Мо парешонтарин ва парокандатарин миллатем

Зафари СӮФӢ «Озодагон» №35 03.09.09.

Чаро мо наметавонем як миллат вa муттаҳид шавем?

Шояд мо тоҷикон ягона миллате бошем, ки ба ин ҳад парокандаем ва дар ин парешонӣ бештарин айб ҳам аз хислату вижагиҳои мост. Баъзе аз мо, ки худ коре накардааст, чунон иддао пеш меорад, ки атрофиён ҳатто намедонанд чӣ бигӯянд. Худамонро гоҳо болотар аз будамон тасаввур мекунем ва ҳатто мехоҳем инро дигарон низ бипазиранд. Ҳарчанд ҳеч миллате мисли мо худашро ба пораҳо тақсим намекунад. Ҳамин чанд рӯзи пешро ба ёд оред: мо аз назари мафкураи сиёсӣ ҳам ба ду тақсим будем: «вовчик» -у «юрчик».

Ҳамакнун ин тамғаро дар пушти номи касе часпондану рӯзгорашро сиёҳ кардан ба поён расид. Аммо шикофи табақотӣ дар ҷомеа ба ҳадди даҳшатзо дар ҳоли афзоиш аст ва миллатро хатари бегонагӣ аз ҳам ва парокандагӣ бештар тахдид мекунад. Охир дороиҳои кишвар дигар дар ҳоли ҷамъ шудан дар ихтиёри як қишр ва ё гурӯҳӣ камшумор асту аксарият рӯз аз рӯз фақиртар мешаванд.

Маҳалгароӣ низ як омили дигари парокандагй ва ҷудоӣ байни ҳаммиллатон аст ва ҳамакнун фақат бо шаҳре ё вилояте махдуд намешавад. Ҳатто онҳое низ, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо рафтаанд, бар асоси тааллукoти маҳаллй созмонҳо ташкил кардаанд ва масҷиду муллояшон низ бар асоси тааллуқоти маҳал мебошад. Беш аз ин гуфтем, ки маҳалгароӣ дигар ба шаҳре ё вилояте махдуд нест.

Дар баробари мардуми вилояти дигар тоҷик вилоятгарост, яъне ё суғдӣ ё бадаҳшонӣ ё хатлонист… Дар баробари ҳамвилоятиҳояш ноҳиягарост. Дар миёни ҳамноҳияҳояш тоҷик қишлоқгарост. Дар миёни ҳамқишлоқиҳо маҳаллагаро ва ё гузаргароем. Ба назаратон ин бадбахтӣ нест? Чунин вазъиятро барои тавҷеҳ кардан кӯшиш ба харҷ додан ва онро нишони ватандӯстӣ ба қалам додани бархе хомабадастони мо магар душманӣ бо миллат нест?

Дарвоқеъ, дар бораи хомабадастон ва ба вижа рӯзноманигорон. 8 сентябр онҳо Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигоронро таҷлил хоҳанд кард. Аммо оё рӯзноманигорони тоҷик бо ҳамдигар ҳамраъй ҳастанд? Оё рӯзномаҳои тоҷикӣ воқеан метавонанд иддаои миллӣ буданро матраҳ намоянд? Оё дар онҳо низ оҳанги маҳал бартар аз миллатдӯстӣ нест?

Ба назар мерасад журналистикаи тоҷик дар имрӯз ниёзҳои бо ҳам гиреҳхӯрда надорад. Содатар бигӯем шахсиятҳои калидӣ ва ҳалкунанда дар расонаҳо ҳамкорони худ дар дигар расонаҳоро ҳамсафар ва такмилдиҳандаи кори худ намедонанд, балки дар ҳушбинонатарин ҳолат рақиб ва дар дигар вақт душмани худ мебинанд. Гӯё дар сурати набудани як расона барои расонаи дигар муваффакият насиб мешуда бошад. Ҳол он ки чунин нест ва ҳамаи расонаҳои кишвар ҳамдигарро такмил мекунанд ва дар ин миён расонаҳои оҳанги сиёсӣ дошта бештар мукаммили ҳам ҳастанд.

Вале боз ҳамон хислати фитрии тоҷикона муҳаррики амалҳо ва тасмимҳост, ки гоҳо бархе рӯзноманигорон аз нигоҳи ба ин ё он шахсияти соҳибнуфуз ва ё гурӯҳе ва ҳатто кишваре вобаста будан байни рӯзноманигорон ҷудоӣ меандозанд.

Манфиатҳои гузаро ва камарзиши моддӣ дар хеле ҳолат болотар аз манфиатҳои ахлоқӣ ва арзишҳову ормонҳост. Ҳамин ҳолат аст, ки дар баробари ҳамдигар эҳсоси бегонагӣ мекунем ва худхоставу нахоста рӯ ба ҳамқишлоқиву ҳамгузарии худ меорем.

Ҳатто ахиран дар пойтахти кишвар масҷидҳое фаъолият мекунад, ки намозгузоронаш фақат аҳли як маҳаланд, яъне ҳамон маҳале, ки имом-хатиби масҷид аз он ҷост.

Маросимҳову ҷашнҳо низ бештар мутааллиқ ба як маҳал мешаванд ва метарсам фардо қабристонҳое ба вуҷуд оянд, ки хоси як маҳал бошанд ва иҷоза надиҳанд, ки мурдае аз маҳали дигар дар он гӯронида шавад.

Мо парешонтарин ва парокандатарин миллатем. Ба назар мерасад сабаби аслии ин ҳолат ормони миллӣ надоштани мост. Ормони миллӣ аст, ки ҳамаро ба ҳам меорад ва ҳамраъй мекунад. Ва ин ормон болотар аз манфиат аст. Аммо ормони миллии мо бояд чӣ бошад?

Бомжхои дипломдор дар партовгоххои Душанбе

Шахлои Начмиддин аз шахри Душанбе

Бомж кист? Одаме, ки зиндагии сагона дорад. Чойи хобаш замин асту макони ризкёбиашон партовгоххо.

Вале имруз дар байни онхо нафароне вомехуранд, ки сохиби дипломи оли хастанду бо сабабхои гуногун чунин зиндагиро интихоб кардаанд.

Бомжхо ба чанд гурух таксим мешаванд.гуруххо ба худ сарвар доранду бе ичозати у ягон нафар наметавонад, ки ба партовгохи бегона кадам гузорад.

Субхи солехон ба партовгоххои пойтахт мешитобанду ба кофтукоб медароянд. Назди бинохои истикомати ва хобгоххо партовгоххои зиёде пахну парешон аст, вале бомжхо чунин чойхоро хуш надоранд. Чунки дар ин партовгоххо гайр аз зарфхои пластики ва пасмондахои тарбузу сабзавот кариб, ки дигар чизе ёфт намешавад. Аммо барои партовгоххои назди хавлихои бохашамати навточикон гуншуда , байни бомжхо доимо чангу занозани аст.Чунки ин чо тамоми анвои хуроквори ва хатто либосхои навро ёфтан мумкин аст.

Сарвари ин гурухи бонуфузи бомжхо, ки ба худ лакаби Жораро гирифтааст, дар байни дигар гурухи бомжхо вохимаву овозаи зиёде дорад. У хеле берахм асту душманашро хеч гох бе осеб аз даст рахо намесозад. Агар раваду ба ин партовгоххо бомжи бегона биёяд, уро хамакаса зери шаттаву шаллок мегиранд.

Жора мачаллаву рузномахои аз партовгоххо ёфтаашро ба кулбааш меораду соатхо онхоро бодиккат мутолиа мекунад.

Кулбачаи у дар яке аз бинохои нимвайронаи шахр вокеъ аст. У харчанд ба бомж мубаддал гашта бошад хам, тозагиро дуст медорад.

Кулбаашро хамрохаш Зоя бегохихо мерубаду об мепошад. Зердастонаш халтахои аз партовгоххо чамъавардаашонро аввал ба кулбаи у меоранд. У онхоро холи карда сипас байнашон таксим мекунад.

Зарфхои пластикиро бошад тоза шуста ба бозор мебаранду ба 5-10 дирамй ба равганфурушон мефурушанд.

Жора худ аслан точики тахчойии Чиргатол мебошад. Дар вакташ факултаи хукукшиносиро хатм карда солхои сол дар сохаи хифзи хукук кор кардааст.

Сипас бо гунохи ришвахури ба даст меафтаду тамоман аз кор махрум мегардад. Баъди аз кор рафтан ба машрубот дода мешаваду хавлиашро мефурушад. Хамсараш кудаконашро гирифта баромада меравад. У ру ба шахр меорад. Чойи кор намеёбаду ба гурухи бомжхо хамрох мешавад. Хамин хел у бомж мегардад.

Дигар зердастонаш собик тарбиятгирандагони мактаб интернатхои пойтахт мебошанд. Байни онхо хам занон хастанду хам наврасон. Жора фахр мекунад, ки у ба катори бомжхои дипломдор дохил аст.

Имруз чунин бомжхои дипломдори точик на танхо дар чумхури, балки берун аз он, бахусус дар шахрхои Русия зиёд вомехуранд. Тарики барномахои телевизионии шабакахои Русия дар ин хусус гузоришхо пахш мегарданд. Точик дар он чо, дар кабристон гур меканад, аз партовгох охан кофта бурда мефурушад ва гайраву хоказо.

…агар тайи солхои охир баъзе вазифадорону сохибкорон ба чойи тарабхона корхонахои хурди истехсоли сохта, мардуми бекорро бо чойи кору маблаги каноатбахш таъмин мекарданд, имруз чунин сохибмаълумотони мо ба бомжхои дипломдор мубаддал намегаштанд.

Вой бар ҳоли мардикорон!

Шаҳлои Наҷмиддин (шаҳри Душанбе)

Бо тақозои замон, чун дигар мамалакатҳои ҷаҳон дар пойтахти ҷумҳурии мо низ бозорҳои мардикорон таъсис ёфта нафарони қобили меҳнат буда ин ҷо ризқу рӯзиашонро меёбанд.

Дар назди бозори Шоҳмансури пойтахт низ аз саҳарии барвақт то бегоҳ мардҳои синну солашон гуногун рост истода мунтазир меистанд, ки кай шахси пулдоре пайдо мешаваду ба ивази маблаги муайяне онҳоро киро карда мебаранд. Ҳатто гадо душмани гадо гуфтагӣ барин байни мардикорон ҳам рақобат пайдо мешавад.

Барои мушоҳида ба бозори мардикорони назди бозори Шоҳмансур равона гардидам.

-Шумо аз куҷо?

-Аз Фархор, Номам Аҳмад.

-Аз мардикорӣ чӣ қадар маблағ ба даст меоред?

-Эъ хоҳар нагу, ҳамин хел лаҳзаҳое мешавад, ки асп барин меҳнат мекунему вақти ҳисобӣ зада аз дар берун мекунанд. –оҳи сард кашида посух дод мард.

Чавобҳо якхела буданд. Ба либосҳои фақиронаву чеҳраи мағшуши нафарони бо умеди ризку рузиашонро ёфтан омада нигариста ғамгин шудам. Гапи ногуфтании зиёде доранд. Вале…

Ман сари ин мавзуъ гаштанӣ набудам. Агар рўзе зор-зор гиристани марди миёнасоли муйсараш бармаҳал сап-сапедгаштаи ҳамсояамонро намедидам.

Тўли шаш моҳ дар хонаи навтоҷике меҳнат карда хонаи дуошёнаро пурра ба анҷом расонидааст. Соҳиби хона пули калон ба ў ваъда мекунад.

Вале рўзи охирини кор дуғу даранг карда гуфтааст, ки «хурду хурокат аз ҳисоби ман буду боз ман ба ту пул диҳам» гуён уро бо таҳдиду зурӣ бароварда пеш кардааст. Ҳатто фикри дар синну соли падараш будани Солеҳ амакро накарда, уро дашномҳои қабеҳ медиҳад. Солеҳ амак то хона расидан раҳораҳ ба атрофиён заррае аҳамият надода гиря карда меояд.

-Охир ман мақсад доштам, ки ҳаққи ҳалоли меҳнатиамро гирифта хонаамро таъмир мекунам. –алам мекард Солеҳ амак.

-Дар ватани худамон руз надорем, пас чӣ гила аз Русия.

-Боз як масъалаи ташвишовараш ин аст, ки баъзе нозирони андоз омада аз мардикорон андоз талаб мекунанд. Аз 120 нафари пурсидашудагон 100 нафарашон аллакай дар тараддуди ба муҳоҷират рафтананд.

-Дигар дар ин ҷо истодан маънӣ надорад. Ояндаи кўдаконамон чӣ мешавад? Ин аст андешаи ғамолуди як идда мардикорони тоҷик.

Дар хақиқат ояндаи кўдаки тоҷик норавшану тира аст. Боре дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» нафаре мсоҳиба дода гуфта буд: «ояндаи кўдаки тоҷик муҳоҷирати корист,на чизи дигар. Боз агар дар оянда имкони дар Русия кор ёфтан боқӣ монад, ва агар не, пас қазоват танҳо ба Худост».

Аз навтоҷик навтоҷик меруяду аз муҳоҷир муҳоҷир.

Дар Русия «дурагаҳо» аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик мефзояд. Дар баъзе қисмати тоҷикистон бошад аз ҳисоби хитоиҳо «муғулҳо» тавлид меёбанд.

Пас, ояндаи миллати тоҷик чӣ мешуда бошад?

Дар матбуоти Русия бо ифтихор менависанд, ки «таджики чистят Москву». Яъне, ки барои тоҷикон ғайр аз касби «ҳавлирубӣ» дигар коре нест. Ҳатто журналисти рус таъкид кардааст, ки агар аз ҳисоби мардуми муҳочири тоҷик армияи ватани онҳоро ташкил намоянд, онгаҳ метавон як қувваи пуриқтидореро таъсис дод. Чунки бо маоши хеле ночиз барои давлати РУСИЯ тоҷик кор мекунад.

Дар ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ номгуйи кору моҳонаҳои хандаоварро дида кас шарм медорад, ки барои кор ба он ҷой муроҷиат намояд. Охир бо чунин маош зистан дигар ғайриимкон аст.

Мабод, ки фарҳанги бесаводӣ саросари деҳоти кишварро фаро гирад. Онгаҳ ҷомеа ба чанд қисм тақсим мешаваду асрҳои «ғуломдорӣ» аз нав такрор меёбад.

Бубинед ва худ хулоса бароред

Forsage

Тоҷикистони ба номи Салоҳиддин Азизов

barodarАммо ин ҷустор дар бораи Тоҷикистон нест. Дар бораи Лаҳистон аст. Парлумони ин кишвар бо ишора ба хабари он ки сари як шаҳрванди Полша дар Покистон бурида шудааст, сафари ҳайати Сенои Покистонро ба Лаҳистон лағв кард.

Раиси парлумони Лаҳистон Богдан Борусевич гуфт, лағви сафари серӯзаи як гурӯҳ аз қонунгузорони Покистон таҳти раҳбарии раиси Сено Муҳаммадимиён Сумру як амали хасмона нест, балки дар робита ба қатли ваҳшиёнаи муҳандиси лаҳистонӣ дар Покистон фурсате муносиб барои чунин сафар намебошад.

Расонаҳои Покистон як навори видюро нашр карданд, ки дар он тундравони покистонӣ ҳукми қатли муҳандис Пиотр Станчакро қироат карда ва сари ӯро аз тан ҷудо намудаанд. Стaнчак дар як ширкати нафту гази Покистон кор мекард ва барои таҳқиқи манобеъи ин мавод ба манотиқи ин кишвар сафар карда буд.

Вазорати умури хориҷии Лаҳистон қатли Станчакро ба шадидтарин лаҳн маҳкум кард ва аз мақомоти Покистон шиносоӣ ва муҷозоти сарбуронро талаб намуд. Дар изҳороти ин вазорат гуфта мешавад, тундравони одамкуш аз ҳимояти баъзе мансабдорони давлати Покистон бархӯрдоранд.

Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качински ва сарвазири ин кишвар Доналд Туск дар расонаҳои ин кишвар нороҳатии худро баён доштанд ва аз ҳалокати Станчак ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори таслият карданд.

Сафорати Русия хостори робитаҳои судманди дуҷониба аст?

Чанде қабл бо ташаббуси Зафар Абдуллоев, раиси Анҷумани Медиа- Алянси Точикистон дар мавзуъи «Миллатбадбинй: Вокуниши сафорати Русия ва расонаҳои хабарии точикзабон» бо ширкати муҳаррирони ду рӯзномаи тоҷики -«Фараж» Хуршед Ниёзов ва «Миллат» Толибшоҳи Сайидзода, хабарнигори махсуси РИА- Новости Лидия Исамова, ҳамчунин намояндагони Сафорати Русия дар Точикистон, котиби аввали ин Сафорат Дмитрий Хабаев ва атташеи матбуоти Комил Магомедов Мизи гирд баргузор гардид. Чуноне қамагон огаҳ ҳастанд пас аз куштори шаҳрванди Точикистон Салоҳиддин Азизов дар Маскав миёни расонаҳои хабарии мустақили тоҷик ва Сафорати Русия дар кишвари мо як муноқишаи матбуотй ё ба истилоҳ, «ҷанги идеологй» шуруъ гардид. Савол ин аст, ки чаро чунин шуд ва ин муноқиша аз чӣ рӯ зад ва он ба чӣ оварда расонид?

Дмитрий Кабаев: Ман инро тезу тунд шудани муносибатҳо намешуморам, аммо далели куштори муҳоҷири тоҷик на танҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон, балки ба ҷомеаи Русия низ таъсир расонид. Зеро чунин куштори бераҳмона бори аввал рух дод. Фикр мекунам ин ҷо акнун дигар риштаи кор дар дасти мақомоти интизомии мост, то онҳо муайян созанд, ки дар ин куштор кӣ гунаҳгор аст. Гунаҳгорон бояд ёфта шаванд ва муҷозот гарданд, то чунин ҳодисаҳо дигар рух надиҳанд. То ҷое ман медонам, ҷониби Русия ба ҳалли ин қазия ҷиддй машғул аст. Гурӯҳи босалоҳияти тафтишотӣ минҷумла аз кормандони Хадамоти федеролии амният таъсис ёфтааст, зеро ин куштор ранги сиёсӣ гирифт. Фикр мекунам, натиҷаи дилхоҳи кори ин гурӯҳро бояд интизор шавем. Дар ҳамин ҳол мо ҳама журналистон ва кормандони мақомоти дипломатӣ ҳам бояд дар баррасй, инъикос ва шарҳу тафсири чунин рӯйдодҳо мунсифона ва беғараз муносибат бикунем.

Комил Магомедов: Ман танҳо ҳаминро мехоҳам илова кунам, ки шиддати тундгуфторӣ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистонро ду чиз сабаб шуд; аввалан ин қарори Владимир Путин барои 50% коҳиш додани муҳоҷирон ва баъдан куштори ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов. Вобаста ба қарори сарвазир Путин ҳаминро бояд қайд кард, ки ин икдом дар қиболи зухури бӯҳрони молӣ қабул шуд. Умуман бо ин иқдом Русия кӯшиш дорад, муҳоҷиратро коҳиш диҳад ва ба танзим оварад. Пас аз ин иқдом набояд воҳима барангехт. Дар масъалаи дуюм, воқеан ҳам ин куштори даҳшатнок аст, бовар кунед мо ҳам чун ҷомеаи Тоҷикистон нигарон ҳастем. Ҳар як чунин куштор е ягон фалоката дигар, ки бойиси фоҷеа мешавад барои ман ҳам чун шумо мусибат аст. Мехостам ҳангоми муҳокимаи ин масоил умуман ҳама гуна проблемаву мушкилоти дар муносибати Тоҷикистону Русия ҷой дошта одоб риоя шавад. Вобаста ба нотаи эътирозии мо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки сабаби ягонаи иншои он Нота ин пайдо шудани мавҷи мақолаҳои ҳангомавӣ ва таҳқирона, ки дар матбуоти Тоҷикистон ба нашр расиданд, мебошад. Ҳодисаҳои кушторро мисол оварда онҳоро чун роҳи пешгирифтаи ҳукумати Русия қаламдод намудан нодуруст аст. Журналистон мехоҳанд ин масъаларо муҳокима кунанд, ин ҳукуқи онҳост. Аммо биёед роҳбарияти сиёсии Русияро таҳқир накунем.

Толибшоҳи Сайидзода: Қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия на танҳо мо рӯзноманигоронро, балки ҷомеаи моро нигарон кардааст. Масалан шумо мегӯед: Тоҷикистон ин шарики стратегии мост». Мо хеле хурсанд ҳастем, ки чунин давлати абарқудрат моро шарики хеш меҳисобад. Аммо ман як чизро намефаҳмам, Гурҷистон бо Русия ҷангид, вале ягон гурҷиро дар Русия барои ин накуштанд. Украина кубурҳои газро ва роҳи интиқоли гази Русияро ба Аврупо баст ва ба буҷаи Русия қариб 2,5 миллиард доллар зарар овард, аммо ягон украиниро накуштанд, пас барои чӣ моро мекушанд? Президенти мо ба ҳамин мазмун ишора намуда буд: Чун мо заъиф ҳастем, ҳар чӣ хоҳанд бо мо раво мебинанд? Дар нотаи ирсол намудаи сафорати Русия омадааст, ҳашт ҳазор тоҷикистонӣ ҷиноят содир кардаанд. Барои ҷиноят содир кардан бояд одамро бикушанд? Тоҷик гуноҳ кард, ӯро зиндонй кунед. Бе ин ҳам ба қавле 50-60 ҳазор тоҷикистонӣ бо туҳмату бегуноҳ ё бо айбҳои сохта дар зиндонҳои Русия бандианд. Оё касе аз намояндагони сафорати Русия ба хонаи Салоҳиддин Азизов рафт? Шаҳрвандони шумо дар он ҷо ҳамдиёрони моро мекушанд, шумо бошед дар ин ҷо ҳам моро гунаҳгор мекунед.

Ҳам роҳбарияти мо ва ҳам худи мо аз сидқи дил мехоҳем, ки миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Аммо роҳбарияти шумо вазъиятро мушкил мекунад. Барои чӣ Дмитрий Рогозин, бадхоҳи рақами аввали тоҷикон намояндаи махсуси Русия дар НАТО аст? Ё Владимир Лукин, роҳбари Дафтари ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дар Русия ҳаммиллатони маро «ифлос» номид? Ҳар касе ки зидди тоҷик бошад, ба назари мо чунин менамояд, ки Путин дастгирӣ мекунад. Борис Елсин демократи ҳақиқӣ буд, Худо раҳматаш кунад. Ҳамин, ки Путин сари қудрат омад, мо ҳама дороии хешро додем; се полки русй дар Тоҷикистон аст. Дар ягон кишвари дигар чунин нест. Маркази назорати кайҳонии «Окно», ки миллиардҳо маблағ арзиш дорад, мо «бародари калонӣ» гуфта ройгон додем. Аммо «бародарони хурдӣ»-ро бераҳмона мекушанд, алаккай 681 тобут омадааст. Вале дар ҳамин ҳол агар як нафар русро мисли Салоҳиддин дар Тоҷикистон мекуштанд, шумо тоҷиконро террорист меномидед ва вазири дифоъи Русия худаш бевосита амалиёти махсуси низомиро сарварӣ мекард. Агар ман ноҳақ бошам, пас маъзур доред!

Лидия Исамова: Ман бо бисёр андешаҳои Толибшоҳ розӣ нестам, набояд ҷиноятҳои алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби экстремистҳо ва скинхедҳо амалӣ шударо ба сатҳи сиёсати Русия баробар донист. Ин ба он монанд аст, ки фаъолияти «Ҳизбу-ут-таҳрир» ва «Салафия» ба сатҳи сиёсати давлатӣ баробар бошад. Ҳарчанд ин ҳаракатҳо дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Таъиноти сиёсиро ҳам набояд ба ин алоқаманд кард. Рогозин айни ҳол аз Русия хеле дур аст ва вақтҳои охир ба масъалаи муҳоҷирон дахл накардааст. Он чӣ Лукин гуфт, Худо худаш довари ҳақ аст, ин албатта барои намояндаи ҳифзи ҳуқуқи инсон зебанда нест, баръакс ӯ бояд инсонҳоро ҳифз кунад. Мо дар бораи миқдори куштори узбакҳо, қирғизҳо, молдаванҳо, украинҳо намегӯем, аммо ман медонам, ки микдори онҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон камтар нест, ба ин масъала на чун сиёсати расмии Русия, балки чун зуҳуроти экстремистӣ бояд баҳо дод. Албатта ҳукумати Русия маблағгузорон ва пуштибонҳои ҳаракати фашистиро пайдо мекунад. Ба ин масъала бояд хадамоти амниятӣ машғул шавад, зеро ин ҷараён характери умумӣ гирифтааст. Масъалаи он ки мо пойгоҳи низомии Русияро ҷой додем он аст, ки давлати Тоҷикистон пеши Русия қарзи зиёд дошт ва бояд он қарзҳоро месупоридем, вале натавонистем. Ба ҳамин хотир шартномаи байни ҳукумати буд дар ин масъалаҳо. «Окно» дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хароб гардид ва дивизияи 201- и Русия онро ҳифз карда буд. Фикр мекунам, худи ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад, ки дивизияи 201- ум бароварда шавад, зеро дар паҳлӯи мо Афғонистон ва экстремистҳое ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ вазъро ноором ва моро безобита мекунанд ва ин дивизия ба ҳайати нируҳои зудамали Созмони амнияти дастаҷамъй (ОДКБ) дохил мешавад.

Ниёзов Хуршед: Аввалан як нуқтаро мехоҳам қайд намоям, ки ман муддати ду сол дар Русия будам ва он масьалаеро, ки ин ҷо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, шояд, каме аз дигарон бехтар донам. Ба андешаи ман гунаҳгорӣ асосӣ дар ин масъала мансабдорони алоҳидаи баландмақоманд. Барои мисол, сардори РКД-и шаҳри Маскав дар яке аз мусоҳибаҳояш куштори се нафар- арманӣ, ҳинду ва точикро шарҳ дода, дар мавриди қотилон чунин гуфт: «Охир онҳо ҳоло наврасанд, ин далели авбошӣ асту бас». Вақте инсонро мекушанд, магар ин авбошӣ аст? Хуршеда Султоноваи 9-соларо 21 корд заданд, магар ин авбошӣ аст? Метавон дар ин маврид беш аз 20 мисол овард. Ҳамаи ин ҷараён як сиёсати пешгирифтаи мансабдорони алоҳидаи Русия аст, сар карда аз Лукин, Рогозин то Лужкову Жириновский. Дар мо ҳам чунин як нафар буд. Аввалин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмон Юсупов соли 1992 таҳдид карда буд, ки талабагони мактаби русиро гаравгон мегирад, вале худи ҷомеаи мо уро маҳкум кард. Тавре ман дар боло гуфтам, инро сиёсати пешгирифтаи мансабдорони баландмақоми рус меҳисобам. Аммо вақте сари Салохиддинро баъди суханони Путин дар мавриди чорӣ намудани квота барои муҳоҷирон буриданд, ҳар касе ки аз илми мантиқ бохабар аст, албатта дар ин масъала пайвавдеро мебинад.

Зафар Абдуллоев: Дар Нотаи сафорати Русия омори ҷиноёти содиркардаи тоҷикон оварда шудааст. Дар ҳамин ҳол барои пешгирии ин ҷиноёт ҳукумати Русия чӣ корҳоро анҷом медиҳад? Ҳамчунин расонаҳои хабарии Тоҷикистон, то кадом андоза арқоми боэътимодро дар мавриди куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия истифода мебаранд?

Комил Магомедов: Соли 2007 ба Кодекси ҷиноятии Русия тағйиру иловаҳо дароварда шуд, ки тибки он чавобгарй барои содир кардани ин гуна ҷиноятҳо вазнинтар мешавад. Дар ҳамаи сохторҳои кудратӣ гурӯҳи махсус алайҳи мубориза бо ин ҷиноятҳо таъсис дода шудааст.

Дмитрий Кабаев: Ҷиноят содир кардан аз рӯи хусусиятҳои миллатбадбинӣ ин ҷараёни наве дар Русия мебошад. Ин раванд дар давраи Шӯравӣ набуд, ин ҷиноятҳо якбора рӯ задаанд, хукуматдорон ҳанӯз намедонистанд, ки чи гуна бо он бархӯрд кунанд. Дар масъалаи қазияи Хуршеда Султонова эҳтимол дорад, ки қарори беадолатона ҳам ҳаст, зеро он падидаи нав аст. Ҳукуматдорони Русия оҳиста-оҳиста бархӯрди шадид нишон дода истодаанд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза омода карда шудаанд. Айни замон мавҷи мурофиаҳои судӣ нисбати миллатгароён дар ҳама ҷо сар шудааст. Фикр мекунам, ин раванд ривоҷ хоҳад ёфт.

Аз нуқтаи назари журналистӣ чунин гузоштани масъала, ки 600 тобут омад мувофиқ аст, бисёр гашти хуб. Ҳангомабарангезӣ гӯё, ки «дар Русия алаӣҳи тоҷикон ҷанг рафта истодааст». Мо бошем дар Русия гашту гузор карда намедонистем, ки дар он ҷо ҷанг будааст. Чунин эҳсос пайдо мешавад, ки дар ҳар кунҷи Русия гӯё скинхедҳо истода тоҷиконро интизор ҳастанд, то онҳоро ба қатл расонанд. Шумо ба Маскаву Санкт- Петербург биравед ва бубинед, ки чи тавр одамон дар он ҷо озод мегарданд. Бале, чунин раванди номатлуб дар шаҳрҳои калони Русия ҳаст ва чунин дастаҳои ҷинояткор амал мекунанд, аммо ин раванди умуми нест. Ин ҷо дар масълаи миқдори кушторҳо ҳам дакик, будан лозим аст.

Комил Магомедов: Дар мавриди матбуот и Точикистон ман як далели дигар дорав». Масалан, як рӯзномаи мустакили Точикистон менависад: «Боз як куштор дар Русия», макола чунин сар мешавад: «Дар ин рӯзҳо куштори навбатии се муҳоҷири точик сурат гирифт.» Дар матлаб бошад омадааст, ки онҳо дар сохтмон кор мекардаанд ва ба болшшон девор афтидааст, яъне онҳо дар натиҷаи беэҳтиёти ҳалок шудаанд, аммо ин ҳодиса ҳамчун як куштор маънедод шудааст. Ман мефаҳмам, ҳар фавт як фоҷеа аст, аммо биёед объективона бинависем.

Толибшоҳи Сайидзода: Ман бо шумо одам нестам, ҷаноби Магоммедов. Оё Шумо намедонед, ки дар бораи мо, яъне миллати тоҷик расонаҳои хабарии Русия чӣ «мегӯянду чӣ менависанд? Танхо тахкиру тӯҳмат. Масалан, барномаи «Наша Раша» чй? Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки шояд ин сиёсати пеш гирифтаи мансабдорони алохидаи Русия бошад, ман бо ин акдеша розӣ нестам. Вақте вазири корҳои Точикистон изхорот медихад ин президенти кишвар аст. Агар нафарони наздик ба Путин масалан, Лужков, Рогозин, Лукин ва дигарон мавқеъашонро намоиш медиханд, маълум мешавад, ки ин хати сиёсии Путин аст.

Комил Магомедов: Аммо Рогозин ва Лукин вазири корхои хориҷа нестанд.

Толибшоҳи Сайидзода: ОхирЛужков ин ҳокими пойтахш Русия аст! 600 тобут дар як сол! Боз чй кадар лозим аст, то ки Путин ин ҳама кушторро боз дорад.

Комил Магомедов: Биистед. Ҳамаи онҳоро «миллатгароён накуштаанд, аз куҷо ин маълумотхоро гирифтаед, ин маълумоти дуруг аст. Шумо мегуед, Ки кисми зиёди дар Русия зиндони буда, бо тӯҳмат нишастаанд, шумо маьлумоти расмӣ, сарчашмаи боэътимоди маълумот доред? Шумо ҳатто намедонвд, ки ин дуруст аст ё нодуруст? Ҳарчанд ин пурра нодуруст аст.

Толибшоҳи Сайидзода: Хуб, бигирем 170-кушташуда. Агар ба миқдори аҳолй нигоҳ кунем барои Русия гӯё 50 ҳазор кушта шудааст. Мисоли дигар дар Екатеринбург Гаҷимирза Алмасови доғистонй боздошт шуд, ки танҳо дар Тоҷикимстон таваллуд шудааст, аммо расонаҳои иттилооти Русия тавре хабар медиҳанд, ки гӯё тоҷик боздошт шуда бошад.

Комил Магогмедов: Ман бо шумо розй хастам, ин гуна ҳодисаҳо ҳастанд. Аммо вақте мегӯед, ки тоҷиконро дар Русия тӯҳмат кардаанд, ба шумо касе ин хуқуқро надодааст.

Толибшоҳи Сайидзода: Ҳашт сол Буш, Бен Ладенро чуст, Путин хашт сол скинхедхоро мечуяд, вале на у ёфту на ин. То замоне, ки точик сохиби силохи хастай нашавад, моро хоханд кушт. Ман фикр мекунам ин кушторҳо дар Русия ба зудӣ анҷом нахоҳанд ёфт.

Лидия Исамова: Маъзарат мехоҳад, дар ҳама гӯшаи дунё куштор ҳаст, бо ҳар бахонаву сабаб одам мекушанд, вале гуфтан лозим, ки бояд бомаи атомӣ дошта бошем, ин як назари кобили қабул нест.

Хуршед Ниёзов: Дар мавриди Нотаи эътирозӣ мехостам як нуқтаро қайд намоям. Дар он ҷо ишорае хаст, ки духтари русро таҷовуз кардаанд. Ҳарчанд исбот шуда буд, ки русдухтарро узбак таҷовуз карда буд, аммо тоҷикро куштанд. Мо як маводе дар даст дорем, ки дар он дар бораи таҷовуз ва куштори духтари 6-солаи тоҷик сухан меравад. Ҳатто дар Точикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва кумондонхои пуркудрати сахрои буданд, чунин холатхо рух надоданд. Бубинед, такрор мекунем, ки Русия шарики стратегии мо аст. Муносибати байни Амрикову Ирон аз ин ҳарфҳои зебо дуртар аст. Аммо шумо дар ягон ҷо шунидаед, ки дар Амрико аз рӯи эҳсоси миллатбадбинй ягон ирониро кушта бошанд, ё алайҳи онҳо гурӯҳҳое фаъол бошад. Ман фикр мекунам, ки масалан, ба ҷои пешниҳоди нота шумо метавонистед аз минбари мо истифода карда, вокуниши худро нисбата қатли тоҷикписар баён кунед.

Зафар Абдуллоев: Зикри он чизе, ки чанд маротиба дар ин ҷо гуфта шуд, яъне маводу мақолаҳои зидди тоҷикон гӯё, ки танҳо дар расонаҳои хабарии ғайридавлатии Русия пайдо мешаванд. Дар се моҳи охир ман дар Русия будам ва имконияти ҳар рӯз шинос шудан бо навиштаҳои аксари расонаҳои хабарии ин кишварро доштам. Метавон гуфт, ки танҳо се нашрияи Русия; «Новая газета», «Время новостей» ва маҷаллаи «The New Times» («Новое время») ба таври мусбат ва холисона дар бораи мардикорон баҳо медиҳанд ва ё умуман ба ин мавзуъ даст намезананд. Боқи аксари нашрияҳо ахбору маводи муғризона ва якҷонибаро нашр мекунанд. Ҳатто нашрияҳои маъруфи давлатие чун «Российская газета» ва ҳамчунин шабакаҳои телевизионие, амали РТР, ки шабакаи давлатист ва НТВ, ки аз ҷониби ширкати «Газпром» сарпарастӣ мешавад, аз ин истисно нестанд. Саволи дигар чунин аст, ки дар Нотаи сафорат аз макомоти кишвари мо даъват шуда буд, то ба нашрияҳои «Миллат», «Фараж», «СССР», ‘Нигаҳ», «ФК-Сарital таъсир расонанд. Дар ин бора журналистони мо чӣ фикр доранд? Ба ақидаи чониби Сафорат то чӣ андоза ин даъвати онҳо таъсирбахш аст ва чаро ба расонахои хабарии Русия низ чунин таъсиргузорӣ сурат намегирад?

Дмитрий Кабаев: Оё шумо медонед, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав хар моҳ ва баъзан вақт дар як моҳ ду маротиба ба мо нотаҳо менависад, Мо бори аввал аст, ки аз мокомоти точик хохиш намудем то ба расонахои хабари таъсир расонанд, пеш аз ин хеч гох ин корро накарда будем. Ин дафъа ба хулосае омадем, ки ҳамаи ин, яъне он навиштаҳои матбуоти точик як навъ беэҳтиромӣ аст ва аз ин хеле мутаассир хам шудем. Мо озодии баёнро дар Тоҷикистон фишор наовардаем, не, асло ин тавр нест. Мо танҳо аз ҳукуматдорони тоҷик, аниқтараш аз журналистон даъват намудем, то ин ҳолати бе ин ҳам мушкилу фоҷиавиро боз пурташаннуҷтар нагардонанд. Мо инро вазифаи худ донистем то ба ин роҳ алангаи ҷӯшонро хомӯш намоем.

Хуршед Ниёзов: Тавре ман гуфтам, дар ин бора фикр кардан зарур буд. Шумо метавонистед тамоми расонаҳои хабарии тоҷикзабонро ҷамъ намуда, мавқеъи худро муайян намоед ва медонистед, ки мо хам зидди скинхедҳо, зидди гуфтаҳои мақомдорони алоҳидаи ҳухумат ва ҳам зидди сиёсати Лужков ҳастем. Дар ин проблема на шумо гунаҳгоред ва на мо. Бояд мо мушкилотро ин ҷо муайян намоем ва бар зидди чунин рӯӣдодхо оянда ҳам мубориза барем.

Комил Магомедов: Ман бо Хуршед бо он розӣ ҳастам, ки дар ин ҳолат масъулиятро бар дӯши ҳукумати Русия набояд бор кард, ин кори ҳарду ҷониб аст. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон. Дар мавриди нота, ман мефахмам, шояд шумо нуктаи назари худро дошта бошед, метавонед дар бораи Русия фикру акидаи худро иброз намоед. Аммо байни гуфтани нуқтаи назар, ки метавонад хатто ғайриобективона бошад ва байни тахкир кардан фарқ аст. Дар расонаҳои хабарии Русия муайян кардан душвор аст, ки ба нишони Тоҷикистон таҳқирҳои рӯйрост равон карда мешавад. Дар омади гал бояд биғӯям, ки аз ҷониби Зафар он амале буд, дағал ва беадабона.

Зафар Абдуллоев: Комил, Шумо чанд маротиба аст, ки имрӯз дар мавриди кадом як таҳқир ишора мекунед, аммо ягон мисоли мушаххасе наовардед.

Комил Магомедов: Таҳқир дар ҳаққи намояндаи расмии давлати хориҷа.
Зафар Абдуллоев: Мисоли дақиқ биоред.
Комил Магомедов: Чи гуна мисол? Худи мазмуни навиштаи Шумо моҳияти таҳқирро дорад.
Зафар Абдуллоев: Ҷавоб ба Светличний, ки «агар сикнхедҳои рус ногаҳон сари ӯро бибуранд, моро ҳам ба ҳоли ӯ раҳм меояд?»- ро дар назар доред?

Комил Магомедов: Бале. Зафар, охир мову шумо хамон оҳанги тамасхурро хуб медонем… Шумо худатон медонед, ки дар кадом жанр шумо онро навишта будед.

Зафар Абдуллоев: Ман ҳамчун баранда ва мизбони ду ҷониб ин ҷо набояд ба ин мубоҳиса дохил шавам, аммо модоме, ки сухан аз мавқеъи журналистиям меравад, маҷбур мешавам, ки якчанд сухан бигӯям. Дар мавриди он ки гӯё дар расонаҳои хабарии Русия дар бораи кишвари мо иттилооти ғайри объективӣ нест. Қариб тамоми сомонаҳои интернетии он ҷо сарварон ва мардуми кишварҳои Осиёи Мйёнаро бадном мекунанд – Сеntrasia.ru, Forum.msk.ru ва дигарон, ки дар серверҳои ширкатҳои рус ҷо доранд. Хадамоти махсуси амниятии Русия дорои шӯъбаҳои махсуси мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноятҳаст, ҳатто ҷиноёти зиддикайҳониро метавонанд пешгири намоянд, аммо бар зидди он ҷинояткороне, ки ин ҷо аз аъмоли онҳо сӯҳбат мекунем, ягон чораи мушаххасе дида намешавад. Ба шумо дер боз мегӯям, ки агар чунин шуморед, ки ман шуморо ё намояндаи сафорати Шуморо таҳқир кардаам, метавонед ба суд даъво пешниҳод намоед. Чун роҳбарияти кишвари мо ба муқобили он сомонаҳо намехоҳад кореро амалӣ гардонад, ин маънои онро надорад, ки фаъолияти он сайтҳо барояшон писанд аст. Ман ба ҷаноби Светличний монанди он лаҳне, ки нотаи худро навишта буд, ҷавоб гардонидам. Ин шахс ҳиссиёти ман ва ҳиссиёти ҳамватанони маро таҳқир кард. Агар аз ҷониби вай нотаи изҳори таслият ва таассуф мебуд, мо ҳамон лаҳза онро нашр карда дастгирӣ менамудем, аммо мутаассифона чунин нашуд.

Комил Магомедов: Шумо фаҳмонда наметавонед, ки барои чӣ ин кор шуд. Дар он навиштаҳо ин хел набуд…

Зафар Абдуллоев: Дониста бошед, ки ягон ҷавоб ва маводи журналистони тоҷик эҳсоси миллатбадбинӣ надорад. Мо дар ин мизи мудаввар кӯшиши муайян кардани сабабҳои мушкилро мечуем ва ба хулосае омадем, ки мансабдорони алоҳидаи ду кишвар барои ҳал намудани мушкилот кӯмак намерасонанд. Ана маълум мешавад, ки боз яке аз чунин ашхосро ошкор намудем-ин иҷрокунандаи вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний, ки ба ҳали масъала кӯмак намерасонад, балки барои аланга гирифтани он ёрӣ мекунад. Ана ҳамин гуна хулоса худ ба худ пайдо шуда истодааст.

Толибшоҳи Сайидзода: Нотаро, шояд, на як В. Светличний танҳо қабул кардааст. Ман бо Хуршед розӣ ҳастам, шумо метавонистед сармуҳаррирони «Фараж», «Миллат», «СССР», «Нигоҳ»-ро даъват карда мегуфтед, ки бачаҳо биёед якҷоя нишаста, чой нӯшида вазъиятро муҳокима намоем. Нота ҳам даркор намешуд, ҳамаи ин ба шумо 30 сомонӣ меафтид, яъне сари як пиёла чой шояд мо ба мувофиқа мерасидем. Аммо ба ҷойи ин шумо пахши Нота ва тахдиди моро пеш гирифтед.

Комил Магомедов: Нуқтаи назари худро баён намоед, аммо иттилооти бардурӯғро додану таҳқир кардан лозим нест. Ана бигирем газетаи «Миллат»- ро, дар саҳифаи аввали он свастика (тамғаи фашистон), нишони давлати Русия ва Путин, нафари дуввуми Русия тасвир мешаванд, ин таҳқири рӯйрост аст, беэҳтиромӣ ба нишонаи давлатй аст. Ин моро ба навиштани нота таҳрик дод.

Толибшоҳи Сайидзода: Пас вақте ки матбуоти Русия каллаи харро дар сари тоҷик мегузоранд, ин барои мо қабул аст? Оё тоҷик хар аст? Ман дар бораи барномаи «Наша Раша» гуфта истодаам.
Лидия Исамова: ТНТ-ин шабакаи хусусӣ аст.
Толибшоҳи Сайидзода: «Миллат» чӣ, магар он нашрияи мустақил нест?

Хуршед Ниёзов: Мана ҳамин Хадамоти амниятии Русия тавонистанд, ки Шамил Басаевро бикушанд, Салман Радуевро дастгир намоянд, дар кадом як ғорҳое онҳоро пайдо карданд. Аммо барои чӣ бошад, ки ҳукумати Русия скинхедҳои свастики фашистӣ доштаро, ки дар зери бинияшон гашта истодаанд, дошта наметавонанд. Онҳо ҳар рӯз амалҳои манфури худро гузаронида истодаанд, намойиш барпо мекунанд, аммо ҳеҷ кас қудрати онҳоро ҷазо доданро надорад.

Комил Магомедов: Дар он ҷо наметавонанд, ки ҳар он касеро, ки мӯза дорад, ҳар он касе ки тоссар аст, дошта ҳабс кунанд. Бояд маълумоти исботкунандаро ҷамъ намуд. Мана шумо мегӯед: «Намехоҳед бо мо ҳамкорӣ намоед», вале инро чӣ гуна метавон фаҳмид, ки «СССР» барин газетаҳо фаъолияти худро аз танқид кардани беасоси Русия оғоз мекунанд.

Зафар Абдуллоев: Саволи охирин. Ба назари шумо чи сабақе метавон бардошт аз ин муноқишаҳо ва мубоҳисаҳо?

Дмитрий Кабаев: Чизи аз ҳама муҳим он аст, ки айни ҳол мо дар ин ҷо нишаста, масъаларо муҳокима карда истодаем. Муҳим он аст, ки ҳамдигарфаҳмӣ бикунем. Мо мехостем, ки матбуоти тоҷикзабон андешаву афкори зидди Русияро ривоҷ надиҳанд. Мо ба ин манфиатдор нестем, чй гунае ки набошад Тоҷикистон ба ҳар ҳол шарики стратегии мо аст. Мо инро дар он корҳое, ки амалӣ шудаанд, мебинем. Умедворем, ки ин якумин мулоқоти мо охирин нахоҳад шуд. Албатта, мо бояд зуд-зуд бо ҳам вохӯрда маслиҳат бикунем, шояд ки мо дар ин масъала ба андозаи зарурӣ диққат надодаем.

Толибшоҳи Саӣидзода: Тавре ки дар масали Крилов омадааст: «Пеши қудратманд ҳамеша камкувват гунаҳгор аст». Ман медонам Тоҷикистони ман давлати камқувват аст ва шумо ҳам гунаҳгор донистани моро идома медиҳед. То он даме ки як тоҷикро дар Русия мекушанду азият медиҳанд, мо ором намешинем ва дар ин бора менависему мегӯему масъалагузорӣ мекунем.

Дмитрий Кабаев: Албатга, ин ҳуқуқи шумост.

Лидия Исамова: Фикр мекунам ба сафорат лозим аст, ки ба вазорати хориҷа, вазорати иттилооти Русия муроҷиат намояд, барои он ки расонаҳои хабарии Русия ба тахҳири тоҷик ва тоҷикро чун симои таҷовузкор, ҷинояткор ва нашъаманду нашъаҷаллоб ҷилва додан хотима бахшанд. Мо, журналистони тоҷик ҳам, бояд каме объективона бошем, барои он ки нашри чунин мавод оқибати хуб надорад. Мо ба ҳар ҳол аз Русия вобастагӣ дорем, дар бунбасти ҷуғрофӣ ҳастем. Аз тарафи дигар вазората хориҷа ва хукумати мо дар бораи он мардикорони кушта шудаамон кариб фикре намекунанд. Тахқири тоҷики мо аз кишвари худамон огоз мешавад, аз фурӯдгоҳ ва истгохи роҳи охани Душанбе, ки дар он ҷо масъулини ниҳодҳои марбута ба тахқиру тахдиди мо оғоз мекунанд. Ин бисёр бад аст, вақте ки тоҷикон хамдигарро таҳқир мекунанд ва муттахид нестанд.

Хуршед Ниёзов: Дар ин масъала тавре ки мо аллакай дар рӯзномаи худ навишта будем, мансабдорони алоҳида ё гуфтан мумкин аст гурӯхҳои алоҳида гунаҳгоранд. Мо мехоҳем, ки овози моро шунаванд. Агар овози мо шунида мешуд, мо он гуна сарлавҳаҳои фарёдкунандаро истифода намекардем. Фикр мекунам, ҳарду ҷониб якдигарфаҳмиро мехоханд. Аз ин хотир мо бояд аз тарики нишастҳо ва муколама ҳар як рӯйдоду мушкилоте, ки пеш меояд ва дар ҳамбастагӣ муҳокима намоем.

(Бознашр аз «Миллат» ва «Фараж»)

Омода ба ҷанг бош, агар сулҳат орзуст…

ikАз ҳавои васеъи зимистон бӯйи ҷанг меояд. Шамидаам ин бӯйро дар зимистони соли 1992. Моҳи декабр. Вақте ки «ҳукумати қонунии Тоҷикистон» савори танкҳои Узбакистон шаҳри маро ишғол мекард. Бори дигар дар соли 1998, вақте сарҳанги балвогар Хуҷанди азизамро мегирифт. Худоё, боз чй балое ба сари мардуми бечораи ман меояд?

НАХОҲАД, ҶАНГ ШАВАД?

Хоста буд ё нохоста, тамоми омилҳои низоъи густурда миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва дар паси Ӯзбакистон — Русия омода шудаанд. Ӯзбакистон ин ҷангро мехоҳад, зеро бо таҷрибаи солҳои 1990 онро беҳтарин роҳи барканории ҳукумати феълии Тоҷикистон ва ҳамзамон нобуд кардани потенсиали ояндаи ин кишвар медонад. Барои Русия «Гурҷистони дувум» зарур аст, то таъсири ҷаҳонияшро зиёд кунад ва дар минтақаи ҳаммарз ба Афғонистон Ғарбу Амрикоро мӯҳтоҷи худ гардонад. Ҳатто ҳукумат дар Душанбе ҳам ин ҷангро мехоҳад, зеро солҳост, «банкрот» шудаву ягон роҳи ҳал барои мушкилоти мардумаш надорад. Ҷанг метавонад, таваҷҷӯҳи мардумро аз рӯзу рӯзгораш мунҳариф кунад.

                                        ТАРОША АЗ БОМ

Русия ва миллати рус бо ҷанг зиндаанд. Ба онҳо нон мадеҳ, ҷанг бидеҳ. Зарурати ирсоли нерӯ ҳам надоранд. Магар пойгоҳи ҳарбии онҳо дар Тоҷикистон ва нерӯҳои ҳавоӣ дар Қирғизистон барои чиянд? Аммо Русия майдонро ба Тошканд медиҳад ва шояд сарбозонаш либос иваз кунанду ҳавопаймоҳояш бетамға ба парвоз оянд. Тошканд солҳост, ба ин ҷанг омодагй мегирад. Ягон маълумоти камобеш муҳиме дар Тоҷикистон нест, ки дар Тошканд надонанд. Сеяки аъзои ҳукумати феълии Тоҷикистон афроди Ӯзбакистонанд ва ҳамин миқдор фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар низ. Тоҷикистон дар бораи нерӯҳои ҳамсояаш иттилоъе надорад ва ҳам натавонистааст, дили тоҷикони Ӯзбакистонро ба худ гарм кунад.

                                        ОҲ АЗ ДӮСТИ НОДОН

Душман дар лаҳзаи заъф ҳамла меорад. Ватани мо ба ҷанг бо як нерӯи беруна омодааст? Даргумон. Байни мардум гардед, мефаҳмед. Бархе мегӯянд, хуб аст, ки русу ӯзбак биёянд ва Раҳмону шарикони дилбазаншудаашро дафъ кунанд. Ҳукумати Эмомалӣ барои мардум чӣ коре кардааст, ки имрӯз мардум ҷонашро барои он бар каф бигиранд? Бигзор онҳое ки ин қадар сол хӯрданду бурданд, силоҳ ба даст бигиранд ва биҷанганд, онҳо чизи аз даст медодагӣ доранд, на мо. Бархи дигар мегӯянд, ин як «разборка»-и хамкосаҳои собиқ аст, ба мо чӣ дахл дорад? Аммо ватанхоҳон ва миллатдӯстон аз саросари ҷаҳон ҷамъ меоянд ва либоси ҷангӣ ба бар мекунанд: «Мо на аз Раҳмон, аз ватани худ дифоъ мекунем ва аз нангу номуси худ!» Шумо ин сатрҳоро мехонед ва механдед. Ҷанг куҷост? Ягон хел ҷанг намешавад. Эй, кош ба ман ҳам боваре мисли шумо медод.

                                        ХУШУНАТИ ДИПЛОМАТИК

Нотаи ахири Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шояд дар ин айём зарур набуд. Шояд сабр беҳтар буд. Ҳарфи бадро ҳамеша метавон зад ва ҳаргиз дер нахоҳад шуд. Аммо дар муқобили суханони президенти рус Дмитрий Медведев сукут ҳам сахт буд. Хушунати дипломатиро Русия сар кард. Эътирози он ба нашрияҳои Тоҷикистон дар робита ба сарбурии муҳоҷири тоҷик дар Маскав як пузханди қотил ва хонаводаи мақтул буд: «Оре, мо сари шуморо мебурем, аммо шумо бояд сокит бошед.» Вале Медведев аз дипломатҳои навомӯзи худ дар Душанбе ба маротиб гузаронд: «Нерӯгоҳҳои бузургро дар машварат бо ҳамсоягон бояд сохт вагарна ихтилофот бо роҳҳои хатарнок ҳал хоҳад шуд.» Ин магар эълони ҷанг нест?

                                             САБАБ?

Маскав ин одатро надоштааст, ки тоҷикон ва Тоҷикистон ба он эътироз кунанд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳол тоҷик даст пеши бар меистад ва таъзим мекунад. Пири бетадбире бо номи Талбак Назаров русҳоро одат дода буд, ки тоҷик саги дари онҳосту хоҳад буд. Худи Раҳмон ҳама чиро ба онҳо бахшид ва боре ҳам ба миллати худ наандешид. Ислом Каримов ӯро ҳамчун шахсе мешиносад, ки водиҳои кишвари худро бомбаборон кардааст ва ҳазорон ҳаммиллати худро ба қатл расондааст. Чанд соли аввали кораш ҳар вазири ҳукумати раҳмонй дар кабинети худ мушовире аз Тошканд дошт. Аммо сабаби асосй ин аст, ки дар 17 сол ин ҳукумат натавонист, тавре амал кунад, ки мавриди эҳтироми Маскав қарор бигирад, чй монад ба дӯстй. Як ҳукумати ҳавасакй, дурӯя ва ғайриҳирфай.

                                        АҲАМИЯТИ  РАҲБУРДЙ

Мегӯянд, Узбакистон аз лиҳози аҳамияташ дар минтақа барои Русия муҳим аст. Бо аҳолй ва қаламрави бузург ва захираҳои инержй. Дар ин бобат Тоҷикистон наметавонад бо ҳамсояаш рақобат кунад. Вале Қирғизистон магар ҳамсанги Тоҷикистон нест? Ҷасурона ба Амрико пойгоҳ дод ва ошкоро гуфт, ба ин манфиатдор аст. Танҳо баъд ба ҳарбиёни Русия низ ҷой дод. Бишкек нишон дод, ки дар пайи манфиатҳои миллии худ аст. Аммо Эмомалй Раҳмон ва хешони носерами ӯ нишон доданд, ки танҳо дар фикри манфиати шахсии худанд. Дар муносибат бо Ғарб низ на якрӯ, балки дурӯя шуданд. Фикр карданд, як рӯз ингунаву рӯзи дигар онгуна ба маънии доноии сиёсй ва дипломатист.

                                       ЧӮБИ КУНҶКОВИИ МИЛЛЙ

На танҳо Каримов аъмоли Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Путину Медведев батафсил достон кардааст, балки афроди аршади ҳукумати Тоҷикистон дар Маскав низ ба сиёҳ кардани ҳамдигар машғул будаанд. Яке худро дӯсти беҳамтои Русия ва дигаронро душмани Маскав увон мекард ва рӯзи дигар нафари баъдй акси ҳолро нишон медод. Ҳар тоҷик чӯбаке дар даст дорад ва аз ақиби тоҷики дигар мегардад. Хуллас, агар сарон ва ҳукумати Тоҷикистон дар назди Маскав як сари арзан обрӯ медоштанд, Медведев ин гуна онҳоро «лагад» намезад.

                                        АБЗОРУ НЕРӮИ ҶАНГ

Аммо бо ин бӯйи бади ҷанг чӣ бояд кард? Агар ин ҳама сол нашуд, ки бо ҳамсоя забон ёфт, бояд омода ба ҷанг буд. Ин ягона роҳи сулҳ аст. Ислоҳоти фаврӣ зарур аст. На фақат дар нерӯҳои мусаллаҳ ё ниҳодҳои қудратй, балки дар ҳама ҷо ва ҳама чиз. Магар бо ин сарбозони пойлуч ва афсарони ришвахор ба кадом ҷанг мешавад рафт? Вазир Хайруллоев, ки натавониста буд, бар як гурӯҳ муҷоҳидони ришакии кӯҳнишин пирӯз шавад, бо артиши муназзами давлати дигар чӣ хоҳад кард? Бар Маҳмуд Худойбердиев пирӯз гашта буд? Магар он муҷоҳидон набуданд, ки ин пирӯзиро дастрас намуданд? Куҷоянд онҳо? Дар маҳбас. Куҷоянд ҷавонони таҳамтану нирӯманд? Дар Русия. Куҷоянд кадрҳои арзанда? Дар ғаму андӯҳ ва «охурҳои гов».

                                          ФАРҶОМИ РОҲ?

Бо ин ҳама ҳукумати Раҳмон ва Тоҷикистонро фарҷоми роҳ якест — нобудй. Агар ба ҳуш наояд. Ин бор ҳам монанди борҳои гузашта таслим шудан ва баҳона ҷустан охирин қадами вай хоҳад буд. Фанду фиреби кӯҳнаро хоҳад хӯрд ва душман ба ӯ раҳме нахоҳад дошт. Агар танаффусе хоҳад дод, танҳо барои муддате хоҳад буд, ки битавон ғофилгираш кард. Агар бо мардумаш буд  ва якрӯ, душман ҳам ба андеша хоҳад рафт. Сахт роҳе хоҳад буд, вале босамар. Худо ва ҷаҳонро бояд ҳомии хеш гузид, на ҳамкосаҳои сустаҳд ва сангбабағалро!

Номаи дигар аз махбаси Русия

ilhom1Ассалому алайкум бародари азиз Рустамчон. Мо точикон аз зиндони Русия ба шумо менависем. Мо зиндониён ба шумо ахсани бисёре гуфтани хастем. Аз тарики сайти шумо бисёр хабархои мухимро мехонем ва мебинем, ки дар Точикистони азизи мо ходисахо рух додаанд. Бахусус аз рафтору кирдори ,мухтарам чаноби оли! Вой бар холи он миллате,ки сохиби чунин сарвар аст! Вой бар холи точикону Точикистон!

Аз шумо илтичо дорем, ки бисёртар маколахо дар бораи сатхи зиндагии ватанамон нависед. Бо эхтиром хамватанони зиндонии шумо.

Президенти ояндаи моро Русия муайян мекардааст

Посухҳо ба назарсанҷие, ки рӯзи 6 январ нашр кардем ва пурсиш ин буд, ки оё чи авомил ё кадом нерӯ ва кишварҳо метавонанд раисиҷумҳури ояндаи Тоҷикистонро муайян кунанд ин гуна омаданд:

answers

Дар назарсанҷии мо 96 нафар ширкат карданд ва ҳар шахс танҳо як интихоб ва як рой дошт. Ба бовари мо, аксари кулли онҳо афроди варзида ва таҳсилдида ва сиёсатфаҳм мебошанд. 11 нафар ба интихоботи одилона умед доранд, аммо 16 нафар ба инқилоби мардумӣ ва 17 нафар ба бӯҳрони сартосарӣ ҳамчун омилҳои тағйири қудрат дар Тоҷикистон.

Аммо аксарият — 29% бар инанд, ки раҳбари ояндаи кишварро на мардум, на интихоботи одилона ё инқилобу пули зиёд, балки раҳбарияти Русия муайян хоҳад кард. Ҳоло бояд ба ин андешид, ки агар ба бовари мо Русия ин қадар нуфуз дар ҳаёти сиёсӣ ва ояндаи Тоҷикистон дорад, оё дарвоқеъ пешрафти миллати моро мехоҳад ва ё танҳо дар пайи манофеъи сиёсӣ ва иқтисодии худ аст.

Ҳақ ба ҷониби ҳазрати Иқбол аст, ки Худо миллати моро сарварӣ ба хеш нахоҳад дод, зеро деҳқони мо барои худаш намекорад ва хиштзани мо қасри дигаронро бунёд мекунад…

Посухи кутох ба галустянхо ва афроди шабехи онхо

Нихоят дар олами интернет як навори кутохе пайдо шуд, ки бо вучуди кутохияш ба афроди бадбахте монанди галустянхо зарбаи дандоншикан медихад. Ташаккур аз муаллифони он, ки чунин ифтихори баланди миллй доранд. Хам сипос аз торнигори Хуросонзамин, ки ин наворро нашр кардааст. Худ бубинед ва хулоса бароред.