Қонун барои элита

Рӯзбеҳи ДОДБЕҲ «Нигох» №35 19.11.09.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумӣ набуда, аз манфиатҳои ин мардум пуштибонӣ карда наметавонад, зеро он «Қонун барои элита»-ҳост, барои элитаи сарукалобааш гуми тоҷик.

Қонуни демократй

Чанде пештар Қонуни 22-юми июли соли 1989, таҳти рақами 15, ки Совети Олии РСС Тоҷикистон қабул намуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд ва Қонуни нави забон, ки бояд кайҳо рӯи кор меомад, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гашт ва мавриди амал карор гирифт.

Аз нигоҳи худи Қонун, он «вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро танзим мекунад», Дар баробари ин, дар боби 1-ум, сархати 2-юм омадааст: «Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад», ки ин, аллакай, ба дарди ҳамагон, махсусан, ба дарди оне, ки парвардаи миллати таҳҷои асту ин замину обу ҳаворо дӯст медорад ва худро фарзанди ин халқи тӯли садсолаҳо азияткашида медонад, намехӯрад. Чунки Қонун иҷозат медиҳад, ки дар кӯчаву паскӯча, бозору мағоза, ҷойҳои ҷамъиятӣ, чӣ тавре ки хоҳед ва бо кадом забоне, ки хоҳед, сӯҳбат кунед.

Шаклан Қонуни мазкур демократӣ аст, аммо ба назари банда, барои рушди забони миллӣ монеа ба вуҷуд меорад, тавре ки қаблан буд, яъне мақоми забон ҳамон хел боқӣ хоҳадмонд.

Дар моддаи 3- юм, дар сархати аввал чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -забонитоҷикӣ аст». Маъмулан, дар ин бора зиёд гуфтанду зиёд навиштаанд, ки чунин забон, яъне забони тоҷикӣ вуҷуд надошт ва онро забони форсӣ мегуфтаанд, аниқтараш, гуфтаанд ва ман метавонам садҳо мисол орам, ки ифодагари андешаи форсӣ будани ин забон бошад, аммо чун доманаи баҳс ба дарозо мекашад, аз гуфтани ин нукот худдорй менамоям.

«Забони тоҷикӣ» дар ҳеҷ куҷо нест

Аммо ин нуктаро хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар ҳолати аз адабиёту ториху фарҳангу улуми гуногуни муштаракамон бо эрониён ва тоҷикони Афғонистони фарогири асрҳои V-II-и пеш аз милоди Масеҳ, манзурам, фарханги форсии бостон, фарҳанги форсии миёна, фарҳанги паҳлавӣ ва фарҳанги вуруди ислом ба ин сарзамин, то давраи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва, ҳатто, то асри XVIII даст бикашем ва ба домони замони Аҳмадм Дониш, Мирзо Сироҷ, Шоҳин, Ҳайрату пасомадаҳо (то аввали садаи 20) даст бизанем, ҳам дар ҳеҷ ҷое ба ибораи «забони тоҷикӣ» во нахоҳем хӯрд.

Аммо ин забон бо номи забони форсии Мовароуннаҳр, забони форсии бухороӣ дар сарчашмаҳо ва гуфтаҳои бузургон, монанди аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Шоҳин, Садри Зиё зиёда вомехӯрад. Аҳмади Дониш менависад: «Ӯ бо лисони русӣ ҳарф мезаду ман бо лисони форсӣ, мо ҳамдигарро намефаҳмидем», ин як ҷумлаест аз «Наводир-ул-вақоеъ», ки иқтибос аз сӯҳбат ҳангоми сафари Петербургии аллома байни ӯ ва фойтунрони рус мебошад. Ва аммо халқияти тоҷик буда ва он танҳо ба тоҷикони Варорӯд вобаста набуд ва ҷуғрофиёи хеле васеъ дорад. Оғози он агар Байнаннаҳрайн бошад, поёни он лаби баҳри Хазару сохилҳои Арал, қаторкӯхҳои Олой ва Помир будааст.

Пас, ин гуна забон бо номи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳе набудааст ва мо хоҳем, нахоҳем, ин забони форсии хуросонӣ ва форсии мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо он қабл аз мо эҷоди илму адаб шуда, моро ба ҷаҳониён шиносондааст.

Дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро надидаам, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй, Носири Хисрав то Нақибхони Туғрал аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар хама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Наход, ин бандро вакилони Маҷлиси Оли кабул намуда бошанд? Агар ҳа, пас, ин вакилон аз фарҳанги форсӣ воқеан бехабар ва ё тарбиятдидаи фарҳангу тамаддуни халқи дигаранд?

Забони форсӣ ва СММ

Баъдан, аз рӯзе, ки инқилоби исломӣ дар Эрон ғалаба намуд, баробари баҳисобгирифтани тоҷикони Ҳиндустону Покистон, Чину Тоҷикистон, Афғонистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, ҳатто, тотҳои Доғистон ва аллониҳои Осетия ва толишҳои Озарбойҷон, донишмандони эронӣ даъво доранд, ки забони форсӣ низ яке аз забонҳои қудратманд буда, он бояд яке аз забонҳои Созмони Миллали Муттаҳид бошад.

Ва ҳоло ман бар он андеша мекунам, ки магар, дар ҳоле ки даъво барои забони муоширату ҷаҳонӣ гардидани забони модарии мо, манзурам, забони форсии варорудӣ, худро ҷудо намудан ва номи базӯрӣ гузоштаи собиқ «хоҷагонамон»-ро фаромӯш нанамудани мо, шикасти ин миллат нест? Ба назарам, ҳамин тур аст.

То ҳанӯз шогирдони В.С. Расторгуева ва дигару дигарҳо будани худро исбот менамоем ва дар мурдобчаи сохтаи онҳо, ки хеле танг ва обаш гандида аст, шино мекунем. Чаро баҳри азими форсиро намебинем ва чарову аз чӣ сабаб худро нодида мегирем?

Дар моддаи 2- юм омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст». Кас ба ҳайрат меояд: Қонун қабул мекунем, аммо то имрӯз «Қонуни асосӣ»-ро бо ду ном интишор менамоем ва онро Конситутсия ва дар қавсаин Сарқонун менависем.

Дар ҳоле ки маҳз дар Қонуни забон, ки он бо истифода аз имлои забони мо сохта шудааст, бояд яке аз ин вожаҳо қабул мегашт ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мефаҳмид, ки «Қонуни асосй»-ашро бо юнонӣ «Конститутсия» номад ва ё бо лафзи ширину равонаш «Сарқонун».

Баъдан, дар моддаи 11, банди 2-юм омадааст: «Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар сурат мегирад». Ин ҷо бояд забонҳои байналмилалӣ: русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ номбар карда мешуд ва ибораи «забонҳои дигар» дар чанд моддаи дигари ин Қонун низ истифода шудааст. Ба назарам, ин мантиқӣ нест, чун забонҳо дар рӯи ҷаҳон хеле зиёданд ва дар Қонун (!) бояд номуайянӣ набошад.

Тазъйиковартарин модда, ба назарам, моддаи 13-ум аст, ки дар банди аввали он омадааст: «Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад», дар банди дуюми ҳамин модда, ки ба асоси банди аввали он хатти батлон мекашад ва маънии банди аввалро батамом гум мекунад ва агар боз ҳам дагалтар гӯем, онро чун тимсоҳ фурӯ мебарад, омадааст: «Эълону рекламаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд». Намедонам, дар кишваре, ки куюми асосии он бо забони тоҷикй, манзурам, ҳамон забони форсии варорудӣ ё мовароуннаҳоӣ гап мезанад, реклама ба забонҳои дигар ба кӣ лозим аст? Ин ҷо, албатта, бояд ба касоне, ки ширкатҳои бузурги рекламадиҳандаро ба бозоргир будани реклама, ба қавле, бо забонҳои дигар, мутақоид сохтаанд, қоил шуд.

Бояд пеши онҳо даст бардошт ва гуфт: «Офаринатон бод!!!». Чӣ тур тавонистед, ки, хатто, ба депутатҳои тоҷик ин фикри ботилро талқин кунед?! Аз он забони давлатӣ чӣ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки, ҳатто, молро дар бозор ба забони дигар пешниҳод мекунанд? Ба масал, инро метавон ба харбузафурӯшии ҳамон тоҷик монанд кард, ки дар бозори лекин молашро «асал барин ширин» гӯяд.

Баъдан, андеша чунин аст, ки дар ҳолати амал намудани забонҳои дигар, дар шаҳрҳои бузург ва шаҳрҳои музофотию шаҳракҳо, умуман, тағйироти кироиё нахоҳад шуд ва рекламаҳо, чуноне ки буданд, хамон тавр хоҳанд боқӣ монд. Нуктаи дигар он аст, ки худи вожаи «реклама»-ро бояд ба «навидҳои бозоргонӣ» ё «пайёмҳои бозоргонй» иваз намоем ва ҳеҷ ҳоҷат ба вожаи ғайрро истифода бурдан нест, чун дар таркиби забони мо ибораи ин маъниро медода вуҷуд дорад.

Моҷарои «у»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ

Мо доир ба «у»-и дарозу «у»-и кӯтоҳ ва «у»-и мобайн ҷанг мекунем, ҳамдигарамонро носазо, саҳфаҳои рӯзномаамонро аз дашноми ҳамдигар пур мекунем, ба рӯи якдигар туф мекунем, аммо дар паҳлӯямон ба забони мо ба воситаи ҳаммиллати миллатгумнамудаи мо фишор меоранд ва вожаю ибораҳои нодаркорро ба сари мо бор мекунанд, ки аз туркию ӯзбекӣ, русию яҳудй ва дигару дигарҳо иборат аст ва ин кор низ аз ҷониби нафароне рӯй медиҳад, ки аз фарҳангу тамаддуни ҳазору чандсолаи мо бехабаранд, хомӯшем.

Чун имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезанӣ, гумон мекунӣ, ки дар Туркиё, Ӯзбекистон, Русия ва Инглистон гаштай. Баъдан, аз но фаҳмию беақлии мутахассисони рекламадиҳанда ва рекламақабулкунанда низ, ки ҳеҷ сареву сарваре надоранд, рекламаҳое «зеб»-и шаҳри мо гаштаанд, ба забони мо, ки ба назари «чиновник»-ҳои мо, аз афти кор, «камбағалу қашшоқ» менамояд, рекламаҳои ғайритоҷикие, монанди Метро, Москвичка, Русия, Ойдин, Истамбул, Абрикол, Арбат ва ғайра ворид гашта, забонамонро «ғанӣ» гардонидаанд.

Пас аз чанде гумон мекунам, мегӯем, ки ин вожаҳо хоси забони модарии моянд ва бояд бошанд, чунки онҳо халқй гаштаанд.

Аҷибии кор дар он аст, ки вожаи «работ», ки аслаш арабӣ аст, ба воситаи тоҷикон ва эрониёни савдогар ба Маскав рафта, номи маҳаллии «Арбат»-ро гирифтааст, яъне вожаи русӣ гаштааст. Ин вожаи ба воситаи савдогари тоҷик ба ин кишвар рафта баъди гузаштани асрҳо ба сарзамини мо баргашт ва мо худро донандаи хуби забони русӣ мехонему бе ин забон худро тасаввур карда наметавонем. Бехабар гирифтани Фарҳанги русии оқоёни Дал ва Ожегов, ки ба забони чиновникҳои мо «Толковий словар» аст, онро «Арбат» гуфтем ва мағозаю тарабхонаамонро дар роҳи Ҳисор-Душанбе чунин ном гузоштем.

Ман бо боварй гуфта метавонам, ки то ин дам ба маънии ин вожа на нафаре, ки дар шаҳрдории мо дар идораи номгузорӣ кор мекунад сарфаҳм мерафту на соҳиби он, вагарна ҳамон вожаи маъмулии работро, ки тоҷикӣ шудааст, мегузошту ҷони ҳама халос мешуд. На мо менавиштему на шумо механдидед.

Дар ҳолати донистани маънии вожа, пас, ин таҳқири соҳибзабон ва кулли миллат аст, на бешуна кам. Рекламаҳои телефонҳои мобилй, ки дар кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанду ба воситаи ВАО бозгӯ мешаванд, ба забони ғайритоҷикй буда, дар дуртарин нуқоти ҷумҳурии соҳибистиқлол ба назар мерасанд. Ҳатто, агар ба муассисаҳои мазкур занг зада, ба забони давлатӣ чизеро пурсед, беистиҳола, ба шумо бо забонҳои ғайр ҷавоб медиҳанд ва агар шумо, ба қавле, дурусттар талаб намоед, гӯширо мегузоранд. Сабабаш ҳамоно банди дуюми ҳамин Қонун аст. Ҳамин гуна рафторро дар кулли мағозаҳои бузурги пойтахту шаҳри Хуҷанд низ дидан мумкин аст.

Марҳамат ба мағозаҳои «Волна», «Техносила» ва ғайра, ки, ҳатто, аз номи тоҷикй гузоштан соҳибони он шарм доштаанд. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки сабаби ҳамаи ин ҳамоно банди дуюми Қонуни мазкур аст, ки дар собиқ Қонуни забон бо номи «забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо» дониста шуда буд ва бо тағйироти камубеш дилрабо ва чашмрас ба мардум пешкаш гаштааст.

Пас ин ҷойи Қонуни номбурда ва чанд ҷойи дигари он, ки ибораи «забонҳои дигар» омадааст, ҳамоно забони русй аст. Мавқеи он аззабони ба ном давлати шудаи мо, баландтар аст. Шояд, як сабаби аз вожаи «форсӣ» рӯй гардонидани депутатҳои халқӣ, ки ба халқй буданашон, маъзур доред, ҳеҷ бовар надорам ҳамин нукта бошад. Баъдан, нуктаи дигареро бояд гуфт, ки аксари кулли ин «шоҳмардони халқй» фарзандон ва набераву абераи худро дар мактабҳои русиву туркӣ ва инглисй ба таҳсил додаанд ва ё дар хонаҳояшон устодони махсусе ин забонҳоро ба пайвандонашон меомӯзанд.

Аз ин рӯ, ин Қонун – Қонуни халқӣ не, балки «Қонун барои алита» аст. Ва ахиран, бегоҳии 22-юми октябри соли 2009 бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Дмитрий Медведев пресс-конфронс баргузор шуду онро аз тамоми шабакаҳои Русияву Тоҷикистон намоиш доданд. Нашрияҳои воҳимачии русӣ, ки қаблан мегуфтанд: «Эмомали Рахмон выдворяет русский язык» (Эмомалӣ Раҳмон забони русиро меронад) навиштанд: «Медведев вернул русский язык Таджикистану» (Медведев забони русиро ба Тоҷикистон баргардонд).

Ба назарам, ин бори дигар исбот кард, ки қабули Қонуне бо номи «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» фиреби назар буд ва то ҳанӯз мо ҳисоботдихандае дар назди «бародари бузург» хастем ва боз кӣ медонад, ки то кай хоҳем буд? Чӣ гуфтед, нухбагон, э, мебахшед, элитаҳо?

Advertisements

НОН

Зафари СУФЙ «Озодагон» №45 12.11.09

Мабод он руз, ки аслитарин хуроки точик кимат шавад

Боридани борон ва сард шудани хавои тирамохи боиси 3 соат катъ гаштани барки дар кишвар шуд. Ин чо коре ба сабабу омили ин катъи барк, ва изхороти расмиву овозахо надорам.

Маро чизи дигаре сахт норохат кард. Шомгохи хамон рузе, ки барк, кать шуд, дар бозорчахои махаллахои 103, 84 ва82 нон набуд. Мачбур шудам то макони аслии нонфурушон дар пойтахт, яъне бозорчаи махаллаи Карияи боло равам. Аммо дар ин чо хам нон набуд ва ду чавонзани нонфуруш мунтазир буданд, ки барояшон нон меоранд. Мо хам интизор шудем ва хангоме, ки дар аробае нон оварданд, яке аз он ду чавонзан гуи Пан Ги Мун бошад, бо карру фарр ва дагалона шуруъ ба «кор» кард. У бидуни хеч мукaддима нархи нони як сомониро дуву ним сомонй эълом намуд. Гуфтам бало ба пасаш, мухим тифлаконам гурусна набошанд. Аз суй дигар, охир иктисоди бозорй, ки шуд бардорад зам кардан дорад! Чахор дона нон харидам ва рахо-рах, фикре маро азоб медод.

Ин чавонзани пустгафси пурру бидуни хич тарсе аз Худо ва риояти бандагони Худо нархро саду панчох, фоиз баланд карда буд. Аммо касе чизе нагуфта бо кашокашу шитобкорй нонро мегирифт.

Онхо мисли каргасе буданд, ки ба туъма чангол мезанаду онро мебардорад. Аммо оё ниходе хает, ки аз фалокат ва ё тасодуф суистифода кардани фурушандахоро назорат намояд? Оё мо метавонем аз хакки худ дифоъ намоем? Агар Худо нахоста фардо катъи барк, бештар шавад оё кй бояд амният ва нархи собит ё дастраси гизои асосии мардум, яъне нонро таъмин ва тазмин кунад?

Хич чиз дар фарханги мо чои нонро наметавонад бигирад. Ба назар мерасад нон як чузъи чудонопазири мавчудияти мост. Точик хама чиз надошта бошад хам бояд нон дошта бошад. Точик хатто нонро бояд бо нон бихурад, вагарна серии шикамашро эхсос намекунад, аз гизои хурдааш лаззат намебарад. Магар надидаед, ки чи гуна порахои нони курутобро бо пораи нон гирифта нуши чон мекунем? Магар палавро ба воситаи порахои нон гирифта хурдани хаммилатонамонро гувох, набудаед? Бале точик, ин сабуртарин миллати дунё, бояд хама чизро бо нон бихурад.

Нон аз як тараф ифодагари сатхи суботи зиндагй бошад аз суй дигар масрафи зиёди он нишони кашшокй аст. Кишваре, ки мардумаш бо нон таъмин аст, дар хисоботи созмону ниходхои байнулмилалй, ки худ тарвичгари кашшокй хастанду зери пушиши мубориза бо факр амал мекунанд, аз сафи кишвархои кашшок берун меояд.

Аз суй дигар масрафи нону чой ва ё ба таъбири мардумй чою чапотй нишони зиндагии «аз гурусна гуруснатар» аст. Холо чй микдор мардумй точик бо чою чаппотй ё нону чой субхро ба шому шомро ба субх, мерасонад бояд ниходхои дахлдор барраси карда ба ин ЧАРО посух бичуянд. ЧАРО точик чунин шуд?

Мисраъхои шоири шодравон Кайсари Аминпур ёдам меояд, ки аз кафторро ба кафтар табдил кардани як тафовути сода дар харф дили нозукаш ба дард омадаву басуз мегуяд:

Бояд ба бетафовутии вожахо
Ва вожахои бетафовуте мисли нон дил баст,
Нонро аз хар тараф бихонй нон аст.

Вале ман ба вожзи нон дил бастан намехохам. Зеро дар кишвари мо дил бастан ба чизе хатар дорад. Яъне агар фардо барк, ба иллати кадом мушкили фанни барои чанд соат катъ шавад нонфурушон ба сарам бадбахтй хоханд овард. Бехтар аст аз фарханг ва руйхати гизохо хамин нонро берун кунам.

Шояд он вакт ними шахрро барои пайдо карданаш давр задан дигар лозим намешавад. Охир дар тамоми дунё мардум бештар гушт ва гизо мехуранд, пас чаро мо чунин накунем? Албатта метавонед бипурсед, ки вакте аз киматии нон ин кадар дар хавотир хастам, хатман, ки барои гушти зиёд ва доим гизо хурдан маблаг надорам? Аксиома хам дар хамин чост, ки мо мисли хич миллати дунё нестем ва ман хам чузъи хурдакаки хамин миллате хастам, ки мисли хич миллати дигар нест.

Хонадомод мегирад ин хонаро охир

Ҳукумати Қирғизистон бо мақсади ҳимоят аз мардуми худ андозро барои фурӯшандагони хориҷӣ дар қаламрави хеш 2 баробар зиёд кард ва бо ин эътирози тоҷирони хитоиро ба миён овард. Дар идомаи ин Қирғизистон бозори «Қарасу»-и шаҳри Ушро, ки ахиран қариб пурра ба дасти хитоиҳо гузашта буд, баст.

Ян Тсу Пин — раиси иттиҳоди соҳибкорони хитоӣ дар ҷануби Қирғизистон гуфтааст, ҳукумати Қирғизистон фаъолияти тоҷирони хитоиро то рафт маҳдудтар мекунад ва ин сабаб мегардад, ки ҳазорон нафар аз онҳо тадриҷан ба Тоҷикистон бикӯчанд. Ба гуфтаи вай андоз барои чиноиҳо дар Қирғизистон дар як соли охир 500% зиёд шудааст. Шароити кору иқомати хитоиҳо дар Узбакистон ва Қазоқистон низ хуб нест ва дар натиҷа Тоҷикистон ба меҳмонсарои роҳаттарини чиноиҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Дониёл Толонов, раиси Кумитаи муҳоҷират ва шуғли шаҳри Уши Қирғизистон гуфтааст, қоидаҳои нав ба ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишвар равона шудаанд. «Ягон тоҷири мо бо чиноиҳо рақобат карда наметавонад, зеро онҳо бо моли тамоман арзон мустақиман аз Чин таъмин мешаванд ва ҳукумати Чин аз онҳо андоз нагирифта, бо ин роҳ ташвиқ мекунад, ки бозори кишварҳои Осиёи Марказиро ба даст оранд. Мо наметавоанем, ба ин вазъият нигоҳ карда шинем.»

Ба гуфтаи Ян Тсу Пин дар ним соли гузашта зиёда аз 5 ҳазор тоҷири хитоӣ Қирғизистонро тарк карда, ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Дар Тоҷикистон муносибат ба хитоиҳо бадхоҳона нест. Ба ғайр аз тоҷирон наздик ба 10 ҳазор хитоӣ дар сохтмони роҳҳои ин кишвар кор мекунанд. Тоҷикон хитоиҳоро дӯст доштаанд ва пас садҳо духтари тоҷик бо онҳо издивоҷ кардааст. Дар чандин минтақаи Тоҷикистон хитоиҳо хонадомод мебошанд ва падарарӯсу модарарӯсони тоҷик аз онҳо хеле хушнуданд.

Дар ду соли гузашта се занозании калонмиқёс миёни ҷавонони тоҷик ва коргарони хитоӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар ҳамаи онҳо мақомоти давлат ва додгоҳ аз хитоиҳо ҳимоят карданд.

Вале дар ҳамин ҳол ҳукумати Чин шароити сафари тоҷирони тоҷик ва овардани мол аз Чин ба Тоҷикистонро барои онҳо мушкил кардааст. Қаблан агар садҳо соҳибкори тоҷик метавонист бе мушкил ба Чин сафар карда мол биёрад, аз 15 майи соли 2009 мақомоти Чин танҳо ба онҳое иҷозаи сафари Чин медиҳанд, ки аз Утоқи бозаргонии Чин даъватнома дошта бошанд ва ҳам далели он ки дар расмулҳисоби бонкияшон на камтар аз 800 доллар доранд.

Намояндагони Утоқи бозаргонии Чин ҳангоми додани даъватнома ба тоҷирони тоҷик хӯрдагирӣ мекунанд ва бо камтарин баҳона аз додани чунин даъватнома сар мепечанд. Инчунин бо сабаби бӯҳрони молиявӣ соҳибкорон дигар наметавонанд, аз бонкҳо ба андозаи зарурӣ қарз бигиранд. Ба гуфтаи шоҳидон мақсади мақомоти Чин ин аст, ки сафари тоҷирони тоҷикро коҳиш диҳанд. Ин ба навбаи худ ба афзоиши фаъолияти тоҷирони чиноӣ дар масири Чин–Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Моҳи гузашта мақомоти Чин ба даҳҳо тоҷири афғон, ки миёни Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон кор мекунанд, иҷозаи сафари Чинро надоданд, аниқтараш онҳоро аз посгоҳи марзии Қулма ақиб гардонданд.

Вазъи тоҷирони афғон, ки бахши умдаи онҳо аз тоҷикони афғонистонӣ мебошанд, бо вазъи хитоиҳо дар Тоҷикистон аз замин то осмон фарқ мекунад. Сари чанд вақт дар бозорҳои Тоҷикистон маъракаҳои «афғонқаппӣ» ҷараён гирифта, садҳо нафари онҳо боздошт ва ихроҷ мешаванд ва моли онҳо мусодира мегардад.

Муносибати мақомоти бозорҳо ба тоҷирони тоҷик низ ҳамвор нест, аммо хитоиҳо барои онҳо мисли писартағо ё хонадомод азизу мӯътабаранд. Бо ин ҳол аз эҳтимол дур нест, ки баъди қариб пурра зери бори тавлиди Чин мондани бозору фурӯшгоҳҳо, худи Тоҷикистон зери бори муҳоҷирони чиноӣ афтад. Зеро бо ташвиқу барномарезии ҳукумати Чин ин тоҷирону соҳибкорон ва роҳсозону ошпазҳо на танҳо мақсад доранд, фоидаи молӣ ба даст оранд, балки бо ҳар роҳ ки бошад, дар кишварҳои дигар боқӣ бимонанд ва муқим шаванд.

Тоҷикистон шояд ба муқобили малахи марокашӣ доруву даве дорад, аммо дар баробари малахи чиноӣ гумон аст, истодагарӣ карда тавонад. Сабаби асосӣ ин аст, ки чиноиҳо дар додани ришвати бузург ҳамто надоранд ва барои мақсадҳои дури хеш имрӯз қодиранд, ба қурбониҳои бештаре тоқат кунанд.

Чаро дар герб акси хафт ситора аст?

Адаш Истад (Герби Шердор)

01Аз масоили баҳс оиди герби Тоҷикистон мавзўи «ҳафт ситораи болои тоҷ» берун монда буд. Навишта будам, ки оиди ифодаи чи будани он устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки дар ёдам намондааст. Ва низ гуфта будам, эҳтимол рамзи муассире набудааст, ки аз хотир зудуда шудааст. Дар оини асотири мардумони гуногун рақамҳо маъноҳои қудсии худро доранд.

Ба ҳафта тақсим кардани рўзҳо ба мо аз арабҳо омад.

Дар қомуси «Асотири мардумони ҷаҳон» (ҷилди 2, саҳ 537) бо такя ба манобеи бостонии чинӣ овардаанд, ки «ҳафт ситора» аз парастишҳои қавми турк аст. (Аз ин пеш нависта будам, ки дар байни мардуми туркнажод «бўрӣ» бўрибой барин номҳо, ки маънояш гург аст, бисёр вомехўранд. Ин ба тотем не, балки ба асотири асосии қавмҳои турк вобаста будааст. дар замони қадим қавми турк танҳо аз як қабила иборат будааст. Онҳо дар канори ботлоқе мезистаанд. Як қавми дигар ба онҳо ҳуҷум карда ҳамаро мекушад. Гумон мекунанд, ки ҳамаро куштанд, аммо дар байни мурдаҳо як писарчаи даҳсолаи пурзахму нимҷоне буд. Модагурге ин бачаро ба ғоре бурда тарбия мекунад. Аз заношўии модагургу ин писар даҳ нафар фарзанди нарина ба дунё омада аз ноҳияи Гаочина зан гирифта қавми туркро зинда мекунанд ва аввалин манзилашон Олтой бадааст. Ин тибқи манбаъҳои асри VI-и чинӣ).

Воқеан ҳам барои мардуми чорводор ва саҳроновард, ки роҳи худро дар биёбонҳои васеъ аз рўи ситораҳои осмон хусусан Ҳафтдодарон муайян мекард, рақами ҳафт ё ҳафт ситора мақоми беназир дошт. Ба фикри шахсии камина дар марзи Тоҷикистон мардуми туркзабон кам нестанд, ин нишонро дар герб бетағйир нигоҳ доштан лозим аст.

Аммо аз ёд набояд бурд, ки барои ниёгони мардуми тоҷик дар замонҳои қадим рақами панҷ бештар аҳамият доштааст. Рақами панҷ маънои қудсӣ низ доштааст. Ба ин сабаб номҳои географии Панҷ, Панҷакент, Панҷрўд, Панҷоб дар мавзеҳои тоҷикнишин вомехўранд.

Аз ин ҷост, ки дар ҳунарҳои мардумӣ асосан расми ситораи панҷгўша дар мақоми аввал аст.

Назари одилонаи Шумо чист?

kdХонандаи азизи мо — А. Султонов назари худро дар шакли ин тасвири танзомез фиристода, аз ҳама даъват кардааст, андешаи хешро баён доранд. Ҳарчанд маълум аст, ки як бахши шаҳрвандони кишвар аз ин қонун норозиянд, боз ҳам ин пурсишҳоро матраҳ мекунем, то дидгоҳи хонандагони сершумори «Андеша» баён дошта шавад.

 

Бечуръатй дар рузи озодй

Чаро ман нишасти 3 – юми майро ба нишони эътироз тарк кардам?

Раҷаб МАРАИМОВ «Нигох» №07 07.05.09

Ахиран журналистони тоҷик нишон доданд, ки то куҷо ҷуръат доранд … ва сабаби беҷуръатиашон дар чист. Ин ҳолатро онҳо дар Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод ошкор намуданд.

3 – юми май «элитаи журналистикаи тоҷик» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷамъ омада буданд, то мавзӯи вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд. Мавзӯи аввал бо хости созмондиҳандагон дар бораи зарурияти ғайриҷиноӣ (декриминализатсия) кардани тӯҳмату таҳқир буд. Журналистону коршиносон қазияҳои марбут ба тӯҳмат ва таҳкурро муҳокима намуда. Дуруст мегуфтанд, ки ин гуна ҳолатҳо бояд дар мурофиаҳои шаҳрвандй баррасӣ гарданд ва аз нафароне, ки ба чунин амал даст мезананд, танҳо ҷарима ситонида шавад. Ин икдом хатари паси панҷара нишастани журналистон бо иттиҳоми тӯҳмат ва таҳқирро аз миён мебарад ва дар таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ зиёд истифода мешавад.

Аммо аҷиб буд, ки меҳвари аслии баҳси журналистону ҳукуқшиносҳои он рӯз ҷамъомада танҳо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – моддаҳои 135 ва 136 буд.

Ман пешниҳод кардам, ки агар ҳадаф ба таври комил аз байн бурдани масъала аст, ҳамчунин моддаи 137-и Кодекси ҷиноӣ низ, ки «таҳқири оммавии Президенти Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ» ном дорад, ба баҳс кашида шавад, аммо гӯё ин пешниҳодро касе нашунида бошад садри ҷаласа риштаи суханро ҷониби дигар бурд.

Бори дигар ман замоне ба масъалаи пешниҳодкардаам баргаштам, ки ҷаноби Қаршибоев – раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон мавзӯъро пурра ҳалшуда дониста, ҷамъбаст намуданӣ буд. Гуфтам:

– Ҷанобон, агар манзури мо аз ин баҳс ва пешниҳодот дар кулл ҳал карданй масъала бошад, на гирифтани гранту лоиҳаҳо, биёед масъаларо комил бубинем. Фаромӯш накунед, ки президент дар Тоҷикистон раиси ҳукумат ҳам ҳаст….

Аммо касе «намешунид»….

Ман ба нишони эътироз толори нишастро тарк кардам. Эътирози ман аз он буд, ки акнун маълум шуд чаро мушкилоти озодии баён дар кишвари мо ҳалли худро намеёбанд. Зеро ҳеҷ гоҳ масъалаҳоро ҷиддӣ баррасӣ намекардаанд! Ва онҳое ҳам, ки худро «сарсупурдагони матбуоти озод» медонанд, ин меъёрҳоро қурбони манфиатҳои худ намудаанд.

Аммо биёед мавзӯъро фаррохтар бубинем. Кӣ ва чаро дар Тоҷикистон мехоҳад миёни президент ва мардум тафовут ба вуҷуд биёрад?

Бубинед, моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд». Тавре дида мешавад, Конститутсия шаъну эътибори ягон инсонро болотар аз дигаре нагузоштааст. Яъне он ба ҳама дахл дорад – президент, сарвазир, депутат, коргар ва ғайра.

Дуюм, 29-уми июни соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҳамагӣ аз 2 модда иборат буд. Мазмуни ин қонун каму беш таҳрир гашта, ба қонуни матбуот ва якчанд қонунҳои дигар ворид карда шуд.

Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, қонуни мазкур дар асоси қисми якуми моддаи 10 Конститутсияи амалкунанда, азбаски ба Конститутсия, Кодекси гражданӣ ва хусусан ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф аст, эътибори ҳуқуқӣ надорад.

Сеюм, бояд ҳар як инсон, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи ба Конститутсия мухолифнабуда ва санадҳои ҳуқуқий байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, имкон дода шудааст, ки худро ҳифз намояд. Масалан, дар қисми 2 моддаи 174 Кодекси граждании Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «Агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезанад, аз тариқи воситаҳои ахбори умум паҳн гардида бошанд, онҳо бояд дар ҳамон воситаҳои ахбори умум бемузд рад карда шаванд».

«Шаҳрванде, ки, – гуфта шудааст дар қисми 3 моддаи мазкур, – воситаҳои ахбори умум дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаро нашр карданд, ҳақ дорад дар ҳамон воситаҳои ахбори умум ҷавоби худро нашр кунад».

«Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, – омадааст дар қисми 6 ин модда, -ҳақ дорад дар баробари раддия инчунин ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд».

Ин қоидаҳо, бори дигар ёдовар мешавам, ки барои ҳама шаҳрвандон, новобаста аз мансаби ишғолнамудаашон, якхела мебошанд.

Хуб, ин баҳсҳои ҳуқукро мегузорему меравем сӯи мантиқ. Дар моддаи 6-и қонун дар бораи матбуот омадааст: «интишори …ахборе, ки … шаъну эътибори Давлат ва Президентро халалдор месозад…». Акнун ба як чиз эътибор диҳед, ки бо ин гуна матни қонун дар бораи Президенти Тоҷикистон, набояд умуман ягон хел маълумот, ахбор ё ақидаю мулоҳизаи «халалдоркунанда» чоп шавад. Яъне ё маълумоти мусбат ва ё ҳеҷ чизи дигар! Ҷумлаи дар боло иктибосёфта маъние ва ё арзиши ҳуқуқие медошт, агар ба вай, масалан, ибораҳои «ахбори бардурӯғ», «қасдан, дидаю дониста» илова мешуд.

Беҳуда нест, ки Кодексҳои ҷиноятию граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «халалдоршавии» шаъну шараф ва обрӯю эътибори шахсро фақат бо «дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ» муқаррар ва пайваст кардаанд ва ин фаҳмост.

Дар акси ҳол, масалан, агар нависем, ки зиёда аз 60% аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи қашшоқӣ мезияд, пас ин оё шаъну шараф ва эътибори кории Президенти мамлакат ва раиси Ҳукумат, кафили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии мардуми кишварро халалдор месозад ё не?

Аммо журналистони тоҷикро ин пахлӯҳои масъала камтар ба ташвиш меовардааст. Онҳо ҳамчунин гӯё донистан намехоҳанд, ки ба ғаӣр аз моддаҳои 135 ва 136 -и Кодекси ҷиноятӣ ҳамчунин моддаи 330 аст, ки «таҳқири намояндаи ҳокимият» ва 335 аст, ки «беэҳтиромӣ нисбат ба суд» ном доранд. Оё бе баррасии онҳо ҳам масъаларо ҳалшуда пиндоштан мумкин аст?..

Ба толори нишасти рӯзи 3 – юми май ман замоне баргаштам, ки мавзӯи охирини худро баҳс мекарданд: ба журналистони Тоҷикистон Кодекси ахлоқӣ зарур аст?

То ҳамин рӯз ман хаёл мекардам, ки журналистони тоҷик ба чунин кодекс ниёз надорад. Аммо акнун бо дили пур мегӯям, вакте журналистон ҳарфи ҳамкасби худро «намешунаванд» ва ҷуръати баҳси онро надоранд, онҳо воқеан ҳам ба кодекси ахлоқӣ ниёз доранд….

Кӣ баҳс мекунад?

Наворе, ки табъи касро хуш мекунад