст, ки сафари тоҷирони тоҷикро коҳиш диҳанд. Ин ба навбаи худ ба афзоиши фаъолияти тоҷирони чиноӣ дар масири Чин–Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Моҳи гузашта мақомоти Чин ба даҳҳо тоҷири афғон, ки миёни Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон кор мекунанд, иҷозаи сафари Чинро надоданд, аниқтараш онҳоро аз посгоҳи марзии Қулма ақиб гардонданд.

Вазъи тоҷирони афғон, ки бахши умдаи онҳо аз тоҷикони афғонистонӣ мебошанд, бо вазъи хитоиҳо дар Тоҷикистон аз замин то осмон фарқ мекунад. Сари чанд вақт дар бозорҳои Тоҷикистон маъракаҳои «афғонқаппӣ» ҷараён гирифта, садҳо нафари онҳо боздошт ва ихроҷ мешаванд ва моли онҳо мусодира мегардад.

Муносибати мақомоти бозорҳо ба тоҷирони тоҷик низ ҳамвор нест, аммо хитоиҳо барои онҳо мисли писартағо ё хонадомод азизу мӯътабаранд. Бо ин ҳол аз эҳтимол дур нест, ки баъди қариб пурра зери бори тавлиди Чин мондани бозору фурӯшгоҳҳо, худи Тоҷикистон зери бори муҳоҷирони чиноӣ афтад. Зеро бо ташвиқу барномарезии ҳукумати Чин ин тоҷирону соҳибкорон ва роҳсозону ошпазҳо на танҳо мақсад доранд, фоидаи молӣ ба даст оранд, балки бо ҳар роҳ ки бошад, дар кишварҳои дигар боқӣ бимонанд ва муқим шаванд.

Тоҷикистон шояд ба муқобили малахи марокашӣ доруву даве дорад, аммо дар баробари малахи чиноӣ гумон аст, истодагарӣ карда тавонад. Сабаби асосӣ ин аст, ки чиноиҳо дар додани ришвати бузург ҳамто надоранд ва барои мақсадҳои дури хеш имрӯз қодиранд, ба қурбониҳои бештаре тоқат кунанд.

Дар Душанбе ба гову хар нафас харом шуд

govПарламенти Точикистон карор кард, ки акнун фурсате расидааст, Душанбе аз нав ба шахр табдил дода шавад. Бас аст, ки 17 сол боз ба як кишлоки бузург мубаддал гаштааст. Дубора бояд шахр ва пойтахт шавад.

Ба хамин максад парламенти Точикистон хукм кард, ки дигар дар Душанбе барои говхо, хархо, гусфандон ва гусолахо чой нест! Хатто агар харгуш хохад аз дасти гург дар Душанбе пинхон шавад, барояш панохгох дода намешавад.

Раиси парламент ва хамзамон мири Душанбе Мамасаид Убайдуллоев гуфтааст, дигар Душанбе чои говдорй нахохад буд.

Хосияти чамбаршохӣ ва чорвои кадони шохдор.

Факат як чиз номаълум мемонад, ки ин конун ба одамони говкалла, говхислат ва говсурату говрафтор ва ба одамони харфеъл, харсимо ва харсифат дахл мекарда бошад?

Бо максади аврупой шудани Душанбе конуни шахр ба сагхо ва гурбахо дахл намекунад. Ба парандагони кафасй, монанди бедонаву кабк ва булбулони хушхоне, ки аз минбари парламенту иттифоки нависандагону телевизюн ва харзаномахои ба ном мустакил дар хакки чооболй мадхия месароянд, хамчунин дахл нахохад дошт.