Ҳабси донишомузон дар Мисри араб

MisrФикр намекардам, ки тоҷикро дар Миср ҳам зада-зада ба кунҷи маҳбас мепартоянд. Аммо воқеъият ҳамин хел будаааст. Нерӯҳои амниятии Миср даҳҳо донишомӯзи мусалмон — шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Фаронса ва Бритониёро, ки барои омӯзиши дини ислом ба ин кишвар омадаанд, боздошт кардаанд.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Ал-Азҳар, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар як изҳорот ба унвони мақомоти дипломатии Русия дар Қоҳира навиштаанд, ҳамла ба донишомӯзон шаби 26 ба 27-уми май ба амал омад.

Онҳо дарро мекӯфтанд ва агар дар дафъатан боз карда намешуд, онро шикаста, ваҳшиёна ба сокинони манзил, ҳатто занон ва кӯдакон дармеафтоданд.»

Ошкор гаштааст, ки ҳабси шаҳрвандони хориҷӣ ба шеваи бераҳмона, бо латукӯби донишҷӯён ва мусодираи амволи шахсӣ, аз ҷумла ройонаҳо ва китобу дафтари онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Яке аз онҳо, шаҳрванди Русия, Ҳамид Алхазуров ба Шабакаи аввали телевизюни Русия аз тариқи телефони дастияш гуфтааст, боздоштшудагон дар шароити сангине ба сар мебаранд. Дар як ҳуҷраи хурд зиёда аз 50 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ҳавои он хеле гарм аст, ба беморон кӯмаки тиббӣ расонда намешавад.

Ҳадаф аз амалиёт гӯё «тафтиши аснод ва таъини ҳувияти шаҳрвандони хориҷӣ» будааст, вале дар асл як «аблаваи арабӣ» ба роҳ монда шудааст, то шаҳрро тоза кунанд.

Юсуф Абакиров, ноиби консули Русия дар Миср гуфтааст, «феълан дар ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ шуда, ҳазорон нафари шубҳабарангез, на танҳо хориҷиён, балки худи мисриён низ боздошт шудаанд.» Вале вай афзудааст, ҳамаи шаҳрвандони Русия дар Миср қонунӣ ба сар мебаранд ва ба ягон рафтори ғайриқонунӣ роҳ надодаанд.

Мақомоти Миср дар шарҳи амалкарди нерӯҳои амниятияшон изҳороте нашр накардаанд, вале бархе аз коршиносон ин амалиётро ба ташдиди чораҳои амниятӣ дар арафаи сафари президенти Амрико, Барак Обама ба Қоҳира бастагӣ додаанд.

То ҳол танҳо Вазорати умури хориҷии Русия дар як ёддошти расмӣ аз мақомоти Миср талаб кардааст, қазияро шарҳ диҳанд ва фавран шаҳрвандони Русияро озод кунанд. Мақомоти дипломатии кишварҳои дигар то ҳанӯз ба ҳодиса вокунише нишон надодаанд, зеро онҳо мисли ин ки «мол»-и бесоҳибанд. Маълум мешавад, тоҷикро на танҳо мардикораш ва на танҳо дар Русия, балки ҳамааш дар як кишвари исломӣ ҳам ҳадафи бадрафторӣ қарор мегирад.