Хонадомод мегирад ин хонаро охир

Ҳукумати Қирғизистон бо мақсади ҳимоят аз мардуми худ андозро барои фурӯшандагони хориҷӣ дар қаламрави хеш 2 баробар зиёд кард ва бо ин эътирози тоҷирони хитоиро ба миён овард. Дар идомаи ин Қирғизистон бозори «Қарасу»-и шаҳри Ушро, ки ахиран қариб пурра ба дасти хитоиҳо гузашта буд, баст.

Ян Тсу Пин — раиси иттиҳоди соҳибкорони хитоӣ дар ҷануби Қирғизистон гуфтааст, ҳукумати Қирғизистон фаъолияти тоҷирони хитоиро то рафт маҳдудтар мекунад ва ин сабаб мегардад, ки ҳазорон нафар аз онҳо тадриҷан ба Тоҷикистон бикӯчанд. Ба гуфтаи вай андоз барои чиноиҳо дар Қирғизистон дар як соли охир 500% зиёд шудааст. Шароити кору иқомати хитоиҳо дар Узбакистон ва Қазоқистон низ хуб нест ва дар натиҷа Тоҷикистон ба меҳмонсарои роҳаттарини чиноиҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Дониёл Толонов, раиси Кумитаи муҳоҷират ва шуғли шаҳри Уши Қирғизистон гуфтааст, қоидаҳои нав ба ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишвар равона шудаанд. «Ягон тоҷири мо бо чиноиҳо рақобат карда наметавонад, зеро онҳо бо моли тамоман арзон мустақиман аз Чин таъмин мешаванд ва ҳукумати Чин аз онҳо андоз нагирифта, бо ин роҳ ташвиқ мекунад, ки бозори кишварҳои Осиёи Марказиро ба даст оранд. Мо наметавоанем, ба ин вазъият нигоҳ карда шинем.»

Ба гуфтаи Ян Тсу Пин дар ним соли гузашта зиёда аз 5 ҳазор тоҷири хитоӣ Қирғизистонро тарк карда, ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Дар Тоҷикистон муносибат ба хитоиҳо бадхоҳона нест. Ба ғайр аз тоҷирон наздик ба 10 ҳазор хитоӣ дар сохтмони роҳҳои ин кишвар кор мекунанд. Тоҷикон хитоиҳоро дӯст доштаанд ва пас садҳо духтари тоҷик бо онҳо издивоҷ кардааст. Дар чандин минтақаи Тоҷикистон хитоиҳо хонадомод мебошанд ва падарарӯсу модарарӯсони тоҷик аз онҳо хеле хушнуданд.

Дар ду соли гузашта се занозании калонмиқёс миёни ҷавонони тоҷик ва коргарони хитоӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар ҳамаи онҳо мақомоти давлат ва додгоҳ аз хитоиҳо ҳимоят карданд.

Вале дар ҳамин ҳол ҳукумати Чин шароити сафари тоҷирони тоҷик ва овардани мол аз Чин ба Тоҷикистонро барои онҳо мушкил кардааст. Қаблан агар садҳо соҳибкори тоҷик метавонист бе мушкил ба Чин сафар карда мол биёрад, аз 15 майи соли 2009 мақомоти Чин танҳо ба онҳое иҷозаи сафари Чин медиҳанд, ки аз Утоқи бозаргонии Чин даъватнома дошта бошанд ва ҳам далели он ки дар расмулҳисоби бонкияшон на камтар аз 800 доллар доранд.

Намояндагони Утоқи бозаргонии Чин ҳангоми додани даъватнома ба тоҷирони тоҷик хӯрдагирӣ мекунанд ва бо камтарин баҳона аз додани чунин даъватнома сар мепечанд. Инчунин бо сабаби бӯҳрони молиявӣ соҳибкорон дигар наметавонанд, аз бонкҳо ба андозаи зарурӣ қарз бигиранд. Ба гуфтаи шоҳидон мақсади мақомоти Чин ин аст, ки сафари тоҷирони тоҷикро коҳиш диҳанд. Ин ба навбаи худ ба афзоиши фаъолияти тоҷирони чиноӣ дар масири Чин–Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Моҳи гузашта мақомоти Чин ба даҳҳо тоҷири афғон, ки миёни Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон кор мекунанд, иҷозаи сафари Чинро надоданд, аниқтараш онҳоро аз посгоҳи марзии Қулма ақиб гардонданд.

Вазъи тоҷирони афғон, ки бахши умдаи онҳо аз тоҷикони афғонистонӣ мебошанд, бо вазъи хитоиҳо дар Тоҷикистон аз замин то осмон фарқ мекунад. Сари чанд вақт дар бозорҳои Тоҷикистон маъракаҳои «афғонқаппӣ» ҷараён гирифта, садҳо нафари онҳо боздошт ва ихроҷ мешаванд ва моли онҳо мусодира мегардад.

Муносибати мақомоти бозорҳо ба тоҷирони тоҷик низ ҳамвор нест, аммо хитоиҳо барои онҳо мисли писартағо ё хонадомод азизу мӯътабаранд. Бо ин ҳол аз эҳтимол дур нест, ки баъди қариб пурра зери бори тавлиди Чин мондани бозору фурӯшгоҳҳо, худи Тоҷикистон зери бори муҳоҷирони чиноӣ афтад. Зеро бо ташвиқу барномарезии ҳукумати Чин ин тоҷирону соҳибкорон ва роҳсозону ошпазҳо на танҳо мақсад доранд, фоидаи молӣ ба даст оранд, балки бо ҳар роҳ ки бошад, дар кишварҳои дигар боқӣ бимонанд ва муқим шаванд.

Тоҷикистон шояд ба муқобили малахи марокашӣ доруву даве дорад, аммо дар баробари малахи чиноӣ гумон аст, истодагарӣ карда тавонад. Сабаби асосӣ ин аст, ки чиноиҳо дар додани ришвати бузург ҳамто надоранд ва барои мақсадҳои дури хеш имрӯз қодиранд, ба қурбониҳои бештаре тоқат кунанд.

«Ташаккур, амаки Аврупо, боз яктои дигар бидиҳед…»

Онгуна ки устодам Тоҷвар ба ман ёд додааст, яке аз вазифаҳои торнигори «Андеша» коштани тухми шубҳа дар дилҳои шумост. Зеро танҳо тардид аст, ки ба дидани чанд қадам онсутар имкон мекушояд.

Агар фардо шунидед ё хондед, ки сафари раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо хеле муваффақона буд, як зарра шубҳа кунед. Ҳатто агар арқому адади бузургеро дидед, боз ҳам набояд дафъатан бовар кунед, ки Аврупо ба Тоҷикистон сармояҳои ҳангуфте хоҳад дод.

Гап сари ин аст, ки бар тибқи қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳама гуна кӯмакҳои молии мустақими он ба Тоҷикистон ғайриқонуниянд. Барои он ки қарордоди чаҳорчӯбавии ду тараф, ки дар соли 2004 ба имзо расид, ҳанӯз аз ҷониби порлумони Юнон тавсиб нашудааст. Ин ягона кишвар аст, ки тасвиби қарордодро ба дарозо мекашад ва то замоне ки ин мушкил ҳал нашавад, Иттиҳодияи Аврупо метавонад, танҳо ба воситаи ниҳодҳои савум ба Тоҷикистон мадад расонад. Он ҳам танҳо кӯмакҳои башардӯстона, ки ба ҳайси грант ба созмонҳои дигар дода мешаванд, ба ин шарт ки онҳо ин кӯмакро ба Тоҷикистон бирасонанд. Ҳеҷ гуна сармоягузории расмии худи Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон имконпазир нест, то он рӯзе ки порлумони Юнон қарордоди пояиро ба тасвиб расонад.

Дар ин ҳолат, табъан қисми зиёди кӯмакҳо ба Тоҷикистон нарасида «обу лой» мешаванд ва бақияаш дар худи кишвар ба соҳаҳои зарурӣ ва одамони мӯҳтоҷ нарасида, ба самти кисаҳои чапи мансабдорон ҳаракат мекунад. Чунки созмонҳои миёнарав ва асосан фасодзада ба фасоди ҳукуматдорони Тоҷикистон эътибор намедиҳанд.

Акнун тасаввур кунед, ки дар турнеи аврупоии ҷаноби Раҳмон асосан ваъдаҳои калон садо доданд, аммо амалӣ гаштани онҳо зери суъол аст. Шояд мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо умедворанд, ки Юнон ба зудӣ аҳдномаи соли 2004-ро ба тасвиб хоҳад расонд, вале коре ки дар ин қадар сол нашуд, чаро бояд имрӯз бишавад?

Эмомалӣ Раҳмон ба сафари Аврупо бо худ 63 нафарро оварда, мансабдорони аврупоиро дар ҳайрат гузошт. То ӯ ягон президент бо ин теъдод «обҷонамозкашонҳо» сафар накарда буд. Хуб аст, ки харҷ аз кисаи мизбон буд, аммо даргумон аст, ки ин «ҳирс» ба аврупоиҳо хуш омада бошад. Худи раҳбарони Аврупо асосан бо афроди камтар ва гоҳе ҳатто дар ҳавопаймоҳои муқаррарӣ сафар мекунанд. Бархе аз онҳо ба ҷои кораш — Кохи президентӣ бо дучарха (велосипед) меравад.

Сӯҳбати ӯ ошкору ниҳон асосан аз як чиз иборат буд: ба мо кӯмак кунед, мо бароятон муҳим ҳастем. Пулатонро дареғ надоред. Ва ҳатто як миқдор шантаж — агар пул намедиҳед, террористҳо ҷазои шуморо хоҳанд дод. Сухани комилан ғайридипломатӣ, ки аврупоиҳои пуртакаллуф ва нозуктабъро ба ваҳшат овард. Латифае ҳаст, ки ҳамаи сарони давлатҳо дар толоре сӯҳбат доштанду ногаҳон Бен Лодани ришдору салладор ба он ҷо даромад, президентҳо баробар худро зери миз баҷо карданд. Пас аз лаҳзае, худи Усома ҳам бо туфанги калашниковаш паҳлуи онҳо зери миз даромад ва худро пинҳон кард. Президент Буш ҳайрон шуду ба Усома гуфт, «мо ку аз ту тарсида, ин ҷо пинҳон шудем, ту аз чӣ тарс хӯрдӣ?. Вай ба боло ишора кард ва президентҳо аз зери миз нигоҳ карданду диданд, ки дар пеши дар акаи Эмомалӣ истодааст. Усома гуфтааст, безор кард, боз пул мепурсад…

Ба ҷои пул, агар Раҳмон аз аврупоиҳо мехост, ки навтарин фанновариҳои худро аз Тоҷикистон дареғ надоранд, вокуниши онҳо ба гунаи дигар мешуд. Ва ё ба ҷои нақдина аз онҳо мехост, ки ҳар сол 10 ҷавони тоҷикро бо таҳсили бепул дар донишгоҳҳои худ фаро гиранд, 27 кишвари Аврупо соле 270 мутахассиси арзанда ба Тоҷикистон ҳадия мекард. Ҳеҷ не, мегуфт, аз Тоҷикистон муҳоҷири корӣ қабул кунанд, зеро Русия квотаро кам кардааст. Аммо афсӯс…

Амакие ба як кӯдак дар кӯча себе медиҳад. Модари кӯдак мегӯяд, «хуб, дар ҷавоб ба амакаш чӣ бояд гуфт?» Кӯдак мегӯяд, «боз яктои дигар дидҳед…» Албатта, раҳбари мо беҳтар буд, зеро аввал ташаккур гуфт ва танҳо баъд инро ки «боз диҳед.»

Хулоса, сафаре буд, ки даргумон аст, аз раҳбари тоҷикон ба аврупоиҳо таассуроти олӣ боқӣ гузошта бошад ва гумон аст, ба зудӣ барои мардуми тоҷик беҳбудеро ба вуҷуд оварад. Вале шояд чизҳое дар паси дарҳои пӯшида ё пушти пардаҳо рух дода бошад, ки мо надонем. Локин умдатан чунин чизҳои пасипардагӣ на ба манфиати мардуми оддии кишваранд.

Ба дифоъ аз Латифи Пидром бархезед!

Мурочиатнома

Иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби миллигарои «Афғон миллат» ва гурўҳҳои тундрави дигар дар содир кардани ҳукми қатл барои шоир ва донишманди тавонои Афғонистон ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидром, ки 15 сол боз узви раёсати Ҷамъияти байналмилалии «Пайванд» низ ҳаст, иқдоме бар зидди як шахс нест, балки иқдомест басо хатарнок бар зидди як ҷараёни бузурги равшанфикрй, тозаандешй ва навсозию навоварй.

Илова бар он эъломи ҷоизаи 200 ҳазор доллар барои «овардани сари Латифи Пидром», ки аз он бўйи террор, ваҳшоният ва хушунати бемисл бо таъбирҳои асримиёнагй меояд, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, то дар амал бар эҷоди терроризм ва ҳомиёни пиҳону ошкори ин ҷараёни махуф мавзеъгирй намояд.

Мо мутаинем, ки агар пеши роҳи ин ҷараён гирифта нашавад, қатъан он бар алайҳи дигар чеҳраҳои равшанфикри Афғонистон ва ҳатто берун аз он ҳам равона хоҳад шуд.

Аммо дар ин миён сукути мармузи давлати расмии Афғонистон ва ҳомиёни ғарбии он (ки фалсафаи ҳузурашон дар Афғонистон мубориза бо терроризм аст) бисёр нигаронкунанда мебошад.

Бинобар ин мо бо судури Қарори мазкур тақозо мекунем:

  1. Ҳукумати ҶИА мавзеи расмии худро дар қиболи ҳизби миллии «Афғон-миллат» ва Ҷиргаи ҷавонони вилояти Пактиё ва бозаргонони Пактико эълом ва таъмини амнияти ҷони Латифи Пидромро расман кафолат диҳад.

  2. Аз порлумони ҶИА пурсида мешавад, ки ба ин қазия расидагй кунад.

  3. Кишварҳои ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон, Канада ва соири ҳомиёни ҶИА ва ҳомиёни мубориза бо терроризм дар ҷаҳон мавзеи худро дар баробари ин амали ҳизби «Афғон Миллат» ва ҳомиёну ҷонибдорони он ки даъвати ошкор ва ҳатто сармоягузорї барои терроризм аст, муайян кунанд.

  4. Ба Шўрои Амнияти СММ пешниҳод карда шавад, ки ҳизби «Афғон миллат»-ро ҳамчун ҳизби ифротй ва ҳомии терроризм эътироф намояд.

  5. Ба сарони кишварҳои узви СҲШ пешниҳод карда шавад, ки дар иҷлоси қарибулвуқўъи созмон дар Душанбе (28 августи соли 2008 ) мавзўъи расидагй ба таассуботи қавмй дар Афғонистонро ба ҷаноби Ҳомид Карзай гўшзад кунанд.

  6. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ, Созмони хабарнигорони бидуни марз ва дигар созмонҳои марбута дар сари вақт иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби «Афғон миллат» – ро маҳкум ва ҳимояти худро аз Латифи Пидром эълом намоянд.

  7. Аз Анҷумани «Пайванд», ки Латифи Пидром 15 сол боз узви он аст, даъват мешавад, ки аз ин узви анҷуман ҳимоят ба амал орад.

  8. Аз Давлати Тоҷикистон дархост карда шавад, ки то ҳал шудани қазия ба Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсй фароҳам кунад.

Мўъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон

Муҳаммадҷон Шакурй, академик

Ҷўрабек Назрй, узви вобастаи АУ

Маҳмадова Меҳрй, номзади илми фалсафа

Равшан Ёрмуҳаммад, нависанда

Ҳикмат Раҳмат, шоир

Султони Ҳамад, нависанда

Абдуғафори Камол, рўзноманигор

Тилло Некқадам, рўзноманигор

Нилуфари Собир, рўзноманигор

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, рўзноманигор

Маҳҷуби Кифтон, рўзноманигор

Нуралй Давлат, рўзноманигор

Мавзунаи Муҳаммадалй, рўзноманигор

Мушкиниссо Асозода, рўзноманигор

Абдуфаттоҳи Воҳидзода, рўзноманигор

Баҳриддин Нодиров, рўзноманигор

Умари Давлат, рўзноманигор

Ҷаҳонгири Султон, рўзноманигор

Толибшоҳи Сайидзода, рўзноманигор

ва дигарон.